Ҳукми намози шаробнуш (⮫)


Ҳукми намози шаробнуш

] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

Таҳия: Мусъабӣ Ҳамза

2012 - 1433

﴿حكم صلاة شارب الخمر﴾

«باللغة الطاجيكية»

إعداد: مصعب حمزة

2012 - 1433

Ҳукми намози шаробнуш

С: Ҳукми Ислом дар мавриди шахсе ки шабҳо шароб менушад ва саҳар намозашро мехонад , чист?

Дар ҳоле ки Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِ﴾ [ العنكبوت 45]

"Намоз инсонро аз фаҳшо ва мункарот боз медорад" (Анкабут 45)

оё намози чунин шахс саҳеҳ аст ё ботил?

Ҷ: Агар шахсе намозро ба таври комил, бо риъояти ҳама рукнҳо ва шартҳо ва воҷиботаш анҷом диҳад, намози ӯ саҳеҳ аст. Ва ҳаққи подош ва савоби онро дорад.

Аммо барои шароб нӯшиданаш барои ӯ гуноҳ навишта мешавад. Ва ӯ аз ҷумлаи касоне аст, ки амали некро бо корҳои зишту гуноҳ аралаш ва махлут намудааст.

Худованд мефармояд:

﴿فَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٍ خَيۡرٗا يَرَهُ ٧ وَمَن يَعۡمَلۡ مِثۡقَالَ ذَرَّةٖ شَرّٗا يَرَهُۥ ٨﴾ [الزلزلة 7,8]

"Ҳар кас ба андозаи мисқоли заррае хуби кунад, ҷазои онро хоҳад дид, ва ҳар кас ба андозаи мисқоли заррае кори бад анҷом диҳад, ӯ низ ҷазои онро хоҳад дид" (Залзала 7,8)