Тақдири махлуқот ()

Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ

Худованд тақдирҳои махлуқоташро пеш аз он ки онҳоро халқ намояд муқаддар намуда буд Гирифташуда аз китоби Фаслҳо дар ақида “Нома ба сӯи аҳли Шом”

    |

    Тақдири махлуқот

    تقدير المخلوقات

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ

    عبد العزيز بن مرزوق الطريفي

    —™

    Тарҷума: Раёсати ҷойгиршавии забони тоҷикӣ дорул-ул-Ислом

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    ترجمة: قسم اللغة الطاجيكية بموقع دار الإسلام

    إعداد: مصعب حمزة

    Тақдири махлуқот

    Худованд тақдирҳои махлуқоташро пеш аз он ки онҳоро халқ намояд муқаддар намуда буд, ва ҳар як махлуқ пеш аз он ки халқ шавад тақдирашро Худованд маълум намуда буд, Худованд мефармояд:

    ﴿وَخَلَقَ كُلَّ شَيۡءٖ فَقَدَّرَهُۥ تَقۡدِيرٗا ٢﴾ [الفرقان: ٢]

    «Ва ҳар чизро биёфаридааст ва онро ба миқдор офаридааст».

    Сураи Фурқон 2

    Ва боз мефармояд:

    ﴿إِنَّا كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقۡنَٰهُ بِقَدَرٖ ٤٩﴾ [القمر: ٤٩]

    «Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем!».

    Сураи Қамар 49

    Ва боз мефармояд:

    ﴿وَكَانَ أَمۡرُ ٱللَّهِ قَدَرٗا مَّقۡدُورًا ٣٨﴾ [الاحزاب: ٣٨]

    «Ва фармони Худо фармонест бе ҳеҷ зиёдаву нуқсон».

    Сураи Аҳзоб 38

    Худованд ҳам тақдири нек ва ҳам бадро муқаддар сохтааст, дар саҳеҳ Муслим аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки фармуд:

    "Ва ба тақдири баду нек имон биёрӣ".

    Ривояти имом Муслим

    Илми Худованд ҳама тақдирҳоро дар бар гирифтааст, макону замон ва сар шавию интиҳои онҳоро медонад, чунки худи Ӯст, ки тақдирҳоро муқаддар сохтааст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿لِتَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ وَأَنَّ ٱللَّهَ قَدۡ أَحَاطَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عِلۡمَۢا ١٢ ﴾ [الطلاق: ١٢]

    «То бидонед, ки Худо ба ҳар чиз қодир аст ва ба илм бар ҳама чиз иҳота дорад».

    Сураи Талоқ 12

    Ва боз мефармояд:

    ﴿أَلَا يَعۡلَمُ مَنۡ خَلَقَ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلۡخَبِيرُ ١٤﴾ [الملك: ١٤]

    «Оё он кӣ офарида, намедонад? Ҳол он ки Ӯ борикбину огоҳ аст».

    Сураи Мулк 14

    Пас ҳарки тақдири Худовандро инкор намояд гуё илмашро инкор намудааст ва ҳар, ки илми Худовандро инкор намояд гуё тақдирашро инкор намудааст.

    Тақдирҳои махлуқот дар китобе дар назди Худованд навишта шудааст чуноне, ки мефармояд:

    ﴿مَّا فَرَّطۡنَا فِي ٱلۡكِتَٰبِ مِن شَيۡءٖۚ ٣٨﴾ [الانعام: ٣٨]

    «Мо дар ин китоб ҳеҷ чизеро тарк накардаем».

    Сураи Анъом 38

    Ва боз мефармояд:

    ﴿وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ فِيٓ إِمَامٖ مُّبِينٖ ١٢﴾ [يس: ١٢]

    «Ва ҳар чизро дар китоби мубин шумор кардаем».

    Сураи Ёсин 12

    Махлуқоти Худованд ба ду навъ мебошанд:

    1. Махлуқоте, ки соҳибихтиёр нестанд, балки ба хотири дигарон халқ шудаанд, мисли осмону ситорагон.

    2. Махлуқоте, ки соҳибихтиёранд мисли инсонҳо ва ҷинҳо ва малоикаҳо, ин махлуқотро Худованд соҳибихтиёр гардонидааст, ва онҳоро бар гуноҳ маҷбур насохтааст то, ки онҳоро барои он азоб диҳад, балки онҳоро соҳибихтиёр гардонидааст зери ихтиёри худаш.

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ ٢٧ لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَسۡتَقِيمَ ٢٨ وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٩﴾ [التكوير: ٢٧-٢٩]

    «Ин китоб пандест барои ҷаҳониён. Барои ҳар кас аз шумо, ки бихоҳад ба роҳи рост афтад. Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад».

    Сураи Таквир 27 - 29

    Худованд бандагонашро бо афъолашон халқ намудааст, чуноне мефармояд:

    ﴿قَالَ أَتَعۡبُدُونَ مَا تَنۡحِتُونَ ٩٥ وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ وَمَا تَعۡمَلُونَ ٩٦﴾ [الصافات: ٩٥، ٩٦]

    «Гуфт: Оё чизҳоеро, ки худ метарошед, мепарастед? Худои яктост, ки шумо ва ҳар чӣ месозед, офаридааст».

    Сураи Соффот 95 - 96

    Ва сабабҳоро низ у пайдо намудааст, ва ин аст бузурги ва восеъ будани илми Худованд ва бузургии ҳикмати Ӯ дар танзими коинот.

    Пас барои ақл ҷоиз нест, ки аз имон дур бигардад, агар ҳикмат ё ҳақиқати чизеро аз тақдири Худованд нафаҳмад, чунки баъзе ҳикматҳои Худованд аст, ки ақл онҳоро дарк карда наметавонад, чунки ақл мисли косае аст ва баъзе ҳикматҳои Худованд мисли оби баҳр аст, ки агар дар коса рехта шавад коса дар он ғарқ мегардад ва дар ҳайрат мемонад.

    Ва баъзе ҳикматҳое аст, ки бисёр фикр намудан дар он ба ҷуз зиёд гаштани ҳайрат кори дигаре нест мисли ин, ки мудати дароз нигоҳ кардан ба суи офтоб ба ҷуз зиёд гаштани дарди чашм ва дар ҳайрати амиқ чизи дигаре нест.