ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД (⮫)


ПАНҶОҲ АМАЛЕ,

 КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД

Муаллиф:

Ҳасан Закариёи Фулайфул

 Аз арабӣ тарҷумаи:

Муҳаммадиқболи Садриддин

БУНЁДИ ҶАМЪИЯТИИ «ВАСАТИЯТ»

Маркази шўрои уламои ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти рақами 01 аз  19/04/2007 ба чоп тавсия намуд

Хонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.

Номи китоб: Панҷоҳ амале, ки шариъат

занонро аз он боз медорад

Муаллиф: Ҳасан Закариёи Фулайфул

Аз арабӣ тарҷумаи: Муҳаммадиқболи Садриддин

Муҳаррири масъул:   Файзуллоҳи  Аҳё

Муҳаррири матни тоҷикӣ: Шараф Атоӣ

Ҳуруфчин: Меҳрубонуи Раҳимбек

Тарроҳ: Диловари Бобохон

Ношир: Нашриёти «Суннатулло»

Супориши № 17.

Теъдод: 2000 нусха

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Сарсухан

Рисолае, ки хонандаи гиромӣ дар даст дорӣ ба модарону хоҳарони арҷманд ихтисос дорад ва аз забони арабӣ аз ҷониби камина тарҷума шудааст. «Хамсуна наҳян шаръиян ли-н-нисо» (Панҷоҳ амале, ки шариъат занонро аз он боз медорад) ном дорад. Мурод аз ин хидмати хоксорона ҷалб намудани диққати бонувони миллати бошарафи тоҷик ба масоилест, ки ислоҳи он боиси ислоҳи ҷомеъа ва рушду такомули ахлоқии он мегардад. Зеро дар кишвари мо 52% аҳолиро бонувон ташкил медиҳанд, бар замми ин дар ҳар  хонадон зан-модар дар тарбияи фарзанд нақши асосӣ дорад. Бинобар ин ислоҳи зан, бе шак, ислоҳи ҷомеъа аст.

Чуноне ки гуфтаанд агар як зан роҳи ростро интихоб намояд бешак хонадон ислоҳ мегардад ва ислоҳи ҳар як хонадон ба манфиъати ҷомеъа аст. Ҳамзамон ислоҳи ҷомеъа ба рушду инкишофи мамлакат асар гузошта, шароите фароҳам меорад, ки бо истифода аз он дар домони модари тоҷик, иншоаллоҳ, фарзандоне ба воя мерасанд, ки номбардорони ин миллати сарбаланд хоҳанд гашт ва боз дубора моро ба ҷаҳониён муъаррифӣ хоҳанд кард, чуноне ки аҷдодонамон карда буданд. Хоҳарону модарони азиз огоҳ бошанд, ки фарзанди солим аз зани солим ба дунё меояд ва дар хонадони солим ба воя мерасад ва фахри аҳли хонавода ва тамоми миллат хоҳад гашт.

Ба ин хотир рисолаи мазкур ба масоиле бештар таваҷҷўҳ қоил аст, ки дар аксари авқот аз ҷониби афроди ҷомеъа мавриди саҳлангорӣ ва бетаваҷҷўҳӣ қарор мегирад.

Дини мубини Ислом ба зан мақоми хоссе қоил аст. Ҳатто дар Қуръони карим Худованд бо номи «Нисо», яъне занон сура нозил фармудааст, вале бо номи «риҷол», яъне мардон сурае нест. Худованд мардро дар зиндагонии заношавҳарӣ масъули нафақаи зан ва фарзандони ў ҳукм кардааст, ки ин ҳам нишонаи лутфи Худованди ҳаким нисбат ба занон аст.

Каломи Худованд:

ﭽﮉ  ﮊ  ﮋ  ﮌ  ﮍ  ﮎ  ﮏ   ﮐ  ﮑ  ﮒ  ﮓ  ﮔ  ﮕ  ﮖﮗ   ﮘ  ﮙ  ﮚ  ﮛ  ﮜ    ﮝ  ﮞ  ﭼ الروم: ٢١

 «Ва ин нишонаҳои қудрати Ўст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дўстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки меандешанд».

(Сураи Рум, ояти 21)

Расули акрам (с) дар ҳадиси муборакашон фармудаанд:

«Занро озор намедиҳад, магар марди лаим (паст, нокас)» лутфу карами Худованд ва расули гиромиаш нисбат ба занон ҳадду канор надорад, зеро занон, хоса занони мўъмин дар ҳама давру замон номбардори номуси миллат будаанд ва ҳастанд.

Имрўз, ки дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ бўҳрони маънавӣ ба авҷи аълояш расидааст ва фаҳшу фасодӣ ошкоро тарғиб карда мешавад, занону модарони моро лозим аст, ки бо риъояти амру наҳйиҳои илоҳӣ, зиракиро аз даст надода, дар шаръи шариф устувор бошанд.

Бо овардани панҷоҳ наҳйи шаръӣ мехоҳам диққати бонувонро ба масоиле ҷалб намоям, ки иртикоби он гуноҳи азим аст, вале аз сабаби нодонӣ ва ё камтаваҷҷўҳию нодида гирифтан аксари занон худро гунаҳгор месозанд.

Масалан, имрўз дар байни хоҳарону модарон одати баде амсоли ғайбат ривоҷ ёфтааст, ки барои содиркунандаи он гуноҳи кабира маҳсуб мегардад. Вале аз бисёрии муртакиб шудан ба ин гуноҳ баъзеҳо онро чандон гуноҳ ҳам намеҳисобанд ва ё пеш аз шурўъ кардан ба ғайбати хоҳар ё бонуи дигари мусалмон худро таскин дода, сухани фиребои «Сифаташ шаваду ғайбаташ нашавад»-ро пеш аз оғози ғайбат зикр мекунанд.

Маълум аст, ки ин  гуноҳ боиси душманию адоват ва гоҳо ҷангу ҷидоли шадид мегардад ва муносибати афроди ҷомеъаро муташанниҷ месозад. Ё худ манъ намудани зан аз даст додан ба марди бегона, ки мутаассифона, дар ҷомеъаи мо ривоҷ дорад.

Ин одати бадро ҳатто занони ғайримусалмон низ намеписанданд ва қабул надоранд. Даст додани зани мусалмон ба марди номаҳрам ҳодисаи нангин ва шармовар аст. Аввалан ин кор аз ҷониби шариъати боҳикмати Ислом манъ гардидааст. Сониян, салом бо забон аст ва даст додан ё надодан ягон нақш намебозад, хоса ҳангоми вохурии зан бо марди бегона даст дода салом кардан гуноҳи ошкоро аст. Солисан, имрўз бисёр вирусҳои касалиоваре ҳастанд, ки тавассути салом аз шахси бемор ба дигарон сироят мекунанд. Бинобар ин занон бояд ҳамдигарро ислоҳ намуда, аз содир намудани ин гуноҳ худ ва фарзандонашонро эмин нигаҳ доранд.

Хонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.

Дар фароварди сухан аз Худованд оҷизона дархост менамоем ки модарону хоҳарони моро ба роҳи рост ҳидоят намояд ва аз ҷумлаи умматони ҳақиқии Расули акрам (с) гардонад.                                          Муҳаммадиқболи Садриддин.

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Ҳамду сано мар Парвардигори оламиёнро, ва дуруду салом бар имоми паёмбарон ва беҳтарини оламиён ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с).

Дар ҳақиқат шариъати боҳикмати Ислом ба хотири он омадааст, ки инсонро ба сўи фоидаву маслиҳати ў дар дунёву охират ҳидоят намояд ва аз ҳар чизе, ки дар дину дунёи ў зарар меорад, барҳазар дорад. Пас шахсе, ки роҳи тоъатро ихтиёр намуд комёб шуд ва ҳар ки саркашиву нофармонӣ намуд зиёни бузурге кард.

Рисолаи хурдеро, ки дар даст доред хосатан занонро мухотаб қарор медиҳад, ва сабаби ин махфӣ нест, чунки зан дар айни замон нисфи ҷомеъа ва мураббияи тамоми ҷомеъа дар оянда ба ҳисоб меравад. Пас, ҳар вақто ҳоли зан ислоҳ шуд, ҳоли ҷомеъа ислоҳ мешавад ва таърих бар ин гувоҳ аст. Пас, ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест, ки ислоҳкорону тахрибкорон ба хотири расидан ба мақсадояшон ба масъалаи зан ааммият медиҳанд. Аз Худованд (ҷ) хоҳонем, ки умри моро тўлонӣ гардонад ва ҳосили аъмоли хайрамонро зиёд гардонад ва аз Ў (ҷ) зорию тавалло мекунем, ки барои мо ихлос насиб кунад ва поёни кори моро некў гардонад, то дар иҷрои амали хайр умрамонро сипарӣ намуда, аз дунё реҳлат кунем.

Ҳасан Закариёи Фулайфул

Таваҷҷуҳи Ислом ба зан

Тавре ки аз аҳаммияти нақши зан дар ҷомеъа огоҳ шудед, ҷои тааҷҷуб нест, ки аз инояти хоси Ислом бархурдор аст.

Биёед ба Қуръони карим гўш медиҳем, ки чи гуна мардон ва занонро дар якҷоягӣ хитоб мекунад, ҳине ки мегўяд: «Эй, он касоне ки имон овардаед». Баъд аз он дар бисёре, аз оёти Китоби ҳаким занонро махсус хитоб мекунад:

Каломи Худованд:

ﭽ ﯨ  ﯩ  ﯪ  ﯫ    ﯬ   ﯭ    ﯮ  ﯯ   ﯰ  ﯱ  ﯲ  ﯳ  ﯴ  ﯵ  ﯶ    ﯷ  ﯸ  ﯹ  ﯺ  ﯻ   ﯼ     ﯽﯾ  ﯿ  ﰀ  ﰁ  ﰂ  ﰃ  ﰄﰅ  ﰆ  ﰇ   ﰈ  ﰉ  ﰊﰋ  ﰌ  ﰍ  ﰎ  ﰏ  ﰐ  ﰑ  ﰒ   ﭼ الحجرات: ١١

«Эй касоне, ки имон овардаед, мабод, ки гурўҳе аз мардон гурўҳи дигарро масхара кунад, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва мабод, ки гурўҳе аз занон гурўҳи дигарро масхара кунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷўӣ макунед ва якдигарро бо лақабҳои зишт махонед. Бад аст унвони фисқ пас аз имон овардан. Ва касоне, ки тавба намекунанд, худ ситамкоронанд».

 (Сураи Ҳуҷурот, ояти 11)

ﭽ ﮐ  ﮑ    ﮒ  ﮓ  ﮔ  ﮕ  ﮖ  ﮗ  ﮘ       ﮙ  ﮚ    ﮛ  ﮜ  ﮝﮞ  ﮟ  ﮠ  ﮡ  ﮢﮣ   ﮤ  ﮥ   ﮦ  ﮧ  ﮨ  ﮩ  ﮪ  ﮫ   ﮬ  ﮭ  ﮮ  ﮯ  ﮰ    ﮱ  ﯓ   ﯔ  ﯕ  ﯖ      ﯗ  ﯘ   ﯙ     ﯚ  ﯛ  ﯜ   ﯝ     ﯞ  ﯟ  ﯠ  ﯡ  ﯢ    ﯣ   ﯤ  ﯥ  ﯦ  ﯧ   ﯨ  ﯩ     ﯪ   ﯫ  ﯬ  ﯭ  ﯮ  ﯯ  ﯰﯱ   ﯲ  ﯳ  ﯴ  ﯵ     ﯶ  ﯷ  ﯸ  ﯹﯺ  ﯻ   ﯼ    ﯽ  ﯾ  ﯿ  ﰀ  ﰁ  ﰂ  ﰃ   ﭼ النور: ٣١

«Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд ва зинатҳои худро ҷуз он миқдор, ки пайдост, ошкор накунанд ва миқнаъаҳои (рўймолҳои) худро то гиребон фурў гузоранд ва зинатҳои худро ошкор накунанд, ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ ё писари худ ё писари шавҳари худ  ё бародари худ ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ (дар баробари писари амак, писари тағо, писари хола ҳиҷоб бояд риъоя шавад) ё занони ҳамдини худ (зеро зани кофир дар ҳукми марди бегона аст) ё бандагони (ғулому канизони) худ ё мардони хидматгузори худ, ки рағбат ба зан надоранд (Ибни Ҳаҷар фармудааст, ки агарчи иннин (ҳиз) ё хасишуда ё марди хеле солхўрда дар ин лафз намедароянд, яъне дар баробари ҳамаи инҳо ҳиҷоб лозим аст. Мурод аз ин мардони туфайлӣ ё муғаффал, ки дар хонаҳо ба хўрду нўш рафту омад дошта бошанд, зеро онҳо ба сабаби адами дурустӣ дар ҳаввос ё шаҳват ба сўи занон таваҷҷўҳ надошта бошанд, онҳо мустасноанд. Яъне зан набояд дар баробари ҳамкорон ё хидматгоронаш беҳиҷоб бошад)  ё кўдаконе, ки аз шармгоҳи занон бехабаранд. Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он  зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад (яъне садои зевар ба гўши мардони бегона нарасад). Эй мўъминон, ҳамагон ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор гардед (вагарна маъсият монеъи комёбии шумо, хоҳари азиз, хоҳад гардид)».

 (Сураи Нур, ояти 31)

ﭽ ﮢ  ﮣ  ﮤ  ﮥ  ﮦ   ﮧ  ﮨ  ﮩ  ﮪ  ﮫ   ﮬ  ﮭ  ﮮ  ﮯ   ﮰ  ﮱ  ﯓ  ﯔ   ﯕ  ﯖ  ﯗ  ﯘ  ﯙ    ﯚ  ﯛ  ﯜ  ﯝ  ﯞ  ﯟ  ﯠ  ﯡ   ﭼ الأحزاب: ٣٥

 «Худо барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мўъмину занони мўъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгўву занони ростгўй ва мардони босабру занони босабр ва мардони Худотарсу занони Худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рўзадору занони рўзадор ва мардоне, ки шармгоҳҳои худро ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳҳои худро ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд ва заноне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд, омўрзиш ва музде бузург омода кардааст!».

  (Сураи Аҳзоб, ояти 35)

      Дар ин ояти карима Худои таъоло калимаҳои ал-Муслимин, ал-Мўъминин, ал-Қонитин, ас-Содиқин, ас-Собирин, ал-Хошиъин, ал-Мутасаддиқин, ас-Соимин, ал-Ҳофизина фуруҷаҳум ваз-Зокиринал-лоҳа касиран-ро бо сиғаи ҷамъи музаккар (мардона) зикр намудааст ва тибқи усули наҳвии забони арабӣ шомили ҳоли занон низ мебошад, вале бо вуҷуди зикри ин калимот Худои мутаъол калимаҳои ал-Муслимот, ал-Мўъминот, ал-Қонитот, ас-Содиқот, ас-Собирот, ал-Хошиъот, ал-Мутасаддиқот, ас-Соимот, ал-Ҳофизот ваз-Зокирот-ро оварда занонро махсусан мавриди таъкид қарор додааст.

Дар аҳодиси набавӣ низ таваҷҷуҳ ба зан бисёр аст, ҳатто Паёмбар (с) ба зан хабар додааст, ки ў нигаҳбони хонаи шавҳараш ва бошандагони он аст. Муаллифи ин рисолаи хурд кўшидааст, ки ба тафсил баён кунад, ки инояту таваҷҷўҳи Ислом ба зан чӣ гуна аст ва аз  амалҳое, ки ба ў лоиқ нест ва шаъни ўро паст карда, аз роҳи рост дураш мекунад, занро барҳазар доштааст.

Пас, ҳар вақто зан итоъат намояд, ин кори ў сабаби обрў ва каромату наҷоташ хоҳад буд ва агар исёну нофармонӣ кунад, Худованд иқоби сахте дорад. Ба таҳқиқ дунё гузарон аст ва ҳеҷ бақое ба ҷавонӣ ва молу ҷоҳ нест ва ҳеҷ давоме ба ҳоле нест ва марг ҳамеша дар интизори ҳамагон аст. Пас, зани ҳушманду боақл барои ояндаи худ кор мекунад ва вақти имрўзаи худро бефоида намегузаронад. Ҳеҷ бақое нест, магар барои амали нек ва ҳеҷ наҷоте нест магар бо амали нек. Пас, зани мўъмину мусалмон бояд пойбанд ба фармудаҳои Парвардигорӣ худ бошад ва аз муҳаррамот худдорӣ намояд. Худованд худ муваффақгардонанда аст.

Таъсири зан

     Мард монанди зан дорои василаи ҷалбкунанда нест. Муҷарради назар кардан ба зан ғаризаҳои мардро ба ҳаракат медарорад, аммо ғаризаи зан танҳо бо ламс кардану сухану ғазалҳои ошиқона гуфтан бедор мешавад. Бинобар ин Худованд либоси занро мавриди таваҷҷўҳ қарор дода, зинати ўро танҳо ва танҳо барои шавҳараш равову ҷоиз донистааст ва аз омезиш бо мардони бегона ўро манъ намудааст. Ҳар мамнуъияте, ки вобаста ба зан ҳаст дар ҳақиқат он барои ҳимояти ўст, то ин ки чашмони бегона ба ў нанигаранд ва дасти бегонае ба ў нарасад ва гургони гурусна ўро нарабоянд. Ба таҳқиқ ҳар монеъае, ки вобаста ба зан ҳаст мардро кўмак мекунад, то пойбанд ба покию тозагӣ бошад ва худро аз шаҳватҳои ҳаром ва ангезаҳое, ки ўро аз ҷодаи амали нек дур мекунад, нигоҳ дорад.

     Ин амр боиси хушбахтию саодати ҷомеъа ва пешравию тараққии он аст. Дар сафҳаҳои оянда кўшиш менамоем, ки он чиро, ки зан аз он бояд дур бошад барояш равшан намоем.

Хатари зино

Зино аз бузургтарин офатҳоест, ки дар ҷисми фард ва ҷомеъа асар мекунад, он ҳам ба сабабҳои зерин:

1.    Зино сабабгори омезиши насабҳо ва паҳн шудани мафосидест, ки аз ин омезиш ба бор меояд.

2.    Зино нашркунандаи касалиҳоест монанди сузок ва спид, ки вабои аср аст.

3.     Дар бисёр мавридҳо зино сабаби кушта шудани инсонҳо мегардад. Гоҳе мешавад, ки марди зонӣ занро ба хотири пўшидани ҷурмаш ё даст надодани зан ба зино мекушад, ё ҳангоме ки таҷовузи дастҷамъона  барои як зан сурат мегирад, зан аз беқуввати мемирад. Гоҳо соҳибони зан марди зонӣ ва ё занро ва ё ҳардуи онҳоро ба қатл мерасонанд. Дар шариъати ислом зан ё марде, ки хонадор шудааст ва ба зино даст мезанад, то мурдан сангсор мешавад.

4.    Аксаран ҳодисаҳои зино байни ҷавонон рух медиҳад, пас, ба ҳамин шакл ҷавонони уммат ба ҷиноятҳои бузург: қатл, таҷовуз ва ғайра рў ба рў мешаванд, дар ҳоле ки ҷавонон бозўи неруманди миллат, пойдевори иқтисод ва қувваи асосии он, ба шумор мераванд. Ҳар вақто ҳоли ҷавонон чунин бошад, миллат аз тараққию пешрафт боз мемонад ва ҳар кас ба он тамаъ мекунад.

 Бинобар ин мебинем, ки шариъат аз зино ва аз ҳар чизе ки сабаби он мешавад наҳй мекунад.

Каломи Худованд:

ﭽ ﮊ  ﮋ  ﮌﮍ  ﮎ     ﮏ      ﮐ  ﮑ   ﮒ  ﮓ  ﭼ الإسراء: ٣٢

 «Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва шевае нописанд аст!»

 (Сураи Исро, ояти 32)

Манъи зан аз ҳар чизе ки сабаби иртикоби зино мегардад

1.    Манъи зан аз намоиш додани зебу зинат

Ҳангоме ки зан бо шавҳари худ дар хилват бошанд ва шавҳараш занро хоҳад, пас наздиктарин роҳ барои зан ин аст, ки зинату зебоияшро барои ў нишон диҳад. Ҳарвақто, ки зан зинату ҷамолашро дар роҳи омма ё пеши рўи марде, ки барояш ҳалол нест нишон диҳад, пас ин зан бо ин амалаш чӣ мехоҳад?

Зани мусалмон аз чунин феълу рафтор шарм медорад. Ў ба таҳқиқ медонад, ки гуле нест, ки ҳар кас ўро бибўяд. Дар ҳақиқат медонад, ки шарофату каромати ў ин аст, ки танҳо барои шавҳараш бошад.

Ба таҳқиқ пўшидани зинат ва сатри аврат ин неъмате аз неъматҳои Худованд аст, ки ба бандагони худ арзонӣ доштааст.

Каломи Худованд:

ﭽ ﭴ  ﭵ  ﭶ  ﭷ  ﭸ  ﭹ   ﭺ  ﭻ  ﭼﭽ  ﭾ  ﭿ  ﮀ  ﮁﮂ  ﮃ  ﮄ   ﮅ  ﮆ  ﮇ  ﮈ  ﮉ  ﭼ الأعراف: ٢٦

 «Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем, то шармгоҳатонро бипўшад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз ҳар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд».

  (Сураи Аъроф, ояти 26)

Оятҳои хосе дар Қуръони карим барои либоси зан ва сатри ў бисёр возеҳ ва қотеъ омадааст, чунки риъоя накардани ин фаризаи илоҳӣ хатар ва оқибатҳои ногувореро дар пай дорад.

Каломи Худованд:

ﭽ ﮝ  ﮞ  ﮟ  ﮠ  ﮡ  ﮢ  ﮣ  ﮤ    ﮥ  ﮦ  ﮧﮨ  ﮩ  ﮪ  ﮫ  ﮬ  ﮭ  ﮮﮯ  ﮰ   ﮱ  ﯓ  ﯔ  ﯕ  ﭼ الأحزاب: ٥٩

 «Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодари худро бар сар пўшанд».

 (Сураи Аҳзоб, ояти 59)

ﭽ  ﮟ  ﮠ  ﮡ  ﮢﰃ   ﭼ النور: ٣١

 «Ва миқнаъаҳои (рўймолҳои) худро  то гиребон фурў гузоранд»

  (Сураи Нур, ояти 31)

ﭽ   ﯲ  ﯳ  ﯴ  ﯵ     ﯶ  ﯷ  ﯸ  ﯹﰃ   ﭼ النور: ٣١

 «Ва низ чунон пой бар замин назананд, то он  зинат, ки пинҳон кардаанд, дониста шавад».

 (Сураи Нур, ояти 31)

Барои чӣ зан ба мухолифати фармудаҳои Худо чанг мезанад, дар ҳоле ки медонад дар ин мухолифат ҳалоки ўст? Ба таҳқиқ аз ҷаннат маҳрум мешавад ва дохили оташи дўзах мегардад.

Паёмбар (с) мефармоянд:

 «Ду гурўҳе аз аҳли дўзах ҳастанд, ки ман онҳоро надидаам: гурўҳе, ки ҳамроҳ бо худ қамчин доранд, монанди думи гов ва мардумро бо он мезананд, ва заноне, ки пушидаъурёнанд ва моилкунанда, сарҳои онҳо мисли кўҳони уштур аст, на вориди ҷаннат мешаванд ва на бўйи ҷаннат ба машомашон мерасад[1]».

2.    Манъ аз берун шудани зане, ки атр истеъмол намудааст

Дар ҳақиқат мард агар атри занро бибўяд асари бузурге дар ў мегузорад ва ба тарафи зан ҷалб мешавад. Биноан, Шариъат берун шудани занро дар ҳоле ки атр истеъмол намудааст ҳаром гардонидааст.

Паёмбар (с) мефармоянд:

«Ҳар зане, ки атр истеъмол мекунад ва аз назди мардум мегузарад, то аз он атр бибўянд, пас он зан зинокор аст».

 Ин чизи мантиқист, оё зан ҳарис нест, ки хушбўиро пеш аз мулоқот бо шавҳараш истеъмол намояд, то рағбати ўро нисбати худ барангезад? Аҷабаш ин аст, ки зан одат кардааст, ки худро ороста, атр истеъмол карда, аз хонааш берун меравад, ва ҳангоми мулоқот бо шавҳараш, бисёр вақтҳо инро фаромўш мекунад.

3.    Манъи зан аз даст додан бо мардон

Дасти зан ҷузъе аз бадани ўст ва ҳар кӣ дасти занеро ламс карда бошад то кадом андоза нарм будани ҷасади ўро медонад. Аз ин ҷост, ки бо ин кор дар ба рўи амали шайтон кушода мешавад. Пас, манъ намудан аз даст додан, манъ намудан аз кушодашавии дарҳои бузурги фитнаву шар аст.

Бинобар ин Ислом даст додани занро ба мардони бегона ҷоиз намедонад, вале гурўҳе аз маҳоримро мустасно намудааст: монанди падар, бародар, амак ва тағо барои зан ва модар, хоҳар хола ва амма барои мард.

Паёмбар (с) фармудаанд:

 «Агар сўзани оҳанине дар сари яке аз шумо халонда шавад, беҳтар аст барояш аз ин, ки дасти занеро, ки барояш ҳалол нест мисос намояд».

Ба таҳқиқ собит шудааст, ки расули Худо (с) бо занон мусофаҳат намекардаанд. Аз Амима бинти Рақиқа ривоят аст, ки мегўяд:

Бо гуруҳе аз занон назди Паёмбар (с) омадем, ки бо эшон (с) бар Ислом байъат кунем, пас занон гуфтанд:

- Эй расули Худо (с) бо ту байъат мекунем бар ин ки ба Худо шарик намеорем, дуздӣ намекунем, зино намекунем, фарзандонамонро ба қатл намерасонем, бўҳтону тўҳмат намекунем ва дар ҳар кори неке, ки амр мекунед нофармонӣ намекунем.

Пас, Паёмбар (с) фармуданд:

- Дар ин корҳо тавоноӣ ва тоқат доред?

Занон гуфтанд:

- Худованд ва Расули Ў бар мо аз худи мо дида раҳимтар ҳастанд, биё то бо ту байъат кунем, эй Расули Худо (с). Пас, Расули Худо (с) гуфтанд:

- Ман бо занон даст намедиҳам, ба таҳқиқ суханони ман барои сад зан монанди сухани ман барои як зан аст[2].

Пас, бояд зан аз даст додан бо мардон имтиноъ варзад. Агар бо дастпўш ё ғайри он бо мардон салом кунад, беҳтар аст аз ин ки бидуни он даст диҳад. Лекин хубтар ин аст, ки аслан даст надиҳад. Ҳеҷ зарурате нест, ки занро ба даст додан маҷбур созад.

4.    Манъи зан аз холкўби бо сўзан (вашм)

Холкўбӣ ин задани сўзан ё монанди сўзан дар кафи даст ё банди даст ё дигар ҷойи бадани зан аст, то ин ки хун ҷорӣ шавад, баъд аз он ҳино ё ғайри онро дар он ҷо мемоланд ва гоҳҳо бо ин кор нақш мекашанд.

Ин тағйир додани хилқати Худованд аст, лизо ҳаром аст.

Аз Абиҷуҳайфа ривоят аст, ки мегўяд: «Паёмбар (с) аз гирифтани пули хун, пули саг ва касб аз роҳи фаҳшу фуҷур манъ намуда, зани холкўбанда ва сўзанзадашударо лаънат гуфтааст[3]».

5.    Манъи зан аз чидани мўйи рўй ва абрў (намс)

Дар ҳадиси Паёмбар (с) лафзи намс омадааст, ки он чидан ва дур намудани мўйҳои рўй аст ва ин амр манъ шудааст, магар мўе, ки дар макони риш ё мўйлаб барояд. Пас, дур намудани ин гуна мўй барои зан равост, то аз монанд будан бо мардон худдорӣ шавад. Чидани мўйи рўй ҳаром аст, зеро он тағйир додани хилқати Худост.

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки «Худованд зани сўзанзан (холкўбикунанда) ва сўзанзадашуда ва заноне, ки мехоҳанд абрўяшонро ислоҳ кунад ва зане, ки миёни дандонҳояшро кушод намуда, хилқати Худоро тағйир медиҳад, лаънат гуфтааст».

6.    Манъи зан аз кушод намудани байни дандонҳо

Калимаи фалҷ ба маънои кушод намудан байни дандонҳои пеш аст. Занон ин амалро меписанданд, то синну соли худро камтар нишон дода, ҳуснашонро афзоянд. Бо ин мақсад дандонҳоро метарошанд. Инро вашр низ мегўянд. Ин амал ҳаром аст, чунки дар ин кор тағйири хилқати Худост. Дар ҳадиси гузашта омадааст, ки лаънат кардааст Худо занони сўзанзанандаро. Ва инчунин занонеро, ки миёни дандонҳояшонро кушод намуда, хилқати Худоро тағйир медиҳанд.

     Аммо, кушод кардани миёни дандонҳо ба хотири муъолиҷа ҳалол аст, зеро таҳрими он вобаста ба талаби ҳусн аст, на талаби муъолиҷа ё айбе, ки дар дандон аст.

7.    Манъи зан аз пайванд задани мўйи сар

Аз Асмоа (р) ривоят аст, ки мегўяд:

- Зане назди Паёмбар (с) омада гуфт: «Эй Паёмбари Худо (с) духтарам ба бемории «Хисба» (сурхак, сурхча) гирифтор шуда ва мўйҳояш рехта, оё мўйҳояшро пайванд занам?» Расули акрам (с) фармудаанд: «Худованд мўй пайвандкунанда ва мўй пайвандкардашударо лаънат кардааст[4]». Аз Оиша (р) ривоят аст, ки духтаре аз ансор издивоҷ намуд ва бемор шуда мўяш рехт. Пас, хостанд, ки мўяшро пайванд кунанд, биноан аз расули Худо (с) инро пурсиданд, пас Ў (с) мўй пайвандкунанда ва мўй пайвандкардашударо лаънат кард».

8.    Манъи зан аз хилват (танҳоӣ)

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки мегўяд: Паёмбар (с)–ро шунидам, ки дар хутбае мегуфтанд: «Ҳеҷ марде бо зане хилват нашавад, магар ки маҳраме аз зан ҳамроҳаш бошад».

Аз Уқба ибни Омир (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) гуфтанд: «Барҳазар бошед аз дохил шудан бар занон», пас марде аз ансор гуфт: «Агар ҳевар (бародари шавҳар) бошад чӣ?» Фармуд: «Ҳевар ҳалокат аст». Яъне Паёмбар (с) аз хилват шудани мард бо ақориби занаш ва зан бо хешонӣ шавҳараш шадидан барҳазар доштааст ва ин амрест, ки мардум бисёр дар он воқеъ мешаванд ва сабаби мусибатҳое мешавад, ки андозаи онро ғайр аз Худо касе намедонад. Баъзе аз мардум ба худ гумон мекунанд, ки маъсум ҳастанд ва воқеъ шудани корҳои зиштро дар хилват нисбат ба худ дур медонанд, лекин умури зеринро ба эътибор бояд гирифт:

1.    Хилват дар «ҳадди зоташ», яъне худи ин кор, ҳаром аст, гар чанде дар он ҳангом ҳодисае рух надиҳад;

2.    Барои дур нигоҳ доштани худ аз шубҳаҳо ва гуфтугўзорҳои беҳуда моро лозим меояд, ки аз хилват шудан барҳазар бошем;

3.    Даъво намудан бар маъсумият ботил аст. Паёмбар Юсуф (а) ба Парвардигори худ мегўяд:

Каломи Худованд:

ﭽ ﮉ  ﮊ  ﮋ  ﮌ  ﮍ   ﮎ  ﮏ     ﮐﮑ  ﮒ  ﮓ  ﮔ  ﮕ        ﮖ  ﮗ     ﮘ  ﮙ  ﮚ       ﮛ  ﭼ يوسف: ٣٣

 «Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон дўстдоштанитар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри  ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям (ҳар мўъмине, ки гуноҳе содир мекунад аз ҷаҳолат ва нодонии ўст)».

  (Сураи Юсуф, ояти 33)

4.    Хилват шудан ғаризаҳои инсониро ба ҳаракат меорад ва майли ўро ба ҷинси дигар меангезад;

5.    Хилват шудан ба суханпардозию мулотафат ва ламс намудан ташҷиъ мекунад, ки оқибати инҳо аз хатар холӣ нест;

6.    Шайтон дар хилват маҷоли хубе барои амал меёбад.

7.    Хилват шудан сабаби шаку тардиди зиёде дар нафси валии зан мешавад, ки мушкилоти бепоён барои зан ба бор меорад;

8.    Ҳаёти имрўзаи мо ва он чӣ дар атрофи мо рўх медиҳад моро водор мекунад, ки ҳушёр бошем саҳлангорӣ накунем, хусусан дар корҳое, ки марбут ба дин ва шарафу номуси мост;

9.    Агар зарурате барои амали мубошир (коргузор) байни марди бегона ва зан бошад, бояд ки он дар ҳудуди муайян бошад ва ба миқдори зарурат. Масалан барои волии зани бемор воҷиб аст, ки аввалан табиби зан ҷустуҷў кунад пеш аз ин, ки ўро назди табиби мард бубарад ва агар табиби мард занро муъолиҷа кард, бояд дар хилват набошад ва ҳадди заруратро аз нигоҳи тиббӣ таҷовуз накунад.

9.    Манъи зан аз сафар намудан бе маҳрам

Мусофир ба бисёр ҳолатҳои ногувор ва хатарҳо рў ба рў мешавад. Шаръи ҳаким хостааст, ки занро аз чунин мушкилот дур нигоҳ дорад. Вуҷуди маҳрам ҳангоми сафар тарсу ҳароси зиёдро аз ў дур месозад. Маҳрами зан ўро кўмак мерасонад ва масъулияти ўро ба душ дорад ва ба ҷои вай бо мардум муомила мекунад. Ҳамаи ин нишонаи эҳтироми зан, ҳифозат ва нигаҳбонии шарафу номуси вай мебошад.

Паёмбар (с) мефармоянд: «Сафар намекунад зан, магар ҳамроҳ бо маҳрами худ». Аз масъулияти волидайн ва хешони наздик ин аст, ки занону духтаронро ба донишгоҳҳои наздиктар равонаи таҳсил кунанд ё ба ҷои кори наздиктар гузоранд, то аз ўҳдаи ҳифозат ва нигоҳубини онҳо бароянд.

10. Манъи зан аз бе зарурат хориҷ шудан аз манзил

Каломи Худованд:

ﭽﭶ   ﭷ  ﭸ  ﭹ  ﭺ  ﭻ  ﭼ  ﭽﮑ  ﭼ الأحزاب: ٣٣

 «Ва  дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунонки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор макунед».

 (Сураи Аҳзоб, ояти 33)

Дар асл занон бояд дохили хонаи худ бимонанд ва берун нашаванд, магар дар ҳоли зарурат якҷоя бо шавҳар ё валии ў. Зан ҳангоми берун шудан либосе бипўшад, ки аврати ў ё зинати ўро намоён насозад ва ё танг набошад, ки бадани ў маълум шавад ва ё нозук (тунук) набошад, ки баданаш дида шавад.

Имрўз зан ба хотири касби илм ва кор кардан, ки аз ҷумлаи заруриёт ба ҳисоб меравад, берун аз манзили худ меравад, лекин ин амр ҳоҷат ба танзим дорад. Зарур ва воҷиб аст, ки зан дар ҳамаи марҳалаҳои таълим дар мадрасаҳо ва донишгоҳҳои духтарона, бидуни омезиш бо мардон таълим бигирад ва воситаи нақлиёти хосе барои рафтуомади онҳо хидмат кунад. Аммо, манҳаҷи таълимии эшон бояд чунон бошад, ки модари ояндаро тарбия мекунад, ки офаридагори худро мешиносад ва ўро бо маърифати ҳақиқи мапарастад, ҳуқуқи шавҳараш ва чӣ гуна муъомила кардан бо ўро, ки сабаби ризои Худо мегардад медонад, ва медонад, ки чӣ гуна тифли худро бар роҳи ҳақ тарбия кунад ва чӣ гуна ўро муъолиҷа кунад, агар ба беморие гирифтор шавад. Мутахасис монанди табиби занон ё муаллима будани зан ҳам ба манфиати зан аст ҳам ҷомеъа. Зани соҳибкасб аз мўҳтоҷӣ дар амон аст ва ба занони бемор ба ҷои мардони номаҳрам хидмат мекунад. Ба ҳамин шакл масъалаи берун шудани зан барои таълим ва кор ба танзим дароварда мешавад. Аммо, барои берун шуданашон ба бозорҳо, пас лозим меояд, ки бозори хос барои занон ва дигаре барои мардон ташкил шавад, ки занон дар бозори худ ва мардон дар бозори алоҳида харидуфурўш кунанд. Дар ин амр манъ намудан аз омезиш, ҳифзи каромати зан ва адами барангезиши шавҳати мардҳост. Баъд аз ин воситаҳои нақлиёти мусофирбар боқӣ мемонад, ки бояд дар он низ байни ҳарду ҷинс монеъа бошад. Ҳангоме ки ба он чӣ гуфта шуд пойбандӣ сурат гирад, зан барои ҳоҷаташ орому осуда ва бо шарафу иззат берун мешавад. Аз ҷумлаи умуре, ки зан бояд риъоя кунад ин аст, ки шабона аз хона берун нашавад, магар дар ҳоле ки ҳоҷату зарурати шадид дошта бошад. Шахси соҳибкоре, ки коргари зану мард дорад ва шабона низ кор мекунанд бояд иҷоза диҳад, то занон дар басти рўзона кор кунанд ва ба кори шаб маҷбурашон накунад.

Аз ҷумлаи эҳтиётҳо ин аст, ки зан бояд бо роҳи хилват ва бекас  наравад, то ба хатаре рў ба рў нашавад.

11. Манъи зан аз дохил шудани ҳамомҳои умумӣ

Дар чунин ҳаммомҳо аврати зан намоён мегардад ва мардҳо занони урёнро мебинанд ва ин аз муҳимтарин асбоби барангехтани шаҳватҳо ва фурў рехтани лаънат ва ғазаби илоҳӣ ба ҷомеъаҳост. Паёмбар (с) мефармоянд:

«Ҳеҷ зане нест, ки либосашро дар ғайри хонааш аз тан мекашад, магар ки он чи байни ў ва байни Худост аз байн меравад».

Каломи Худованд:

ﭽ ﮝ  ﮞ  ﮟ  ﮠ  ﮡ  ﮢ  ﮣ  ﮤ    ﮥ  ﮦ  ﮧﮨ  ﯕ  ﭼ الأحزاب: ٥٩

 «Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мўъминон бигў, ки чодари худро бар сар пўшанд».

  (Сураи Аҳзоб, ояти 59)

Аммо, он чи дар соҳили кулу дарёҳо рух медиҳад ҳеҷ узре надорад. Соҳилҳои кулу дарёҳо зиёданд ва ҳад надорад, пас барои чӣ одамон дар як ҷо бешармона гирд меоянд.

Дар ҳақиқат марди ғаюр агар хоҳад аз он чӣ Худованд барояш ҳалол гардонидааст ҳаловат барад ҳамроҳи оилааш бояд ба ҷое аз чашмҳо дур равад, зеро розӣ намешавад, ки модар назди фарзандон либосашро аз тан дур кунад ва авраташро намоиш дода, ба фарзандонаш дарси беҳаёгӣ омўзонад.

12. Наҳйи занон аз назар кардан ба сўйи мардон

Ба таҳқиқ назар кардан шаҳватро меангезад ва ғароизро ба ҳаракат меорад ва зинои чашм инсонро ба зинои «фарҷ» (шармгоҳ) вомедорад.

Паёмбар (с) фармудаанд: «Зинои чашмҳо назар кардан аст». Бинобар ин аз назар кардан манъи қатъӣ омадааст.

Каломи Худованд:

ﭽ ﭾ  ﭿ   ﮀ  ﮁ  ﮂ  ﮃ  ﮄ  ﮏ  ﭼ النور: ٣٠

 «Ба мардони мўъмин бигў, ки чашмони хеш фурў гиранд ва шармгоҳи худ нигаҳ доранд».

 (Сураи Нур, ояти 30)

Каломи Худованд:

ﭽ ﮐ  ﮑ    ﮒ  ﮓ  ﮔ  ﮕ  ﮖ  ﰃ   ﭼ النور: ٣١

 «Ва ба занони мўъмин бигў, ки чашмони хеш бибанданд ва шармгоҳи худ нигоҳ доранд».

 (Сураи Нур, ояти 31)

Ин ояти карима ба пўшидани чашм ва нигоҳ доштани шармгоҳ таъкид кардааст. Пас шахсе, ки чашми худро аз дидани ҳаром бипўшад аз дигарон дида бар нигоҳ доштани шармгоҳи худ, қодиртар аст. Дар акси ҳол натиҷааш низ баръакс хоҳад буд. Аммо, назари ногаҳонӣ, ва он назарест, ки қасдан сурат нагирифтааст, пас бар зану мард лозим аст, ки баъд аз он чашмашонро бипўшанд ё ба дигар тараф гардонанд. Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳи Баҷалӣ ривоят аст, ки мегўяд: «Паёмбар (с)-ро аз назари ногаҳонӣ пурсидам, пас эшон (с) маро амр карданд, ки назарамро ба дигар тараф гардонам».

Бисёре аз занҳо дар ҳоли ҳозир назди телевизор нишаста, силсилафилмҳо ва дигар барномаҳоро тамошо карда, беэҳтиёт ба мардҳо менигаранд. Оё ягон зарурате вуҷуд дорад, ки эшонро ба чунин амал вомедорад? Оё ба мушоҳидаи барномаҳои диниву ахлоқӣ ва илмӣ ва нашрҳои ахбор иктифо намекунанд? Агар баъд аз расидагӣ ба корҳои хона ва шавҳару фарзандон барояшон вақти холӣ монад, бигузор онро дар тиловату таълими Қуръон, ҳадис, фиқҳ ва рафтори Паёмбар (с) ва азвоҷи мутаҳҳарот сарф намоянд.

13.  Мисос (молиш) накардани мард занро ва баръакс

Барои зан лозим аст, кушиш намояд, то аз омезиш бо мардҳо дурӣ ҷўяд ва агар дар наздики эшон бошад аз ламс (ҳисси дарккунӣ бо судани даст) намудани тарафайн барҳазар бошад. Аз Маъқал ибни Ясор ривоят аст, ки мегўяд: Паёмбар (с) фармуданд: «Агар дар сари яке аз шумо сўзане аз оҳан халонда шавад беҳтар аст барояш аз ин ки занеро, ки барояш ҳалол нест, мисос кунад».

Паёмбар (с) мардон ва занонро аз ламс намудани ҳамдигар ва аз издиҳом байни ҷинсайн бар ҳазар дошта фармудаанд: «Агар ҷисми мард ба (танаи) хуке, ки олудаи лою наҷосат аст расад беҳтар аст барояш аз ин ки  бозўяш ба ҷисми зани бегонае расад».

Асари бади омезиш ва издиҳом байни ҷинсайн дар он аст, ки дар нафси зан ва мард шаҳватро меангезад ва ба зино мехонад. Монанди шахсе, ки таъомеро чашида, маъқулаш афтодааст ва мехоҳад онро тановул кунад. Ҳасан ибни Алӣ (р) гуфтааст:

«Занонатонро аз издиҳом бо кофирону фосиқон дар бозорҳо манъ кунед. Худованд қабиҳ гардонад шахсеро, ки ғайрат надорад». Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст, ки Паёмбар (с) «Аз роҳ рафтани мард дар байни ду зан манъ намудааст». Он чӣ мулоҳиза мешавад ин аст, ки ҳаёти имрўзаи мо аз издиҳом, ки воқеъ шудан дар он шаръан манъ шудааст, холӣ нест. Дар васоити нақлиёти мусофирбар, дар корхонаву бозорҳо ва ғайри он омезиш ва издиҳом ба чашм мерасад. Илоҷи фоиданок барои ҷудо намудан байни ду ҷинс мавҷуд аст ва ин мавзўъест, ки дар китоби бо номи «Зарурати ҷудо намудани байни ду ҷинс ва чигунагии он» баррасӣ гардидааст ва ба он руҷўъ кунед.

Аммо, касе ки ба берун шудан маҷбур мешавад бояд аз издиҳом ва омезиш бо номаҳрамон худро дур нигоҳ дорад ва дар ҳар ҷое, ки менишинад бояд байни ў ва мардҳо ҳоиле (монеъа) монанди ҷомадон ё чизе дигаре бошад.

14. Адами мулоимат дар сухан

Ҳар вақто ки зан ба сухан гуфтан бо марди бегона маҷбур шуд, пас бояд ба қадри зарурат сухан гўяд ва бидуни ҳоҷат суханро бо ў тўлонӣ накунад. Овозаш бояд оддӣ бошад дур аз мулоимат, то ин ки тамаъкунандагон ба ў чашми тамаъ надўзанд.

Каломи Худованд:

ﭽ ﭡ  ﭢ    ﭣ  ﭤ  ﭥ  ﭦﭧ  ﭨ  ﭩ  ﭪ  ﭫ  ﭬ   ﭭ  ﭮ  ﭯ  ﭰ  ﭱ  ﭲ  ﭳ  ﭴ  ﭵ  ﭼ الأحزاب: ٣٢

 «Эй занони паёмбар, шумо монанди дигар  занон нестед, агар аз Худо битарсед. Пас, ба нармӣ сухан магўед, то он марде, ки дар қалби ў маразе аст, ба тамаъ афтад. Ва сухани писандида бигўед».

 (Сураи Аҳзоб, ояти 32)

«Дар каломи Худованд: «Ва бигўед сухани некў» иршоду раҳнамои бар ин аст, ки сухан бояд бо лафзҳое бошад, ки маъонии хайр ва истиқомат дар роҳи некро дошта бошад ва аз ҳар он чӣ ба каромату шарафи зан лоиқ нест, дур бошад. Баъзе аз занҳо одат кардаанд, ки бе зарурат бо мардҳо сухан мегўянд. Ин суханронии тўлонӣ ва шикоят аз ҳамсар гоҳҳо ба лаҳни ошиқонаву нозу карашма мерасад.  Зане ки чунин аст кўшиш мекунад нафси худ ва дигаронро ба ин, ки гуё ин кори оддӣ аст ва ин, ки фарқ байни зану мард нест ва ниятҳо нек ҳастанд, қонеъ гардонад. Пас, оё нияти нек далел шуда метавонад, ки инсон ҳар чӣ хоҳад анҷом диҳад. Оё касе метавонад, ки аз нияти дигарон бохабар бошаду онҳоро таърифу тавсиф намояд? Чӣ қадар ин гуна ниятҳои «нек» занро ба мусибатҳо гирифтор намуд? Ва чӣ қадар номусу шарафро аз байн бурд?

Ба таҳқиқ зан – ҳатто дар ниҳояти аз байн рафтани номусу шарафаш кори кардаашро сафед карда мегўяд, ки нияти мард нек аст, ў ба занӣ мегирадаш ва ғайра.

15. Дур будан аз беиффатӣ

Ҳаё паноҳгоҳи мустаҳкамест барои зан, ки агар он аз байн равад зан низ аз байн хоҳад рафт ва бидуни аз байн бурдани ҳаё зиёне ба зан расонида наметавонанд. Ман боварии комил дорам, ки бисёр ҳолатҳои зино пайвастагии маҳкаме ба қатл дорад. Истимрори омўзишу издиҳоми мардону занон ҳаёро аз вуҷуди онҳо дур кардааст ва истимрору мушоҳадаи манзараҳои хориҷ аз доираи дину адаб барои ҳаё ҷойгоҳе боқӣ нагузоштааст. Алфози носазо ҳар вақто, ки такрор шудан гирад, мардум ба онҳо одат мекунанд ва ҳаёро аз вуҷуди онҳо дур мешавад ва аз байн меравад.

Ба таҳқиқ ҳирси зан ба ҳаё ва пойбанд буданаш ба он вобаста бар ахлоқи некўст, ки ҳар кўтоҳиро ҷуброн мекунад ва монеъи амали қабеҳ мегардад ва корҳоро дар мизони муайян мегузорад ва ҳеҷ ҳурмате поймол намегардад ва амалҳои ғайриахлоқӣ густариш намеёбад. Ба таҳқиқ ҳаё ин фазилату некўист, ки инсон бо он зинда мемонад ва бидуни он мемирад. Мавдудӣ мегўяд: «Ҳаё дар ислом ин имон доштан аст, эҳсоси шарму хиҷолатест, ки инсон дар ҳоли майл намудан ба кори бад онро ҳис мекунад».

Ҳаё  нишонаи имон аст, пас сар намезанад аз мўъмин, магар амале, ки имонро мувофақа мекунад.

Инчунин Паёмбар (с) мефармоянд: «Аз Худованд ҳаё кунед он тавре, ки сазовори Ўст». Саҳобаҳо (р) гуфтанд: «Мо аз Худованд ҳаё медорем, эй расули Худо (с), ва сипос бод мар Ўро (ҷ)» . Пас, Паёмбар (с) фармуд: «На, чунин аст, валекин ҳаё доштан аз Худованд ба таври матлуб ин аст, ки саратро аз хаёлоти ботил ва батнро аз ғизои ҳаром нигаҳдорӣ ва маргро мудом ба ёд орӣ». Шахсе, ки чунин мекунад ба таҳқиқ аз Худованд тавре, ки сазовор аст ҳаё доштааст.

Ба таҳқиқ ҳаёи зан нисбат ба ҳаёи мард бештар аст.

Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳаё даҳ ҷузъ аст, нўҳ ҷузъи он дар занон аст ва як ҷузъи он дар мардҳо ва агар ин намебуд мардҳо бар занҳо қавӣ намеомаданд». Шайх Абдуллоҳ ибни Зайд оли Маҳмуд мегўяд: «Агар хоҳӣ, ки зиёни аз байн рафтани ҳаёро донӣ, пас ба баъзе кишварҳое, ки занонашон ҳаёро тарк намудаанд назар андоз, то бубинӣ чӣ гуна ахлоқу одоби онҳо фосид шуда, табиъаташон дигаргун ва вазъашон фосид гаштааст. Занони чунин ҷомеъа бо он чӣ мекунанд ва бо он чӣ ба онҳо карда мешавад бетафовутанд ва аз Худованд ва бандагони Ў (ҷ) ҳаё намекунанд ва рағбат ҳам надоранд, ки барои онҳо шарафу ёди хайре баъд аз ҳаёташон боқӣ монад». Ва ин мазмуну маънои ҳадиси расули Худо (с) аст, ки мефармоянд: «Агар ҳаё надорӣ, пас ҳар коре мехоҳӣ анҷом бидеҳ[5]».

16. Пайравӣ накардан аз роҳи шайтон

Каломи Худованд:

ﭽ ﭯ  ﭰ  ﭱ    ﭲ  ﭳ   ﭴ    ﭽ  ﭼ فاطر: ٦

 «Шайтон, ба таҳқиқ, душмани шумост. Ўро душман  гиред».

 (Сураи Фотир, ояти 6)

  Каломи Худованд:

ﭽ ﮭ  ﮮ  ﮯ  ﮰ   ﮱ  ﯓ    ﯔ  ﯕ  ﯖ  ﯗ  ﯘﯙ   ﯚ    ﯛ  ﯜ  ﯝ  ﯞ  ﭼ البقرة: ٢٠٨

 «Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагон ба итоъат дароед ва пой ба ҷойи пойи шайтон магузоред (думболаи шайтон маравед), ки ў душмани ошкори шумост».

 (Сураи Бақара, ояти 208)

Ба таҳқиқ шайтон инсонро оҳиста–оҳиста ба сўи маъсият мебарад ва онро барояш зинат медиҳад. Аввал ўро дар гуноҳи сағира (хурд) меандозад ва баъдан дар кабира (калон). Шайтон занро амр мекунад, ки худро зинат дода, атру уппо истеъмол намуда, авраташро намудор созад баъд аз он амри омезиш бо мардонро барояш оддӣ ҷилва медиҳад ва қонеъаш месозад, ки кори оддист. Баъд аз он пайрави намудани ғарбиҳоро дар либоспўшию рафтору гуфтор барояш музайян месозад, ки ин барояш беҳтар аст, то бомаданият ва пешрав шавад, пас ҳаёро тарк мекунад дар намозу ибодат саҳлангорӣ мекунад ва аз ў корҳое сар мезанад, ки мухолифи дину ақидааш мебошанд.

Пас, ҳар гоҳе, ки насиҳаташ кунанд мегўяд, ки аз зиндагӣ ҳаловату лаззат бурдан зарур аст. Эй кош ба он чӣ Худованд ҳалол гардонидааст лаззат мебурд ва мегўяд: «Дин ҷонибдори осонӣ дар корҳост на саъбу мушкилӣ ва Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад». Пас, чӣ гуна тамаъи мағфират мекунад, ки боре дари Худованди ғуфронро накўбидааст, авомирашро иҷобат накардааст ва ба тоъаташ амал нанамудааст.

17. Побанд набудан ба тақлиди кўр-кўрона

Яке аз занҳо эълон намудааст, ки ў аз мўд пайравӣ мекунад, ҳатто агар он ба пўшидани либоси нозуктар аз пўсти пиёз ҳам бошад. Тақлиду пайравии кўр-кўрона ба ин ҳад расидааст. Монанди ин занҳое ҳастанд, ки дигар дар фикри ҳифозати шарафу номусашон нестанд, то дар либосе зоҳир шаванд, ки сазовори як мусалмонзан бошад, балки ҳамаи фикру хаёлашонро ба тақлид додаанд, агарчанде ки авраташон кашф шавад. Оё касоне, ки мўдҳои занонаро тарроҳӣ мекунанд, ки аз пўшонидани бадан дар он асаре нест, аз Худо наметарсанд. Оё ин занони мўдсоз азоби оташи дўзахро аз пайравонашон дур карда метавонанд?

Каломи Худованд:

ﭽ ﮛ  ﮜ  ﮝ  ﮞ  ﮟﮠ  ﮡ  ﮢ     ﮣ  ﮤ   ﮥ  ﮦ       ﮧ  ﮨ  ﭼ لقمان: ١٥

«Ва худ роҳи касеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сўи Ман аст ва аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам».

(Сураи Луқмон, ояти 15)

Пас, бояд зан пайравии касеро кунад, ки ў ба сўи Худо руҷўъ кардааст ва Худоро итоъат мекунад. Пайравии касеро накунад, ки ўро ба сўи азоби дўзах мехонад. Зани оқила бояд донад, ки он чӣ аз зебоию зинату ҷамол дорад зуд пажмурда шуда, аз байн меравад ва барои ў чизе ҷуз амалаш боқӣ намемонад.

Пас, пушаймон мешавад, ҳине ки пушаймонӣ суде надорад ва ҳайҳот, ки умри рафта боз наояд ё фурсати дигаре барояш дода нашавад, то он чиро зоеъ намудааст дарёбад. Барои чӣ зан аз тоъати Парвардигори худ дур шуда, шайтонҳои инсиву ҷинниро итоъат мекунад? Оё дар итоъати шайтонҳои инсиву ҷиннӣ саъодати худро меёбад? Ҳар оина ҳеҷ саъодате ҷуз итоъати Худованд вуҷуд надорад. Зане, ки муддатеро дар маъсияту нофармонии Худо сипарӣ намуда, баъд аз он тавба карда, ба сўи Парвардигораш баргаштааст медонад, ки саъодати ҳақиқӣ ба даст овардани ризои Худованд аст ва итминону оромии нафс дар хўшнудии Ў субҳонаҳу ва таъолост. Ин гуна зан ҳаргиз дигар бор ба кори зишт даст намезанад.

Оё дуруст аст, ки ҷавондухтар барои шавҳар кардан зебогию ҷамоли худро намоиш диҳад? Кори издивоҷ дар дасти Худованд аст. Агар шахсе хоҳад, ки ба неъмати заношўйи мушарраф шавад, пас, магар ба неъматҳои Худо аз роҳи маъсият бояд расад? Ҳароина агар зан фармудаҳои Худовандро тарк намояд, дар ин дунё гирифтори мусибатҳо хоҳад шуд ва азобу мусибатҳои қиёмат даҳшатноктар аст.

18. Дўстӣ накардан бо занони бадахлоқ

Паёмбар (с) фармудаанд: «Инсон бар дини дўсти худаш ҳаст, пас бояд ҳар яки шумо бубинад, ки киро дўст гирифта истодааст».

 Боз Расули акрам (с) мефармоянд:

«Ба таҳқиқ масали ҳамнишини нек ва ҳамнишини бад ба мисли ҳомили мушк ва оҳангар аст». Ҳомили мушк бўйи  мушк мекунад, ё мушкашро мехарӣ ва ё бўйи хуше ба ту мерасад. Аммо оҳангар ё либосатро месўзонад ва ё бўй нохушаш ба машомат мерасад».

19.   Адами дўстӣ бо марди бегона

Мо ин ҷо дўстиро ба маънои васеъаш дар назар надорем, балки он чи дар истилоҳи имрўза ҳаст ва байни мардум шоеъ шудааст аз дўстии миёни марду зани номаҳрамро дар назар дорем.

     Дўстию муҳаббати машрўъ он дўстии байни зану шавҳар аст, аммо муҳаббати марди бегона марфуз (мардуд) аст ва он натиҷаи нофармонии Худост. Агар муҳаббату дўст доштан дар ибтидо аз назар кардан маншаъ бигирад, пас Худованд ин назар карданро ҳаром гардонидааст ва ба таҳрими он таъкид намудааст, зеро он ба зино мекашад. Таҳрими ин назар ба тариқи қатъи омадааст, ки ҳеҷ ҷадалро намепазирад. Оятҳои Қуръон такрор ба такрор занро аз нигоҳ кардан ба марди номаҳрам манъ мекунанд. Бояд қайд кард, ки дар умури наҳйи (манъи) мўъминун дохил ҳастанд. Ба таҳқиқ лафзи «ал- мўъминун» занону мардонро дар бар мегирад. Пас ҳар вақто Худованд гўяд: «Эй касоне, ки имон овардаед» ин нидо барои тамоми мўъминон аст, занон ва мардон.

Каломи Худованд:

ﭽ ﭾ  ﭿ   ﮀ  ﮁ  ﮂ  ﮏ  ﮐ  ﮑ    ﮒ  ﮓ  ﮔ  ﰃ   ﭼ النور: ٣٠ - ٣١

     «Бигў ба мардони мусалмон, ки бипўшанд чашми худро…»

«Ва бигў занони мусалмонро, ки бипўшанд чашми худро…»

(Сураи Нур, оятҳои 30-31)

Агар маншаъи ин дўстию муҳаббати байни зану марди бегона гуфтугўҳои тўлонию мулотафату ғазалсароиҳои ошиқона бошад, пас Ислом ҳамаи онро ҳаром гуфтааст. Ба таҳқиқ дўстӣ байни зану мард барпо мешавад, ҳар вақто эшон ба ҳамдигар одат кунанд ва ин дар фазои исломӣ вуҷуд надорад, магар байни зану шавҳар. Мегўянд: «Дўстию муҳаббат бо одат намудан мемираду зинда мешавад».

     Дўстию муҳаббате, ки дар он ғаразҳои фаҳш ниҳон аст барои марду зани мусалмон ҳаром аст. Душизаи мусалмон ҳар вақте ки дар чунин дўстӣ воқеъ мешавад он уқубате барои ўст ба хотири таҷовуз намудани ҳудудҳои ҳалоли шаръӣ ва муомила намудан бо марди бегона, ки мувофиқи таълимоти динӣ нест. Пас, агар хоҳад аз ин уқубат халосӣ ёбад ў бояд пушаймон шавад ва аз Худованд талаби мағфират намояд ва тавба кунад. Дар ин вақт ин дўстию муҳаббате, ки даъво дорад аз байн хоҳад рафт бо одат кардан, тавре бо одат намудан пайдо шуда буд. Аммо, агар исрор варзад, ин маъсият пайравии ҳавову ҳавас ва итоъати шайтон аст. Чандин ҷавондухтарон ба сабаби чунин дўстӣ бо мардоне издивоҷ намуданд, ки «куфъи» (ҳамаҷониба мувофиқи) худашон нестанд ва зиндагониашон талх мегузарад. Ҳастанд мардоне, ки аз чунин дўстии зан истифода бурда ўро гумроҳ месозанд. Чандин духтарон дар нимаи роҳ монданд, пеш аз ин ки ба мақсади асосиашон, яъне издивоҷ расанд, ин гуна духтарони фиребхўрда худашонро зоеъ кардаанд, ҳамаи умеду орзуҳояшон барбод рафта зиён дидаанд. Агар ҷавондухтарони фиребхўрда ақлашонро кор мефармуданд риштаи шарру фасодро аз аввал мебуриданд ва аз оташи дўзах ва роҳҳое, ки ба он бурда  мерасонад дурӣ меҷўстанд.

Каломи Худованд:

ﭽ ﮊ  ﮋ  ﮌﮓ  ﭼ الإسراء: ٣٢

     «Ба зино қариб нашавед»

 (Сураи Исро, ояти 32)

Қариб шудан ба зино, яъне ин наздик шудан дар корҳои муқаддамотии он аст ва дўстии зану марди бегона аз бузургтарин муқаддимаҳои зино аст.

20.   Манъи зан аз васф намудани зани бегона дар назди шавҳар

Зеро чунин амал шояд мардро ба зино таҳрик кунад. Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Зан бо зан мубошират накунад ва зани бегонаро назди шавҳараш васф накунад. Ин монанди он аст, ки мард ба сўи он зани васфшуда назар карда истодааст».

Ба таҳқиқ барои зани имрўза воҷиб аст, ки ин ҳақиқатро ба эътибор гирад, ва он ин аст, ки мард ба ангезаҳои шаҳвонии зиёде рў ба рў мешавад, ки аз омезиш ва беҳаёи маншаъ мегирад, дар ҳоле ки шароит барои побандӣ ба шариъат барояш маҳдуд гардидааст. Масалан барояш бисёрзанӣ манъ аст. Пас, барои зан воҷиб аст, ки дари фитнаро бубандад ва ҳамсарашро ба покию озодагӣ кўмак кунад, ва кўшиш намояд, ки барои ў аз ин гуна муҳаррамот сипаре бошад. Пас, бояд дар назди шавҳараш бепарво набошад ва дар рў ба рўяш ҷилва намуданро тарк накунад ва аз хоҳишҳояш гардан напечад.

21.   Манъи зан аз назар намудан ба аврати зани дигар

Ба таҳқиқ назар намудани зан ба аврати зани дигар шаҳватро бармеангезад, ҳаёро аз байн мебарад ва фисқу фасодро ривоҷ медиҳад. Бинобар ин Шаръи ҳаким ин амалро ҳаром гардонидааст. Аз Абусаъиди Худрӣ ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Назар накунад мард ба аврати марди дигар ва зан ба аврати зани дигар».

Аврати зан дар назди занони мусалмон аз ноф то зонуҳост ва аммо дар назди занони ғайри мусалмон урён шудани зани мусалмон ҷоиз нест. Пас, инҳо барояш монанди марди бегона ҳастанд, зеро зани ғайри мусалмон он чӣ дидааст назди мардон сифат хоҳад кард.

Пас, бубин эй зани мусалмон ҳоли мардум ба кадом дараҷа расидааст. Он чӣ Худованд ҳаром гардонидааст барои худ мубоҳ гардонда, ба кашфи аврат одат намудаанд ва мардҳо аз назар намудан ба сўи онҳо дар ҳавзҳои оббозӣ ва соҳили кулу дарё ва амсоли ин ҷойҳо худдорӣ намекунанд.

22. Манъи зан аз хобидан бо зани дигар дар як бистар

Ба таҳқиқ дини мубини Ислом ҳама дарҳои фитна ва василаҳои онро мебандад ва занро аз ҳар он чизе, ки барояш лоиқу сазовор нест дур нигоҳ медорад, то азизу маҳбуб бошад. Дар ҳақиқат дур мондани бисёре аз занҳо аз таъомули исломӣ ва роҳу равиши мустаҳками он сабаби воқеъ шудани онҳо дар бисёре аз расвоиҳо мегардад. Гоҳо аз бузургии хатари он чи муртакиб шудаанд огоҳ намешаванд, магар баъд аз рух додани воқеъаву ҳодисаҳои шармовару асафбор. Ҳамаи ин ба сабаби тафрит ва болоравию аз ҳад гузарӣ дар корҳоест, ки хурду ночизашон мешуморанд ва дар вақташ садди роҳаш намешаванд. Гоҳо зан тасаввур мекунад, ки алоқааш бо зани дигар ҳадду андоза надорад. Аз ин ҷост, ки ҳадиси зерин барояшон ногаҳонӣ мебошад. Аз Абусаъиди Худрӣ ривоят аст, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Назар намекунад мард ба сўи аврати мард ва зан ба сўи аврати зан ва якҷоя намешавад мард бо дигаре дар як бистар ва якҷо намешавад зан бо зан дар як бистар[6]». Ин ба хотирест, ки зан аврати занро мисос накунад. Биноан зани урён ё нимурён ҳамроҳи зани дигар дар як бистар нахобад. Ҳамаи ин аз муқаддамоти «исҳоқ» табақзанӣ, ки он мубоширати ҷинсии зан бо зани дигар аст, пешгирӣ менамояд.

23.   а) Манъ аз хоҳиши зино

Ба зан лозим аст, ки худашро ба тоъати Худованд ва зикри Ў машғул созад ва кўшиш намояд вақташро дар корҳои барояш ва барои дигарон фоиданок гузаронад ва ҳеҷ фурсате барои васвасаи шайтон ва нафси шаҳвонӣ, ки ба кори бад амр мекунад, нагузорад. Расули акрам (с) аз ин маъсият моро барҳазар доштааст. Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Барои одамизод насибаш аз зино навишта шудааст онро дарк хоҳад кард ва маҳол аз он надорад: пас зинои чашмҳо назар аст ва зинои гўшҳо шунидан аст ва зинои забон сухани фаҳш гуфтан аст ва зинои дастон (чизе номаҳрамро) гирифтан аст ва зинои пойҳо (ҷониби зино) рафтан аст ва қалб ҳавову ҳавас мекунад ва онро «фарҷ» (шармгоҳ) тасдиқ мекунад ва ё такзиб». Ба таҳқиқ ҳиссаи қалб аз зино ин ҳавову ҳавас ва таманнову рағбат намудан аст. Пас, зани мусалмон аз он ҳазар бояд кунад ва фурсате барои қалб нагузорад, ки ўро ба кори маъсият водорад ва ҳамеша бисёр ҳазар намояд, зеро ҳаёти имрўзаи мо шаҳавот ва ангезаҳои онро ба гирди мо ҷамъ овардааст ва мо бо он шаҳавот ва ангезандаҳои он иҳота шудаем. Пас, зани мўъмин дарҳои фитнаву фасод ва василаҳои ҳалокатоварро бояд бубандад, пас, нафси худро дар маърази назарҳои бошаҳват набояд гузорад, зеро қалб (дил) гарданда аст, тавре ки худи калимаи «қалб» ин маъноро ифода мекунад, ва нафс ҳалоккунандаи пайрави худ аст, аз ин рў ихтиёрро ба ҳавасҳои қалбӣ надиҳад.

 Каломи Худованд:

ﭽ  ﭒ  ﭓ  ﭔﭕ  ﭖ  ﭗ  ﭘ  ﭙ  ﭚ      ﭛ  ﭜ    ﭝﭞ  ﭟ     ﭠ  ﭡ  ﭢ   ﭣ  ﭼ يوسف: ٥٣

 «Ва ман (яъне, зани Азиз) хештанро бегуноҳ намедорам, ҳамоно, нафс одамиро ба бадӣ (фаҳш ва гуноҳ) фармон медиҳад. Магар касе, ки Парвардигори ман ўро нигоҳ дорад, албатта, Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст»

(Сураи Юсуф, ояти 53)

Б) Манъ аз ҳар он чизе ки ба робитаи оилавӣ зарар мерасонад.

Каломи Худованд:

ﭽ ﮉ  ﮊ  ﮋ  ﮌ  ﮍ  ﮎ  ﮏ   ﮐ  ﮑ  ﮒ  ﮓ  ﮔ  ﮕ  ﮖﮗ   ﮘ  ﮙ  ﮚ  ﮛ  ﮜ    ﮝ  ﮞ  ﭼ الروم: ٢١

«Ва ин нишонаҳои қудрати Ўст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дўстиву меҳрубонӣ ниҳод. Албатта, дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки меандешанд».

  (Сураи Рум, ояти 21)

Муносибатҳои оилавӣ бояд бар асоси дўстию муҳаббат ва раҳму шафқат барпо гардад, то ҳар яке аз зану шавҳар оромию итминони руҳию ҷисмӣ пайдо кунанд ва то битавонанд муҳити муносибе барои тарбияи авлод ва ташкили оилаи некў, ки хишти аввали ҷомеъа мебошад ба вуҷуд биёваранд. Барои зан лозим аст, ки тухми дўстию муҳаббат ва некўкорию ахлоқи ҳамидаро дар оила бикорад ва фазои орому осударо ба вуҷуд биёварад ва бо ҳикмат ҳар мушкилиро муъолиҷа намояд. Бо итоъат ба шавҳар ва қабул намудани хоҳиши ў ризогиашро ҳосил намояд ва алоқаашро бо шавҳараш бо ҳамин минвол идома диҳад. Ба зан лозим аст, ки аз ҳар чизе ки ғазаби шавҳарро ба бор меорад ё сутуни оиларо таҳдид ба шикастан мекунад ё сафову осоиштагии онро хатчадор месозад, худро дур нигоҳ дорад. Шакке нест, ки зан дар пайравӣ намудани фармудаҳои илоҳӣ ва Паёмбари гиромияш саъодати худро дар дунё ва охират пайдо хоҳад намуд. Дар сафҳаҳои оянда баъзе умури шаръан манъшуда баён мегардад, ки барои зан сазовор нест, ки муртакиби онҳо шавад, то битавонад дар ҳаёти оилавӣ саъодатманд гардад.

24. Манъи зан аз издивоҷ намудан бидуни валӣ (соҳиб)[7]

Ба таҳқиқ барпо намудани оилаи нав аз роҳи издивоҷ амрест хеле муҳим ва сазовори таҳсин. Аз ин рў инояту иҳтимоми аввалиндараҷаро металабад. Шариъати Ислом барои ин амр асосҳои мустаҳкам ва замонатҳое гузоштааст, ки мустаҳкамии оилаи нав ва риъояти ҳамаи масолеҳашро кафолат медиҳад. Ихтиёр намудани шавҳар барои ҷавондухтар ин ихтиёр намудани роҳ аст, ё ўро ба саъодат мерасонад ё ба бадбахтӣ. Пас, ҳар вақто ҷавондухтар дар ин амр танҳо ба раъйи худ кор карда, дарҳои машварату маслиҳатро ба рўяш бубаст натиҷаи хуберо замонат додан номумкин аст ва худи духтар чизҳоеро хоҳад дид, ки ҳеҷ таваққуъи онро тасаввур надошт. Гоҳе мешавад, ки шавҳар ўро заъиф мешумораду иҳонатро бар ў раво мебинад ва дар ин ҳолат ў ғайр аз гардан ниҳодан ба ҳукми шавҳар роҳе нахоҳад дошт. Ҳар духтаре, ки рўх додани чунин ҳадисаро барои худ дур мепиндорад дарк накардааст, ки зиндагии инсон пастию баландиҳои зиёд дорад  ва нафси башарӣ холӣ аз айбу нуқсон нест ва ҳамаи он фикру хаёл ва ишқбозиҳои давраи номзадӣ ҳангоме, ки ба воқеъият бархурд мекунад дар баҳри ҳаёт нопадид мешавад ва ҳосили ҳамааш ин пушаймоние хоҳад буд, ки суде надорад.

Ба таҳқиқ ҷавондухтаре, ки Парвардигори худро итоъат мекунад ва тибқи фармудаҳои Паёмбар (с) амал мекунад медонад, ки ҳар як амри шаръӣ барои ҳикмати бузурге машрўъ гардидааст, ки он саъодатманд гардонидани пайравонаш аст. Пас, ў бояд ба ин авомир сахт побанд бошад ва кушад, ки бо онҳо амал намояд. Аммо он чи марбут ба издивоҷи зан бе валии амраш ҳаст, Паёмбар (с) дар ҳадисе, ки Оиша (р) ривоят намудаанд фармуданд: «Ҳар зане, ки бе иҷозати валияш издивоҷ мекунад, пас никоҳи ў ботил аст, ботил аст, ботил аст.

25.  Манъи зан аз пинҳон намудани айбҳое, ки дар худ дорад аз хотиб ( шахси хостгор)

Гоҳо дар вуҷуди зан айбҳое мавҷуданд, ки мардҳо аз он айбҳо гурезон ҳастанд, пас дар чунин ҳолат зан бояд мардро аз он айбҳо пеш аз издивоҷ огоҳ кунад, чунки пинҳон намудани айбҳо ҷоиз нест, тавре ки дар доду гирифти молу ашё пинҳон намудани айб ҷоиз нест.

26.   Манъи зан аз нофармонии шавҳар.

Ба таҳқиқ ҳар вақто зан аз шавҳараш итоъат кунад ба ин рафтораш ахлоқи некў ва ботарбия буданашро исбот мекунад, лекин мутаассифона бисёре аз занон итоъати шавҳарро нишонаи заъфи шахсияти худ мешуморанд, ки ў гўё раъйи шахсӣ надорад. Аз ин рў дар ҳар масъалаи хурду калон бо шавҳараш муҷодала мекунад, то раъйи худро исбот намояду овозашро баланд кунад. Ҳар вақто мард хоҳад, ўро ба зарур будани итоъати шавҳар  қонеъ созад, даъво мекунад, ки гуфтаҳои ў танҳо машварат ва мушорикат аст. Ба ин ҳам қонеъ намешавад магар баъд аз итоъат намудани шавҳар ба ў ва рафтан аз паси ў. Ин аст маҳфуми машварат ва мушоракат назди ин гуна занони ноаҳл. Аз бисёрии ҷидолу кашмакашҳо бисёре аз мардҳо таслим мешаванд, то аз ин бало халос ёбад ва қиёдатро (сарвариро) ба дасти зан медиҳанд. Бузургтарин хатар чунин кор аст, зеро мард аз нигоҳи дурандешӣ ва дифоъ аз ҳаводиси ҳаррўза ва дигар хусусиятҳо барои сарвари намудан болои зан лоиқу сазовор дониста шудааст, аммо зан отифӣ (эҳсосотӣ) аст ва ҳар лаҳза фикраш тағйир меёбад.

Каломи Худованд:

ﭽ ﭑ  ﭒ  ﭓ  ﭔ  ﭕ  ﭖ  ﭗ  ﭘ    ﭙ  ﭚ  ﭛ  ﭜ  ﭝ  ﭞﭟ  ﭠ   ﭡ  ﭢ  ﭣ  ﭤ  ﭥ  ﭦﭧ  ﭨ  ﭩ   ﭪ  ﭫ  ﭬ  ﭭ  ﭮ     ﭯﭰ  ﭱ  ﭲ  ﭳ  ﭴ  ﭵ  ﭶﭷ   ﭸ    ﭹ  ﭺ            ﭻ  ﭼ  ﭽ  ﭼ النساء: ٣٤

 «Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шўй (пок ва) афифанд  ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш магиред. Ва Худо баландпояву бузург аст!»

(Сураи Нисо, ояти 34)

Таври маълум итоъат намудан дар кори нек аст, аммо тоъат дар маъсият, барои зан сазовор нест. Аз Алӣ ибни Абутолиб ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Итоъат дар маъсияти Худо нест, ба таҳқиқ ҷуз ин нест, ки тоъат дар кори нек аст».

Аммо итоъат дар кори нек, фазилаташро зан аз расули Худо (с) бишунавад, ҳине ки пурсида шуд аз беҳтарини занон он ҳазрат (с) фармуданд:

- Он занест, ки вақто ки шавҳараш амр кунад итоъат мекунад ва ҳар гоҳ, ки ба ў назар кунад хушҳол мешавад ва нафсашро барои шавҳараш нигоҳ медорад ва моли ўро ҳифз мекунад.

Ба таҳқиқ агар зан нофармонии шавҳарашро кунад худро дар маърази ғазаби Худо гузоштааст ва сабабҳои бадбахтии худашро ба худ ҷалб кардааст. Ў бо чунин рафтораш фарзандони худро дарси маъсият ва инкор намудани ахлоқи ҳамида ва хориҷ шудан аз манҳаҷи исломро медиҳад. Фарзандон ўро бо тезӣ пайравӣ хоҳанд намуд ва чи басо наздик бо таъсири модарашон қарор доранд. Пас, тавре ки бо ҳамсараш рафтор намуда буд фарзандонаш низ бо ў чунин рафтор мекунанд ва бо ҳамин хислат ҳар яке аз он фарзандон вориди ҳаёти оилавӣ мешаванд. Пас, ҳине, ки модар мехоҳад рафтори бадӣ фарзандро ислоҳ намояд ва оҷиз мемонад ба сўи шавҳараш паноҳ мебарад. Дар чунин ҳолат шавҳарашро аз худаш заъифтар меёбад, чунки зан бо дасти худ сарварии шавҳараш ва шахсияти ўро аз байн бурда буд.

Пас, назди фарзандонаш хору залил мешавад, чунки онҳо ба мухолифат намудани модарашон одат намудаанд. Он чизе ки эшонро водор бар ин мухолифату иҳонати волидайн мекард натиҷаи мушоҳадаи ҳаррўзаи онҳо буд. Дере нагузашта фарзандон ба анвоъи разоил даст мезананд дар ҳоле ки ҳеҷ монеъаи, ахлоқӣ пеши онҳо вуҷуд надорад.

Ба ҳамин пайванди мустаҳками оила кушода мешавад ва бинои он мунҳадим мешавад ба хусус ҳине ки зану шавҳар бо ҳам ихтилоф варзида, ҳамдигарро сабабгори асосӣ мешуморанд.

Масъулияти зоеъ шудани фарзандро зан ба души шавҳар мегузорад ва бо ҳамин кор ба ҷангу ҷидол байни зану шавҳар мерасад ва фарзандон боиси ихтилофи волидайн мешаванд. Ин гуна фарзандон роҳи зоеъ шуданро давом дода, вориди ҷомеъа шуда, онро низ фосид менамоянд. Ва аз ҷомеъа низ хориҷ мешаванд, тавре ки аз оила хориҷ шуда, буданд ва балои азиме барои ҷомеъа мегарданд.

Аммо, зани оқилаву парҳезкор касест, ки шавҳарашро итоъат мекунад ва барои фарзандонаш намунаи ибрат мегардад, пас фарзандонаш низ хурду калон аз падарашон итоъат мекунанд, ўро эҳтиром мекунанд ва аз ў меҳаросанд, зеро онҳо аз модарашон ҷуз амале, ки обурўи падарашонро боло мебарад, сарварии ўро исбот мекунад, надидаанд. Занони оқила бо чунин рафтори ҳамида сарварии оиларо ба шавҳаронашон месупоранд ва саломат мемонанд.

Ба таҳқиқ зане, ки шавҳарашро итоъат мекунад, сарварии ўро дар оила нигоҳ медорад ҳар вақто соҳиби фарзанд мешаванд ва фарзандонаш калон мешаванд ҳаргиз нисбат ба ў беэҳтиромӣ намекунанд, мисли фарзандоне, ки имрўз нисбат ба падару модар  беҳурматӣ мекунанд, зеро ў падар аст ва шарафу каромати ўро ҳамсараш нигоҳ медорад.

Дар акси ҳол, зан аввалин қурбонӣ аст, зеро ў аз шавҳараш заиъфтар мебошад.

27. Манъи зан аз инкор ва куфрони неъмат ва адами қаноъат

Бисёр вақтҳо зан аз зиндагиаш норозӣ аст ва молу матоъи бештар талаб менамояд ва бо ин зиёдаталабӣ бори сангине ба души шавҳар мегардад.

Мехоҳад монанди дигарон молу дорои дошта бошад ва ҳамеша ба дигарон назар намуда, таманнои мисли онҳо буданро мекунад. Гоҳо мардро водор месозад, ки аз роҳи ғайри машрўъ мол ҷамъ кунад. Зан низ аз он моли ҳаром ҳамроҳи шавҳараш истеъмол намуда якҷоя дар зери лаънати Худо зиндагӣ мекунанд.

Агар  зан ба он чи аз ризқу рўзӣ наздаш ҳаст қаноъат мекард, худ ва ҳамсарашро аз корҳои ҳалокатовар ва сабабҳои бадбахтӣ дар дунёву охират дур нигоҳ медошт ва ҳоли эшон дар дунё ва охират беҳтар мебуд.

Ин маънои онро надорад, ки мо аз талош намудан ва истифода намудан аз роҳҳои машрўъи сарватмандшавӣ даст бикашем. Бояд зан ба касоне назар андўзад, ки ҳолашон як дараҷа аз ў поёнтар аст. Бисёре аз занҳо аз неъмати заношавҳарӣ маҳруманд, ки ин неъмат худ барои зан азизтарин аст.

Дигарон монанди ў молу дороӣ надоранд; монанди ў таъом намехўранд, либос намепўшанд. Занони шавҳардор аз неъмати муҳаббати бепоёни шавҳар ё сиҳатию саломатӣ бархурдоранд, ки баъзеҳо аз он маҳруманд. Пас, бояд зан роҳи шукру сано гуфтанро донад ва тариқаи қаноъату ризоро пеша намояд ва бояд ба насиҳати пурқимати Паёмбари гиромии Ислом амал намояд. ки фармуданд: «Ба касе, ки поёнтар аз шумост (ҳолаш) назар афканед ва ба касе, ки аз нигоҳи моддӣ болотар аз шумост, назар наафканед, пас ин беҳтарин роҳест, ки неъмати Худоро шинохта носипосиаш накунед».

Расули акрам (с) фармудаанд:

«Ду хислатест, ки шахсе дорои онҳо бошад Худованд ўро дар ҷумлаи шукргузорон ва сабркунандагон менависад: шахсе, ки дар умури дунявиаш ба касе, ки поёнтар аз ўст назар мекунад пас Худовандро шукр мегўяд бар ин бартарие, ки барояш насиб намудааст ва шахсе, ки дар умури динияш ба касе назар мекунад, ки болотар аз ўст, пас ба ў иқтидову пайравӣ намояд. Аммо шахсе ки дар умури дунявиаш ба касе назар кунад, ки болотар аз ўст, пас ин гуна шахс афсўс мехўрад, ки бисёр чизҳо аз ў фавт шудааст ва ба таҳқиқ аз ҷумлаи шукргузорон ва сабркунандагон навишта намешавад».

28.   Манъи зан аз носипосӣ

Зан бояд дар баробари некўи бо некўи ҷавоб гўяд ва дар муомала бо ҳамаи мардум бояд чунин бошад. Бар замми ин бояд дар ивази бадӣ низ некӣ намояд ва ин баландтарин дараҷаест, ки ў бояд нафсашро мағлуб созад, то ки ба ин дараҷа расад. Ба таҳқиқ ў ба ҳар ҳол бар занаш бартарӣ дорад, ў саъю кўшиш намуда, дар пайдо намудани ризқ заҳмат мекашад ё бо занаш шарик аст, ў дар тарбияи фарзандон занашро ҳамроҳӣ мекунад ва дар рў ба рў шудан бо мушкилоти рўзгор ва муолиҷаи умур тобовар аст. Зане ки муддате аз ҳаёташро бо амри тақдир бе издивоҷ гузаронидааст гуфтаҳои болоро дарк мекунад ва эътироф менамояд. Пас, бар зани оиладору соҳиби шавҳар воҷиб аст, ки Худоро барои атои неъмати заношавҳарӣ шукр гўяд ва шавҳарашро нигоҳубин кунад ва ҳамеша барои роҳати ў кор кунад, ўро сипосгузор бошад ва баъзе аз айбҳояшро таҳаммул намояд, зеро касе нест, ки аз айб холӣ бошад, тавре ки шоире гуфтааст:

Оби равон бе хасу хошок нест,

Одамӣ аз айбу ҳунар пок нест.

Ҳар вақто ихтилофе байни зан ва шавҳар рух диҳад набояд зан фавран ба тўҳмат задану инкор намудани некиҳои собиқи шавҳараш пардозад ва бо чунин рафтораш ба коре, ки Паёмбар (с) аз он манъ намудааст даст занад. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) мефармоянд: «Оташи дўзахро дидам, ки аксари бошандагони он занон ҳастанд, ки куфр варзидаанд».

 Пурсида шуд: «Оё ба Худо кофир шудаанд?» Расули акрам (с) фармуданд: «Носипосии соҳибашонро мекунанд ва носипосии некиро мекунанд, агар тамоми ҳаёт ба яке аз занон некӣ кунед, баъд аз он аз шумо чизе нописанд бинад мегўяд: Аз ту ҳаргиз некие надидам».

29.   Муносибати зан ба хоҳишоти шавҳар

Марди мусалмон ба хотире издивоҷ мекунад, ки чашми худ ва шармгоҳи худро аз иртикоби ҳаром нигоҳ дорад. Пас, бар зан воҷиб аст, ки шавҳарашро дар ин амр кўмак намояд ва агар ўро талаб намояд имтиноъ наварзад, балки бар ў воҷиб аст, ки зинату зебоиашро барои шавҳараш изҳор намояд ва диққати ўро ба худаш ҷалб намояд ва аз назар намудан ба дигарон мунсарифаш намояд. Мард табиатан берун аз манзил бисёр занҳоро мебинад, аммо ғолибан мард занҳои урёну нимурёнро берун аз манзилаш мебинад ва ҳамсари худро ҳамеша дар манзилаш бо либосҳои корӣ мебинад, ки ин ҳол поён надорад. Агар ба ҳамаи ин натиҷаи омезишу ихтилот дар корхонаҳову хусусан нақлиётро изофа кунем, пас натиҷа чӣ хоҳад шуд, агар зан ҳамаи вақту тавоноияшро дар кори хона сарф намуда ба шавҳараш чизе боқӣ намонад? Оё зан замонат дода метавонад, ки шавҳараш дорои сабру тоқати кофӣ аст, ки дар баробари монеъаҳои дигаре ба сабаби корҳои манзили изофа гардидааст, ғаризаи табиъиашро мағлуб созад? Ман аз воқеъияти зиндагии мардум мебинам, ки зани имрўзаро бисёр кору ташвишҳо ба худ мекашад ва зан мепиндорад, ки мард бояд вазъи ўро фаҳмад ва аз ў дар бисёр ҳолатҳо даст кашад ва сабрро пеша намояд. Лекин зан бояд бидонад, ки мард имкон надорад, ки ғаризаҳои худро бикушад ва бо фитрати худ муҳориба намояд. Мард дар ҷомеъаи имрўзаи мо дар баробари зан яке аз роҳҳои зеринро ихтиёр мекунад:

Ҷустуҷў аз зани дуввум;

Истифода аз фурсати муносиб барои барпо намудани алоқа бо дигар занон.

Таслим шудан ба вазъияти кунунӣ, яъне мушкили издивоҷ бо зани дуввум ва хавфи иртикоби муҳаррамот.

- Ба таҳқиқ зан нафси худ ва шавҳарашро аз мушкилоти зиёде раҳо хоҳад кард, агар офаридгори худро итоъат намуда, бо фармудаҳои Паёмбари бузургвор амал намояд. Пас, бишунав фармудаи Расули акрам (с)-ро, ки Абуҳурайра онро ривоят намудааст: «Ҳар вақто мард занашро ба бистари худ хонад, пас зан ибо варзад ва мард аз ин кор ғазаболуд шабашро гузаронад, малоикаҳо то субҳ он занро лаънат мегўянд».

Аз ин ҳолат рўзҳои рамазон, рўзҳои одати ҳайзи зан ва бемориаш мустасност.

30. Манъи зан аз рўзаи нафл

Ба таҳқиқ аз ҳаққи шавҳар аст, ки аз занаш истимтоъу лаззат барад, биноан бар зан лозим аст, ки ин ҳақиқатро дар зеҳнаш нигоҳ дораду барои он нисбат ба дигар умур бартарӣ диҳад. Инро ба хотире мегўям, ки медонам зани имрўз дар аксари ҳолат ва умуман ҳоҷати шавҳарашро аз ҳамаи умур охиртар меҳисобад. Ин ба сабабест, ки масъулиятҳои бешуморе дар замони мо ба души зан гузошта шудааст. Ба таҳқиқ зан амали мард ва амали занро дар як вақт иҷро мекунад, зан берун аз манзил монанди мард кор мекунад, корҳои манзилро анҷом медиҳад, лекин зарур аст, бидонад яксў гузоштани мард ва ҳоҷатҳои ў хоҳу нохоҳ асари бади худро дар тамоми оила мегузорад. Ба хотири ҳамин мебинем, ки дини муқаддаси Ислом занро огоҳ мекунад ва аз ҳар коре, ки сабаби яксў гузоштани ҳоҷатҳои мард мешавад барҳазар медорад, ҳатто агар зан хоҳад, ки ба хотири ризои Худо рўза дорад (ғайр аз рўзаи фарз) аз шавҳар иҷозат мепурсад агар ў ҳамроҳаш бошад. Аз Абуҳурайра(р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) мефармояд: «Ҳалол нест барои зан рўза доштан дар ҳоле, ки шавҳараш ҳозир аст (мусофир нест), магар ба иҷозати ў».

Зан бояд нағз донад, ки он зоте, ки ўро ба рўза доштан амр намудааст ва ў рўза гирифтааст, инчунин ба итоъати шавҳар ва баровардани ҳоҷати ў амраш мекунад. Бо ҳамин аҷри итоъати Худовандро дар ҳама ҳолатҳо дар меёбад. Мисоли ин зан монанди занест, ки ба хотири ризои Худо рўза медорад, баъд аз он ҳайз мебинад ва барои итоъати Худо ифтор мекунад ва агар дар ин ҳолат ба рўза доштан исрор варзад рўзааш қабул намешавад.

31.  Манъи зан аз ифшо намудани асрори (сирҳои) шавҳар

Гоҳо зан аз шавҳараш озор мебинад, ки ин ўро ба шикоят намудан вомедорад, пас зан ҳамсоязан ё рафиқе ихтиёр намуда, ба ў шикоят менамояд. Гоҳо асрореро ифшо мекунад, ки ифшо намудани он сазовор нест, чунки ифшо намудани он мафосиди зиёд ва ихтилофотеро ба бор меорад. Аҳёнан кор ба ҷое мерасад, ки зан ба ҳамкораш, ки мард аст аз шавҳараш шикоят мекунад ва бо ҳамин зан ба балоҳои азим гирифтор мешавад.

Ба таҳқиқ побанд набудан ба қонунҳои шаръӣ кори занро ба ҷое мерасонад, ки аз тасаввур берун аст. Бо даъвоҳои баробар будани марду зан ва дар зулумоти беҳаёию беахлоқӣ занро мебинед, ки бо он мард чунон сухан мегўяд, ки гўё зан аст ва ҳаёти заношавҳариашро ба тафсил ҳикоя мекунад. Ин бисёр кори зишт аст, ки мард бо занаш якҷо шаваду ҳар он чӣ байни онҳо гузаштааст ба рафиқаш ҳикоя кунад, ё зан барои зани дигар ҳикоя кунад. Ин корест манъшуда. Аз Саъиди Худрӣ ривоят аст, ки Паёмар (с) фармуданд: «Ба таҳқиқ бадтарини мардум назди Худованд дар рўзи қиёмат аз рўи дараҷа мардест, ки ҳамроҳи занаш якҷо мешавад ва занаш бо ў (ҳамбистар) мешавад баъд аз он сирри он занро ифшо мекунад».

Феълан чунин ҳам шудааст, ки зан бо ҳамкори мардаш як ҷо нишаста барои ў сирри заношавҳарии худ ва ҳамхобагияшро бо шавҳараш ба тафсил ҳикоя мекардааст, то ғаризаҳои ўро барангезад ва мазоҳаш кунад.

Ин наздиктарин роҳ ба зиност, ин айни фоҳишагарист, ин натиҷаву самараи талхи омезишу ихтилоти зану мард аст.

32.  Манъи зан аз нафақа намудан аз моли шавҳар бидуни иҷозати ў

Дар зиндагии ҳаррўзаи мардум муносибати роҳбар ва зердастони онро дидан як амри оддист ва тааҷҷуб намекунем, чун бубинем, ки зердастон роҳбари худро итоъат мекунанд, агар ин тавр набошад мардум дар ҳеҷ гуна аъмолашон комёб намешаванд. Агар татбиқи чунин рафтор дар оила сурат гирад, пас барои зан лозим аст, ки бар он розӣ шавад ва одат намояд…

Ба таҳқиқ сардор будани мард бар болои зан ва оила ба дўш гирифтани таклиф ва масъулият аст, ки ҳоҷати оила аз нигоҳубин онро тақозо менамояд ва мард барои он тавонотару муносибтар аст. Масъулияти нафақаи оила бар души мард аст ва одатан мард молу сарвате дорад, ки ҳоҷатҳои оиларо бароварда месозад. Агар зан аз молу дороии шавҳараш бе иҷозати ў бигирад, шояд дар низоми нафақаи оила таъсир расонад ва одатан мард масорифи дигари молӣ дорад. Илова бар ин иҷозат пурсидан аз мард ин иътироф намудани сарварии ў дар оила ва эҳтиром нисбати ўст, бинобар ин Паёмбар (с) фармуданд:

«Зан чизе аз хонаи шавҳараш нафақа намекунад магар бо иҷозати шавҳараш».

Ҳар вақто зан аз моли шавҳараш бо иҷозати ў нафақа кунад ва садақа диҳад, пас ба таҳқиқ барои ў ва шавҳараш аҷр хоҳад расид. Паёмбар (с) фармуданд:

«Ҳар вақто зан бидуни фасодкорӣ таъоми хонаашро нафақа намояд, дар як ривоят аз хонаи шавҳараш, барои ў аҷри нафақааш хоҳад расид ва барои шавҳараш аҷри касб намудааш ва барои хазинакунанда низ чунин аҷр хоҳад расид ва касе аз эшон аҷри ҳамдигарро кам намекунанд».

Ба таҳқиқ зани донову ҳушёр аз шавҳар иҷозат мепурсад, то ў низ дар аҷр бо шавҳараш шарик гардад. Ҳар оина ҳаёти заношавҳарӣ бар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо машварату маслиҳати ҳамдигар устувор мегардад.

33.  Манъи зан аз талаб намудани талоқ бидуни сабаби ҷиддӣ

     Ҳаёти заношавҳарӣ аҳамияти бузург дорад, пас бояд побарҷо ва мустаҳкам бошад, то самараи дилхоҳ ба бор оварад. Шориъи ҳаким ин алоқаро тавре муназзам сохтааст, ки мустаҳкам боқӣ мондани онро замонат медиҳад.

Аз ин рў талоқ додан ва поён бахшидан ба ин алоқаро ба дасти мард додааст на ба дасти зан, ки ин аз муҳимтарин омилҳои ҳифозати алоқаи заношавҳарӣ аст. Зан бештар эҳсосоти аст ва зуд ғазабнок шуда, қарорҳои сариъ ва ноомухта қабул мекунад. Мард худро бештар идора карда метавонад ва нисбатан дурандеш аст. Чизҳои хурд, ки диққати мардро чандон ҷалб намекунад гоҳо ба зан чунон таъсир мекунад, ки корҳои асосиро фаромўш мекунад…

 Ба таҳқиқ мард дар як лаҳза метавонад дўрнамои гузашта, ҳозира ва ояндаро дида барояд, аммо зан дар лаҳзаи кунунии худ зиндагӣ мекунад ва отифӣ аст. Ў гоҳо мешавад, ки ба сабаби гуноҳи кучаке ё амри оддие аз шавҳараш талаби талоқ намояд ва мард низ иззати нафси худро нигоҳ дошта ўро талоқ медиҳад. Ба хотири ҳамин Паёмбар (с) фармудаанд:

«Ҳар зане, ки аз шавҳари худ бе ягон сабаби ҷиддӣ талоқ металабад бўи ҷаннат бар вай ҳаром мегардад».

Зан бо чунин кораш бинои устувореро вайрон месозад ё оилаеро пароканда мекунад, пас барои ҳамин таҳдиди маҳрум шуданаш аз ҷаннат ба миён омад. Талоқ барои поён бахшидан ба алоқаи заношавҳарӣ машруъ гардидааст, дар ҳоле ки идомаи он алоқа ғайр аз бадбахтӣ барои зану шавҳар чизе ба бор наорад.

Аллоҳ таъоло (ҷ) таъкид намудааст, ки ҳамаи роҳҳо ва кўшишҳо барои ислоҳ пеш аз рў овардан ба талоқ, ки «абғазул-ҳалол» (бадтарин ҳалол) назди Худост, бояд пайгирӣ шавад. Пас, бар мард лозим аст, ки занашро пай дар пай панду андарз диҳад, агар панду андарзро қабул накард ба нияти адаб додан ўро дар бистари хоб тарк кунад, яъне бо ў ҳамхоба нашавад. Пас, шояд бо ин васила фикр мекунад ва ба қиммати заношавҳарӣ пай мебарад, нафсашро ислоҳ намуда, ба роҳи савоб бармегардад. Пас, агар зан аз роҳаш барнагашт ва бар фикри худ пофишорӣ намуда исрор варзид, шориъи ҳаким барои мард ҳаққи заданро додааст ва шояд бисёр занон дар масъалаи задан эътироз кунанд, лекин мо бо зане рў ба рў ҳастем, ки панду андарзро қабул намекунад тарк намудани бистари хобро низ, пас чӣ мехоҳад? Шояд бо задан муъолиҷа шавад, ки аламу дардаш аз талоқ камтар аст. Кам ҳастанд заноне, ки ҳеҷ василае ҷуз задан илоҷи онҳоро намеёбад, балки аҷоиби кор дар ин аст, ки зане пайдо мешавад, ки ҳаёташ ҳамроҳ бо шавҳараш субот пайдо намекунад ва аз он лаззат намебарад, магар баъд аз адаб додани ў ва эҳсоси қувваи мард ва гардан ниҳодан ба амри шавҳар. Худованд (ҷ) шариъатро муносиби мардум гардонидааст. Услубе аз услубҳои муъолиҷаи шаръӣ барои зане муносиб аст ва барои дигараш не. Ҳамин тавр даво низ мухталиф аст, вобаста ба шахси муъолиҷашаванда. Агар задан низ фоида надод (задани оҳиста на он тавр, ки асаре аз худ гузорад) ду марди солеҳ яке аз аҳлу пайвандони мард, дигаре аз ҷониби зан якҷо омада, барои ислоҳ овардан байни зану шавҳар кўшиш намоянд:

 Каломи Худованд:

ﭽ ﭑ  ﭒ  ﭓ  ﭔ  ﭕ  ﭖ  ﭗ  ﭘ    ﭙ  ﭚ  ﭛ  ﭜ  ﭝ  ﭞﭟ  ﭠ   ﭡ  ﭢ  ﭣ  ﭤ  ﭥ  ﭦﭧ  ﭨ  ﭩ   ﭪ  ﭫ  ﭬ  ﭭ  ﭮ     ﭯﭰ  ﭱ  ﭲ  ﭳ  ﭴ  ﭵ  ﭶﭷ   ﭸ    ﭹ  ﭺ            ﭻ  ﭼ  ﭽ  ﭾ  ﭿ  ﮀ   ﮁ  ﮂ  ﮃ  ﮄ  ﮅ  ﮆ  ﮇ  ﮈ  ﮉ         ﮊ  ﮋ    ﮌ  ﮍ  ﮎﮏ  ﮐ    ﮑ  ﮒ           ﮓ  ﮔ    ﮕ  ﭼ النساء: ٣٤ - ٣٥

 «Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шўй (пок ва) афифанд  ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш магиред. Ва Худо баландпояву бузург аст! Агар аз ихтилофи миёни зану шўй огоҳ шудед, доваре аз касони мард ва доваре аз касони зан баргузинед. Агар он дуро қасди ислоҳ бошад, Худо миёнашон мувофиқат падид меоварад, ки Худо донову огоҳ аст!»

 (Сураи Нисо, оятҳои 34,35)

Аз оятҳои боло бар меояд, ки Ислом то кадом андоза бар идомаи алоқаи хуби заношавҳарӣ ҳирс дорад ва талоқро роҳи ҳалли охирин қарор додааст. Ба ҳамин хотир сазовор нест барои зан, ки талаби талоқ намояд, магар дар ҳоле, ки ба даст овардани ҳаёти заношавҳарии орому осуда, ки самарабахш бошад, барояшон муҳол гардад.

34.  Манъи зан аз мушобеҳат бо мардон

 Ҳар вақто зан худро бо мард монанд кард, оё шавҳараш саъодатманд мегардад? Ба таъкиди том гуфта метавонем, ки чунин рафтор сазовор нест… Зан бо чунин амали худ аз фитрати занонааш берун мешавад, бар зидди табиъати худ туғён менамояд, пас мард аз ў нафрат мекунад. Мо бояд ҳаёти заношавҳарии худро дар сояти ин гуна афкор тасаввур намоем. Оё зан бо чунин рафтор, ки мухолифи табиъати ўст ва дур аз фитрати офаридаи Худованд аст саъодати худро меёбад? Ё ў бо чунин рафтораш мехоҳад бо зан будани худ эътироз намояд? Дар чунин эътироз бузургтарин маъсият нуҳуфтааст. Ба таҳқиқ Расули акрам (с) занонеро, ки худро бо мардон мушобеҳ месозанд лаънат гуфтааст. Бухорӣ (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо мардонеро, ки худро бо занон ва занонеро, ки худро бо мардон мушобеҳ месозанд, лаънат гуфтааст».

Ҳароина зани ҳушманду оқил нафси худро дар маърази дуъои Паёмбар (с) ва дурӣ аз раҳмати Худо қарор намедиҳад ва аз зумраи он занони муқаллид ба мардон намегардад. Аз ибни Абималика ривоят аст, ки мегўяд: «ба Оиша (р) гуфтанд, ки агар зан наъл (попуши махсуси мардон) пўшад»? Пас ў гуфт: «Расулуллоҳ (с) занони ташбеҳкунанда ба мардонро лаънат гуфтааст».

35.  Манъи зан аз ғулув дар ҳузну андўҳ

Мард занеро, ки ҳамеша чеҳраи гирифта ва гиряву нолаи аз ҳад зиёд мекунад дўст намедорад, чунки ҳаёт ба ин минвол пеш намеравад. Ба таҳқиқ мард завҷаеро мехоҳад, ки чеҳраи кушода дорад, ки дидораш ўро роҳат мебахшад ва ҳар лаҳза хотирашро шод мекунад. Занеро мехоҳад, ки бо ў бихандад, ҳазлу шухӣ кунад, то ба ин роҳ дар корҳояш кўмак расонад ва дар зиндагӣ саъодатманд бигардонадаш. Зандагӣ бе ғаму андўҳ нест, пас бояд донист, ки тулонӣ сохтани ғуссаву ҳузн амри нописандида ва мардуд аст. Пас, ҳар вақто яке аз наздикони зан вафот кунад, гарчанде писараш бошад, ў бояд ороишро ба куллӣ тарк накунад магар ба муддати се рўз. Паёмбар (с) фармуданд:

 «Ҳалол нест барои зане, ки ба Худо ва рўзи қиёмат имон дорад аз се рўз зиёд бар мурда азо бигирад, магар бар  (марги) шавҳар, ки чор моҳу даҳ рўз азо мегирад».

Зан бар шавҳар ин муддати тўлонӣ азо мегирад, то аҳаммияти ҳаёти заношавҳарӣ ва қимати шавҳарро бидонад ва ҳар вақто шавҳари дигаре кард ўро нигоҳубин кунад ва бо ў некўӣ намояд. Дар муқаррар шудани ин муддати тўлонӣ ҳакмати дигаре низ ҳаст, ки он ба пок шудани раҳм ва адами омезиши насабҳо тааллуқ дорад.

36.  Таҳзироте барои зан дар ҳоли маҳдуд сохтани насл

Бидуни шак бисёр будани насл аз мақсадҳои шариъати бо ҳикмат аст, то уммат дар чашми душманонаш қавию матин бошад. Паёмбар (с) мефармоянд:

«Бо зани бисёр бачаовар ва маҳбуб издивоҷ намоед, ба таҳқиқ ман бо бисёр будани шумо назди дигар умматҳо меболам».

Ҳеҷ кас немегўяд, ки адади мусалмонон зиёд аст ва аз ин беш намехоҳем, лекин кофист бидонем, ки адади коммунистҳо дар Хитой тақрибан баробари адади мусалмонҳост.

Аммо ҳар вақто зан барои қатъи таваллуди насл барои узре маҷбур шуд, пас бар ў умури зерин лозим аст:

 Наслро ба кулли қатъ накунад;

Таҳдиди насл аз хавфи хўрондану пўшонидан, яъне нафақа набошад, чунки дар ин сурат гумони бад ба Худованд (ҷ) намудааст. Пас, бар зан лозим аст, ки аз чунин амал худро дур намояд, то ақидааш солим бимонад; Худованд (ҷ) мефармоянд:

Каломи Худованд:

ﭽ  ﯢ  ﯣ  ﯤ  ﯥ    ﯦﯧ  ﯨ  ﯩ  ﯪ  ﰃ   ﭼ الأنعام: ١٥١

 «Ва аз бими фақирӣ фарзандони худро макушед! Мо ба шумо ва онҳо рўзӣ медиҳем».

 (Сураи Анъом, ояти 151)

Дар кам таваллуд намудани насл тариқаи зарароварро барои худ ё барои шавҳараш истихдом нанамояд;

Ин амалро бидуни розигии шавҳар анҷом надиҳад.

Манъи зан аз ҳар чизе, ки ба зан зараровар аст

Ба таҳқиқ Худованд (ҷ) барои бандагонаш бисёр раҳим аст. Бандагонашро амр намекунад, магар ба он чизе, ки маслиҳати эшон ва саъодату роҳату амнияташон дар он аст. Ва агар зан фармудаҳои Худоро пайравӣ намояд, пушаймон нахоҳад шуд ва ба худ ва дигарон роҳат хоҳад овард. Дар сатрҳои зерин маҷмуъае аз умури манъшуда барои зани мусалмон дарҷ хоҳад гардид, ки дар он раҳмату шафқат бар ў ва эътибори заъфи вай изҳор мегардад.

37.  Манъи зан аз иттибоъи ҷаноиз (рафтан аз паси тобути майит)

     Ба таҳқиқ ҳозир шудани зан дар ҷанозаҳо ва рафтан аз паси тобути майит ва дидани майит дар ҳоли гузоштани он дар қабр, ҳамаи ин манзараҳо барои зан хеле аламовар аст ва занро ба ҷое мерасонад, ки асабашро аз даст дода ба бемориҳои зиёде гирифтор мешавад. Гоҳо шояд дар роҳ биафтад ва дастони мардҳо ба ў расад ё баъзе аз мардум ўро аз рафтан манъ кунанд ё ғайри ин аъмол, ки барои шарафу каромати ў лоиқ нест. Дар ҳар замон мардоне ҳастанд, ки ҳамеша муроқиби зан ҳастанд, ва ҳар вақто фурсате ба онҳо даст диҳад бо суръат ба ў шитофта, ҳамаи ҳудудҳоро таҷовуз мекунанд агар имкон ёбанд, хусусан агар зан ҷавон бошаду зебо. Пас бар зан лозим аст, ки дар хонааш боқӣ монад ва аз паси ҷанозаҳо нарафта, ба сухани Умми Атия гўш бидиҳад:

     «Аз рафтан аз пушти ҷанозаҳо манъ шудем ва бар мо азме нашуд».

38.  Манъи зан аз сару садо намудан, либос даридан, бар рўй задан ва монанди он

Каломи Худованд:

ﭽ ﭠ  ﭡ  ﭢ  ﭣ  ﭤ   ﭥ  ﭦ  ﭧ  ﭨ  ﭩﭪ  ﭫ   ﭬ    ﭭ  ﭮ  ﭯ       ﭰ  ﭱ  ﭲ  ﭳ     ﭴ  ﭵ    ﭶ       ﭷ     ﭸ  ﭹ  ﭺ  ﭻ  ﭼ  ﭽ  ﭾﭿ  ﮀ   ﮁ  ﮂ  ﮃ  ﭼ البقرة: ١٥٥ - ١٥٧

 «Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсони дар маҳсулот меозмоем. Ва сабркунандагонро мужда деҳ. Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: «Мо аз они Худо ҳастем ва ба Ў бозмегардем». Дуруд ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки ҳидоятёфтагонанд».

 (Сураи Бақара, оятҳои 155-157)

Каломи Худованд:

ﭽ  ﯛ  ﯜ  ﯝ      ﯞ       ﯴ   ﭼ آل عمران: ١٨٦

 «Шуморо ба молу ҷон озмоиш хоҳанд кард».

 (Сураи Оли Имрон, ояти 186)

Каломи Худованд:

ﭽ ﯬ  ﯭ  ﯮ  ﯯ  ﯰ  ﯱ   ﯲ   ﯳ     ﯴ   ﭼ آل عمران: ١٨٦

 «Агар сабр кунед ва парҳезгор бошед, нишони қудрати иродаи шумост».

 (Сураи Оли Имрон, ояти 186)

Ба таҳқиқ ҳар касе, ки дар ин дунё зиндагӣ мекунад ба имтиҳон хоҳу нохоҳ рў ба рў мешавад ва ҳар чи қадар имтиҳон бузург бошад аҷраш низ бузургтар хоҳад буд. Ҳеҷ кас бе озмоиш зиндагӣ нахоҳад кард. Ин табиъати ҳаёти дунёст, аммо сабр намудан аз ҷумлаи амалҳоест, ки аҷраш аз ҳамаи корҳо бузургтар аст.

Каломи Худованд:

ﭽ ﰓ   ﰔ   ﰕ  ﰖ  ﰗ  ﰘ  ﰙ   ﭼ الزمر: ١٠

 «Музди сабркунандагон беҳисобу комил адо мешавад!»

(Сураи Зумар, ояти 10)

Аммо сару садову руйканию мўйканӣ ҳангоми мусибат ҳеҷ чизеро дигаргун намесозад ва он чӣ аз даст додаем боз намегардонад, пас зарур аст, ки ба қазову қадари Худованд таслим шавем:

Каломи Худованд:

ﭽ ﭲ  ﭳ     ﭴ  ﭵ    ﭶ       ﭷ     ﭸ  ﭼ البقرة: ١٥٦

Гуфтанд: «мо аз они Худо ҳастем ва ба Ў боз мегардем».

(Сураи Бақара, ояти 156)

Аммо нолаву фарёд бо овози баланд ва задани рўю дарондани либос ва тарошидани мўйи сар ва монанди инҳо ба таҳқиқ анҷомдиҳандаи худро ғайр аз дур намудан аз Худо ва гирифтор кардан ба иқоби ў чизе дигаре намедиҳад.

Худованд мехоҳад, ки инсон ба нафси худ раҳму шафқат кунад ва онро бо нолаву фарёд хаставу беҳол накунад. Ин амалҳо дарду олами инсонро зиёд намуда, бадани ўро заифу бемадор менамояд, пас шахсе ки чунин амалҳоро анҷом медиҳад лозим аст, ки тавба намояд ва ба сўи Худо бозгардад.

Расули Худо мефармоянд:

«Агар навҳагар пеш аз маргаш тавба накунад, рўзи қиёмат бар ў пироҳане аз қир ва ҷомае, ки дар оташ зуд шуълавар мегардад пўшонида мешавад».

Инчунин Расули акрам (с) фармудааст: «Он, ки ба рўяш зада ва гиребон чок намуда ва дуъоҳои ҷоҳилиятро бихонад аз мо нест».

Ҳамоно Паёмбар (с) аз зане, ки бо садои баланд навҳахонӣ мекунад ва зане, ки сарашро метарошад (барои изҳори андўҳ) ва зане, ки ҷомаашро чок мекунад безорӣ ҷўстааст.

39. Манъи зан аз рафтан назди коҳинон, мунаҷҷимон ва соҳирон

     Гоҳо зан ба мушкилоту бемориҳое, ки одатан мардум бо он рў ба рў мешаванд гирифтор мешавад, пас дар ёфтани роҳи ҳал ва илоҷи он мешитобад ва рў ба коҳинону соҳирон меорад. Дар ин майдон бисёре аз фиребгарону мардуми соҳибғаразу пайравони ҳавову ҳавас дохил шудаанд баъзе аз онҳо ҳадафашон ҷамъи молу матоъ ва баъзеи дигарро мақсадаш даст ёфтан ба занон аст. Ин гуна ашхоси табаҳкорӣ таммоъ хилват шудан бо занон ва ҳар гуна расвоиро бо ҷасади онҳо мубоҳ мешуморанд.

Мо вуҷуди сиҳрро инкор намекунем чун Қуръони карим аз он ҳикоят мекунад:

Каломи Худованд:

ﭽ ﭑ  ﭒ  ﭓ  ﭔ  ﭕ  ﭖ  ﭗﭘ  ﭙ  ﭚ   ﭛ  ﭜ  ﭝ      ﭞ  ﭟ  ﭠ   ﭡ  ﭢ  ﭣ  ﭤ  ﭥ  ﭦ  ﭧ  ﭨﭩ   ﭪ  ﭫ  ﭬ  ﭭ  ﭮ  ﭯ  ﭰ  ﭱ  ﭲ  ﭳ  ﭴﭵ   ﭶ  ﭷ  ﭸ  ﭹ  ﭺ  ﭻ  ﭼ  ﭽﭾ   ﭿ  ﮀ  ﮁ  ﮂ  ﮃ  ﮄ  ﮅ  ﮆ  ﮇﮈ  ﮉ   ﮊ  ﮋ  ﮌ  ﮍﮎ  ﮏ  ﮐ  ﮑ  ﮒ   ﮓ  ﮔ  ﮕ  ﮖ  ﮗ  ﮘﮙ  ﮚ  ﮛ  ﮜ  ﮝ   ﮞﮟ  ﮠ  ﮡ  ﮢ  ﮣ  ﭼ البقرة: ١٠٢

«Ва аз афсуне, ки девҳо ба рўзгори подшоҳии Сулаймон мехонданд, пайравӣ карданд ва Сулаймон кофир набуд, вале девҳо, ки мардумро ҷодугарӣ меомўхтанд, кофир буданд. Ва низ он афсун, ки бар он ду фаришта: –Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуд, дар ҳоле, ки, он ду ба ҳар кас,  ки ҷодугарӣ меомўхтанд, мегуфтанд:  «Кори мо фитна аст, мабодо кофир шавӣ». Ва мардум аз он ду ҷодуҳое меомўхтанд, ки метавонистанд миёни зану шўй ҷудоӣ афкананд ва онон ҷуз ба фармони Худо ба касе зиёне намерасониданд ва он чӣ мардум меомўхтанд, ба онҳо зиён мерасонид, на суд. Ва худ медонистанд, ки харидорони он ҷодуро дар охират баҳрае нест. Худро ба бад чизе фурўхтанд, агар медонистанд!».

 (Сураи Бақара, ояти 102)

Лекин мо мегўем: на ҳар беморӣ ба сиҳр нисбат дода мешавад ва на ҳар ихтилоф байни ду нафар ва мушкилот сабабаш сиҳр аст ва на ҳар таъхире дар издивоҷ ба сеҳр иртибот дорад.

Лекин шахсе, ки назди ҷодугарҳо меравад ба ў гуфта мешавад, ки ҳар мушкиле, ки дорӣ ба сабаби ҷодуву сиҳр аст. Чизе ки дар он шакке вуҷуд надорад ин аст, ки ислом барои дур будани зан аз ваҳму фиреби нафс бисёр ҳарис аст. Ин раҳмату шафқат барои ў ва ҳифозати ақидаи вай аст. Ў бояд назди «аррофу» (фолкушо) ва ҷодугар наравад, чун аз ин кор манъ шудааст. Паёмбар (с) мефармоянд:

 «Шахсе назди «арроф» (фолкушо) биёяд ва аз ў чизеро бипурсад ва гуфтаи ўро тасдиқ кунад чиҳил рўз намози ў қабул нест».

40. Манъи зан аз кўчак шуморидани гуноҳон

Ҳамоно гуноҳони кўчак дар назари зан, ки ба онҳо илтифоте намекунад ва ҳамеша онҳоро такрор мекунад гоҳо сабаби ҳалоки ў ва мустаҳиқ шуданаш ба азоби тўлонӣ дар рўзи қиёмат мегардад, он ҳам ба сабабҳои зерин:

1. Исрор варзидан (истодагарӣ кардан) ба гуноҳҳои кўчак, худ гуноҳи кабира аст, зеро гуноҳи сағира яъне кўчак бо исрор варзидан сағира боқӣ намемонад,балки гуноҳи кабира мегардад, чуноне ки бо истиғфору тавба намудан гуноҳи кабира боқӣ намемонадва аз байн меравад. Пас, шахсе бар гуноҳи кўчак исрор варзад, мешавад, ки назди Худованд гуноҳи кабира бошад, чунки умури зайл ба ў илова мегардад: а) Кўчак шуморидани гуноҳ далели кам будани хавфи муҷрим (гунаҳкор) аз Худованд аст;

 б) Инчунин ин амал далел бар кам будани ҳаёи ў аз Худованд аст.

2. Гоҳо гуноҳи кўчак «истидроҷ» мебошад, ки ба сабаби воқеъ шудан ба кабоир оварда мерасонад. Монанди шахсе, ки назарашро идора накунад аз воқеъ шудан дар зино эмин нест, зеро назар намудан шаҳватро меангезад.

3.    Гуноҳ ҳарчанд хурд бошад инсонро ба маъсият намудан одат мекунонад аз он нафраташ намеояд, пас муқовамати инсон заъиф мешавад ва қувваташ барои дур намудани он намерасад. Бинобар ин чизе ки гузашт, аз гуноҳони кўчак бисёр таҳзиру огоҳи дода шудааст. Аз Анас (р) ривоят аст, ки мегўяд: «Ҳамоно шумо корҳоеро анҷом медиҳед, ки онҳо дар назди шумо нозуктар аз мўй ҳастанд. Ба таҳқиқ мо онҳоро дар аҳди Паёмбар (с) аз муҳликот меҳисобидем».

Ибни Баттол мегўяд: «Гуноҳони кўчак ҳар вақто бисёр шаванд бо исрорварзӣ гуноҳи кабира мегарданд. Асад ибни Мўсо дар «Зуҳд» аз Абиаюби Ансорӣ овардааст, ки мегўяд: «Ҳамоно мард кори некро анҷом медиҳад ва ба он эътимод мекунад ва аз гуноҳони кўчак фаромўш мекунад пас Худовандро рў ба рў мешавад дар ҳоле ки бо гуноҳи кўчаки фаромўшшуда иҳота шудааст».

Зан ҳар вақто баъзе гуноҳонро кўчак шуморад ин амал дар динаш ба ў зарари зиёде меорад. Мо имрўзҳо дар зиндагии мардум бисёр мебинем занонеро ки бар кўчак шуморидани гуноҳон одат намудаанд. Монанди назар намудан ба мардони бегона ва омезиш бо онҳо, даст додан ба мардони бегона, ғайбат, суханчинӣ ва ғайра. Ба зани донову зирак лозим аст, ки аз чунин амалҳо доиман бар ҳазар бошад ва худро бар тоъат одат кунонад ва аз ҳамаи маъсиятҳо дурӣ ҷўяд.

41. Манъи зан аз ҳар он чизе ки вақтро бе фоида зоеъ мекунад

Бар зани мусалмон лозим аст, ки вақти худро қиммат шумурда, ба он ҳарис бошад, чун он ҳаёти ўст набояд онро дар гуфтугўзорҳои бефоида гузаронад, монанди касе ки рў ба рўи телевизор соатҳои тўлонӣ менишинад, дар ҳоле ки ў бояд бо тамошои нашри ахбор ва барномаҳои тарбиявию тандурусти иктифо кунад. Чунки ў дар зоеъ кардани вақт масъулият дорад.

Каломи Худованд:

ﭽ  ﭒ    ﭓ  ﭔ  ﭕ  ﭖ  ﭗ  ﭘ  ﭙ  ﭚ   ﭛ    ﭜ  ﭝ  ﭞ  ﭟ  ﭠ  ﭡﭢ  ﭣ  ﭤ  ﭥ   ﭦ  ﭧ  ﭨ  ﭩ  ﭪ  ﭫ  ﭬ  ﭭ  ﭼ النساء: ١١٤

 «Дар бисёре аз машваратҳои пинҳониашон фоидае нест, магар дар сухани онон, ки ба садақа додан ё некӣ кардан ва ё оштиҷўӣ фармон медиҳанд. Ва он касро, ки барои хушнудии Худо чунин кунад, музди бузурге хоҳем дод».

 (Сураи Нисо, ояти 114)

Амалҳои бандагон ё хайр ҳастанд ё шар, пас амале, ки дар он хайр нест, бе шак ҳамааш шар аст.

Каломи Худованд:

ﭽ ﮇ  ﮈ  ﮉ  ﮊ  ﮋ   ﮌ  ﮍ  ﮎ  ﮏ  ﮐ  ﮑ  ﮒ  ﮓ   ﮔ   ﭼ الزلزلة: ٧ - ٨

 «Пас, ҳар кас ба вазни заррае некӣ карда бошад, онро мебинад ва ҳар кас ба вазни заррае бадӣ карда бошад, онро мебинад».

 (Сураи Зилзила, оятҳои 7-8)

     Ҳамин тавр Парвардигори оламиён аъмоли эшонро тақсим намудааст. Ё хайр аст ё шар ва амале нест, ки байни ин ду ҷой дошта бошад. Пас, бар зан воҷиб аст, ки аз ҳар амале, ки натиҷаи хайр надорад худро дур нигоҳ дорад.

Манъ аз ҳар он чизе ки ба дигарон зарар мерасонад.

     Ба зани мусалмон лозим аст, ки аз ҳар он чизе, ки ба дигарон зарар мерасонад худро дур нигоҳ дорад, ба далели гуфтаи Расули Худо (с). «На зараррасон бош ва на мавриди зарар қарор бигир».

 Каломи Худованд:

ﭽ ﮐ  ﮑ  ﮒ  ﮓ   ﮔ  ﮕ  ﮖ  ﮗ  ﮘ  ﮙ  ﮚ  ﮛ  ﮜ   ﭼ الأحزاب: ٥٨

 «Ва касоне, ки мардони мўъмину занони мўъминро бе ҳеҷ гуноҳе, ки карда бошанд меозоранд, пас дар ҳақиқат, тўҳмату гуноҳи ошкореро бар дўш мекашанд».

 (Сураи Аҳзоб, ояти 58)

Паёмбар (с) фармудаанд: «Мусалмон шахсест, ки мусалмонон аз дасту забони ў дар амон бошанд ва муҳоҷир шахсест, ки он чиро ки Худованд манъ намудааст тарк кунад».

Зани мусалмон мебояд барои мардум раҳмат бошад, барои шавҳараш сукуту оромӣ биёварад ва барои фарзандон ҳалиму меҳрубон бошад ва барои ҳамсоягон ёвару ғамхор.

Дар сафҳаҳои оянда баъзе танбеҳот ва раҳнамоиҳое барои зани мусалмон хоҳем овард, то битавонад бо амал намудан ба онҳо худро аз ҳар чизе, ки мардумро озор медиҳад дур нигоҳ дорад, ва сазовори номи бошарафи мусалмон бошад. Агар ў бар ин раҳнамоиҳо побанд бошад, пас барои худ ҳаёти саъодатмандонаеро муҳаё намудааст, ки дур аз ҳиқду ҳасаду кина ва гирифтор шудан ба лаънати мардум хоҳад буд, балки муҳаббати ҳама нисбат ба ў хоҳад афзуд ва ўро мардум ёвару пуштибон хоҳанд шуд.

42.  Бар ҳазар будан аз тўҳмати занони мусалмон ба зино

Бар зани мусалмон воҷиб аст, киаз воқеъ шудан дар тўҳмати зино худро барҳазар дорад, чунки ин амал таҷовуз бар номус ва нашри фоҳишагарист.

 Каломи Худованд:

ﭽ ﮖ    ﮗ  ﮘ  ﮙ  ﮚ      ﮛ   ﮜ  ﮝ  ﮞ    ﮟ  ﮠ    ﮡ  ﮢ  ﮣ   ﮤ  ﮥ  ﮦ  ﮧ  ﮨ  ﮩ  ﮪ  ﮫ          ﮬ   ﮭ  ﭼ النور: ٢٣ - ٢٤

 «Касоне, ки бар занони покдоман ва бехабар аз зино ва мўъмин тўҳмати зино мезананд, ҳаройна,  дар дунёву охират лаънат шудаанд ва барояшон азобест бузург.  Рўзе, ки забонашон ва дастҳояшону пойҳояшон ба зиёнашон бар корҳое, ки мекардаанд, шаҳодат диҳанд».

 (Сураи Нур, оятҳои 23-24)

Каломи Худованд:

ﭽ ﮌ  ﮍ  ﮎ     ﮏ   ﮐ  ﮑ  ﮒ     ﮓ   ﮔ    ﮕ  ﮖ  ﮗ  ﮘ  ﮙ  ﮚ  ﮛﮜ  ﮝ  ﮞ   ﮟ  ﮠ  ﭼ النور: ٤

 «Касонеро, ки занони покро ба зино мутаҳҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид намеоваранд, ҳаштод зарба бизанед ва аз он пас ҳаргиз шаҳодаташонро напазиред, ки мардуме фосиқанд».

(Сураи Нур, ояти 4)

Каломи Худованд:

ﭽ ﮟ  ﮠ  ﮡ   ﮢ  ﮣ     ﮤ  ﮥ  ﮦ  ﮧ  ﮨ   ﮩ     ﮪ  ﮫ   ﮬ  ﮭ  ﮮ  ﮯ  ﭼ النور: ١٥

 «Он гоҳ, ки он суханро аз даҳони якдигар мегирифтед ва чизе бар забон мерондед, ки дар бораи он ҳеҷ намедонистед ва мепиндоштед, ки коре хурд аст ва ҳол он ки дар назди Худо коре бузург буд».

 (Сураи Нур, ояти 15)

Каломи Худованд:

ﭽ ﯳ  ﯴ    ﯵ  ﯶ  ﯷ  ﯸ  ﯹ  ﯺ   ﯻ  ﯼ  ﯽ  ﯾ   ﯿ  ﰀ  ﰁﰂ  ﰃ  ﰄ    ﰅ    ﰆ    ﰇ  ﰈ  ﭼ النور: ١٩

 «Барои касоне, ки дўст доранд  дар бораи  мўъминон тўҳмати зино паҳн шавад, ҳаройна,  дар дунёву охират азобе дардовар муҳайёст. Худо медонад ва шумо намедонед!».

  (Сураи Нур, ояти 19)

 Барои зани мусалмон оятҳои дар боло зикршударо қироат намудан кофист, ки зиштии тўҳмат намудан ба зиноро исбот мекунад ва аз азобу уқубати ин амали зишт дар дунёву охират огоҳ шавад ва аз забондарозӣ намудан ба шарафу номуси мардум худдорӣ намояд.

43. Манъи зан аз дурўғ гуфтан

Аз ҳама бештар чизе ки ба мардум зараровар аст, ин дурўғгўию фиребгарист. Ин амали зишт байни мардум оташи хусумату адоватро аланга мезанад, сафову осудагиро аз ҳаёти онҳо дур месозад ва дар байни эшон тухми ҳиқду ҳасад ва буғзу кинаро мепошад. Бинобар ин таъкиди шадиде бар манъи он ворид шудааст ва муртакиби он мустаҳиқи лаънат ва азоб мегардад.

 Каломи Худованд:

ﭽ ﯴ  ﯵ  ﯶ  ﯷ  ﯸ  ﯹ   ﭼ آل عمران: ٦١

 «ва лаънати Худоро бар дурўғгўён бифиристем».

  (Сураи Оли Имрон, ояти 61)

ﭽ ﭟ  ﭠ  ﭡ  ﭼ الذاريات: ١٠  

«Ҳалок шуданд дурўғгўён».

(Сураи Зориёт, ояти 10)

Паёмбар (с) фармуданд:

«Аз дурўғ бипарҳезед, ҳамоно дурўғ ба сўи маъосӣ раҳнамоӣ мекунад ва маъосӣ ба сўи дўзах ва ҳар оина шахс дурўғ мегўяд ва қасди дурўғ гуфтан мекунад, то ин ки дар назди Худованд бисёр дурўғ навишта мешавад».

Ҳамоно дурўғ гуфтан инсонро ба гумроҳӣ ва истимрори (мудовимат кардан) дар он мерасонад ва шахси дурўғгўйро аз роҳи рост дур мекунад.

Каломи Худованд:

ﭽ ﮕ  ﮖ  ﮗ  ﮘ  ﮙ  ﮚ  ﮛ  ﮜ         ﮝ  ﭼ غافر: ٢٨

 «Албатта, Худо ҳеҷ исрофкори дурўғгўеро ҳидоят намкунад»

(Сураи Ғофир, ояти 28)

Бинобар ин ба зан воҷиб аст, ки аз дурўғ гуфтан бипарҳезад ва худро ба ростқавлӣ одат кунонад, ҳатто дар ҳазлу шўхӣ кардан ҳам. Ҳар вақто ба ростгўи машҳур шуд, мавриди эътимоди мардум қарор мегирад ва ҳар гоҳ як бор дурўғ бигўяд ин гуна эътимоду бовариро аз даст медиҳад ва ҳар чӣ баъд аз он мегўяд бовараш нахоҳанд кард. Дурўғ гуфтан дар се маврид ҷоиз аст:

1.    Дурўғ гуфтан бар душманон. Аз нигоҳи шариъат рост гуфтан ба душман ҷоиз нест, ки онҳоро аз асрори қувваҳои мусалмонон хабар диҳӣ, чун ин амал зарари бузурге ба уммат хоҳад овард.

2.    Дурўғ гуфтан ба зан. Ин ба он маъно, ки мард ба завҷааш гўяд, ки шумо бисёр зебо ҳастед, ё шуморо бисёр дўст дорам ва гоҳо мешавад, ки дар ҳақиқат чунин нест… Ва бар ин муқоиса намуда, барои зан низ ҷоиз аст, ки ба шавҳараш чунин гўяд. Аммо дурўғ гуфтан ба завҷа ва ё дар шавҳар ғайри чунин мавзеъ, ҳамоно аз бузургтарин сабабҳои фасод намудани ҳаёти заношавҳарист, илова бар он азобу уқубате ки Худованд барояш насиб хоҳад кард.

3.     Дурўғ гуфтан ба мақсади афзудани хайру некӣ байни ду нафари «мутахосим», ки байнашон низоъу адоват аст. Агар байни ду нафар хусумату низоъ воқеъ шавад ва нафари саввум назди нафари аввал омада ба ў гўяд, ки нафари дуввум ўро мадҳу ситоиш намуд ва монанди ин суханони нек гўяд, бе шак ин амал ҷоиз аст.

44. Манъи зан аз дуъои бад бар фарзандон ҳамоно дуъои падару модар иҷобатшаванда аст

Аз дуъои бад намудан ба фарзандон манъ карда шудааст. Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармудааст:

«Бар нафсҳои худ ва бар фарзандони худ ва бар молу дороии худ дуъои (бад) накунед. Мувофақа накунед лаҳзаеро назди Худо, ки дар он лаҳза пурсида мешавад атое, пас иҷобат мекунад барои шумо дуъоятонро».

45. Манъи зан аз озор додани ҳамсоя

Зани оқил медонад, ки ў дар ҳар ҳол ба ҳамсояаш ниёз дорад. Пас, ў ба ин хотир шароит муҳаё месозад ва барои ҳамсояаш ҷуз некӣ коре намекунад. Зани мусалмон ба муъомилаи неки худ тоъати Худованд ва ҳосил намудани аҷрро ният мекунад.

 Каломи Худованд:

ﭽ  ﮞ   ﮟ  ﮠ  ﮡ  ﮢ  ﮣ  ﮤ   ﮥ  ﮦ  ﮧ  ﮨ  ﮩ  ﮪ     ﮫ  ﮬ  ﮭ  ﮮ  ﮯﮰ    ﯚ  ﭼ النساء: ٣٦

 «Ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи  хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар ва бандагони худ некӣ кунед».

  (Сураи Нисо, ояти 36)

Паёмбар (с) мефармояд:

 «Ҳамеша Ҷабраил (а) маро дар мавриди ҳамсоя тавсия менамуд, то ин ки гумон кардам Худованд (ҷ) ҳамсояро меросбари ҳамсоя қарор медиҳад».

Паёмбар (с) гумон намуд, ки Ҷабраил (а) аз назди Худованд бо ваҳйе нозил мешавад, ки дар он амр мешавад, ки ҳамсоя дар мероси ҳамсоя ҳақ дорад ин гумон аз бисёр пофишорӣ намудани Ҷабраил (а) бар Паёмбар (с) дар мавриди неки кардани бар ҳамсоя пайдо шуд. Оё баъд аз ин ҳама огоҳиҳо зан дар ҳаққи ҳамсояти худ кўтоҳӣ менамояд ё ўро озор медиҳад?

Ҳамоно ў кўшиш мекунад бо ҳамсояаш дўстӣ намояд ва бо суханони хуш ва ҳадяву тўҳфаҳо розияш намояд. Аз Абузар ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

«Эй Абузар чун шўрбо пухтӣ оби онро бисёр намо ва ҳамсояҳоятро дар хотир дошта бош».

46. Озор надодани хизматгорону ёварон

Ҳаёт дар ҷомеъаи инсонӣ дар асоси ҳамкорию таъовун барпо мегардад ва ҳеҷ касб пешаи пасту ҳақир нест, балки ҷомеъа ба ҳамаи анвоъи касбу пеша мўҳтоҷ аст. Ба таҳқиқ хидматгор амали некеро анҷом медиҳад, ки ба он бояд эҳтиром гузошта шавад ва дини Ислом дар ин ҷода пешдаст аст, чун сурати муҳтараме тақдим мекунад, ҳине ки васияти неке ба хидматгор мекунад ва ўро баробари шахси хидматкардашуда мегардонад, дар таъому либос бо ў шарик аст ва ноқисие дар каромату шарафаш набошад ва озоре расонда нашавад. Шахсе, ки ҳадди раҳмату шафқатро ба ходими худ таҷовуз мекунад барояш кофист, ки ҳадисеро ки Имом Муслим аз Абумасъуди Бадрӣ ривоят кардааст бидонад, ҳине мегўяд:

- Ходиме доштам ва ўро бо қамчин мезадам, пас овозе аз пасам шунидам, ки мегуфт:

- Бидон эй Абумасъуд. Аз хашму ғазаб соҳиби овозро нашинохтам. Абумасъуд мегўяд:

- Чун ба ман наздик шуд дидам, ки расули Худост (с) мегўяд:

- Бидон эй Абумасъуд! Бидон эй Абумасъуд!

- Пас қамчинро аз дастам андохтам.

Паёмбари Худо (с) фармуданд:

- Бидон Абумасъуд, ки Худованд аз ту дида, тавонотар аст бар ин, ки ходимро ба мисли ту гардонад. Абумасъуд мегўяд:

- Пас гуфтам:

- Баъд аз ин рўз ҳаргиз, ходимеро намезанам.

Аммо касе, ки мехоҳад бидонад, ки чигуна ба ходимаш некӣ кунад, пас бар ў лозим аст, ки ба расули Худо (с) иқтидо намояд. Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки мегўяд:

- Паёмбар (с) ба Мадина омад ва ходиме надошт, пас Абуталҳа аз дастам гирифта, назди расули Худо омада гуфт:

- Эй расули Худо (с) ҳамоно Анас писари зиракест, бигузор хидмати шуморо кунад. Анас мегўяд:

- Пас, хидмати ўро дар хона ва дар сафар мекардам, барои ман дар коре, ки анҷом медодам боре ҳам нагуфт барои чӣ инро ин тавр кардӣ? Ва барои чизе ки анҷом надодаам нагуфтанд, ки барои чӣ инро ин тавр накардӣ?

Ба таҳқиқ зани мусалмон ҳар вақто шахсе барояш хидмат кунад, пас бар ў лозим аст, ки Худовандро шукр гўяд, ки ходим дорад, баъд аз он шукр гўяд, ки Худованд манзалаташро баланд намудааст ва ўро аз ҷумлаи ходимон нагардонидааст. Дар ин ҳолат шукри муносиб ва матлуб ин аст, ки бо ходимаш муъомилаи нек карда, ҳаққе ки Худованд бар ў додааст риъоя намояд ва озору зулме бар ў нарасонад.

47.  Манъи зан аз озору алами мардум

Зани мусалмонро лозим аст, ки аз ҳар чизе ки мардумро озору алам мерасонад худдорӣ намояд. Монанди партофтани чизҳои озордиҳанда дар роҳ, мисли хасу хошок, наҷосат ва ғайра. Баланд намудани радио ё ғайри он, ки мардум аз он озор меёбанд. Сигор кашидан. Ин одати зишту ҳаромест, ки дар баъзе занон дида мешавад. Фатвоҳои зиёде доир ба таҳрими сигоркашӣ содир шудааст ва он чи мо ин ҷо зикр намуданием он аст, ки дар сигор кашидан эҳсоси тангӣ ва нороҳати барои мардум вуҷуд дорад.

Беҳаёӣ ва кашфи аврат: ҳамоно дар беҳаёӣ намудан ва кашфи аврат озор расонидан чашмони мардум ва дину ахлоқи онҳост. Ин амал ба сўи мункарот даъват мекунад ва аз омилҳои тахрибкунандаи ҷомеъа аст. Ҳамоно ин амал шаҳватро бармеангезад ва боиси маъсият мешавад ва ҷавононро аз ҷаҳду кўшиш дар амал ва пойдорӣ дар роҳи рост мунсариф месозад. Бисёр ҷавононе ҳастанд, ки мегўянд мо назари худро аз маҳорим пўшида наметавонем, пас худро дар ботлоқи маъсият меандозанд ва намозу тоъати Худоро тарк мекунанд. Ба таҳқиқ беҳаёию кашфи аврат шахсеро, ки покиро мехоҳад кўмак намекунад, балки касонеро, ки шаҳватпараст ҳастанд ба бештар талаб намудани он вомедорад.

Роз гуфтан бо якдигар дар ҳузури нафари сеюм: Агар ҳамроҳи зан ду зани дигар бошад, пас набояд бо яке аз онҳо сухан гўяду дигарашро раҳо кунад, зеро ин амал яқинан шахси сеюмро озору азият медиҳад. Паёмбар маефармояд:

«Агар се нафар бошанд пас набояд ду нафар бо ҳам роз бигўянд ва сеюмро раҳо кунанд [8]».

Аз се рўз зиёд қаҳрӣ намудан. Зан набояд ҳамсоя, рафиқ ё хеши худро аз се рўз зиёд тарк карда, алоқаашро қатъ кунад, чун ин амал барои вай озору алам ба бор меорад. Магар дар ҳоле, ки он шахс бидъаткор ё гунаҳкор бошад, дар ин ҳолат тарки ў ҷоиз аст, то нафси худро муҳосаба карда, ба роҳи рост баргардад. Аз Абуаюби Ансорӣ ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд:

«Барои мусалмон ҳалол нест, ки бародари худро аз се рўз зиёд тарк гўяд (яъне қаҳрӣ кунад) ва ҳангоми вохурӣ, яке ба як тараф дигаре ба тарафи дигар рўй гардонанд. Беҳтарини он ду касест, ки бо салом оғоз кунад [9]».

48.  Манъи зан аз ғайбат ва суханчинӣ

Ҳамоно аз бузургтарин ҷурме, ки бар мардум зарар мерасонад ва равобиташонро фосид мекунад ин ғайбат намудан ва суханчинӣ кардан аст. Чун шахс сухани бадеро дар бораи дигар шахс мешунавад ва он суханро ба ў мерасонад ва кинаву адоватро дар дилаш зинда мегардонад ва бо ҳамин алоқаро миёни ду кас фосид мекунад.

Ин беморӣ махусусан байни занон бештар паҳн шудааст

Шумо, эй хоҳарони мусалмон, бояд ба хотири ризои Худо худро аз ин амали зишт дур нигоҳ доред. Паёмбар (с) мефармоянд:

«Суханчин дохили биҳишт намешавад». Аз Оиша (р) ривоят аст, ки мегўяд:

Ба Паёмбар (с) гуфтам: Сафия чунину чунон аст». (Баъзе ровиён мегўянд: Кутоҳқомат буданашро дар назар дошт). Расули акрам (с) гуфтанд:

- Сухане гуфтӣ, ки агар ба оби баҳр омехта шавад онро олуда мекунад.

Як сухан чунин асари бузурге дорад! Пас аз куҷо огоҳ ҳастӣ, эй хоҳари мусалмон, ки занони суханчин ва ғайбаткунанда имрўзҳо чӣ корҳо мекунанд, забонҳояшон аз он чӣ мекунанд хаставу малол намешаванд? «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ!»

Аз Анас ривоят аст ки Паёмбар (с) фармуданд:

«Чун ба сўи осмонҳо дар шаби меъроҷ Ҷабраил (а) бо ман баланд мешуданд аз назди мардуме гузаштем, ки нохунҳояшон аз мис, рўйҳову синаҳои худро чанг мезаданд, пас гуфтам»:

- Эй Ҷабраил (а) инҳо киҳоянд?

Гуфт:

Эшон касонеанд, ки гўшти бадани мардумро мехурданд ва онҳоро беобрў месохтанд.

49.  Иҷтиноби зан аз дашному фаҳш гуфтан

Зани мусалмон набояд забони дарозу қабеҳ дошта бошад.

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки мегўяд:

Мардуме аз яҳуд назди Паёмбар (с) омада гуфтанд:

- Ас-сому алайка (яъне марг бар шумо), эй Абулқосим. Паёмбар (с) гуфтанд:

- Ва бар шумо низ.

 Оиша (р) мегўяд:

- Гуфтам, балки бар шумо марг бод. Паёмбар фармуданд:

- Эй Оиша, фаҳшгў мабош.[10]

- Зан назди мардум маҳбуб нахоҳад буд, чун забондарозу фаҳшгў бошад, балки ҳама аз ў аз хавфи забонаш мутанаффир мешаванд, дар чунин ҳол ў хасорати зиёде хоҳад кард.

50.  Манъи зан аз сухан гуфтан бо он чӣ мешунавад

Гоҳо зан ба сухан гуфтан бо ҳамсоя ё рафиқаш рағбат пайдо карда, он чи дар зеҳнаш меояд мегўяд ва бидуни ин, ки аз рост будани он боварӣ дошта бошад, пас ба ҳамин роҳ байни мардум дурўғро паҳн мекунад, дар ҳоле, ки худи ў огоҳ нест.

Шояд ў ин корро ба нияти нек анҷом диҳад, лекин бар ҳар ҳол дар хатои бузурге воқеъ шудааст, чунки ў бояд сухане гўяд, ки дар ивази он Худованд барояш аҷр диҳад. Амсоли зикри Худо ё ислоҳ байни мардум ё амр ба маъруфу наҳй аз мункар ва аз ғайри ин забон накушояд!

Каломи Худованд:

ﭽ  ﭒ    ﭓ  ﭔ  ﭕ  ﭖ  ﭗ  ﭘ  ﭙ  ﭚ   ﭛ    ﭜ  ﭝ  ﭞ  ﭟ  ﭠ  ﭡﭢ  ﭣ  ﭤ  ﭥ   ﭦ  ﭧ  ﭨ  ﭩ  ﭪ  ﭫ  ﭬ  ﭭ  ﭼ النساء: ١١٤

«Дар бисёре аз машваратҳои пинҳониашон фоидае нест, магар дар сухани онон, ки ба садақа додан ё некӣ кардан ва ё оштиҷўӣ фармон медиҳанд. Ва он касро, ки барои хўшнудии Худо чунин кунад, музди бузурге хоҳем дод».

(Сураи Нисо, ояти 114)

Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки Паёмбар (с) мефармоянд:

«Барои инсон аз гуноҳон кофист, ки ба ҳар чи мешунавад сухан гўяд». Ҳамоно дурўғу овозаҳоеро, ки зан ривоҷ медиҳад бузургтарин зарарро ба ҷомеъа ва бошандагони он мерасонад, аммо хомушӣ занро аз таҳаммули гуноҳ дур нигоҳ медорад. Паёмбар фармуданд:

«Мардумро рўйнокӣ дар оташи дўзах намеандозад, магар ҳосили забони эшон[11]».

Мундариҷа

Сарсухан............................................................................................................ 3

Муқаддима........................................................................................................ 6

Таваҷҷуҳи Ислом ба зан.................................................................................. 7

Таъсири зан..................................................................................................... 10

Хатари зино..................................................................................................... 11

Манъи зан аз ҳар чизе ки сабаби иртикоби зино мегардад.................... 13

1.    Манъи зан аз намоиш додани зебу зинат........................................... 13

2.    Манъ аз берун шудани зане, ки атр истеъмол намудааст................ 15

3.    Манъи зан аз даст додан бо мардон..................................................... 15

4.    Манъи зан аз холкўби бо сўзан (вашм)................................................ 16

5.    Манъи зан аз чидани мўйи рўй ва абрў (намс).................................. 17

6.    Манъи зан аз кушод намудани байни дандонҳо................................ 17

7.    Манъи зан аз пайванд задани мўйи сар.............................................. 18

8.    Манъи зан аз хилват (танҳоӣ)................................................................ 18

9.    Манъи зан аз сафар намудан бе маҳрам............................................. 20

10.  Манъи зан аз бе зарурат хориҷ шудан аз манзил.............................. 21

11.  Манъи зан аз дохил шудани ҳамомҳои умумӣ.................................. 22

12.  Наҳйи занон аз назар кардан ба сўйи мардон................................... 23

13.  Мисос (молиш) накардани мард занро ва баръакс........................... 25

14.  Адами мулоимат дар сухан................................................................... 26

15.  Дур будан аз беиффатӣ.......................................................................... 27

16.  Пайравӣ накардан аз роҳи шайтон...................................................... 28

17.  Побанд набудан ба тақлиди кўр-кўрона............................................. 30

18.  Дўстӣ накардан бо занони бадахлоқ.................................................... 31

19.  Адами дўстӣ бо марди бегона.............................................................. 31

20.  Манъи зан аз васф намудани зани бегона дар назди шавҳар.......... 34

21.  Манъи зан аз назар намудан ба аврати зани дигар........................... 34

22.  Манъи зан аз хобидан бо зани дигар дар як бистар.......................... 35

23.  а) Манъ аз хоҳиши зино......................................................................... 36

24.  Манъи зан аз издивоҷ намудан бидуни валӣ (соҳиб)........................ 38

25.  Манъи зан аз пинҳон намудани айбҳое, ки дар худ дорад аз хотиб (шахси хостгор)..................................................................................................... 39

26.  Манъи зан аз нофармонии шавҳар...................................................... 39

27.  Манъи зан аз инкор ва куфрони неъмат ва адами қаноъат............. 43

28.  Манъи зан аз носипосӣ.......................................................................... 44

29.  Муносибати зан ба хоҳишоти шавҳар................................................. 45

30.  Манъи зан аз рўзаи нафл....................................................................... 47

31.  Манъи зан аз ифшо намудани асрори (сирҳои) шавҳар.................. 48

32.  Манъи зан аз нафақа намудан аз моли шавҳар бидуни иҷозати ў. 48

33.  Манъи зан аз талаб намудани талоқ бидуни сабаби ҷиддӣ............. 50

34.  Манъи зан аз мушобеҳат бо мардон.................................................... 52

35.  Манъи зан аз ғулув дар ҳузну андўҳ..................................................... 53

36.  Таҳзироте барои зан дар ҳоли маҳдуд сохтани насл......................... 54

37.  Манъи зан аз иттибоъи ҷаноиз (рафтан аз паси тобути майит)..... 55

38.  Манъи зан аз сару садо намудан, либос даридан, бар рўй задан ва монанди он   56

39.  Манъи зан аз рафтан назди коҳинон, мунаҷҷимон ва соҳирон...... 59

40.  Манъи зан аз кўчак шуморидани гуноҳон.......................................... 60

41.  Манъи зан аз ҳар он чизе ки вақтро бе фоида зоеъ мекунад........... 62

42.  Бар ҳазар будан аз тўҳмати занони мусалмон ба зино..................... 64

43.  Манъи зан аз дурўғ гуфтан.................................................................... 66

44.  Манъи зан аз дуъои бад бар фарзандон ҳамоно дуъои падару модар иҷобатшаванда аст.................................................................................. 68

45.  Манъи зан аз озор додани ҳамсоя........................................................ 68

46.  Озор надодани хизматгорону ёварон.................................................. 70

47.  Манъи зан аз озору алами мардум...................................................... 71

48.  Манъи зан аз ғайбат ва суханчинӣ....................................................... 72

49.  Иҷтиноби зан аз дашному фаҳш гуфтан............................................ 73

50.  Манъи зан аз сухан гуфтан бо он чӣ мешунавад............................... 74

Мундариҷа....................................................................................................... 76

КИТОБҲОЕ, КИ АЗ ТАРҶУМОНИ ИН КИТОБ  ТО БА ҲОЛ БАРГАРДОН, ТАРҶУМА ВА ТАҲИЯ ШУДААСТ:

1. Ҳазор ҳикмат;

2. Лаънатшудагон дар ҳадисҳои набавӣ;

3. Саду як қисса аз ҳаёти Абубакри Сиддиқ (р);

4. Саду як қисса аз ҳаёти Умар (р);

5. Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р);

6. Таърихи хулафои рошидин: Усмон (р) ва Алӣ (р);

7. Аниси занҳои покдоман;

8. Оиша - пешвои бонувони мўъмин ва дўстдоштатарин ҳамсари Паёмбари оламин;

9. Одоб ва хусусиятҳои моҳи Рамазон;

10. Моҳи Рамазон, истиқбол ва бузургдошти он;

11. Фазилати шаби Қадр ва даҳаи охири моҳи  Рамазон;

12. Панҷоҳ амале, ки шариъат занонро аз он боз медорад;

13. Бонувони хонадони нубувват;

14. «Тафсири мухтасари Хатлонӣ» дар се ҷилд;

15. Даҳ ёри биҳиштӣ;

16. Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дўст дорад?

17. Бисту панҷ суол аз неъмат ва азоби қабр.

Ҳадафи Бунёди ҷамъиятии «Васатият»

Бунёди ҷамъиятии «Васатият» мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳадафҳои асосии он иборатанд аз:

-  Баланд бардоштани савияӣ илмию фарҳангии миллати тоҷик;

-  Таҳқиқ ва пажуҳиши таърих ва тамаддуни шарқӣ бо услубҳои тоза ва замонавӣ;

- Расонидани аҳкоми дини мубини Ислом тавассути китобҳои пурмуҳтаво ва асил дар партави Қуръону Суннат ва тибқи мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа  (р);

- Муттаҳидсозии тамоми мардуми Тоҷикистони азиз новобаста аз миллату нажод дар атрофи қонун ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хидмати содиқона ба давлат ва миллати  куҳанбунёд ва зиддият бо ҳар гуна ихтилоф ва зуҳуроти номатлуб;

- Нашри китобҳои асилу нобе, ки аз гузаштагони солеҳамон ба мо расидааст.

Албатта имони комил ва яқин дорем, ки бо ёрии Худованд ба ин ҳадафҳо муваффақ хоҳем шуд. Аз ин хотир ҳамагонро ба хондани чунин китобҳо тавсия менамоем, то аз ҳар гуна инҳирофот ва каҷравӣ солим бошем ва обурўю эътибори миллати азизамонро ҳифз намуда, парчами давлати соҳибистиқлоламонро боз ҳам баландтар бардорем.



[1]. Ин ҳадисро имом Муслим ривоят кардааст

[2]. Ин ҳадисро имом Молик ривоят кардааст.

[3]. Ин ҳадисро Бухорӣ ривоят кардааст.

[4]. Ба ин ҳадис муҳаддисон иттифоқи назар доранд.

[5]. Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст.

[6]. Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

[7]. Дар мазҳаби имом Шофеъӣ ин масъала ба таври зикрёфта мебошад, аммо дар мазҳаби мо, Ҳанафиҳо издивоҷ бидуни валӣ ҷоиз аст. Азбаски муаллифи китоб ҷаноби, Ҳасан Закариё шофеъимазҳаб аст дар китобаш ин масъаларо мувофиқи мазҳабаш баррасӣ намудааст. Мутарҷим ба хотири эҳтироми шахси муаллиф ҳангоми тарҷума қавли ўро айнан тарҷума кардааст.

[8]. Бухорӣ, китоби истиъзон, № 6288.

[9]. Бухорӣ, китоби истиъзон.

[10] Ин ҳадисро Муслим ривоят кардааст.

[11] Ин ҳадиси саҳеҳро Муслим ривоят кардааст.