Аз Паёмбари Худо (с) чӣ омӯхтем? (⮫)


Аз Паёмбари Худо (с) чӣ омӯхтем?

] طاجيكية – TajikiТоҷики [

Таҳия: Абдулҳаннони Абдурраҳмон

Сомонаи: http://www.wasatiyat.tj

2011 - 1432

﴿ماذا تعلمت عن النبي - صلى الله عليه وسلم ﴾

«باللغة الطاجيكية»

إعداد: عبد الحنان عبد الرحمن

موقع الوسطية

http://www.wasatiyat.tj

2011 - 1432

Аз Паёмбари Худо (с) чӣ омӯхтем?

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки табассум дар рӯи бародарам садақа аст.

******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки роҳи зудтар шифо ёфтан садақа аст.

******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки забони ҳамеша дар ёди Худо роҳкушои ҷаннат аст.

*******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки нахустин гомҳо ба сӯи тавба пушаймонӣ ва эътироф ба гуноҳ аст.

******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки тавба ҳамон аст, ки қасди бозгашт ба сӯи гуноҳ набошад.

******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки талаби мағфират кардан андуҳро дур ва рӯзиро бисёр мекунад.

******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки барои кофир дунё аст ва барои муъмин дунё ва охират.

******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки агар аз мардум бахшиш мехоҳи ононро бубахш.

*******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки имон ба тоати аз Худо, зиёд ва бо маъсият ноқис мегардад.

*******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки мезони банда бо ду калима: «субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи» ва «субҳоналлоҳи азим» гирон мешавад.

*******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки Худо бандаи шукргузорро осудахотирӣ ва хушбахтӣ мебахшад.

*******

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки ҳама чиз дар дунё фаношаванда аст ва муҳим он аст, ки чизе барои охират захира карда боши.

********

Аз Паёмбари Худо (с) омӯхтам, ки силаи раҳм ва намоз гузоштан дар ҳоле, ки мардум дар хоб ҳастанд сабаби ворид шудан ба ҷаннат аст.