КИТОБИ ТАВҲИД (ҲАҚҚИ АЛЛОҲ БАР БАНДАГОН) (⮫)


КИТОБИ ТАВҲИД (ҲАҚҚИ АЛЛОҲ БАР БАНДАГОН)

[Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

2013 - 1435

التوحيد (حق الله على العباد)

«باللغة الطاجيكية»

إعداد: محمد عزيز رجب

2013 - 1435

КИТОБИ ТАВҲИД (ҲАҚҚИ АЛЛОҲ БАР БАНДАГОН)

Аллоҳ таъоло мефармояд:

﴿وَمَا خَلَقۡتُ ٱلۡجِنَّ وَٱلۡإِنسَ إِلَّا لِيَعۡبُدُونِ ٥٦﴾ [الذاريات: ٥٦]

“Ман наёфаридаам ҷинн ва инсонҳоро ҷуз барои ибодати хеш”.

Сураи Зориёт – 56

Инчунин мефармояд:

﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتََۖ ٣٦﴾ [النحل: ٣٦]

“Ва барои ҳар қавме паёмбареро фиристодем (ва муҳтавои даъвати ҳамаи паёмбарон ин будааст, ки) Аллоҳро парастиш кунед ва аз ибодати тоғут (шайтон, бут, ситамгарон ва ғайра) дур бошед”.

Сураи Наҳл – 36

Инчунин Аллоҳ таъоло мефармояд:

﴿وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًاۚ ٢٣﴾ [الاسراء: ٢٣]

“Ва Парвардигори ту фармон дод, ки ҷуз Ӯро ибодат макунед ва ба падару модари худ некӯӣ кунед”.

Сураи Исро – 23

Аллоҳ таъоло мефармояд:

﴿وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡ‍ٔٗاۖ ٣٦﴾ [النساء : ٣٦]

“Аллоҳро парастиш кунед ва ба Ӯ чизеро шарик нагиред”.

Сураи Нисо – 36

Аллоҳ таъоло низ мефармояд:

﴿قُلۡ تَعَالَوۡاْ أَتۡلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمۡ عَلَيۡكُمۡۖ أَلَّا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡ‍ٔٗاۖ ١٥١﴾ [الانعام: ١٥١]

“Бигӯ: Биёед чизҳоеро бароятон баён кунам, ки парвардигоратон бар шумо ҳаром намудааст. Ин ки ҳеҷ чизеро шарики Аллоҳ насозед”.

Сураи Анъом – 151

Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Ҳар касе хоҳад, ки васияти Паёмбарро бубинад, пас ин суханони Аллоҳро бихонад (Ин асарро Тирмизӣ дар боби тафсири Қур’он ривоят кардааст):

﴿ ۞قُلۡ تَعَالَوۡاْ أَتۡلُ مَا حَرَّمَ رَبُّكُمۡ عَلَيۡكُمۡۖ أَلَّا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡ‍ٔٗاۖ ١٥١ ﴾ [الانعام: ١٥١]

То ба ин фармудаи Аллоҳ таъоло:

﴿ وَأَنَّ هَٰذَا صِرَٰطِي مُسۡتَقِيمٗا فَٱتَّبِعُوهُۖ وَلَا تَتَّبِعُواْ ٱلسُّبُلَ ١٥٣ ﴾ [الانعام: ١٥٣]

“Ин роҳ (ки ман онро бароятон баён кардаам) роҳи мустақими ман аст. Аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои (ботиле, ки шуморо аз он наҳй кардаам) пайравӣ накунед…“.

Сураи Анъом – 154

Ва аз Муъоз ибни Ҷабал (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд:

كنت رديف النبي- صلي الله عليه و سلم- علي حمار، فقال لي: “يا معاذ، أتدري ما حق الله علي العباد، و ما حق العباد علي الله”؟ قلت الله و رسوله أعلم، قال: “حق الله علي العباد أن يعبدوه ولا يشرك به شيئا، و حق العباد علي الله أن لا يعذب من لا يشرك به شيئا” قلت: يا رسول الله! أفلا أبشر الناس؟ قال: ”لا تبشرهم فيتكلوا”.

“Ман ҳамроҳи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар улоғе (харе) савор будем, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба ман гуфтанд:

Эй Муъоз! оё медонӣ, ки ҳаққи Аллоҳ бар бандагонаш чист ва ҳаққи бандагон бар Аллоҳ чист?

Гуфтам: Аллоҳ ва расулаш донотаранд. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

Ҳаққи Аллоҳ бар бандагонаш ин аст, ки танҳо ва ягона Ӯро ибодат кунанд ва ба Ӯ чизеро шарик наёранд. Ва ҳаққи бандагон бар Аллоҳ ин аст, ки азоб намекунад Аллоҳ он касеро, ки ба Ӯ ширк наварзидааст.

Гуфтам: Эй Паёмбари Аллоҳ! Оё мардумро башорат (хушхабар) диҳам? Паёмбар фармуд: Мардумро ба ин амр мужда мадеҳ, вагарна ба ин башорат эътимод хоҳанд кард (яъне: аз амал кардан танбалӣ мекунанд).

(Ривояти Бухорӣ 2856, Муслим 30)

Баёни масъалаҳои ин боб:

1- Баёни ҳикмат аз офариниши ҷинн ва инс (Ҷинн ва Инс танҳо барои бандагии Аллоҳ халқ карда шудаанд).

2- Асли ибодат ва бандагӣ ин тавҳид ва яктопарастӣ аст, зеро ки хусумат (ҷангу ҷидол) байни Паёмбарон ва қавмҳояшон аввал барои ҳамин амр буд.

3- Агар касе тавҳидро ба ҷой наёварад, пас Аллоҳро ибодат накардааст. Чи тавре, ки Аллоҳ дар сураи Кофирун ояти 3, мефармояд: “Ва шумо низ намепарастед ончиро ки ман мепарастам” (яъне, ки ибодати шумо мисли ибодат ман нест. Ибодати шумо бар асоси ширк аст).

4- Ҳикмат аз фиристодани Паёмбарон. (яъне, ки ҳамаи Паёмбарон барои таблиғи тавҳид ва яктопарастӣ мабъус шудаанд).

5- Рисолат ва даъвати Паёмбарон ба ҳамаи қавмҳо расидааст.

6- Дини ҳамаи Паёмбарон як аст (тавҳид ва яктопарастӣ).

7- Масъалаи бузург ин аст, ки шарти ба даст овардани ибодат (ва тавҳид) ин тамоми тоғутҳоро инкор кардан аст. Чи тавре, ки Аллоҳ мефармояд:

” فمن يكفر بالطاغوت و يؤمن بالله … ”

“Бинобарин, касе, ки куфр меварзад ба тоғут ва имон меорад ба Аллоҳ, пас ба маҳкамтарин ресмоне чанг задааст…”.

Сураи Бақара – 256.

8- Калимаи тоғут маънои омм ва васеъ дорад. Ба ҳар чизе, ки ба ҷуз Аллоҳ парастида мешавад тоғут мегӯянд.

9- Се ояти сураи Анъом дар назди салаф (гузаштагони мо) қадру манзалати зиёд дорад. Дар он се оят даҳ масъала зикр шудааст, ки нахустини он наҳй аз ширк мебошад.

10- Дар оятҳои Сураи Исро’ ҳаждаҳ масъала ҳаст ва Аллоҳ таъоло ин масъалаҳоро бо ин сухани худ оғоз кардааст:

﴿لَّا تَجۡعَلۡ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَقۡعُدَ مَذۡمُومٗا مَّخۡذُولٗا ٢٢﴾ [الاسراء: ٢٢]

“Маъбуди дигареро ҳамроҳи Аллоҳ қарор мадеҳ, вагарна мавриди маломат ва хору забун хоҳӣ монд”.

Сураи Исро’ – 22

Ва бо ин суханаш хотима додааст:

﴿وَلَا تَجۡعَلۡ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتُلۡقَىٰ فِي جَهَنَّمَ مَلُومٗا مَّدۡحُورًا ٣٩﴾ [الاسراء: ٣٩]

“Маъбуди дигареро ҳамроҳи Аллоҳ қарор мадеҳ, вагарна маломатшудаву рондашуда ба Ҷаҳаннам андохта мешавӣ”.

Сураи Исро’ – 39.

Аллоҳи азза ва ҷалла моро ба бузургии мартабаи ин масъалаҳо огоҳ сохта (дар охир) мефармояд:

﴿ذَٰلِكَ مِمَّآ أَوۡحَىٰٓ إِلَيۡكَ رَبُّكَ مِنَ ٱلۡحِكۡمَةِۗ ٣٩﴾ [الاسراء: ٣٩]

“Ин (супоришҳо) аз ҳикматҳое ҳаст, ки Парвардигорат ба ту ваҳй кардааст”.

Сураи Исро‘ – 39

11- Аллоҳ таъоло ояти сураи “Нисо”-ро, ки ояти ҳуқуқи даҳгона номида мешавад, бо ин суханаш оғоз кардааст:

﴿وَٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُشۡرِكُواْ بِهِۦ شَيۡ‍ٔٗاۖ ٣٦﴾ [النساء : ٣٦]

“Аллоҳи ягонаро ибодат кунед ва ба Ӯ ҳеҷ чизро шарик насозед”.

Сураи Нисо – 36.

12- Огоҳ шудан ба васияти Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пеш аз вафоташ.

13- Донистани ҳаққи Аллоҳ бар мо бандагон.

14- Донистани ҳаққи бандагон бар Аллоҳ, дар ҳоле ки агар ҳаққи Аллоҳро адо кунанд.

15- Ин масъаларо аксарияти саҳобагони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) намедонистанд. (Масъалае, ки Муъоз мехост онро ба дигар саҳобагон мужда диҳад).

16- Ҷоиз аст пинҳон намудани илм дар ҳолате, ки бар манфаъати ислом ва муслимин бошад,. (дар баъзе ҳолатҳо, ва аз баъзе ашхос).

17- Мустаҳаб (писандида) аст башорат додани мусалмон ба он чизе, ки ӯро хушҳол месозад.

18- Хавф ва ҳарос аз такя кардан бар вусъати раҳмат ва меҳрубонии Аллоҳ (ва амал накардан).

19- Агар аз шахсе перомуни масъалае суол карда шавад ва ӯ дар он бора чизе намедонад, пас бояд бигӯяд: Аллоҳ ва Паёмбараш донотар ҳастанд.

20- Ҷоиз аст, ки хосс карда шавад баъзе аз мардум ба хабаре (маълумоте) бидуни ин, ки он хабар ба дигарон гуфта шавад.

21- Баёни тавозуъ ва фурутании Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин, ки бар хар савор мешавад ва шахси дигарро ҳамроҳ савор мекунад.

22- Ҷоиз аст савор шудани ду нафар бар ҳайвони саворӣ.

23- Баёни фазилат ва манзалати Муъоз (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод).

24- Бузургии шаън ва қадри ин масъала (яъне донистани ҳаққи Аллоҳ бар бандагон ва ҳаққи бандагон бар Аллоҳ).

Таҳия ва нашр: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

Гирифташуда аз Китоби тавҳид

- бо истифода аз тарҷумаҳои Абу Муҳаммад ва Исҳоқ ибни Абдуллоҳи Дабирӣ ал-Авазӣ