Акидаи ахли суннат ва чамоат ()

Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин

 

Ин рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.
Акидаи ахли суннат ва чамоат

|

 Акидаи ахли суннат ва чамоат

عقيدة أهل السنة والجماعة

МУҚАДДИМА

    Ҳамду ситоиш парвардигори оламиёнро  ба ваҳдонияти У Таоло шаҳодат медиҳам, ки уро шарике нест ва Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва фиристодаи уст, дуруду салом мар он ҳазрат ва олу асҳобашонро.

   Аммо баъд: Аз ҳама авлотар бояд эътикоди устувор дошт ба ин, ки ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристодаи Аллоҳ Таоло ҳастанд ва расонидани шариати исломиро Аллоҳ Таоло ба он ҳазрат(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)супурдааст ва аз ҷониби парвардигори оламиён ба суи мардум ба ҳидояти дини ҳак фиристода шудаанд.

   Аллоҳ Таоло ба воситаи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба мардум шоиставу салоҳияти онҳоро дар ҳама умур, чи дар умури дунё бошад ва чи дар умури охират бошад, баён намуд. Ва инчунин онҳоро ба суи эътиқоди саҳеҳ, амалҳои солеҳ, ахлоқи нек ва одоби хубу зебо иршод фармуд.

   Баъди рафтани паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз дунё, ёрони он ҳазрат ба ҳамон ро сайр карданд. Онҳо дар роҳи таблиғи рисолати ислом ба мардум аз ҷону мол гузаштанд ва дар роҳи Худо ҷиҳоду мубориза карданд, то исломро ба мо ва ҳамаи мусалмонони ҷаҳон расонданд. Ва дар ҳаққи онҳо ин гуфтаи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳқиқ ёфт: «Тоифае ва гуруҳе аз уммати ман пирузанд то ин, ки қиёмат барпо шавад».

   Бо камоли амонатдори ва дурусти ба насли баъди нақл карданд. Ҳамд мар Худоро, ки моён ба тарикаи онон сайр мекунем ва ин неъмат аст, ки Аллоҳ Таоло барои моён онро ато фармуд. Ва инчунин мегуем, ки барои ҳар муъмин воҷиб аст, ки тариқаи онҳоро бар худ манҳаҷ қарор диҳад.

   Бор Худоё, моён ва бародарҳоямонро дар роҳи ҳақ устувор гардон.

   Муҳимтарин илм илми ақида мебошад ва бинобар ин ман ин рисолаи мухтасарро барои хонандагон тақдим мекунам ва ба он «Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат» ном гузоштам. Ин рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.

   Дар поён аз зоти меҳрубон мепурсем, ки ин амали моро мавриди ихлос қарор диҳад, ва ин рисола мавриди таваҷҷуҳи хонандагони гироми қарор гирад.

*    *    *

 АҚИДАИ МОЁН

Ақидаи моён иборат аст: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло, ва ба фариштагон, китобҳои У Таоло, ва ба паёмбарон, ва ба рузи қиёмат, ва ба тақдири неки ва бади.

   Имон дорем ба парвардигор будани Аллоҳ Таоло, яъне ягона медонем Худовандро, ки офарандаи тамоми оламиён аст.

   Имон дорем ба илоҳияти Аллоҳ Таоло, яъне Аллоҳ Таоло зотест, ки лоиқи ибодату парастиш аст ва ғайри У ҳама маъбудон ботилу дуруғ аст.

   Имон дорем ба ному сифатҳои У Таоло. Аллоҳ Таоло дорои ному сифатҳои пурраву воло аст.

   Имон дорем ба ваҳдонияти Аллоҳ Таоло, яъне Аллоҳ Таоло илоҳи ягонаву танҳо аст. Шарике нест уро чи дар рубубият бошад ва чи дар улуҳият.

   Чунончи Аллоҳ Таоло мефармояд:

"رب السماوات والأرض و ما بينهما فاعبده و اصطبر لعبادته هل تعلم له سميا"مريم-65 .

  «Уст парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни инҳост, пас ибодати У кун ва устувор бош бар ибодати вай оё медони барои у ҳамноме (монанде)».  (Марям-65).

   Ва инчунин ба ин қавли Аллоҳ Таоло имон дорем:

  "الله لا إله إلا هو الحي القيوم لا تأخذه سنة و لا نوم له ما في السماوات و الأرض من ذا الذي يشفع عنده إلا بإذنه يعلم ما بين أيديهم و ما خلفهم و لا يحيطون بشيء من علمه إلا بما شاء وسع كرسيّه السماوات و الأرض و لا يؤده حفظهما و هو العلي العظيم". (البقرة-255).

   «Аллоҳ Таоло он зоте аст, ки ҳеҷ маъбуди барҳақе нест ба ҷуз вай зинда тадбиркунандаи олам аст, намегирад уро пинаки (яъне, хоби сабук) ва на хоб, урост ончи дар осмонҳо аст ва ончи дар замин аст, кист онки шафоат кунад назди у магар ба иҷозати у. Медонад ончи пеши дасти эшон аст ва ончи паси пушти эшон аст ва фаро намегиранд мардум аз маълумоти ҳақ чизеро, магар ба ончи вай хостааст, фаро гирифтааст курсии у осмонҳо ва заминро ва гирон намешавад бар вай нигаҳбони ин ҳарду, ва у воломакому бузург аст». (Бақара-255).

   Ва ба ҳамаи сифатҳои илоҳи имон дорем, сифатҳое, ки худро дар Қуръони карим ба он васф намудааст:

  "هو الله الذي لا إله إلا هو عالم الغيب و الشهادة هو الرحمن الرحيم. هو الله الذي لا إله إلا هو الملك القدوس السلام المؤمن المهيمن العزيز الجبار المتكبر سبحان الله عما يشركون . هو الله الخالق البارئ المصور له الأسماء الحسنى يسبح له ما في السماوات و الأرض و هو العزيز الحكيم" .  (الحشر-22-24).

   «Уст он Худо, ки нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар у донандаи ниҳон ва ошкор, уст бахшояндаву меҳрубон.Уст он Худо, ки нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар у, подшоҳи пок,саломат аз ҳама айб, амндиҳанда,нигаҳбон, ғолиб, худихтиёр, бузургвор, поки Худорост аз шарик қарор додани эшон. Уст Худо, холиқ, офаридгор, созанда, урост номҳои нек, ба поки ёд мекунад уро ҳар ончи дар осмону замин аст, ва уст ғолибу ҳаким».(Ҳашр: 22-24).

   Имон дорем,ки Аллоҳ Таоло дорои салтанати зами- ну осмон аст.Чунончи Аллоҳ Таоло хабар медиҳад:

"يخلق ما يشاء يهب لمن يشاء إناثا و يهب لمن يشاء الذكور.أو يزوّجهم ذكرانا و إناثا و يجعل من يشاء عقيما إنه عليم قدير". (الشورى-49-50).

   «Меофарад ҳар чи хоҳад, ҳар киро хоҳад духтар ато мекунад ва ҳар киро хоҳад писар ато мекунад. Ё ҷамъ мекунад барои эшон писар ва духтарро ва безуриёт месозад ҳар киро хоҳад, ҳар оина у донову тавоно аст». ( Шуро 49-50)

   Имон дорем, ки ҳеҷ махлуқе ба Худованд монанд нест, на дар зот ва на дар сифот. Далели ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

"ليس كمثله شيء و هو السميع البصير. له مقاليد السماوات و الأرض يبسط الرزق لمن يشاء و يقدر إنه بكل شيء عليم."  (الشورى- 11-12).

   «Нест монанди У Таоло ҳеҷ чизе (на дар зот ва на дар сифот)ва уст шунаво ва бино.Урост калид- ҳои осмонҳо ва замин кушода мекунад ризқу рузи- ро барои ҳар ки хоҳад ва танг мекунад барои ҳар ки хоҳад, ҳар оина у ба ҳар чиз доност».(Шуро 11-12)

   Имон дорем ба ин, ки ризқи бандагон аз Аллоҳ Таоло аст. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"و ما من دابة  في الأرض إلا على الله رزقها و يعلم مستقرها و مستودعها كل في كتاب مبين" (هود-6).

   «Ва нест ҳеҷ чунбандае (махлуқе) дар замин, магар бар Худост ризқу рузии у, ва медонад ҷои мондани уро ва ҷои нигоҳдоштани уро ва ҳама дар китоб равшан аст».( Ҳуд –6).

   Илми ғайбро ба ҷуз Аллоҳ Таоло каси дигаре намедонад.Далели ин иршоди парвардигори ҷаҳониён аст , ки мефармояд:

"و عنده مفاتح الغيب لا يعلمها إلا هو و يعلم ما في البر و البحر و ما تسقط من ورقة إلا يعلمها و لا حبة في ظلمت الأرض و لا رطب و لا يابس إلا في كتاب مبين"(الأنعام-59).

   «Ва назди уст калидҳои ғайб, ки ҳеҷ касе ба ғайри у ғайбро намедонад, ва барге аз дарахт намеафтад, магар ин ки Аллоҳ Таоло ба афтодани он барг доно аст. Ва намеафтад донае дар торикиҳои замин ва на ҳеҷ таре ва на ҳеҷ хушке, магар ин, ки дар китоб (лавҳи маҳфуз) ошкор аст.» (Анъом-59).

   Имон дорем ба ончи Аллоҳ Таоло дар ин оят зикр кардааст:

"وعنده علم الساعة و ينزّل الغيث و يعلم ما في الأرحام و ما تدري نفس ماذا تكسب غدا و ما تدري نفس بأي أرض تموت، إن الله عليم خبير". ( لقمان -34).

   «Ҳар оина Худост, ки назди уст илми қиёмат ва фуруд мефиристад боронро ва медонад ончи дар раҳми модар бошад ва намедонад ҳеҷ шахсе, ки чи кор хоҳад кард фардо ва намедонад ҳеҷ шахсе, ки дар кадом замин хоҳад мурд, ҳар оина Худо донову хабардор аст». (Луқмон-34).

   Имон дорем ба сифати каломи парвардигори оламиён, яъне Аллоҳ Таоло сухан мегуяд ва каломи уст мутааллиқ ба хости У Таоло, яъне ҳар вақте, ки мехоҳад сухан мегуяд. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"و كلم الله موسى تكليما". ( النساء-164).

   «Аллоҳ Таоло ба Мусо сухан гуфт».  (Нисо-164).

   Ва инчунин дар ояти дигар мефармояд:

"ولما جاء موسى لميقاتنا و كلمه ربه". (الأعراف- 143).

   «Ва чун омад Мусо ба ваъдагоҳи мо ва сухан гуфт бо у парвардигори у»(Аъроф-143).

    Ва чуноне, ки дар мавриди дигар Аллоҳ Таоло хабар медиҳад:

"و ناديناه من  جانب الطور الأيمن و قربناه نجيّا" . (مريم-52).

   «Ва нидо кардем уро (Мусоро) аз ҷониби рости куҳи Тур ва наздик сохтем уро, то бишунавад нидои парвардигори худро». (Марям-53).

   Ва инчунин имон дорем,ки сухани парвардигора- мон ҳадд надорад.Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"قل لو كان البحر مدادا  لكلمات ربي لنفد البحر قبل أن تنفد كلمات ربي"

 (الكهف-109).

«Агар баҳр сиёҳи (ранг) бошад барои навиштани суханони парвардигорамон, албатта тамом шавад баҳр пеш аз он, ки ба охир расад суханони парвардигори ман». (Каҳф-109).

   Ва дар ояти дигар Аллоҳ Таоло мефармояд:

"ولو أنما  في الأرض من شجرة أقلام و البحر يمدّه من بعده سبعة أبحر ما نفدت كلمات الله، إن الله عزيز حكيم". (لقمان-27).

   «Ва агар ончи дар замин аст аз дарахтон қаламҳо ҳосил шавад ва баҳр сиёҳи бошад, ва илова бар ин баҳр ҳафт баҳри дигар бошад, бо вуҷуди ин ҳама ба поён нарасад суханони Худо, ҳар оина Худо ғолибу боҳикмат аст».   (Луқмон-27).

   Бовари дорем, ки суханони парвардигорамон комил аст, дар ростиву дар хабарҳо ва дар аҳком одилона аст ва дар сухангуи зебо аст.

   Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"و تمت كلمت ربك صدقا و عدلا". ( الأنعام –115).

   «Комил аст сухани парвардигори ту дар рости ва адолат». (Анъом-115).

   Ва дар мавриди дигар мефармояд:

"و من أصدق من الله حديثا". (النساء-87).

   «Кист ростгуфтор аз Аллоҳ Таоло дар сухан».

    (Нисо-87).

   Қуръони карим каломи Худованди аст ва Аллоҳ Таоло дар ҳақиқат сухан гуфтааст, сипас онро ба ҳазрати Ҷибрил (а) супурдааст ва он ҳазрат Қуръонро ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фуруд овардаанд. Далел ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

"قل نزله روح القدس من ربك بالحق". (النحل-102).

«Бигу фуруд овардааст уро руҳул қуддус(Ҷабра- ил)аз ҷониби парвардигори ту ба рости».(Наҳл-102).

   Ва инчунин Аллоҳ Таоло хабар медиҳад:

"و إنه لتنزيل من رب العالمين. نزل به الروح الأمين. على قلبك لتكون من المنذرين. بلسان عربي مبين".(الشعراء 195-192).

   «Ва ҳароина Қуръонро фуруд овардааст парвар- дигори оламиён.Онро руҳул амин(Ҷабраил) фуруд овардааст,бар дили ту,то шави аз тарсо- нандагон ба забони арабии равшан».(Шуаро: 192-195).

   Имон дорем, ки ҳароина Аллоҳ Таоло воломақом аст. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло дар сураи Бақара иршод мефармояд:

"و هو العليّ العظيم". (البقرة-255).

   «Ва у Худованди воломақом ва бузургқадр аст».

  (Бақара-255).

   Ва дар ояти дигар мефармояд:

 "و هو القاهر فوق عباده و هو الحكيم الخبير". (الأنعام-18).

  «Ва уст ғалабакунанда бар бандагонаш ва уст соҳиби ҳикмат ва бохабар». (Аном-18).

   Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло болои осмон бар Арш устувор аст. Далел ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

"خلق السماوات و الأرض في ستة أيام ثم استوى على العرش يدبر الأمر". (يونس-3).                       

   «Осмонҳо ва заминро дар шаш руз офарид, пас бар Арш устувор гардид, тадбир мекунад амрҳоро». (Юнус-3).

   Ва устувор будани Аллоҳ Таоло бар Арш ба у лоиқ ва сазовор аст ва ҳеҷ махлуқе ба у монанд нест. Ва чигунагии ин сифатро ба чуз Аллоҳ Таоло каси дигаре намедонад.

   Ва ҳамчунон имон дорем, ки Аллоҳ Таоло бо мост ба илм ва доноияш, ки мешунавад моро ва мебинад. Ва уст ризқдиҳандаи факирон. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

   "ليس كمثله شيء و هو السميع البصير". (الشورى-11).

   «Нест монанди Аллоҳ Таоло ҷизе (на дар зот ва на дар сифот) ва уст шунаво ва бино».  (Шуро-11).

   Набояд гуфт, ки Аллоҳ Таоло бо махлуқоташ аст дар замин, зеро ин сифати нақс аст ва ба Аллоҳ Таоло лоиқ нест,гуфтани ин ибора куфру залолат аст.

   Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дар ҳар шаб (дар сеяки охири шаб) ба осмони дунё фуруд меояд.

   Тавре, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"من يدعوني فأستجيب له من يسألني فأعطيه من يستغفرني فأغفر له".

   «Аллоҳ Таоло дар ҳар шаб ба суи осмони дунё фуруд меояд, ва ба суи бандагонаш нидо мекунад: «Касе,ки маро дуо кунад,пас ман дуоашро маври- ди иҷобат мегардонам,ва касе,ки аз ман ҳоҷаташ- ро пурсад, пас ман ҳоҷаташро мебарорам, ва касе, ки аз ман талаби бахшиш гуноҳҳо кунад, пас ман гуноҳҳои уро мебахшам».

   Ва инчунин имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дар рузи растохез ба назди бандагонаш ояд, ва байни онҳо қисмат мекунад ва онҳоро ҳисобу китоб хоҳад кард.

   Далел бар ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

"كلا إذا دكت الأرض دكا دكا. و جاء ربك و الملك صفا صفا. و جىء يومئذ بجهنم يومئذ يتذكر الإنسان و أنى له الذكرى".  (الفجر: 21-23).

  «На чунин аст, чун паст карда шавад баландии заминро, паст кардан паси паст кардан. Ва биёяд парвардигори ту ва биёянд фариштагон саф-саф шуда. Ва оварда шавад он руз дузахро,  ва дар он руз инсон ёд кунад гуноҳҳои худро ва лекин ин амр уро манфиате нахоҳад расонид». (Фаҷр-21-23).

   Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дорои ирода аст, яъне ҳар кореро, ки хоҳад онро анҷом медиҳад. Тавре, ки Аллоҳ Таоло баён мекунад:

"فعّال لما يريد". ( البروج-16).

   «Кунанда аст, ҳар чизеро, ки хоҳад»(Буруҷ-16).

   Иродаи Аллоҳ Таоло бар ду қисм аст:

   1) Кавни: Ҳар амале, ки анҷом дода мешавад ва он амал дар назди Аллоҳ Таоло ҳатман маҳбуб буданаш лозим нест. Ва ин ирода маънои машият ва хостанро дарбар мегирад. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"و لو شاء الله ما اقتتلوا و لكن الله يفعل ما يريد". (البقرة-253).

    «Ва агар Худо мехост бо якдигар ҷанг намекарданд, ва локин Аллоҳ Таоло чизе, ки мехоҳад анҷом медиҳад». (Бақара-253).

   Ва дар ояти дигар хабар медиҳад:

"إن كان الله يريد أن يغويكم هو ربكم". (هود-34).

   «Агар Худо хоста бошад, ки гумрох кунад шуморо, уст парвардигори шумо».   (Ҳуд-34).

   2) Иродаи шаръи: Ҳар амале, ки дар назди Аллоҳ Таоло маҳбуб аст. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"و الله يريد أن يتوب عليكم".  (النساء-27).

   «Худо мехоҳад, ки тавбаҳои шуморо қабул кунад»(Нисо-27).

   Ва ҳама намудҳои иродаи илоҳи мувофиқи ҳикмати У Таоло мебошад. Ва ҳар амале, ки кавни бошад ва ё шаръи ҳама мувофиқи ҳикмати илоҳи қарор хоҳад гирифт. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"أليس الله بأحكم الحاكمين".  (التين-7).

«Оё нест Худо ҳукмкунандатарини ҳокимон».

                                                                          ( Тин-7).                                                                 

   Ва дар мавриди дигар иршод мефармояд:

"و من أحسن من الله حكما لقوم يوقنون". ( المائدة-50).

   «Ва кист дар ҳукмрони хубтар аз Худо барои кавме, ки имон доранд»(Моида-50).

   Аллоҳ Таоло авлиё (дустон)-и худро дуст медорад ва инчунин эшон У Таолоро дуст медоранд.

   Аллоҳ Таоло ба Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

"قل إن كنتم تحبون الله فاتبعوني يحببكم الله".( آل عمران-31).

   «Бигу, агар Худоро дуст доред, пас пайравии ман бикунед,Худо шуморо дуст медорад».(Оли Имрон-31).

   Ва дар ояти дигар мефармояд:

"فسوف يأتي الله بقوم يحبهم و يحبونه". ( المائدة-54).

   «Пас Худо гуруҳеро хоҳад овард, ки онҳоро дуст медорад ва онҳо низ уро дуст медоранд».(Моида-54).

   Ва инчунин Аллоҳ Таоло мефармояд:

"و الله يحب الصابرين".( آل عمران-146).

   «Худованд сабркунандагонро дуст медорад»

 (Оли Имрон-146).

   Ва инчунин мефармояд:

"و أقسطوا إن الله يحب المقسطين". (الحجرات-9).

   «Адл кунед, ҳар оина Худованд одилонро дуст медорад»(Ҳуҷурот-9).

   Ва инчунин хабар медиҳад:

"و أحسنوا إن الله يحب المحسنين". ( البقرة-195).

   «Некуи кунед, ҳар оина Худованд некукоронро дуст медорад». (Бақара-195).

   Он амалҳое, ки Аллоҳ Таоло моёнро ба он фармудааст,ҳама мавриди ризоии Аллоҳ Таоло қарор гирифтааст ва он амалҳое, ки Аллоҳ Таоло моёнро аз он боз дошта наҳй кардааст,он амалҳо дар назди Аллоҳ мавриди нописанди қарор гирифтааст. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"إن تكفروا فإن الله غني عنكم، و لا يرضى لعباده الكفر و إن تشكروا يرضه لكم"  

( الزمر-7).

   «Агар куфр варзед, пас ҳароина Худованд аз шумо бениёз аст ва барои бандагони худ куфрро писанд нахоҳад дид ва агар сипосдори кунед, писанд кунад онро барои шумо»(Зумар-7).

   Ва инчунин хабар медиҳад:

"و لكن كره الله انبعاثهم فثبّطهم و قيل اقعدوا مع القاعدين". (التوبة-46).

   «Ва лекин нописанд дошт Худо барангехтани эшонро, пас аз ҳаракат боз дошт эшонро ва гуфта шуд ба онҳо бишинед бо нишинандагон».

 (Тавба-46).

   Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло ононеро,ки ба ягонагии У Таоло имон оварда амалҳои солеҳ анҷом медиҳанд, онҳоро мавриди ризову магфираташ қарор дода аст.

   Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"رضى الله عنهم و رضوا عنه، ذلك لمن خشي ربّه". ( البينة-8).

   «Рози шуд Худо аз онҳо ва онҳо низ рози шуданд аз Худо, ин ваъда касерост, ки битарсад аз парвардигори худ». (Баййина-8).

   Ҳамчунин ононе, ки ба Аллоҳ Таоло куфр ва ширк варзидаанд, онҳоро мавриди ғазаби худ карор хоҳад дод. Иршоди ҳақ Таоло аст, ки мефармояд:

"الظانّين بالله ظن السوء، عليهم دائرة السوء، و غضب الله عليهم". ( الفتح-6).

   «Гумонкунандаанд бар Худо гумони бад, бар эшон мусибату ғазаби Худо  бод»(Фатҳ-6).

   Ва инчунин дар ояти дигар мефармояд:

"و لكن من شرح بالكفر صدرا فعليهم غضب من الله و لهم عذاب عظيم". (النحل-106).

   «Ва лекин касе, ки дилашро кушода кунад ба куфр (яъне, рози шавад) бар эшон аст ғазаб аз Худо ва эшонрост азоби бузург».  (Наҳл-106).

   Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дорои сифати ваҷҳ аст, ки ба У Таоло лоиқ ва сазовор аст ва ҳеҷ махлуқе ба у монанд нест.Чуноне,ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"و يبقى وجه ربك ذو الجلال و الإكرام"   ( الرحمن-27).

   «Ва боқи монад руи парвардигори ту, Худованди бузургиву эҳтиром». (Раҳмон-27).

   Ва инчунин имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дорои сифати ду даст мебошад, чуноне, ки иршод мефармояд:

"بل يداه مبسوطتان ينفق كيف يشاء". ( المائدة-64).

   «Балки ду дасти у кушода аст, сарф мекунад чунончи мехоҳад». (Моида-64).

   Ва инчунин дар ояти дигар мефармояд:

"و ما قدروا الله حق قدره و الأرض جميعا قبضته يوم القيامة و السماوات مطويات بيمينه سبحانه و تعالى عما يشركون".  ( الزمر-67).

   «Ва кадрдони накарданд Худовандро ҳаққи қадрдонии у, замин ҳама якҷо дар мушти у бошад рузи қиёмат ва осмонҳо печида шаванд дар дасти рости у, поки урост ва бузург аст У Таоло аз он чи ба у шарик қарор медиҳанд»(Зумар-67).

   Имом Абу Ҳанифа гуфтаанд: Он чиро, ки Аллоҳ Таоло дар Қуръон зикр намуд, аз қабили ваҷҳ, даст ва нафс, ин ҳама сифати У Таоло аст, чигунагии онро намедонем, ва гуфта намешавад, ки даст ба маънои қудрати уст ва ё ба маънои неъмати уст, зеро дар ин тафсир ибтоли сифати парвардигор аст, ва чунин таъвил ақидаи кадария ва муътазила аст.Ва мо аҳли суннат мегуем,ки даст сифати уст ва бо он бовар ме- кунем ва чигунагии онро намедонем.

        (Фиқҳи Акбар: 6-7).

   Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло дорои сифати ду чашми ҳақиқи аст. Далел бар ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

"و اصنع الفلك بأعيننا و وحينا".  (هود-37).

   «Ва бисоз киштиро ба чашмони мо ва фармони мо»(Ҳуд-37).

   Ва инчунин ин сифати бузург дар назди аҳли суннат ва ҷамоат мавриди иттифоқ қарор гирифтааст.

   Ҳамчунон имони комил дорем, ки касе наметавонад Аллоҳ Таолоро дар дунё бибинад ва касе У Таолоро тасаввур карда наметавонад. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"لا تدركه الأبصار و هو يدرك الأبصار و هو اللطيف الخبير". (الأنعام-103).

    «Дар намеёбад У Таолоро чашмҳо (яъне дар дунё) ва у дар меёбад чашмҳоро ва уст меҳрубону огоҳ». (Аном-103).

   Имон дорем,ки муъминон дар рузи қиёмат парвардигорашонро мебинанд ва ба суйи У Таоло нозир мешаванд. Аллоҳ Таоло аҳволи муъминонро дар рузи қиёмат васф намуда мефармояд:

 "وجوه يومئذ ناضرة، إلى ربها ناظرة".  (القيامة: 22-23).

   «Ҷеҳраҳо дар он руз тоза бошанд ба суи парвар- дигори ҳуд назаркунанда бошанд». (Қиёмат: 22-23).

   Худованди меҳрубонро масъалат дорем, ки моёнро дар рузи қиёмат сазовори ба зоти покаш назар кардан гардонад ва аз он маҳрум магардонад.

   Имони комил дорем, ки сифатҳои парвардигорамон ҳама пурраву комил аст ва ҳеҷ чизе ба У Таоло монанд нест.

"ليس كمثله شيء و هو السميع البصير". (الشورى-11).

   «Нест монанди Аллоҳ Таоло чизе (на дар зот ва на дар сифот) ва уст шунаво ва бино».  (Шуро-11).

   Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло аз сифатҳои нуқсону очизи пок аст. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло фармуд:

"لا تأخذه سنة و لا نوم".  (البقرة-255).

   «Намегирад уро пинаки ва на хоб». (Бақара-255).

   Аллоҳ Таоло бар адолати комил доро аст ва касеро зулму ситам нахоҳад кард ва аз У Таоло амалҳои бандагонаш ҳаргиз пинҳон намешавад, зеро онҳо доимо зери назорату муроқабати у ҳастанд. Чизе, ки дар замин бошад ва ё дар осмон бар Аллоҳ Таоло ғалаба карда наметавонад, балки ҷамии махлуқот, чи дар замин бошад ва чи дар осмон ҳама дар назди парвардигор очиз ҳастанд. Аллоҳ Таоло ҳар чизеро, ки мехоҳад онро анҷом медиҳад. Чуноне, ки худованд дар сураи Ёсин иршод мефармояд:

"إنما أمره إذا أراد شيئا أن يقول له كن فيكون".(يس-82).

   «Ҷуз ин нест фармони Худо чун бихоҳад офари дани чизеро, бигуяд,бишав,пас мешавад».(Ёсин-82).

   Сифатҳои машаққату монда шудан ва хаста шудан ба Аллоҳ Таоло лоиқ нест ва Аллоҳ Таоло аз инҳо пок аст. Тавре, ки дар сураи Коф аз ин сифатҳои очиз худро танзеҳ карда мефармояд:

"و لقد خلقنا السماوات و الأرض و ما بينهما في ستة أيام و ما مسنا  من لغوب".

 (ق-38).

   «Ва ҳар оина офаридем осмонҳо ва заминро ва ончи дар миёни ҳарду аст, дар шаш руз ва нарасид ба мо ҳеҷ мондагие». (Қоф-38).

   Мавсуф медонем парвардигорамонро ба сифатҳое, ки худро дар Қуръони карим бо он васф намудааст ва паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ У Таолоро ба ин сифатҳо васф намудаанд. Ва чигунагии онҳоро намедонем ва дар кайфияти онҳо баҳсу ҷустуҷу нахоҳем кард, инчунин маънои ин сифатҳоро таъвилу таҳриф намекунем ва У Таолоро ба чизе аз махлуқот монанд намедонем.

   Ҳар чизеро, ки Аллоҳ Таоло худро аз он пок кард, мо низ У Таолоро аз он чизҳо пок медонем.

    Ин манҳаҷро чун манҳаҷи баргузида эътиқод мекунем. Бар ҳар фарди мусалмон воҷиб аст, ки пайравии ин манҳаҷ кунад. Сифоте,ки Аллоҳ Таоло худро бо он дар Қуръони карим васф намуд ва паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва саллам)низ бо он васф намуданд, қабул дорем. Касе салоҳияти рад кардани қавли Аллоҳ Таоло ва паёмбари у (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)надорад.Бинобар ин бар ҳар мусал- мон дар ин манҳаҷ сайр кардан ҳатман воҷиб аст.

*    *    *

 ФАСЛ

    Сифатҳое, ки дар боло зикр гашт ҳама бар асоси Қуръону суннат ва ақволи имомҳои аҳли суннат ва ҷамоат мебошад,ба мисли имом Абуҳанифа ва ғайраҳо.

   Аллоҳ Таолоро ба ин сифатҳо мавсуф медонем, ки лоиқ ва сазовор ба Худованд аст. Ҳаргиз онҳоро инқор ва ё таъвил намекунем. Инчунин ин сифатҳоро ба чизи дигар монанд намедонем. Дар чигунагии онҳо аз баҳс ва ҷустуҷуйи худро дур медорем.

   Якин дорем, ки оятҳои дар Қуръон воридшуда ва ҳадисҳои паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳама ҳаққанд, ва байни онҳо ҳеҷ мухолифат вуҷуд надорад, чунончи Аллоҳ Таоло мефармояд:

"أفلا يتدبّرون القرءان و لو كان من عند غير الله لوجدوا فيه اختلافا كثيرا" (النساء-82).

   «Оё тааммул намекунанд Қуръонро? Ва агар аз назди ғайри Худо мебуд, албатта меёфтанд дар он ихтилофи бисёре». (Нисо-82).

   Агар шахсе гумон кунад, ки байни ин ояту ҳадисҳо ихтилоф аст, пас у ҳароина аз роҳи ҳақ инҳироф варзида аз манҳаҷи муваҳҳидон руй гардонидааст. Ва бояд ба даргоҳи илоҳи тавбаву инобат кунад.

   Ин гумони зишту қабеҳ ба сабаби гафлату ҷаҳл ва кутоҳфаҳми ҳосил мешавад, пас соҳиби ин гумон бояд талаби илм карда уламои аҳли суннатро бар худ марҷеъ қарор бидиҳад. Ва дар мавриди оятҳои сифот ҳамонро бигуяд, ки уламои собитақида мегуянд:

 "آمنّا به كل من عند ربنا".   ( آل عمران-7).

   «Имон овардем ба ин муташобеҳ, ин ҳама аз назди парвардигори мост». (Оли Имрон-7).

*    *    *

 ФАСЛ

    Имон дорем ба фариштагони Аллоҳ Таоло, ки дар васфи онҳо Худованд мефармояд:

"بل عباد مكرمون لا يسبقونه بالقول و هم بأمره يعملون". ( الأنبياء-26-27).

   «Бандагони гиромианд, пешдасти намекунанд бар Худо ба ҳеҷ сухан ва эшон ба фармони вай кор мекунанд». (Анбиё-26-27).

   Фариштагон бандагони шарифу гиромианд. Аллоҳ Таоло онҳоро офарид ва дар ибодат барпо ҳастанд ва фармони уро сар фароварданд. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"لا يستكبرون عن عبادته و لا يستحسرون، يسبّحون الليل و النهار لا يفترون"

 ( الأنبياء-19-20).

   «Саркаши намекунанд аз ибодати у ва монда намешаванд. Тасбеҳ мегуянд шаб ва руз, сусти наменамоянд». (Анбиё-19-20).

   Фариштагон махлуқоте аз олами ғайб ҳастанд, ки мо онҳоро бо чашм мушоҳида намекунем. Барҳе аз бандагони Аллоҳ Таоло бо иродаи У Таоло фариштагонро мушоҳида кардаанд. Мисли паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳазрати Ҷибрил (а)-ро мушоҳида карданд. Вақте, ки сари шарифашонро баланд карданд Ҷибрил (а)-ро дар осмон диданд, ки шашсад бол доранд ва ҳар боре уфуқро пушидааст.

   Инчунин ҳазрати Марям (а) Ҷибрил (а)-ро мушоҳида карданд, ки ба наздашон ба сурати одами ҳозир шуда буданд.

   Ҳамчунон рузе саҳобагон дар назди паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаста буданд, ки ногаҳон марде бо либосҳои бисёр сафед ва покиза вориди маҷлис шуд, ва муйи сараш бисёр сиёҳ буд ва ба у ҳеҷ асаре аз сафар дида намешуд. Ва дар назди паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нишаст ва ду зонуи худро ба ду зонуи паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) часпонид ва ду дасти худро бар ду рони худ гузошт ва бо ҳамроҳии паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мухотаба кард. Ва дар охир паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ёронашонро хабар доданд, ки ин мард ҳазрати Ҷибрил (а) буданд.

   Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло онҳоро ба корҳои гуногун мукаллаф кардааст, пас аз ҷумлаи онҳо ҳазрати Ҷибрил (а), ки вакили ваҳйи илоҳи буда аз назди Худованд ба касе, ки Худои Таоло аз бандагони худ уро баргузад, ваҳйро нозил мекунанд.

   Аз ҷумлаи фариштагон ҳазрати Микоил (а) мебошанд, ки ба борону наботот муваккал ҳастанд. Ва ҳазрати Исрофил (а), ки ба кашидани сур ба рузи қиёмат фармуда шудаанд.

   Аз ҷумлаи онҳо фариштаи марг ҳастанд, ки ба гирифтани арвоҳ дар ҳангоми марг фармуда шудаанд.

   Ҳамчунон фариштагоне ҳастанд, ки маъмур ба куҳҳо ҳастанд. Ва фариштагоне ҳастанд, ки маъмур ба оташ ва азоби аҳли дузах мебошанд.

   Инчунин фариштагоне ҳастанд, ки маъмуранд ба нутфа дар шиками модар. Ва дигарон муваккаланд ба ҳифзи инсонҳо ва ё ба навиштани аъмоли бандагон. Дар ҳар як банда ду фаришта маъмурият доранд. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло иршод мефармояд:

 "عن اليمين و عن الشمال قعيد، ما يلفظ من قول إلا لديه رقيب عتيد".(ق-17-18).

   «Ба паҳлуи рост нишинанда ва ба паҳлуи чап нишинанда.Ба забон намеорад одаме ҳеҷ суханеро магар назди у нигаҳбонест муҳайё».  (Қоф 17-18).

   Ҳамчунон фариштагоне ҳастанд, ки ба савол кардани мурда маъмуранд, яъне вақте, ки банда бимирад, дар қабр ду фаришта ба назди вай омада аз парвардигораш ва дину паёмбараш мепурсанд.

   Аллоҳ Таоло мефарояд:

"يثبت الله الذين آمنوا بالقول الثابت في الحياة الدنيا و في الآخرة و يضلّ الله الظالمين، و يفعل الله ما يشاء"(إبراهيم-27).

   «Ва устувор месозад Худо мусалмононро бар сухани дуруст дар зиндагии дунё ва дар охират ва гумроҳ месозад Худо ситамгоронро ва мекунад Худо он чи мехоҳад».   (Иброҳим-27).

   Аз ҷумлаи онҳо фариштагоне ҳастанд, ки муваккал ба аҳли биҳишт ҳастанд. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"يدخلون عليهم من كل باب سلام عليكم بما صبرتم فنعم عقبى الدار" (الرعد-23-24).

   «Дохил шаванд  бар эшон аз ҳар дарвоза. Гуянд саломати бод бар шумо ба сабаби сабр кардани шумо, пас нек аст ҷазои он манзил»(Рад-23-24).

   Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"أن البيت المعمور في السماء يدخله – و في رواية – يصلي فيه كل يوم سبعون ألف ملك ثم لا يعودون إليه آخر ما عليهم". 

   «Байтул-маъмуре, ки дар осмон мавҷуд аст, ҳар руз ҳафтод ҳазор фариштагон вориди он байт мегарданд ва касе аз онҳо аз ин байт (хона) хориҷ нахоҳанд шуд».

*    *    *

 ФАСЛ 

    Имон дорем ба он, ки Аллоҳ Таоло ба фиристодагони худ китоб фиристода аст, ки дар он бурҳону ҳикмат ва раҳнамоиву некуи аст. Тавре, ки Аллоҳ Таоло дар ин оят мефармояд:

"لقد أرسلنا رسلنا بالبينات و أنزلنا معهم الكتاب و الميزان ليقوم الناس بالقسط"

   (الحديد-25).

   «Ҳар оина фиристодем паёмбарони худро ба нишонаҳои возеҳ ва фуруд овардем ҳамроҳи эшон китоб ва тарозуро то амал кунанд мардумон ба инсоф». (Ҳадид-25).

   Аз ҷумлаи китобҳое, ки фуру фиристода аст:

1) Таврот, ки Аллоҳ Таоло онро ба ҳазрати Мусо (а) фиристода аст ва он бузургтарин китоби бани Исроил шуморида мешавад.

   Чуноне, ки ҳақ Таоло мефармояд:

"فيها هدى و نور يحكم بها النبيون الذين أسلموا للذين هادوا و الربانيون و الأحبار بما استحفظوا من كتاب الله و كانوا عليه شهداء" (المائدة-44).

   «Дар он ҳидоят ва равшани аст, ҳукм мекунанд ба он паёмбароне, ки сар ҳам кардаанд ба фармони илоҳи, барои яҳуд ва ҳукм мекунанд худопарастон, ва олимон, эшон ҳама ҳукм мекарданд ба он чи ҳофизи он гардонида шудаанд аз китоби Худо ва бар он шоҳид буданд».(Моида-44).

2) Инҷил, ки Худои Таоло онро ба ҳазрати Исои Масеҳ (а) нозил карда аст ва он тасдиққунандаи Таврот аст. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"و آتيناه الإنجيل فيه هدى و نور و مصدقا لما بين يديه من التوراة و هدى و موعظة للمتقين". (المائدة-46).

   «Ва додем уро Инҷил, дар он ҳидоят ва равшани аст ва тасдиққунандаи Таврот аст ва ҳидоят ва пандкунандаи парҳезкорон аст».   (Моида-46).

3) Забур, ки онро Аллоҳ Таоло ба ҳазрати Довуд (а) нозил кардааст.

4) Саҳифаҳои Иброҳим ва Мусо (а).

5) Қуръони қарим, ки Аллоҳ Таоло онро ба ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил кардааст.

   Аллоҳ Таоло дар Қуръони карим васфи ин китоби бузургро карда мефармояд:

"هدى للناس و بيّنات من الهدى و الفرقان". (البقرة-185).

  «Раҳнамо барои мардумон ва суханони равшан аз ҳидоят ва аз ҷудо кардани ҳақ аз ботил»(Бақара-185).

   Ва дар ояти дигар иршод мефармояд:

"مصدقا لما بين يديه من الكتاب و مهيمنا عليه". (المائدة-48).

   «Тасдиққунандаи ончи пеш аз он буд аз китобҳо ва нигаҳбон бар онҳо (китобҳо) аст».  (Моида-48).

   Аллоҳ Таоло бо Қуръони карим тамоми китобҳои пешинаро мансух кардааст ва ҳифзу ҳимояи онро ба зиммаи худ гирифтааст. Тавре, ки хабар медиҳад:

"إنا نحن نزّلنا الذّكر و إنا له لحافظون".  (الحجر-9).

   «Ҳароина фуруд овардем Қуръонро ва ҳароина мо онро нигаҳбонем». (Ҳаҷар-9).

   Қуръони карим то рузи қиёмат барои ҷамии инсоният ҳуҷҷату далел боқи монд, аммо китобҳои пешина дорои ин сифатҳо нашуда буданд, балки салоҳияти онҳо муваққати буд ва ҳифзу ҳимояи онҳоро Аллоҳ Таоло бар зиммаи худ нагирифта буд. Бинобар ин дар ин китобҳо таҳрифу тағйир ва зиёдаву нуқсон ба вуҷуд омад, чуноне, ки Аллоҳ Таоло хабар медиҳад:

 "فويل للذين يكتبون الكتاب بأيديهم ثم يقولون هذا من عند الله ليشتروا به ثمنا قليلا فويل لهم مما كتبت أيديهم و ويل لهم مما يكسبون"(البقرة-79).

   «Пас вой он касонро, ки менависанд китобро ба дастони худ, пас мегуянд ин аз назди Худост, то бигиранд ивази он баҳои андакеро. Пас вой эшонро ба сабаби навиштани дастҳои эшон ва вой эшонро ба сабаби касб намуданашон». (Бақара-79).

   Ва дар ояти дигар иршод мефармояд:

"قل من أنزل الكتاب الذي جاء به موسى نورا و هدى للناس تجعلونه قراطيس تبدونها و تخفون كثيرا"  (الأنعام-91).

    «Бигу,ки фуруд фиристод китоберо,ки оварда аст онро Мусо,равшани ва ҳидоят барои марду- мон,мегардонед онро варақаҳо, ошкор мекунед бархеро ва пинҳон мекунед бисёреро».   (Анъом-91).

   Ҳамчунин парвардигори оламиён дар сураи Оли Имрон бар моён аз аҳволи ононе, ки дар китобҳои муқаддас таҳрим меварзиданд, хабар медиҳад:

"و إن منهم لفريقا يلوون ألسنتهم بالكتاب لتحسبوه من الكتاب و ما هو من الكتاب و يقولون هو من عند الله و ما هو من عند الله و يقولون على الله الكذب و هم يعلمون. ما كان لبشر أن يؤتيه الله الكتاب و الحكم و النبوة ثم يقول للناس كونوا عبادا لي من دون الله"  (آل عمران-78-79).

   «Ва ҳароина аз аҳли китоб гуруҳе ҳастанд, ки мепечанд забони хешро ба (хондани) китоб, то гумон кунед, ки он аз китоб аст ва дар ҳақиқат нест он аз китоб ва мегуянд, ки ин аз назди Худост, ва нест он аз назди Худо, дуруғ мегуянд бар Худо ва ҳол ин аст, ки эшон инро медонанд. Сазовор нест ҳеҷ одамеро, ки ато кунад уро Худо китоб ва илм ва нубувват, боз бигуяд ба мардумон ба ман бандагон шавед ба ғайри Худо».

(Оли Имрон:78-79).

   Ҳамчунон дар сураи Моида иршод мефармояд:

"يأهل الكتاب قد جاءكم رسولنا يبين لكم كثيرا مما كنتم تخفون من الكتاب".

 (المائدة-15).

   «Эй аҳли китоб ҳароина омад ба шумо паёмбари мо,баён мекунад барои шумо бисёре аз ончи пин- ҳон мекардед аз китоб (китоби илоҳи)». (Моида-15).

"لقد كفر الذين قالوا إن الله هو المسيح ابن مريم" (المائدة-72).

   «Ҳароина кофир шуданд касоне, ки гуфтанд Худо ҳамон Исо писари Марям аст»(Моида-72).

*    *    *

 ФАСЛ

    Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло ба суи бандагонаш паёмбарони гиромиро фиристодааст. Тавре, ки У Таоло мефармояд:

"رسلا مبشرين و منذرين لئلا يكوم للناس على الله حجة بعد الرسل و كان الله عزيزا حكيما" (النساء-165).

   «Фиристодем паёмбаронро башорат диҳанда ва тарсонанда,то набошад мардумонро бар Худо баҳонае баъди фиристодани паёмбарон ва ҳаст Худо ғолибу ҳаким»(Нисо-165).

Нахустини онҳо ҳазрати Нуҳ(а)буда ва охирашон паёмбарамон Муҳаммад(саллаллоҳу алайҳи ва сал- лам)мебошанд.Чуноне, ки у Аллоҳ Таоло хабар медиҳад:

"إنا أوحينا إليك كما أوحينا إلى نوح و النبيين من بعده"  (النساء-163).

   «Ҳароина мо ваҳй фиристодем ба суи ту ҳамчунон, ки ваҳи фиристодем ба суи Нуҳ ва паёмбарони пас аз вай омада». (Нисо-163).

   Ва инчунин Худои Таоло мефармояд:

"ما كان محمد أبا أحد من رجالكم و لكن رسول الله و خاتم النبين" (الأحزاب-40).

   «Нест Муҳаммад падари ҳеҷ кас аз мардони шумо, ва лекин паёмбари Худост ва хотимаи паёмбарон». (Аҳзоб-40).

   Афзалтарин онҳо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) буда ва баъди он кас Иброҳим (а), баъд Мусо (а) ва баъд Нуҳ (а), ва баъд Исо ибни Марям ҳастанд. Онҳо дар ояти зерин мавриди хусусият қарор гирифтаанд:

"و إذ أخذنا من النبيين ميثاقهم  و منك و من نوح و إبراهيم و موسى و عيسى بن مريم، و أخذنا منهم ميثاقا غليظا"   (الأحزاب-7).

   «Ва ёд кун чун гирифтем аз паёмбарон аҳди эшонро ва аз ту бигирифтем ва аз Нуҳ ва Иброҳим ва Мусо ва Исо писари Марям ва гирифтем аз эшон аҳди маҳкам»(Аҳзоб-7).

   Шариати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фазилати шариати он паёмбарони махсусро дар бар дорад, чуноне, ки ҳақ Таоло мефармояд:

"شرع لكم من الدين ما وصى به نوحا و الذي أوحينا إليك و ما وصّينا به إبراهيم و موسى و عيسى أن أقيموا الدين و لا تتفرقوا فيه" (الشورى-13).

  «Фарз гардонид барои шумо аз дин ончи амр карда буд ба иқомати он Нуҳро ва ончи ваҳи фиристодем ба суи ту ва ончи амр кардем ба иқомати он Иброҳим ва Мусо ва Исоро бо ин мазмун, ки қоим кунед динро ва пароканда нашавед»(Шуро-13).

   Ҳамаи паёмбарон бандагони Худоянд ва чизе аз сифоти парвардигори дар онҳо намебошад. Чуноне, ки Аллоҳ дар бораи Нуҳ (а) мефармояд, ки у (а) аввалин паёмбар мебошанд.

"و لا أقول لكم عندي خزائن الله و لا أعلم الغيب و لا أقول إني ملك" (هود-31).

   «Ва намегуям ба шумо, ки назди ман хазинаҳои Худо аст ва намегуям, ки медонам ғайбро ва намегуям, ки ман фариштаам»(Ҳуд-31).

   Аллоҳ Таоло Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро мефармояд:

"لا أقول لكم عندي خزائن الله و لا أعلم الغيب و لا أقول لكم إني ملك" (الأنعام-50).

   «Ва намегуям ба шумо, ки назди ман хазинаҳои Худо аст ва на он, ки медонам ғайбро ва намегуям, ки ман фариштаам»(Анъом-50).

   Инчунин У Таоло мефармояд:

"قل إني لا املك لكم ضرّا و لا رشدا، قل إني لن يجيرني من الله أحد و لن أجد من دونه ملتحدا"  (الجن: 21-22).

   «Бигу! Ҳароина ман наметавонам дар ҳаққи шумо зарар расонидан ва на лозим кардани роҳи рости. Бигу! Ҳароина паноҳ надиҳад маро аз уқубати илоҳи ҳеҷ кас ва ҳаргиз ба ҷуз вай паноҳе наёбам»(Ҷинн: 21-22).

   Онҳо ҳама аз бандагони илоҳи буда, онҳоро Аллоҳ Таоло бо паёмбари икром кардааст ва онҳоро ба бандаги мадҳ намуда мадҳу сано кардааст. Чуноне, ки дар ҳаққи Нуҳ (а) мефармояд:

"ذرّية من حملنا مع نوح، إنه كان عبدا شكورا" (الإسراء-3).

   «Эй фарзандони қавме, ки бардоштем эшонро бо Нуҳ (яъне, бар кишти) ҳароина вай бандаи сипосгузор буд». (Исро-3).

   Ва дар ҳаққи хотимаи паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

"تبارك الذي نزل الفرقان على عبده ليكون للعالمين نذيرا" (الفرقان-1).

   «Бисёр бобаракат аст он зоте, ки фуруд овард Қуръонро бар бандаи худ (Муҳаммад), то бошад тарсонанда оламиёнро».  (Фурқон-1).

   Ва инчунин дигар паёмбаронро бо васфи бандаги мавсуф дошта онҳоро бо ин васф мадҳу сано мефармояд:

"و  اذكر عبادنا إبراهيم و إسحاق و يعقوب أولي الأيدي و الأبصار" (ص-45).

   «Ва ёд кун бандагони мо Иброҳим, Исҳоқ, ва Яъқубро соҳибони дасту чашм буданд»(Яъне, илму амал ҳарду бар камол доштанд). (Сод-45).

   Ва дар ояти дигар хабар медиҳад:

"واذكر عبدنا داود ذا الأيدي إنه أوّاب" (ص-17).

   «Ва ёд кун бандаи мо Довудро, ки дорои қувват буд ва ҳароина у аввоб (руҷуъкунанда ба суи Худо) буд».  (Сод-17).

   Ва инчунин У Таоло мефармояд:

"و وهبنا لداود سليمان نعم العبد إنه أوّاب"  (ص-30).

   «Довудро фарзанде ато кардем, ки номи у Сулаймон буд ва у бандаи неку ва аввоб буд»(Сод-30).

   Ва дар ҳаққи ҳазрати Исо ибни Марям мефармояд:

"إن هو إلا عبد أنعمنا عليه و جعلناه مثلا لبني إسرائيل" (الزخرف-59).

   «Нест Исо, магар бандае, ки инъом кардаем бар вай (паёмбариро) ва сохтем уро нишона барои бани Исроил». (Зухруф-59).

   Имон ба он дорем, ки Аллоҳ Таоло рисолаташро ба паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)хотима додааст ва он зоти покро ба суи тамоми мардумон фиристодааст.Чуноне,ки Худованд мефармояд:

"قل يأيها الناس إني رسول الله إليكم جميعا الذي له ملك السماوات و الأرض لا إله  إلا هو يحيى و يميت فآمنوا  بالله و رسوله النبيّ الأميّ الذي يؤمن بالله و كلماته و اتبعوه لعلّكم تهتدون" (الأعراف-158).

   «Эй Муҳаммад, бигу! Эй мардумон, ҳароина ман паёмбари Худо ҳастам ба суи ҳамаи шумо. Худое, ки урост подшоҳии осмонҳо ва замин, нест ҳеҷ маъбуди барҳақ, магар у, зинда мекунад ва мемиронад. Пас имон оред ба Худо ва паёмбари у, ки набии оми аст, он паёмбаре, ки тасдиқ менамояд Худоро ва суханони уро. Ва пайрави кунед уро то аз ҳидоятёфтагон шавед». (Аъроф-158).

   Шариати он ҳазрат (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дини ислом аст. Дине, ки Аллоҳ Таоло онро писандид барои бандагонаш ва ба ҷуз ин дин дини дигареро қабул нахоҳад кард. Далел бар ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

"إن الدين عند الله الإسلام" (آل عمران-19).

   «Ҳароина дини ҳақ назди Аллоҳ ислом аст»(Оли Имрон-19).

   Ҳамчунин иршоди илоҳи аст, ки мефармояд:

"اليوم أكملت  لكم دينكم و أتممت عليكم نعمتي و رضيت لكم الإسلام دينا"(المائدة-3)

    «Имруз комил кардам барои шумо дини шуморо ва тамом кардам бар шумо неъмати худро ва писанд дидам барои шумо исломро дин».

  (Моида-3).

   Ва дар ояти дигар мефармояд:

"و من يبتغي غير الإسلام دينا فلن يقبل منه و هو في الآخرة من الخاسرين"                    (آل عمران-85).

      «Ва ҳар касе, ки ғайри ислом, барои диндори дини дигаре бихоҳад, пас ҳаргиз аз у пазируфта намешавад ва у дар охират аз зиёнкорон аст».

 (Оли Имрон-85).

   Агар касе гумон дошта бошад, ки ғайр аз дини Ислом дини дигар низ дар назди Аллоҳ Таоло мақбул аст, мисли дини яҳуди, насрони, маҷуси ва ғайра, пас хароина у куфр варзидасат. Инчунин ҳар касе, ки рисолаи Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро инкор кунад, пас гуё у ҷамии паёмбаронро инкор кардааст ва ҳатто паёмбареро, ки ба у пайрави мекунад. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"كذبت قوم نوح المرسلين" (الشعري-105).

   «Дуруғ пиндоштанд қавми Нуҳ паёмбаронро».

  (Шуаро-105).

   Маълум аст, ки барои қавми Нуҳ танҳо у фиристода шуда буд, на паёмбари дигаре ва инчунин пеш аз Нуҳ паёмбаре набуд.

   Ва инчунин мефармояд:

"إن الذين يكفرون بالله و رسله و يريدون  أن يفرقوا بين الله و رسله و يقولون نؤمن ببعض و نكفر ببعض و يريدون أن يتخذوا بين ذلك سبيلا. أولئك هم الكافرون حقا، و اعتدنا للكافرين عذابا مهينا"  (النساء-150-151).

   «Ҳароина касоне, ки куфр меварзанд ба Худои Таоло ва ба паёмбарони у ва мехоҳанд, ки тафриқа кунанд дар миёни Худо ва паёмбарони у. Мегуянд, ки имон меорем ба баъзе паёмбарон ва имон намеорем ба баъзеи дигар ва мехоҳанд, ки роҳ гиранд дар миёни ин ва он. Ҳамоно онҳо кофирони ҳақиқи ҳастанд ва барои кофирон азоби сахт муҳайё кардем»(Нисо-150-151).

   Имон дорем, ки баъд аз Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)паёмбари дигар намеояд ва касе, ки даъвои паёмбари кунад,пас у дуруғгу ва кофир аст.

   Ҳамчунин сазовори хилофат будани ҳар чаҳор халифаҳои рошидинро эътироф мекунем ва мо бояд онҳоро дуст дошта бошем ва аз Аллоҳ Таоло барои  онҳо талаби ризоият кунем. Ва тартиби халифаҳо бар асоси фазилати онҳо бар якдигар аст. Ҳазрати Абубакр (р) дар халифаги ва фазилат бар ҳама муқаддам ҳастанд, сипас Умар (р) ва баъд аз у Усмон (р) ва Али (р) мебошанд.

   Ва ин уммат, яъне уммати ислом беҳтарин ва гиромитарини умматон аст дар назди Аллоҳ Таоло. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"كنتم خير أمة أخرجت للناس تأمرون بالمعروف و تنهون عن المنكر و تؤمنون بالله"

  (آل عمران-110).

   «Шумо беҳтарин уммате ҳастед, ки ба суи мардум бароварда шудаед, ба корҳои нек мефармоед ва аз зиштиву бади боз медоред ва имон меоред ба Аллоҳ Таоло»(Оли Имрон-110).

   Беҳтарини ин уммат саҳобагони паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва сипас тобеин ва баъд онҳо тобеи тобеин мебошанд.

   Фитнаву ихтилофоте, ки байни саҳобагон ҳосил шуда буд, он ҳама аз иҷтиҳоду таьвили эшон буд ва касе, ки аз онҳо дар иҷтиҳод мусиб шуда буд, пас он дорои ду подош шудааст. Ва хатову ғалати эшон аз ҷониби илоҳи бахшида шудааст, тавре, ки ин сароҳатан дар Қуръон собит шудааст. Моён набояд дар он фитнаву ихтилофҳои саҳобагон ҳукм кунем ва дар мавриди он сухан гуем. Бояд онҳоро фақат бо мадҳу сано зикр кунем ва ҳаргиз набояд дар дилҳоямон ба нисбат ба саҳобагон кинаву адоват ва душмани дошта бошем, балки ҳамаи онҳоро дуст дорем ва дар ҳаққи онҳо дуову истигфор гуем.

   Чуноне, ки ҳақ Таоло онҳоро мавриди мадҳу сано карор дода мефармояд:

"لا يستوي منكم من أنفق من قبل الفتح و قاتل، أولئك  أعظم درجة من الذين أنفقوا من بعد و قاتلوا، و كلا وعد الله الحسنى"  (الحديد-10).

   «Баробар шуда наметавонад аз шумо он, ки сарф кард молашро пеш аз фатҳи Макка ва дар роҳи Худо ҷиҳод кард, он ҷамоат дар мартабаи бузургтаранд аз ононе, ки сарф карданд баъд аз фатҳи Макка ва ҷиҳод карданд ва  ҳамаи онҳоро Худои Таоло ваъдаи биҳишт кардааст». (Ҳадид-10).

   Мо дар ҳаққи онон ҳамонро мегуем, ки Худо моро фармудааст:

"و الذين جاءوا من بعدهم يقولون ربنا اغفر لنا و لإخواننا الذين سبقونا بالإيمان و لا تجعل في قلوبنا غلّا للذين آمنوا ربنا إنك رءوف رحيم"  (الحشر-10).

   «Ва ононе, ки баъди муҳоҷирон ва ансор омадаанд мегуяд, парвардигоро гуноҳҳои моро бубахш ва инчунин бародарони моро, ки пеш аз мо гузаштанд ба имон, гуноҳҳояшонро бубашх ва дар дилҳои мо ҳеҷ кинае нисбат ба онон, ки имон овардаанд пайдо накун.Эй парвардигори мо ҳар- оина ту бахшояндаву меҳрубон ҳасти».(Ҳашр-10).

*    *    *

 ФАСЛ

    Аҳли суннат ва ҷамоат имон ба рузи растохезро воҷиб медонанд. Ва он руз рузи қиёмат аст, ки Худованд халқи худро аз қабрҳои худ зинда гардонад ва дар он руз ҳамаро ҷамъ созад, ва макони онҳоро, ки ё бако дар неъматҳои биҳишт ва ё азоб дар оташи дузах аст, муайян кунад.

   Тавре, ки Худованд мефармояд:

"و نفخ في الصور فصعق من في السماوات و من في الأرض إلا من شاء الله ثم نفخ فيه أخرى فإذا هم قيام ينظرون"  (الزمر-68).

   «Дамида шавад дар Сур (сурнай) пас бимирад ҳар ки дар осмонҳо ва замин аст, магар он ки Худо хостааст. Боз дамида шавад дар он бори дигар, пас ногаҳон эшон зинда шуда ба якдигар менигаранд». (Зумар-68).

   Он руз аст, ки инсоният аз қабраш ба суи парвардигораш дар ҳолати бараҳнаги, ки кафше дар пой ва либосе дар ҷасад надорад, барпо хоҳад шуд.

"كما بدأنا أول خلق نعيده، وعدا علينا إنا كنا فاعلين" (الأنبياء-104).

   «Тавре, ки халқ кардем аввалин бор, низ бори дигар халқи онҳоро мегардонем, ин ваъда аст бар моён, албатта мо кунандаи он ҳастем». (Анбиё-104).

   Имон дорем ба он рузе, ки ҳар киро дода мешавад номаи аъмоли у ба дасти росташ ва ё ба дасти чапаш ва ё дода мешавад аз паси пушташ.

"فأما من أوتي كتابه بيمينه فسوف يحاسب حسابا يسيرا، و ينقلب إلى أهله مسرورا، و أما من أوتي كتابه وراء ظهره فسوف يدعو ثبورا، و يصلى سعيرا" (الإنشقاق: 7-12).

   «Пас ҳар киро дода шуд номаи аъмоли у ба дасти росташ, пас ҳисоби у шавад осон ва ба суи аҳлаш шодмон шуда боз гардад. Ва аммо ҳар киро дода шуд номаи аъмоли у аз паси пушташ, пас шавад ҳалокат насиби у ва дар дузах вуқуъ хоҳад ёфт». (Иншиқоқ: 7-12).

   Ва дар ояти дигар Худованд иршод мефармояд:

"و كل إنسان ألزمناه طائره في عنقه و نخرج له يوم القيامة كتابا يلقاه منشورا، اقرأ كتابك كفى بنفسك اليوم عليك حسيبا" (الإسراء: 13-14).

   «Ва ба ҳар одаме часпондем номаи аъмоли уро дар гардани у ва берун орем барои у рузи қиёмат номае, ки бинад онро боз кушода. Гуем, ки бихон номаи худро, ки кофи аст нафси ту имруз бар ту ҳисобкунанда». (Исро: 13-14).

   Ҳамчунин дар он руз байни мардум тарозу гузошта мешавад, ки касе аз он зулм нахоҳад дид. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"فمن يعمل مثقال ذرة خيرا يره، و من يعمل مثقال ذرة شرا يره"  (الزلزلة-7-8).

   «Пас ҳарки карда бошад вазни як зарра амали нек, ҷазои онро хоҳад дид ва ҳарки карда бошад вазни як зарра амали бад, ҷазои онро хоҳад дид».

 (Зилзол: 7-8).

   Ва дар ояти дигар ҳақ Таоло мефармояд:

"فمن ثقلت موازينه فأولئك هم المفلحون و من خفت موازينه فأولئك الذين خسروا أنفسهم في جهنم خالدونـ، تلفح وجوههم النار و فيها كالحون" (المؤمنين: 102-104).

   «Пас ҳарки гарон ояд каффаҳои тарозуи у, пас он ҷамоат эшонанд росткорон. Ва ҳар ки сабук шавад каффаҳои тарозуи у, пас он ҷамоат ононанд, ки дар ҳаққи хеш зиён кардаанд ва дар дузах ҷовидонанд.Оташ чеҳраҳои эшонро месузо- над ва чеҳраҳои онҳо сиёҳ хоҳад шуд».

(Муъминин: 102-104).

   Ҳамчунон иршоди парвардигори ҷаҳониён аст, ки мефармояд:

"من جاء بالحسنة فله عشر أمثالها و من جاء بالسيئة فلا يجزى إلا مثلها و هم لا يظلمون"

( الأنعام-160).

   «Ҳарки амали неке анҷом дода бошад, пас урост даҳчандони он амал ва ҳарки амал баде анҷом дода бошад, ҷазо дода нахоҳад шуд, магар мисли он амал ва онҳо ситамкарда нахоҳанд шуд».

(Анъом-160).

   Он рузе, ки мардум гирифтори ғаму ғусса шуда, ба сахтии он руз токат накарда ба суи Одам (а) иқдом меварзанд ва Одам (а) барои мардум мегуянд, ки ман барои шумо бар шафоат кардан салоҳияте надорам, сипас ба суи Нуҳ (а), Мусо (а) ва Исо (а) равон мешаванд, лекин ҳеҷ натиҷае ҳосил намегардад. Ва дар охир ба назди паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳозир мешаванд ва он ҳазрат ба даргоҳи илоҳи илтиҷо намуда пурсон мешаванд, то ки мардумро шафоат кунанд. Аллоҳ Таоло илтиҷои сарвари моён (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро мавриди қабул карор дода ба он ҳазрат шафоати бузургро ато мефармояд.

   Ҳамчунин муъминоне, ки ба сабаби гуноҳҳояшон вориди дузах шуда буданд, онҳо низ ба шафоати шафоаткунандагон аз дузах хориҷ хоҳанд шуд, чи он шафоаткунанда аз паёмбарон ва ё солеҳин ва ё аз фариштагон бошад.

    Инчунин Аллоҳ Таоло бархе муъминонро бе вуҷуди ягон шафоат ба фазлу раҳмати худ аз дузах халос хоҳад кард.

    Имон дорем, ки Аллоҳ Таоло ба паёмбарамон (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Ҳавз инъом фармудааст, ки он сафедтар аз шир, ширинтар аз асал ва  хушбуйтар аз мушк аст, тулони ва бари он масофаи якмоҳина роҳ аст ва кузаҳояш монанди ситораҳои осмон зебову бисёр аст. Ҳамаи муъминон аз уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба он ҳавз ворид мешаванд ва ҳар касе, ки аз оби ин ҳавз нушад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.

   Дар он руз бар болои дузах Сирот барафрошта мешавад. Ва мардум бар асоси аъмолу кирдорашон аз болои он мегузаранд, дар ин ҳол паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мегуянд: «Худовандо саломат дор, Худовандо саломат дор».

   Имон дорем бар ҳамаи хабарҳое, ки дар Қуръон ва суннат вобаста ба ин руз ворид шудааст ва ҳеҷ чизеро аз онҳо инкор намекунем.

   Имон дорем, ки дар он руз махсус ба шафоати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аҳли биҳишт ба биҳишт дохил нахоҳанд шуд. Зеро он ҳазратро дар амри Худо ширкате нест. Балки ҳаркиро Худо хоҳад ба биҳишт ворид мекунад ва инъоми шафоат барои рафъи дараҷаи паёмбар (с) мебошад.

   Ба ҳақ будани биҳишт ва дузах имон дорем. Биҳишт манзиле аст, ки онро Аллоҳ Таоло барои бандагони муъмину солеҳи худ бино кардааст. Дар биҳишт неъматҳое вуҷуд дорад, ки онро банда на ба чашмаш дидааст, на ба гушаш шунидааст на ба хотираш омадааст.

   Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"فلا تعلم نفس ما أخفي لهم من قرة أعين، جزاء بما كانوا يعملون" (السجدة-17).

   «Пас ҳеҷ нафсе надонад, ки чи чизҳо пинҳон карда шудааст аз неъматҳо барои эшон, ин буд мукофоти амалҳои онҳо».   (Саҷда-17).

   Дузах манзиле аст, ки онро Аллоҳ Таоло барои кофирону золимин бино кардааст ва дар он азобҳои гуногун вуҷуд дорад, ки ба хотиру тасаввури банда наомадааст.

   Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"إنا اعتدنا للظالمين نارا أحاط بهم سرادقها، و إن يستغيثوا يغاثوا بماء كالمهل يشوى الوجوه، بئس الشراب و ساءت مرتفقا" (الكهف-29).

   «Мо барои ситамкорон оташеро муҳайё кардем, ки фаро гирад бар эшон деворҳои он, агар фарёд кунанд ба фарёди эшон расида шавад ба нушонидани обе монанди мис гудохта шудааст, ки бирён кунад чеҳраҳои онҳоро. Чи нушокии бад аст ва дузах макони баде аст». (Каҳф-29).

   Ҷаннат ва дузах ҳозир вуҷуд дорад ва ҳаргиз фони нахоҳад шуд, балки то абад мавҷуд аст. Далел бар ин қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

"و من يؤمن بالله و يعمل صالحا يدخله جنات تجرى من تحتها الأنهار خالدين فيها أبدا، قد أحسن الله له رزقا" (الطلاق-11).

   «Ва ҳарки имон орад ба Худо ва амалҳои солеҳро анҷом диҳад, пас сазовор шавад ба ҷаннате, ки дарёҳо ҷори бошад  зери он, ҷовидон онҷо ҳамеша боқи монад, ҳароина Худо барои у ризқе нек сохтааст»(Талоқ-11).

   Ҳамчунон мефармояд:

"إن الله لعن الكافرين و أعد لهم سعيرا، خالدين فيها أبدا، لا يجدون وليا و لا نصيرا، يوم تقلب وجوههم في النار يقولون يليتنا أطعنا الله و أطعنا الرسولا" (الأحزاب-64-65).

   «Ҳароина Худо лаънат кардааст кофиронро ва оташро барои онҳо муҳайё сохтааст, ҳамеша дар онҷо ҷовидон боқи монанд ва наёбанд ҳеҷ дусте ва на ёридиҳандае. Рузе, ки руйҳои эшон дар оташ гардонида шавад,гуянд,ки эй кош мо фармонбар- дори мекардем Худоро ва фармонбардори мекардем паёмбари уро». (Аҳзоб: 64-65).                  

   Гувоҳи намедиҳем барои шахси муайян, ки биҳишти ё дузахи аст, магар ин, ки Аллоҳ Таоло ва ё паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гувоҳи дода бошанд, ки шахсе биҳишти аст, мисли Абубакр, Умар, Усмон, Али (р) ва саҳобагони дигар. Ва инчунин гувоҳи медиҳем бар касе, ки Аллоҳ Таоло ва ё паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар он гувоҳи додаанд, ки дузахи аст, мисли Абулаҳаб.

   Ба фитнаи қабр имон дорем, ки мурда дар кабраш пурсида мешавад аз парвардигораш ва аз дину паёмбараш. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"يثبّت الله الذين آمنوا بالقول الثابت في الحياة الدنيا و في الآخرة" (إبراهيم-27).

      «Ва устувор месозад Худо мусалмононро бар сухани дуруст дар зиндагии дунё ва дар охират».

 (Иброҳим-27).

   Бандаи муъмин дар ҷавоб мегуяд: Парвардигори ман Аллоҳ, дини ман ислом ва паёмбарам Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Аммо кофир ва ё мунофиқ дар ҷавоб мегуяд: Намедонам, ончи мардум мегуфтанд, мегуфтам).

   Имон дорем ба наим (осоиш)-и қабр бар муьминҳо. Чуноне, ки Аллоҳ мефармояд:

"الذين تتوفاهم الملائكة طيبين يقولون سلام عليكم ادخلوا الجنة بما كنتم تعملون"

 (النحل-32).

   «Ононе, ки фариштагон ононро мемиронанд, дар ҳоли хуби, мегуянд, ки салом бар шумо. Дароед ба биҳишт ба сабаби ончи амал мекардед».

   Инчунин имон дорем ба азоби кабр бар кофирон. Чуноне, ки Аллоҳ мефармояд:

"و لو ترى إذ الظالمون في غمرات الموت و الملائكة باسطو أيديهم أخرجوا أنفسكم اليوم تجزون عذاب الهون بما كنتم تقولون على الله غير الحق و كنتم عن آيته تستكبرون" (الأنعام-93).

   «Ва тааҷҷуб куни, чун бинигари, ки золимон дар сахтии марг бошанд ва фариштагон дастони худро дароз мекунанд (мезананд), мегуянд, ки руҳҳои худро имруз берун оред, ҷазо дода хоҳед шуд бо азоби хоркунанда ба сабаби ончи бар Худои Таоло ноҳақ мегуфтед ва ба сабаби он, ки аз тасдиқи оятҳои у саркаши мекардед».(Анъом-93).

   Дар ин мавзуъ ҳадисҳои зиёде ворид шудааст. Бандаи муъмин бояд бо умури ғайби ба ҳамаи онҳо имон оварда тасдиқ кунад, чи дар Қуръон бошад ва чи дар ҳадисҳои паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ва набояд ин умури ғайбии охиратро ба умуре, ки дар дунё дида мешавад қиёс карда шавад, зеро байни ин ду амр фарқи бузурге вуҷуд дорад. 

*    *    *

 ФАСЛ

    Имон дорем ба такдири неки ва бади, ки аз ҷониби Аллоҳ Таоло аст.

   Имон ба тақдир ин имон ба он, ки Аллоҳ Таоло тамоми коинотро тақдир кардааст ва махлуқотро аз руи илми собиқ ва бо тақозои ҳикмати худаш пайдо кардааст.

   Тақдир дорои чаҳор мартаба аст:

   1) Илм: Яъне Аллоҳ Таоло ҳамаи чизҳоро дар азал бо илми худ иҳота намудааст. Илми У Таолоро нодони сабоқат накунад ва ба он фаромуши таъқиб нахоҳад кард.

   2) Навиштан: Яъне Аллоҳ Таоло ҳамаи чизҳоро дар азал бо илми худ иҳота карда ва ҳама дар назди У Таоло навишта шудааст, ки онро Лавҳул-маҳфуз меноманд. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

 "ألم تعلم أن الله يعلم ما في السماء و الأرض، إن ذلك في كتاب، إن ذلك علي الله يسير"   (الحج-70).

   «Оё надонисти, ки Худо медонад ҳарчи дар осмон ва замин аст, ҳароина ин ҳама мавҷуд аст дар китоб (лавҳи маҳфуз), ин ҳама бар Худо осон аст». (Ҳаҷ-70).

   3) Ирода: Ирода иборат аз ин аст, ки Аллоҳ Таоло тамоми чизҳое, ки дар замину осмон аст, онро хостаасту пайдо карда аст ва чизе дар мулки У Таоло бе хоҳишу иродаи У Таоло ба вуҷуд наояд. Он чизеро, ки Аллоҳ Таоло хостааст ба вуҷуд овардааст ва он чизеро, ки нахостааст ба вуқуъ напайвастааст.

   4) Офариниш: Имон дорем ба он, ки Аллоҳ Таоло офаридгори ҳамаи чизҳост. Тавре, ки У Таоло мефармояд:

"خالق كل شيء و هو على كل شيء وكيل. له مقاليد السماوات و الأرض"

 (الزمر62-63).

   «Офаридгори ҳамаи чизҳо ва бар ҳама чиз вакил (хабардор) аст, урост калидҳои осмон ва замин». (Зумар: 62-63).

   Он чизҳое, ки аз ҷониби банда содир мешавад, чи ақвол бошад ва ё аъмол, ҳама ба Аллоҳ Таоло маълуму возеҳ аст ва дар пеши У Таоло навишта шудааст. Аллоҳ Таоло тамоми онҳоро хоста ва пайдо кардааст. Чуноне, ки Аллоҳ Таоло мефармояд, ки Қуръони карим моёнро бар росткирдори иршод мекунад:

"لمن شاء منكم أن يستقيم و ما تشاءون إلا أن يشاء الله رب العالمين" (التكوير: 28-29).

   «Барои ҳар касе, ки хоҳад росткирдор шавад. Намехоҳед, магар вақте, ки бихоҳад Худо, парвардигори оламиён». (Таквир: 28-29).

   Ва инчунин ҳак Таоло мефармояд:

"و لو شاء الله ما اقتتلوا و لكن الله يفعل ما يريد"  (البقرة-253).

   «Агар Аллоҳ Таоло мехост онҳо бо якдигар намеҷангиданд, ва лекин Худо кунанда аст чизеро меҳохад». (Бақара-253).

   Ва дар ояти дигар мефармояд:

"و لو شاء الله ما فعلوه، فذرهم وما يفترون" (الأنعام-137).

   «Агар Худо мехост, ин корро анҷом намедоданд, бигузор эшонро ба ифтирову туҳматашон».

 (Анъом-137).

   Инчунин иршоди илоҳи аст, ки мефармояд:

"و الله خلقكم و ما تعملون"  (الصافات-96).

   «Худо офарид шуморо ва амалҳои шуморо, ки анҷом медиҳед». (Соффот-96).

   Аз ҷумлаи имон ба тақдир донистани ин аст, ки Аллоҳ Таоло бандаро соҳибихтиёр карда офаридааст, яъне банда дорои ирода ва ихтиёру қудрат мебошад, ки вобаста ба онҳо амал анҷом медиҳад. Якчанд умур далолат мекунад, ки банда дорои хоҳишу иродаву қудрат шудааст.

   1) Қавли Аллоҳ Таоло аст, ки мефармояд:

"فأتوا حرثكم أنى شئتم" (البقرة-223).

   «Пас биёед ба киштзори худ ба ҳар равише, ки хоҳед». (Бақара-223).

   Ва инчунин хақ Таоло мефармояд:

"و لو أرادوا الخروج لعدّوا له عدة" (توبة-46).

   «Ва агар берун омаданро мехостанд муҳайё мекарданд барои он уддаро (тайёри, зот, роҳила)».

(Тавба-46).

   Дар ин оятҳо Аллоҳ Таоло бар банда будани хоҳиш (ирода)-ро исбот намуд,яъне банда амалро ба хоҳиши худаш анҷом медиҳад.

   2) Тавҷеҳи амр ва наҳй ба суи банда. Агар банда ба ихтиёр ва қудрат доро набошад, пас тавҷеҳи амр ва наҳй ба суйи вай маъное надиҳад, ва ин амрро ҳикмат ва раҳмати илоҳи инкор мекунад. Зеро Аллоҳ Таоло чизеро ба касе воҷиб намекунад, магар ба миқдори тоқати ҳамон кас. Тавре, ки Аллоҳ мефармояд:

"لا يكلف الله نفسا إلا وسعها" (البقرة-286).

   «Худо чизеро воҷиб намекунад бар касе, магар миқдори тоқати у». (Бақара-286).

   3) Аллоҳ Таоло бандаи некукорро мавриди мадҳу сано қарор дода, бандаи бадро мавриди мазаммат қарор додааст. Агар амали банда ба хоҳишу иродаи худ содир намешуд, пас мадҳи накукор беҳуда буда, ва мазаммати фосиқ зулм мешавад.

   4)Албатта Аллоҳ Таоло паёмбаронро фиристодааст. Чуноне, ки У Таоло мефармояд:

"مبشّرين و منذرين، لئلا يكون للناس على الله حجة بعد الرسل" (النساء-165).

   «Башоратдиҳандагон ва тарсонандагонанд, то набошад мардумонро баҳонае бар Худо, баъди фиристодани паёмбарон». (Нисо-165).

   Агар банда иҳтиёру ҳоҳиш надошта бошад, ҳаргиз ҳуҷҷату баҳонаи вай баъди ирсоли паёмбарон нобуд нахоҳад шуд.

   5) Ҳар касе, ки кореро иҷро мекунад, у ҳис мекунад, ки у худаш ин корро анҷом дода истодааст ва касе уро маҷбур накарда истодааст. Банда вақте, ки мехезад, менишинад, дохил мешавад, берун меравад ва ё сафар мекунад, ин ҳама ба ихтиёри худаш ҳосил мешавад. Ҳис намекунад, ки касе уро ба ин аъмол маҷбур карда истодааст. У метавонад байни коре, ки ба ихтиёри хеш анҷом медиҳад ва коре, ки касе уро ба анҷом додани он маҷбур мекунад, тамйиз кунад,зеро у дорои ақл аст,ки мета- вонад ҳақро аз ботил фарқ кунад ва у маҷбур нест.

   Шахсе наметавонад тақдирро ҳуҷҷат қарор дода гуноҳу маъсиятро анҷом диҳад. Тақдири илоҳи фақат баъд аз вуқуъ пайвастан маълум мешавад, аммо қабл аз он касе ба он маърифат пайдо карда наметавонад. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"و ما تدري نفس ماذا تكسب غدا"  (لقمان-34).

   «Ва намедонад ҳеҷ шахсе, ки чи кор хоҳад кард фардо»(Луқмон-34).

   Ва дар ояти дигар мефармояд:

"سيقول الذين أشركوا لو شاء الله ما أشركنا و لا آباؤنا و لا حرّمنا من شيء، كذلك كذّب الذين من قبلهم، حتى ذاقوا بأسنا قل هل عندكم من علم فتخرجوه لنا، إن تتبعون إلا الظن، و إن أنتم إلا تخرصون" (الأنعام-148).

   «Ононе, ки ширк варзиданд мегуянд, ки агар хости Худо буд ширк намеварзидем ва на падарони мо ширк меварзиданд ва на ҳаром мекардем чизеро. Ҳамин тавр дуруғ шумориданд касонеро, ки пеш аз эшон буданд, то он, ки уқубати моро чашиданд. Бигу! Оё назди шумо донише аст, то берун оред онро барои мо. Ҳақиқат ин аст, ки пайрави намекунед,магар гумону шубҳаҳоро ва нестед шумо магар дуруғгуй».

     (Анъом-148).

   Ҳамчунон он шахсро хитоб мекунем, ки чаро такдирро мавриди бурҳону ҳуҷҷат қарор дода ба тоату ибодат иқдом наварзид, шояд Аллоҳ Таоло дар тақдири ту тоату ибодат навишта бошад.

   Тавре, ки паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳар касро мақоми у дар ҷаннат ва ё дузах нависта шудааст» Саҳобагон арз карданд, эй расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! Оё ба тақдир такя карда амалҳоро тарк мекунем? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар посух гуфтанд: «На! Амалҳоятонро анҷом диҳед, зеро ҳар кас ба он чизе, ки дар тақдираш навишта шудааст, ба он муяссар гардонида мешавад».

   Ва инчунин ба он шахси оси мегуем: Агар ту ба суи Макка иродаи сафар куни ва ба ту хабар дода шавад, ки ба суи Макка ду роҳ аст, ки яке аз онҳо роҳи душвору дур ва дигаре роҳи наздику осон, пас ту бешак роҳи наздику осонро ба худ ихтиёр хоҳи кард. Ва нахоҳи гуфт, ки ман роҳи душвору дурро ихтиёр хоҳам кард, зеро ҳароина он дар тақдири ман навишта шудааст.

   Неки ва бадии тақдир ба нисбати инсон аст ва аммо ба нисбати Аллоҳ Таоло ҳамаи корҳо тақдири нек аст, зеро он ҳама мабни ба мувофиқати ҳикмати У Таоло аст. Инчунин бадии тақдир аз як ҷониб бад мешавад ва аз ҷониби дигар нек мебошад. Чуноне, ки Аллоҳ мефармояд:

"ظهر الفساد في البر و البحر بما كسبت أيدي الناس ليذيقهم بعض الذي عملوا لعلهم يرجعون" (الروم-41).

   «Дар хушки ва дар дарё фасод пайдо шуд ба сабаби ончи дастҳои онҳо анҷом дод,то (Аллоҳ Таоло) бичашонад эшонро ҷазои баъзе ончи амал

карданд, шояд эшон (ба роҳи ҳақ) боз гарданд».

(Рум-41).

*    *    *

 ФАСЛ

    Ин ақидаи бузурге, ки бар ин аслҳои мазкур муштамил шудааст, дорои фоидаҳои азиме мебошад.

   Фоидаи имон ба Аллоҳ Таоло ва асмоъ ва сифоти у:

   Дуст ва бузург доштани Аллоҳ Таоло ва таслими Худованди ягона шудан ва ба тоат ва амру ва наҳйи у гардан ниҳодан ва аз У Таоло фармонбардори кардан аст. Ва ҳар касе, ки ин амалҳоро иҷро мекунад, пас у дар дунё ва дар охират дорои саодат хоҳад шуд. Тавре, ки Аллоҳ Таоло мефармояд:

"من عمل   صالحا من ذكر أو أنثى و هو مؤمن فلنحيينّه حياة طيبة و لنجزينّهم أجرهم بأحسن ما كانوا يعملون" (النحل-97).

   «Ҳарки амали нек анҷом диҳад, чи мард бошад ва ё зан ва у мусалмон аст, ҳароина зинда кунем уро бар зиндагонии пок ва онҳоро барои амалҳояшон подоши нек ато кунем». (Наҳл-97).

   Фоидаи имон ба фариштагон:

1) Маърифат пайдо кардан ба азамату бузурги ва қуввату қудрати парвардигори оламиён.

2) Шукр кардан Аллоҳ Таолоро, зеро У Таоло барои бандагонаш инояту эҳтимом дода фариштагонро маъмур кард, ки онҳоро муҳофизат кунанд ва аъмоли онҳоро нависанд ва ғайра.

 3) Дуст доштани фариштагон, ки онҳо ҳамеша фармонбардори амри парвардигор ҳастанд, ва доимо барои муъминин истигфор мегуянд.

   Фоидаи имон ба паёмбарон:

1) Маърифат пайдо кардан ба раҳмати Аллоҳ Таоло, ки У Таоло бар бандагони худ китобҳо фиристодааст, ки дар он раҳнамоиву некуи, беҳбудиву наҷот аст.

2) Ҳикмати илоҳи ҳувайдо гашт, ки У Таоло бо ҳикмати худ бар ҳар уммат китобе фиристодааст, ки муносиби он уммат аст. Хотимаи он китобҳо Куръон аст,ки то рузи қиёмат барои тамоми мардумон ҳуҷ- ҷату далел боқи монад.

3) Барои ин неъматҳои бузург ба Аллоҳ Таоло шукр кардан.

   Самараҳои имон ба паёмбарон (алайҳимус салом).

1) Донистани қадри лутфу раҳмати парвардигор ба бандагонаш, ки ба суи онҳо паёмбарони гиромиро фиристодааст, то онҳоро ҳидояту иршод ба корҳои нек кунанд.

2) Қадри ин неъматро дониста ба Аллоҳ Таоло бисёр шукр кардан аст.

3) Дуст доштани паёмбарон ва ҳурмату эҳтиром намудан аст. Зеро онҳо фиристодагони Худо ба суи бандагон ва беҳтарин бандагони илоҳи мебошанд.

   Самараи имон ба рузи қиёмат:

1) Тоату ибодатҳоро бояд барои Аллоҳ Таоло анҷом диҳем, то дар он руз сазовори подоши мукофот ва аҷру савоб шавем. Ва аз маъсияту гуноҳҳо дур шавем, то дар он руз сазовори азобу уқубат нашавем.

2) Шахси муъмин, агар неъмати дунёро дарк карда натавонад, пас барои вай боке надорад, зеро у доимо дар умед ба неъматҳои охират мебошад ва бо ин амр у худро орому таслият медиҳад.

   Самараҳои имон ба тақдир:

 1) Дар анҷом додани коре бояд эътимод ба Аллоҳ Таоло карда шавад, зеро ҳамаи сабабу асбобҳо ба тақдири илоҳи вобаста аст.

 2) Шахси муъмин ба такдир доимо нафси у дар роҳат ва қалбаш ором аст, зеро у медонад, ки ҳамаи умур чи нек бошад ва чи бад ҳама мабни ба тақдири илоҳи аст.

 3) Дур будан аз худписандиву ифтихори, зеро ҳар неъмате, ки муъмин бар он ноил мешавад, пас у медонад, ки ин неъмат аз ҷониби Аллоҳ Таоло аст, бинобар ин бояд Аллоҳ Таолоро шукр мекунад.

 4) Бандаи муъмин ҳар вақте, ки бар вай мусибате нозил мешавад, у ҳаргиз ноором ва хавотир нахоҳад шуд, зеро у яқинан дорои маърифат шудааст, ки ин мусибат аз тақдири Аллоҳ Таоло аст, ки набояд аз вай норозиву ноором шавад, балки сабр карда аз Аллоҳ Таоло аҷру савобро умед кунад.

"ما أصاب من مصيبة في الأرض و لا في أنفسكم إلا في كتاب من قبل أن نبرأها إن ذلك على الله يسير. لكيلا تأسوا على ما فاتكم و لا تفرحوا بما آتاكم و الله لا يحب كل مختال فخور" (الحديد: 22-23)

   «Ҳеҷ мусибате дар замин ва на дар ҷонҳои шумо нарасид, магар навишта шудааст дар китоб пеш аз он, ки биёфаринем он мусибатро, ҳароина ин кор бар Худо осон аст. (Ҳабар додаем), то андуҳ нахуред бар он чи рафт аз дасти шумо ва то шодмон нашавед ба он чи ато кард шуморо ва Худои Таоло худбин ва мутакаббирро дуст намедорад».  (Ҳадид: 22-23)

   Дар поён Худои Таолоро умедворем, то моёнро бар ин ақида устувор гардонад ва самарахои онро барои мо таҳқиқ бипазирад ва моёнро мавриди лутфу карамаш қарор диҳад, ва дилҳои моро аз роҳи устувор каҷ нагардонад.

Охирин сухани мо ҳамду ситоиш Худои меҳрубонро ва дуруду салом бар паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аҳлу ёронашон.

Нависанда: Муҳаммадсолеҳи Усаймин.

*    *    *