Гузориши мухтасар:

Рамла духтари Абу Суфён писари Сахр мебошад. Модараш Сафия духтари Абил-Ос писари Умайя амакии Усмон писари Аффон аст.
У бо кунияаш –Умми Ҳабиба- дар байни мардум шинохта мешуд ва аз зумраи мусалмонҳои аввал ба шумор меравад. У бо ҳамроҳии шавҳараш –Убайдулло писари Чаҳш- дар Маккаи Мукаррама исломи хешро эълон намуд. Онҳо монанди дигар мусалмонҳои Макка аз шиканчаҳои пай дар пайи мушрикон эмин наёфтанд.

Назари ту бароямон муҳим аст