Гузориши мухтасар:

Бошарафтарин зани асри хеш Хадиҷа бинти Хувайлид дар оилаи миёнаҳол дар Маккаи Мукаррама таваллуд ёфтааст. Номи падараш Хувайлид ибни Асад ва номи модараш Фотима бинти Зоида будааст. Пеш аз биъсати набави мулаққаб ба Тоҳира буд.
Ҳазрати Хадиҷа дар замони ҷоҳилият зани поку шарифа буда дар байни мардум ба неки ёдовар мешуд. У (р.з) аз зумраи тоҷирони машҳур ба шумор рафта дар молаш савдогарони зиёде тиҷорат мекарданд.

Назари ту бароямон муҳим аст