Гузориши мухтасар:

Башарият аз асри Одам то замони феълӣ даъватгарон, муслиҳон ва пешвоёни зиёдеро шоҳид будааст, ки пешсафии онҳоро паёмбарон соҳиб гаштаанд. Агарчи паёмбарони илоҳӣ барои наҷоти башарият ва ихроҷи он аз торикиҳои куфру залолат заҳамоти ҷонкоҳеро ҳамеша мутаҳаммил шудаанд, Худованди мутаъол ба манзури муваффақияти онҳо боз ёрону мухлисони аз ҷон гузаштаеро дар канорашон қарор дода, ки дар ҳар шароите аз базли ҷону моли хеш барои ҳимоят ва нусрати паёмбарон ва дини илоҳӣ дареғ наварзидаанд.

Назари ту бароямон муҳим аст