• video-shot

    YOUTUBE

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Дар ин навор Ҳоҷи Мирзо дар мавзуи хушбахти ва саодатмандии мард суҳбат мекунад, ва зикр мекунад ки саодатии мард дар дунё дар чор чиз мебошад, пас он чор чиз кадомҳост??

  • video-shot

    MP4

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Дар ин навор ҳоҷи Мирзо насиҳате ба ҷавонон мекунад ва ба чанд саволе ҷавоб мегуяд аз қабили: Ҳукми мусиқи дар ислом, Ҳаром ё Ҳалол аст? Бардоштани ишораи субоба? Нигоҳдоштан аз сеҳру ҷоду? Ва дигар саволҳое ҳаст ки ба онҳо ҷавоб мегардонад.

  • MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар мавзуи илм ва талаби он ва дар бораи фазлу бузургии олимон ва эҳтироми онҳо сухан меронад.

  • MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор ҳукми арақ ва зарарҳои онро баён мекунад, «Даҳнафарро Пайғамбари Худо ба сабаби арақ лаънат гуфтанд: 1- Тайёркунандаи арақ, соҳиби заводи арақ барорӣ. 2- Шахсе, ки барои истифодаи худаш тайёр мекунад. 3- Арақ рез, тақсим кунандаи арақ дар маъракаҳо. 4- Нушандаи Арақ. 5- Фурушандаи арақ. 6- Харидори арақ 7- Арақ бардор, монанде, ки дар хонаи ақди никоҳ ҳамчун одат бардошта орзу мекунанд. 8- Арақбар, монанди мошинҳои борбар ё таксиҳое, ки арақ фурушро бо арақҳояш савор карда ба бозор мебаранд. 9- Туҳфа кунандаи арақ; арақро ба ягон каси дигар туҳфа мекунад. 10- Шахсе ки пули арақро мехурад, аз ҳисоби арақфуруши зиндагони мекунад. Паёмбари Худованд ба ҳамаи инҳо лаънат гуфтанд. Барои истифодаи бештар ин наворро бишнавед.

  • MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи дӯстдоштани Паёмбари Худо (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мавъиза мекунад, муҳабати мо нисбати Паёмбари Худо бояд чигуна бошад, оё муҳаббати Паёмбар сабаби наҷоти мо мешавад? Оятҳо ва ҳадисҳои воридшуда дар мавзуи муҳаббати Паёмбари Худо бо зикри баъзе аз қиссаҳои муҳаббати саҳобагон нисбати расули Худо.

  • MP3

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи иҳтироми падару модар, ва чи гуна ба ҷо овардани иҳтиром онҳо ва ба даст овардани хушнудии онҳоро баён мекунад. Ва баъзе аз оятҳо ва ҳадисҳоеро зикр мекунад ки амр ба иҳтироми падару модар мекунанд.

  • MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи зиндагонии ҳазрати Умар ибни Хаттоб (Худо аз Ӯ рози бод) суҳбат мекунад. Ва бояд зикр кард ки ин дуввумин халифаи мусалмонон мебошад, ва яке аз даҳ нафари башоратдода ба ҷаннат аст. Инчунин дар ин навор зикр мекунад, ки баъзе мардум аз ин саҳобии киром ирод гирифтанд ва ӯро таънаву дашном додаанд; Ҳоҷи Мирзо сухани онҳоро рад карда ва ботил будани суханони онҳоро баён мекунад.

  • MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Дар ин навор ҳоҷи Мирзо қиссаи қурбонии ҳазрати Исмоилро нақл мекунад.

  • Боби Намоз Тоҷикӣ

    MP3

    Ҳочи Мирзо дар ин навор дар бораи намоз ва фазилатҳои он суҳбат мекунад, ва барои бенамозон чи гуна азобҳо интизор аст дар рузи қиёмат баён мекунад

  • MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи масҷидҳо ва иҳтиром кардани онҳо суҳбат мекунад. Ва аҷру савобе, ки ба соҳиби масҷид мерасад, ва ба он шахсе, ки масҷид месозад.

  • video-shot

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи зиндагонии ҳазрати Абубакри Сиддиқ (Худо аз У рози бод) суҳбат мекунад. Ва бояд зикр кард ки ин аввалин халифаи мусалмонон мебошад, ва шахсест ки Паёмбари ислом аз пушташ намоз хондааст, ва бисёр фазлу бузургии зиёде бар уммат дорад. Инчунин дар ин навор зикр мекунад ки баъзе мардум аз ин саҳобии киром ирод гирифтанд ва уро таънаву дошном додаанд; Ҳоҷи Мирзо сухани онҳоро рад карда ва ботил будани суханони онҳоро баён мекунад.

  • Дунё Тоҷикӣ

    MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳочи Мирзо дар ин навор дар бораи дунё, дилбастан ба он, ва чигуна мо метавонем аз ин дунё барои охирати худ истифода барем, ва дар бораи парҳезгори аз дунё суҳбат мекунад.

  • Даҷҷол Тоҷикӣ

    MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи даҷҷол, сифатҳои ӯ, зарарҳо ва аз куҷо боромадани ӯ, ва чигуна мардумро ба суи куфру ширк бурданаш ва ки ӯро ба қатл мерасонад суҳбат мекунад.

  • MP3

    Сухангу : Ҳоҷи Мирзо

    Ҳоҷи Мирзо дар ин навор дар бораи масҷид ва неъмати бузурги он ва шукргузори кардани Худовандро барои ҳамаи масҷидҳое, ки дар Тоҷикистони мо то ҳол кушодаанд суҳбат мекунад.

  • MP3

    Дар боби бенамозон : Ҳочи Мирзо дар ин навор дар боби намоз ва фазилати он, ва дар бораи бенамозон сухан меронад, ва зиёде аз оятҳо ва ҳадисҳоеро зикр мекунад ки бисёр ваиди сахте аст барои бенамозон .

Назари ту бароямон муҳим аст