Дастабандии илми

  • PDF

    Насиҳат барои касоне ки ба намоз аҳамият намедиҳанд ва онро тарк мекунанд.

  • PDF

    Лозим аст, ки байни азон ва иқома фосила вуҷуд дошта бошад, ба андозае ки шахс битавонад худро барои намоз ва ҳузур дар он омода кунад.

  • PDF

    Мақолаи муфид дар бораи дуъои дастаҷамъӣ ва дуъоҳои баъди намоз, бо зикри ақволи аҳли илм ва фатвоҳояшон.

  • PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Намоз, он нури рушноидиҳандаи ақлҳо, ҳамрози худотарсон, роҳати хастагон, неъмати ба худо қарибшавандагон, биҳишт ва зиндон: Биҳишт, барои касоне, ки аҳли Худованд ҳастанд (яъне касоне, ки доимо ба зикри Худо машғуланд ва авомири Худоро ба ҷой оварда аз навоҳии Ӯ дури меҷӯянд) пас намоз дуркунандаи ғамҳо ва сабук кунандаи андуҳи онҳост. Зиндон барои касоне, ки дар ҳабси дури ва ҳирмон, ва асири гуноҳу исён мебошанд.

  • PDF

    Бе шубҳа, намоз як ибодати решадор ва амиқе мебошад, ки дар ҳамаи адён буда ва шояд кам дине вуҷуд дошта бошад, ки намоз дар он ба гунае набошад. Худованд дар Қуръони карим ва паёмбараш Муҳаммад (с) дар аҳодиси худ ба намоз, ки як асли бо арзиш ва ибодати муҳим мебошад, таъкиди фаровон намуда, аз тарки он мусулмононро бисёр сахт барҳазар доштаанд. Намоз сутун ва пояи дини муқаддаси Ислом буда, калиди биҳишти ҷовидонӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҷумлаи шоистатарин амалҳо дар даргоҳи илоҳӣ мебошад. Дар рӯзи ҷазо аввалин пурсиш аз намоз шурӯъ мешавад. Ислом вазифаи ҳар мусулмонро танҳо дар ин хулоса накардааст, ки дур аз ҷамоат ва муҳите, ки дар он зиндагӣ мекунад, ба танҳоӣ ба анҷоми намоз пардозад, балки ба таври ҷиддӣ ба гузоридани намози ҷамоат, ба вижа дар масҷидҳо фаро хондааст. Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки Паёмбари акрам (с) фармуданд: "савоби намозе, ки бо ҷамоат хонда мешавад, аз савоби намози танҳогузор бисту ҳафт маротиба зиёдтар мебошад".

  • PDF

    Доктор Муҳаммад Ал-Хашшоб (محمد الخشاب) устоди шуъбаи дастгоҳи гузориш ва ҷигари донишкадаи тибби донишгоҳи Зақозиқ (Миср) ба ин мавзӯъ ишора мекунад, ки бедор шудан барои намози бомдод, кори соати биологии баданро беҳ месозад ва дастгоҳҳои гуногуни ҷисмро водор месозад, ки ба беҳтарин ваҷҳ вазифаҳои худро анҷом диҳанд. Бар асоси пажӯҳишҳое, ки аз тарафи маркази пажӯҳишҳои миллии Қоҳира анҷом ёфтаанд, хондани намози бомдод дар вақти муқарарашудаи он, кори ҳуҷайраҳои баданро фаъол месозад ва онҳоро аз тақсимоти номарғуб нигаҳ медорад.

  • PDF

    Азбаски намоз дар байни дигар ибодатњо хусусият ва имтиёзњои муњиме дошт, Худованд онро бидуни восита ва миёнраве дар шаби Исроъ ва Меърољ мустаќиман расули Худоро мухотаб ќарор дода онро ба Ў ва умматаш фарз гардонид.

  • PDF

    Намоз аввалин фармони Худо аст. Намоз маросими махсусе барои парастиши Худо ва розу ниёз бо уст. Дар он лаҳза, одамӣ ба камол ва шукуҳи бениҳояти офаридгори ҷаҳон меандешад, саропо шефтаи он мешавад

Назари ту бароямон муҳим аст