Дастабандии илми

  • PDF

    Банда ин рисоларо бо умеди ин, ки Худованди таъоло ба василаи он зану шавҳарро нафъ мебахшад ҷамъоварӣ намудам, ва бояд бигӯям, ки зани хирадманди афифа нағз медонад, ки чӣ гуна шавҳарашро хушнуд созад ва чӣ тавр бо ахлоқи ҳамида, фармонбардорӣ аз шавҳар ва лутфу нармӣ муҳаббати шавҳарашро касб намояд. Расули акрам (с) ба яке аз занони асҳоби хеш гуфтанд: - Оё шавҳар дорӣ? Гуфт: -Оре. Он ҳазрат (с) пурсиданд: - Нисбати ӯ чӣ гуна муомилаву рафтор менамоӣ? Гуфт: - То ҳадди тавонам дар хидматаш тақсиру кӯтоҳӣ нахоҳам кард. Он ҳазрат (с) фармуданнд: - Дар мавриди шаҳарат боэҳтиёт бош, зеро, ки ӯ (шавҳарат) биҳишт ва дӯзахат мебошад. Яъне, шавҳарат сабаби даромаданат ба биҳишт ва дӯзах мегардад. (Ба ривояти Тирмизӣ)

  • PDF

    Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.

Назари ту бароямон муҳим аст