Дастабандии илми

  • MP3

    Ҳар шахсе думболи оромиш ва ё роҳат бошад бояд ба ибодати Парвардигор бархезад, зеро Худованд ва Паёмбараш дар оятҳо ва ҳадисҳои зиёде баён кардаанд, ки оромиши дилҳо ва нафсҳо дар итоати Худованд аст.

  • MP3

    Ин навор дар мавзӯъи ҳақиқати дунё ва хушбахти суҳбат карда, баён мекунад, ки ин дунё ба касе вафо накардааст ва хушбахти ҷамъи молу мансаб нест, балки ибодати худованд ва ба даст овардани розигии Ӯ ва пайрави аз дину Расули Ӯст.

  • MP3

    Дар ин навор шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар бораи ҳалол ва ҳаром дар ислом суҳбат мекунад, ва мефармояд ки ҳалолу ҳаром дар ислом ошкоро баён карда шудааст, ва бояд ҳар як шахси мусалмон байни ин ду фарқ бикунад, ва фармонҳои Худову Паёмбарро баҷо биорад.

  • MP3

    Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар боби шукр кардани неъматҳое, ки Худованд барои ҳар як банда ато кардааст мавъиза мекунад, ва инчунин дар бораи даъват ва раҳнамои кардани дигарон ба суи корҳои хайр ва саховатманди, ки фоидааш барои тамоми мардум мебошад суханрони кардааст.

Назари ту бароямон муҳим аст