Дастабандии илми

معلومات المواد باللغة العربية

The Month of Ramadan

Теъдоди матолиб: 32

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Шайх Муҳаммад Солиҳи Пурдил дар ин навор дар бораи фазлу бузургии даҳ рӯзи охири моҳи шарифи Рамазон суҳбат мекунад, ва баён мекунад, ки дар ин даҳ рӯз бояд тоату ибодатро ду чанд кард, ва инчунин дар ин даҳ рӯз як шабе ҳаст, ки аз ҳазор моҳ хубтар аст, ва онҳам шаби қадр мебошад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Албата шаби қадр як ё се ва ё чанд рўзҳои тоқе қабл аз расидани Иди Фитр сурат мегирад, ва ё ба ибораи дигар онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзи охири аз рамазон метавон дарёфт, ки ибодати кардани ин шаб бештар аз ҳазор моҳ ва ё ҳаштоду се сол аст, яъне савоб ва подоши зиндадорӣ кардан ва ба тоату ибодат гузаронидани ин шаб бештар аз умри як банда аст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар мавзуъи суҳур ва вақти он, ва ҳикмат аз дер хурдани он, ва инчунин дар мавзуъи фазлу савоби ифтор додани дигарон суханрони мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Рӯзадорӣ фоидаҳои ҷисми ва руҳии фаровоне дорад, шифобахши ҷисм ва тавонбахши ҷон аст, пок кунандаи инсон аз тамоми палидиҳои ҳайвони аст, ва дар сохтани фарди солеҳ ва муҷтамаъи ба сомон бисёр муаcсир мебошад. Аз ҷумлаи фоидаҳои рӯзадори аз нигоҳи тиб дар ҷисми инсон аст, мисли меъдаи инсон ки аз пуркортар аъзои ҷисми инсон аст, ва тақрибан дар ҳама соатҳо машғул ба кор кардан аст, ҳарончизе ки инсон мехураду менушад меъда ба ҳазму таҳлил ва ҷазбу дафъи он соъатҳои дароз машғул аст.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Рамазон чист? Рамазон яке аз 12 моҳи ҳиҷрӣ мебошад, ки бисёр моҳи бузурге дар Ислом ба ҳисоб меравад ва аз дигар моҳҳои ҳиҷрӣ бо иддае аз фазоил ва хусусиятҳо фарқ мекунад. Аз ҷумлаи ин фазилат ва хусусиятҳо: 1. Худованд рузаи ин моҳро чаҳорумин рукни Ислом гардонидааст. 2. Худованд Қуръонро дар ин моҳ фиристод. 3. Худованд шаби Қадрро дар ин моҳ гардонидааст. 4. Худованд бо имон ва холисона руза доштан ва намоз гузоштани ин моҳро сабаби мағфират ва бахшиши гуноҳон гардонидааст. 5. Худованд дар моҳи рамазон дарҳои биҳиштро мекушояд ва дарҳои дўзахро мебанданд ва шайтонҳоро мебанданд. 6. Барои Худованд дар ҳар як шаби рамазон наҷотёфтагони аз дўзах аст. 7. Рўзаи моҳи рамазон сабаби аз байн рафтани гуноҳоне аст. 8. Рузаи моҳи рамазон баробар ба руза доштани даҳ моҳ ҳаст. 9. Касе ки намози таровеҳро то охираш ҳамроҳи имом ба ҷой орад, барои ў қиёми ҳамаи шаб навишта шавад. 10. Умра кардан (хонаи Худоро зиёрат карданд) дар рамазон баробар ҳаҷ аст. 11. Дар моҳи рамазон эъикоф нишастан суннат аст. 12. Дар рамазон мустаҳаби таъкидӣ аст, ки Қуръон омўхта ва зиёд тиловат карда шавад. 13. Аз ҷумлаи корҳои хубу мустаҳаб дар рамазон ифтор додани рузадор аст.

  • Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи фазилати моҳи рамазон, ва рӯзҳое, ки дар ин моҳ мебошад, ва дар бораи вақти ифтор кардан ва чигуна ва бо чи бояд ифтор кард баён мекунад, ва ин чунин дар бораи саҳари хурдан суҳбат мекунад.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва Қуръони карим бар қалби поки ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукўҳ ҳаргиз надида буд. Дар он шаб нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо оғоз гардид.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Моҳи рамазон, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамои ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи рамазон ҳозир бошад, бояд рӯза бигирад). Моҳи рамазон, моҳи ибодат ва тоъат аст, моҳи нузули Қуръони карим аст дар бораи ин моҳи пурбаракат фазоили бисёре омадааст мо дар инҷо ба зикри гушаҳое аз ин фазилатҳо мепардозем.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Яке аз суннатҳои моҳи Рамазон барвақт ифтор намудан аст. Паёмбар (с) мефармояд: «То замоне, ки мардум барвақт ифтор менамоянд, дар хайру хубӣ ҳастанд».Муттафақун алайҳ аст. Ин мақола дар бораи ифтор ва дар кадом вақт ифтор кардан хуб аст сухбат мекунад

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Худованди поку ягона дар моҳи мубораки Рамазон рӯза доштанро машрӯъ гардонида, онро яке аз фаризаҳои асосӣ дар ислом қарор додааст. Пайғамбари акрам (с) низ рӯзадории ихтиёриро бар мадори суннат машрӯъ гардонидааст. Ҳеҷ гумоне нест, ки рӯзадорӣ ва дигар парастишҳое, ки Худованду пайғамбараш воҷиб доштаанд, фоидаҳои зиёдеро дар пай доранд.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Руза ибодатест, ки фоидаҳои фаровоне дарбар дорад мо дар инҷо саъи мекунем бархе аз фоидаҳои рузаро зикр кунем.

  • Тоҷикӣ

    PDF

    Мусалмонони садри аввали ислом аз саҳобаи киром ва тобиъин (р) ба моҳи рамазон эҳтимоми хос медоданд, аз Худованд мехостанд, ки онҳоро то моҳи рамазон зинда нигаҳ дорад то ин ки битавонанд ин моҳи пурфайзро руза бигиранд, ва бо қудуми рамазон хушҳол мешуданд, рузҳои онро руза ва шабҳояшро бо намози шаб ва тиловати Қуръон зинда нигаҳ медоштанд, ва дар ин моҳ бо анҷоми анвоъи ибодатҳо нафси худро покиза ва пок менамуданд.