من خلق الكون؟ ومن خلقني؟ - طاجيكي عرض باللغة الأصلية

نبذة مختصرة

كتاب قيم مترجم للغة الطاجيكية يوضح أن الله عز وجل هو خالق الكون وهو خالق البشر وهو وحده الذي يستحق العبادة.

تنزيــل
أرسل ملاحظة

تفاصيل


Коинотро кӣ офаридааст? Маро кӣ ва барои чӣ офаридааст?

Оё ман дар роҳи дуруст ҳастам?

Замину осмонҳо ва тамоми офариниш, ки миёни онҳост кӣ офаридааст?

Ин низоми дақиқ ва мукаммал дар замину осмонҳоро кӣ эҷод кардааст?

Кӣ инсонро офарид ва ба ӯ шунавоӣ, биноӣ ва ақл дод ва ӯро дар касби илм ва дарки ҳақоиқ тавоно сохт?

Кӣ ба ин маҳорати баланд ва дақиқ аъзои бадани туро офарид ва ба ту симои зебо бахшид?

Ба офариниши мавҷудоти зинда ва анвоъу дигаргуншаклии онҳо бояд андешид, ки чи касе онҳоро бо ин шаклҳои бешумор офарид?

Чигуна ин ҷаҳони бузург бо ин қавонини муназзам ва маҳкам тули ин солҳо устувор ва пойдор аст?

Кӣ низом ва системае, ки ин ҷаҳонро идора мекунанд (ба монанди: ҳаёт, марг, дубора зинда гардонидан, шабу рӯз, ивазшавии фаслҳо ва ғайраро) муқаррар кардааст?

Оё ин ҷаҳон худро офаридааст? Ё аз ҳеҷ ба вуҷӯд омадааст? Ва ё тасодуфӣ пайдо шудааст? Худованд мефармояд:

﴿أَمْ خُلِقُوا مِنْ غَيْرِ شَيْءٍ أَمْ هُمُ الْخَالِقُونَ (٣٥) أَمْ خَلَقُوا السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ بَلْ لَا يُوقِنُونَ﴾

"Оё онон аз ҳеҷ офарида шудаанд ё худ офаринандаи хешанд?(35)

Оё онон осмонҳо ва заминро офаридаанд? [На] Балки онон яқин надоранд [ки Аллоҳ Таъоло офаринандаи мутлақ аст]" (36) (Сураи Тур: 35-36)

Агар мо худро наёфаридаем пас аз ҳеҷ ва ё тасодуфӣ пайдо шудани мо муҳол аст, ҳақиқате ки дар он ҳеҷ шакке нест ин аст: ин ҷаҳонро бояд Офаридагори бузург ва тавоно бошад, зеро аз худ, ё аз ҳеҷ ва ё тасодуфӣ пайдо шудани ин ҷаҳон имконнопазир аст!

Чаро инсон ба вуҷуди чизҳое, ки намебинад бовар дорад? Монанди: (дарк, ақл, рӯҳ, эҳсос, шуур ва муҳаббат) оё ба ин далел нест, ки осори онҳоро мебинад? Пас чӣ гуна инсон метавонад бо дидани осори махлуқот вуҷуди Офаридагори ин ҷаҳони бузург ва раҳмати Ӯро инкор кунад?

Ҳеҷ шахси оқил ва соҳибхирад, ки ба ӯ гуфта шавад: ин хона бидуни инки касе онро бисозад ба вуҷӯд омадааст ва ё аз ҳеҷ ба вуҷӯд омадааст, намепазирад. Пас чигуна бархе аз мардум вақте ба онҳо гуфта шавад: ин ҷаҳон бидуни Офаридагор ба вуҷӯд омадааст, бовар мекунад? Ё ба шахси соҳибхирад гуфта шавад: ин низоми дақиқи коинот тасодуфӣ ба вуҷӯд омадааст, мепазирад?

Ҳамаи ин моро ба як натиҷа ва хулоса меорад, ки ин ҷаҳон Офаридагори бузургу тавоно дорад, ки онро идора мекунад ва Ӯ танҳо шоистаи парастиш аст, ҳар чи ғайри Ӯ Таъоло парастида мешавад ботил ва он лоиқи ибодат нест.

Парвардигор Офаридагори бузург аст.

Танҳо як Парвардигори Офаридагор вуҷӯд дорад, Ӯ ҳамон Фармонраво ва Мудаббир аст, Ӯ ҳамон рӯзидиҳанда аст, ки зинда мекунад ва мемиронад, Ӯст, ки заминро офарид ва ҳамвор сохт ва онро барои махлуқоташ қобили зист қарор дод ва Ӯст, ки осмонҳо ва тамоми офариниш, ки дар онҳо аст, офарид ва барои офтобу моҳтоб ва шабу рӯз танзими дақиқеро қарор дод, ки нишонаи азамат ва бузургии Ӯст.

Ӯст ҳавоеро, ки бидуни он қодир ба зинда мондан нестем дар ихтиёри мо гузошт, Ӯст, ки барои мо боронро фиристод ва рӯду дарёҳоро дар ихтиёри мо гузошт, Ӯст, ки вақте як ҷанин дар раҳми модар ва як махлуқи нотавон будем моро ҳифз кард ва ба мо ғизо дод ва Ӯст, ки хунро дар рагҳои мо аз таваллуд то вафот ҷорӣ намуд .

Ӯ таъолост Парвардигори офаранда ва рӯзидиҳандаи пок ва муаззам.

Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ رَبَّكُمُ اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَى عَلَى الْعَرْشِ يُغْشِي اللَّيْلَ النَّهَارَ يَطْلُبُهُ حَثِيثًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ وَالنُّجُومَ مُسَخَّرَاتٍ بِأَمْرِهِ أَلَا لَهُ الْخَلْقُ وَالْأَمْرُ تَبَارَكَ اللَّهُ رَبُّ الْعَالَمِينَ﴾

"[Эй мардум] Бе гумон, Парвардигори шумо Аллоҳ Таъоло аст, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар Ъарш қарор гирифт. [Торикии] Шабро бо [рӯшноии] рӯз мепӯшонад, ки [ҳаряки] он [дигаре]-ро шитобон меҷӯяд ва хуршеду моҳ ва ситорагонро [падид овард], ки [ҳамагӣ] ба фармони Ӯ ба хидмат [-и иинсон] гумошта шудаанд. Огоҳ бошед! Офариниш ва фармонравоӣ аз они Ӯст. Пурбаракат [-у бузург] аст Аллоҳ таъолое, ки Парвардигори ҷаҳониён аст" (Сураи Аъроф: 54)

Аллоҳ ҳамон Парвардигоре аст, ки ҳар ончи дар ҳастӣ вуҷӯд дорадро офарида аст, тамоми ончи мебинем ва ё оҷиз аз дидани он ҳастем, ҳама ҷуз Аллоҳ офарида шудааст, танҳо Ӯ шоистаи ибодат аст ва ҷуз Ӯ набояд ибодат карда шавад ва Ӯ Таъолоро дар офариниш, тадбири ҷаҳон ва ибодат шарике нест.

Агар фарз кунем худои дигаре дар баробари Аллоҳ вуҷӯд дорад тамоми коинот барҳам мехӯрад, зеро ҳамзамон идора кардани ҷаҳон аз сӯи ду худо номумкин аст. Худованд мефармояд:

{لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا}

"Агар дар осмон ва замин худоёне ба ҷуз Аллоҳ Таъоло вуҷӯд дошт, [дар асари носозгории онҳо] ҳатман, ҳар ду табоҳ мешуданд". (Сураи Анбиё: 22)

Сифоти Парвардигори офаранда.

Худованд некӯтарин номҳоеро дорад, ки бешуморанд ва Ӯ соҳиби сифоти воло ва бузург аст, ки далолат ба камоли Ӯ доранд, аз ҷумла: Ал-Холиқ (Офаридагор) ва "Аллоҳ", (яъне илоҳи ягона ва бешарик, ки сазовори парастиш аст), Ал-Ҳай (Зинда), Ал-Қайюм (Пойдор), Ар-Раҳим (Меҳрубон), Ар-Розиқ (Рӯзидиҳанда) ва Ал-Карим (Бахшанда).

Аллоҳ Таъоло дар Қуръони карим мефармояд:

﴿اللَّهُ لا إِلَهَ إِلَّا هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ لا تَأْخُذُهُ سِنَةٌ وَلا نَوْمٌ لَهُ مَا فِي السَّمَوَاتِ وَمَا فِي الأَرْضِ مَنْ ذَا الَّذِي يَشْفَعُ عِنْدَهُ إِلَّا بِإِذْنِهِ يَعْلَمُ مَا بَيْنَ أَيْدِيهِمْ وَمَا خَلْفَهُمْ وَلا يُحِيطُونَ بِشَيْءٍ مِنْ عِلْمِهِ إِلَّا بِمَا شَاءَ وَسِعَ كُرْسِيُّهُ السَّمَوَاتِ وَالأَرْضَ وَلا يَئُودُهُ حِفْظُهُمَا وَهُوَ الْعَلِيُّ الْعَظِيمُ﴾

(Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанав, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст.) (Сураи Бақара : 255)

Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ (١) اللَّهُ الصَّمَدُ (٢) لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ (٣) وَلَمْ يَكُنْ لَهُ كُفُوًا أَحَدٌ﴾

[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост (1)

Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд]. (2)

На [фарзанде] зода ва на зода шудааст. (3)

Ва ҳеҷ кас ҳаммонанд ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест» (4) (Сураи Ихлос: 1-4)

Парвардигори маъбуд дорои сифатҳои камол аст.

Яке аз сифатҳои Ӯ Таъоло илоҳи маъбуд аст ва ҳар чизе дигар ҷуз Ӯ махлуқ ва мукаллафу тобеъ аст.

Яке аз сифатҳои Ӯ Таъоло Ҳай ва Қаюм (Зинда ва Пойдор) аст ва ҳар мавҷуди зиндаро Ӯ ба вуҷӯд оварда ва ҳаёт бахшидааст, Ӯ Таъоло ҳар мавҷуди зиндаро ба вуҷӯд овардааст ва ба онҳо рӯзӣ медиҳад ва барои онҳо басанда аст. Худованд зинда аст ва намемирад ва Ӯ Таъоло фаношаванда нест, Ӯ Қаюм аст, ки намехобад ва дучори хоби сабук ва сангин намешавад.

Яке дигар аз сифатҳои Ӯ Таъоло Ъалим (доно бар ҳама чиз) аст ва чизе дар замин ва осмон аз Ӯ пинҳон намемонад.

Аз сифатҳои дигари Ӯ Таъоло ин аст, ки шунаво ва бино аст, ҳама чизро мешунавад ва ҳама махлуқотро мебинад, ончи инсон дар дил дорад ва ончи пинҳон мекунадро медонад ва чизе дар замин ва осмон аз Ӯ пинҳон намемонад.

Яке дигар аз сифатҳои Ӯ Қадир (Тавонои мутлақ) аст ва чизе Ӯро нотавон намесозад ва касе наметавонад дар баробари хости ӯ муқовимат кунад, ончи бихоҳад анҷом медиҳад ва ҳарчиро бихоҳад боз медорад, ба пеш ва ба таъхир меандозад ва Ӯ соҳиби ҳикмати расо ва бузург аст.

Аз сифатҳои дигари Ӯ Холиқ (Офаранда), Розиқ (Рӯзидиҳанда) ва Мудаббир (Тадбиркунанда)-е аст, ки махлуқотро офарид ва тадбир кард ва тамоми офариниш дар чанг ва қабзаи Ӯ ҳастанд.

Аз сифатҳои дигари Ӯ ин аст, ки ниёзмандро иҷобат мекунад, дармондаро ёрӣ мерасонад, барои мусибатзадагон кушоиш ҳосил мекунад ва ҳар махлуқ, ки гирифтори мушкилӣ ва тангӣ шавад ночор ба Ӯ паноҳ мебарад.

Ибодат хос барои Аллоҳ аст, зеро танҳо Ӯ Таъоло комил ва сазовори ибодат аст. Ҳарчи ҷуз Аллоҳ парастида шавад маъбуди ботил ва ноқис аст ва дучори нобудӣ ва фано мешавад.

Худованд ба мо хираде ато фармудааст, ки ба азамат ва бузургии Ӯ Таъоло пай мебарад, дар мо фитрате ниҳодааст, ки некиро дӯст медорад ва аз бадӣ нафрат дорад ва ҳаргоҳ ба сӯи Парвардигори ҷаҳониён руҷуъ кунад оромиш меёбад. Ин фитрат далолат бар камоли Ӯ Таъоло дорад ва Ӯ субҳонаҳу ва Таъоло ба нокамолӣ васф карда намешавад.

Шоистаи як фарди оқил нест, ки ҷуз Парвардигори комилро ибодат кунад, пас чигуна як махлуқи нокомил, монанди худ ё пасттар аз худро мепарастад!

Илоҳи маъбуд наметавонад башар, бут, дарахт ва ё ҷондори дигар бошад!

Худованд болои осмонҳо бар Ъарш аст, ҷудо аз офариниш, чизе аз офариниш дохил дар зоти Ӯ нест, ҳамонгуна, ки чизе аз зоти Ӯ дар махлуқот нест, дар ҳеҷ яке аз махлуқот маҳлул ва таҷассум намеёбад.

Ҳеҷ чиз монанди Парвардигор нест, Ӯ шунаво ва бино аст, касе ба Ӯ баробар нест ва Ӯ аз бандагонаш бениёз аст, намехобад ва на ғизо мехурад, Ӯ ҳамон бузурги мутлақ аст, ки доштани ҳамсар ва фарзанд сазовори Ӯ нест. Худованди Офаридагор дорои сифоти азамат аст ва наметавон Ӯро ба ниёзмандӣ ва норасоӣ тавсиф кард.

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ ضُرِبَ مَثَلٌ فَاسْتَمِعُوا لَهُ إِنَّ الَّذِينَ تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ لَنْ يَخْلُقُوا ذُبَابًا وَلَوِ اجْتَمَعُوا لَهُ وَإِنْ يَسْلُبْهُمُ الذُّبَابُ شَيْئًا لَا يَسْتَنْقِذُوهُ مِنْهُ ضَعُفَ الطَّالِبُ وَالْمَطْلُوبُ (٧٣) مَا قَدَرُوا اللَّهَ حَقَّ قَدْرِهِ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ﴾

(Эй мардум, [дар бораи нотавонии бутҳо] масале зада шудааст, пас, ба он гӯш диҳед: Касонеро, ки ба ҷои Аллоҳ Таъоло [ба парастиш] мехонед, ҳаргиз наметавонанд магасеро биёфаринанд, ҳатто агар [ҳамагӣ] барои ин [кор] ҷамъ шаванд. Ва агар он магас чизе аз онон бирабояд, наметавонанд онро бозпас гиранд. [Оре] Хостор ва хоста [бут ва магас] ҳар ду нотавонанд. (73)

[Онон] Аллоҳро чунон ки сазовори [бузургдошти] Ӯст, нашинохтаанд. Бе тардид, Аллоҳ Таъоло неруманди шикастнопазир аст. (74) (Сураи Ҳаҷ: 73-74)

Офаридагори бузург чаро моро офарид? Ӯ Таъоло аз мо чи мехоҳад?

Оё мумкин аст Худованд ҳама ин офаринишро бидуни ҳадаф халқ кунад? Оё Парвардигоре, ки ҳакиму доност ҳама инро беҳуда меофаринад?

Оё мумкин аст Парвардигоре, ки моро бо ин диққат ва маҳорат офаридааст ва ҳар ончи дар осмонҳо ва замин астро дар хидмати мо қарор додааст, моро беҳадаф офарида ва ё бидуни посух ба пурсишҳое, ки зеҳни моро машғул месозад вогузорад, монанди: мо барои чи дар ин дунё ҳастем? Пас аз марг чи хоҳад шуд? Ҳадаф аз офариниши мо чист?

Оё мумкин аст барои ситамгарон кайфар ва барои некӯкорон подоше набошад?

Аллоҳи пок мефармояд:

﴿أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّمَا خَلَقْنَاكُمْ عَبَثًا وَأَنَّكُمْ إِلَيْنَا لَا تُرْجَعُونَ﴾

(Оё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯи Мо бозгардонида намешавед?) (Сураи Мӯъминун: 115)

Худованд паёмбароне фиристод то ҳадафи вуҷӯд аз худ дар ин дунёро бидонем ва моро барои чигуна ибодат кардан ва наздик шудан ба Ӯ Таъоло ва инки Ӯ аз мо чи мехоҳад ва чигуна ризояти Ӯро ба даст меорем, роҳнамоӣ кунанд ва моро аз сарнавиштамон пас аз марг огаҳ намоянд.

Худованд паёмбароне фиристод, то ба мо бигӯянд, ки танҳо Ӯ шоистаи парастиш аст, ба мо биомӯзанд, ки чӣ гуна Ӯро ибодат кунем, моро аз амр ва наҳйшудаҳои Ӯ огоҳ созанд ва арзишҳои некро ба мо биомӯзанд, ки агар мо бандагон ба онҳо риоя кунем, бароямон зиндагии хуб ва пур аз некӣ ва баракат хоҳад буд.

Худованд паёмбарони зиёд, аз ҷумла: (Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо ва Исо)-ро фиристод ва ба онҳо мӯъҷиза ва нишонаҳо дод, ки далели сидқ ва нубуввати онҳо бошад ва вопасини онҳо ҳазрати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.

Паёмбарон ба таври возеҳу равшан ба мо гуфтанд, ки зиндагии ин дунё як озмоиш ва зиндагии ростин пас аз марг хоҳад буд.

Барои мӯъминон, ки ягона Худоро ибодат карданд ва ба Ӯ ҳеҷ шарик қарор надоданд ва ба тамоми паёмбарон имон оварданд биҳишти ҷовидон ва барои кофирон, ки дар баробари Худованд маъбудони дигар қарор доданд ва яке аз паёмбаронро инкор намуданд, оташи дӯзах хоҳад буд.

Худованд мефармояд:

﴿يَا بَنِي آدَمَ إِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ رُسُلٌ مِنْكُمْ يَقُصُّونَ عَلَيْكُمْ آيَاتِي فَمَنِ اتَّقَى وَأَصْلَحَ فَلَا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلَا هُمْ يَحْزَنُونَ (٣٥) وَالَّذِينَ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَاسْتَكْبَرُوا عَنْهَا أُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ﴾

(Эй фарзандони Одам, агар паёмбароне аз худи шумо [наздатон] биоянд, ки оёти Маро бароятон бихонанд, [аз он пайравӣ кунед] пас, онон, ки парҳезгорӣ намоянд ва [рафторҳои гузаштаро] ислоҳ кунанд, на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд. (35)

Ва касоне, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоранд ва дар баробараш [гарданкашӣ ва] такаббур меварзанд, аҳли дӯзаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд.) (Сураи Аъроф: 35-36)

Худованд мефармояд:

﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ اعْبُدُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ وَالَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ (٢١) الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ الْأَرْضَ فِرَاشًا وَالسَّمَاءَ بِنَاءً وَأَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَأَخْرَجَ بِهِ مِنَ الثَّمَرَاتِ رِزْقًا لَكُمْ فَلَا تَجْعَلُوا لِلَّهِ أَنْدَادًا وَأَنْتُمْ تَعْلَمُونَ (٢٢) وَإِنْ كُنْتُمْ فِي رَيْبٍ مِمَّا نَزَّلْنَا عَلَى عَبْدِنَا فَأْتُوا بِسُورَةٍ مِنْ مِثْلِهِ وَادْعُوا شُهَدَاءَكُمْ مِنْ دُونِ اللَّهِ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ (٢٣) فَإِنْ لَمْ تَفْعَلُوا وَلَنْ تَفْعَلُوا فَاتَّقُوا النَّارَ الَّتِي وَقُودُهَا النَّاسُ وَالْحِجَارَةُ أُعِدَّتْ لِلْكَافِرِينَ (٢٤) وَبَشِّرِ الَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ أَنَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ كُلَّمَا رُزِقُوا مِنْهَا مِنْ ثَمَرَةٍ رِزْقًا قَالُوا هَذَا الَّذِي رُزِقْنَا مِنْ قَبْلُ وَأُتُوا بِهِ مُتَشَابِهًا وَلَهُمْ فِيهَا أَزْوَاجٌ مُطَهَّرَةٌ وَهُمْ فِيهَا خَالِدُونَ﴾

(Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед; он касе, ки шумо ва пешиниёни шуморо офарид, бошад, ки парҳезгор шавед. (21)

Он кӣ заминро барои шумо бигустурд ва осмонро [ҳамчун сақфе] болои саратон қарор дод ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва ба василаи он анвои меваҳоро ба вуҷӯд овард, то рӯзии шумо бошад. Бинобар ин барои Аллоҳ Таъоло ҳамтоёне қарор надиҳед, дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонед. (22)

Ва агар дар бораи он чи бар бандаи худ [Муҳаммад] нозил кардаем, дар шакку тардид ҳастед, агар рост мегӯед, сурае ҳаммонанди он биёваред ва гувоҳони худро – ғайр аз Аллоҳ Таъоло – фаро хонед. (23)

Пас, агар чунин накардед –ва ҳаргиз натавонед кард– аз оташе битарсед, ки ҳезуми он мардуму сангҳо ҳастанд ва барои кофирон омода шудааст. (24)

[Эй паёмбар] Ба касоне, ки имон оварда ва корҳои шоиста анҷом додаанд, мужда бидеҳ, ки боғҳое [аз биҳишт] барояшон [дар пеш] аст, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Ҳар замон, ки мевае аз он ба эшон дода шавад, мегӯянд: "Ин ҳамон аст, ки пеш аз ин [дар дунё] рӯзии мо шуда буд; дар ҳоле ки шабеҳи он ба эшон дода шуда буд [на худи он] ва [дар он ҷо] ҳамсарони поке доранд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд") (25) (Сураи Бақара: 21-25)

Чаро паёмбарони зиёд фиристода шуд?

Худованд паёмбароне барои ҳидояти мардумон фиристод ва ҳеҷ уммате нест магар инки Худованд барояшон паёмбаре фиристод, то ононро ба ибодати Парвардигорашон даъват кунад ва амру наҳйи Ӯро бирасонад. Ҳадаф аз даъвати тамоми паёмбарон ибодати Аллоҳи ягона буд. Ҳаргоҳ уммате оғоз ба тарки рисолат ё таҳрифи он мекарданд, паёмбари дигаре ба сӯи онҳо фиристода мешуд то ононро ба тавҳид ва итоат аз Аллоҳ бар асоси ҳамон фитрати солим бозгардонад.

Худованд бо биъсати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар рисолати худ поён бахшид, паёмбаре ки дини комил ва шариати ҷовидон ва фарогир то рӯзи қиёматро барои башарият овард, ҳамон шариати комил ва носихи шариатҳои пешин, ва Худованд идома ва бақои ин динро то рӯзи қиёмат тазмин фармуд.

Инсон то ба ҳамаи паёмбарон имон наёварад, мӯъмин буда наметавонад.

Худованд паёмбаронро фиристод ва тамоми мардумонро амр фармуд, ки аз онҳо итоат кунанд ва ҳар кӣ ба рисолати яке аз онҳо куфр варзад, ба ҳамаи онҳо куфр варзидааст. Барои банда гуноҳе бузургтар аз напазируфтани ваҳйи илоҳӣ нест. Барои ворид шудан ба биҳишт бояд ба ҳамаи паёмбарон имон дошт.

Имон овардан ба Худо ва тамоми паёмбарон ва ба рӯзи охират дар ин замон барои ҳама воҷиб аст. Имон ҳамоно комил намешавад, магар бо имон овардан ва пайравӣ кардан аз хотами паёмбарон ҳазрати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки бо мӯъҷизаи ҷовидонӣ, ки ҳамон Қуръони карим аст ба сӯи мо фиристода шуд, мӯъҷизае, ки то замоне башар рӯи замин аст ҳифзи онро замонат фармудааст.

Худованд дар Қуръони карим фармудааст, ки ҳар кӣ имон ба яке аз паёмбаронро инкор кунад ба Худованд куфр варзида ваҳйи илоҳиро дурӯғ шумурдааст. Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ الَّذِينَ يَكْفُرُونَ بِاللَّهِ وَرُسُلِهِ وَيُرِيدُونَ أَنْ يُفَرِّقُوا بَيْنَ اللَّهِ وَرُسُلِهِ وَيَقُولُونَ نُؤْمِنُ بِبَعْضٍ وَنَكْفُرُ بِبَعْضٍ وَيُرِيدُونَ أَنْ يَتَّخِذُوا بَيْنَ ذَلِكَ سَبِيلًا (١٥٠) أُولَئِكَ هُمُ الْكَافِرُونَ حَقًّا وَأَعْتَدْنَا لِلْكَافِرِينَ عَذَابًا مُهِينًا﴾

"Касоне, ки ба Аллоҳ Таъоло ва паёмбаронаш куфр меварзанд ва мехоҳанд миёни Аллоҳ Таъоло ва паёмбаронаш ҷудоӣ андозанд ва мегӯянд: "Мо ба баъзе имон дорем ва баъзеро инкор мекунем" ва мехоҳанд дар ин [миён байни куфру имон барои худ] роҳе баргузинанд.

Ононанд, ки ба ростӣ, кофиранд ва мо барои кофирон азоби хоркунандае муҳайё кардаем" (Сураи Нисо: 150-151)

Бинобар ин мо мусалмонон ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат -онгуна, ки Аллоҳ амр фармудааст- имон дорем, ҳамон гуна ки ба тамоми паёмбарон ва китобҳои пешин имон дорем, Худованд мефармояд:

﴿آمَنَ الرَّسُولُ بِمَا أُنْزِلَ إِلَيْهِ مِنْ رَبِّهِ وَالْمُؤْمِنُونَ كُلٌّ آمَنَ بِاللَّهِ وَمَلَائِكَتِهِ وَكُتُبِهِ وَرُسُلِهِ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْ رُسُلِهِ وَقَالُوا سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا غُفْرَانَكَ رَبَّنَا وَإِلَيْكَ الْمَصِيرُ﴾

"Расул [-и Аллоҳ Таъоло] ба он чи аз [сӯи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва мӯъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ Таъоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омӯрзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯи Туст" (Сураи Бақара: 285)

Қуръони карим чист?

Қуръони карим каломи Худованд ва ваҳйи Ӯ таъолост, ки ба охирин паёмбарон Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нозил шуд, Қуръони карим бузургтарин мӯъҷизаест, ки далолат ба ҳақиқати нубуввати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мекунад. Аҳкоми Қуръони карим ҳақ ва ахбори он дуруст аст. Худованд мункирони Қуръонро ба чолиш кашид, ки агар метавонанд як сурае ҳаммонанди сураҳои Қуръон биёваранд, аммо бинобар бузургии мазмун ва муҳтавои фарогири он, ки шомили умури мутааллиқ ба дунё ва охирати мардум аст, оҷиз омаданд. Қуръони карим тамоми ҳақоиқи имониро, ки бояд ба онҳо имон дошт фаро мегирад. Ҳамчунин Қуръони карим шомили авомир ва навоҳие, ки инсон байни худ ва байни Парвардигораш, ё ончи марбут ба худи ӯст ва ё байни худ ва мардум анҷом медиҳад, аст. Қуръони карим бисёр ба як сабки олӣ ва услуби баланд баён шудааст. Қуръони карим шомили далелҳои ақлӣ ва ҳақоиқи илмии фаровоне аст, ки нишон медиҳад инсон наметавонад чунин китобе офаринад, балки он сухани Парвардигори ҷаҳониён аст.

Ислом чист?

Ислом таслим шудан ба Аллоҳи Мутаъол аз роҳи тавҳид ва гардан ниҳодан ба амри Ӯ бо тоъат ва пазируфтани шариати Ӯ бо ризоят ва қабули комил ва куфр варзидан ба ҳар чи ғайри Аллоҳи ягона парастида мешавад, аст.

Худованд паёмбаронро барои иблоғи як паём фиристодааст: Даъват ба ибодати Аллоҳи ягона ва бешарик ва куфр варзидан ба ҳар чизе ки ғайри Аллоҳ парастида мешавад.

Ислом дини ҳамаи паёмбарон аст, даъвати ҳамаи онҳо як ва бо шариатҳои гуногун буд. Имрӯз танҳо касоне, ки ба дини ҳамаи паёмбарон пойбанд ҳастанд, мусалмононанд. Дар ин замон рисолати ҳақ Ислом аст ва он охирин рисолати илоҳӣ ба башарият аст. Парвардигоре ки Иброҳим, Мусо ва Исо (Алайҳимус-салом)-ро фиристодааст, Ҳамон аст, ки охирини паёмбарон ҳазрати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро фиристодааст ва шариъати Ислом насхкунандаи тамоми шариатҳои пешин аст.

Тамоми динҳое, ки имрӯз мардум пайравӣ мекунанд, ба ҷуз Ислом, динҳои сохтаи башар ва ё динҳое ҳастанд, ки дар оғоз осмонӣ сипас ба дасти башар таҳриф ва дасткорӣ шуданд, ба гунае, ки дар ниҳоят омезае аз хурофоту афсонаҳои хаёлӣ ва талошҳои башарӣ гаштанд.

Аммо дини Ислом ягона дине аст, ки возеҳу равшан ва тағйирнопазир аст, танҳо Худоро мепарастанд, ҳама панҷ вақт намоз мегузоранд, закоти мол медиҳанд, дар моҳи Рамазон рӯза медоранд ва ба вижа ба қонуни асосии мусалмонон, ки ҳамон Қуръони карим аст таваҷҷӯҳ кунед, ки дар тамоми рӯи замин як аст. Худованди Мутаъол мефармояд:

﴿ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ فِي مَخۡمَصَةٍ غَيۡرَ مُتَجَانِفٖ لِّإِثۡمٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ﴾

"Имрӯз динатонро комил кардам ва неъматро бар шумо тамом намудам ва исломро [ба унвони беҳтарин] дин бароятон баргузидам. Пас, ҳар кӣ [барои ҳифзи ҷони худ ва] бидуни он ки ба гуноҳе мутамоил бошад, ночор [ба хӯрдани гӯштҳои манъшуда] шавад [бар ӯ гуноҳе нест]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ Таъоло омурзандаи меҳрубон аст". (Сураи Моида: 3)

Аллоҳ Таъоло дар Қуръони карим мефармояд:

﴿قُلْ آمَنَّا بِاللَّهِ وَمَا أُنْزِلَ عَلَيْنَا وَمَا أُنْزِلَ عَلَى إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَالْأَسْبَاطِ وَمَا أُوتِيَ مُوسَى وَعِيسَى وَالنَّبِيُّونَ مِنْ رَبِّهِمْ لَا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ (٨٤) وَمَنْ يَبْتَغِ غَيْرَ الْإِسْلَامِ دِينًا فَلَنْ يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ﴾

([Эй паёмбар] Бигӯ: "Ба Аллоҳ Таъоло ва он чи бар мо нозил шудааст, имон овардем ва [ҳамчунин ба] ончи бар Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва [паёмбароне, ки аз] наводагон [-и Яқуб буданд] нозил гардидааст ва он чи ба Мӯсо ва Исо ва [дигар] паёмбарон аз ҷониби Парвардигорашон дода шудааст; миёни ҳеҷ як аз онон фарқе намегузорем ва таслими Ӯ ҳастем"

Ҳар ки дине ғайр аз Ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст) (Оли Имрон: 84-85)

Дини Ислом як манҳаҷ ва равиши фарогир ва мутобиқ бо фитрат ва ақли солим аст, ки Офаридагори бузург барои халқи худ машрӯъ гардонид, дине, ки дар он хайр ва саъодат барои башарият дар дунё ва охират аст, дине, ки қавм ва рангро намешиносад, мардум дар он ҳама баробар ҳастанд ва касе бар дигаре бартарӣ надорад, магар ба андозаи амалҳои неки худ.

Худованд мефармояд:

(مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ)

(Ҳар кас -аз мард ё зан- ки кори нек кунад ва мӯъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накӯтарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем). (Сураи Наҳл: 97)

Ислом роҳи хӯшбахтӣ аст.

Ислом дини тамоми паёмбарон ва дини Аллоҳ барои ҳамаи мардумон аст, на дини хоси арабҳо.

Ислом роҳи саодати воқеӣ дар дунё ва неъмати ҷовидонӣ дар охират аст.

Ислом ягона дине аст, ки ба ниёзҳои руҳӣ ва баданӣ посух мегӯяд ва роҳҳали тамоми мушкилоти башарӣ аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд:

﴿قَالَ اهْبِطَا مِنْهَا جَمِيعًا بَعْضُكُمْ لِبَعْضٍ عَدُوٌّ فَإِمَّا يَأْتِيَنَّكُمْ مِنِّي هُدًى فَمَنِ اتَّبَعَ هُدَايَ فَلا يَضِلُّ وَلا يَشْقَى (123) وَمَنْ أَعْرَضَ عَنْ ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنْكًا وَنَحْشُرُهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَعْمَى﴾

(Фармуд: «[Шумо ду тан хамроҳи Иблис] Ҳамагӣ аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигаред. Агар аз [ҷониби] ман раҳнамуде бароятон расид, [бидонед] ҳар ки аз ҳидоятам пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на [аз азоби дузах] ба ранҷ меафтад. (123)

Ва касе аз ёди Ман рӯйгардон шавад, яқинан зиндагии сахте хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро нобино бармеангезем). (Сураи Тоҳо: 123-124)

Аз дохил шудан ба Ислом чи суд мебарам?

Дохил шудан ба Ислом манфиатҳои бузурге дорад, аз ҷумла:

- Дар ҳоли бандагӣ ба Аллоҳ инсон шараф ва пирӯзӣ ба даст меорад, вагарна бандаи ҳавову ҳавас ва шаҳват мегардад.

- Пирӯзӣ дар охират яъне Худо ӯро мағфират мекунад, Ризои Аллоҳро ба даст меорад, ӯро ба биҳишт ворид мекунад, неъмати ҷовидониро ба даст меорад ва аз азоби дӯзах наҷот меёбад.

- Мӯъмин дар рӯзи қиёмат бо паёмбарон, сиддиқон ва шаҳидону некӯкорон аст -чи ҳамроҳони нек ва зебо дорад- ва ҳар кӣ имон наоварад, бо тоғуту бадкорон ва табаҳкорону фасодкорон аст.

- Ононро, ки Худованд ба биҳишт ворид мекунад дар саодати абадӣ бидуни марг, беморӣ, пирӣ ва бидуни дарду ғам зиндагӣ мекунанд ва Худованд хостаҳои онҳоро бароварда месозад, ва онон, ки вориди ҷаҳаннам мешаванд дар азоби бепоён ва абадӣ хоҳанд буд.

- Дар биҳишт неъматҳои аст, ки на чашм дидааст, на гӯш шунидааст ва на ба зеҳни касе хутур кардааст. Чунончи Худованд мефармояд:

﴿مَنْ عَمِلَ صَالِحًا مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَى وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَلَنُحْيِيَنَّهُ حَيَاةً طَيِّبَةً وَلَنَجْزِيَنَّهُمْ أَجْرَهُمْ بِأَحْسَنِ مَا كَانُوا يَعْمَلُونَ﴾

("Ҳар кас -аз мард ё зан- ки кори нек кунад ва мӯъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накӯтарин [тоъат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем"). (Сураи Наҳл: 97) Ва Худованд мефармояд:

﴿فَلَا تَعۡلَمُ نَفۡسٞ مَّآ أُخۡفِيَ لَهُم مِّن قُرَّةِ أَعۡيُنٖ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ﴾

(Пас, ҳеҷ нафс намедонад чӣ чиз аз равшании чашм дар подоши он чӣ мекарданд, барои онҳо пинҳон дошта шудааст) (Сураи Саҷда: 17)

Агар Ислом напазирам чиро аз даст медиҳам?

Инсон дар ҳоли напазируфтани Ислом бузургтарин илму маърифатро аз даст медиҳад, ки он маърифат ва шинохти Аллоҳ аст. Ҳамчунин имон ба Аллоҳ, ки ба инсон дар дунё оромиш ва дар охират саодати ҷовидонӣ мебахшад, аз даст хоҳад дод.

Ҳамингуна инсон дастрасӣ ба бузургтарин китоб, ки Худованд ба башар нозил фармудааст ва имон ба ин китоби бузургро аз даст медиҳад.

Ӯ имон бар паёмбарони бузург ва ҳамроҳӣ бо онон дар биҳиштро аз даст медихад ва дар рӯзи қиёмат ҳамнишини шайтонҳо ва золимону ҷинояткорон хоҳад буд, чи ҷойгоҳи бад ва ҳамнишинонӣ баде аст барои ӯ.

Худои Мутаъол мефармояд:

﴿قُلْ إِنَّ الْخَاسِرِينَ الَّذِينَ خَسِرُوا أَنْفُسَهُمْ وَأَهْلِيهِمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ أَلا ذَلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ (15) لَهُمْ مِنْ فَوْقِهِمْ ظُلَلٌ مِنَ النَّارِ وَمِنْ تَحْتِهِمْ ظُلَلٌ ذَلِكَ يُخَوِّفُ اللَّهُ بِهِ عِبَادَهُ يَا عِبَادِ فَاتَّقُونِ﴾

("Бигӯ: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаашонро дар растохез ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст. (15)

Бар болои сар ва зери пояшон табақоте аз оташ аст. Ин аст он чи Аллоҳ Таъоло бандагонашро аз он метарсонад. Эй бандагони Ман, аз [нофармонии] Ман парво кунед") (Сураи Зумар: 15-16)

Ҳар кӣ мехоҳад дар охират наҷот ёбад, бояд Ислом бипазирад ва аз паёмбар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пайравӣ кунад.

Яке аз ҳақоиқе, ки паёмбарон ва расулон (Алайҳимус-салом) бар он муттафиқанд, ин аст, ки танҳо касоне, ки ба Худои мутаъол имон овардаанд ва дар ибодати Ӯ ҳеҷ касро шарик қарор надодаанд ва ба ҳамаи паёмбарон ва расулон имон овардаанд, дар охират наҷотёфтагонанд. Ҳама пайравони паёмбароне, ки ба онон имон оварда ва аз онон пайравӣ карданд вориди биҳишт мешаванд ва аз дӯзах наҷот меёбанд.

Касоне ки дар замони паёмбар Мусо буданд ва ба ӯ имон оварданд ва аз таълимоти ӯ пайравӣ карданд, онҳо мусалмон ва мӯъминони некукор ҳастанд, аммо пас аз биъсати Исо бар пайравони Мусо воҷиб буд ба Исо имон биёваранд ва аз ӯ пайравӣ кунанд. Пас ҳар касе ба Исо имон овард, мусалмони ростини некукор ва ҳар касе аз имон ба Исо сарпечӣ кард ва гуфт ман бар дини Мусо мемонам, аз имон берун шуд, зеро ӯ аз имон ба паёмбаре, ки Худо фиристодааст сарпечӣ намуд. Пас аз он ки Худованд охирини паёмбарон Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро фиристод, бояд ҳама ба ӯ имон оваранд, зеро Парвардигори мутаъол, ки Мӯсо ва Исоро фиристод, Ӯст, ки охирини паёмбарон Муҳаммадро фиристод. Пас ҳар кӣ ба рисолати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) кофир шавад ва бигӯяд ман танҳо аз Мусо ё Исо пайравӣ мекунам, мӯъмин нест.

Басанда нест барои касе бигӯяд ман ба мусалмонон эҳтиром дорам ва барои наҷот дар охират садақа бидиҳад ва ба мискинон кӯмак кунад, балки бояд ба Аллоҳ, ба китобҳои Ӯ, ба паёмбарони Ӯ ва бар рӯзи қиёмат имон дошта бошад, то Аллоҳ амалҳои нек аз ӯро қабул намояд! Гуноҳе бузургтар аз ширк, куфр ба Аллоҳ, инкори ваҳй ва ё инкори вопасин паёмбар ҳазрати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) нест.

Яҳуд ва насоро ва дигарон, ки аз рисолати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шуниданд ва ба ӯ имон наоварданд ва аз дохил шудан ба дини Ислом сарпечӣ карданд, абадӣ дар оташи дӯзах хоҳанд монд. Ин аст ҳукми Аллоҳ на касе аз башар. Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ وَالْمُشْرِكِينَ فِي نَارِ جَهَنَّمَ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ أُولَـٰئِكَ هُمْ شَرُّ الْبَرِيَّة﴾

(Бе гумон, касоне аз аҳли китоб ва мушрикон, ки кофир шуданд, ҷовидона дар оташи ҷаҳаннам хоҳанд монд. Онон бадтарин офаридагон ҳастанд) (Сураи Байина: 6)

Пас аз нузули вопасин рисолат, бояд ҳар касе дар мавриди Ислом ва рисолати Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мешунавад, ба он имон биёварад, ба шариъати он итоат фармуда аз он пайравӣ кунад. Ҳар кӣ аз охирин рисолат огаҳ шавад ва онро инкор кунад, Худо дигар чизе аз ӯ намепазирад ва дар охират ӯро дар азоби худ қарор медиҳад.

Аз далелҳои он фармудаи Худованд аст, ки мегӯяд:

﴿وَمَنْ يَبْتَغِ غَيْرَ الْإِسْلَامِ دِينًا فَلَنْ يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ﴾

(Ҳар ки дине ғайр аз ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст) (Оли Имрон: 85)

Ва Худованд мефармояд:

﴿قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ تَعَالَوْا إِلَى كَلِمَةٍ سَوَاءٍ بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلَّا نَعْبُدَ إِلَّا اللَّهَ وَلَا نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلَا يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِنْ دُونِ اللَّهِ فَإِنْ تَوَلَّوْا فَقُولُوا اشْهَدُوا بِأَنَّا مُسْلِمُونَ﴾

([Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, ба сӯйи сухане биёед, ки миёни мо ва шумо одилона аст [ва инҳирофе аз ҳақ дар он нест]: ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва чизеро [дар қудрату тадбир] бо Ӯ шарик насозем ва бархе аз мо бархи дигарро ба ҷой Аллоҳ Таъоло [ба парастиш] нагиранд". Агар онон [аз ин даъват] рӯй гардонанд, пас, [эй мӯъминон, ба эшон] бигӯед: "Гувоҳ бошед, ки мо таслим [-и авомири илоҳӣ] ҳастем) (Оли Имрон: 64)

Барои мусалмон шудан чи бояд кард?

Барои ворид шудан ба Ислом, ба ин шаш рукни он имон бояд овард.

Имон ба Аллоҳ Таъоло ва инки Ӯ офаридгор, рӯзидиҳанда, тадбиркунанда ва молик аст ва чизе ҳаммонанди Ӯ нест. Ӯро ҳамсар ва фарзанде нест, танҳо Ӯ сазовори ибодат аст, дар баробари Ӯ набояд маъбуди дигаре қарор дод ва бар ин бовар буд, ки ҳарчи ба ҷуз Аллоҳ парастиш мешавад, ботил аст.

Имон ба фариштагон, ки онҳо бандагони Аллоҳ Таъоло ҳастанд, онҳоро аз нур офаридааст ва яке аз вазифаҳои онҳо нузули ваҳй бар паёмбарон аст.

Имон ба тамоми китобҳое, ки Аллоҳ бар паёмбаронаш нозил фармудааст (ба монанди Таврот ва Инҷил -қабл аз таҳриф) ва бар охирини онҳо Қуръони карим.

Имон овардан ба тамоми паёмбарон, аз ҷумла Нуҳ, Иброҳим, Мусо, Исо ва охирини онҳо Муҳаммад, ки ҳамагон аз ҷинси башар буданд, ба онҳо ваҳй нозил фармуд ва ба онҳо нишона ва мӯъҷизаҳое дод, ки далели сидқ ва нубуввати онҳо аст.

Имон ба рӯзи қиёмат, ки Аллоҳ дар он рӯз аввалину охиринро зинда ва миёни онҳо ҳукм мекунад, мӯъминонро ба биҳишт ва кофиронро ба дӯзах ворид мекунад.

Имон ба тақдир ва инки Аллоҳ ҳама ончи буд ва ончи хоҳад шудро медонад. Ӯ Таъоло медонад ва ҳарчи зери машияти Ӯст навишт ва офаринишро халқ намуд.

Тасмими худро ба таъхир наандозед!

Дунё манзили ҷовидонӣ нест.

Тамоми зебоиҳои дунё аз байн хоҳад рафт ва оташи шаҳватҳо хомуш хоҳад шуд ...

Рӯзе фаро хоҳад расид, ки инсон барои ҳар ончи анҷом додааст посух хоҳад гуфт, ва он ҳамон рӯзи қиёмат аст. Худованд мефармояд:

﴿وَوُضِعَ الْكِتَابُ فَتَرَى الْمُجْرِمِينَ مُشْفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَا وَيْلَتَنَا مَالِ هَذَا الْكِتَابِ لاَ يُغَادِرُ صَغِيرَةً وَلاَ كَبِيرَةً إِلاَّ أَحْصَاهَا وَوَجَدُوا مَا عَمِلُوا حَاضِرًا وَلاَ يَظْلِمُ رَبُّكَ أَحَدًا﴾

(Ва нома [-и аъмол дар миён] ниҳода мешавад; пас, гунаҳкоронро мебинӣ, ки аз ончи дар он [нома] аст, тарсон ва нигаронанд ва мегӯянд: «Эй вой бар мо! Ин чи номае аст, ки ҳеҷ [гуфтору рафтори] кӯчак ва бузургро раҳо накардааст, магар ин ки онро дар шумор овардааст?» Ва ҳар чи кардаанд, ҳозир меёбанд ва Парвардигорат ба ҳеҷ касе ситам намекунад) (Сураи Каҳф: 49)

Худованд дар мавриди касоне, ки Ислом намеоваранд огаҳ фармудааст, ки масири онҳо ҷовидона дар дӯзах аст.

Аз даст додани Ислом кори осон нест, он як мусибати бузург аст, Худованд мефармояд:

﴿وَمَن يَبْتَغِ غَيْرَ الْإِسْلَامِ دِينًا فَلَن يُقْبَلَ مِنْهُ وَهُوَ فِي الْآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ﴾

(Ҳар ки дине ғайр аз Ислом баргузинад, ҳаргиз аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёнкорон аст) (Оли Имрон: 85)

Ислом ҳамон динест, ки Аллоҳ ҷуз он дини дигаре намепазирад.

Худованд моро офаридааст ва ба сӯи Ӯ бозмегардем ва ин дунё танҳо як ҷойгоҳи озмоиш аст.

Инсон бояд яқин дошта бошад, ки: зиндагии ин дунё мисл як рӯъё кӯтоҳ аст... ва ҳеҷ касе намедонад кай мемирад.

Агар Худованд дар рӯзи қиёмат аз ӯ бипурсад: чаро пайравӣ аз ҳақ накардӣ? Чаро аз охирин паёмбар пайравӣ накардӣ? Посухи ӯ чи хоҳад буд?

Посухи ту назди Парвардигор дар қиёмат, ки аз оқибатҳои куфр дар Ислом барҳазар дошта ва огаҳ фармудааст, ки сарнавишти кофирон ҳалоки абадӣ дар дӯзах аст, чи хоҳад буд?

Худованд мефармояд:

﴿وَالَّذِينَ كَفَرُوا وَكَذَّبُوا بِآيَاتِنَا أُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ﴾

(Ва касоне, ки кофир шуданд ва нишонаҳои [қудрату ягонагии] моро дурӯғ пиндоштанд, онон аҳли дӯзаханд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд) (Сураи Бақара: 39)

Касоне, ки ҳақро раҳо мекунанд ва аз падару аҷдоди худ тақлид мекунанд, дигар узре барои онҳо намемонад.

Худованд барои мо баён доштааст, ки бисёре аз мардум ба далели тарс аз муҳите ки дар он зиндаги мекунанд, аз Ислом овардан худдорӣ мекунанд.

Бисёре аз мардум бинобар эътиқодот, ки аз падарони худ мерос бурдаанд ё боварҳое, ки аз муҳит ва ҷомеаи худ ба даст овардаанд ва ба он одат кардаанд, намехоҳанд Исломро бипазиранд. Ҳамингуна бархеи дигар аз рӯи таъассуб ва иштиёқ ба ботил, ки ба он одат кардаанд, онҳоро аз Ислом пазируфтан бозмедорад.

Ҳамаи онҳо узр ва баҳонае барои имон овардан надоранд ва назди Худованд ҷавоб хоҳанд гуфт.

Ҳеҷ баҳонае барои як фарди мулҳид нест, ки бигӯяд ман дар як хонаводаи бедин ба дунё омадаам ва бедин мемонам, балки бояд аз ақл, ки Аллоҳ ба ӯ додааст, истифода кунад, дар мавриди азамати замину осмонҳо андеша кунад ва бо ҳамон ақл, ки Худованд ба ӯ додааст андеша кунад ва бидонад, ки ин ҷаҳон Офаридагоре дорад. Ҳамин гуна ҳар касе санг ва бут мепарастад, узре барои пайравӣ аз аҷдодаш надорад, балки бояд дар ҷустуҷӯи ҳақиқат шавад ва аз худ бипурсад: чигуна ман чизеро бипарастам, ки маро намешунавад, намебинад ва бароям суде намебахшад?!

Ҳамин гуна масиҳие, ки ба умури мухолиф ба фитрат ва ақли солим бовар дорад бояд аз худ бипурсад: чигуна мумкин аст Парвардигор фарзанди худро, ки муртакиби гуноҳе нашудааст барои пок шудани гуноҳи дигарон ба куштан диҳад?! Ин як навъ беадолатист! Чигуна мумкин аст инсонҳо фарзанди Худоро бикушанд ва ба салиб бикашанд?! Оё Худованд наметавонад гуноҳони башариятро бидуни инки иҷозати куштани фарзанди худро бидиҳад, биёмӯрзад? Оё Худованд қодир ба дифоъ аз фарзанди худ нест?

Шахси оқил ва хирадманд бояд аз ҳақ пайравӣ кунад ва аз тақлид аз аҷдоди худ дар ботил бипарҳезад.

Худованд мефармояд:

﴿وَإِذَا قِيلَ لَهُمْ تَعَالَوْا إِلَى مَا أَنْزَلَ اللَّهُ وَإِلَى الرَّسُولِ قَالُوا حَسْبُنَا مَا وَجَدْنَا عَلَيْهِ آبَاءَنَا أَوَلَوْ كَانَ آبَاؤُهُمْ لَا يَعْلَمُونَ شَيْئًا وَلَا يَهْتَدُونَ﴾

(Ва ҳангоме ки ба онон гуфта шавад: "Ба сӯи он чи Аллоҳ Таъоло нозил кардааст ва ба сӯи Паёмбар биёед", мегӯянд: "Он чи ниёгонамонро бар он ёфтаем, бароямон кофист". Оё агар ниёгонашон чизе намедонистанд ва ҳидоят наёфта буданд [боз ҳам аз онон пайравӣ мекарданд]?) (Сураи Моида: 104)

Шахсе мехоҳад мусалмон шавад аммо аз наздикони худ метарсад, чӣ кор кунад?

Ҳар кӣ мехоҳад Ислом бипазирад аммо аз атрофиёни худ метарсад, метавонад исломро қабул кунад ва онро пинҳон кунад, то Худованд барои ӯ роҳи беҳтареро фароҳам созад, ки мустақил шавад ва исломи худро ошкор созад.

Инсон бояд дарҳол Ислом бипазирад, аммо дар ҳоли эҳсоси хатар метавонад онро пинҳон кунад ва атрофиёни худро аз он огоҳ накунад.

Бидонед, ки касе Ислом мепазирад яъне ӯ бародари миллионҳо мусалмон шудааст, ӯ метавонад ба масҷид ё маркази исломии кишвараш дар тамос шавад ва дар ин маврид аз онҳо кумак ва машварат гирад, ки ин боиси хушҳолии онҳо мешавад.

Худованд мефармояд:

﴿وَمَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجًا وَيَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لَا يَحْتَسِب﴾

(Ва ҳар кас, ки аз Аллоҳ Таъоло битарсад, роҳи наҷоте барои ӯ қарор медиҳад

ва ӯро аз ҷойе, ки гумон надорад, рӯзӣ медиҳад; ) (Сураи Талоқ: 2-3)

Хонандаи гиромӣ!

Оё ризои Худованди Офаридагор, Худованде, ки тамоми неъматҳояшро ба мо ато кардааст ва замоне дар раҳми модар будем ба мо ғизо дод ва ҳавоеро, ки ҳоло нафас мекашем, ба мо ато кардааст, барои мо муҳимтар аз худ ризо нигоҳ доштани мардум нест?

Оё комёбӣ дар дунё ва ҳам дар охират арзиши қурбонӣ кардани лаззатҳои зудгузари дунявиро надорад ? Бале савганд ба Аллоҳ, ки дорад !

Инсон набояд гузаштааш ӯро аз ислоҳи роҳи нодуруст ва қадам гузоштан дар роҳи дуруст боздорад.

Имрӯз инсон дигар бояд мӯъмини ҳақиқӣ бошад! Нагузорад Шайтон ӯро аз роҳи ҳақ боздорад!

Худованд мефармояд:

﴿يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءَكُمْ بُرْهَانٌ مِنْ رَبِّكُمْ وَأَنزلْنَا إِلَيْكُمْ نُورًا مُبِينًا (174) فَأَمَّا الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَاعْتَصَمُوا بِهِ فَسَيُدْخِلُهُمْ فِي رَحْمَةٍ مِنْهُ وَفَضْلٍ وَيَهْدِيهِمْ إِلَيْهِ صِرَاطًا مُسْتَقِيمًا﴾

(Эй мардум, ба ростӣ, ки барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан [Муҳаммад] омад ва нури ошкор [Қуръон] ба сӯятон нозил кардем (174)

Аммо онон, ки ба Аллоҳ Таъоло имон оварданд ва ба он [Қуръон] тамассук ҷустанд, ҳамаро дар раҳмату фазли худ ворид хоҳад кард ва ба роҳи рост ба сӯи хеш раҳнамун мегардонад) (Сураи Нисо: 174-175)

Оё барои қабули бузургтарин қарори зиндагии худ омода ҳастӣ?

Агар ҳама ончи гуфтем мантиқӣ буд ва инсон ҳақиқатро шинохт, пас бояд қадами нахуст ба сӯи Исломро бардорад.

Кӣ барои гирифтани беҳтарин тасмим дар зиндагии худ ва роҳнамои барои мусалмон шудан кумак мехоҳад?

Набояд гуноҳон монеъи ворид шудани кас ба Ислом шавад, зеро Аллоҳ Таъоло дар Қуръон фармудааст, ки агар касе мусалмон шавад ва ба сӯи Офаридагор тавба кунад, ҳама гуноҳони ӯро мебахшад, ва ҳатто пас аз мусалмон шудан табиист, ки инсон муртакиби гуноҳ мешавад, зеро мо инсон ҳастем на фариштаи маъсум аз гуноҳ. Аммо ончи аз мо матлуб аст

омӯрзиш хостан аз Худованд ва тавба кардан ба даргоҳи Ӯ Таъоло аст, ва чун Аллоҳ аз мо шитоб ба сӯи ҳақ, дохил шудан ба Ислом ва ба забон овардани калимаи шаҳодатро бинад, моро дар тарки дигар гуноҳон ёрӣ медиҳад. Ҳар кӣ ба Аллоҳ рӯй оварад ва аз ҳақ пайравӣ кунад, Аллоҳ низ ӯро бештар ба сӯи некӣ ҳидоят мекунад, бинобар ин инсон дигар набояд дар ислом овардан тардид кунад.

Чунончи Худованд мефармояд:

﴿قُلْ لِلَّذِينَ كَفَرُوا إِنْ يَنْتَهُوا يُغْفَرْ لَهُمْ مَا قَدْ سَلَفَ﴾

([Эй Паёмбар] ба касоне, ки куфр варзиданд, бигӯ, [ки] агар [аз ширк ва душманӣ] даст бардоранд, гузаштаҳояшон бахшида мешавад) (Сураи Анфол: 38)

Барои мусалмон шудан чи бояд кард?

Пазируфтани Ислом кори бисёр осон ва ниёзе ба расму оини хос ва ташрифоти расмӣ надорад, инсон фақат калимаи шаҳодатро, бо донистани маъно ва имон ба он, ба забон биёрад ва бигӯяд: "Ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллуоҳ" (Гӯвоҳӣ медиҳам, ки нест худои барҳақ магар Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст). Беҳтар аст калимаи шаҳодат ба забони арабӣ гуфта шавад, аммо агар барои шумо душвор аст, пас кофист онро ба забони худ бигӯед ва ҳамингуна ба Ислом ворид шавед. Сипас бояд дини худро, ки мояи саодати шумо дар дунё ва наҷот дар охират аст биомӯзед.

Барои иттилоъи бештар дар мавриди Ислом ба ин сомона ворид шавед: https://byenah.com/tg/discover-islam

https://quranenc.com/tg/home/redir/?iso_code=tg

Барои омӯзиши тарзи амалкард дар Ислом ба вебсайти зер ворид шавед: https://byenah.com/tg/muslims


Index

Коинотро кӣ офаридааст? Маро кӣ ва барои чӣ офаридааст? 3

Парвардигор Офаридагори бузург аст. 4

Ӯ таъолост Парвардигори офаранда ва рӯзидиҳандаи пок ва муаззам. 4

Сифоти Парвардигори офаранда. 5

Парвардигори маъбуд дорои сифатҳои камол аст. 6

Офаридагори бузург чаро моро офарид? Ӯ Таъоло аз мо чи мехоҳад? 8

Чаро паёмбарони зиёд фиристода шуд? 11

Инсон то ба ҳамаи паёмбарон имон наёварад, мӯъмин буда наметавонад. 11

Қуръони карим чист? 12

Ислом чист? 13

Ислом роҳи хӯшбахтӣ аст. 15

Аз дохил шудан ба Ислом чи суд мебарам? 15

Агар Ислом напазирам чиро аз даст медиҳам? 16

Ҳар кӣ мехоҳад дар охират наҷот ёбад, бояд Ислом бипазирад ва аз паёмбар Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пайравӣ кунад. 17

Барои мусалмон шудан чи бояд кард? 18

Тасмими худро ба таъхир наандозед! 19

Касоне, ки ҳақро раҳо мекунанд ва аз падару аҷдоди худ тақлид мекунанд, дигар узре барои онҳо намемонад. 21

Шахсе мехоҳад мусалмон шавад аммо аз наздикони худ метарсад, чӣ кор кунад? 22

Хонандаи гиромӣ! 22

Оё барои қабули бузургтарин қарори зиндагии худ омода ҳастӣ? 23

Барои мусалмон шудан чи бояд кард? 24