Ақл ва нақл ()

Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ

Дар якҷоягии ақлу нақл (Қуръон ва Суннати паёмбар (с)) ҳақиқати шариъатро фаҳмида мешавад, На нақл онеро фоида дорад, ки ақлашро аз даст додааст ва на ақл онеро фоида дорад, ки нақлро аз даст додааст

    |

    Ақл ва нақл[1]

    العقل و النقل

    < الطاجيكية : Тоҷикӣ >

    Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ

    عبد العزيز بن مرزوق الطريفي

    —™

    Тарҷума: Дорул-ислом/ Тоҷикӣ

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي

    إعداد: مصعب حمزة

    Ақл ва нақл

    Дар якҷоягии ақлу нақл (Қуръон ва Суннати паёмбар (с)) ҳақиқати шариъатро фаҳмида мешавад, На нақл онеро фоида дорад, ки ақлашро аз даст додааст ва на ақл онеро фоида дорад, ки нақлро аз даст додааст, яъне бо камбудии яке аз ин ду амр дар шинохтани ҳақиқат ноқиси ворид мешавад ва агар ақлу нақл дар зоҳир бо ҳам зид бошанд дар ин сурат нақлро бар ақл муқадам дониста мешавад, Ва онро мавриди амал қарор дода мешавад, чунки нақл илми Худованди комилуссифот аст, аммо ақл бошад илми махлуқи пур аз камбудиҳо аст.

    Ақл мисли чашм аст ва нақл мисли нур аст, ва бинои бо чашм дар торики фоидае надорад ва оқил низ бидуни ваҳй аз ақлаш истифода бурда наметавонад, чунки чашм ба миқдори рушнои мебинад, ва ақл ба миқдори ваҳй ҳидоят меёбад ва бо пуррагии ақлу нақл бинои ва ҳидоят пурра мегардад, чуноне ки чашм дар нисфирузи ба пурраги ҳамаро мебинад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿أَوَ مَن كَانَ مَيۡتٗا فَأَحۡيَيۡنَٰهُ وَجَعَلۡنَا لَهُۥ نُورٗا يَمۡشِي بِهِۦ فِي ٱلنَّاسِ كَمَن مَّثَلُهُۥ فِي ٱلظُّلُمَٰتِ ١٢٢﴾ [الانعام: ١٢٢]

    «Оё он касе, ки мурда буд ва Мо зиндааш сохтем ва нуре дар роҳаш доштем, то ба он дар миёни мардум роҳи худро биёбад, монанди касест, ки ба торикӣ гирифтор аст ва роҳи берун шуданро намедонад?».

    Сураи Анъом 122

    Пас оқил дар ҳаёташ аз ақлаш истифода мебарад, ҳамчунин ҳайвонотҳо ва парандаҳо аз эҳсосоташон истифода мебаранд, онҳо мувофиқи замонҳо риҳлат ва сукунат мекунанд ва ҳамдигарро мешиносанд, ва заминҳоеро, ки муносиби лонасози мебошанд онро низ медонанд ва душманонашонро низ мешиносанд.

    Локин инсон бо ақлаш ба сӯи парвардигораш ҳидоят намеёбад, магар аз роҳи ваҳй нозил шуда бар паёмбараш, ва инсон дар гумроҳи аст бидуни ваҳй чуноне, ки Худованд мефармояд:

    ﴿ٱللَّهُ وَلِيُّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يُخۡرِجُهُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَوۡلِيَآؤُهُمُ ٱلطَّٰغُوتُ يُخۡرِجُونَهُم مِّنَ ٱلنُّورِ إِلَى ٱلظُّلُمَٰتِۗ ٢٥٧﴾ [البقرة: ٢٥٧]

    «Худо ёвари мӯъминон аст. Онҳоро аз торикиҳо ба равшанӣ мебарад. Вале онон, ки кофир шудаанд, тоғут (бутҳо ва худоҳои дурӯғин) ёвари онҳост, ки онҳоро аз равшанн ба торикиҳо мекашанд».

    Сураи Бақара 257

    Бубинед дар ин оят мегуяд: يُخۡرِجُهُم яъне онҳоро хориҷ мекунад аз торики, чунки онҳо бидуни ваҳй дохили гумроҳи мебошанд.

    Ва чигунае, ки равшани фарқ мекунад, мисли равшании оташ ва равшании нур ҳамчунин ваҳй якто мебошад, агарчи навъҳояш фарқ кунанд ва навъҳояш китоб ва суннат мебошанд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ ٥٩﴾ [النساء: ٥٩]

    «Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро итоъат кунед ва ба расул фармон баред».

    Сураи Нисо 59

    Ва ҳарки бигуяд, ки бо ақлаш ва бидуни ваҳй ҳидоят меёбад мисли он аст, ки мегуяд дар торики бо чашмонаш бидуни равшани роҳро пайдо мекунад.

    Ва Худованд ваҳяшро ҳамчун нуре васф намудааст, ки ба воситааш махлуқоташ ҳидоят меёбанд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِهِۦ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَٱتَّبَعُواْ ٱلنُّورَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ مَعَهُۥٓ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ١٥٧﴾ [الاعراف: ١٥٧]

    «Пас касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоб, ки ба ӯ нозил кардаем, пайравӣ карданд, наҷот ёфтагонанд!».

    Сураи Аъроф 157

    Ва Худованд аст, ки паёмбаронашро бо пайравонашон ҳидоят мекунад.

    Мо ба ҳамаи амрҳои Худованд таслим мешавем, Ва аз он чи, ки моро наҳи фармудааст боз меистем, Ва тасдиқ мекунем ончиро, ки ба мо хабар додааст, баробар аст, ки сабаб ё илаташро бидонем ё на, ва ингуна нест, ки ҳар чизи маъқулеро ҳамаи ақлҳо дарк намоянд, пас чи гуна ончиро, ки ақлҳо аз дарк намуданашон оҷизанд лозим дониста шавад, ки тамоми ақлҳо дар он итифоқ кунанд.

    Ва ҳарки мегуяд, ки ман имон намеорам ба аҳкоми Худованд магар ба он, ки бо ақли ман муносиб бошад ва ба он чи, ки бо ақли ман муносиб набошад ба он имон намеорам, ин гуна инсон бе шубҳа ақлро аз нақл муқадам медонад, ва ончиро, ки ақл дарк намекунад маънои онро надорад, ки он чиз вуҷуд надорад, балки он ақл аст, ки онро дарк накардааст ва он мавҷуд аст, чунки ақл марзу ҳудуде дорад, ки аз он гузашта наметавонад чигунае, ки биноии чашм ҳудуд дорад, ва ҳамчунин шунавоии гуш низ ҳудуд дорад, мурча садо дорад локин гуш онро намешунавад, ва дар осмон моҳу ситораҳое мебошад, ки онро чашм намебинад, ва ҳамаи ин маънои онро надорад, ки онҳо вуҷуд надоранд.

    Гирифташуда аз китоби Фаслҳо дар ақида “Нома ба сӯи аҳли Шом”.

    [1] - Ончи ки дар Қуръон ва Суннат омадааст онро нақл мегуянд.