Беҳтарин рузҳои дунё ()

Саъд ибни Атиқ ал-Атиқ

Ин рузҳо ҳамон рузҳое ҳастанд ки Худованд дар китобаш ба онҳо қасам ёд кард: "Савганд ба сапедаи субҳ (1) Ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа). Инҳо ҳамон рузҳои маълуме ҳастанд ки Худованд зикрашро дар ин рузҳо машруъ намдудааст: "Ва номи Худоро дар рӯзҳое муъайян ёд кунанд".

    |

    Беҳтарин рузҳои дунё

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия: Саъд ибни Атиқ ал-Атиқ

    2010 - 1431

    الموسم الأخير

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: سعد بن عتيق العتيق

    2010 - 1431

    Ба номи холиқи якто

    Беҳтарин рузҳои дунё

    Ин рузҳо ҳамон рузҳое ҳастанд ки Худованд дар китобаш ба онҳо қасам ёд кард:

    ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭼ الفجر: ١ - ٢

    "Савганд ба сапедаи субҳ Ва савганд ба шабҳои даҳгона (даҳ шаби Зулҳиҷҷа) "

    Инҳо ҳамон рузҳои маълуме ҳастанд ки Худованд зикрашро дар ин рузҳо машруъ намудааст:

    ﭽ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ ﮫ ﭼ الحج: ٢٨

    "Ва номи Худоро дар рӯзҳое муъайян ёд кунанд "

    Инҳо беҳтарин рузҳои дунё ҳастанд, Паёмбар (с) мефармояд: "Беҳтарин рузҳои дунё даҳ рузи (авали моҳи Зулҳиҷа) мебошад".

    Аз ҳама рузҳо зиёдтар Худованд амали солеҳро дар ҳамин даҳ руз бештар дуст медорад, Паёмбар (с) мефармояд: "Аз ҳама рузҳо зиёдтар Худованд амали солеҳро дар ҳамин даҳ руз бештар дуст медорад, Гуфтанд эй расули Худо! Ҳатто ҷиҳоди дар роҳи Худо? Паёмбар (с) гуфт: ҳатто ҷиҳоди дар роҳи Худо, магар ин ки марде бо нафсу молаш дар роҳи Худо барояд сипас бо ончизе ки ҳамроҳ дошт барнагардад " (Ривояти Бухори)

    Ин ҳамон даҳ рузе аст ки рузи Арафа дар он аст, ва рузи Арафа ҳамон рузе аст ки Худованд бо бандагонаш наздик мешавад, сипас малоикаҳои осмонро ба суи он мавқиф (Арафа) мутаваҷиҳ месозад, рузе нест ки Худованд мисли рузи Арафа бандаҳояшро аз оташи дузах наҷот диҳад.

    Руза доштани рузи Арафа барои ғайри ҳоҷиён, гуноҳони соли гузашта ва ояндаи рузадори он рузро маҳв мегардонад.

    Ин ҳамон даҳ рузе аст ки Худованд ибодатҳои аслиро дар ин рузҳо ҷой додааст, ягон ибодате дар ислом нест ки дар ин даҳ руз ҷое надошта бошад.

    Ин даҳ руз, мавсими охири ин сол аст, амали солеҳ дар ин рузҳо аз ҳама дустдоштатарин дар назди Худованди малику даён аст, пас эй банда! Оё дуст намедори ончиро ки мавлои ту Худованд дуст медорад?

    Ба ёд дошта бош, ки расидан ба ин даҳ руз неъмати азиме аст, бубин ки чи қадар мардуми зиёд моҳи Рамазонро дарёфт карданд локин рузи идро дарёфт накарданд, ва пеш аз расиданаш вафот карданд, ва чи қадар мардуми зиёд иди фитрро дарёфт карданд локин даҳи Зулҳиҷҷаро дарёфт накарданд, пас Худовандро ҳамду сипос бигу ки туро ба ин рузе ки мавсими ҷаннат аст расонидааст.

    Ба ёд дошта бош, ки ин даҳ руз тасалият аст барои касоне ки дар ибодатҳои моҳи Рамазон бепарвои карданд, пас бубин ки ҳамон Худованди раҳиму меҳрубон бароят боз фурсате дод, пас ту чи кор кардани ҳасти?!

    Ба ёд ор ки чи қадар моҳҳоро аз сар гузарониди локин бароят аз ҳамдигар фарқе надоштанд, аммо барои ин даҳ руз Худованд фарқе гузоштааст, ва онро аз беҳтарини рузҳои сол унвон кардааст.

    Ин чунин фаромуш накун ки ин даҳ рузи моҳи Зулҳиҷҷа охирин моҳҳои сол мебошад, пас эй бандаи мусулмон! Солатро бо хайру неки ба охир бирасон, чунки муътабар дар корҳо хотимаи онҳост.

    Ба ёд дошта бош ки туро мавсиме интизор аст ки дар он амалҳо чанд баробар аҷру савоб доранд чунки Худованд онҳоро дар ин мавсим дуст доштааст, пас ҳарки аз ин фурсат маҳрум бимонад, бояд бидонад ки шояд дигар бор барояш чунин фурсате муяссар нагардад.

    Амалҳои солеҳ дар ин даҳ руз

    Аввал: Тавбаи насуҳ, ки онҳам дури аз тамоми гуноҳон ва пушаймони аз гуноҳони гузашта ва кушиш намудан бар он ки дубора муртакиби гуноҳон нашудан, ва ҳамаи инҳо бояд холис барои Худованд бошад.

    Дувум: Ҳирсу кушиш барои адои намоз бо ҷамоат: Бояд мусулмон кушиш кунад ки такбири tahrimaro дарёбад, ва сунатҳои ротибаро бо тамоми намозҳои нафли ба ҷо биёрад, ва шабҳо ҳам намози шаб гузорад.

    Эй касоне ки баъди моҳи Рамазон намози шабро тарк кардаед, ва мусулмон бояд бидонад ки беҳтарин чизе ки худашро машғули он месозад, рост истодан бо намоз дар назди Худованд аст.

    Сеюм: Ба ҷо овардани ҳаҷу умра: Ҳар як мусулмон бояд бидонад ки ҳаҷҷи мабрур подоше ба ҷуз ҷаннат чизи дигаре надорад, ва подоши аҳли Арафот он аст ки ба онҳо гуфта мешавад: Биравед гуноҳони шумо мағфират шуданд.

    Ва шумо эй касоне ки адои Ҳаҷро ба хотири гармию издиҳом тарк намудед, дар ҳоле ки иститоати ва тавонои адои Ҳаҷро доштед, ба ёд оред издиҳоми рузи маҳшару гармии оташи дузахро, ин чунин огоҳ бошед ки Ҳаҷ бастани дари фақири ва гуноҳон аст, пас ҳарки бахили кардааст бидонад ки бар нафси хеш бахили кардааст.

    Чаҳорум: Руза доштани нуҳ руз ё ин ки қадри тавонои ин даҳ рузи авали Зулҳича ва махсус рузи Арафа: Паёмбар (с) мефармояд: "Рузадории рузи Арафа такфири (бахшидани) гуноҳони як сола пеш аз он ва як сола баъд аз он ҳисобида мешавад".

    Ва ба ёд ор, ки ҳарки рузе дар роҳи Худо руза бидорад Худованд ба хотири он руз руяшро аз оташи дузах то ҳафтод сола роҳ дур месозад, "Чуноне ки аз баъзе занҳои паёмбар (с) нақл шудааст, у нуҳ рузи моҳи Зулҳиҷаро руза медошт" (Ривояти имом Аҳмад ва Насои)

    Пас руза доштани ин рузҳо мустаҳаб аст, кушиш намо то ки аз ин наздики бо Худованд маҳрум нагарди.

    Панҷум: Такбир (Аллоҳу акбар) ва зикр кардан дар тамоми вақтҳо: чунки дар ин рузҳо ин шиъори аҳли имон аст, ин чунин аз такбиру зикри Худованд бо садои баланд шарм накун чунки саҳобаҳои паёмбар (с) аз ҷумла Абуҳурайра ва ибни Умар бидуни ин ки ҳоҷате лозим дошта бошанд, ба хотири зинда намудани ин суннат ба бозорҳо мебаромаданду бо садои баланд такбиру зикри Худоро мекарданд.

    Сифати такбир гуфтан чунин аст:

    الله أكبر, الله أكبر, لا إله إلا الله, و الله أكبر الله أكبر و لله الحمد

    "Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа илал-лоҳ вал-лоҳу акбар, Аллоҳу акбар, вал-ли-лаҳи-л-ҳамд".

    Шашум: Садақа ва эҳсон ба мардум: Ба ёд дошта бош бародари ман ки ту бо эҳсону садақаат бар фақирону нодорон пеш аз ҳама бо худат эҳсон кардаи, кушиш кун ки дар ин рузҳо агар чи бо як сомони ҳам бошад садақа кун шояд ки номи туро бо номҳои садақадиҳандагон ба назди Худованд бардоранд.

    Бидон ки Худованд садақаро қабул мекунад агарчи як хурмо ҳам бошад, ва ё агарчи нисфи хурмо ҳам бошад, дар ин сухани Паёмбар (с) таваҷуҳ намо мегуяд: "Ҳарки бо як хурмое аз касби ҳалолаш садақа кунад, чунки Худованд поку назиҳ аст ва ба ҷуз покиву назиҳи чизи дигареро қабул намекунад, Худованд ин садақаро бо дасти росташ қабул мекунад ва онро парвариш менамояд барои соҳибаш чуноне ки баъзе шумо бачаи аспро парвариш менамоед то ки мисли куҳи бузурге мегардад".

    Пас каме андеша кун чиқадар мавсимҳои хайру бобаракатро аз даст додиву ҳатто хурмое ҳам садақа накарди, оё мехоҳи ин мавсимро низ аз даст бидиҳи?!.

    Ҳафтум: Қурбони: Аз дустдоштатарин амалҳо дар назди Худованд рузи қурбони аст "рузи даҳуми Зулҳиҷа" хуни қурбони резондан, барои мусулмоне ки қурбони мекунад барои ҳар як пашми ҳайвони қурбоникардааш аҷру савоб аст, пас худро аз ин савобҳо баҳраманд гардон, ва аз бахили дар ҳазар бош ки ин кор суннати муаккада аст, барои нодорон ҷоиз аст ва барои дорандагон агар ин суннатро баҷо наоранд макруҳ аст.

    Фоида: Ҳарки нияти қурбони кард пас бояд дар ин даҳ руз аз муйҳо ва нохунҳо ва руяш чизеро кутоҳ накунад, ва ин ҳукм фақат барои шахсе аст ки нияти қурбони кардааст, аммо касоне ки ба ҷои онҳо қурбони карда мешавад лозим нест ки ин корро анҷом бидиҳанд, ва ногуфта намонад ки агар қурбони кунанда ҳам дидаву дониста аз нохун ё муйҳо ва ё муйҳои руяш чизеро кутоҳ кунад қурбонияш ҷоиз мегардад ва барои он кораш бояд тавба кунад.

    Ҳаштум: Зиёд анҷом додани амалҳои солеҳ: Бародари азизам кушиш намо ки дар ин рузҳо аз такбири эҳром дар намоз қафо намони ва ҳамаи суннатҳои ротибаро ба ҷо ор ва қироати Қуронро зиёд намо ва кушиш кун ки Қуронро дар ин даҳ руз хатм намои, ва кушиш намо ки шабзиндадори намои ва эҳтироми падару модар ва силаи раҳмро ба ҷо ори ва дар ба ҷо овардани намози ид кутоҳие накун чунки у аз барпо доштани зикри Худованд аст.

    Ва бидон ки савобҳо дар ин мавсим дучанд хоҳанд шуд.

    Ва дар охир боз як бори дигар огоҳ месозам, ки нашавад ки худро аз ин неъмати бузурги Худованд маҳрум гардони ва ҳар амали солеҳе ки дар тули ин сол анҷом додаи дар охир бо амалҳои бад онро хотима бахши ва номаи аъмолат дар ҳоле ба назди Худованд бардошта шавад ки аз ҳама аҷру савоб маҳрум гашта боши.

    Дуо мекунам ки Худованд бароямон насиб гардонад ки чандин мавсимҳои иботаро бо тафиқи ибодат ва қабули он аз сар гузаронем. Омин