Гавҳари барчида аз маҳосини дини Ислом ()

 

|

 ГАВҲАРИ БАРЧИДА

МАҲОСИНИ ДИНИ ИСЛОМ

АБДУРАҲМОНИ САЪДИ

بسم الله الرحمن الرحيم

Ба номи худованди бахшояндаву меҳрубон

 Ситоиш ба худованди мутаол, ўро сано мегўем, аз ў имдод ва омўрзиши гуноҳ металабем, ба сўи ў тавба мекунем ва ба ў паноҳ меҷўем аз бадиҳои нафсу кирдорҳои зиштамон. Ҳар киро худованд ҳидоят кардааст, онро гумроҳкунандае набошад ва ҳар киро ў ба гумроҳи раҳо созад, онро ҳидоятгаре набошад. Шаҳодат медиҳем, ки маъбуде барҳаҳ ҷуз ў нест, ягона аст, шарике надорад ва Муҳаммад бандаву паёмбари ўст, салому дуруди бепоёни худованд бар ў ва оли ў бод!

` ` `

 МАҲОСИНИ ДИНИ ИСЛОМ

 Дини ислом, ки онро Муҳаммад (с) овардааст, комилтарину беҳтарин, созандатарин ва бузургтарини динҳост. Ончи ин дин аз маҳосину накўиҳо, камолу раҳмат ва салоҳу адлу ҳикмат дар бар гирифтааст, далолат ба камоли мутлақи он ва паҳноии илму ҳикмати фиристандаи он мекунад. Ончи аз мўъҷизаҳои қотеъ, пешгўиҳо ва фасоҳату балоғат, ки аз паёмбари акрам (с) содир шудааст, далолат ба содиқ ва барҳақ будани ў мекунад. Паёмбаре, ки ҳаргиз аз хоҳиши худ сухан нагуфтааст, балки:

" إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَى" (النجم:4).

 "Ҳар ончи паёмбар мегўяд, ваҳй аст, ки ба ў фиристода мешавад." (Наҷм:4).

 Ислом динест, ки бо бузургтарин шоҳиду бурҳонҳо ягона будани Аллоҳ таолоро ба камоли мутлақ ва ростии рисолати паёмбар (с) ро собит месозад.

* * *

 Мақсад аз нигоштани ин сатрҳо баёни накўиҳову маҳосини дини бузурги ислом мебошад, ба он андозае, ки донишам ба он расидааст. Агарчи илму маърифати ман оҷизтар аз он аст, ки ончиро ин дин аз азамату ҷалол ва фазилату камол дарбар гирифтааст, баён созад. Ибораҳои ман қудрати онро надорад, ки маҳосини ин динро бар ваҷҳи комил шарҳ диҳад...

 Ба инсон сазовор нест, ки ба сабаби умуре, ки аз дарки он оҷиз мондааст, он чизхоеро, ки ба ў аз маърифати ин дин ҳосил шудааст, тарк намояд. Худованд касеро волотар аз қудраташ мукаллаф накардааст:

" فاتّقُوا اللّهَ مَا استَطَعتُم " (التغابون 16)

 "Ба андозаи тавоноиятон худоро такво кунед! " (Тағобун 16)

 Дар маърифати накўиҳо ва маҳосини ин дини бузург фоидаҳои зиёде аст, ба монанди:

 ` Машғул будан дар ин мавзўъи бошараф, ки аз бузургтарин мавзўъхои улуми дини ва аз қабили афзалтари аъмоли солеҳ мебошад. Шинохтани он, баҳсу ҷустуҷу аз он, тафаккур дар бораи он ва паймудани роҳҳое, ки ба маърифати он мерасонад, аз беҳтарин умурест, ки шахс худро ба он машғул месозад ва вақтеро, ки дар ин роҳ сарф намудааст, дар номаи кирдорҳояш дар радифи аъмоли солеҳ нигошта хоҳад шуд.

 ` Маърифати неъмат ва сухан гуфтан доир ба он, амре мебошад, ки худову расул ба он фармудаанд ва он аз ҷумлаи амалҳои накў мебошад.

 Шакке нест, ки баҳс дар ин мавзўъ, эътироф ба бузургтарин неъматест, ки худованд бар бандагонаш ато намудааст. Ин неъмати бузург дини ислом аст, ки худованд ҳеҷ динеро ба ҷуз аз он пазируфта нахоҳад кард. Пас сухан гуфтан дар ин мавзўъ, шукру сипос ба худованд дар ивази неъматҳояш ва мўҷиби зиёдшавии он аст.

 ` Мардум дар имон ва камоли он аз ҳамдигар фарқи зиёд доранд. Ҳар андозае, ки шахс ин динро бештар шиносад, бузургдошт намояд ва ба он шоду масрур бошад, чунин шахс дар имон комилтар ва дар яқин солимтар хоҳад буд.

 ` Аз беҳтарин роҳҳои даъват ба сўи дин, шарҳи накўиҳову фавоиди он мебошад. Зеро дар натиҷаи мутолиаи он ҳар шахси соҳибақл, ки дорои фитрати солим аст, ба сўи он моил мегардад ва онро мепазирад.

 Агар масъулияти даъватро ононе бар ўҳда гиранд, ки битавонанд ҳақоиқи онро бар ваҷҳи сазовор шарҳ бидиҳанд ва фоидаҳои онро дар масолеҳи иҷтимоъии мардум баён созанд, дар ҷалби мардум ба сўи дин кофи хоҳад буд. Зеро мардум сухани онеро қабул мекунанд, ки зоҳиру ботини ў бар салоҳ бошад ва пайрави ба оне мекунанд, ки дар татбиқ намудани дин дар умури зиндаги, барои онон намуна шуда тавонад. Шахсияти чунин инсон баёнгари ҳақиқати дин хоҳад буд ва дар ин ҳол ҳоҷате ба сиёҳ кардани динҳои дигар нахоҳад монд.

 Хусусан агар тавонад динро бо таҷрибаҳои зиндаги қиёс намояд ва оқибати хўши диндори ва танзими умури оилави ва иҷтимоъии шахси диндорро собит созад, мўҷиби қабул ва пазироии ҳамагон хоҳад буд.

 ` Накўиҳои дини ислом умуми мебошад, дар масоили усули ва фаръи, дар улум ва аҳкоми шаръи, дар улуми коинот, дар улуми иҷтимоъи ва ғайра аз донишҳо, ки башарият дар танзими умури иҷтимоъи мўҳтоҷи он мебошад.

 МИСОЛҲОИ МАҲОСИНИ ДИН

 Дар ин рисолаи кўчак мисолхоеро доир ба усул ва фуруъи шариат ва ибодоту муомилот ба таври ихтисор зикр мекунам, то дарро барои шахсе, ки битавонад дар умури дин ва масоили он тафаккур ва тадаббур кунад, фавоиди онро дарк намояд ва хулосаи андешаҳои хешро баён созад, боз карда бошам.

` ` `

 МИСОЛИ НАХУСТИН : Дини ислом мабни бар усули имон аст

 Дини ислом мабни бар аслҳое мебошад, ки ба таври иҷмоли дар ин оят мазкур шудааст:

"قُولُوا آمَنَّا بِاللَّهِ وَمَا أُنْزِلَ إِلَيْنَا وَمَا أُنْزِلَ إِلَى إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَالْأَسْبَاطِ وَمَا أُوتِيَ مُوسَى وَعِيسَى وَمَا أُوتِيَ النَّبِيُّونَ مِنْ رَبِّهِمْ لا نُفَرِّقُ بَيْنَ أَحَدٍ مِنْهُمْ وَنَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ" (البقرة:136).

 "Бигуед: Имон овардем ба Аллоҳ ва ба ончи нозил шудааст ба сўи мо ва ба ончи нозил шудааст ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо ва ба ончи ато шудааст ба Мусо ва Исо ва ба ончи ато шадааст ба паёмбарон аз парвардигорашон, байни онон фарқ намегузорем ва мо ба он таслим шудагонем." (Бақара:136).

 Ин усули азим, ки худованд бандагонашро ба гаравидан ба он амр кардааст, асосҳое мебошад, ки тамоми паёмбарони илоҳи бар он иттифоқ намудаанд. Ин усул амрхое бузург аз маърифатҳову эътиқодҳоро дар бар мегирад, ба монанди имон ба ончи худованд худашро васф кардааст, дар китобаш ва ё бар забони паёмбараш ва ба харҷ додани тамоми кўшишҳо ва ҷидду ҷаҳдҳо дар рохи ба даст овардани ризо ва хушнўдии парвардигор ва ғайраҳо...

 Асли дин имон ба Аллоҳ таоло мебошад ва самараи имон ихлос дар аъмол ва саъйу кўшиш дар умуре, ки худованд онро меписандад ва аз он рози мегардад.

 Оё чунин тасаввур кардан мумкин аст, ки дине комилтару беҳтар аз ин дин бошад?!

 Ислом амр мекунад ба бовар доштан ба ончи паёмбарон овардаанд, тасдиқи рисолати онон, эътироф ба он ҳақиқате, ки аз ҷониби парвардигор овардаанд, ҷудо накардан ва фарқ наниҳодан байни онон. Инчунин имон ба ин, ки тамоми паёмбарон ростгў ва амонатдор буданд.

 Ислом динест, ки ба ҳақ амр мекунад, сидқу ростиро эътироф мекунад, бо ҳақоиқи ақли ва манфиатбахш ҳамқадам аст, ҳақиқатро ба ҳеҷ ваҷҳе рад намекунад, дуруғеро ҳаргиз тасдиқ намекунад, ботилеро ривоҷ намедиҳад ва ин дин хатмкунанда ва охирини динҳои собиқ аст.

 Динест, ки амр ба накўкориву ахлоқи писандида ва маослеҳи бандагон мекунад. Тарғиб ба адлу фазилат ва хайру раҳмат мекунад. Аз зулм ситамгари ва дастдарозиву бадахлоқи наҳй мекунад.

 Динест, ки тамоми хислатҳои камолро, ки паёмбарон иқрор кардаанд, эътироф ва собит месозад. Тамоми масолеҳи дини ва дунявиро, ки шариатҳои собиқ ба сўи он фаро хондаанд, ташвиқ мекунад ва аз тамоми фасодкориҳо наҳй мекунад.

 Хулоса, акоиди ин дин иборат аз умурест, ки бо он қалбҳо покиза мегардад ва рўҳҳо ба салоҳ меояд, ахлоқ накў мегардад ва амалҳо солеҳ мешавад.

` ` `

 МИСОЛИ ДУВВУМ : Тафаккур дар аркони амалии дин

 Аркони бузурги ислом баъд аз имон: Барпо доштани намоз, додани закот, рўзаи моҳи Рамазон ва ҳаҷҷи баётуллоҳ мебошад.

 Ин аркони бузурги дин, ки манфиатҳои азиме дорад, саъйу кўшишро металабад, то банда ба савоби зуд ва ё дери он, ба натиҷахои неки он дар дунёву охират ноил гардад.

 Тааммул кунед дар амри намоз: Ихлос барои худованд, таваҷҷуҳи тамом ва рўй овардан ба сўи ў, санову ситоиш, дуъову хузўъ...

 Барпо доштани намоз ба манзилати об додани дарахти имон дар бўстони ислом аст. Агар намоз шабонарўз такрор нагардад, дарахти пурсабзи имон ба хўшки мегаравад ва аз он ба ҷуз ном ҷизе боқи намемонад. Намоз аст, ки имонро месабзонад ва таҷдид мекунад.

 Бубин, ки намоз чи гуна шахсро ба зикри худованд, ки бузургтарини ибодатҳост, машғул намуда аз зиштиҳову бадиҳо боз медорад.

 Бингар ба ҳикмати закот, ки чи тавр шахсро ба ахлоқи писандида фаро мехонад, ба амсоли саховатманди, караму дасткушоди, шукри худо дар ивази неъматҳояш, ҳифзи мол аз нобуд шудан, шикастани муҳаббати дунё дар қалб, накўи ба мардум, ёри ба мўҳтоҷон ва ғайра аз кирдорхои хўши инсони.

 Закот ҳоҷати ҳоҷатмандонро аз бенавоёну пиронсолон ва нотавонону бесарпаноҳон бароварда месозад.

 Закот амри ҷиҳодро қувват медиҳад ва дар роҳи омодаги ба дифоъ аз замин ва дифоъ аз номўс саҳми бузург мегузорад.

 Закот норасоиҳои иҷтимоъии мардумро, ки дар ҳар давру замон ба вуқўъ мепайвандад, бартараф мекунад.

 Закот фақрро решакан мекунад ва сабаби пешравии мардуми нодор дар касбу тиҷорат ва дигар умури зиндаги мебошад.

 Закот додан дар ҳақиқат эътимод кардан ба худованд аст, ки ў ивази молро барзиёдтар ато мекунад, чи дар дунёву чи дар охират.

 Закот додан тасдиқ кардани ваъдахои илоҳи ва умедвори аз фазлу марҳамати худованд аст.

 Бинигар дар амри рўза, ки чи гуна нафси инсонро ба тарки дўстдоштаҳояш тамрин медиҳад. Чизҳоеро, ки банда мўҳтоҷи он аст ва бар он одат кардааст, ба хотири муҳаббати худои таоло ва наздики ҷустан ба ў, тарк мекунад.

 Бо рўза доштан имон тақвият меёбад ва нафси инсон бар сабру шикебои дар сахтиҳои ҳаёт тобовар мешавад.

 Бо рўза доштан ихлос барангехта шуда мухаббати офаидгор волотар аз муҳаббати нафс қарор мегирад. Ин буд, ки худованд рўзаро "Барои ман" гуфт ва аз байни соири аъмол онро ба худаш махсус гардонид.

 Бинигар дар амри ҳаҷ: Ба харҷ додани дороиву мол, тахаммули машаққатҳо, дури аз ахлу ватан, эҳтимоли воқеъ шудани хатарҳову душвориҳо, иҷобати даъвати худованд, таваҷҷўҳ ба сўи ў дар хонаи ў, анҷоми ибодатҳои гуногун дар заминҳои муқаддас ва машъару майдонҳое, ки назаргоҳи илоҳист ва дар замоне, ки муборактарини айём аст...

 Ҳаҷ фоидаҳои зиёде дорад, ба монанди бузургдошти худои таоло ва сари таслим фурўд овардани анбўҳи мардумба амри ў, ёдоварии аҳволи паёмбарони пешин ва тақвияти имон бо тааллук ба муҳаббати онон.

 Инчунин шиносои байни муслимин, кўшиш дар роҳи ваҳдату якпорчагии онон, барпо кардани алоқаҳову иттифоқҳо дар роҳи масолеҳи умуми ва хусусии онон.

 Дар ҳақиқат ҳаҷ амрест, ки далолат ба маҳосини ин дин мекунад ва шиорест, ки далолат бар ваҳдати муслимин мекунад.

` ` `

 МИСОЛИ САВВУМ : Амр ба ваҳдату дўсти

 Шариати ислом бар ваҳдату якдили ва ҷамъ омадани муслимин амр мекунад ва аз тафриқаву ҷудои ва ихтилофу душмани наҳй мекунад. Ин масъалаест, ки оёт ва аҳодиси зиёде бар он далолат мекунад.

 Камхирадтарин шахс манфиати ин амр ва фавоиди дуняви ва ухравии онро дарк мекунад.

 Ваҳдат тамоми фасодҳои иҷтимоъиро бартараф мекунад ва асоси қувваи маънавии мардум мебошад.

 Он миқдоре, ки мусалмонони нахустин аз салоҳияти аҳвол, барпо намудани аҳкоми дин ва иззату пирўзи бархўрдор буданд, хама ба сабаби устувории онон дар амри ваҳдат буд. Ваҳдатро муҳофизат мекарданд, ҳаққи онро ба ҷой меоварданд ва яқин доштанд, ки он рўҳи динашон аст.

` ` `

 МИСОЛИ ҶАХОРУМ : Ислом дини раҳмат ва баракат аст

 Дини ислом дини раҳмату баракат ва накўкори аст. Ба нафъ расонидан ба мардум амр мекунад. Муомилаи нек ва меҳрубониву накўкори, ки ин дин ба сўи он фаро мехонад ва аз хилофи он наҳй мекунад, ба мисли нури тобонест дар баҳри ситамгариву таҷовузкори, ахлоқи разила ва поймол намудани ҳуқуқҳо, ки имрўз умумро фаро гирифтааст.

 Ин буд, ки ашхоси бомаърифате аз душманони ислом ба он гаравиданд ва зери сояи мубораки он пано гирифтанд.

 Ин буд, ки ин дин пайравони хешро бо ҳам пайваст намуд, то он, ки мисли як ҷасад гаштанд ва раҳмату афву бахшиш аз қалбҳо фаротар рафта дар аъмолашон зуҳўр ёфт ва таъсире азим дар ҷалби душманон бар ҷой гузорид, то он, ки аз тобеъони ин дин шуданд ва дар маърази дифоъ аз он бархостанд. Аз онон ашхосе бо некандешиву қудрати виҷдони хеш ба азамати ин дин пай бурд ва ашхосе дигар дар муқоиса бо дини таҳрифёфтаи худ, исломро бинобар ончи аз адлу раҳмат дарбар гиифтааст, бартар шумориданд.

` ` `

 МИСОЛИ ПАНҶУМ : Ислом дини ҳикмату фитрат ва дини ақл аст

 Дини ислом дини ҳикмат, дини фитрат, дини ақлу салоҳ ва дини наҷот аст. Аҳкоми асли ва фаръие, ки ин дин дарбар мегирад, онро фитрати пок ва ақли солими инсон қабул мекунад ва ба он ҳамчу ҳақиқати раднопазир сар фурўд меорад. Ҳақиқате, ки созгори ҳама давру замон мебошад.

 Хабарҳои ин дин ҳама ҳақ ва ростанд. На илми қадим ва на илми ҷадид, чизеро кашф накардааст, ки бар хилофи хабарҳои шариат бошад. Балки тамоми улум ва ихтироъоти замона ҳақ ва рост будани онро тасдиқ мекунад.

 Муҳаққиқон ва сиёсатшиносони боинсофу ҳақпараст ба ин ҳақиқат иқрор намудаанд, ки тамоми улуми боманфиати диниву дуняви ва ё сиёсиву иҷтимоъие, ки мавҷуд аст, ислом ба он далолат кардааст ва асоси онро баён кардааст.

 Дар шариати ислом чизе нест, ки онро ақл инкор кунад, балки ақл ба рости ва дорои манфиату салоҳ будани он шаҳодат медиҳад.

 Инчунин тамоми фармудаҳои ислом ва манънамудаҳои он бар асоси адл бино ёфтааст ва ори аз зулму ситам мебошад. Ба ончи шариат амр кард, хайри маҳз аст ва аз ончи наҳй намуд, шарри маҳз аст ва ё зарари он бештар аз манфиати он аст.

 Ҳаргоҳ шахси соҳибназар дар аҳкоми ин дин бештар тааммул кунад, имонаш боз зиёдтар мешавад ва яқин менамояд, ки он аз ҷониби худое нозил шудааст, ки бо ҳикмату сутуда аст.

 МИСОЛИ ШАШУМ :Ҷиҳод ва амри маъруфу наҳйи мункар

 Дини ислом ба ҷиҳод ва амри маъруфу наҳйи мункар мефармояд. Мақсуд аз ҷиҳод дафъи зарари душманонест, ки қасди таҷовуз ба ҳуқуқи ин дин ва ё пайравони онро доранд ва ё роҳи даъвату интишори онро масдуд месозанд.

 Ҷиҳоде, ки ин дин ба он амр кардааст, беҳтарин анвоъи ҷиҳод аст, зеро адр он вайронкориву тамаъ ва ё ағрози нафсони вуҷуд надорад. Ҳар ки дар далелҳои ҷиҳод дар китобу суннат назар мекунад ва аз муомилоти саҳобагон бо душманон дар фатҳи кишварҳо иттилоъ меёбад, дарк мекунад, ки ҷиҳод аз заруриёт буда ба хотири дафъи ситами таҷовузкорону истеъморгарон фарз гардидааст.

 Амр ба маъруф ва ё корҳои писандида ва наҳй аз мункар ва умури зишту ҳаром аз асосҳои ин дин аст, ки барпо доштани он барпо доштани дин аст. Ҳама фармудаҳои дин бар салоҳияти мардум аст ва наҳкардаҳои он, ҳама шарру фасод аст.

 Амри маъруф ва наҳйи мункар садди роҳи ҳар як зулму ситам ва таҷовузкориҳо мебошад. Амри маъруфу наҳйи мункар аз бузургтарин заруриёти дин аст, ки каҷравони аҳли динро бар маслаки матини он устувор месозад. Аз разилатҳову нописандидаҳо дур месозад ва ононро ба сўи ахлоқи ҳамида ва ҳиммати оли фаро мехонад.

 Шакке нест, ки озодии комил барои инсон ва тобеъи қонуне набуданаш бар зарари ўст, балки ситаме волотар аз он нест. Фазилатҳои ҷамъияти инсониро барҳам мезанад ва ба ҷуз шаҳватпарастону пастфитратон касе аз он озодии мутлақ нафъ нахоҳад дид. Ин даъвоест, ки ақли солим онро намепазирад ва бо ҳеҷ як аз расму оинҳои мардуми ҷаҳон созгор нест.

` ` `

 МИСОЛИ ҲАФТУМ : Савдо ва муомилот

 Ончи шариати ислом аз муомилот ҷоиз шуморидааст, ҳама бар нафъи мардум ва салоҳияти онон аст. Ба мисли хариду фурўш, қарз, иҷораҳо, мушорикатҳо ва ғайра аз манофеъи умуми, ки мардум ба он эҳтиёҷ ва зарурат доранд ва бо он аҳволи онон қарор мегирад ва ҳаёти онон ба салоҳ меояд.

 Инчунин дар умури савдо шариат ризои тарафайнро шарт ҳисобида, навишта кардани аҳду паймон ва баёни мавзўъи онро бо ҳама эҳтимолҳояш зарур шуморидааст. Ҳар муомилаеро, ки аз он имкони ба вуқўъ пайвастани зарар ва ё зулме бошад, манъ намудааст, ба монанди сўдхури, порадиҳи, қиморбози ва ғайраҳо.

 Ҳар ки доир ба тақрирҳои шариат дар мавзўъи муомилаҳо тааммул кунад, дармеёбад, ки ҳамаи он бар салоҳиятҳои дини ва дунявии мардум мебошад.

 Ончи худованд аз касбу корҳо мубоҳ намудааст, далели вусъати раҳмати худованд ва ҳикмати комилу батамоми ў мебошад.

` ` `

 МИСОЛИ ҲАШТУМ : Хўшиҳои ҳаёт

 Ончи шариат аз хўрданиву нўшидани ва пўшиданиву заношўи мубоҳ намудааст, аз хубиҳои ҳаёт аст.

 Ҳарчи ҳалол ва ба манфиат аст, шариат онро ҳалол намудааст, ба мисли донаҳо (биринҷу ҷаву гандум), меваҳо бо тамоми анвоъаш, гўшти ҳайвонот ва тамоми ҷонварони баҳри.

 Ҳарчи шариат манъ кардааст, ҳама зарарнок аст, чи бар дину ақл ва чи бар молу бадани инсон.

 Ҳар чиро мубоҳ намудааст, аз эҳсони ў таоло мебошад ва ҳар чиро манъ кардааст, инчунин аз эҳсони ўст, бинобар он, ки мусалмононро бо наҳй аз он, аз зарарҳо муҳофизат кардааст. Зеро камоли эҳсону накўи дар ҷалби манфиат ва дафъи зарар мебошад.

 Инчунин ҳар ончи шариат аз никоҳ ва издивоҷу ҳамсардори мубоҳ намудааст, ҳар як фардро ба ҳар андозае, ки хостаҳову рағбатҳояш зиёд бошад, қонеъ ва бениёз месозад. Ҳар як мусалмон метавонад ду, се ва ё чор зани шаръи дошта бошад.

 Дар амри издивоҷ маслиҳати тарафайн ба инобат гирифта шудааст. Издивоҷ бо зиёда аз чор зан мамнўъ мебошад, бинобар он, ки дар ин ҳол адл поймол гардида, ситаму ноадолати вокеъ мешавад. Зеро инсон ғолибан наметавонад зиёда аз ин миқдорро ҳама ҷониба таъмин намояд.

 Аммо ба ҳангоми хавфи зулм ва қодир набудан ба барпо доштани ҳуқуқи ҳамсарҳо ва адл намудан байни онон, сазовор ин аст, ки бо як ҳамсар иктифо намояд.

 Издивоҷ аз неъматҳои бузурги илоҳи ва аз заруриятҳои ҳаёт мебошад. Раво будани талоқ ба ҳангоми адами мувофиқати зану шавҳар ва ё ба ҳангоми тангиву душвории зиндаги, ҳалли одилона ва аз маҳосини дин аст:

"وَإِنْ يَتَفَرَّقَا يُغْنِ اللَّهُ كُلّاً مِنْ سَعَتِهِ" (النساء:130).

 "Агар он зану шавҳар аз ҳам ҷудо шаванд, худованд ҳар як аз ононро аз паҳноии фазлаш бениёз хоҳад кард." (Сураи Нисо:130).

` ` `

 МИСОЛИ НУҲУМ : Ҳуқуқи мардум

 Худованд байни халқаш ҳуқуқҳоеро гузоштааст, ки ҳама хайру салоҳ, эҳсони адл ва бар хилофи зулм аст. Ба мисли ҳуқуқи волидайн, фарзандон, хешовандон, ҳамсояҳо, дўстон, ҳамкорон, ҳамсарон ва ғайраҳо.

 Инҳо ҳуқуқест аз заруриёт, ки бар камол асос ёфтааст ва фитрату ақли солим онро меписандад. Ҳуқуқест, ки алоқаҳоро созиш медиҳад ва дар он ҳуқуқҳо ҷониби маслиҳат ва манфиати соҳиби он риоят шудааст.

 Инҳо ҳуқуқест, ки манфиатҳои умуми ва хусусиро таъмин намуда байни афроди ҷамъият улфату эҳтиромро барпо месозад. Ин далели он аст, ки шариати ислом кафили саодати башарият дар дунёву охират мебошад.

 Мушоҳида мешавад, ки ҳуқуқҳои муқаррар намудаи ислом, дар ҳар давру замон ва дар ҳама ҳолатҳо ва урфу одатҳо созгор ва ҷавобгўи масолеҳи иҷтимоъи мебошад ва натиҷахоеро аз ҳамдигарфаҳми, ҳакориву мусоидат дар умури диниву дуняви, ҷалби хотир ва дафъи буғзу адоват эҷод менамояд.

` ` `

 МИСОЛИ ДАҲУМ : Мерос

 Интиқоли моликият ва молҳои таркнамудаи шахси мурда ва тарзи тақсими одилонаи он ба ворисонаш, масоилест, ки дар баёни улуми шаръи манзилати махсусе дорад.

 Худованд ба ҳикмати мерос ишора намуда мефармояд:

"لا تَدْرُونَ أَيُّهُمْ أَقْرَبُ لَكُمْ نَفْعاً" (النساء:11).

 "Намедонед, ки кадом як аз он ворисон ба шумо наздиктаранд, дар нафъ расонидан." (Сураи Нисо:11).

 Худованд худаш тақсими меросро вазъ намудааст ва худаш беҳтар медонад, ки ба инсон чи касе дар нафъ наздиктар аст.

 Он тақсимест, одилона ва ҳар шахс одатан дўст медорад, ки молаш мувофиқи он тақсимоти илоҳи тақсим карда шавад. Он тартибест, ки ақли солим ба хубии он эътироф менамояд.

 Агар тақсими мерос ба хосту раъй ва хоҳишоти мардум ҳавола гардад, шакке нест, ки халалу ихтилоф ва носозгори ноадолати воқеъ хоҳад шуд.

 Шариат ба шахс иҷозат додааст ба васият кардани қисме аз молаш дар роҳи хайр, то дасгири ў дар охират бошад. Ин васият маҳсур ба сеяки мол ва ё камтар аз он аст, то ин тақрири шаръи, ки дар он масолеҳи иқтисодии мардум ба инобат гирифта шудааст, дастхўши камхирадону кўтаҳфикрон нагардад. Ононе, ки ба ҳангоми саломатии ҷисм ва камоли ақл аз сарфи мол дар роҳи хайр, бинобар хавф аз фақру нодори худдори мекарданд, ба ҳангоми ҷонсупори тамоми дороии сарф намуда ҳуқуқи аҳлу фарзандонро поймол месозанд.

 МИСОЛИ ЁЗДАҲУМ : Ҳудуд ва ҷазои ҷиноятҳо

 Масъалаи ҳудуд ва ё ҷазо додани шахси муҷрим, ки шариат ба он амр кардааст, бинобар он аст, ки ҷаримаҳо поймол кардани ҳуқуқи худованд ва ҳуқуқи бандагон мебошад. Ситам ва зулмест, азим, ки ба қавонин ва низомҳо халали бузург ворид месозад, балки умури дунёро номунтазам мегардонад.

 Ҳудуд ва ҷазоҳое, ки шариат дар муқобили ҷиноятҳо қарор додааст, пеш аз ҳама дар қалби худи муҷрим хавф эҷод мекунад ва сабаби доштани ў аз воқеъ шудан дар ҷиноят мешавад. Зеро ҳудудҳои шаръи подошҳоест шадид, ки аз тасаввури он ҳар фарде ба ҳарос меояд ва иродаи ҷиноятро аз зеҳнаш хориҷ месозад. Ба монанди қатл, буридани аъзо, дарра задан, хориҷ кардан аз ватан ва ғайраҳо.

 Дар ҳар як аз ҳудудҳои шаръи масолеҳи хусуси ва умуми вуҷуд дорад, ки ҳар фарди оқил онро дарк мекунад. Шарру бади ва ҷиноятҳоро наметавон дафъ намуд, магар бо ҷори кардани ҳудудҳои шариати ислом, ки дар он бар андозаи ҳар як ҷинояте, ҷазои сазовореро муқаррар карда шудааст.

` ` `

 МИСОЛИ ДУВОЗДАҲУМ : Манъ аз тасарруфи ноҷо дар мол

 Манъи баъзе аз инсонҳо аз тасарруф дар амволашон.

 Ҳаргоҳ тасарруфи шахсе дар молаш зараровар бошад ва ё хурдсол, аҳмақ ва ё девона бошад, инчунин ашхос аз нуктаи назари шаръ аз тасарруф кардан дар молҳояшон манъ карда мешаванд.

 Ин низ аз маҳосини шариат аст, ки ба хотири ҳифзи моли инчунин ашхос, ононро аз тасарруфи ноҷо дар амволашон манъ мекунад. Чун зарари тасарруфи онон пеш аз ҳама ба худашон ворид мешавад ва зарари он бештар аз нафъи он аст, муваққатан манъ намудани онон ба масолеҳ ва манфиати худи онон аст.

 Инчунин ин ҳукми шаръи дигаронро иршод ба тасарруфи нек ва оқилона дар дороиву амволашон мекунад.

` ` `

 МИСОЛИ СЕЗДАҲУМ : Аҳду паймон дар муомилот

 Машруияти аҳду паймон ва иттифоқҳое, ки мутааллиқ ба ҳуқуқи моли аст ва нигошта кардани он.

 Ин ба хотири ҳимояи ҳуқуқи молии мардум, зоил намудани шакку шубҳа ва пешгири аз ихтилофот дар аҳду паймон мебошад.

 Муомилоте, ки барқарор кардани аҳду паймон дар он ва нависта кардани он зарури аст, ба монанди гузоштани моли амнат дар назди касе, замонат додан, қарз додан, ба кафолат гирифтан ва ғайраҳо, ки ба ҳангоми воқеъ шудани ихтилоф ва ё инкор, ба суи он муроҷиат карда мешавад.

 Дар навиштани аҳдномаҳо ва муҳофизати он манфиатҳои зиёдест, ба мисли ҳифзи ҳуқуқ, паҳноии доду гирифт, барпо доштани адолат, салоҳияти аҳволи мардум ва устувор намудани асосҳои муомилот мебошад.

 Агар ин васиқаҳову аҳдномаҳо вуҷуд намедошт, қисми зиёде аз муомилот ва доду гирифти мардум ба табоҳи мепайваст.

` ` `

 МИСОЛИ ҶОРДАҲУМ : Қарз ва садақот

 Ноил шудан ба аҷру савоб дар муқобили накўи ба мардум, бо қарз додан ва ё садақа кардан ва боз гардонидани худованд ба шахси садақакунанда айнан моли сарфкардаи ўро ва ё бадали онро, ин худ аз роҳҳои беҳтарини ба даст овардани аҷру савоб мебошад, бе он, ки ба соҳибаш зараре ворид шавад. Балки дар он аз масолеҳи гуногуни мардум, ба монанди бароварда кардани ҳоҷатҳо, сабук сохтани мўсибатҳо ва ҳусули хайру накўи умурест, ки наметавон ба шумор овард.

 Оне, ки молашро дар роҳи худо сарф кардааст, боз ба худаш баргардонида мешавад. Дар назди худованд ба аҷре фаровон ноил мешавад ва инчунин дар назди бародари мўъминаш фазилату икромро соҳиб мегардад. Бо вуҷуди он, ки баракат дар молаш афзун мегардад, калбаш фараҳманд мешавад ва улфату муҳаббати бародари ҳосил мегардад.

` ` `

 МИСОЛИ ПОНЗДАҲУМ : Ҳалли ихтилофот

 Асосҳое, ки шариат барои бартараф кардани хусуматҳо, ихтилофоту ишколот ва ҳалли ниқошҳои тарафайн муайян намудааст, мабни бар адолат, мувофиқи фитрат ва раҳои аз урфу одатҳои ҷоҳилона мебошад.

 Ҳаргоҳ даъвогаре ҳаққашро талаб намуд, пеш аз ҳама аз ў далелу ҳуҷҷат ва исботи он дархост карда мешавад. Чун тавонист даъвои хешро бо бурҳон исбот кунад ва собит намояд, ки ҳақ бар ҷониби ўст, даъвои ў қабул карда мешавад. Аммо чун натавонист даъвои хешро исбот намояд, ба тарафи муқобил, ки даъвои ўро рад менамояд, ба номи худои таоло қасам дода мешавад ва аз ў ҳаққе дархост намешавад.

 Вале ба ҳангоми иштибоҳ ва бароба будани мухолифон дар ҷиноят, шариат бар сабили сулҳи одилонае, ки муносиби ҳар қазияҳо ва роҳи ҳалли тамоми мушкилот аст, иршод менамояд.

 Шариат ба тариқе, ки холи аз зулму ситам буда муҷиби воқеъ шудан дар маъсият набошад ва бар нафъи мардум бошад, ба сўи он фаро мехонад, хусусан дар масоили ҳалли ихтилофот.

 Дар баробари ҷазои ҷиноятҳо ҳама кас, чи соҳибқудрату нотавон, чи сардору тобеъ ва чи сарватманду фақир, ҳама кас яксон ва баробарҳуқуқ мебошанд.

 Аҳкоми шариат ба андозае мувофиқ ба адлу фитрат аст, ки ҳар як соҳиби хусуматро қонеъ мегардонад.

 МИСОЛИ ШОНЗДАҲУМ : Амр ба машварат

 Дини ислом ба маслиҳату машварат кардан дар умури дини ва дуняви аҳамияти махсус медиҳад. Ононеро, ки дар тамоми умури дохиливу хориҷиашон байни ҳамдигар машваратро барпо медоранд, сано фармудааст.

 Ин асосе мебошад, ки ҳар як соҳибхирад онро накў мешуморад. Ин роҳи ягонаест дар паймудани тариқи салоҳиятнок ва беҳтарин василаест дар ноил шудан ба мақсаду ҳадафҳо, дар ёфтани натиҷаи дуруст ва дар пеш гирифтани роҳи адолат.

 Ҳар миллате, ки ин асоси бузургро барпо намояд, хайру салоҳи азимеро ба даст меорад.

 Ҳаргоҳ донишу маърифати мардум рўй ба пешрави ниҳад ва афкори онон ба паҳнои гаравад, ба ҳамон андоза эҳтиёҷоти онон ба барпо доштани машварат зиёдтар мегардад.

 Чун дар ибтидои ислом мусалмонон ин аслро барпо намуданд ва онро дар умури диниву дунявиашон татбиқ намуданд, тамоми умури онон муназзам ва барқарор гардид ва аҳволи онон руй ба сўи бартари ниҳод. Онгоҳ, ки мусалмонон аз ин асли азим рўй бартофтанд ва асосҳои онро паси сар гузоштанд, дар дунё ва динашон рўй ба коҳиш ниҳоданду пароканда шуданд, то ба он ҳоле расиданд, ки имрўз мушоҳида мекунем.

 Агар мусалмонон ба дини хеш бозгарданд ва дар корҳояшон машваратро барпо намоянд, ихтилофоти онон бартараф гашта, растагору пирўз хоҳанд шуд ва аз ин зиллату хори, ки имрўз дар онанд, наҷот хоҳанд ёфт.

` ` `

 МИСОЛИ ҲАБДАҲУМ : Ислом ислоҳгари дин ва дунё аст

 Ислом ҳамон тавр, ки ба умури дини эҳтимом медиҳад, инчунин ба умури дуняви низ аҳамияти махсус додааст. Салоҳи дину дунёро ҷамъ намудааст ва масолеҳи рўҳу ҷасадро ба ҳам пайвастааст.

 Ин амрест, ки Қуръон ва суннат ба он ташвиқ менамоянд ва ба барпо доштани умури дини ва ҳам дуняви фаро мехонанд. Зеро ҳар як аз умури дуняви ва ухрави созгор ва алоқаманди ҳамдигаранд.

 Худованд бандагонашро барои парастиш ва барпо доштани ҳуқуқҳо халқ намуд. Ба онҳо ризқу рўзии муайянро ҷори намуд ва сабабҳои ба даст овардани онро фароҳам сохт, то ба василаи он ба ибодати ў қуввату имдод дарёбанд. Ба василаи он корҳои мутааллиқ ба дунё ва охирати ононро созгор намудааст.

 Шариат танҳо ба такомул ва парвариши рўҳ иктифо накарда, балки ба масолеҳ бадан низ эҳтимом додааст. Аз пайравии лаззатҳову шаҳавот ва побанди ба он наҳй фармуда ба тақвият додани масолеҳи қалбу рўҳ иршод намудааст.

` ` `

 МИСОЛИ ҲАЖДАҲУМ : Алоқаи илму дин ва давлатдори

 Шариати ислом илму донишу диндори ва ҳукмрониву давлатдориро ба ҳам пайваст намуда вобастаи ҳамдигар гардонидааст. Илму дин ҳукуматро барқарор мекунанд, ки бар асоси он ҳукму салтанат бино меёбад. Зимомдори вобаста ва пойбанди илм ва дин аст, ки ҳикмату роҳи рост ва салоҳу наҷот дар он аст.

 Ҳар ҷо, ки дину давлат ба ҳам пайвастааст, тамоми умур ба саоҳ омада аҳволи мардум рўй ба беҳбуди мениҳад. Чун яке аз инҳо аз ҳам ҷудо гардад, низом халал меёбад, хайру салоҳ зоеъ мегардад, тафриқа воқеъ мешавад ва қалбҳо аз ҳам дур шуда аҳволи мардум ба шикастагиву пасти мепайвандад.

 Ҳар қадар, ки илму дониш вусъат ёбаду маданияту ирфони мардум гуногун шавад ва ихтироъот зиёд шавад, чизе пайдо намешавад, ки бар хилофи далолати Қуръон бошад. Шариати ислом ҳеҷ гоҳ ба пешравиҳои башарият зиддият ва ё халале эҷод намекунад.

 Шариат чизеро наовардааст, ки муҳол бошаду ақл онро инкор кунад, балки ҳама умури шаръиро ақли солим мепазирад ва шриатро ҳамчу роҳнамои хеш дар тамоми умур қабул менамояд.

 МИСОЛИ НУЗДАҲУМ : Шариат созгори илм ва ақл аст

 Шариат чизеро наовардааст, ки илми ҳозир хилофи онро собит карда бошад. Ин далолат бар он мекунад, ки ончи худованд фуруд овардааст, мўҳкаму собит ва созгори ҳама давру замон мебошад.

 Ин аслест, ки ҳар як соҳибақл метавонад онро дар натиҷаи ҷустуҷў аз ҳақоиқи илми, ҷамъи маълумоту кашфиётҳо ва омўзиши ҳодисаҳои табии ва ғайраҳоро ба тафсил биёмўзад ва ба натиҷахое дастрас гардад, ки ақлро ба ҳайрат андозад. Кашфиётеро пайдо нахоҳад кард, ки мухолифи хабарҳои Қуръону суннат бошад. Балки ҳамаро мутобиқи хабарҳои осмони хоҳад ёфт. Хоҳад дарёфт, ки китоби худованд баёнгари ҳама чиз аст ва ҳар кўчаку бузургеро дар бар гирифтааст.

` ` `

 МИСОЛИ БИСТУМ : Футўҳоти исломи

 Назаре ба футуҳот ва кишваркушоиҳои ислом бияндозем, хоҳем дарёфт, ки ба андозае вусъату паҳноии он бузург аст, ки таърихи башариятро ба тамом дигаргун намудааст. Муқовиматҳои муборизони ислом ва корнамоиҳову пирўзиҳои онон ақлҳоро ба шигифт овардааст. Бо вуҷуди дасисаҳои душманон ва муқовиматҳои шадиди онон, исломи азиз бар азамату эҳтироми хеш устувор мондааст ва асрҳое тўлони ҳукмрони аксарияти сарзаминҳои рўи замин будааст.

 Назаре ба манбаъи ин дини оламшумул кунем, ки чи гуна сокинони ба ҳам мухолифи нимчазираи Арабистонро, ки дар тафриқаву душманиҳо ба сар мебурданд, тавонистааст зери парчами як дин муттаҳид намояд. Ҳама адовату душманиҳои ононро барҳам задааст ва ба ивази он бародарии диниро чойгузин кардааст.

 Пайравони ислом, ки ресмони илоҳиро маҳкам гирифтанд, кишварҳои ҷаҳонро, якеро аз паси дигаре фатҳ намуданд ва ба ҷори намудани ин маслаки ҷадиди илоҳи пардохтанд. Дар муқаддимаи мухолифони онон ду давлати бузургу соҳибқудрат: Эрону Рум меистоданд. Ду давлате, ки қавитарини миллатҳо буданд ва мулке азим доштанд. Тамоми кишварҳои ҷаҳони онрўз зери тасарруфи онон буд. Дорои қувваҳои бузурги ҳарби буданду адади бешумореро аз лашкариён доштанд. Мусулмонон буданд, ки ин ду қувваи бузургро шикаст доданду аз ҳам пошиданд ва нишоне аз он боқи нагузоштанд. Ин ба фазли дин ва қуввати имони онҳо буд. Побандиву устувории мўҳками онон буд, ки худованд нусраташон дод, то он, ки исломи азизро ба шарқу ғарб интишор доданд.

 Ин аз нишонаҳои илоҳиву бурҳони дини ў ва аз мўъҷизоти расули акрам (с) буд.

 Тамоми халқҳои ҷаҳон ҷун ҳақро мушоҳида намуданд, бо ихтиёри хеш ва оромиши хотир ба ин дин гаравиданд, на бо қаҳру маҷбурият. Бар хилофи даъвоҳои нависандагони муосир, аз шарқшиносон ва ғайраҳо, ки маншаъи фикри онон аз душманони ислом мебошад. Онҳо даъво менамоянд, ки интишори ислом ва футўҳоти ҳайратангези он мабни бар умури модди ва омодагиҳои ҳарбии онон асту бас. Пирўзиҳои мусалмононро ба сабаби заъфу сустии давлати Эрону Рум ва дар муқобили он қуввати саҳронишинони араб мепиндоранд. Ин ҳалли онон мабни бар тасаввури хато ва сатҳи мебошад. Зеро арабҳо дар он замон қуввати моддие надоштанд, ки бо кўчактарин ҳукумат муқовимат намоянд. Чи расад ба муҳорибаи ҳукуматҳои бузургу тавонгаре, ки дар замони хеш ҳамтое надошт. Чунин ҳукумати бузургро мусалмонон бо қуввати имону азми хеш пора намуданд ва ба ҷои қонунҳои золимонаи онон аҳкоми Қуръон китоби осмони ва дини одилу оламшумулро ҷори намуданд.

 Имкон надорад, ки пирўзиҳои мусалмонони араб дар аввалҳои ислом бо қуввати моддиашон бошад. Балки ин даъвои ононест, ки мехоҳанд бар ислом таъна ворид созанд ва ҳақоиқи онро инкор намоянд. Онҳо ин каломро аз он шарқшиносоне гирифтаанд, ки манҳаҷашон муҳорибаи ислом ва сиёҳ кардани он аст.

 Шакке нест, ки интишори ин дини бузург, устувории он дар муқобилияти душманон ва бақои он ба муддати асрҳои тўлони далели он аст, ки ин дин дини ҳақ аст.

 Агар мусалмонон қувваи моддии кифояткунандае медоштанд, ки битавонанд мухолифонашонро ба тамом аз байн бубаранд, лаҳзае ин фурсатро аз даст раҳо намесохтанд ва дар ҷаҳон ба ҷуз ислом дини дигаре боқи намемонд ва тамоми мардуми ҷаҳон новобаста аз миллату нажодҳояшон, онро ихтиёри ва бо ризои том қабул мекарданд. Зеро он дини ҳақ, дини фитрат ва дин ислоҳ мебошад. Вале муборизаҳои шадиди душманони он ва дар муқобил заъфу нотавонии мусалмонон ва тафриқаву ихтилофи онон сабаби асосии боз истодани ин дин аз пешравиҳо дар асри ҳозир мебошад.

` ` `

 МИСОЛИ БИСТУ ЯКУМ

Мисоли вопасин

ҷомеъи мисолҳои собиқ

 Дини ислом мабни бар ақоиди дурусту нофеъ, ахлоқи сутудаи инсони, оромиши рўҳи ва салоҳи аҳволи мардум мебошад. Мабни бар баркандани решаҳои бутпарасиву инсонпарасти буда амр ба ихлоси ибодат мекунад. Тамоми хурофот ва одатҳоеро, ки хилофи ақлу воқеъ аст, инкор мекунад ва ба сўи салоҳу дафъи шарру фасод, адолат ва бартараф кардани зулму ситам ва ба сўи камолоти олии инсони фаро мехонад.

 Ин мавзўъест, ки ҳар мусалмони бохабару равшанфикр метавонад онро бар ваҷҳе, ки мувофиқи ҳоли ин замон бошад, баён намояд.

 Бо зикри ин ибораҳои кўтоҳ, ки дарбаргирандаи усул ва қавоиде мебошад, ки бо он камолу азамати ҳақиқии ислом шинохта мешавад, иктифо менамоем.

 Поёни сухани мо ситоиш ва сано ба худованди якто ва салому дуруди беинтиҳо ба Муҳаммади Мустафо ва бар оли ўву саҳобаҳо, то ба рўзи ҷазо.

Абдураҳмони Саъди

` ` `