Устод Мамдуҳ Ал-Ҳарбӣ
Тарҷума: Дорул ислом\Тоҷикӣ
Шиъаҳо эътиқод доранд ки ҳазрати Абубакру Умар (p.з) -наъузу биллоҳ- ҳарду кофир буданд, локин дар воқеъ чун ба таърих бингарем мебинем ки ҳазрати Алӣ (р.з) аввалин имоми маъсуми шиъаҳо -мувофиқи даъвояшон- хилофати ҳардуро қабул мекунад ва бар зиди онҳо ҷанг ҳам эълон намекунад ва ба онҳо байъат[1] мекунад яке баъди дигар. Аз ин ҳодисаи таърихи фаҳмида мешавад ки ҳазрати Алӣ (р.з) маъсум набудааст, чунки маъсум набояд дасти байъат бар ду кофиру таҷовузгар - мувофиқи даъвояшон - бидиҳад, чунки ин кори ҳазрати Алӣ (р.з) хориҷи доираи маъсумият аст ва кумак бар золимон дар зулмашон ба ҳисоб меравад ва ин амал набояд аз маъсум руй бидиҳад.
Ва дар акси ин ҳол бояд иқрор шавед ки он байъате ки ҳазрати Алӣ (р.з) ба он ду халифа кард айни савоб буд, ва дар ин сурат бояд эътироф кунед, ки он ду халифа муъмину содиқ ва одил буданд.
Ва агар чунин набошад фаҳмида мешавад ки эътиқоди шиъаҳо мухолифи эътиқоди имомашон мебошад чунки онҳо ҳазрати Абубакру Умар (р.з)-ро кофир мегуянд ва ба онҳо шабу рӯз лаънату дашномҳо мефиристанд ва хилофати ин ду ҳазратро қабул надоранд ва мо вақто ки мехоҳем дар ин бора пурсон шавем ҳайрон мемонем ки чи кор кунем оё пайрави аз ҳазрати Алӣ (р.з) кунем дар эҳтиромаш нисбати он ду халифа ё пайрави аз он шиъаҳои гумроҳу гунаҳкореро кунем ки шабу рӯз дар маҷлисҳову ҳусейниёташон бар ин ду халифа лаънатҳо ва дашномҳо мефиристанд.
Ман аз он шиъаёни оқил барои ҳалли ин ишкол ҷавоби қонеъкунанда ва дуруст мехоҳам.
Хонандаи азиз! Ман ба хотири таъкид намудани суханам ки шиъаҳо ҳазрати Абубакру Умарро кофир мегуянд бароятон нусхае аз саҳифаҳои китобҳои онҳо ки барои шиъаҳо ин китобҳо ҳамчун китобҳои аслӣ ва марҷаъи динияшон мебошад пешкаш менамоям, ва аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям ки ба ин гуфтаҳои онҳо назар андозед ва хуб биандешед ки агар онҳо нисбати аввалин пешвоҳои ислом баъди Паёмбар (с) чунин эътиқод доранд пас дар ҳақи мо аҳли суннат ки динамонро аз Паёмбар (с) бо тариқи саҳобаҳояш аз ҷумла Абубакру Умар (р.з) мегирем, чи эътиқоде дошта бошанд?!
Чуноне, ки дар китоби "Биҳорул анвор" муҷалади 29 дар саҳифаи 137 ва 138 омадааст, аз Абуалии Хуросони аз хидматгузори Алӣ ибни Ҳусейн ривоят мекунад ки гуфт:
"Ман ҳамроҳи ӯ дар хилватгоҳаш будам дар онҷо ба ӯ гуфтам: Ман бар шумо ҳақ дорам ки манро аз он ду шахс (Абубакру Умар) хабар бидиҳи, ӯ гуфт: Он ҳарду кофиранд ва ҳарки онҳоро дӯст медорад низ кофир аст."
Ва ҳамчунин дар ҳамин китоб чуноне мебинед дар ривояти дигараш аз Абуҳамзаи Самоли омадааст, ки ӯ аз Алӣ ибни Ҳусейн дар бораи Абубакру Умар пурсид, ӯ гуфт: "Онҳо (Абубакру Умар) кофиранд ва ҳарки пайравии онҳоро мекунад кофир аст."
Бе ягон шаку шубҳа ҳазрати Ҳасан (р.з) барои ҳазрати Муовия (р.з) аз мансаби хилофат танозул кард ва зимоми хилофатро ба ӯ супурд ва ин дар щоле буд ки адади лашкари ҳазрати Ҳасан хело ҳам зиёд буд ва ба осони метавонист ки аз роҳи ҷанг бар Ҳазрати Муовия (р.з) пирӯз гардад, локин ин корро накард.
Аммо дар акси ин ҳол ҳазрати Ҳусейн (р.з) бо адади каме аз ёронаш бар зидди Язид ба ҷанг баромад, дар сурате ки метавонист қазияаашро бо роҳи сулҳу мусолиматомез ҳал кунад.
Акнун он чи ки инсонро дар ҳайрат меорад, он аст ки шиъаҳо даъво мекунанд ки ҳазрати Ҳасану Ҳусейн маъсуманд, локин он чи ки аз амалкарди он ду ҳазрат маълум аст, яке аз он ду ҳазрат бояд хато карда бошанд, чун агар фарз кунем ки ба ҷанг баромадани ҳазрати Ҳусейн бо адади ками ёронаш бо имконяти сулҳ карданаш бо Язид кори ҳақ бошад, пас сулҳ кардани Ҳазрати Ҳасан бо ҳазрати Муовия бо он лашкари бузурге ки дошт ин кори хатое аз ӯ буд, чун ӯ метавонист бо роҳи ҷанг пирӯз гардад ва мансаби хилофатро барои худ ҳифз намояд.
Ва агар шиъаҳо гуянд, ки ҳазрати Ҳасану Ҳусейн (р.з) ҳарду барҳақ буданд, албатта ин ғайри маъқул аст, чунки онҳо миёни ду амали бо ҳам мухолиф ҷамъ карданиянд.
Хулоса ин ки ман гуфтани ҳастам, ки ин ду амалкарди ҳазрати Ҳасану Ҳусейн эътиқоди мазҳаби шиъаҳоро решакан мекунад, чунки агар онҳо имомати ҳазрати Ҳасанро ботил шуморанд пас имомати падараш ҳазрати Алӣ (р.з) барояшон ботил мегардад, чунки ҳазрати Алӣ (р.з) буд ки зимоми хилофатро ба фарзандаш ҳазрати Ҳасан дода буд ва ин ҳам мувофиқи эътиқоди шиъаҳо мебошад.
Ин ҳам яке аз мушкилиҳои бузурги мазҳаби шиъаҳост ки бояд оқилони ин мазҳаб дар фикри ҳалли он бошанд.
Шиъаҳо даъво мекунанд ки ҳазрати Муъовия (р.з) -наъузу биллоҳ- кофир буд вале таъаҷубовар дар он аст ки ҳазрати Ҳасан (р.з) имоми маъсум бо иддиъои шиъаҳо барои ӯ аз мансаби хилофат танозул кард, акнун чун ба ин амалкарди Ҳасан (р.з) бингарем, мебинем, ки ӯ аз мансаби хилофат барои кофир танозул кардааст ва ин амали ҳазрати Ҳасан (р.з) мухолифи маъсумияти ӯ мебошад, чунки шиъаҳо бояд яке аз ин ду чизро қабул кунанд:
Якумаш: Ё бояд қабул кунанд ки ҳазрати Муъовия (р.з) шахси муъмину одиле буд ки ҳазрати Ҳасан (р.з) зимоми хилофатро ба ӯ дод ва ӯро ҳамчун амири мусалмонон писандид.
Дувумаш: Ё бояд қабул кунанд ки ҳазрати Ҳасан (р.з) маъсум нест, чунки аз маъсум набояд чунин хатое ки сарнавишти мусалмононро ба дасти кофире бидиҳад сар бизанад, бе шубҳа ки ин кор хилофи маъсумият аст ва шиъаҳо бояд эътиқодашонро дар ин бора барои мо баён кунанд.
Хонандаи азиз! Барои он ки эътиқоди шиъаҳоро дар бораи ҳазрати Муъовия бароятон исбот намоям ба акси ин китоб ки номаш "Нафаҳотул лоҳут фи лаъни Алҷибт ва Алтоғут" дар саҳифаи 162 назар андозед ва бубинед ки чи мегуянд.
"Дар баъзе аз он чизе ки аз тариқи асҳоби имоми мо дар бораи лаънат бар онҳо ва исботи кофир буданашон ворид шудааст бисёр возеҳу сароҳатан мебошад.........
Шунидем аз Абуабдуллоҳ ки ӯ лаънат мефиристод пушти ҳар намози фариза бар чаҳор нафар аз мардон ва чаҳор нафар аз занон: бар Тамими ва Адави ва фалони ва Муъовия, ҳар як кадоми онҳоро ҳангоми лаънат гуфтан номбар мекард ва аз занҳо фулона ва фулона ва Ҳинд ва Уммулҳакам хоҳари Муъовия.
Ба дурусти аз амирул муъминин машҳур шудааст ки ӯ дар дуои намози витраш бар ду санами Қурайш (ду бут) лаънат мефиристод ва мақсадаш аз ду санам Абубакру Умар буд.
Хонандаи азиз! Ман қазоватро бар шумо месупорам, бигуед ки агар Абубакру Умар ва Муъовия (р.з) кофир бошанд пас мо пайравону дӯстдорони онҳо, ки ҳастем (дар назди шиъа)?!
Барои чи шиъаҳо маъсумиятро дар ҳазрати Фотима (р.з) мебинанду дар ду хоҳари дигараш, ки ҳамаги аз як падару модаранд не, онҳо ки мисли Фотима (р.з) ҳама ҷигарбандони Паёмбар (с) буданд, пас онҳо аз ҳазрати Фотима чи ками доштанд, ин мушкили эҳтиёҷ ба ҷавоб дорад.
Агар аз шиъаҳо пурсида шавад, ки чаро ҳазрати Алӣ (р.з) ҳангоми интихоби халифа баъд вафоти Паёмбар (с) талаби мансаби хилофатро накард, чун мувофиқи эътиқоди шиъаҳо Паёмбар (с) васият карда буд, ки Алӣ (р.з) баъди ӯ бояд халифа шавад, онҳо дар ҳол ҷавоб мегуянд, ки Паёмбар (с) ба ӯ гуфта буд ки баъди сари ӯ набояд фитнае руй бидиҳад, ва набояд шамшере бар сари мусулмоне боло карда шавад ва бояд мусулмонон аз фитнаҳо дар амон бошанд.
Дар ин сурат аз уламои шиъа пурсида мешавад, ки агар чунин бошад пас чаро ҳазрати Алӣ (р.з) бар сари аҳли Ҷамал ва Сиффин шамшер боло кард ва дар ин ҷангҳо ҳазорҳо мусулмонон кушта шуданд оё аҳли Ҷамалу Сиффин мустаҳиқи шамшер ва куштан буданд, ё исбот намудани имомат бо шамшер агар чи ба хотири исботи имомат чи қадар мардуми зиёде ҳам намемурд? Чун ба гуфти шумо муҳим он буд, ки бояд бо ҳар роҳе ки набошад имомат барпо шавад, чаро ҳазрати Алӣ (р.з) ин корро дар аввал анҷом надод, ин мушкили эҳтиёҷ ба ҷавоби возеҳу сареҳе дорад.
Агар шахсе хост шиъа шавад, пас кадоме аз мазҳабҳои шиъаро ки Дувоздаҳ имома ва Исмоъилия ва Нусайрия ва Дуруз ва ғайраҳо ҳастанд, бояд қабул кунад, чун ҳамаи ин гуруҳҳо даъвои интисоб ба аҳли байтро мекунанд ва имоматро қабул доранд ва душмани саҳобаҳои Паёмбар (с) ҳастанд, ва ҳамаи инҳо имомати ҳазрати Алӣро қабул доранд ва мегуянд, ки имомати ҳазрати Алӣ рукне аз рукнҳои ислом аст ва ӯ халифаи билофосилаи Паёмбар (с) аст.
Локин он мушкилоте ки инсонро дар ҳайрат меорад он аст, ки ҳамаи ин гуруҳҳо ҳамдигарро ҳукм ба куфр мекунанд, пас инсоне ки мехоҳад шиъа шавад кадоме аз ин мазоҳибро пайрави кунад.
Шиъаҳо даъво мекунанд, ки имомонашон маъсуманд, аммо дар китобҳояшон бошад ривоятҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бар акси ин даъвояшон далолат мекунад, чуноне, ки дар яке аз он ривоятҳояшон омадааст "ҳазрати Ҳасан мухолифи падараш ҳазрати Алӣ дар ҷангаш бо ҳазрати Муовия буд, яъне ӯ намехост, ки падараш бо ононе, ки талаби қисос барои ҳазрати Усмон мекарданд биҷангад, ва дар ин воқеъа шакке нест, ки бояд яке аз ин ду имоми маъсум, ки ҳазрати Алӣ ва ҳазрати Ҳасан аст, барҳақ бошаду дигараш бар хато, ва дар айни ҳол маъсум набояд дучори амали хатое гардад, ва дар воқеъаи дигаре низ омадааст, ки ҳазрати Ҳусейн низ мухолифи бародараш ҳазрати Ҳасан дар сулҳ карданаш бо ҳазрати Муовия буд, ва ин ҳарду низ назди шиъаҳо имомони маъсум ба ҳисоб мераванд, локин дар ин воқеа низ шакке нест, ки бояд якеашон бар ҳақу дигаре бар хато бошанд, ва дар айни ҳол ҳарду маъсуманд ва набояд дучори хатое гарданд, ин мушкили низ эҳтиёҷ бар ҷавоби қонеъкунандае дорад.
Чуноне, ки ривоят шудааст, ҳазрати Алӣ баъд аз дунё гузаштани ҳамсараш ҳазрати Фотима (р.з), бо чанд зани дигар оиладор шуда буд, ва ҳамаи он занҳо барои ҳазрати Алӣ (р.з) фарзанд таваллуд карда буданд, номҳои ин фарзандҳо Аббос ибни Алӣ ва Абдуллоҳ ибни Алӣ ва ҷаъфар ибни Алӣ ва Усмон ибни Алӣ (р.з) мебошад, ва ҳамаи инҳо модарашон Уммулбанин духтари Ҳизом мёбошад.
Ин ривоят дар китоби "Кашфулғумма фи маърифатил аимма" муалифаш Алӣ Арбали яке аз уламой бузурги Шиъа зикр шудааст.
Ва инчунин аз фарзандони ҳазрати Алӣ, Убайдуллоҳ ибни Алӣ ва Абубакр ибни Алӣ ки, модарашон Лайло духтари Масъуди Дорамия мебошад аст, ва ин низ дар "Кашфул ғумма" ва "Иршод с168" ва дар "Муъҷами Хуи ҷ21 с45" зикр шудааст .
Ва ин чунин аз фарзандонаш Яҳё ибни Алӣ ва Муҳаммади асғар ва Авн ибни Алӣ, ки модарашон Асмо духтари Умайс мёбошад аст ва ин ривоят низ дар "Кашфулғумма фи маърифатил аимма" зикр шудааст .
Ва аз фарзандонаш низ Руқая бинти Алӣ ва Умар ибни Алӣ мёбошад, таваҷуҳ кунед ба ин ном "Умар ибни Алӣ" ва Умар ибни Алӣ дар 35 солагиаш аз дунё гузаштааст ва модарашон Умми Ҳабиб духтари Рабиъа мебошад ва ҳамаи ин ривоятҳои зикр шуда дар китоби "Кашфул ғумма фи маърифатил аимма" ворид шудаанд.
Ва он мушкилие ки мо мехоҳем бар он ҷавоб пайдо кунем, эй оқилони шиъа! Онаст, ки оё дар ақл мувофиқ меояд, ки падар ба фарзандонаш, номи ашаддитарини душманҳояшро бигузорад, ин чигуна падари боғайрат мебошад, агар ҳазрати Абубакру Умару Усмон (р.з) ашаддитарин душманони ҳазрати Алӣ бошанд, барои чи номҳои онҳоро ба фарзандонаш гузошт, оё инсони оқил ҷигарбандон, ва маҳбубтарини наздикони худро, ба номҳои душманонаш номгузори мёкунад?! Ва пушида намонад, ки ҳазрати Алӣ ин аввалин қурайшие буд, ки фарзандҳояшро Абубакру Умару Усмон номгузори кард, ва мо аз оқилони шиъа инро талаб дорем, ки ба ин савол як ҷавоби кофӣ ва қаноъатбахш пайдо кунанд.
Абулфараҷи Исфаҳони дар китобаш "Муқотилу- Толибин с 88 - 142 - 188 нашри Бейрут" ва Арбали дар "Кашфул ғумма м2 с360" ва Маҷлиси дар "Ҷилоул ъуюн с582" ривоят мекунанд, ки Абубакр ибни Алӣ ибни Абитолиб аз онҳое буд, ки ҳамроҳи бародарашон Ҳусейн дар Карбало шаҳид шуданд ва бо онҳо фарзанди Ҳусейн низ ки номаш Абубакр буд ва Муҳаммади асғар ки куняташ Абубакр буд, кушта шуда буд, пас барои чи шиъаҳо инро пинҳон медоранд ва ба мардум инро ошкор намекунанд, ё ман фикр мекунам, ки сабабаш инаст, ки бо зикр кардани ин номҳо сирри онҳо фош мешавад чун, ки ин номҳо бар он далолат мекунанд, ки аҳли байт саҳобагони Пайёмбар (с)-ро дӯст медоштанд, ки фарзандонашонро ба номҳои онҳо номгузори карданд ва агар ин саҳобаҳо кофир мебуданду ҳақи Алӣ ва аҳли байташро ғасб мекарданд ҳеҷ вақт ва ин ҳам дар ақли солими инсони туғри намеояд, ки онҳо фарзандҳояшонро ба номҳои кофирону ғосибон ва душманонашон номгузори кунанд, балки ин номгузори далолат бар дӯсти ва муҳаббати зиёде миёни саҳобагону аҳли байт мекунад.
Ва дар айни ҳол, чаро шумо шиъаҳо дар номгузори фарзандонатон пайравии имом Алӣ ва имом Ҳасану имом Ҳусейнро намекунед, онҳо Абубакру Умар ном карданд, шумо чаро пайравии онҳоро намекунед !?
Шиъаҳо даъво мекунанд, ки ҷигарбанди Паёмбар (с) ҳазрати Фотимаи Заҳро (р.з) дар замони ҳазрати Абубакр зулму ситам шуд, балки гуё ҳазрати Умар қабурғаҳояшро шикаст ва хост, ки хонаашро оташ бизанад, ва фарзанде ки дар шикам дошт ва номи ӯ Муҳсин буд мехост ӯро биғалтонад. Он чизе ки моро ба таъаҷуб овардааст онаст, ки дар ин ҳолат ҳазрати Алӣ он шери мардон ва он шуҷоъу қаҳрамоне, ки кофирон аз тарсу ҳароси ӯ меларзиданд, дар куҷо буд? Чаро аз ҳамсараш духтари Паёмбар (с) пуштибони накард? Ин як мушкилии бузургест, ки эҳтиёҷ ба ҷавоб дорад .
Дар бисёри аз ривоятҳо дидем, ки бисёре аз саҳобагон аз ҷумла бузургони саҳобагон бо аҳли байти Паёмбар (с) хешу табори доштанд, яъне аз онҳо зан гирифтанд ва ба онҳо зан доданд, аз ҷумла бо ҳазрати Абубакру Умару Усмон (р.з).
Ин ривоятҳо дар назди тамоми нависандагони таърих собит шудаанд, хоҳ аз ҷониби шиъа бошанд, ва хоҳ аз ҷониби аҳли суннат.
Аз мисолҳои хешу табории саҳобагон бо Паёмбар (с) ва аҳли байташ, Паёмбар (с) духтари ҳазрати Абубакр Ойша (р.з)-ро ба зани гирифт, ва ин чунин Ҳафса духтари ҳазрати Умарро низ ба зани гирифт, ва ду духтараш Руқая ва Умми Кулсумро паси ҳамдигар ба ҳазрати Усмони сахи ба зани дод, ва бо ин сабаб ҳазрати Усмон лақаби (Зиннурайн)-ро аз худ кард, ва инчунин Обон фарзанди Усмон ибни Аффон Уми Кулсум духтари Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ибни Абитолибро ба зани гирифта буд, ва ин чунин Марвон ибни Обон ибни Усмон, Умул Қосим духтари Ҳасан ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абитолибро ба зани гирифта буд, ва ин чунин Зайд ибни Умар ибни Усмон шавҳари Сакина духтари Ҳусейн буд, ва ин чунин Абдуллоҳ ибни Умар ибни Усмон шавҳари Фотима духтари Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абитолиб (р.з) буд,
Агар касе хоҳад, ки дар ин бора маълумоти зиёдтар пайдо кунад китоби (Дуррул мансур мин турос аҳлил байт)-ро назар кунад.
Ман фикр мекунам, ки зикр кардани се халифа аз миёни ҳамаи саҳобагон кифоят мекунад.
Ва он чизе, ки инсонро ба тааҷуб меоварад онаст, ки агар ин қадар рафту омаду дӯстие, ки миёни саҳобагону фарзанашон бо аҳли байти Паёмбар (с) бошад чи гунае, ки дар китобҳои таърих мебинем,пас барои чи ин қадар таънаҳову туҳматҳо дар ҳаққи ин се халифаи бузурги Ислом мезанед,ва мегуед ки онҳо кофиру муртад шуданду аз ислом рӯй гардониданд, ва ба аҳли байт зулм карданд, ва агар чи уламои шиъа инро ошкор ҳам нагуянд, локин оқилони шиъа инро хуб медонанд, ки олимонашон дар ҳаққи Абубакру Умару Усмон (р.з) дар дохили Ҳусейниёташон чиҳо мегуянд, агар ин се халифа ин гуна бошанд (кофиру муртад) пас барои чи Аҳли байт ба онҳо духтар доданд, ва аз онҳо духтар гирифтанд ва хешу табори карданд.
Аммо дар бораи ин ки ҳазрати Алӣ фарзандашро Умар ном гузошта буд, оё медонед, ки ин Умар дар куҷо шаҳид шудааст? ин Умар ибни Алӣ шаби Аттиф бо ҳамроҳии Ҳусейн ибни Алӣ (р.з) бародараш шаҳид шуданд, мушкили дар онаст, ки барои чи эй шиъаҳо! шумо номи Умарро дар маросимҳои Ҳусейниётатон ба забон намеоред?!
Ва инчунин Ҳасан ибни Алӣ ду фарзандашро Абубакру Умар ном гузошта буд, ин ривоятҳо дар китобҳой "Иршоди Муфид с194" ва китоби "Мунтаҳо ал-омол дар муҷаллади якум саҳифай 241" ва китоби "Ҷалоул ъуюн муалифаш Ал Маҷлиси саҳифай 582" зикр шудаанд.
Ва ин чунин Мусои Козим духтарашро Оиша ном карда буд, ин ривоят дар "Кашфул ғумма муҷалади 3 саҳифаи 26" зикр шудааст.
Барои чи инҳоро зикр намекунанд, ва барои чи ба онҳо таънаҳову туҳматҳо мезананд?
Шиъаҳо бо дашном додани саҳобаҳо аз ҷумла Абубакру Умару Усмону Муъовия ва Оишаву Ҳафса ва дигарҳое ки номҳояшонро дар ин китоб мебинед худро мехоҳанд ба Худованд наздик кунанд, чуноне, ки дар ин китоб "Лаёлул ахбор муҷалади 4 саҳифаи 92" мебинед чунин мегуяд "Бидон, ки беҳтарин макон ва беҳтарини вақтҳо ва беҳтарини ҳолатҳои муносиб барои лаънат фиристодан бар онҳо (саҳобагон) дар вақти пешобкуни (таҳорат шикани ) мебошад вақто, ки пешоб кардан хости дар ҳар як қатраи пёшоби хориҷшуда аз бадан ва пок намудани бадан аз пешоб ин дуъоро бихон (наъузу биллоҳ "Парвардигоро лаънат кун Умарро баъд Абубакрро ва Умарро баъд Усмонро ва Умарро баъд Муъовияро ва Умарро баъд Язидро ва Умарро баъд ибни Зиёдро ва Умарро баъд ибни Саъдро ва Умарро баъд Шамрро ва Умарро баъд Аскарро ва Умарро, Парвардигоро лаънат кун Оишаро ва Ҳафсаро ва Ҳинду Умул Ҳакамро Парвардигоро лаънат кун касеро ки ба корҳои онҳо (саҳобагон) рози аст, то рӯзи қиёмат".
Инак ин дуоро бо забони араби дар акси зерин ки саҳифаи он китоб аст мебинед.
Вале дар муқобил бубинед, ки оё сунние ҳаст, ки бо дашноми аҳли байти Паёмбар (с) худро ба Худованд наздик кунад!?
Дар муҷаллади якуми китоби "Кофӣ" ки муалифаш Кулайни мебошад, номҳои он мардоне, ки ҳадисҳои Паёмбар (с) ва ақволи аҳли байтро ривоят мекунанд, чунин мебошанд, пеш аз он ки номҳои онҳоро зикр кунем аз хонандагон хоҳиш мекунам, ки ба ин номҳо хуб назар кунанд ва хулоса бароранд.
1-Муфаззал ибни Умар.
2-Аҳмад ибни Умар.
3-Умар ибни Обон.
4-Умар ибни Озина.
5-Иброҳим ибни Умар.
6-Умар ибни Ҳанзала.
7-Мусо ибни Умар.
8-Абос ибни Умар.
Агар шумо хонандагони муҳтарам аҳамият дода бошед мебинед, ки ё номи рови Умар аст ё ин, ки номи падари рови Умар аст, хулоса он мушкилие, ки мо ба он рубару шудаем онаст, ки агар ҳазрати Умар бо ақидаи шумо душмани ашаддии аҳли байт бошад, пас барои чи ин ровиҳои аҳли байт ё худашон ё ин, ки падарҳояшон ба номи Умар ёд мешаванд.
Ҳангоме ки ҳазрати Алӣ зимоми хилофатро ба даст гирифт, ва халифаи мусулмонон шуд, дида нашуд, ки мухолифи хулафои рошидини пеш аз худаш ҳазрати Абубакру Умару Усмон амал карда бошад, ва чигунае ки даъво мекунанд шиъаҳо, ки ҳазрати Алӣ Қуръони хосси худро дошт надидем, ки ғайр азон Қуръоне, ки дар назди мардум буд Қуръони худашро, ки дар замони ҳазрати Умар наметавонист уро ба мардум бирасонад, бароварда ва ба мардум бигуяд, ки Қуръони асли инаст, ва инро дастури зиндагии худ қарор диҳед, балки аз ҳазрати Алӣ бо тариқи мутавотир омадааст, ки ӯ аз минбарҳояш эълон мекард, ки беҳтарини ин умат баъд аз Паёмбараш Абубакр ва баъд Умар аст ва надидем, ки баъд аз хилофаташ мутъаро (никоҳи мувақатро) ба мардум иҷозат дода бошад, ё ки онро дар ҳаҷ воҷиб гардонда бошад, ё ин ки калимаи (Ҳайя ъала хайрил амал)-ро дар азон дохил карда бошад ва калимаи (ассалоту хайрун мина навм)-ро аз азон берун карда бошад.
Ва ин чунин шиъаҳо эътиқод доранд, ки ҳазрати Абубакру Умар (наъузу биллоҳ) кофир буданду хилофатро аз ҳазрати Алӣ гуё ғасб карда бошанд, дар инҷо суол ба миён меояд, ки агар ин хел бошад пас чаро ҳангоме, ки Ҳазрати Алӣ халифа шуду соҳиби қуввату қудрат шуд, ҳато якбор ҳам аз минбараш ба мардум ин ҳақиқатро эълон накард!
Ман ба оқилони шиъа гуфтани ҳастам, ки он роҳеро ки ҳазрати Алӣ пеш гирифта буд, барои чи мо паирави ӯ набошем, ва он чиро ки барои худ раво дида буд барои чи мо уро барои худ раво набинем, дар сурате, ки ӯ саҳобагонро дар минбарҳо ба неки ёд мекард.
Хонандаи азиз! Ман барои ин ки ба шумо даъвои шиъаҳоро дар бораи Қуръони ҳазрати Алӣ исбот намоям акси ин китобро бо тарҷумаи он ривоятҳо ба шумо пешкаш мекунам.
Ин ривоятҳо дар китоби зерин ки номаш "Усули Кофи" мебошад дар муҷалади якум саҳифаи 228 чунин омадааст ки Амр ибни Абулмиқдод аз Ҷобир ривоят мекунад ки гуфт "Ягон кас даъво карда наметавонад ки Қуръонро чи гунае ки нозил шудааст ҳамон гуна ҷамъ кардааст, магар дуруғгу, чун ки ягон кас Қуръонро чуноне, ки нозил шуда буд ҷамъ ва ҳифз на карда буд магар Алӣ ва имомоне, ки баъд аз ӯ меоянд"
Ва дар ривояти зеринаш омадааст, ки Ҷобир аз Абуҷаъфар ривоят мекунад, ки ягон кас наметавонад даъво кунад, ки Қуръони назди ӯ зоҳиру ботинаш пурра ва комил аст магар онҳое ки ба имомати васият шудаанд" (яъне ҳазрати Алӣ ва фарзандонаш).
Бо итифоқи аҳли суннат ва шиъа бо тамоми фирқаҳояшон ҳазрати Алӣ (р.з) бисёр як марди далеру шуҷоъе буд, ки касе ба ӯ дар ин далери ва шуҷоъи баробар шуда наметавонист ва ӯ дар роҳи Худо парвои маломати касе надошт, ва ин далери ва шуҷоъатмандии ӯ то охири ҳаёташ бо ӯ буд.
Ва шиъаҳо бошанд эълон мекунанд, ки ҳазрати Алӣ ҷонишини било фасли Паёмбар (с) мебошад, Дар инҷо он чизе, ки моро ба ҳайрат даровардааст инаст, ки вақто ки Паёмбар (с) аз дунё гoзашт он шуҷоъатманди ва далерии ҳазрати Алӣ куҷо шуд, ки ҳазрати Абубакрро ба халифаги байъат кард ва баъд аз Абубакр било фосила ба ҳазрати Умари Форуқ байъат кард ва ин чунин баъд аз ҳазрати Умар било фосила баҳазрати Усмон байъат кард хулоса мақсади ман ин аст ки дар ин муддат ҳато як бор ҳам бошад болои минбар набаромаду эълон кунад, ки мансаби халифаги аз ман буду уро аз ман ғасб карданд ва ман васият шудаи Паёмбар (с) ҳастам, Барои чи ҳазрати Алӣ ин корро накард? Барои чи ҳақашро талаб накард?
Ҷавоби мо аҳли суннат бар ин суолҳо инаст, ки шуҷоъатмандии ҳазрати Алӣ аз ӯ ҳеҷ вақт дур нашуда буд, ва сабаби ин корро накарданаш он буд, ки ӯ ҳазрати Абубакру Умару Усмонро аз худ боло ва авлотар бар хилофат медонист, ва ба халифагии онҳо рози буд, ва ҳатто дар таҳти иморати онҳо ба ҷангҳои муртаддин мерафт, ин буд ҷавоби мо ва аз шумо низ талаби ҷавоби қаноъатбахше дорем.
Соҳиби китоби "Наҳҷул балоға" (китоби муътабар назди шиъаҳо) с136- 322-366-367 ривоят мекунад, ки ҳазрати Алӣ аз халифаги канораҷуи карду гуфт: "Манро бигузоред ва барои ин кор дигареро биҷуед"
Ин сухани ҳазрати Алӣ бар ботил будани мазҳаби шиъа далолат мекунад, чунки шумо шиъаҳо мегуед, ки ҳазрати Алӣ аз ҷониби Худованд ба халифаги ва имомат мансуб гардидааст, пас агар ин хел бошад барои чи ҳазрати Алӣ аз ин фарзи Худо ва инчунин рукни аввал дар назди шиъа, ки он рукни имомат аст ақибкаши кард, ва хост ки онро қабул накунад, ва гуфт манро бигузоред, ва барои ин кор дигареро биҷуед?
Оё имомон мутъа (никоҳи мувақат) кардаанд? агар карда бошанд, пас он фарзандҳое, ки аз мутъаи онҳо таваллуд шуданд, киҳо мебошанд? Лутфан ҷавоб диҳед, чунки шумо барои шахсе ки мутъа мекунад он қадар аҷрҳои зиёде таъин кардаед, ки шояд муҷоҳид аз ҷиҳодаш он қадар аҷр нагирад, чуноне ки дар китоби "Мустадракул васоил с452" омадааст аз Боқир пурсида шуд, оё барои мутъа кунанда савоб аст? Ӯ гуфт: "Агар ин коро ба хотири Худо кунад ҳар як сухане ки ба ин зан мегуяд барои ӯ савоб нависонда мешавад ва вақто, ки ба ӯ наздик мешавад Худованд барои ин кораш гуноҳи ӯро мебахшад ва агар аз мутъа баъди ҷанобат ғусл кунад Худованд барои ҳар қатраи обе, ки аз тани ӯ мечакад гуноҳҳои ӯро мебахшад, Сипас аз ӯ боз пурсида шуд: Оё ӯ бо адади муйҳояш савоб мегирад? Ӯ дар ҷавоб гуфт: Бале" дар ривояти дигараш мегуяд: Содиқ (р.ҳ) гуфт: "Худованд барои шиъаҳои мо ҳамаи намуди масткунандҳоро ҳаром гардонид ва дар ивазаш мутъаро ҳалол гардонид"
Дар ривояти дигараш мегуяд:
Боқир (р.ҳ) гуфт: "Вақто, ки Паёмбар (с) шаби меъроҷ ба осмон рафт Ҷабраил ба ӯ гуфт: Эй Муҳаммад! Худованд мегуяд: Ман тамоми занҳое ки мутъа мекунанд, гуноҳони онҳоро бахшидам".
Шиъаҳо аз имом Ҷаъфари Содиқ (р.ҳ) ки ӯро муасиси мазҳаби хеш медонанд, дар китоби "Кашфул ғумма" аз Арбали ҷ2 с374 ривоят мекунанд, ки ӯ фахр мекарду мегуфт:
(أولدني أبو بكر مرتين)
"Манро Абубукр ду бор ба дунё овардааст", Маънои ин суханаш инаст, ки насаби ӯ аз ду тараф ба ҳазрати Абубакр мерасид, аз тарафи модараш Фотима духтари Қосим фарзанди Муҳаммад фарзанди Абубакр, ва аз тарафи модаркалонаш Асмо духтари Абдураҳмон фарзанди Абубакр.
Ва аз ҷониби дигар дар китобҳои шиъаҳо ривоятҳои дуруғе ҳам вуҷуд дорад, ки гуё ӯ ҳазрати Абубакрро бадгуи мекарда бошад, ин ду ривояти бо ҳам зид моро дар ҳайрат меорад, агар ин гуна суханҳо аз як одами одди сар бизанад шояд он қадар ишколе надошта бошад, аммо аз чунин эмоми бузург сар бизанад, ин бо ақли инсон туғри намеояд, ки чунин суханҳоро бигуяд , Агарчи мо аҳли суннат боварии комил дорем, ки эмом Ҷаъфари содиқ чунин суханҳои бад дар ҳаққи саҳобагон намезанад, ва мо ҳалли ин ишколро аз шиъаҳо талаб дорем, ки барои чи эмом Ҷаъфари содиқ дар як ҷо аз набераи Абубакр буданаш фахр мекунад ва дар дигар ҷо ӯро бадгуи мекунад?
Шиъаҳо иддиъо мекунанд, ки гуё ҳазрати Алӣ аз ҳама бад медидагитарин инсон дар назди ҳазрати Умар буд, ва гуё ҳазрати Умар ӯро аз ашаддитарин душманҳояш медонист, вале боз мебинем, ки чун ҳазрати Умар мехост ба Фаластин барои гирифтани калидҳои Қудс биравад, ҳазрати Алӣро ба унвони ҷонишин ба ҷои худаш дар Мадина гузошту баъд ба сафар баромад, Яъне ҳазрати Умар ашаддитарин душманашро ҷонишини худ қарор дод, ва дар ҳолати дучор шудани ҳазрати Умар ба ягон воқеа ё кушта шуданаш дар роҳ ё дар Фаластин, пас кист ки баъд аз ӯ амири муъминон ва халифа мешавад? Албатта ҳазрати Алӣ, пас инро мо чигуна бифаҳмем? Оё инсони оқил ин коро мекунад? Оё инсони оқил душманашро ҷойнишини худ таъин мекунад? Мо аз шиъаҳо хоҳиш мекунем барои ин масъала ҳалле пайдо кунанд.
Аммо ҳалли ин масъала дар назди мо аҳли суннат инаст, ки ин кори ҳазрати Умар далолат бар он мекунад, ки ӯ ҳазрати Алӣро хело зиёд дӯст медошт ва то дараҷае, ки ӯро ҷонишини худ қарор дода буд ва ин чунин гуфта буд, ки дар умури қазоват мисли Алӣ дар миёни мо нест.
Хонандаи азиз! Ба хотири ин ки ман ба шумо эътиқоди шиъаҳоро дар душмани миёни ҳазрати Абубакру Умар бо ҳазрати Алӣ таъкид кунам ин акси саҳифаи яке аз китобҳои машҳуртарин ва муътабартарини мазҳаби шиъаҳоро, ки номаш "Равзатун минал Кофи" мебошад, дар муҷаллади ҳаштум саҳифаи 246, чунин омадааст ки онро ба шумо пешкаш менамоям:
"Ҳардуи шайхҳо (Абубакру Умар) аз дунё гузаштанду вале тавба накарданд ва ба ёд ҳам наоварданд он чиро ки дар ҳақи амири муъминон ҳазрати Алӣ карданд (яъне он душманиҳову ғасб кардани хилофатро) лаънати Худову лаънати малоикаҳо ва лаънати тамоми халқ бар ҳардуи онҳо бод".
(Аз ин суханҳои куфромез ман ба Худо паноҳ мебарам) Парвардигоро моро рӯзи қиёмат бо Абубакру Умару Алӣ ва боқии саҳобагон ҳашр кун ва моро ба хотири дӯстдории онҳо аз аҳли биҳишт бигардон, омин.
Шиъаҳо эътиқод доранд, ки баъд аз вафоти Паёмбар (с) аксари саҳобагон муртаду кофир шуданд, магар шаш ё ҳафт нафар, ва дар дигар ривоят се нафар, ва ин эътиқодашонро дар маҷлисҳояшон ошкоро зикр мекунанд ва ин чунин дар китобҳояшон ҳам ин гуна суханҳо вуҷуд дорад, мисли китоби "Кулайни", ӯ дар китобаш мегуяд: "Баъд аз вафоти Паёмбар (с) ҳамаи саҳобагон кофир шуданд магар ҳафт нафар" яъне аз миёни ҳамаи саҳобагон мисли, Муҳоҷирину Ансор даҳ нафари мубашширин ба ҷаннат ва асҳоби Шаҷарату ризвон ва аҳли Бадр ва ғайраҳо ҳамаги фақат ҳафт нафар мусалмон монду бас, боқи ҳама кофир шуданд, инаст эътиқоди шиъаҳо.
Он чизе ки моро ба таъаҷуб овардааст, инаст чун мо дар ин ривоят бингарем мебинем, ки онҳое ки кофир шудаанд аксариятро дар бар мегиранд, пас барои онҳо оё мушкил буд, ки ин ҳафт нафари мусалмон мондаро бикушанду бо ҳамин дини исломро аз байн бибаранду боз ба дини падарҳояшон баргарданд ва ҳамон бутпарастиро давом бидиҳанд? Барои чи ин ҳодиса руй надод? Балки баръакс дидем, ки дар роҳи Худо ҷиҳод карданд ва чандин миллатҳову давлатҳо аз дасти онҳо мусалмон шуданд ва адади мусалмонон имрӯз ба якуним милярд мерасад оё ҳамаи инро шиъаҳо карданд? Оё шиъаҳо дар таърихашон ба ғаир аз инки бо давлатҳои сунни биҷанганду ба онҳо хиёнатҳои гуногун кунанд, як ваҷаб заминро аз кофирон озод кардаанд?
Ман ба шумо хонандаи азиз васиқаеро (ҳуҷҷатеро) пешкаш мекунам, ки дар он зикр шудааст ки баъди Паёмбар (с) фақат се нафар мусалмон монду бас, номи ин китобе ки аксашро шумо мебинед "Равзатун минал кофи" мебошад дар ин китоб чунин омадааст ки Ҳаннон аз падараш ва падараш аз Абуҷаъфар ривоят мекунад, ки гуфт: "Мардум (яъне саҳобагон) баъд аз вафоти Паёмбар (с) ҳама муртад (кофир шуданд) магар се нафар, ман ба ӯ гуфтам: ки ҳастанд он се нафар? У гуфт: Миқдод ибни Асвад ва Абузари Ғафори ва Салмони Форси......"
Шумо бубинед, ки онҳо ҳатто аҳли байтро ҳам ба куфр ҳукм кардаанд ва мегуянд се нафар пас нобуд кардани се нафар аз ҳафт нафар ҳам осонтар аст.!!!
Абулфараҷи Исфаҳони дар китобаш "Муқотилу толибин" с 88 ва с 188 нашри Бейрут ва ин чунин Арбали дар "Кашфул ғумма" ҷ 2 с 66, ва инчунин Маҷлиси дар китобаш "Ҷилоул ъуюн" с 582 гуфтаанд, ки Абубакр ибни Алӣ ибни Абитолиб (бародари ҳазрати Ҳасан ва Ҳусейн) ва ин чунин Абубакр ибни Ҳусейн ва ин чунин Муҳаммади асғар ки кунияташ Абубакр буд, аз онҳое буданд, ки дар Карбало бо ҳамроҳи ҳазрати Ҳусейн шаҳид шуда буданд.
Аз хонандагон хоҳиш мекунам, ки ба ин ривоятҳо хуб таваҷуҳ кунанд, чунки ин ривоятҳоро ман аз бузургтарин уламои шиъа ба шумо пешкаш мекунам, ва тааҷубовараш онаст, ки барои чи олимони ҳозираи шиъа ин ривоятҳоро аз мардуми омма пинҳон мекунанд ва дар маросимҳое, ки шаҳидшавии ҳазрати Ҳусейнро азодори мекунанд ин номҳоро намегиранд?!.
Оё сабабаш ин бошад, ки номҳои онҳо Абубакру Умар буд? Ман хоҳиш мекунам ба ин суол ҷавоб диҳед.
Шиъаҳо байъати ҳазрати Абубакру Умар ва Усмонро дар зери дарахти Ризвон инкор карда наметавонанд, чунки дар назди худашон ҳам ин ривоят собит шудааст ва Худованд ҳам дар бораи ононе, ки дар ин байъат иштирок кардаанд гуфтааст:
﴿لَّقَدۡ رَضِيَ ٱللَّهُ عَنِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذۡ يُبَايِعُونَكَ تَحۡتَ ٱلشَّجَرَةِ فَعَلِمَ مَا فِي قُلُوبِهِمۡ فَأَنزَلَ ٱلسَّكِينَةَ عَلَيۡهِمۡ وَأَثَٰبَهُمۡ فَتۡحٗا قَرِيبٗا ١٨﴾ [الفتح: ١٨]
«Худованд рози шуд аз касонеки зери дарахт бо Паёмбар байъат карданд ва Худованд аз дилҳои онҳо бохабар аст...»
Сураи Фатҳ 18
Вале шиъаҳо бошанд мегуянд, ки онҳое ҳам ки дар зери дарахт бо Паёмбар (с) байъат кардаанд кофиру муртад мебошанд.
Ба назари ман ин суханашон маънои инро дорад ки онҳо ба Худованд мегуянд: (Ман аз ин сухан ба худо паноҳ мебарам) эй Худованд ту аз дилҳои онҳо хабар надори, ки чиқадар дилҳои онҳо пур аз нифоқу куфраст, балки мо хабар дорем, онҳое ки ту мегуи ки ман аз онҳо рози шудам ва медонам, ки дар дилҳояшон чи доранд, онҳо кофир мебошанд ва он чи ки дар зоҳир нишон медиҳанд хилофи дилҳояшон мебошад!!!.
Шиъаҳо мегуянд, ки ҳазрати Абакру Умар ҳарду кофир мебошанд, пас агар ин хел бошад барои чи Худованд Паёмбари охири замонашро ва беҳтарини халқе ки дар руи замин қадам мезанад уро аз дафн шудан дар миёни ин ду кофир ҳифз накард? Ва оё Худованд рози буд, ки Паёмбараш миёни ду кофир дафн шавад ва ин чунин ҳазрати Алӣ барои чи эътирозе накард ва ҳатто дар замони хилофаташ, ки метавонист бо як амр кардан ҷои Паёмбар (с)-ро тағйир диҳад ва касе ҳам пеши роҳи ӯро гирифта наметавонист, чун ки ӯ халифа буд ва амирулмуминин буд, вале ин корро накард, ин як ишколи бузургест ки эҳтиёҷ ба ҷавоб дорад.
Чи гунае ки шиъаҳо мегуянд: ҳазрати Абубакру Умар тавонистанд, ки хилофатро ба ҳар роҳи номашруъ ва золимона аз ҳазрати Алӣ биситонанд.
Вале он чизе, ки моро ба ҳайрат овардааст, инаст ки агар сабаби ситондани халифагиро он ду ҳазрат аз ҳазрати Алӣ соҳиб шудани молу мулку дунё шудан бошад, пас куҷост он молу мулку дунёе, ки ҳазрати Абубакру Умар онро дар замони халифагиашон соҳиб шуданд? Ва дар замони халифагиашон аз ин дунё чи истифода бурданд? Оё барои худ қасрҳо сохтанд? Ё ин ки оё баъд аз худашон фарзандонашонро ба ҷои худ халифа сохтанд? Ва куҷо шуд он пулу моле, ки фарзандонашон аз онҳо мерос бурданд? Оё Абдуллоҳ ибни Умар аз пулу моле, ки аз падараш мерос гирифта буд қасрҳо сохт? Ё ин ки аз бойтарини мардум ба ҳисоб мерафт? Ва ин чунин Муҳаммад ибни Абубакр, оё аз ҳисоби мероси падараш аз бойтарини мардум ба шумор мерафт? Ба Худо қасам, ки шумо дар ҳаққи онҳо туҳмату зулм мекунед мо надидем, ки фарзандони онҳо аз падаронашон ба ғайр аз тақвову Худотарси чизи дигаре мерос бурда бошанд.
Баръакс баъд аз халифа шуданашон камбағалтару заъифтар шуданд ба сабаби онки онҳо чи қувату молу мулке ки доштанд дар роҳи Худо сарф карданд.
Ва инчунин ҳазрати Абубакрро чи чиз маҷбур карда буд, ки бо Паёмбар (с) ҳиҷрат кунад ва ҷонашро дар хатар гузорад, чунки Паёмбар (с) танҳо буду бо хавфу хатар ҳиҷрат мекард дар ҳоле, ки ҳазрати Абубакр метавонист бо қавмаш ва хешу табораш, ки кофир буданду соҳиби қувват буданд ва Маккаро ҳукмрони мекарданд меистоду зиндагии тенҷу амонашро дар хатар намегузошт ва аз хешу табору қавмаш ҷудо намешуд, Агар ҳамроҳияш бо Паёмбар (с) нифоқ мебуду ба хотири дунё, пас куҷост он фоидаҳои дунявие ки ӯ аз худ карда буд?
Шумо шиъаҳо мегуед, ки Паёмбар (с) ҳазрати Абубакрро ба хотири он бо худ, вақти ҳиҷраташ гирифта буд, ки мабодо ӯ ҷои пинҳоншавии Паёмбар (с)-ро ба мушрикон нишон надиҳад яъне ӯро аз тарсаш бо худ гирифта буд, пас агар ин хел бошад, оё духтари ӯро низ Паёмбар (с) аз тарси ҷонаш ба зани гирифта буд? Ва оё Паёмбар (с) аз тарси ҷонаш ҳазрати Абубакрро дар чанд намоз пеш дароварда буд? Ва оё вақто ки Абубакр тамоми пулу молашро дар роҳи Худо дода буд Паёмбар (с) онҳоро аз тарси ҷонаш қабул карда буд? Ва оё Паёмбар (с) тамоми ҳаёташ Абубакрро ҳамроҳиву ҳамсуҳбати карда буд оё ҳамаи ин тамоми ҳаёташ аз ӯ метарсид? Ҳатто баъд аз ин ки мусулмонон соҳиби қуввату қудрат ҳам шуда буданд ва тамоми қабилаҳои араб дар таҳти амри Паёмбар (с) буданд дар он вақт ҳам ӯ аз Абубакр метарсид, ки ӯро ҳамроҳи мекард? Пас ҳазрати Алӣ он шери мардон, он имоме ки аз ҷониби Худованд таъин шуда буд дар куҷо буд? Барои чи ҷони Паёмбар (с)-ро аз чанги ин золим халос накард? Оё ин шери мардон ҳам аз ҳазрати Абубакр метарсид? Барои чи Худованд беҳтарину маҳбубтарини халқашро аз ин мусибати тарсончаки (наъузу биллоҳ) халос накард? Ба Худо қасам, ки шумо бо ин ақидаатон аз шахсияти Паёмбар (с) ва ҳазрати Алӣ (наъузу биллоҳ) як инсони тарсончаке, ки тамоми ҳаёташро бо тарсу ҳарос гузаронидааст ба мардум нишон медиҳед...
Хонандагони азиз! ба акси китоби "Албурҳон" саҳифаи 458 назар кунед, дар ин китоб чунин омадааст:
"Паёмбар (с) ҳазрати Алӣро амр кард, ки дар ҷогаҳи ӯ бихобад ва Абубакрро, ки метарсид ҷои ӯро ба касе нишон надиҳад, ӯро ҳамроҳи худ ба суи ғор бурд".
Ва ин чунин дар саҳифаи баъдияш омадааст, ки Абубакр ба ин ақида буд, ки Паёмбар (с) ҷодугар буд (наъузу биллоҳ).
Чигунае шиъаҳо мегуянд гуё саҳобагон баъди вафоти Паёмбар (с) муртад шуда буданд ва ин чунин мегуянд, ки гуё ҳазрати Абубакр аз аввали пайдоиши Ислом ҳам мусулмон нашуда буд, Пас агар ин хел буд, чаро бо муртадҳо ҷангид? Чаро бо пайравони Мусайламаи каззоб ва пайравони Тулайҳа ибни Хувайлид ва пайравони Асвади Унси ҷангид ва онҳоро дубора ба ислом даровард? Ва оё наметавонистанд, ки бо он гуруҳҳои муртаддин якҷо шуда он шаш - ҳафт мусулмоне, ки дар динашон боқи монда буданд онҳоро бикушанду бо ҳамин Исломро аз байн бибаранд ва он динеро ки пеш аз Паёмбар (с) пайрави мекарданд боз ба ҳамон дин баргарданд, чаро ин корро накарданд? Оё шумо фикр мекунед, ки аз халиҷи Араб то Хитой ва то Африқо ва Европа ва дигару дигар давлатҳое, ки мусулмон мебошанд ва адади мусулмонон дар вақти ҳозир то якуним милиярд мерасад ҳама аз даъвати шумо мусулмон шуданд? Ё ин ки он ҷиҳоду ҷонбозиҳое ки саҳобаҳову тобеъин дар роҳи Худо карданд бо сабаби он? Оё шумо аз аввали пайдоиши ислом то ҳозир як ваҷаби заминро аз кофирон озод кардаед? Агар гуед, ки аз дасти шумо мусалмон шуданд, Пас чаро пайравони мазҳаби шумо нестанд? Ва барои чи агар ин хел бошад шумо дар олами исломи ақалиятро ташкил медиҳед?
Хонандаи азиз! Ман барои ин ки ба шумо ақидаи шиъаҳоро дар мавриди мусулмон набудани ҳазрати Абубакру Умар исбот кунам ба акси ин китоби муътабари шиъаҳо ки номаш "Анвору Нуъмония" мебошад назар кунед дар муҷалади якум саҳифаи 53 чунин омадааст: "Аз ин ҳадис таъаҷуб накун дар яке аз хабарҳои хос ривоят шудааст ки Абубакр аз пушти Паёмбар (с) намоз мехонду дар гарданаш буте овезон буд, ки ҳангоми саҷда ба он бут саҷда мекард"
Ва ин чунин дар мавриди ҳазрати Умар вақто, ки ба ҳазрати Муъовия нома навишт дар номааш чунин гуфт: "Бидон эй Муъовия, ки Муҳаммад он чи ки ба мо овард дуруғи маҳзу ҷодуе буд ва моро аз ибодати Лоту Ъуззо (ду бути машҳуре буданд ки пеш аз дини ислом онҳоро мепарастиданд) манъ кард............"
Бо иттифоқи аҳли суннат ва шиъа собит шудааст ки ҳазрати Умар, ҳазрати Алӣро мушовири худ карда буд ва дар бисёри корҳо аз ӯ машварат мепурсид, ин ривоят дар китоби "Наҳҷул балоға" дар саҳифаи 325 ва саҳифаи 340 бо таҳқиқи Яҳё Солиҳ зикр шудааст .
Дар инҷо ончизе ки моро ба таъаҷуб овардааст онаст, ки агар ҳазрати Умар золиму кофир мебуд пас барои чи ин марди аҳли ҳақро мушовири худ қарор дод? Ва ин марди аҳли ҳақ чигуна ин вазифаро қабул кард? Ва оё кумаку ёрии золим дар зулмаш ҷоиз аст?
Дар ҳоле, ки Худованд мегуяд:
﴿وَلَا تَرۡكَنُوٓاْ إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّارُ ١١٣﴾ [هود: ١١٣]
«Ва бар золимон такя накунед то ки дохили оташи дузах нашавед».
Сураи Ҳуд 113
Бо иттифоқи аҳли суннат ва шиъа ҳазрати Салмони форсӣ дар замони ҳазрати Умар волии шаҳри Мадоин буд ва ин чунин ҳазрати Аммор волии шаҳри Куфа буд.
Аммо шиъаҳо бошанд даъво мекунанд, ки ҳазрати Салмону Аммор яке аз тарафдорони ҳазрати Алӣ буданд ва эътиқод доштанд, ки хилофат аз ҳазрати Алӣ ғасб шудааст ва ғайр аз хилофати ҳазрати Алӣ хилофати каси дигареро қабул надоштанд, Аммо суол инаст, ки агар онҳо ин эътиқодро доштанд, пас чаро дар ҳукумати ҳазрати Умар иштирок карданд? Ва ҳокимони ӯ дар шаҳрҳояш шуданд? Ва оё барои мусулмон ҷоиз аст, ки золимро дар зулмаш кумак кунад ва омили ӯ шавад?...
Дар ҳоле, ки Худованд мегуяд:
﴿وَلَا تَرۡكَنُوٓاْ إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّارُ ١١٣﴾ [هود: ١١٣]
«Ва бар золимон такя накунед то ки дохили оташи дузах нашавед».
Сураи Ҳуд 113
Собит шудааст, ки ҳазрати Алӣ дар замони хилофати Абубакр дар лашкари ӯ бар зиди муртаддин ҷангида буд, далили ин ҳодиса онаст ки ӯ аз ин ҷанг як ҷорияе (канизак) аз ғаниматҳо гирифта буд, ки ин ҷория барои ҳазрати Алӣ фарзанде ба дунё овард, ки номи ин фарзанд Муҳаммад ибни Ҳанафия буд.
Мо аз ин далил мегирем, ки ҳазрати Алӣ халифагии ҳазрати Абубакрро қабул дошт, чунки агар ӯ хилофати ҳазрати Абубакрро қабул намедошт дар лашкари ӯ бар зидди душманонаш ҷанг намекард.
Собит шудааст, ки ҳазрати Умар пеш аз ҷон доданаш шаш нафарро ихтиёр карда буд, ки бояд яке аз онҳо ба ғайри фарзандаш Абдуллоҳ халифаи мусалмонон шавад ва баъд аз танозули се нафари онҳо ҳазрати Усмону Алӣ боқи монданд.
Он чизе, ки барои мо нофаҳмост, онаст ки барои чи ҳазрати Алӣ аз бидояти ин кор нагуфт, ки ман васият шудаи Паёмбар (с) ба хилофатам, ва ман бояд халифа шавам?
Шиъаҳо даъво доранд, ки вақто, ки Паёмбар (с) ҳазрати Алӣро ба унвони ҷойнишини худ қарор дод дар он ҷо ҳазорон саҳоба ҳузур доштанд ва ҳамаи онҳо ин эълони Паёмбар (с)-ро шуниданд. Дар ин сурат савол пеш меояд, ки агар ин хел бошад, пас барои чи вақто ки хилофат аз ҳазрати Алӣ ғасб шуд яке аз он ҳазорон саҳоба наомаду барои ғасб шудани хилофати ҳазрати Алӣ эътирозе ё норозигие нишон бидиҳад ва ҳатто аз онҳое, ки даъво мекунед, ки тарафдорони ҳазрати Алӣ буданд, мисли ҳазрати Аммор ва Миқдод ибни Амр ва Салмони форсӣ ва дигарҳо низ ягон нафаре аз онҳоро надидем, ки омада барои ин кор даъвое карда бошанд, Балки баръакс ҳамаи онҳо ба ҳазрати Абубакр байъат карданд ва ба ӯ ҳам нагуфтанд, ки эй Абубакр ин хилофат ҳақи ҳазрати Алӣ аст ва ту ҳақи халифа шуданро надори, чунки Паёмбар (с) дар ҳузури ҳамаи саҳобагон Алӣро ҷоинишини худ таъин карда буд ва ту ҳам инро медони? Барои чи ин хел нашуд?.
Шиъаҳои дувоздаҳ имома, шиъаҳои Зайдияро, ки бо саҳобаҳо душмани надоранд ва ҳам чунин аз дӯстдорони аҳли байт мебошанд, онҳоро кофир мегуянд, пас аз ин суханашон фаҳмида мешавад ки дӯст доштани аҳли байт мусулмони нест, Балки ҳаркасе, ки бо саҳобаҳо душмани меварзад мусалмони ҳамон аст, яъне ҳар кас ки бо саҳобаҳо душмани надошта бошад ӯ мусулмон нест!.
Ҳуррул омили яке аз олимони бузурги шиъа дар китобаш "Васоили шиъа" с 54 дар тафсири ин оят мегуяд:
﴿وَلَا تُمۡسِكُواْ بِعِصَمِ ٱلۡكَوَافِرِ ١٠ ﴾ [الممتحنة : ١٠]
“Бо занони кофира издивоҷ накунед”
Сураи Мумтаҳина 10
Мегуяд: Ҳар касе ки зани кофира дошта бошад ӯро ба ислом даъват кунад агар ӯ қабул накунад аз он зан безори биҷуяд чунки Худованд аз нигоҳ доштани чунин зан наҳе кардааст.
Пас мувофиқи гуфтаи шумо агар ҳазрати Оиша (модари муъминон) кофира ё муртад мешуд чаро Паёмбар (с) мувофиқи ин оят амал накард? Чаро бо ӯ то охири умраш зиндаги кард? Ва ҳатто дар оғуши ӯ аз дунё чашм пушид.
Худованди бузург дар Қуръони карим мефармояд:
﴿وَبَشِّرِ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٥٥ ٱلَّذِينَ إِذَآ أَصَٰبَتۡهُم مُّصِيبَةٞ قَالُوٓاْ إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّآ إِلَيۡهِ رَٰجِعُونَ ١٥٦ أُوْلَٰٓئِكَ عَلَيۡهِمۡ صَلَوَٰتٞ مِّن رَّبِّهِمۡ وَرَحۡمَةٞۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُهۡتَدُونَ ١٥٧﴾ [البقرة: ١٥٥، ١٥٧]
“Башорат бидеҳ он сабркунандагонеро, ки ҳангоме ки мусибате бар сари онҳо биёяд, мегуянд: мо аз ҷониби Худо омадем ва баргаштани ҳастем ба суи Ӯ, салавоту раҳмати Худо бар онҳо ва онҳо ҳидоятёфтагон ҳастанд”.
Сураи Бақара 155 - 157
﴿وَٱلصَّٰبِرِينَ فِي ٱلۡبَأۡسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ وَحِينَ ٱلۡبَأۡسِۗ ١٧٧﴾ [البقرة: ١٧٧]
“Ва ононе ки сабркунанда ҳастанд дар баробарии фақру камдасти ва бемори, ва бо зиёну зарарҳо ва ҳангоме, ки дар набард ҳастанд бо ин мусибатҳо”.
Сураи Бақара 177
Ва ин чунин дар "Наҳҷул балоға" с 576 омадааст, ки ҳазрати Алӣ баъди вафоти Паёмбар (с) дар бистараш ба ӯ гуфт:
"لولا أنك نهيت عن الجزع وأمرت بالصبر لأنفدنا عليك ماء الشؤون"
“Агар ту нолаву фиғонро бар мурда манъ намекарди ва ба сабр кардан амр намекарди, мо ончунон барои ту мотамгири мекардем ки дар чашмонамон оби дида намемонд”.
Ва инчунин дар "Хисол" аз Садуқ с 621 омадааст ки ҳазрати Алӣ гуфтааст:
«أن علياً عليه السلام قال: من ضرب يده عند مصيبة على فخذه فقد حبط عمله».
"Ҳар касе ки ҳангоми мусибат дастҳояшро ба ронҳояш бизанад бешаку шубҳа бидонад, ки ҳар амали неке ки анҷом дода буд аз бан рафтааст".
Ин ривоятҳо дар китоби "Мустадракул васоил" ҷ2 с445 ва китоби "Васоили шиъа" ҷ3 с270 низ зикр шудаанд.
Ва чуноне, ки дар китоби "Мунтаҳо ал омол" ҷ1 с228 омадааст, аз ҳазрати Ҳусейн ривоят мекунад, ки ӯ дар Карбало ба хоҳараш Зайнаб гуфт:
«يا أختي، أحلفك بالله عليك أن تحافظي على هذا الحلف، إذا قتلت فلا تشقي عليّ الجيب، ولا تخمشي وجهك بأظفارك، ولا تنادي بالويل والثبور على شهادتي».
“Туро қасам медиҳам ба Худо, ки ваъда бидеҳ ба ман, ки ба ин қасам вафо мекуни, агар ман кушта шудам гиребон пора намекуни ва чеҳраатро бо нохунҳоят хунин намекуни ва ба хотири шаҳодати ман доду фиғон намекуни”.
Ва инчунин дар фуруъи "Кофи" омадааст ки, Паёмбар (с) ба ҳазрати Фотима васият карда гуфт:
«إذا أنا مت فلا تخمشي وجهاً ولا ترثي عليّ شعراً ولا تنادي بالويل ولا تقيمي عليَّ نائحة».
“Вақто ки ман аз дунё гузаштам руйкани макун ва дар мотами ман шеър магуй ва доду фиғон макун ва ягон зани нолакунеро барои ман даъват накун».
Ва ҳамчунин уламои шиъа мисли Маҷлиси ва Нури ва Буруҷерди аз Паёмбар (с) ривоят мекунанд ки ӯ фармудааст:
«صوتان ملعونان يبغضهما الله: إعوال عند مصيبة، وصوت عند نغمة؛ يعني النوح والغناء»
"Ду садоест нафриншуда ки Худованд онҳоро дӯст намедорад, доду фиғон дар мусибат ва сурудхони бо мусиқи".
"Биҳорул анвор" ҷ82 с103 ва "Мустадракул васоил" ҷ1 с143-144 ва "Ҷомеъул аҳодиси шиъа" ҷ3 с488 ва "Ман ло яҳзуруҳу ал фақиҳ" ҷ2 с271.
Баъд аз ин ҳама ривоятҳо суоле ба миён меояд, ки чаро шиъаҳо бо ин ривоятҳо амал намекунанд? Барои чи сина заниҳову хунрезиҳо мекунанд? Мо киро бовар кунем, эмомонро ё ки ин охундҳои салласиёҳеро, ки мардуми бечораи оммаро ба занҷирзаниву синазани даъват мекунанд?!!.
Хонандаи азиз! Дар ин акс шумо аз бузургтарин марҷаъҳои шиъаро мебинед, ки онҳо фатво додаанд, ки занҷирзани ва синзани ва азоб додани нафс ва аз сару рӯй хун резондан ва рӯйканиву муҳкани кардан ҷоиз аст.
Агар чуноне ки шиъаҳо даъво мекунанд, аз сарҳо хун резондан ва занҷир задан ва рӯйканиву мӯйкани кардан аҷру савоби азиме дошта бошад, пас барои чи он охундҳои саллакалон ин корро намекунанд? Ё инки мотамгири хосси мардуми омма аст?...
Бандаги ба ҷуз Худо ба каси дигаре ҷоиз нест ва ҳар як ибодате, ки набошад ба ҷуз Худо ба дигар кас кардан ҷоиз нест ва тамоми залили ва хоксори хос барои Худо аст, барои ҳамин ҳам Худованд мефармояд:
﴿بَلِ ٱللَّهَ فَٱعۡبُدۡ ٦٦﴾ [الزمر: ٦٥]
"Балки фақат Худоро ибодат кун".
Сураи Зумар 65
Локин чуноне мебинем шиъаҳо фарзандҳояшонро чунин номгузори мекунанд Абдулҳусейн (яъне бандаи Ҳусейн) ва Абдул- али (бандаи Алӣ) ва Абдузаҳро (бандаи Заҳро) ва инчунин Абдулимом (бандаи имом).
Суоли ман инаст, ки барои чи яке аз имомони маъсум дар назди шиъа ин номҳоро ба фарзандонашон нагузоштанд? Яъне барои чи ҳазрати Ҳасан ё ҳазрати Ҳусейн ё ҳазрати Саҷҷод ё ҳазрати Козим фарзандонашонро ба номи Абдулали ё Абдузаҳро номгузори накарданд? Ва оё мумкин аст, ки маънои Абдулҳусейн яъне ходими Ҳусейн бошад ва агар ин хел эътиқод дошта бошед, пас оё баъд аз шаҳид шудан Ҳусейн хидматгораш шудан мумкин аст? Мисли инки ба ӯ таому шароб тақдим мекарда бошад.
То кай ин намуд олимон мардуми оммаи бечораро гумроҳ мекарда бошанд? Оё фикр намекарда бошанд, ки дар назди Худо чи ҷавоб мегӯянд? Оё онҳо бо ин корашон бандагони Худоро аз бандагии ӯ ба бандагии бандагонаш даъват намекунанд?.
Ин мушкили иборат аз суоле мебошад, ки эҳтиёҷ ба бисёр хуб фикр карданро дорад.
Суол инаст, ки оё Паёмбар (с) дар тамоми ҳаёташ дар болои хоке, ки ӯро хоки Ҳусейни мегӯянд саҷда карда буд? (яъне ҳамон хокеки шиъаҳо бар болои он саҷда мекунанд ва уро хоки Карбалои низ меноманд ).
Агар олимони шиъа бале бигӯянд, мегуем, ки ин дуруғи маҳзаст, агар далил дошта бошанд марҳамат биёранд, чунки мо медонем, ки аз Паёмбар (с) собит нашудааст, ки дар ин хок саҷда карда бошад ва агар бигӯянд, ки саҷда накардааст, ба онҳо гуфта мешавад, ки агар инхел бошад, пас оё шумо аз Паёмбар (с) ҳам зиёдтар ҳидоятёфтагонед?! Барои чи Паёмбар (с) бар ин хок саҷда накарду, шумо бошед дидаву дониста ба ин хок саҷда мекунед? Ва ҳатто дар Макка ҳам, ки муқаддастарин замин аст шумо бар хоки карбалои саҷда мекунед?.
Ва инчунин ногуфта намонад, ки дар ривоятҳои шиъаҳо омадааст, ки ҳазрати Ҷабраил қабзае аз хоки Карбалоиро гирифта ба назди Паёмбар (с) оварда гуфт, ки дар ин хок эмом Ҳусейн кушта ва хунаш дар ин хок рехта мешавад вақто, ки Паёмбар (с) инро шунид гиря кард.
Яъне чихеле, ки дар ин ривоят дидем хокро ба назди Паёмбар (с) бурданд вале надидем, ки ӯ бар он хок саҷда карда бошад, Оё Паёмбар (с) мисли шиъаҳо ҳидоят наёфта буд? Ин суол эҳтиёҷ ба ҷавоб дорад.
Ба ҳама маълум аст, ки ҳазрати Ҳасан фарзанди ҳазрати Алӣ аст, ҳамчуноне ки ҳазрати Ҳусейн фарзанди ӯст ва модарашон ҳазрати Фотима мебошад ва ҳарду аз аҳли чодар мебошанд ва инчунин ӯ дар назди шиъаҳо дуюмин эмоми маъсум ба шумор меравад, яъне ҳар васфе, ки ҳазрати Ҳусейн дорад, ҳазрати Ҳасан ҳам дорад, Балки ҳазрати Ҳасан аз ҳазрати Ҳусейн ҳам болотар мебошад, чунки ӯ аввалан аз ҳазрати Ҳусейн дар сину сол калон мебошад ва инчунин ҳазрати Алӣ ӯро ҷонишини авали худ карда буд.
Вале ончизе ки инсонро ба ҳайрат меорад онаст, ки барои чи имомат аз фарзандони ҳазрати Ҳасан мунқатиъ (канда) шуду дар фарзандҳои ҳазрати Ҳусейн давом ёфт?...
Хумайни дар китобаш "Таҳрирул васила" м2 с216 " чунин фатво додааст "Ва аммо тамоми истимтоъот мисли даст задан бар зан бо шаҳват, ва дар бағал гирифтан, ва мардиро дар миёни ронҳо мондан, ҳато дар ширхора мушкилие надорад".
Пас суол инаст, ки шумо барои ин фатво аз куҷо далил гирифтаед? Оё иҷозаи муоширатро бо ширхора (наъузу биллоҳ) аз Қуръон гирифтед? Ё аз Паёмбар (с)? Ё ин ки аз ягон имом собит шудааст, ки ин корро карда бошад? Ё иҷозат дода бошад? Агар имоме ин корро карда бошад, пас он кадом имом аст? Оё шумо, ё соҳиби ҳамин фатво, рози ҳастед, ки ин корро бо духтар ё хоҳари ширхораи шумо бикунанд?.
Аз ҷавонони шиъа хоҳиш мекунам хуб диқат кунанд, олимони шумо ривоят мекунанд, ки аъзоҳое ки инсон ба онҳо саҷда мекунад дар намоз ҳашто мебошанд:
1) - Пешони.
2) - Бини.
3) - Дукафи даст.
4) - Ду зону.
5) Ҳарду пой.
Дар китоби "Васоили шиъа" саҳифаи 598 ки муалифаш Ҳуррул омили мебошад зикр шудааст, ки "Воҷиб аст, ки бояд ҳаммаи ин аъзоҳо ба замин бирасанд ва инчунин мегуянд: воҷиб аст, ки инсон дар болои чизе саҷда кунад, ки на хурдани бошаду на пушидани" барои ҳамин ҳам онҳо дар болои қолҳои (сафолаки гирди аз лой сохташуда) хоки саҷда мекунанд, яъне фақат як узвашон дар болои хок саҷда мекунаду боқи узвҳояшон не.
Ва суол инаст, ки барои чи шиъаҳо он хоки Ҳусайние, ки бо хуни поки ҳазрати Ҳусейн омехта шудааст дар таги ҳамаи узвҳояшон, ки бояд ба замин бирасанд намегузоранду саҷда кунанд? Мо аз шумо барои ин коратон далил талаб дорем ба мо ҷавоби қаноъатбахш диҳед?
Дар баъзе ривоятҳо омадааст (мисли китоби "Ғайбат" аз Туси) вақто, ки Маҳдии шиъаҳо дар охири замон аз сирдобаш берун омада дар байни мардум бо шариъати оли Довуд ҳукм мекунад, Суол инаст, ки пас шариъати Муҳамад (с) куҷо шуд? Оё вақто, ки ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбар шуд ҳамаи шариъатҳои пеш аз ӯ мансух нашуда буданд? Оё Худованд дар "Қуръон нагуфтааст, ки ман барои шумо бандагонам ин динро ихтиёр кардам ва ҳар касе ки ғайри ин динро пеша мекунад қабул нест? Барои чи ба шариъати оли Довуд ҳукм мекарда бошад шариъати мо чи камбуди дорад? Оё шумо дар ин ривоятҳоятон далил доред?...
Шиъаҳо эътиқод доранд, ки ҳазрати Алӣ аз фарзандаш ҳазрати Ҳусейн беҳтараст, пас агар ин хел бошад, барои чи онгунае ки дар шаҳид шудани ҳазрати Ҳусейн гиряву бо занҷирҳо синазани мекунед дар шаҳид шудани ҳазрати Алӣ онгуна гиряву фиғон намекунед? Ва ин чунин оё Паёмбар (с) аз ҳазрати Алӣ беҳтар нест? Пас барои чи дар вафоти Паёмбар (с) ин гуна мотамгириҳоро намекунед? Ва барои чи маросимҳои Ҳусейниётатонро ба номи Алавиёт ё Муҳаммадиёт номгузори намекунед? Ин як мушкилии бузургест, ки эҳтиёҷ ба ҷавоб дорад.
Агар шиъае пурсида шавад, ки оё Паёмбар (с) моро амр накарда буд, ки барои худ зани солиҳа ихтиёр кунем ва домоди бо мукарамтарини мардум шавем? Албатта дар ҷавобаш мегуяд бале, балки агар аз ӯ бипурси ки оё ту рози ҳасти ки домоди валадзино боши ва занат кофира бошад, албатта дар ин ҷавоб ҳам мегуяд ман ба Худо паноҳ мебарам аз ин гуна зану аз ин гуна падарзан.
Пас ин хел бошад барои чи шумо ё ин ки олимонатон дар китобҳояшон аз дуруғ ва буҳтон зикр мекунанд, ки ҳазрати Умар ибни Хатоб валадзино буд, ин сухан дар китоби "Кашкул" м3 с 212 омадааст, ва ин чунин дар китоби "Сиротул мустақим ила мустаҳиқи тақдим" м3 с 38 низ ин чунин омадааст.
Аз хонандаи муҳтарам хоҳиш мекунам ба тарҷумаи ривояти ин китобе, ки аксашро мебинед аҳамият диҳед.
"Ҳишом ибни Соиби калби аз баъзе мардҳояшон ривоят мекунад, ки Саҳҳок ҷорияе (канизаке) буд аз Ҳошим ибни Абдуманоф ва ин ҷория бо Фазла ибни Ҳошим ва Абдулуззо ибни Рабоҳ зино карда буд ва аз ин зино падаркалони ҳазрати Умар тавалуд шуд, пас бингаред эй оқилони олам оё касе ки ҳолаш чунин бошад (яъне валадзино бошад) бар бани Ҳошим (қабилаи Паёмбар (с) ки ҳам дар замони ҷоҳлияту ҳам дар замони ислом соҳиби ҷоҳу мақом буданд, муқадам дониста мешавад аз валади зино ва касе ки асли у нопоку хабис аст ҷуръат кардани ӯ бар дини ислом кори таъаҷуб оваре нест чунки асли ӯ ҳамин хел нопоку хабис мебошад".
Ва дигар олими ҳалокшудаи шиъа Неъматуллоҳи ҷазоири дар китоби "Анвори нуъмония" м1 с63 ошкоро иддиъо мекунад, ки (наъузу биллоҳ) "Умар ором намешуд магар бо оби мардон".
Барои исботи ин сухан хоҳиш мекунам ба акси ин китоб назар кунед.
ва ин чунин дар дигар саҳифаи ҳамин китоб даъво мекунад, ки духтараш Ҳафса ки зани Паёмбар (с) буд мисли падараш Умар мунофиқа ва хабиса ва инчунин кофира буд.
Агар ин гуна бошад пас, оё Паёмбар (с) домоди валадзинову кофиру мунофиқ буд? Ва барои худ зани фосиқаву мунофиқаву кофираро ихтиёр кард? Ман ба Худо қасам мехурам, ки шумо эй муллоҳои салла сиёҳ ба Паёмбар (с) ва аҳлу байташ ифтирову туҳматҳо мезанед, чигуна шумо ончиро ки лоиқи худ намебинед уро бар Паёмбар (с) лоиқ мебинед? Ё ин ки шумо худатонро аз Паёмбар (с) ҳидоятшуда медонед? Шумо бо ингуна дуруғу буҳтонҳо чигуна рӯзи қиёмат ба рӯи Паёмбар (с) ва аҳли байташ нигоҳ мекунед?.
Хонандаи азиз! Бубинед, ки онҳо дар ҳаққи пешвову нури дидаи мо, ки дӯст доштани онҳову пайравии онҳо, моро ба ҷаннат мебарад чиҳо мегуянд, пас дар ҳақи мо пайравони онҳо чи мегуфта бошанд?!. Оё аз миёни қариб як милиярд мусулмони аҳли суннат ва ҷамоъат шахсоне ёфт намешаванд, ки аз модарҳоямон занони Паёмбар (с) ва саҳобагони ӯ ки ин дини азизро ба мо расониданд дифоъ кунанд? Баръакс одамҳое ҳастанд, ки мегуянд онҳо бародарони мо мебошанд ва мо бояд байни мусулмонон ихтилоф наяндозем, ман ба чунин одамҳо мегуям, ки бингаред ба ин бародарҳоятон, ки дар бораи шумо дар ин китоб "Анвору Нуъмония" м2 с 278 чи мегуянд?
"Мо (шиъаҳо) на ба Худои онҳо бовари дорем ва на ба паёмбари онҳо ва на ба имоми онҳо (яъне аҳли суннат) онҳо мегӯянд, ки худои мо ҳамон худое аст, ки паёмбараш Муҳаммад асту халифааш Абубакр ва мо мегуем, ки эмон надорем на ба ин худо ва на ба ин паёмбар ва мегуем, ки худое ки халифаи паёмбараш Абубакр аст худои мо нест ва паёмбараш, паёмбари мо нест".
Ва ба ин китоб низ "Равзатун минал Кофи" назар кунед, ки дар ҳақи шумо чи мегуяд:
"Мардум ҳама фарзандони зонияҳо мебошанд магар шиъаҳои мо"
Бародарони азиз оё шумо ин суханҳоро нисбат ба худ қабул доред?
Пас бидонед, ки ин ихтилоф нест, балки ин дифоъ аз дин мебошад, шумо бингаред ба таърихи ислом ва ҳадисҳои Паёмбар (с) ва Қуръон, ва чигуна ба ҷо овардани намозу рӯзаву ҳаҷу закоту дигару дигар аҳкоми динро, ки ба мо расонд, ва тариқаи чи гуна пайрави кардани Паёмбар (с)-ро ки ба мо фаҳмонд, ва оё ҳар яки мо он аҳкому амрҳои Паёмбар (с) ва Худовандро ки дар зиндагии худ татбиқ карда истодаем аз Паёмбар (с) бо чашмони худ дидаву бо гушҳои худ шунида гирифтаем? Ё ин ки аз он шахсоне, ки бо ӯ зиндаги карданду бо ӯ ҷиҳод карданду ӯро то охири умраш ҳамроҳи карданд? Агар мо динамонро аз саҳобаҳо гирифта бошем, пас бояд дониста бошем, ки ҳар касе ки таънаву дашномҳо дар ҳақи саҳобагон мезанад ӯ ин таънаву дашномашро дар дини мо задааст, Чун агар расонандаи Қуръону Суннат хиёнаткору мунофиқ ё кофир бошад, пас ӯ он чизеро, ки ба мо расондааст дар он шак аст ва чи гуна мо онро қабул кунем? Мо аз Худованди бузург талаб дорем, ки моро рӯзи қиёмат ҳамроҳи Абубакру Умару Усмону Алӣву Оишаву Ҳафса ҳашр гардонад, ва моро ба хотири дӯстдории онҳо аз азоби дӯзах наҷот диҳад ва душманони онҳоро хору залил гардонад. Омин.
Дар "Наҳҷул балоға" яке аз китобҳои муътабари шиъа чунин омадааст, ки ҳазрати Алӣ ба ҳазрати Муъовия номае фиристод, ки дар он чунин навишта шуда буд "Бо ман касоне байъат карданд, ки бо Абубакр ва Умару Усмон байъат карда буданд ва онҳо дар асоси он чизе, ки ба халифаҳои пеш аз ман байъат карда буданд дар ҳамон асос бо ман байъат карданд, пас шахсе, ки як бор бо як шахс байъат кардааст дигар ҳақи байъат карданро ба дигар кас надорад ва ин чунин касе, ки дар он байъат иштирок накардааст ҳақ надорад, ки ғайри он шахсе, ки мардум ӯро байъат кардаанд дигареро байъат кунад ва аҳли шуро муҳоҷирону ансор мебошанд, Пас касеро ки муҳоҷирону ансор интихоб кунанду ӯро имом таъин кунанд, Худованд ихтиёр кардаи онҳоро меписандад ва агар касе, ки аз ин эътироз кунад ва аз фармони онҳо берун равад ӯро дубора боз мегардонанд ва агар напазирад бо ӯ меҷанганд, чун ки ӯ роҳеро ихтиёр кардааст, ки ҷамоъаи муъминон он роҳро ихтиёр накардаанд .
Ва ба ҷонам қасам, ки эй Муъовия агар ту бо ақли худат бингари на бо ҳавову ҳавасат худ хоҳи дид, ки ман дар мавриди хуни Усмон поктарин ва бегуноҳтарин шахс ҳастам ва хоҳи донист, ки ман дар он дахолате надоштаам, магар ин ки ту манро ба ноҳақ муттаҳам мекуни, пас агар ин хел бошад ба ҳар чи ки мехоҳи манро муттаҳам кун вассалом"
Аз ин суханони ҳазрати Алӣ ман чанд хулосае баровардаам .
Якум: Аз ин нома маълум мешавад, ки имомро муҳоҷирону ансор интихоб мекардаанд ва интихоби имом ҳеҷ робитае ба асли имомат чихеле, ки шиъаҳо мегуянд надорад.
Дуюм: Аз ин нома маълум мешавад, чигунае ки ба ҳазрати Абубакру Умару Усмон байъат шуда буд ҳамон гуна ба ҳазрати Алӣ байъат шуд.
Сеюм: Аз ин нома маълум мешавад, ки аҳли шуро муҳоҷирону ансор мебошанд ва ин далолат бар ин мекунад, ки онҳо дар назди Худованд мақоми бузурге доштаанд ва ин бар хилофи ончи аст ки шиъаҳо дар ҳақи онҳо мегуянд .
Чаҳорум: Аз ин нома маълум мешавад, ки агар касеро муҳоҷирону ансор ихтиёр кунанд ва ба ӯ байъат кунанд Худованд байъати онҳоро писандидааст, Пас маълум мешавад, ки ҳақи имомат он гунае, ки шиъаҳо даъво мекунанд ғасб нашудааст балки имомро аз тариқи шурои саҳобагон интихоб кардаанд, вагарна чи гуна Худованд аз ин кор розӣ мешавад ?!.
Панҷум: Аз ин нома маълум мешавад, ки шиъаҳо ҳазрати Муъовияро лаънат мефиристанд, аммо ҳазрати Алӣ ин коро накарда буд!
Мушкилии дувоздаҳум
Шиъаҳо ҳазрати Оишаро ба куфру нифоқ муттаҳам мекунанд, чуноне ки дар китоби "Ал арбаъин фи имоматил аимати тоҳирин" саҳифаи 615 омадааст "Оиша кофира аст ва мустаҳиқи дузах мебошад".
Ва мо мегуем: Агар ин хел бошад, пас чаро Худованд аз ҳама дӯстдоштатарин банда ва паёмбарашро аз чунин зан ҳифз накард? Ва оё дафн шудани Паёмбар (с) дар хонаи ҳазрати Оиша бар ин далолат намекунад, ки Паёмбар (с) ӯро дуст медошт? Ва аз ӯ рози буд, вагарна чаро Худованд паёмбарашро аз ҳама балоҳо ва душманонаш дар паноҳаш нигоҳ дошту аз ҳамсараш, ки ба гуфти шумо кофира ва мунофиқа буд ва ҳама вақт бо ӯ душмани дошт ҳифз накард? Ман ба Худо қасам мехурам, ки шумо бо ин суханҳоятон дар қудратҳову тавоноиҳои Худованд ҳам шак доред ва мардуми оммаро ҳам дар шаку шубҳа меандозед.
Вақто ки шиъаҳо мехоҳанд барои исботи имомат далиле пешкаш кунанд аз ҳадиси ал-кисо (чодар) истидлол мекунанд ва ҳадис чунин аст:
حديث الكساء ملخصه أن النبي صلى الله عليه وسلم خرج مرة وعليه كساء من شعر أسود، فجاء الحسن فأدخله في الكساء، ثم جاء الحسين فأدخله، ثم جاءت فاطمة فأدخلها، ثم جاء علي فأدخله، ثم تلا:
﴿إِنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ لِيُذۡهِبَ عَنكُمُ ٱلرِّجۡسَ أَهۡلَ ٱلۡبَيۡتِ وَيُطَهِّرَكُمۡ تَطۡهِيرٗا ٣٣﴾ [الاحزاب : ٣٣]
“Эй аҳли байт, Худо мехоҳад палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок нигоҳ дорад”.
Сураи Аҳзоб 33
رواه مسلم
Дар ин ҳадис, ки имом Муслим онро ривоят кардааст, Паёмбар (с) чаҳор касро номбар кардааст: Фотима, Алӣ, ва Ҳасану Ҳусейн, Суол инаст ки барои чи шиъаҳо ҳазрати Фотимаро аз ҳукми имомат берун карданд ҳоло онки дар ин корашон ягон далиле надоранд? Чунки дар ҳадис чаҳор нафар мебошанд пас бо кадом далил ҳазрати Фотимаро аз ҳукми имомат берун кардаанд ?
Шиъаҳо даъво мекунанд, ки фазоили ҳазрати Алӣ ва далил бар имоматаш аз тариқи тавотур[2] исбот шудааст.
Мо мегуем: Чи гуна аз тариқи тавотур исбот шудааст, ки шиъаҳо Паёмбар (с)-ро надидаанд ва аз ӯ инро нашунидаанд барои ҳамин нақли онҳо мурсал[3] мебошад на тавотур ва саҳобаҳое, ки бо Паёмбар (с) буданд ба гуфти шумо ҳамаашон кофир шуданд магар аз се то ҳафт нафар ва бо ин се то ҳафт нафар нақли тавотур ба ҷо намеояд пас маълум мешавад, ки шумо дар мазҳабатон чизеро аз Паёмбар (с) бо тариқи тавотур исбот карда наметавонед, ва агар ин гуна набошад марҳамат ҷавоб диҳед.
Шиъаҳо мегуянд, яке аз шартҳои муъмин шудан шинохти имомҳо ва эмон овардан ба онҳо мебошад, Cуол инаст ки пас ҳоли онҳое, ки пеш аз комил ё пурра шудани дувоздаҳ имом вафот кардаанд чи мешавад? Оё онҳо муъмин нашуда вафот карданд? Ва оё онҳо муъмин набуданд? Ва ин чунин оё дар ҳақи онҳо зулм намешавад? Чигуна онҳо умрҳояшонро дароз кунанд, то ин ки ҳамаи имомҳоро бубинанд ва ба онҳо имон биёранду сипас аз дунё муъмин бигузаранд? Ин суол эҳтиёҷ ба як ҷавоби қаноъатбахше дорад.
Агар имомати ҳазрати Алӣ ва фарзандонаш рукне аз рукнҳои ислом бошанд ва касе ки ба ин рукн имон надошта бошад ӯ кофир бошад, агар чи калимаи шаҳодатро ҳам арза карда бошад ва намозҳоро ба ҷо оварда бошад ва закот дода бошад ва рӯза гирифта бошад ва ҳаҷ карда бошад, Агар инхел бошад пас барои чи - агар имон ба имомат рукни асоси бошад - дар Қуръони карим дар бораи рукн будани имомат ҳатто ояте ҳам нозил нашудааст, ҳоло онки дар Қуръони карим бо таври сареҳ масъалаҳое зикр шудаанд, ки ҳукмашон воҷибаст ва балки мустаҳаб ва мубоҳ мисли шикор кардан ки амри мубоҳ мебошад ва никоҳу талоқу мерос ва ғайраҳо дар Қуръони карим бо таври возеҳ зикр шудаанд, пас куҷо аст он рукни азими имомат? Чаро мо онро дар Қуръони карим намебинем? Агар мақоми имомат дар ислом он қадар баланд бошад, пас барои чи дар Қуръони карим дигар рукнҳо зикр шудаанд, мисли калимаи шаҳодат ва намозу рӯзаву, ҳаҷу закот бо таври возеҳу сареҳ, аммо имомат бо он мақоми бузургаш, ки агар касе ба ӯ эмон надошта бошад ба вай на калимаи шаҳодату на намоз ва на рӯзаву ҳаҷу закоташ фоидааш надоранд, зикр нашудааст?
Ман аз оқилони шиъа хоҳиш дорам, ки дар ин мавзуъ хуб фикр кунанд.
Дар замони Паёмбар (с) мардумоне буданд, ки Паёмбар (с)-ро дар умрашон якбор медиданду сипас ба диёрашон бармегаштанд ва инчунин аз вилояту имомати ҳазрати Алӣ ва фарзандонаш чизе намешуниданд.
Мисли ин ривоятҳо аз тариқи тавотур ҳам дар китобҳои сунни ва ҳам дар китобҳои шиъи зикр шудаанд, ман ба олимони шиъа гуфтаниям, ки оё исломи онҳо ноқис буд? Агар исломашон ноқис бошад, пас Паёмбар (с) оё авлотар ба тасҳиҳи исломашон набуд? Ва оё ба Паёмбар (с) воҷиб набуд, ки дар аввалини ҷаласаашон ба онҳо рукни имоматро биомузад, то ин ки онҳо аз дунё ба рукни имомат имон наоварда намиранд? Чунки агар имомат рукни асоси дар ислом бошад пас воҷиб аст ба Паёмбар (с) ки ҳар шахсе имон меоварад бояд авалин чизе ки ба ӯ меомузад, рукни имомат бошад, то ки исломаш дуруст шавад, вагарна аз дунё бе дин мегузарад, Ва Паёмбар (с) низ медонист, ки он чупонҳое, ки аз дашту биёбонҳо меомаданд, фақат як бор Паёмбар (с)-ро медиданду ба диёрашон бар мегаштанд ва дубора ба назди Паёмбар (с) намеомаданд, вале Паёмбар (с) -ро мо надидем, ки ба онҳо дар бораи рукни имомат чизе гуфта бошад, пас ин кори Паёмбар (с) далолат мекунад, ки имомат на рукнасту на фарзу на воҷиб ва на сунату мустаҳаб .....
Вақто ки ин оят нозил шуд:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ يَأۡمُرُكُمۡ أَن تُؤَدُّواْ ٱلۡأَمَٰنَٰتِ إِلَىٰٓ أَهۡلِهَا ٥٨﴾ [النساء : ٥٨]
"Худованд шуморо амр мекунад, ки амонатҳоро ба соҳибҳояшон бирасонед".
Сураи Нисо 58
Паёмбар (с) бани Шайбаро ба назди худ хонду калиди хонаи Каъбаро ба онҳо супориду гуфт: "Ин калидро бигиред ва бимонад дар дасти шумо то рӯзи қиёмат ва касе ки ин калидро аз дасти шумо бигирад ӯ золим аст".
Ин суханҳоро Паёмбар (с) дар шаъни фақат як калид гуфтааст, пас барои чи мисли ин гуна суханҳову таҳдидҳоро дар бораи аз масалаи калид ҳам бузургтар, ки тааллуқ ба имону исломи инсон дорад ва он ҳам имон ба имомат мебошад, ки мувофиқи ақидаи шиъаҳо касе ки ба имомат имон надорад мусулмон нест, чизе нагуфтааст? барои чи ба ҳазрати Алӣ нагуфт, ки эй Алӣ бигир зимоми имоматро бимонад дар туву фарзандонат то рӯзи қиёмат ва касе имоматро аз шумо мегирад золим аст?
Шиъаҳо барои ҷоинишин будани ҳазрати Алӣ Паёмбар (с)-ро аз ин ҳадис истидлол мекунанд: Паёмбар (с) ба ҳазрати Алӣ гуфт :
«أنت مني بمنزلة هارون من موسى»
"Манзилати ту дар назди ман ба монанди манзилати Ҳорун дар назди Мусо аст"
Мо мегуем, ки истидлол ба ин ҳадис барои ҷонишин будани ҳазрати Алӣ хато аст, чунки Ҳорун (а) ҷонишини Мусо (а) нашуд, барои ин ки Ҳорун (а) пеш аз ҳазрати Мусо (а) вафот карда буд, Ва ҷонишини ҳазрати Мусо ҳазрати Юшаъ ибни Нун шуда буд, аммо маънои сухани Паёмбар (с) ин буд, ки ӯ фазлу бузургии ҳазрати Алӣро дар назар дошт яъне эй Алӣ! он мақому манзалати бузурге ки Ҳорун дар назди Мусо дошт, ту ҳам мисли ҳамон мақому бузургиро дар назди ман дори, чунки агар мақсадаш ҷоинишин кардани ҳазрати Алӣ мешуд чигунае ки ҳазрати Абубакрро дар чанд намоз пеш дароварда буд ҳазрати Алӣро низ пеш медаровард ва ё ин ки чи гунае, ки ба ҳазрати Умар гуфт эй Умар агар баъди ман паёмбари давом медошт бе шубҳа ки ту паёмбар мешуди ва ё ин ки чуноне ки ба ҳазрати Оиша гуфта буд агар аз занҳо паёмбар мешуд бе шубҳа, ки ту паёмбар мешуди вале ин кор исбот нашудааст ва ҳатто вақто, ки Паёмбар (с) дар охирин лаҳзаҳои ҳаёташ буд исрор намуд, ки Абубакр имоми мусулмонон шавад ва агар мехост, ки Алӣ ҷонишини ӯ шавад албата бояд ба ӯ мегуфт: Эй Алӣ ба мардум имом бишав ва намоз бихон чунки имомати суғро (хурд) далолат ба имомати кубро (калон) мекунад вале чунин корро накард.
Шиъаҳо эътиқод доранд, ки имомонашон дар паҳлуи модаронашон ҳамл мебошанд ва ҳангоми тавалуд шудан аз ҷониби рони рости модарҳояшон тавалуд мешаванд, чунки онҳо поку тоҳир мебошанд ва набояд, ки бо чизе аз нопокиҳо олуда шаванд.
Пас суол инаст ки оё онҳо аз Паёмбар (с) поктару тоҳиртар буданд? Барои чи Паёмбар (с) мисли дигар уматонаш дар шиками модараш ҳамл шуд ва мисли дигар уматонаш аз раҳми модараш таваллуд шуд? Аммо имомони шиъаҳо бошанд дар паҳлуҳои модаронашон ҳамл мешаванду аз ронҳои онҳо тавалуд мешаванд, онҳо аз Паёмбар (с) чи бартарие доштанд?
Ман барои исботи ин ривояти ба ақл мувофиқ намеомадаги ба шумо хонандагони азиз ин саҳифаро аз китоби "Кашкул" муҷалади сеюм саҳифаи 19 пешкаш мекунам, ки дар он чунин омадааст:
"Имом Ҳасан ибни Алӣ АлАскари мегуяд: Мо маъшари авсиё (васият шудагон ба имомат) дар шикамҳои модаронамон ҳамл намешавем, балки дар паҳлуи модаронамон ҳамл мешавем ва аз раҳми модаронамон таваллуд намешавем, балки аз ронҳои рости онҳо таваллуд мешавем, чун ки мо нуре ҳастем аз ҷониби Худованд, ки набояд ба нопокиҳо олуда шавем".
Ва ин чунин аз ҳамин имом ривоят аст, ки: "Ҳазрати Фотима, ҳазрати Ҳасану Ҳусейнро аз рони росташ таваллуд карду Зайнабу Уммикулсумро аз рони чапаш".
Исбот кардани ин ки илми ғайбро ғайри Худованд касе намедонад
Кулайни дар китобаш "Кофи" м1 с258 бобе гузоштааст ба номи:
«أن الأئمة يعلمون متى يموتون، وأنهم لا يموتون إلا باختيار منهم».
"Имомон медонанд кадом вақт мемиранд ва намемиранд магар бо ихтиёри худашон".
Ва инчунин Маҷлиси дар китобаш "Биҳорул анвор" м43 с364 ҳадисе ривоят мекунад, ки дар он мегуяд:
«لم يكن إمام إلا مات مقتولاً أو مسموماً».
"Имоме нест, ки бо заҳр намурда бошад ё ин ки кушта нашуда бошад".
Ман мехоҳам байни ин ду ривоят муқоиса кунам, Кулайни мегуяд ки: Имомҳо медонанд ки кай мемиранд ва агар бимиранд бо ихтиёри худашон мемиранд аммо Маҷлиси мегуяд ки: Имомон ё бо заҳр мурдаанд ё кушта шудаанд, дар инҷо ишколе пайдо шудааст чуноне Кулайни ва ин чунин Ҳуррул Омили дар "Фусулул муҳимма" с155 мегуянд, ки имоми маъсум илми ғайбро медонад.
Мо мегуем, ки ин чунин бошад, пас имом бояд бидонад, ки вақто ба назди ӯ таъом ё шароб меоранд заҳрнок ҳаст ё на ва агар бидонад, ки он таъом ё шаробе, ки дар назди ӯ гузошта шудааст заҳрнок мебошаду боз ӯро бихурад, пас ин худкуши мебошад, Чунки ӯ бо илми ғайбаш албатта медонад, ки таъом ё шароби назди ӯ заҳрнок мебошад ва агар нияти худкуши надошта бошад бар ӯ воҷиб аст, ки аз он таъом даст кашад. Ва ё ин ки ӯ худкуши кардааст ва инчунин аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки худкуш дӯзахи мебошад ва оё шиъаҳо розиянд ба ин ҷазо? Ман гуфтаниям: Мо аҳли суннат чунин эътиқод дорем, ки имомон аз чунин ривоятҳои бардуруғе, ки дар ҳақи онҳо мекунанд безор мебошанд ва онҳо аз ин гуна туҳматҳо пок мебошанд ва касе ғайр аз Худо илми ғайбро намедонад ҳатто Паёмбар (с) ҳам илми ғайбро намедонист ва касе ки даъвои донистани илми ғайбро кунад, бе шаку шубҳа ӯ бо ояти Қуръони кофир шудааст .
Чуноне ки китобҳои шиъа ривоят мекунанд ҳазрати Алӣ ва фарзандонаш дар вақти ҳозир яъне баъд аз вафоташон ба пайравонашон яъне шиъаҳо фоидаву нафъ расонида метавонанд.
Суоли ман инаст, ки агар ин хел бошад, пас барои чи онҳо барои худашон дар зиндагияшон ягон нафъу фойдае расонида натавонистанд? Зеро вақто, ки ҳазрати Алӣ халифа шуд он қадар фитна зиёде шуда буд, ки мусулмонон ба чанд гуруҳ тақсим шуда буданд ва ин фитнаҳо сабаб шуд, ки ҳазрати Алӣ кушта шуд, Ва коре карда натавонист, ки пеши роҳи ин фитнаҳоро бигирад, Ва ин чунин фарзанди калонияш имом Ҳасан натавонист, ки халифагияшро ба охир расонад ва уро ба ҳазрати Муъовия супорид. Ва ин чунин дар давоми ин фитна ҳазрати Ҳусейн кушта шуд Ва чизе ба фоидаи худаш карда натавонист, Хулоса вақто ки мо дар таърихи имомон бингарем мебинем, ки онҳо ба нафъи худ зиёд корҳоеро анҷом дода натавонистанд, пас чигуна мо аз онҳо баъди аз дунё гузаштанашон ҳоҷатеро талаб кунем? Вақто, ки инсон дар зиндагияш мушкилотҳои зиёдеро ҳал карда натавонист, пас чи гуна баъд аз мурданаш ва дар як вақт ҳоҷати тамоми онҳое, ки аз ӯ талаби ҳалли онро мекунанд, бароварда месозад, Ин мушкили эҳтиёҷ ба ҳал дорад.
Кулайни дар китобаш "Кофӣ" м1 с 269 ҳадисеро зикр мекунад ки дар он мегуяд:
«حدثنا عِدَّةٌ مِنْ أَصْحَابِنَا عَنْ أَحْمَدَ بْنِ مُحَمَّدٍ عَنْ عَبْدِالله بْنِ الْحَجَّالِ عَنْ أَحْمَدَ بْنِ عُمَرَ الْحَلَبِيِّ عَنْ أَبِي بَصِيرٍ قَالَ دَخَلْتُ عَلَى أَبِي عَبْدِالله ؛ فَقُلْتُ لَهُ جُعِلْتُ فِدَاكَ إِنِّي أَسْأَلُكَ عَنْ مَسْأَلَةٍ هَاهُنَا أَحَدٌ يَسْمَعُ كَلامِي، قَالَ فَرَفَعَ أَبُو عَبْدِالله) ؛ سِتْراً بَيْنَهُ وبَيْنَ بَيْتٍ آخَرَ فَاطَّلَعَ فِيهِ ثُمَّ قَالَ: يَا أَبَا مُحَمَّدٍ سَلْ عَمَّا بَدَا لَكَ، قَالَ: قلْتُ :جُعِلْتُ فداك ... ثُمَّ سَكَتَ سَاعَةً ثُمَّ قَالَ: وإِنَّ عِنْدَنَا لَمُصْحَفَ فَاطِمَةَ ومَا يُدْرِيهِمْ مَا مُصْحَفُ فَاطِمَةَ ، قَالَ: قُلْتُ: ومَا مُصْحَفُ فَاطِمَةَ؟ قَالَ: مُصْحَفٌ فِيهِ مِثْلُ قُرْآنِكُمْ هَذَا ثلاثَ مَرَّاتٍ، والله مَا فِيهِ مِنْ قُرْآنِكُمْ حَرْفٌ وَاحِدٌ، قَالَ: قُلْتُ: هَذَا والله الْعِلْمُ، قَالَ: إِنَّهُ لَعِلْمٌ ومَا هُوَ بذَاكَ». انتهى.
"Баъзе аз асҳобамон ба мо аз Аҳмад ибни Муҳаммад аз Абдуллоҳ ибни Ҳаҷол аз Аҳмад ибни Умари ҳалаби аз ибни Басир ривоят мекунад, ки гуфт: Ба назди Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Содиқ (а) даромадам ва ба ӯ гуфтам: Фидои ту шавам, мехоҳам аз масъалае инҷо суол кунам, оё касе манро мешунавад? Сипас Абуабдуллоҳ чодарро бардошта ва назаре карду гуфт: Суол кун чизе ки мехоҳи эй Абумуҳаммад, сипас гуфтам: Фидоят шавам, ӯ чанде сукут карду гуфт: Назди мо мусҳафе аст бо номи Мусҳафи (Қуръон) Фотима ва мардум чи бидонанд, ки мусҳафи Фотима чист, сипас ман ба ӯ гуфтам: Чист мусҳафи Фотима? Имом гуфт: У мусҳафе аст, ки мисли ин қуръони шумо се баробар аст ва қасам ба Худо ки аз қуръони шумо дар у ҳарфе ҳам вуҷуд надорад, сипас ман гуфтам: Валлоҳи ки ин чи илми бузурге будааст!
Ӯ фармуд: Дар ҳақиқат илм аст, вале на онқадар илме".
Суол инаст ки оё Паёмбар (с) аз ин қуръон хабаре дошт? Ва агар хабар дошт, пас барои чи уро ба мардум нарасонд? Чунки Худованд мегуяд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلرَّسُولُ بَلِّغۡ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۖ وَإِن لَّمۡ تَفۡعَلۡ فَمَا بَلَّغۡتَ رِسَالَتَهُۥۚ ٦٧﴾ [المائدة: ٦٧]
“Эй расул! бирасон он чизеро ки ба ту нозил шудааст ба мардум ва агар ин корро накуни ту паёмбариро ба ҷо наовардаи”.
Сураи Моида 67
Ва агар хабар надошт, пас чигуна аҳли байт аз ӯ бохабар буданд? Ва оё оятҳо ба Паёмбар (с) нозил мешуданд ё ба аҳли байт? Ин мушкилии бузургест, эҳтёҷ ба ҷавоб дорад.
Шиъаҳо эътиқод доранд ва ин чунин Хумайни дар китобаш "Кашфул Асрор" с126 ки ҳазрати Абубакру Умар баъзе оятҳои қуръонро тағйир доданду баъзеашро ҳазф намуданд.
Ӯ дар ин китобаш мегуяд: "Абубакр ҳалол мегардонад баъзе масъалаҳоро бо гузоштани ҳадис аз пеши худаш чуноне, ки дар оятҳои қуръоние ки дар бораи мерос нозил шуда буданд ин коро карда буд, аммо Умар бошад аз ӯ бовари буд, ки бигуяд ки Худованд ё Ҷабраил ё Паёмбар (с) дар ин масъала хато кардаанд ва он ҳадис ё оятро тарк мекард". (яъне оятҳо ва ҳадисҳое, ки ба ӯ маъқул намешуданд мегуфт: ки Худованд ё Ҷабраил ё Паёмбар (с) дар ин масъала хато кардаанд ва он ҳадис ё оятро тарк мекард) ва суннат бошад дар ихтиёрашон буд, он гунае ки хостанд ҳамон хел дар дин тағиротҳои зиёде изофа карданд, ва Умар сухани худашро аз Қуръону Суннат муқаддам медонист".
Ин ҳам акси он саҳифае ки ин суханҳоро гуфтааст, марҳамат бингаред ва худатон қазоват кунед.
Ва баъзе аз он оятҳое ки онҳоро гуё ҳазрати Абубакру Умар тағйир додаанд инҳо мебошанд, Дар "Усули кофи" м1 с 412 ривоят шудааст, ки аз Абуҷаъфари Содиқ пурсида шуд, ки барои чи ҳазрати Алӣро амирулмуъминин ном гузоштанд, ӯ дар ҷавоб гуфт: Худованд ӯро дар китобаш чунин ном гузоштааст ва ин оятро хонд.
(وإذ أخذ ربك من بني آدم من ظهورهم ذريتهم وأشهدهم على أنفسهم ألست بربكم وأن محمدًا رسولي وأن عليًا أمير المؤمنين).
"Ва вақто, ки парвардигорат фарзандони бани одамро аз пушташон халқ кард ва онҳоро бар нафсҳояшон шоҳид гардонд, ки оё ман парвардигори шумо нестам? Ва оё Муҳаммад расули ман нест? Ва оё Алӣ амири муъминон нест ?".
Ва Кулайни дар "Кофи" м1 с 429 дар тафсири ин оят мегуяд:
"فَالَّذِينَ آمَنُواْ بِه"
"Ва онҳое ки имон оварданд ба ӯ" (яъне имом).
﴿فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِهِۦ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَٱتَّبَعُواْ ٱلنُّورَ ٱلَّذِيٓ أُنزِلَ مَعَهُۥٓ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ١٥٧﴾ [الاعراف: ١٥٦]
"Ва пуштибонию нусрат доданд ӯро ва пайрави карданд нуреро ки нозил шуд ҳамроҳи ӯ, онҳо касоне ҳастанд, ки комёб шудаанд".
Сураи Аъроф 157
يعني: الذين اجتنبوا الجبت والطاغوت أن يعبدوها, والجبت والطاغوت: فلان وفلان.
Ва мегуяд: "Мурод аз ин оят онаст, ки яъне касоне ки аз "ҷибту" "тоғут" дури карданд ва ҷибту тоғут, яъне фалони ва фалони ҳастанд".
Хонандаи азиз! Чуноне, ки мебинед дар ин ҷо маънои "фалони ва фалониро" Кулайни зикр накардааст ва сабабаш инаст ки замоне, ки Кулайни зиндаги мекард ҳукм дар дасти аҳли суннат буд ва қудрати ошкор кардани душманиашро ба саҳобагон надошт, Аммо Маҷлиси ки шайхи давлати Сафавияи шиъа буду соҳиби қувваи бузург маънои "Фулон ва Фулонро "дар китобаш "Биҳорул анвор" м23 с306 ошкоро баён карда мегуяд:
قال المجلسي ( المراد بفلان وفلان أبو بكر وعمر) ولهذا يعتبرهما الشيعة شيطانين ـ والعياذ بالله.
"Фулон ва фулон яъне Абубакру Умар,барои ҳамин ҳам шиъаён ҳазрати Абубакру Умарро (наузу биллоҳ ) ду шайтон мегуяд".
Инчунин дар тафсири ин оят мегуянд:
﴿لَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ ٢١﴾ [النور : ٢١]
"Пайравии накунед шайтонро".
Сураи Нур 21
قالوا: خطوات الشيطان, ولاية فلان وفلان.
"Гуфтанд: пайравии шайтон яъне фалон ва фалон" ва маънояш пайравии ҳазрати Абубакру Умарро накунед.
Дар "Усули Кофи" м1 с414 аз Абуабдуллоҳ Ҷаъфари Содиқ ривоят мекунанд, ки асли ин оят чунин будааст:
ويروون عن أبي عبد الله قال: (ومن يطع الله ورسوله في ولاية علي وولاية الأئمة من بعده فقد فاز فوزا عظيما) قال: هكذا نزلت.
"Ва касе ки итоъат мекунад Худовандро ва расули ӯро дар вилояти Алӣ ва вилояти ононе ки баъд аз ӯ меоянд ба дурусти ки комёб шудааст".
Ва инчунин дар "Усули Кофи" м7 с66 аз Абуабдуллоҳ ривоят аст, ки гуфт:
Ин оятро ҳазрати Ҷабраил бар Муҳаммад ин гуна нозил кард:
"Эй ононе, ки бар шумо китоб нозил карда шуд имон биёред ба он нури ошкорое ки бар Алӣ нозил кардем".
Ва ин чунин дар "Шарҳи Усули Кофи" аз Ҷобири Ҷаъфи ривоят аст, ки гуфт: Ин оятро Ҷабраил бар Муҳаммад ин гуна нозил кардааст:
وعن جابر قال: نزل جبرائيل عليه السلام بهذه الآية على محمد هكذا (وإن كنتم في ريب مما نزلنا على عبدنا في علي فأتوا بسورة من مثله).
"Агар шумо дар шубҳае бошед ба он чизе ки мо нозил кардем бар бандаи худ дар шаъни Алӣ, пас биёред аз назди худ сурае мисли ин сураи нозил кардаи мо".
Ва ин чунин дар "Усули Кофи" аз Абуҷаъфар ривоят аст, ки гуфт: Ин оят ин гуна бар Муҳаммад нозил шудааст:
وعن أبي جعفر قال نزل جبرائيل عليه السلام بهذه الآية على محمد هكذا (بئسما اشتروا به أنفسهم أن يكفروا بما أنزل الله في علي بغيا).
"Чи кори баде кардед бар нафсҳои худ, ки гуноҳро харидед ва он гуноҳ ҳам инаст, ки шумо кофир шудед ба он чизе ки дар шаъни Алӣ нозил шуд, шумо саркаши кардед".
Дар "Шарҳи Усули Кофи с44 Муҳаммад ибни Синон аз Ризо ривоят мекунад, ки гуфт: Ин оят аз Қуръон мебошад:
(كبر على المشركين بولاية علي ما تدعوهم إليه يا محمد من ولاية علي).
"Эй Муҳаммад он вилояти Алӣро ки мушриконро ба у даъват мекуни ба онҳо бисёр сангине меояд".
Дар "Усули Кофи" аз Абуабдуллоҳ ривоят аст, ки гуфт: Ин оят ин гуна нозил шудааст:
وعن أبي عبد الله قال: )سأل سائل بعذاب واقع للكافرين بولاية علي ليس له دافع( قال: هكذا والله نزل بها جبرائيل عليه السلام على محمد صلى الله عليه وآله.
"Суол кард суол кунандае аз азобе ки воқеъ мешавад бар ононе ки кофир шудаанд ба вилояти Алӣ? касе нест ки пеши роҳи ин азобро бигирад".
Дар "Усули Кофи" с4 аз Абуҷаъфар ривоят аст ки гуфт: Ҷабраил ин оятро бар Муҳаммад ингуна нозил кардааст:
وعن أبي جعفر أنه قال: نزل جبرائيل عليه السلام بهذه الآية على محمد صلى الله عليه وآله هكذا: (فبدل الذين ظلموا آل محمد حقهم قولا غير الذي قيل لهم فأنزلنا على الذين ظلموا آل محمد حقهم رجزًا من السماء بما كانوا يفسقون).
"Касоне ки бар оли Муҳаммад зулм карданд ва он оятҳоеро ки мо дар ҳақи онҳо нозил кардем, ба дигар сухан тағйир доданд, барои ҳамин азоби сахтро бар ононе ки оли Муҳаммадро зулму ситам карданд ва ҳақашонро поймол карданд, нозил кардем "
Ва инчунин аз Абуҷаъфар ривоят аст ки гуфт: Ин оят ин гуна нозил шудааст:
وعن أبي جعفر قال: نزل جبرائيل عليه السلام بهذه الآية هكذا (إن الذين ظلموا آل محمد حقهم لم يكن الله ليغفر لهم ولا ليهديهم طريقا إلا طريق جهنم).
"Онҳое ки зулм карданд оли Муҳаммадро дар ҳақашон, Худо ҳеҷ вақт онҳоро бахшидани нест ва ҳидоят ҳам кардани нест магар ба суи ҷаҳаннам".
ثم قال {يا أيها الناس قد جاءكم الرسول بالحق من ربكم في ولاية علي فآمنوا خيرا لكم وإن تكفروا بولاية علي فإن لله ما في السماوات وما في الأرض}
"Эй мардум бе шаку шубҳа ба суи шумо Паёмбари барҳақ омад ва вилояти Алӣро бар шумо овард, пас имон биёред бар ӯ ин беҳтар аст барои шумо, чунки агар имон наоред ба вилояти Алӣ пас инро дониста гиред, ончи ки дар осмону заминаст аз они Худо аст" (ҳар чи ки хоҳад мекунад).
Шиъаҳо даъво мекунанд ки ин оятҳо бо сароҳат ба имоматии ҳазрати Алӣ далолат мекунанд, Локин ҳазрати Абубакру Умар ва дигар саҳобагон инҳоро таҳрифу табдилу тағйр доданд .
Дар инҷо ду суол ба миён меояд:
1) Агар ҳазрати Абубакру Умар ин оятҳоро таҳрифу тағйир дода бошанд пас чаро ҳангоме, ки ҳазрати Алӣ халифаи мусалмонон шуд ва соҳиби ҷоҳу мансаб шуд ва аз дасташ ҳар кор ҳам меомад чунки амири муъминон буд, ин оятҳоро ба ҷои худ нагардонд ва ба мардум нагуфт ки эй мардум ин оятҳо таҳриф шуда буданд ва асли ин оятҳо ин гуна мебошанд ва онҳоро тасҳиҳ мекард? Барои чи он гунае ки Қуръон дар замони Абубакру Умар буд тибқи ҳамон Қуръон ҳукм карду онро тағйр надод?
2) Шумо шиъаҳо дар ҷавоби ин оят чи мегуед? Худованд мефармояд:
﴿إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا ٱلذِّكۡرَ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ ٩﴾ [الحجر: ٩]
“Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем”.
Сураи Ҳиҷр 9
(Яъне аз таҳрифу тағйир).
Шиъаҳо боз даъво мекунанд ки ҳазрати Алӣ Қуръоне дорад ки тартиби сураҳову оятҳояш чи гунае ки нозил шуда буд ҳамон хел мебошад чуноне ки дар ин китоб "Кашкул" м2 с360 омадааст:
"Чуноне ки ривоят шудааст Қуръонро ягон кас он гунае ки амири муъминон Алӣ уро бо васияти Паёмбар (с) таълиф карда буд, таълиф накардааст, Баъд аз вафоти Паёмбар (с) дар мудати шаш моҳ ҳазрати Алӣ машғули ҷамъовари қуръони таълиф кардааш буд, Вақто ки уро ҷамъ карду пурра намуд онро чи гунаеки нозил шуда буд гирифту ба назди мухолифон (Абубакру Умар ) омад ва гуфт ин китоби Худо аст, ҳамон гунае ки нозил шуда буд, сипас Умар ба ӯ гуфт: Мо на эҳтиёҷ ба ту дорем ва на ба Қуръони ту, мо Қуръоне дорем, ки уро Усмон таълиф намудааст, сипас Алӣ ба онҳо гуфт: Аз ҳамин рӯз ба баъд ин Қуръонро дигар нахоҳед дид ва касе ҳам уро намебинад, то ин ки фарзанди ман Маҳди пайдо шавад" ва дар ин қуръон хеле оятҳои зиёде ҳаст ки таҳриф нашудаанд ва Усмон ки аз нависандаҳои ваҳйи илоҳи буд он гунае ки мехост оятҳоро аз пеши худаш менавишт....".
Яъне ин қуръоне ки мо дар назди худ дорем тартиби сураҳову оятҳояш чи гунае ки нозил шуда буд он гуна набудааст.
Пас суол инаст, ки барои чи ҳазрати Алӣ вақто ки зимоми хилофатро ба даст гирифт ва амири муъминону соҳиби қуввату қудрат шуд ба мардум нагуфт, ки эй мардум ин қуръоне ки дар назди шумо мебошад сураҳову оятҳояш ғайри муратаб мебошанд ва он қуръони саҳиҳе ки сураҳову оятҳояш мураттабу пурра аст, назди ман аст ва ин қуръонро дастури зиндагии худ бидиҳед...
Худованди бузург дар мавриди покдомани ва бегуноҳии ҳазрати Оиша (модари муъминон) дар бораи қиссаи ба ҳама маъруфи "Ифк" оят нозил карда ӯро покдоману тоҳир эълон кардааст, Ва ҳушдор додааст ки дигар ба мисли ин гуна туҳматҳо даст назананд, Аммо боз мо мебинем ки шиъаҳо ҳазрати Оишаро муттаҳам ба хиёнат мекунанд, Онҳо бо ин корашон, ҳам таъна ба Паёмбар (с) мезананду ҳам ба Худованде ки ғайбро медонаду аз ӯ чизе пинҳон намемонад.
Дар рӯзномаи Алминбари шиъаҳо дар саҳифаи 22 чуноне ки дар акс мебинед дар бораи ҳазрати Оиша чунин навиштаанд, ки гуё:
"Оиша духтарони зеборо орову торо дода ба кӯчаҳо сар медод, то ки барои ӯ ҷавонҳоро шикор кунанд, чунки худи Оиша онқадар зебое набуд ки барои худ ҷавоне пайдо кунад".
Сипас соҳиби ин мақола мегуяд:
"Ана акнун фаҳмидед, ки ман барои чи ӯро ба модари қабул намекунам!"
Ва ин чунин мегуяд:
"Ва ман гумон намекунам, ки касе агар модар ё хоҳараш ё занаш чунин корҳоро бикунаду боз ӯро эҳтиром кунад ё ӯро ба хоҳари ё зани ё модари қабул кунад, ва ки аст ки чунин амалҳоро дар яке аз маҳоримаш қабул кунад?!......."
Ва дар саҳифаи 19 мегуяд:
"Агар модаре, ки манро таваллуд кардааст, чунин сифатҳоро дошта бошад ман бе ягон фикру андеша ва тарадуд аз ӯ безории худро эълон мекунам ва агар чи куштани ӯ ҷоиз ҳам набошад ман ӯро (яъне чунин модар ё занро) мекушам чунки дар назди мо қавми араб номус аз ҷону ҳаёт ҳам болотар аст".
Ман ба ин рофизии хабис гуфтаниям, ки эй Худозадаи қиёмат сухта! Вақто ки ту лаънати! чунин амалҳоро дар зану хоҳару модари худат дида наметавони ва қабул надори, пас агар ту мусалмон ва дӯстдори Паёмбар боши, чигуна чунин амалҳоро дар зани беҳтарини халқ ва паёмбари охири замон ва духтари Сиддиқи ин уммат қабул дори? Оё ту эй лаънати! Медони, ки агар касе ҳамсараш ё хоҳараш ё духтараш чунин корагар бошанд ӯро даюус мегуянд? Ва оё медони, ки Худованд рӯзи қиёмат ба рӯи даюус нигоҳ намекунад? Оё ту чунин васфҳоро дар паёмбар раво мебини? Пас бе шаку шубҳа ту кофир шудаи.
Чунки чи гуна беҳтарини халқи руи замин барои худ зани хиёнаткор ихтиёр мекунад? Ва чигуна Худованде, ки аз тамоми чиз бо хабар аст, беҳтарини халқашро хабар надод, ки зани ӯ хиёнаткор аст ва лаёқати Паёмбар (с)-ро надорад? Ва барои чи Паёмбар (с) то охири ҳаёташ бо ӯ зиндаги кард ва дар ҳуҷраи ӯ ва дар оғуши ӯ ҷон ба ҳақ таслим кард? Ва агар Паёмбар (с) аз хиёнаткор будани ҳамсараш бо хабар буд, пас наход бо чунин зан то охири умр зиндаги кунад? Оё надидед вақто, ки Паёмбар (с) намоз мехонд ва дар таги пояш наҷосат буд Худованд ӯро аз болои ҳафт осмон хабар дод, ки эй Муҳаммад пояфзолатро берун кун чунки дар зери онҳо наҷосат мебошад, барои чи Худованд лоиқ надонист, ки паёмбараш бо пояфзоли нопок намоз гузорад, ва ӯро дар ҳол хабар дод, Аммо ҳамсаре ки ӯро хиёнат мекарду бо ӯ то охири умраш зиндаги кард, ба ӯ нагуфт ки эй Муҳаммад ин ҳамсари ту хиёнаткор аст, бо ин зан зиндаги накун ки лаёқати туро надорад? Чи бад мазҳабе аст он мазҳабе, ки ба ҳамсарони беҳтарини халқ ва модарони муъминон чунин таънаҳое мезананд. Оё он салласиёҳон чунин таънаҳоро барои худ ҷоиз медонанд?
Хонандаи азиз! Ин буд баъзе аз он мушкилиҳое ки аз ин мазҳаби бо ҳам зидду мутаноқиз пайдо кардам, ва ногуфта намонад, ки мисли ин мушкилиҳо дар ин мазҳаб хеле зиёд аст, вале фикр мекунам, ки барои инсони оқиле, ки талабгори ҳақиқат бошад ҳаминаш ҳам басанда мебошад.
Ва аз ҷавонони шиъа ва оқилони онҳо талаб дорам, ки таъасубиятро яксу монда дар ин масъалаҳо хуб фикр кунанду аз пайи ҷустуҷуи ҳалли ин масъалаҳо шаванд, ва агар ҳақиқатро дар мазҳабашон пайдо кунанд, пас барои мо далелҳову бурҳонҳои қотеъ ва қонеъкунанда пешкаш кунанд, то ки мо ҳам пайрави он ҳақиқат шавем, ва аммо дар ғайри ин сурат ман аз онҳо хоҳиш мекунам, ки таъасубиятро яксу гузошта пайравии ҳақиқатро кунанд, чун ки Худованду паиғамбараш он вақт аз мо розӣ мешаванд, ки мо пайрави ҳақиқат бошем, ва моро аз амали куркурона манъ мекунанд ва ин чунин аз ин ақле ки моро Худованд ато намудааст фардо рӯзи қиёмат моро аз ин неъматаш пурсон мекунад, ки ман ба ту ин ақлро додам ва ту аз у чи истифода бурди? Барои ҳамин ҳар як инсони оқил ҳар сухану ривояте мешунавад бояд уро дар тарозуи Қуръону Суннат бисанҷад, баъд онро метавонад қабул кунад, чун ки асли дини мо аз Қуръону Сунат аст, ва дар ҳар коре ки мо банд мемонем бояд мувофиқи гуфтаи Худованд ба Қуръону Суннат баргардем, ва бубинем ки Қуръону Суннат ба мо чи ҳукм мекунанд, ва ҳукми онҳоро қабул кунем.
Дар охир аз Худованди бузург талаб дорам, ки ҳамаи моро хоҳ сунниҳо хоҳ шиъаҳоро ба роҳи рост яъне он роҳе ки барои саҳобагони паёмбараш ихтиёр карда буд, ҳидоят кунад ва ҳақро барои мо ҳақ нишон бидиҳаду ботилро ботил, то ки мо байни ҳақу ботил фарқ кунем.
Ва охиру даъвоно анил ҳамду лиллоҳи раббил оламин.