РӮҲИ ИСЛОМ (Қисми сеюм)

(Таҳқиқ ва баррасӣ дар усули Ислом, одоб ва аҳкоми он бо равишу услуби илм ва фалсафа)

АФИФ АБДУЛФАТТОҲ ТАББОРА

—™

Абӯбакри Ҳасанзода

Таҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис, баргардонӣ бо хатти кириллӣ ва пешгуфтори

Абдулҳалим ОРИФӢ

Душанбе

«Ирфон»

2011

ББК 86.38+87.717

А-90

Бо ташхиси Кумита оид ба корҳои динӣ назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16.06.2011 таҳти рақами 275 ба чоп пешниҳод шуд.

Аз забони арабӣ тарҷумаи

Абӯбакри Ҳасанзода

Таҳия, тадвин, тахриҷи оёту аҳодис,

баргардонӣ бо хатти кириллӣ ва пешгуфтори

Абдулҳалим ОРИФӣ

Муқарриз

академик Мӯсо ДИНОРШОЕВ

Муҳаррирон

Абдушариф БОҚИЗОДА, Сироҷиддин ИКРОМӢ

Афиф Абдулфаттоҳ Таббора

А-90 Рӯҳи ислом. – Душанбе: «Ирфон», 2011. – 600 саҳ.

Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд

Ҳамчунин, эродҳо ва шубҳаҳоеро, ки дар атрофи Ислом ангехта шудаанд, баррасӣ намуда, бо санаду далелҳои илмӣ бутлони онҳоро собит менамояд.

Азбаски китоби мавриди назар бо забони илм ва услуби равон таълиф гардидааст, мутолиаи он барои олимон, муҳаққиқони адён, рӯшанфикрон ва оммаи васеи хонандагон ғановати фар¬ҳангӣ ва дарёфти бесобиқа хоҳад буд.

А 0401000000-013 -2009

 М501 (12) - 2009

ISBN 978-99947-63-33-7 ББК 86.38+87.717

© таҳия аз Орифӣ А., 2011

Ба ифтихори бузургдошти

олими оламшумул, фақеҳи тавоно, нобиғаи замон, пешвои аввалин мазҳаби аҳли суннату ҷамоат Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Собит

(раҳматуллоҳи алайҳ) ба нашр расид


 Фасли дувоздаҳум : НАМОЗ дар Ислом

1. Фоидаи намоз. 2. Фалсафаи намоз. 3. Бархе аз фалсафаҳои вузӯ. 4. Шароити намоз. 5. Баҳсе дар бораи аъмол ва ҳаракоте, ки дар намоз анҷом дода мешавад. 6. Маъонии баланде, ки сураи «Фотиҳа» ба онҳо ишора дорад. 7. Бархе аз фалсафҳои намоз, ки дар Қуръон баён шудааст. 8. Намоз рафторҳои нописандро аз байн мебарад. 9. Намоз шуҷоату саховатро ба вуҷуд меоварад. 10. Намоз тамаркузи фикрро тақвият мекунад. 11. Намоз нафсро нерӯ мебахшад.

Салот (намоз) дар луғат ба маънои дуои хайр аст, дуое, ки инсон ба василаи он ба Худо наздик мешавад ва талаби омурзиши гуноҳашро менамояд, ё шукри неъмати Худоро ба ҷо меоварад ва аз Худо мехоҳад ҳар гуна балову шарреро аз ӯ дур намояд ва ё ба маънии ибодати фарзе аст, ки инсон онро анҷом медиҳад ва гоҳе салот иборат аст аз ибрози ниёз ба Парвардигор ба сурати қавл ва амале. Худованд намозро бар бандагонаш воҷиб намудааст, то ба ёди дастуроти ӯ бошанд ва ба василаи он аз шиддати нороҳатӣ ва мушкилоти зиндагии онон бикоҳад. Яке дигар аз маъноҳои намоз (салот) ҳамду сано ва тамҷиди ӯ аст ва ба наҳве, ки шоистаи мақоми илоҳӣ бошад.

ФОИДАИ НАМОЗ

Устод Август Саботия, устоди фалсафаи донишгоҳи Порис дар китоби худ ба номи «Фалсафаи динҳо» чунин мегӯяд: «Мо метавонем маънои динро ба таври хулоса чунин баён кунем: дин иборат аст аз робита ва алоқаи ошкор ва мавриди назар, ки рӯҳҳои ранҷдида онро байни худ ва як қудрати пинҳонӣ барқарор менамоянд. Ин рӯҳҳо вуҷуди он қудратро дарк намекунанд, худро пайрав ва тобеи он медонанд ва сарнавишту муқаррароти худро таҳти ирода ва машияти он қарор медиҳанд. Бинобар ин, намоз як амал ва ҳаракати динӣ аст ё метавон гуфт, ки намоз ҳақиқати дин аст».

Ин донишманд дар идомаи суханонаш мегӯяд: «Дин то ҷанбаи амалӣ ба худ нагирад, дин нест, балки бояд саъю кӯшиши чашмгире дошта бошад, то нафсро ба паноҳ бурдан ба Парвардигори худ водор намояд, бо ҷиддият барои наҷот аз ҳалокату бадбахтӣ талош намояд ва чунин талоше, ки боиси наҷоти нафс мегардад, намоз аст, на ғайри он. Албатта, манзурам аз намоз танҳо гуфтани калимот ва такрори иборот ва дуоҳои он нест, балки намоз иборат аст аз аъмол ва ҳаракоте, ки нафс огоҳона онҳоро анҷом медиҳад, то ба таври мустақим робитаи худро бо як қудрати фавқулодда ва диданашаванда устувор намояд. Ҳамон қудрате, ки фитрати инсон ба он эътироф мекунад ва ҳатто қабл аз ин ки пайғамбарон биёянд ва исме монанди Аллоҳ бар он итлоқ кунанд, онро мешинохт ва худро тобеи он медонист. Бинобар ин, дин иборат аст аз робита ва алоқаи маънавии мавҷуд дар байни нафс ва Парвардигори он ва ҳар гоҳ чунин робитае мавҷуд набошад, дине ҳам вуҷуд надорад».[1]1

ФАЛСАФАИ НАМОЗ

Ҷомеаи башарӣ ниёзманди як қудрати бузурги рӯҳӣ ва маънавӣ аст, то битавонад рӯҳияи афродро дар сатҳи болое қарор диҳад ва ба таври доимӣ онро ба сӯйи намунаҳои комил ба ҳаракат дароварад, то мабодо равобити афрод танҳо бар ниёзҳои моддӣ ва манофеи шахсӣ устувор гардад, ки боиси ба вуҷуд омадани фитнаю фасоди бисёр дар замин хоҳад шуд. Бидуни шак, намоз он нерӯ ва қудрати азими маънавӣ ва рӯҳиро ба ҷомеаи инсонӣ мебахшад, ки барои ислоҳ ва саодати иҷтимоъ ба он ниёзманд мебошад. Намоз рӯҳи инсонро орому мутмаин месозад, чаро ки чун рӯҳи инсон бо Парвардигораш робитае надошта бошад, осори ваҳшату ҳарос ва шикасту бадбахтӣ ва беқаноатӣ бар ӯ ғалаба менамояд ва ағлаб гумон мекунанд, ки чораи ин ваҳшату ҳарос танҳо аз тариқи саргармиҳои номашрӯъ ва пайравӣ аз тамоюлоти нафсӣ имконпазир аст. Бинобар ин, дар доми шаробу қимор ва маводи мухаддир гирифтор меояд ва зиндагиро дар ниҳояти изтиробу ваҳшат ва ҳирсу таассуф бар он чи ба он даст наёфтааст, сипарӣ менамояд. Дар ҳоле ки намоз рӯҳи умедро дар инсон ба вуҷуд меоварад ва ӯро водор месозад, то тамоми хостаҳои худро аз Парвардигораш талаб намояд ва дар натиҷаи ин итминону оромиш бар ӯ мусаллат мегардад.

Намоз, қудрату имон ба пайравӣ ва фармонбардорӣ аз дастуроти Худоро дар инсон ба вуҷуд меоварад ва ӯро қодир месозад бо тамоюлоти нафсонӣ ва хостаҳои шаҳвонӣ ба мубориза бипардозад ва бар онҳо ғалаба намояд. Намоз яъсу навмедиро аз дилҳо мезудояд ва онҳоро даъват менамояд, ки ба ёрӣ ва кӯмаки Худованд умедвор бошанд ва дар ҳар шароите ба ӯ паноҳ бибаранду аз ӯ ёрӣ бихоҳанд. Ба ростӣ, касе ки ба Худо эътимоду таваккул дошта бошад, яъсу навмедиро намешиносад ва аз чунон қудрати нафс ва тасаллути рӯҳие бархурдор аст, ки метавонад бо бузургтарин ва хатарноктарин мушкилоти зиндагӣ рӯ ба рӯ шаваду онро ҳал намояд.

Бинобар ин, тардиде нест, ки иттисолу иртиботи рӯҳ бо Парвардигори олам ҳарчанд рӯзона чанд лаҳзае ҳам бошад, ҷузъи заруриёт ва ниёзҳои аввалияи инсон аст ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованди мутаол ба мусулмонон дастур дода, то бо хондани намоз бо ӯ робитаи мустақим барқарор намоянд.

ВОҶИБ БУДАНИ НАМОЗ

Қуръони карим дар оятҳои бисёре дастур ба хондани намоз додааст. Аз ҷумла мефармояд:

﴿فَإِذَا ٱطۡمَأۡنَنتُمۡ فَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَۚ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ كَانَتۡ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ كِتَٰبٗا مَّوۡقُوتٗا ١٠٣﴾ [النساء : ١٠٣]

«Ба иқомати намоз бипардозед ва онро ба хубӣ анҷом диҳед. Ба ростӣ, намоз бар мӯъминон фарз ва дорои вақтҳои маълуму муайян аст» (Нисо, 103).

Худо дар васфи дӯзахиён ба ҳангоме ки дар бораи иллати азобашон аз онон суол мешавад, мефармояд:

﴿مَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ ٤٢ قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ ٤٣﴾ [المدثر: ٤٢، ٤٣]

«Чӣ чизҳое шуморо дар дӯзах қарор додааст, (дар ҷавоб мегӯянд дар дунё) мо аз зумраи намозгузорон набудем ва ба мустамандон ғизо намедодем ва ниёзи ононро бартараф намесохтем» (Мудассир, 42-43).

Қуръони карим кайфияти намоз хонданро баён накардааст, балки Пайғамбар (с) онро равшан намуда ва ба асҳобаш дастур дод, то монанди ӯ намоз бихонанд ва фармуд: «Ман чӣ тавре ки намоз мехонам, шумо ҳам ҳамон тавр намоз бихонед» (Бухорӣ, Аҳмад, Доримӣ ва Ибни Ҳиббон)

Мо дар ин ҷо дар бораи аъмол ва ҳаракоти мавҷуд дар намоз ва фалсафаи онҳо ба баҳс мепардозем, вале қаблан дар бораи шароиту муқаддамоти намоз ва қабл аз ҳама вузӯ баҳс менамоем.

ҲИКМАТ ВА ФАЛСАФАИ ВУЗӯ

Қуръони карим чигунагӣ ва тарзи вузӯро ба мо нишон медиҳад ва мефармояд: «Эй мӯъминон! Ҳангоме ки барои намоз ба по хостед (ва вузӯ) надоштед, рӯйҳо ва дастҳои худро ҳамроҳ бо оринҷҳо бишӯед ва сарҳои худро (ҳама ё қисмате аз он) масҳ кунед ва пойҳои худро ҳамроҳи буҷилҳо бишӯед» (Моида, 6).

Яке аз ҳикматҳои вузӯ омода сохтани зеҳни инсон барои намоз аст, чаро ки рӯҳу ҷавҳари намоз ин аст, ки инсон худро дар пешгоҳи Парвардигораш таслим ва хошеъ нишон диҳад ва барои ин ки битавонад зеҳни худро омодаи чунин хушӯъ ва хузӯъе намояду аз машғулиятҳои фаровони зиндагӣ дур шавад ва бо қалби фориғ дар пешгоҳи Парвардигор ҳузур ёбад, бар ӯ воҷиб шудааст, ки қабл аз хондани намоз вузӯ бигирад. Фалсафаи ин амр ин аст, ки ҳар гоҳ фикри инсон амиқан ба масоиле машғул бошад, наметавонад дар бораи чизи дигаре фикр кунад, агар ин ки бо анҷоми аъмолу ҳаракоти нисбатан шадид худро огоҳу бедор созад, то ба суръат аз фикри аввалӣ дур шавад ва онҳоро раҳо созад, аммо агар бихоҳад бидуни анҷоми чунин амалиёт худро омода намояд, то ба тадриҷ дар бораи масъалаи дувумӣ фикр кунад, ниёз ба вақти бузургтаре дорад. Масалан, агар касе фикраш ба масоиле монанди тиҷорату санъат шадидан машғул бошад, гуфта шавад: биё, намоз бихон, яқинан, омодагии лозимро надорад ва дар худ эҳсоси сустию сангинӣ менамояд, вале вақте вузӯ гирифт ва аъзои муҳими баданашро бо об тоза кард, зеҳнашро дар бораи тафаккур дар бораи чизи тозае омода месозад. Дар ҳақиқат, бо гирифтани вузӯ рӯҳи инсон мутаваҷҷеҳи Зоти Аллоҳ мегардад.

ШАРОИТИ НАМОЗ

Яке аз шароити дуруст гардидани намоз ин аст, ки бадан ва либоси намозгузор ва ҷое, ки намоз дар он баргузор мешавад, аз ҳар гуна олудагӣ ба чизҳои нопок маҳфуз бошад. Ин амр мусулмононро ба покию назофат одат медиҳад ва ононро покизаю назиф ба бор меоварад. Шарти дигари намоз ин аст, ки намозгузор ба ҳангоми хондани намоз бояд қисмати аврати баданаш пӯшида бошад. Аврати мардон мобайни ноф ва зонуҳои онон (аз ноф то зону) аст ва аврати занон шомили тамоми бадан ҷуз рӯй ва кафи дастҳои эшон мебошад (Бинобар ин, бар мардон воҷиб аст ба ҳангоми барпо доштани намоз мобайни нофу зонуҳои худро бо порчае бипӯшонанд ва агар ин қисмат ё бархе аз он ба ҳангоми намоз бараҳна бошад, намоз ботил аст ва бар занон ҳам воҷиб аст тамоми бадани худро ба ҷуз рӯй ва дастҳояшон то банди даст бипӯшонанд ва агар синаю гардан ва ё пойҳояшон ба ҳангоми намоз намоён бошад, намозашон ботил мегардад).

Илова бар ин, барои дуруст гардидани намоз бар намозгузор воҷиб аст, ки рӯ ба қибла биистад, то қиблаи ҳамаи мусулмонон ва нуқтаи иттиҷоҳи эшон як бошад. Агар қибла аз ҷониби Худованд таъйин намешуд ва ҳар кас ба майли худ ба ҳангоми намоз ба ҳар ҷиҳате, ки мехост, намоз мехонд, ин амр боиси ташаттут ва парокандагию беназмӣ мегардид ва аз тарафи дигар, намозгузор намедонист, ки кадом ҷиҳат беҳтар ва савобаш бештар аст, то рӯ ба он биистад ва дар ҳолати изтиробу сардаргумӣ қарор мегирифт. Ба ин хотир, ҳикмати илоҳӣ иқтизо намуд, ки Каъба, ки аввалин ибодатгоҳе аст, ки бар рӯйи замин сохта шудааст, ба унвони қибла ва нуқтаи иттиҷоҳи ҳамаи мусулмонон таъйин шавад, то мардум дар як сафи воҳид ва бо як дуо ва ниёиши воҳид ва дар як ҷиҳату замони воҳид Худои ягонаро парастиш намоянд. Албатта, манзур аз рӯ ба Каъба истодан ҳангоми намоз ибодат ва парастиши Каъба нест ва ибодату парастиш танҳо барои Зоти Аллоҳ аст. Шариати Ислом касеро, ки ба қасди ибодати Каъба рӯ ба он истад, кофир ва мушрик медонад, вале рӯ ба Каъба кардан дар намоз боиси иттиҳоду ҳамоҳангӣ ва тартиб дар байни намозгузорон мешавад.

Намозгузор қабл аз шурӯи намоз азон ва иқомаро мегӯяд ва аз суннати Пайғамбар (с) пайравӣ менамояд ва бо гуфтани калимоти махсусе рӯҳи худро барои касби файз дар пешгоҳи Парвардигораш омода месозад. Ва бо замзамаи ин калимот дар азон омодагии худро эълом медорад: «Худованд аз ҳама чиз боазаматтар ва бузургтар аст ва гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Зоти Аллоҳ сазовори парастиш нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад расул ва фиристодаи Худо аст. Ба сӯйи намоз бишитобед ва ба сӯи коре бишитобед, ки боиси наҷот аст. Ва Худованд аз ҳар чизе боазаматтар аст ва маъбуди барҳақе, ҷуз Зоти Аллоҳ вуҷуд надорад».

Ин буд муқаддамот ва шароите, ки қабл аз шурӯи намоз риояи онҳо зарурӣ аст.

БАҲСЕ ДАР БОРАИ АЪМОЛ ВА ҲАРАКОТЕ, КИ ДАР

НАМОЗ АНҶОМ ДОДА МЕШАВАНД

Вақте ки намозгузор аз гуфтани иқома фориғ шуд, нияти намозро дар қалби худ ҳозир менамояд ва дастҳояшро то баробари китфҳояш баланд мекунад ва мегӯяд: Аллоҳу Акбар ва бо гуфтани ин калима эълом медорад, ки Худованд аз ҳама чиз болотару бузургтар аст ва бо шурӯи намозу муноҷот бо Худо аз ҳар чизи дигар ғофилу рӯгардон мешавад. Баъд аз гуфтани Аллоҳу Акбар дастҳояшро пойин меоварад, ба тавре ки онҳоро озод мекунад ва ё дасти росташро рӯйи дасти чапаш бар сина (зери ноф) қарор медиҳад. Ин шеваи истодан ба намозгузор нишон медиҳад, ки бар ӯ воҷиб аст, ки бо қалбе огоҳ ва хузӯи тамом дар пешгоҳи илоҳӣ қарор гирад. Он гоҳ шурӯъ ба хондани дуои ифтитоҳ мекунад ва мегӯяд:[2]

«Қалбу рӯйи худро мутаваҷҷеҳи Зоте менамоям, ки осмонҳо ва заминро офаридааст. Ман аз инҳироф ба дур ва мусулмону таслими фармони Парвардигор ҳастам ва аз зумраи касоне нестам, ки барои Худо шарик қарор медиҳанд”. (Анъом, 79).

Бигӯ яқинан, тамоми намоз, ибодату ситоиш ва зиндагӣ ва марги ман танҳо барои Парвардигори оламиён аст, ки ҳеҷ шарик ва анбозе надорад. Ба ман дастур дода шуда, то ба ин шева Худовандро парастиш кунам ва ман аз зумраи касоне ҳастам, ки таслими фармони Худо мебошанд» (Анъом, 161-162).

Вақте намозгузор ин дуоро мехонад, азамату қудрати илоҳӣ бар қалбаш мусаллат мегардад ва намозашро бо хулусу хушӯи бештар анҷом медиҳад.

Баъд аз дуои ифтитоҳ намозгузор сураи «Фотеҳа» мехонад ва мегӯяд:

﴿بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ١ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٣ مَٰلِكِ يَوۡمِ ٱلدِّينِ ٤ إِيَّاكَ نَعۡبُدُ وَإِيَّاكَ نَسۡتَعِينُ ٥ ٱهۡدِنَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ ٦ صِرَٰطَ ٱلَّذِينَ أَنۡعَمۡتَ عَلَيۡهِمۡ غَيۡرِ ٱلۡمَغۡضُوبِ عَلَيۡهِمۡ وَلَا ٱلضَّآلِّينَ ٧﴾ [الفاتحة: ١، ٨]

«Ба номи Худованди Бахшандаву Меҳрубон (ва барои ӯ намозро шурӯъ менамоям) ва тамоми сипосу ситоишҳо сазовори Худованде аст, ки Парвардигори ҳамаи ҷаҳониён аст ва Бахшандаву Меҳрубон аст, подшоҳи рӯзи ҷазост. (Парвардигоро), танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту кӯмаку ёрӣ металабем. Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо, ҳамон роҳи касоне, ки неъмати худатро ба онон бахшидӣ (ва мавриди раҳмати Ту воқеъ шудаанд), на роҳи онон, ки мавриди ғазаби Ту қарор гирифтаанд ва на роҳи онон, ки саргаштаву гумроҳанд» (Фотиҳа, 1-6).

Хондани сураи «Фотиҳа» дар тамоми ракъатҳои намоз воҷиб аст, зеро ин сура дорои маонии пурмӯҳтавою зебое аст, асари бисёр муҳиме дар ислоҳи фарду ҷомеа дорад ва сураи «Фотиҳа» рӯҳу ҷавҳари намоз аст, бинобар ин лозим аст, ки каме дар бораи он ба баҳс бипардозем.

МАОНИИ ЗЕБО ВА БАЛАНДЕ, КИ СУРАИ «ФОТИҲА»

БА ОНҲО ИШОРА ДОРАД

Аввал, сураи «Фотиҳа» лутфу эҳсони Худовандро муаррифӣ менамояд ва аз оятҳои «Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин, арраҳмонир раҳим» маълум мегардад, ки тамоми сипосу ситоиш хоси Худо аст, чун ҳар неъмате, ки мӯҷиби ситоиш аст, аз ҷониби Худо ба вуҷуд омадааст ва маншаъ ва масдари ҳамаи неъматҳо Зоти Аллоҳ аст. Пас ҳамаи ситоишҳо сазовори ӯ аст. Ҷумлаи «Раббил ъоламин» намоёнгари ин воқеият аст, ки тамоми афроди башар аъзои як хонавода ҳастанд ва сарпарасту мураббии ҳама Зоти Аллоҳ аст. Бинобар ин, ҳама бояд бо ҳам дӯсту меҳрубон бошанд. Қуръони карим ин тафаккури олиро ба мусулмонон ва ҷомеаи инсонӣ таълим медиҳад ва онро ба унвони садди муҳкаме дар баробари таассуботи қавмӣ ва рангу нажодпарастӣ мустақар месозад. Албатта, тарбияи бандагон ба василаи Парвардигори олам ду навъ аст: яке тарбияти фитрию сириштӣ аст, ки бо рушду такомули ҷисм ва пешрафти нерӯи ақлу идрок анҷом мегирад ва дигаре тарбияи динию ахлоқӣ ва тазкияи рӯҳӣ аст, ки ба василаи ваҳйи илоҳӣ ба тасфия ва ислоҳи нафси худ мепардозанд.

«Арраҳмонир раҳим» сифате ҳастанд аз сифоти хоси илоҳӣ ва зикри онҳо баъд аз сифати Раб баёнгари ин ҳақиқат аст, ки тарбияи илоҳӣ бар асоси меҳру муҳаббат ва бахшишу эҳсон аст, на қаҳру хушунат. Аз ин рӯ, бар мураббиён лозим аст, ки ба пайравӣ аз Парвардигори худ меҳру муҳаббатро асоси кори таълиму тарбия қарор диҳанд. Намозгузор вақте ин ду сифати илоҳиро ба каррот дар намозаш такрор менамояд, яқин ҳосил мекунад, ки Парвардигораш бахшандаю меҳрубон аст ва бо итминони комил ба сӯйи ӯ рӯй меоварад ва барои ҷалби ризои илоҳӣ кӯшиш менамояд.

Дувум, сураи «Фотиҳа» шомили ваъдаи раҳмати илоҳӣ аст. Вақте Худованд сифати раҳматро баён медорад, пас аз он ба мардум ҳушдор медиҳад ва мефармояд мағрур набошед, Ман молики явми дин – подшоҳи рӯзи ҷазо ҳастам, некӯкоронро подош медиҳаму бадкоронро муҷозот менамоям ва дар рӯзи қиёмат тамоми умур дар қабзаи қудрати Ман аст.

Ваъдаи илоҳӣ шомили фарду ҷомеа аст ва неъматҳои дунёю қиёмат, яъне ҳар дуро дар бар мегирад. Худованд ба мӯъминони воқеӣ, ки ба шариату қонуни Ислом рафтор менамоянд, ваъда додааст, ки хилофати замин аз они эшон хоҳад буд ва аз неъмати охират низ баҳраманд мебошанд. Таҳдиди илоҳӣ низ шомили бадбахтии дунё ва азоби дӯзах мебошад.

Севум, сураи «Фотиҳа» мӯъминонро ба тавҳиду ибодати Парвардигор деъват менамояд ва ояти «Ийёка наъбуду ва ийёка настаъин», яъне танҳо Туро парастиш мекунем ва шарике бароят қарор намедиҳем ва танҳо аз Ту мехоҳем, ки моро бар ибодату парастиши Худат ва тамоми корҳои дигар кӯмаку ёрӣ фармоӣ ҳамин ҳикматро дорад. Вақте инсон ин оятро мехонад, ба таври қотеъ бар ҳамаи ширку бутпарастиҳое, ки дар байни миллатҳо шоеъ аст, хатти бутлон мекашад. Манзур аз бутпарастии шоеъ ин аст, ки афроде ба унвони валӣ ва сарпарасти умур ва ҳамакора дар масоили олами ҳастӣ қарор дода мешаванд ва мардум гумон мекунанд, ки ин идда дорои қудрату нерӯи ғайбӣ ҳастанд ва барои рафъи мушкилот ва бароварда шудани хостаҳояшон ба ҷойи ин ки Худоро ба фарёд хонанд, ин афродро ба фарёд мехонанд ва ба эшон паноҳ мебаранд. Дар ҳоле ки мушкилкушо ва паноҳдиҳанда танҳо Зоти Аллоҳ аст, ғайри Худоро ба ҳалли мушкилот ва шифои бемориҳо металабанд. Касоне, ки дорои чунин ақида бошанд, аз роҳи рост мунҳариф шудаанд ва аз шариату қонуни Худо рӯйгардон гаштаанд ва муртакиби як навъи ширку бутпарастӣ мебошанд.

Вале вақте намозгузор мегӯяд «Ийёка наъбуду» – танҳо барои Ту ибодат мекунем, яъне ҷуз Зоти Аллоҳ маъбуди дигаре нест ва вақте мегӯяд “Танҳо Туро ба ёрӣ металабем ва аз ту кӯмак мехоҳем”, яъне, ҷуз Зоти Аллоҳ каси дигаре дорои қудрати ғайбӣ нест, ки битавонад ба василаи он ба бандагон кӯмак кунад. Ин ояти шарифа рӯҳи мӯъминонро ором месозад ва онро аз чанголи афсонаҳо ва авҳому хурофот ва ибодат барои ғайри Худо раҳо менамояд.

Чаҳорум, сураи «Фотиҳа» моро роҳнамоӣ мекунад, ки бар ибодат ва анҷоми корҳои хайр сабру истиқомат дошта бошем ва дар баробари мушкилот пойдорӣ намоем. Ҳикмати ояти «Иҳдина-с-сирота-л-мустақим», яъне “Илоҳо, ба кӯмак ва тавфиқи Худат моро ба роҳи рост ва илми ҳамроҳ бо амал раҳнамоӣ бифармо” ин аст, ки чун инсони мӯъмин бо мушкилоту балоҳои фаровон муҳосира мешавад ва ё як нороҳатии шадиди рӯҳӣ ӯро дар тангно қарор медиҳад ва тамоми дарҳо ба рӯяш баста мегардад, дари раҳму карами Худоро бар рӯйи худ боз мебинад ва бошитоб ба хондани намоз мепардозад ва Худои худро ба фарёд мехонаду мегӯяд: “Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо”. Он гоҳ нафсаш мутмаин хоҳад шуд ва дар рӯёрӯӣ бо мушкилот қавӣ ва нерӯманд мегардад.

Панҷум, сураи «Фотиҳа» ба мо меомӯзад, ки аз покон ва солеҳон пайравӣ намоем ва ояти «Сирота-л-лазина анъамта алайҳим», яъне моро ба роҳе ҳидояту раҳнамоӣ намо, ки роҳи бандагони поку солеҳ ва дурусткор монанди пайғамбарону сиддиқон ва солеҳон аст. Инсон дар зиндагии худ ниёз ба роҳбару дӯсти пок ва намунаи камол дорад, то ба он иқтидо кунад. Ин амр боиси афзоиши ирода ва ҳиммати ӯ мегардад ва ба сӯйи хайру некӯкорӣ рӯй хоҳад овард.

Шашум, сураи «Фотиҳа» моро аз пайравии инсонҳои нопоку гумроҳ манъ мекунад ва ба мо дастур медиҳад, то аз онон дурӣ намоем. “Ғайри ғазабшудагон ва ба бероҳгаштагон”. Касоне, ки мавриди ғазаби илоҳӣ қарор гирифтаанд, ашхосе ҳастанд, ки баъд аз илму огоҳӣ ба роҳи ҳақ онро тарк кардаанд ва мустаҳиққи хашму қаҳри илоҳӣ шудаанд. Золлин ҳам касоне мебошанд, ки дар ақоиди худ роҳи ғалатро дар пеш гирифтаанд ва гумроҳ шудаанд.

Албатта, сураи «Фотиҳа» шомили маъонӣ ва фавоиду рамзҳои волои дигаре низ мебошад, аз ҷумла овардани калимоти наъбуду ва настаъину ва иҳдино ба сурати ҷамъ бо вуҷуди ин ки намозгузор як фард аст, намоёнгари ин масъала мебошад, ки Худованди мутаол мусулмононро даъват мекунад, то ваҳдату ҳамкории муҳкам ва ҳамаҷониба дошта бошанд ва ба корҳое рӯй оварданд, ки боиси хайру хушбахтии ҷомеа аст. Боз ҷумлаи ийёка наъбуду даъвате аст аз ҷониби Парвардигор, то ҳама қалби худро фақат мутаваҷҷеҳи як ҳадафи воҳид намоем, ки ибодату парастиши Зоти Аллоҳ аст, на ғайр. Намоз ҳамаи моро ба ҳам пайванд додааст, зеро ҳадаф аз он танҳо расидан ба ризои Худо аст ва ҳеҷ нафъи шахсӣ ва тамоюли нафъӣ дар он нест. Мусалламан, ин амр боиси иттиҳоду ҳамоҳангӣ дар байни мусулмонон мегардад. Ҳамчунин ҷумлаи ийёка настаъин моро роҳнамоӣ менамояд, ки дар тамоми корҳои худ ба Худо паноҳ барем ва аз ӯ кӯмаку ёрӣ дархост кунем ва боз моро ба ҳамкорию таовун ва кӯмак дар корҳои хайре, ки инсон ба танҳоӣ қодир ба анҷоми онҳо нест, роҳнамоӣ мефармояд.

Ҷумлаи «Иҳдино-с-сирота-л-мустақим», ки дархости расидан ба роҳи рост дар пешгоҳи илоҳӣ аст, як даъвати зимнӣ аст аз ҷониби Худованд, то мо ҳамдигарро ба роҳи росту ҳақ роҳнамоӣ кунем.

 Ин аст сураи «Фотиҳа»-е, ки шахси мусулмон ҳар рӯз ҳабдаҳ бор онро дар намозҳои панҷгонаи худ ба иловаи намозҳои суннат такрор менамояд. Ба ростӣ, сураи «Фотиҳа» нидо ва суруше аст осмонӣ, ки инсони мусулмон онро ба ҳангоми шаб ва соатҳое аз рӯз замзама менамояд ва ба василаи он бо Парвардигори худ ба розу ниёз мепардозад. Нидое аст, ки аз суруди дигар миллатҳо болотару волотар ва пурмӯҳтавотар аст. Суруди миллатҳои дигар дарбаргирандаи таассуби қавмӣ ва бартариҷӯӣ бар дигарон ва даъват ба сӯйи ташкили ҳукумати маҳаллӣ аст, ки ҷанбаи шарофату каромати бисёр хурду маҳдуд ва камарзиш дорад, дар ҳоле ки ин нидои исломӣ бародарию баробарӣ ва меҳру муҳаббатро дар байни ҳамаи инсонҳо густариш медиҳад ва хайру саодати ҳамаро мехоҳад.

БАЁНИ БОҚИИ АЪМОЛ ВА ҲАРАКОТЕ, КИ ДАР НАМОЗ АНҶОМ ДОДА МЕШАВАНД

Баъд аз ин ки намозгузор бо қалби орому огоҳ сураи «Фотиҳа»-ро хонд ва ба диққат маънои онро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод, мегӯяд омин, яъне Парвардигоро, ниёишу ибодат ва дуоҳои маро қабул фармо. Ҳоли намозгузор дар баробари Парвардигораш дар чунин вазъе шабоҳат ба ҳоли бемор ва духтур дорад. Бемор бошитоб ба назди табиб меравад ва орзуи шифои комил дорад. Духтур ба ӯ дастур медиҳад, ки давоеро, ки муайян кардааст, масраф кунад, то аз нороҳатӣ халосӣ пайдо намояд. Намозгузор ҳам ба суръат ба сӯйи Худо рӯй меоварад ва бо исрор аз ӯ талаби ҳидоят менамояд ва давои шифои бемориҳои рӯҳӣ ва ақидатӣ ва наҷот аз рафторҳои нописандро аз ӯ дархост мекунад ва дар ниҳояти хушӯъ ва ихлос мегӯяд: «Талаби маро бипазир». Мисли ин ки Худованд ба ӯ ҷавоб медиҳад ва мефармояд: «Давои дардатро аз каломи Ман, ки Қуръон аст, ба даст биёвар ва баъд аз қироати сураи «Фотиҳа» он чи, ки бароят мумкин аст, аз Қуръон бихон". Чун оятҳое, ки мехонӣ, давои шифодиҳандаи ту аз ҷамеи бемориҳои ақидатӣ ва рафторҳои нописандида аст». Ба ҳамин хотир аст, ки намозгузор баъд аз хондани сураи «Фотиҳа» дар ракъатҳои аввал ва дувуми намоз чанд ояти дигар аз Қуръони каримро мехонад.

Дар ин ҳолат намозгузор комилан мутаваҷҷеҳи заъфу нотавонии худ ва ниёзи шадид ба ҳидояти Парвардигораш мешавад, то давои шифобахшро ба ӯ ато намояд ва яқин дорад, ки ҷуз ӯ каси дигаре қодир ба атои чунин давое нест. Аз ин рӯ, ниҳояти хушӯъ ва илтимоси худро амалан нишон медиҳад, пушташро хам менамояд ва дастҳояшро бар зонуҳояш мегузорад ва ба гуфтани Аллоҳ акбар ба ҳолати рукӯъ дармеояд, сипас дар ин ҳолат се бор “Субҳона раббиял ъазим” мегӯяд, яъне Парвардигори бисёр бузургро аз ҳар айбу норасоӣ поку муназзаҳ медорам ва танҳо ӯро ситоиш мекунам

Албатта, барои касоне, ки имоматро ба ӯҳда надоранд, хондани бештар аз се бори ин ҷумла суннат аст, вале имом бояд риъояти ҳоли мӯъминро бинамояд ва беш аз се бор дар рукӯъ “Субҳона раббиял ъазим” бихонад.

Сипас намозгузор аз рукӯъ баланд мешавад ва ба манзури дуои шукру сипоси Парвардигораш, ки ба воситаи неъмати ҳидоят бар ӯ миннат гузоштааст, рост меистад ва мегӯяд: “Самиъаллоҳу лиман ҳамида”, яъне Худованд, шукри шукргузоронро мепазирад ва онро қабул менамояд. Ва пас аз он мегӯяд: «Раббано лакал ҳамд», Парвадигоро, сипосу ситоиш танҳо сазовори Ту аст ва барои Ту аст. Намозгузор мебинад, ки неъматҳои илоҳӣ қобили шумориш нест ва ӯ оҷизу нотавон аз шукри неъматҳои Парвардигор аст, чорае намебинад ҷуз ин ки дар ниҳояти хушӯъ ва ихлос Аллоҳ Акбар гӯён ба саҷда дарояд ва пешониро, ки мазҳари қудрату ифтихор аст, бо фурӯтанӣ ба унвони таъзим бар хок бимолад ва амалан нишон диҳад, ки ин корро танҳо барои Парвардигор анҷом медиҳад. Ва бо забон ҳам се бор мегӯяд: «Субҳона раббиял аъло» ва бо гуфтани Аллоҳ Акбар сарро аз саҷда баланд мекунад ва бо гуфтани «Раббиғфир варҳам» Парвардигоро, маро мавриди афву мағфират ва раҳми худат қарор бидеҳ, тақозои лутфу марҳамати илоҳӣ мекунад. Он гоҳ барои бори дувум Аллоҳ Акбар гӯён ба саҷда меравад ва ракъати дувумро низ монанди ракъати аввал ба ҷуз хондани дуои ифтитоҳ анҷом медиҳад.

Лозим ба зикр аст, ки Ислом дастур додааст, ҷумлаи «Аллоҳ акбар» ба каррот дар намоз зикр шавад ва намозгузор бояд намозашро бо «Аллоҳ акбар» шурӯъ кунад, вақте ки ба рукӯъ ва суҷуд меравад ва аз саҷда баланд мешавад, бояд онро такрор кунад. Зикри ин ҷумла ба каррот дар намоз шарофату шахсият ва иззат ба намозгузор мебахшад ва ӯро тавре бор меоварад, ки дар баробари ҳеҷ махлуқе забун набошад, чаро ки Худованд аз ҳамаи мустакбирон бузургтару боазаматтар аст ва танҳо ӯ сазовори таъзим аст.

Вақте намозгузор ракъати дуюмро такмил кард, баъд аз саҷдаи дуюм баташаҳҳуд менишинад ва мегӯяд: «Сипос ва ситоиши поку пурбаракат ва дуои холису некӯ махсуси Зоти Аллоҳ аст, дуруду салом ва раҳмату баракати Худо бар ту бод, эй Расули Худо, дуруди Худо бар мо ва бар ҳамаи бандагони солеҳу дурусткори Худованд бод. Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуде баҳақ ҷуз Зоти Аллоҳ нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад Пайғамбар ва фиристодаи Худо аст».

Фалсафа ва ҳикмати хондани ин дуо ва ниёиш ин аст, ки намозгузор вақте мехоҳад аз ҳузури Мавло ва Парвардигори худ хориҷ шавад, дӯст дорад, ки бори дигар ӯро сипосу ситоиш гӯяд ва бо гуфтани «Аттаҳийёту лиллоҳ» тамоми ҳамду сано ва таъзимро махсуси Парвардигораш мегардонад ва ҳеҷ мавҷудеро дар ин амр шарику анбози ӯ намешиносад. Сипас ба манзури эҳтирому қадрдонӣ ва баёни эътироф ба рисолати ҳазрати Расул (с) бар ӯ дуруд мефиристад, то ба унвони пайрави ростин қисмате аз вазоифи худро нисбат ба он зоти бузургвор адо карда бошад ва бо фиристодани дуруду салом бар равони муқаддаси вай аҳд ва паймони тамассук ба шариати исломро ба ӯ таҷдид ва таъкид намояд. Сипас мегӯяд: “Ассалому ъалайно ва ъало ибодиллоҳис солиҳин”.

Зикри ин дуо дар ташаҳҳуд ба яке аз ҳадафҳои олӣ ва муқаддаси Ислом ишора дорад ва он ин аст, ки Ислом дини салом, меҳру муҳаббат ва инсондӯстӣ аст. Ба пайравонаш дастур медиҳад, ки ин шиори муҳаббат ва инсондӯстиро рӯзона дар намозҳои панҷгонаи худ зикр намояд ва ба ин тартиб ҳар рӯз миллионҳо нафар дар ҳоле ки дар олами рӯҳонӣ қарор доранд, онро такрор мекунанд ва саодати ҳамаи инсонҳои дурусткорро монанди саодати худ аз Худованди мутаол дархост менамояд.

Он гоҳ ҷумлаи шаҳодатайнро «Ашҳаду алло илоҳа иллалоҳ ва ашҳаду ана Муҳаммадар расулуллоҳ» адо менамояд ва дар ниҳояти ихлос ба ибодати худ ҳусни хитом мебахшад ва имону эътиқоди росихи худ ба Худо ва пайғамбарро дар ин лаҳзаи ҳассос дар пешгоҳи Парвардигор эълом медорад ва муҷаддадан бар Пайғамбари Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам дуруд мефиристад ва баъд аз хондани дуоҳои марбут ба саодати дунё ва охират аз намоз хориҷ мешавад ва бо рӯй гардонидан ба тарафи рост бар фариштагон ва мӯъминоне, ки бо ӯ ҳастанд, дуруд мефиристад ва мегӯяд; ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ, сипас ба тарафи чапаш рӯй мегардонад ва бар фариштагону мӯъминоне, ки бо ӯ ҳастанд, дуруд мефиристад ва мегӯяд: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.

Вақте инсони мусулмон аз хондани чунин намозе фориғ мешавад, бо рӯҳи пок ва ишқу алоқаи фаровон ба хайру ислоҳ ва некӯкорӣ ва имону ихлоси Худо бо зиндагӣ рӯ ба рӯ мешавад ва хайру меҳру муҳаббат ва оромишу саодати дигаронро монанди саодати худ орзу менамояд.

Хонандаи мӯҳтарам, ин аст намози воқеӣ, ки Худованд дастур фармуда рӯзона панҷ бор онро ба ҷой оварем. Оё тасаввур мекунед касе, ки чунин намозеро бихонад, асаре аз бадҷинсӣ ва торикии нафс ва бадфитратӣ дар дарунаш боқӣ бимонад? Чун Худованди мутаол ба хусусиятҳо ва аҳволи инсон огоҳ аст ва медонад гирифториҳои рӯзмарраи зиндагӣ ба шиддат ӯро саргарму ғофил менамояд. Барои ҳамин, ҳикмати илоҳӣ иқтизо менамояд, то ба ӯ дастур диҳад шабонарӯз панҷ бор дар вақтҳои махсус намоз бихонад. Такрори намоз ба манзалаи давое аст бисёр шифобахш, ки ҳар гоҳ бемории ақидатӣ ва рафтори нописанд шиддат бигирад, бо истифода аз он бартараф мегардад.

БаЪЗе аз фалсафаҳои намоз дар Қуръон

Намоз аз корҳои нописандида ҷилавгирӣ мекунад

Вақте ки намозгузор рӯзе панҷ бор худро дар пешгоҳи боҳайбату азамат ва қудрати Парвардигор дар ҳоли муҳосибаи нафс мебинад ва алтофу неъмат ва раҳмати илоҳиро мушоҳида менамояд, мусалламан, бояд имон ба Худо бар афкор, ақоид, зиндагии моддӣ ва маънавии ӯ ғалаба кунад ва имон ба сурати як қудрати фаъол тамоми ҳолатҳои зиндагии ӯро назорат намояд ва тамоми ҳаракоташ дар партави нури имон бошад. Бидуни шак, чунин инсоне нафси худро аз пайравии шаҳавот ва тамоюлоти нафсонӣ боз медорад ва аз корҳои баду номашруъ дурӣ меҷӯяд ва Худованди мутаол ба ҳамин маъно ишора мекунаду мефармояд:

 ﴿ٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَۖ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۗ وَلَذِكۡرُ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَصۡنَعُونَ ٤٥﴾ [العنكبوت: ٤٥]

«Намозро ба хубӣ ва ба таври комил анҷом деҳ, чаро ки намоз инсонро аз гуноҳу корҳои нописанд боз медорад (ва намоз зикри Худост) ва зикри Худо аз ҳама чиз болотару волотар аст ва Худованд огоҳ аст ба он чи анҷом медиҳед» (Анкабут, 45).

Дар ин ояти шарифа Худованд ба мо фармон медиҳад то намозро иқома кунем ва маънои иқомаи ҳар чиз ин аст, ки онро ба тарзи аҳсан ва ба сурати комил, ки ҳадаф ва мақсуди аслии он адо шавад, анҷом гирад. Ҳадафи аслии намоз хушӯъ ва хузӯъ ва таваҷҷӯҳи қалб ба азамату қудрат ва ҳайбати Парвардигор аст, ки монеи наздикии инсон ба корҳои номашрӯъ ва гуноҳони кабира мегардад. Бидуни шак, вақте намоз холӣ аз ин ҳадаф ва рӯҳи маънавӣ бошад, дуруст нест, ки ба намозгузор гуфта шавад, иқомаи намоз намудааст (чаро ки иқомаи намоз анҷоми он ба таври аҳсан аст, тавре ки ҳадафи аслиро таъмин кунад). Бинобар ин, намоз танҳо аз шакли зоҳирии он ва анҷоми қиём ва рукӯъ ва суҷуд гуфтани алфоз ва калимоте иборат нест, ки инсонҳо ба онҳо одат кардаанд ва ба осонӣ анҷом медиҳанд. Худованди мутаол намозгузоронеро, ки танҳо ба ҳаракоти зоҳирӣ ва гуфтани калимоту алфоз бидуни таваҷҷӯҳ ба маънои онҳо ва рӯҳи ибодат иктифо мекунанд ва аз ҳадафи аслии он, ки хушӯъ аст, ғофил мебошанд, таҳдид мекунад ва мефармояд: «Бадбахтӣ ва ҳалокат барои намозгузороне аст, ки аз ҳақиқат ва рӯҳи намози худ ғофиланд» (Моъун, 5-6).

Намоз ахлоқи ҳасана ва шуҷоату саховатро дар инсон ба вуҷуд меоварад: “Инсон мавҷуде аст шитобзада ва бар як ҳолати собиту пойдор нест. Вақте Худованд ӯро соҳиби неъмату сарват намояд, мағруру мутаккабир мешавад, ҳангоме ки ба фақру балое мубтало шавад, ба изҳори нотавонӣ ва аҷз мепардозад, вале намоз дарунро оромиш мебахшад ва ба нафс қудрату ирода медиҳад, ба тавре ки қодир аст дар баробари ғурур пойдорӣ кунад ва аз ибрози заъфу аҷз худдорӣ намояд ва такя ба пойгоҳи муҳкаме, ки ҳамон имон ба Зоти Аллоҳ аст, аз ҳеҷ чиз наҳаросад, ба ҳеҷ чиз мағрур нагардад, вазоифи динию ахлоқӣ ва инсониро ба тарзи аҳсан анҷом диҳад ва ба манзури касби ризои Парвардигор сарвату неъмати худро дар хайру эҳсон ва корҳои оммулманфиа харҷ намояд”.

Қуръони карим ба ин маъно ишора мекунад ва мефармояд: “Одамизод камтоқату ношикебо офарида шудааст. Ҳангоме ки бадӣ ва нороҳатӣ ба ӯ рӯ мекунад, сахт бетобу беқарор мегардад ва замоне ки хубию неъмат ба ӯ рӯ меоварад, сахт аз хайру эҳсон дареғ меварзад» (Маъориҷ, 19-22).

Қуръони карим намозро тасаллибахши балою мусибат муаррифӣ мекунад ва мефармояд:

﴿وَٱسۡتَعِينُواْ بِٱلصَّبۡرِ وَٱلصَّلَوٰةِۚ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلَّا عَلَى ٱلۡخَٰشِعِينَ ٤٥﴾ [البقرة: ٤٥]

«Эй мӯъминон, дар муқобили балоҳо ва мусибатҳои зиндагӣ аз сабр ва намоз кӯмак биҷӯед» (Бақара, 45).

Чаро ки намоз имони инсонро ба Худованд тақвият мекунад ва ҳар мушкилиро дар баробари он хурду ночиз ҷилва медиҳад.

НАМОЗ ТАМАРКУЗИ ФИКРРО ДАР ИНСОН

ТАҚВИЯТ МЕКУНАД

Вақте ки инсон ба сӯйи намоз мешитобад ва бо нияти холис ба ибодат ва парастиши Парвардигор мепардозад ва қалби худро мутаваҷҷеҳи қудрат ва азамати ӯ менамояд ва дар ҳоле ки афкор ва хаёлоти фаровони дигаре ӯро дар муҳосира гирифтаанд, аз ҳамаи онҳо дурӣ меҷӯяд ва зикру азамат ва ҳайбати илоҳиро ҷойгузини онҳо мекунад ва лаззати муноҷоту розу ниёзро бар тамоми онҳо тарҷеҳ медиҳад. Бидуни тардид дурӣ аз афкор ва хаёлоти дунявӣ, ки ӯро дар муҳосира доранд ва мубориза бо онҳо ва таваҷҷӯҳи қалб ба Зоти Аллоҳ эҳтиёҷ ба ирода ва тасмиму сабр ва шикебоии фаровон ва хавф аз Парвардигор дорад ва ин хавф ва тақво аст, ки онро хушуъ мегӯянд. Қуръони карим хушӯъ дар намозро боиси саодат ва растагории дунё ва охират қарор додааст ва мефармояд: «Бегумон, мӯъминон (дар дунё ва охират саодатманд ва) растагоранд, эшон касоне ҳастанд, ки дар намозашон хушӯъ (ва тақво аз Худованд) доранд» (Мӯъминун, 1-2).

Хошиъон касоне ҳастанд, ки бо фурӯтанӣ дар пешгоҳи Худованд меистанд ва аз азобаш бимноканд. Имом Фахри Розӣ хушӯъ дар намозро чунин тафсир мекунад, ки он таваҷҷӯҳи комил ба Худо ва ғофил шудан аз ғайри ӯ аст. Ин хушӯъ василае аст, ки барои рушди истеъдод ва тамаркузи фикр, ки асари бисёр муҳиме барои муваффақият дар зиндагӣ дорад. Ба ҳамин хотир беҳтар ин аст, ки тамаркузи фикрро бишиносем, то мизони аҳмияти онро дар муваффақияти зиндагии афрод дарк кунем.

Вилям Мултун Морстин, мутахассис дар илми равонӣ дар маҷаллаи баргузида аз «Ридарз Догбаст» дар ин бора мегӯяд: «Қудрату тасаллут бар тамаркузи (мутамарказсозии) фикр дар назди инсонҳои барҷаста дар тамоми масоили зиндагӣ ба сурати амри оддӣ дармеояд, ба тавре ки як роҳбар метавонад ҳар лаҳза дар ҳар муҳиме афкори худро мутамарказ кунад ва бо қотеияти лозим даст ба коре бизанад, ки анҷоми он лозим аст. Вале аксари мо қудрати тамаркузи фикрии ноқис дорем ва ин заъф боиси саргардонии мо мешавад ва корҳоямон ба воситаи ташаттути фикрӣ ва изтироби хотир ва хаёлоту тамоюлоти мутазод, ки наметавонем дар байни онҳо тафовуқ ба амал оварем ва тасмим бигирем, аз байн меравад ва зоеъ мегардаду фурсатҳои тиллоиро аз даст медиҳем».

Мултун ба суханонаш идома медиҳад ва мегӯяд: «Вақте ки фикру ақл дорои қудрати тамаркузи нерӯманде гардид, ба сурати як василаи бисёр фаъолу шигифтангез ва кофӣ, дар ба даст овардани тавфиқ ва пирӯзӣ дар зиндагӣ ҷилвагар хоҳад шуд». Он гоҳ дар идомаи суханонаш дар бораи чигунагии ба даст овардани ин қудрат мегӯяд: «Ин қудрат бо тамрин ба даст меояд ва тамрин ҳам ниёз ба сабру истиқомат дорад, чаро ки аз байн бурдани парокандагӣ ва ташаттути афкор ва расидан ба тамаркузи фикрии нерӯманд танҳо дар асари талоши мастамар ва ҷиддӣ ба даст меояд. Ҳар гоҳ тавонистӣ панҷоҳ ё сад бор пай дар пай ақлу фикри худро бар мавзӯе, ки қасди анҷоми онро кардаӣ, тамаркуз диҳӣ, аз ин кор кӯтоҳӣ накун, чаро ки хаёлоте ки шуморо аз анҷоми он боз дорад, тӯле намекашад, ки ҷойи худро холӣ мекунад ва иродаву тасмиме, ки барои анҷоми мавзӯи мавриди назар гирифтаӣ, ин халаъро пур мекунад ва саранҷом мебинӣ, ки нафсат дорои тавону қудрати фаровоне аст, барои тамаркуз дар масоиле, ки мехоҳӣ анҷом диҳӣ».

Ба ҷуръат метавонем бигӯем, ки намоз дар Ислом ба парвариш ва тақвияти тамаркузи фикр кӯмак мекунад. Намозгузоре, ки мекӯшад дар тамоми муддати намозаш фикри худро дар бораи қудрат ва азамати Худованд мутамарказ созад, ин тамаркуз ва бедории ӯ ҳамон хушӯъе аст, ки Худованд онро аз намозгузор мехоҳад. Бидуни тардид ин хушӯъ ва тамаркузи фикр ва бедории қалб боиси рушду тақвияти истеъдоди зеҳн барои тамаркузи фикр мешавад ва ин қудрати тамаркуз ба сурати як ёвар ва мададкори бисёр муҳим барои ӯ дармеояд ва дар дигари масоили зиндагӣ ба ӯ ёрӣ ва мадад мерасонад.

Дар таъйиди бештари ин ҳақиқат гуфтаи Вилям Мултунро зикр мекунем, ки мегӯяд: «Беҳтарин роҳ барои тамаркузи фикр ва ҷилавгирӣ аз парокандагию ташаттути фикр он аст, ки ақлу ҷисм ҳар ду бо ҳам ба таври ҳамоҳанг амал намоянд ва иттиҳоду ягонагиро дар байни худ ба вуҷуд биоваранд».

Намоз дар Ислом ақлу ҷисмро ба кор меандозад, намозгузор дар ҳамон ҳоле ки ба рукӯъ ва саҷда меравад, фикраш низ мутаваҷҷеҳи Зоти Аллоҳ ва эъломи бандагии худ ва иқрор ба азамати Парвардигор аст.

НАМОЗ НАФСИ ИНСОНРО НЕРӯМАНД МЕСОЗАД

Дар баррасиҳои равонӣ собит шудааст, ки ибодату намоз осори муфиду мусбате дорад. Идораи кор ва шуғлёбӣ барои бекорон дар шаҳри Ню-Йорк дар як озмоиши равонӣ, ки аз тариқи пурсишнома аз 15321 нафар зану мард ба василаи доктор Ҳенри Ланк, яке аз уламои равоншинос ба амал овард ва тавонист ҳамаи онҳоро ба корҳои муносиб роҳнамоӣ кунад, Доктор Ҳенри Ланк дар ин бора чунин мегӯяд: «Ҳангоме ки машғули таҳқиқ ва баррасӣ будам, фикрам мутаваҷҷеҳи аҳамияти нақши ақидаи динӣ дар зиндагии инсон гардид ва ба ин воқеият пай бурдам, ки касоне дорои ақидаи динӣ ҳастанд ва ба ибодатгоҳҳо омадурафт доранд, нисбат ба касоне, ки дин надоранд ва ибодате анҷом намедиҳанд, аз як шахсияти бартару беҳтар ва комилтаре бархурдор мебошанд».

Ислом ба ин ҳақиқат огоҳ аст ва мардумро ба он даъват кардааст ва мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱرۡكَعُواْ وَٱسۡجُدُواْۤ وَٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمۡ وَٱفۡعَلُواْ ٱلۡخَيۡرَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ۩ ٧٧﴾ [الحج : ٧٧]

«Эй мӯъминон, ба рукӯъ ва саҷда (барои Худованд) дароед ва Парвардигори худатонро парастиш кунед ва корҳои некӯю хайр анҷом диҳед, то пирӯзу растагор бошед» (Ҳаҷ, 77).

Ба ин хотир аст, ки Худованди мутаол дар ҳар ҳафта як бор барпойдории намози ҷумъаро дар масҷид фарз кардааст ва мефармояд, ки анҷоми ин кор ба нафъи худи инсон аст: «Эй мӯъминон! Ҳар гоҳ азони намоз дар рӯзи ҷумъа эълом шуд, бошитоб ба сӯйи зикри Худо ва анҷоми намоз бишитобед (ва корҳои дигарро тарк кунед). Бегумон, ин кор барои шумо беҳтару муфидтар аст, агар бидонед» (Ҷумъа, 10).

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 Фасли сездаҳум : ЗАКОТ дар Ислом

1. Молиёт дар назди миллатҳои пешин. 2. Маънои закот. 3. Таъсири фақр дар ҷомеа. 4. Арзиш ва мақоми закот. 5. Пардохти закот амре аст иҷборӣ. 6. Анвоъи закот. 7. Шурути закот. 8. Закоти тилло ва нуқра. 9. Закоти молуттиҷора. 10. Закоти маҳсулоти кишоварзӣ. 11. Закоти ҳайвонҳои чаранда монанди шутуру гов ва гӯсфанд. 12.Закоти маодин. 13. Мустаҳиққони закот.

МОЛИЁТ ДАР НАЗДИ МИЛЛАТҲОИ ПЕШИН

Ҳукуматҳои қабл аз Ислом ашхоси фақир ва миёнаҳолро маҷбур ба пардохти молиёт мекарданд, аммо моликону умаро ва раҳбарони динӣ ва ҳар касе, ки бо онон робита доштанд, аз пардохти ҳар гуна ҳазинаи молӣ муъоф буданд. Ба ин хотир, табақаи фуқаро дар ниҳояти маҳрумият ба сар мебурданд ва ба сурати бардаи моликону сарватмандон даромада буданд. Аз ин рӯ, дар ҳукуматҳои қадимӣ афрод давлатро намояндаи худ ва маслиҳати умумӣ ба ҳисоб намеоварданд, балки баръакс, ононро бузургтарин душмане мешинохтанд, ки ҷуз макидани хун ва ғорати сарвату дастоварди онон кори дигаре надоштанд. Ин амр боис шуда буд, ки мардум молиётро бори сангине бар дӯши худ бидонанд ва бар худ лозим медиданд, ки ҳар гоҳ фурсате пеш ояд, аз зери он шона холӣ кунанд.

Миллатҳои қадим таваҷҷӯҳ надоштанд, ки молиёти ҳукумат аз куҷо бояд ба даст ояд ва дар куҷо харҷ шавад, чаро ки молиётро ҷузъи мухтасоти подшоҳону умаро ва вузарою кормандон медонистанд ва ҳукумат ҳам ба навбати худ аз ҷамъоварии молиёт манзуре ҷуз пур кардани хизонаи подшоҳ надоштанд ва барои расидан ба он аз ҳар василаи машрӯъ ва ғайримашрӯъ истифода мекард ва ҳукуматҳои қадим монанди ҳукуматҳои ҷадид набуданд, ки дар воҷиб намудани молиёт бар афрод риояи адолат кунанду ин бори сангинро ба таври одилона дар байни табақоти мухталифи ҷомеа тавзеъ намоянд ва миқдоре аз молиёти дарёфтшударо дар корҳои олимулманфиа, ки боиси рафоҳ ва осоиши ҷомеа аст, харҷ намоянд.

Аммо вақте Ислом омад, авзоъро дигаргун сохт ва молиётро ба нафъи фуқаро бар сарватмандон воҷиб намуд, ки онро закот ном ниҳод. Ислом барои дарёфти закот ва харҷи он усул ва қавоидеро поягузорӣ намуд, ки назири он дар ҳеҷ як аз ҳукуматҳо вуҷуд надорад.

МАЪНОИ ЗАКОТ

Закот ҳамон садақа аст ва садақа закот аст. Номҳо дуто, вале маъно яке аст. Закот дар луғат ба маънои покӣ аст ва Худованд садақаи воҷибро закот ном ниҳодааст, чун боиси пок шудан ва тазкияи нафс мегардад. Худованд мефармояд: «Аз амволи мӯъминон садақа ва закот бигир, ки ба ин васила эшонро пок намоӣ ва тазкия кунӣ» (Тавба, 130).

Тазкия ва покизагии мӯъминон ба василаи закот аз ҷониби Парвардигор шомили афрод ва ҷомеаи мӯъминон аст. Чаро ки закот нафси афродро аз гуноҳу палидии бухл, пастию сангдилӣ, худхоҳию тамаъ ва дигар разоили ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, ки боиси ҳасодату душманию ҷангу адоват ҳастанд, пок менамояд, нафси ононро тазкия мекунад, онҳоро ба василаи хайру баракат ва ахлоқи амалӣ ба мақоми шомихе мерасонад, ки шоистагии саодати дунё ва охиратро ба даст меоваранд.

ТАЪСИРИ ФАҚР ДАР ҶОМЕА

Дар таҷриба собит шудааст, ки фақирон поёнтарин табақаи ҷомеа ҳастанд ва бадтарин балои иҷтимоъ фақр аст. Зеро вақте фақр бар афроди як ҷомеа мусаллат шуд, ононро ба бадтарин корҳо водор месозад, то битавонанд камтарин мояҳтоҷ ва қути зиндагиро ба даст оваранд. Шикам ҳар гоҳ гурусна шуд, инсонро водор мекунад, ки ба ҳар ҷурму ҷинояте даст бизанад ва онро машрӯъ бидонад. Дар ҷомеаҳое, ки фақр бар онҳо мусаллат аст, мактабҳо ва ҷараёнҳои ифротӣ ва мунҳарифи зиёде ривоҷ дорад, ки барои расидан ба ғаразҳои худ ҳар амали ваҳшигаронаеро мубоҳ медонад.

АРЗИШ ВА МАҚОМИ ЗАКОТ

Худованди мутаол дар оятҳои бешуморе ба мусулмонон дастур додааст, то закот бидиҳанд ва дар ҳар ояте, ки мардумро ба иқомаи намоз даъват карда бошад, ҳатман амр ба пардохти закот низ ҳамроҳи он зикр шудааст. Бинобар ин, намозу закот ду поя ва сутуни бисёр муҳкаме ҳастанд, ки дини Ислом бар онҳо поягузорӣ шудааст. Худованд мефармояд:

 ﴿فَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱعۡتَصِمُواْ بِٱللَّهِ هُوَ مَوۡلَىٰكُمۡۖ ٧٨﴾ [الحج : ٧٨]

«Намозро ба наҳви аҳсан бихонед ва закотро бидиҳед» (Ҳаҷ, 78).

Мусулмонон наметавонанд вазифаи динии худро нисбат ба мусулмонон ба исбот бирасонад, магар ба василаи иқомаи намоз ва адои закот, барои ин аст, ки Худованд мефармояд: «Агар тавба карданд ва пушаймон шуданд ва намозро ба наҳви аҳсан барпо доштанд ва закотро пардохт карданд, он гоҳ бародари динии шумо ҳастанд» (Тавба, 11).

Худованд касонеро, ки аз пардохти закот худдорӣ менамоянд, таҳдид мекунад ва мефармояд: «Онон, ки нисбат ба он чи Худованд аз фазлу неъмати худ ба эшон ато кардааст, бухл меварзанд (ва закоти молро пардохт намекунанд ва дар роҳи масолеҳи ҷомеа даст ба базлу бахшиш намеёзанд), гумон накунанд, ки ин кор барои онон хуб ва ба суди эшон аст, балки ин кор барои онон бад аст ва ба зиёни эшон тамом мешавад ва дар рӯзи қиёмат ҳамон чизе, ки ба он бухл варзидаанд, ба сурати тавқи (сангини бадбахтӣ ва зиллату хорӣ бар гардани) эшон дармеояд» (Оли Имрон, 180).

Пайғамбари Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) касонеро, ки аз додани закот худдорӣ менамоянд, ба фақру тангдастӣ ва доштани зиндагии талх таҳдид мекунад ва мефармояд: «Ҳар қавме аз пардохти закот худдорӣ кунанд, аз нузули борон аз осмон маҳрум мешаванд. Агар ба хотири ҳайвонот намебуд, ба куллӣ аз борон маҳрум мешуданд».

ПАРДОХТИ ЗАКОТ АМРЕ АСТ ИҶБОРӣ

Ислом фаризати закотро ба сурати амре қарор надодааст, ки ба ихтиёри шахс бошад, то агар майл дошта бошад, онро пардохт кунад ва агар орзу дошта бошад, аз пардохти он худдорӣ намояд, балки пардохти закот амре аст иҷборӣ, зеро закот ҳаққи фақирону ниёзмандон аст ва воҷиб аст аз моле, ки Худованд онро ба сарватмандон бахшидааст, пардохт гардад. Худованд мефармояд:

﴿وَٱلَّذِينَ فِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقّٞ مَّعۡلُومٞ ٢٤ لِّلسَّآئِلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ ٢٥﴾ [المعارج: ٢٤، ٢٥]

«Мӯъминон касонеанд, ки дар сарвату молашон ҳақки маълуме барои ниёзмандон ва гадоёну маҳрумон қарор дода шудааст» (Маориҷ, 24-25).

Вазифаи давлат ва ҳукумати исломӣ аст, ки закотро аз сарватмандон бигирад ва онро ҷамъоварӣ кунад ва бар фуқарою ниёзмандон ва мустаҳиққон ба сурати одилона тавзеъ ва тақсим кунад. Ба ҳамин далел буд, ки Пайғамбар (с) закотро ҷамъоварӣ мекард ва ба масъулон низ дастур медод, то закотро ҷамъоварӣ намоянд ва онро аз сарватмандон бигиранд ва бар фуқарою мустаҳиққон тавзеъ кунанд. Баъд аз вафоти Пайғамбар (с) ва байъат бо Абӯбакри Сиддиқ баъзе арабҳо аз пардохти закот худдорӣ карданд ва гумон бурданд, ки халифа қудрати муқобилаю ҷанг бо ононро надорад. Вале Абӯбакр сарони асҳобро ҷамъ кард ва бо онон ба машварат пардохт. Саранҷом тасмим гирифтанд бо касоне, ки аз пардохти закот худдорӣ менамоянд, ба ҷанг бипардозанд. Бинобар ин, худро омода сохтанд ва ба сӯйи монеони закот лашкаркашӣ карданд ва бо ворид сохтани зарбаи қотеъ бар онон ваҳдату ягонагии исломро ба ҷомеа бозгардониданд ва таълимоти олияи қуръониро тасбит карданд.

«Ба ростӣ, ҷанги Абӯбакр бо монеони закот як ҷанги дохилие буд, ки ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи фуқаро ба вуқӯъ пайваст ва дар ҳеҷ як аз ҷангҳои дохилии Аврупо, ки ба хотири табақаи фуқаро ба вуқӯъ мепайваст, муодил ва назири онро аз лиҳози ихлосу сафо ва покӣ мушоҳида намекунем. Зеро касоне, ки ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи табақаи фуқаро дар Аврупо ҷангиданд, худ аз табақаи фуқаро буданд, ки фақру эҳтиёҷи шадид ононро водор ба ҷанг мекард, аммо касоне, ки дар замони хилофати Абӯбакр ба хотири дифоъ аз ҳақки фуқаро ба ҷанг бо монеони закот пардохтанд, сарону сарватмандони асҳоб ва аҳли ҳаллу ақд ва дар раъси эшон худи халифа буд.[3]

Ҳамон халифае, ки дар бораи монеони закот чунин гуфт: «Қасам ба Худо, агар бузғолаеро аз ман манъ кунанд, ки ба расули Худо медоданд, ба хотири надодани ин бузғола бо онон меҷангам».

Бинобар ин, бояд бидонем, ки закот як эҳсони фардӣ нест ва дар назар гирифтани закот ба унвони эҳсони фардӣ боис мешавад, ки монеони закот таҳти таъқиб қарор нагиранд, балки закот як навъ молиёти иҷборӣ аст, ки ҳукумат бояд онро бигирад ва бар табақаи фуқаро тавзеъ намояд, чун аслу қоида ин аст, ки закот ба василаи ҳукумат гирифта шавад ва худи ҳукумат онро тавзеъ намояд. Худованд дар ин маврид мефармояд: «Эй Муҳаммад, аз амволи эшон садақа ва закот бигир».

Ба ҳамин далел аст, ки уламои фиқҳ иттифоқи назар доранд, ки касонеро закот бар онон воҷиб аст, набояд худ онро мустақиман ба фуқаро бидиҳанд, то ин кор боиси хурд кардани шахсияти онон нашавад ва сарватмандон эҳсоси ҳаққе барои худ бар фуқаро надошта бошанд. Аммо дар пардохти закот ва ғайра аз тарафи давлат бар ашхоси фақир миннату таҳқире нест, балки кӯмаку дастгирии мустамандон ва посух ба ниёзи онон яке аз вазоифи шаръии давлат аст. Ҷумҳури уламо ақидаашон бар ин аст, ки касе бимирад, аммо закоти молашро пардохт накарда бошад, ин закот қарзе аст, ки ба тарака ва моле, ки аз ӯ боқӣ мондааст, тааллуқ мегирад ва ворисон ҳаққи бардошти саҳумулирс надоранд, то ин ки ин закот пардохт гардад. Ҳамон гуна, ки агар касе бимирад ва аз шахсе қарздор бошад, то замоне ки бадаҳии ӯ пардохт нашавад, ворис ҳаққи бардошти ҳаққи меросро надорад.

АҚСОМИ ЗАКОТ

Амволе, ки закот дар онҳо воҷиб аст, панҷ қисм ҳастанд: Тиллою нуқра, молуттиҷора, маҳсулоти кишоварзӣ ва меваҷот, ҳайвонҳое, ки аз алафи мубоҳи саҳро мечаранд: шутур ва гову гӯсфанд ва инчунин маъданҳою ганҷинаҳои пайдошуда.

Ба ҷуз ин панҷ навъ сарват закот бар чизи дигаре воҷиб нест. Бинобар ин, бар хонаҳое, ки ба манзури сукунати шахсӣ сохта мешаванд ва ҳамчунин бар либоси шахсӣ, асосияи зинатӣ, ҷавоҳироти нафис, васоили зинатии занон, васоили саноатию кишоварзӣ ва китобҳои илмӣ закот воҷиб нест. Аммо вақте ҳар як аз чизҳои фавқуззикр ба унвони молуттиҷора даромаданд, закот бар он воҷиб аст. Ҳарчанд маодини ашёи нафис ба ҷуз нуқраву тилло ба назари уламо закот дар онҳо воҷиб нест, вале ҳақ ин аст, ки ин маодин ҳам ҳукми маодини тилло ва нуқра бар онҳо татбиқ гардад ва закот бар онҳо низ воҷиб бошад ва ҳар гоҳ ба ҳадди нисобе, ки барои тиллову нуқра дар назар гирифта шудааст, бирасанд, бояд закоти онҳо ба ҳаҷми дувуним фоиз (2,5%) пардохт шавад.

ШАРОИТИ ЗАКОТ

Аммо шартҳое, ки дар ҳар як аз анвоъи панҷгонаи фавқ лозим аст вуҷуд дошта бошанд, чаҳорто аст. Ҳар гоҳ ин чаҳор шарт дар яке аз анвоъи мазкур таҳаққуқ пайдо намуд, пардохти закот аз он воҷиб аст:

Аввал бояд он мол ба таври пурра мулки соҳибаш бошад. Манзур аз тамомияти мулк ин аст, ки мол дар дасти соҳибаш қарор гирад ва ҳақки дигарон ба он тааллуқ надошта бошад ва молик битавонад озодона ва ба ихтиёри худ дар он дахолат ва тасарруф намояд ва низ бояд самараву маҳсули он мол мутааллиқ ба худи соҳиби мол бошад. Бинобар ин, бар моли вақф закот воҷиб нест ва ҳамчунин бар қарзҳое, ки ба ӯҳдаи ашхос аст ва қарзҳое, ки ба қабзи онҳо умеде нест, закот воҷиб намебошад. Моле, ки соҳибаш иҷоза надорад дар он ба ихтиёри худ дахолат ва тасарруф намояд, монанди моле, ки дар раҳн қарор гирад ва ё таҳти назорату тавқифи давлат аст ва ё моле, ки мавриди ихтилоф аст, закот дар ин навъ молҳо воҷиб нест.

Шарти дувум барои воҷиб шудани закот ин аст, ки аз лиҳози миқдор ба андозае бошад, ки Ислом он мизонро ба унвони ҳадди нисоб таъйин кардааст. Ислом барои ҳар як аз ақсоми сарвати панҷгонаи фавқ ҳадду мизонеро таин кардааст, ҳар гоҳ миқдори сарват ба он ҳад расид, закоти он воҷиб мешавад. Бинобар ин, моли касе, ки ба ҳадди нисоб (андозае, ки шаръ мушаххас намуда) нарасида бошад, закот воҷиб нест. Зеро закот аз он чи мозод бар эҳтиёҷи молик аст, воҷиб мебошад. Худованд дар ин маврид мефармояд: «Эй Муҳаммад, аз ту мепурсанд, ки чӣ чизҳоеро (ба сурати хайру эҳсон ва закот бибахшем? Дар ҷавоб) бигӯ: Он чиро, ки мозод бар ниёз аст, бибахшед» (Бақара, 219).

Шарти севум ин аст, ки лозим аст муддати як соли қамарӣ аз расидани мол ба ҳадди нисоб, дар ҳоле ки дар тасарруф ва ихтиёри соҳибаш қарор дорад, гузашта бошад. Бинобар ин, ҳар гоҳ қабл аз поёни як соли қамарӣ моликияти шахс бар моли ба ҳадди нисоб расида аз байн биравад, закоти он мол бар ӯ воҷиб нест ва гузашти муддати як сол аз ҳадди нисоб ва моликият бар мол ба ҷуз дар маҳсулоти кишоварзӣ шарти вуҷуди закот аст. Албатта, ганҷинаҳову дафоин ва маодине, ки аз зери замин пайдо мешаванд, ҳукми маҳсулоти кишоварзиро доранд (гузашти як сол дар онҳо шарт нест, балки) ҳамин касе, ки онҳоро пайдо намуд, бояд фавран закоти онро пардохт кунад.

Чаҳорумин шарти воҷиб шудани закот ин аст, ки бояд он мол мозод бар ниёз ва эҳтиёҷоти зарурӣ ва қарзҳои соҳиби мол бошад. Бинобар ин, бар моле, ки танҳо кифояти заруратҳои зиндагии моликаш ва ё касоне, ки нафақаашон бар ӯ воҷиб аст, менамояд, закот воҷиб нест ва ҳамчунин сарвате, ки ба қарз баробар аст ва соҳибаш ба андозаи он қарздор аст, закоти он воҷиб намешавад.

Закоти солиёна як бор аз сарвату амвол гирифта мешавад, зеро самараи он бо гузашти як сол таҳаққуқ пайдо менамояд. Албатта, ин ҳукм нисбат ба амволи манқул аст, аммо закоти маҳсулоти кишоварзӣ бар ҳасби такрори маҳсул такрор мешавад. Масалан, агар замине ду бор маҳсули қобили закот бидиҳад, закоти ҳар ду маҳсул воҷиб аст.

Ҳар гоҳ моли кӯдакон ё ашхоси девона ва сафеҳ ба ҳадди нисоб расид, бояд закоти он ба василаи сарпараст ё қаййим ва ё васӣ пардохт гардад. Ҳамин ки шартҳои чаҳоргонаи фавқ дар моле таҳаққуқ пайдо кунад, закоти он воҷиб аст, хоҳ марбут ба мард бошад ё зан, соҳибаш озод бошад ё зиндонӣ, фарқе надорад. Набояд закотро ба василаи идораи иқтисод ва дороӣ идора намуд, балки лозим аст идораи ҷудогонае дошта бошад. Ҳар гоҳ давлат ва ҳукумати исломӣ дорои вилоятҳои зиёде бошад, бояд ҳар вилоят ва шаҳристоне муқаррароти саҳеҳ ва дурустеро барои ҷамъоварии закот ва тавзеъу тақсими он бар мустаҳиққон вазъ намояд.

ЗАКОТИ ТИЛЛО

Закот бар тилло ва нуқрае, ки ба ҳадди нисоб расида ва муддати як сол аз он гузашта бошад, воҷиб аст, хоҳ ба сурати сикка бошад ё ба ҳолати корнакарда.

Андозаи закоти тиллову нуқра як чаҳорум аз як даҳум, яъне як чиҳилум ва ё дуним дар сад мебошад. Ҳадди нисоби тилло, яъне, миқдору андозае, ки тилло ба он андоза бирасад, закоти он бар соҳибаш воҷиб мегардад, бист мисқол ё бист динор тилло аст (ва мисқол 4/68 грамм). Бинобар ин, касе дорои бист мисқол тилло бошад ва муддати як сол аз моликияти ӯ бар ин бист мисқол гузашта бошад, бар ӯ воҷиб аст ним мисқол аз онро ба унвони закот ба мустаҳиқон бидиҳад ва агар камтар аз ин бошад, чун ба ҳадди нисоб нарасидааст, закоти он воҷиб нест.

Ҳадди нисоби нуқра дувист дирҳам аст, ки баробари 27 риёли саъудӣ ё 530 қарши мисрӣ аст. Чунин ба назар мерасад, ки ҳадди нисоби нуқра камтар аз ҳадди нисоби тилло бошад, чаро ки касе дорои даҳ ҷунайҳ аз тилло бошад, ба иллати ин ки аз ҳадди нисоб камтар аст, закот бар ӯ воҷиб нест. Аммо касе, ки дорои 30 риёли саъудӣ нуқра бошад, бо вуҷуди ин ки арзиши сарват ва дороии ӯ аз даҳ ҷунайҳ тилло камтар аст, закот бар ӯ воҷиб аст. Чун бештар аз ҳадди нисоб (28 риёли саъудӣ) нуқра дорад. Беҳтар ин аст, ки ҳадди нисоби ҳар ду яке бошад, вагарна амр мӯҷиб мешавад, ки закот бар ғанию сарватманде, ки дорои пуле ба арзиши даҳ ҷунайҳ тилло аст, воҷиб набошад, вале бар фақире, ки дорои 30 риёли саъудӣ нуқра ва арзиши он аз даҳ ҷунайҳ тилло камтар аст, воҷиб бошад.

Устод Абдулваҳҳоби Халлоф мутаваҷҷеҳи ин масъала шуда, дар маҷаллаи «Ливоу-л-Ислом» шумораи 1950 чунин мегӯяд: «Бинобар ин, бояд арзиши моли бист динор дар замони Пайғамбар (с), ки замони ташреъи исломӣ аст, муодили дувист дирҳам буда бошад ва дигари аҳкоми шаръӣ ҳам ин мавзӯъро таъйид менамояд. Масалан, дияи касе, ки ба хато кушта мешавад, ҳазор динор тилло ё даҳ ҳазор дирҳам нуқра таъйин шудааст. Бинобар ин, бист динор муодили дувист дирҳам мебошад. Пас дар он замон ҳадди нисоби ҳар ду яке будааст».

Аммо ин таодул дар байни арзиши тиллою нақра собит нест ва бо таваҷҷӯҳ ба тағйири қимати нуқраю тилло нисбати ин ду қимат бо ҳам ин таодул тағйир меёбад. Устод Халлоф баъдан мегӯяд: «Ба назари ман тағйири ҳадди нисоби нуқра ба 200 дирҳам бо таваҷҷӯҳ ба ин будааст, ки дар замони Паёмбар дувист дирҳам муодили бист динор будааст ва ин нисбат бино ба ихтилофи замону макон ва ихтилофи арзаву тақозо тағйир менамояд. Ба ҳамин хотир, ақидаи ман ин аст, ки меллоки хадди нисоби пул ва нуқра ҳадди нисоби тилло (бист мисқол) аст, пас ҳадди нисоби закоти нуқраи маскук ё ғайримаскук бояд ба арзиши бист динор (бист мисқол тилло) ё муодили он бошад. Пулҳои нақдии дигаре, ки аз тиллову нуқра нест, монанди сиккаҳои сохташуда аз мис ва никелу ғайра ва ё искиносҳо ва чекҳои нақдӣ ва авроқу сиҳоми ширкатҳо ҳар гоҳ қимату арзиши онҳо ба ҳадди нисоби тилло бирасад, закоти онҳо воҷиб аст. Масалан, касе, ки муодили бист мисқол тилло искинос ё чеки нақдӣ дошта бошад ва як соли қамарӣ бар моликияти ӯ бар ин маблағ гузашта бошад, аз ҳар сад тумон 25 риёл ба унвони закот бипардозад».

Ин аст ҳукми закот дар бораи тиллову нуқра ва дигар пулҳои роиҷе, ки дар тасарруфи моликашон мебошад, чи дар ҳисоби бонкӣ ва чи ба сурати пуштвонаи тиҷорат ва ё дар сандуқ пасандоз бошад, фарқ намекунад.

ЗАКОТИ МОЛУТТИҶОРА

Закоти молуттиҷора амре аст воҷиб, аммо ин закот бар худи ҷинс воҷиб нест, балки бар қимати он воҷиб аст. (Масалан, касе, ки тиҷораташ ҳарирфурӯшӣ ё алофӣ (коҳфурӯшӣ) аст, аз худи порча ё ғаллаи мавриди муомила закот пардохт намекунад, балки онҳоро ба қимати рӯз таъйин менамояд ва аз қимати онҳо закот медиҳад).

 Ҳадди нисоби молуттиҷора ҳам ҳадди нисоби тилло аст. (Масалан, касе, ки қимати бист мисқол тилло дар аввал ва охири сол коло дошта бошад, бояд дувуним фоизи онро ба унвони закот бидиҳад. Барои вуҷуби закот дар молуттиҷора лозим аст як сол бар асли ҷинс гузашта бошад, балки бояд як сол бар қимати он гузашта бошад, ҳарчанд худи коло сад бор мубодила шавад, фарқ намекунад. Ҳадди нисоби мӯътабар дар молуттиҷора ин аст, ки қимати ин мол дар аввалу охири сол ба ҳадди нисоби тилло, ки бист мисқол аст, расида бошад ва нақсону афзоише, ки дар васати сол дар молуттиҷора ба вуҷуд меояд, мелоки закот ва ҳадди нисоб нест ва аз назари шаръ беэътибор аст (бинобар ин, закот бар тоҷире воҷиб аст, ки дар аввалу охири сол молуттиҷораи ӯ дорои арзиши бист мисқол тилло бошад. Аммо тоҷире, ки аввали сол молуттиҷорааш аз бист мисқол камтар аст, вале дар васати сол ба чиҳил мисқол мерасад ва дар охири сол поёнтар аз бист мисқол мегардад, закот бар ӯ воҷиб нест. Баръакс, тоҷире, ки дар аввали сол ва охири сол қимати молуттиҷорааш ба бист мисқол тилло расидааст, вале дар васати сол ба камтар аз бист мисқол таназзул менамояд, бояд закоти молуттиҷораашро пардохт кунад).

Молуттиҷора шомили ҳар навъ коло ва ҳайвоне аст, ки дар тиҷорат ва муомилоти бозаргонӣ ба кор гирифта мешавад. Ва колою ҳайвони (молуттиҷора) ба қимати муодилаи рӯз тахмину баровард мегардад ва закот аз асли сармоя ва манфиати суди ҳосила пардохт мешавад.

Ҳамчунин, ҳар замин ё хонае, ки барои тиҷорат харидорӣ шавад, закоти он аз қиматаш баъди фурӯш дода мешавад.

ЗАКОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӣ

Закоти маҳсулоти кишоварзие, ки бидуни васоил аз оби борон ё ҷӯйи доимӣ ё рӯдхона истифода мекунад ва заҳмате барои зореъ надорад, як даҳум аст. Аммо закоти маҳсулоте, ки бояд бо васоил ба онҳо об дода шавад, як бистум аст ва агар баъзе вақтҳо аз оби борон ва баъзе дигар аз оби чоҳ ё чашма об бихӯрад, аксарият дар назар гирифта мешавад, (агар се бор аз оби борон ва чаҳор бор аз оби чоҳ истифода кард, ҳукми обиро дорад ва баръакси он ҳукми лалмиро дорад) ва агар аз оби борон ва об бо васоил ба як нисбат истифода мекард, боз ҳукми маҳсули обиро дорад ва ҳаҷми закоти он як бистум аст.

Ҳар маҳсуле, ки аз замин пайдо мешавад, аз ҳар навъе, ки бошад (гандум, нахӯд, лаблабу ё панба ва ё пиёзу себи заминӣ) хӯрданӣ ё ғайрихӯрданӣ закоти ин гуна маҳсулот бе дар назар гирифтани ҳадди нисоб (ба нисбати як даҳум лалмӣ ва як бистуми обӣ) воҷиб аст. Ҳар гоҳ муҳсулоти кишоварзӣ дар сол такрор гардид, закоти онҳо низ такрор мегардад, чун Худованд мефармояд: «Ва ба ҳангоми чидани меваҳо ва дарави маҳсулот аз онҳо бибахшед ва закоти онҳоро бидиҳед» (Анъом, 141)

ЗАКОТИ ДАРОМАДИ МАНЗИЛ Ё КОРХОНАҲОИ ИҶОРАВӢ

Устоди бузургвор Муҳаммад Абӯзаҳра закоти дӯконҳо ва хонаҳоеро, ки барои фоида ба иҷора дода мешавад, бар закоти замини зироъӣ қиёс карда мегӯяд: «Он чи, ки аз ҷумҳури фуқаҳо маъруф мебошад, ин аст, ки эшон закот бар хонаҳои маскунӣ қарор надодаанд, чун хонаҳо дар асри онон барои касби даромад сохта намешуданд ва хонаҳо танҳо ба хотири рафъи ниёзи аслӣ ва таъмини маскан буд. Мусалламан, дар чунин шароите ин истинботи фиқҳӣ коре аст дуруст ва як адолати иҷтимоӣ аст, аммо дар асри мо амалиёти умронӣ ва сохтмонӣ ҳама ҷоро дар бар гирифта ва сохтмонҳою иморатҳои чандинтабақа ба манзури касби даромад бино мешавад ва даромаде, ки аз ин тариқ ба даст меояд, чандин баробар аз даромади деҳқон бештар ва осонтар аст. Бинобар ин, фалсафа ва масолеҳи исломӣ иқтизо менамояд, ки закоте бар маҳсулоти зироатӣ воҷиб аст, бар даромади ин гуна хонаҳо ва ҷойҳои иҷоравӣ низ воҷиб бошад. Молик бояд як бистум аз даромади холисро ба мустаҳиққон пардохт намояд. Фарқ намекунад, ки молутиҷораро моҳона ё солиёна дарёфт кунад. Агар моҳона бошад, закоти онро ҳар моҳ пардохт кунад ва агар солона ё шашмоҳа бошад, бояд ба мавқеъи дарёфти даромад закоти онро бидиҳад. Агар мо бигӯем, ки закот бар деҳқонон воҷиб аст, валекин онро бар моликони хонаҳо ва анбору амлоки иҷоравӣ воҷиб надонем, муртакиби зулми бузурге шудаем».

Бинобар ин, ҳар даромаде, ки аз хонаҳои маскунӣ ё дӯкон, ё боғ ва юнучқазорҳо ва амсоли онҳо ба даст меояд, закот бар онҳо воҷиб аст, вале агар муддате бедаромад бимонад, дар он муддат закот надоранд ва бар молик воҷиб аст солиёна ё моҳона як бистуми ин навъи даромадро ба унвони закот бипардозад.

Устод Абӯзаҳра дар бораи васоили саноатӣ, ки барои касби даромад мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва ба сурати василае нестанд, ки соҳибаш танҳо ба манзури рафъи ниёзҳои шахсӣ аз он истифода намояд, айни ҳамин назарияро дорад ва мӯътақид аст, ки закот бар даромади онҳо воҷиб аст ва даромади солиёнаи онҳо ҳисоб мешавад. Ҳар гоҳ маълум гардид, ки фоида ва манфиате оиди соҳибаш гардидааст, бояд як бистуми онро ба унвони закот пардозад. Мошинҳои кишоварзию борӣ ва мусофирбарӣ ва ғайра аз ин навъ ҳастанд.

ЗАКОТИ ТИЛО ВА ҶАВОҲИРОТИ ЗАН

Дар мавриди зинату ҷавоҳироте, ки онро зан ба бар мекунад, хоҳ аз тило сохта шуда бошад ё аз нуқра ду қавл вуҷуд дорад:

Якум, додани закот аз қиматашон воҷиб аст. Ин қавли имом Абӯҳанифа ва имом Абӯюсуф ва Муҳамад (раҳ) мебошад.

Дуюм, додани закот воҷиб нест. Ин мазҳаби ҷумҳури фуқаҳо чун Шофеӣ, Молик ва Аҳмади Ҳанбал (раҳ) ба шумор меравад. Вале дар сурате, ки зан аз меъёри маъмулӣ барои ороиш ҷавоҳирот дошта бошад, ё шахсе барои пасандоз кардан ба ҷои пул ҷавоҳирот харад ё барои тиҷорат тило харад, баъзе фуқаҳо дар мавридҳои зикргардида пардохтани закотро воҷиб медонанд.

ЗАКОТИ ҚАРЗ

Қарз ду навъ аст:

Яке қарзе, ки ба гардонданаш умеду боварӣ ҳаст, бинобарин, қарзи мазкурро ба молҳои дар мулкашбуда зам мекунад, вале то вақте онро ба даст наорад, закоташро намепардозад. Вақте ки пул ё моли қарздодаро ба даст орад, закоти ҳар соли гузаштаро медиҳад. Ин қавли фуқаҳои ҳанафӣ ва ҳанбалӣ мебошад. Вале баъзе фуқаҳо, чун Шофеӣ ва Абӯубайд (раҳ) ба даст овардани қарзро шарт намедонанд ва мегӯянд пардохти закоти қарзи мазкур охири ҳар сол ҳамроҳи дигар молҳои мавҷудбуда воҷиб мебошад.

Дигар қарзе ҳаст, ки аз гардондани он ҳеҷ умеде нест, баъзе фуқаҳо мегӯянд, ки додани закоташ воҷиб нест, магар вақте онро ба даст орад, ки дар ин сурат закоти онро аз ҳисоби солҳои гузашта мепардозад.

ЗАКОТИ МОЛЕ, КИ БАРОИ ҲОҶАТҲОИ ЗАРУРӢ НИГОҲДОРӢ МЕШАВАД

Шояд баъзеҳо пурсанд, ки шахсе моли банисобрасида дораду як сол бар он гузаштааст, вале ӯ моли мазкурро барои хариди хона ё мошин ё тармими онҳо ё ҷиҳати хариди ашёи манзил барои духтараш нигоҳ медорад, оё дар чунин моле ки барои ҳоҷатҳои зарурӣ нигоҳ дошта мешавад закот воҷиб аст?

Посух: Фуқаҳои ислом мегӯянд закот дар ҳама навъи мол хоҳ соҳибаш онро барои ҳоҷатҳои зарурӣ нигоҳ медорад ё барои тиҷорат, воҷиб мебошад, ба шарте ки он ба нисоб расидаю як сол бар он гузашта бошад.

ЗАКОТИ МОЛЕ, КИ БА ДАСТ МЕОЯД

Шахсе молеро на аз тариқи тиҷорат, балки аз роҳи мерос ё бахшиш ба даст меорад, онро ба молҳои ба нисобрасидааш илова намекунад. Дар чунин моли мерос ё бахшиш агар ба нисоб расида бошад, аз ҳамон рӯзи ба даст овардан гузаштани як соли комилро мунтазир шуда, баъд аз он закоташро мепардозад.

Агар моли бадастомада аз фоидаи тиҷорат ё афзоиши адади чорпоён (масалан аз роҳи зоиш) бошад, онро ба молҳои дигараш илова намуда, закоташро дар вақти пардохти закоти молҳои мазкур медиҳад ва мунтазири гузаштани як соли дигар бар фоидаи зикргардида намешавад.

Ин раъйи баъзе фуқаҳои Ислом ба шумор меравад.

Дар сурате мол дошта бошад, ки ба нисоб нарасад, сипас моле ба даст орад, ки бо моли пештар нисоби закотро пурра намояд, аз ҳамон рӯзи ба даст овардани моли баъдӣ гузаштани як соли дигарро мунтазир мешавад ва баъд аз он закотро мепардозад.

Баъзе фуқаҳо дар мавриди мол ё фоидаи ба дастомада мегӯянд, ки закоташро ҳамон рӯзи ба даст овардан пардозад. Чи тавре, ки аз Ибни Аббос (р) роҷеъ ба марде, ки фоида ё моле ба даст меорад пурсида шуд. Гуфт: Аз ҳамон рӯзе, ки онро ба даст овардааст, закоташро медиҳад, яъне гузаштани як солро мунтазир намешавад.

Халифаи одил, Умар ибни Абдулазиз ва имом Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳ) ба ҳамин раъй амал намуданд.

ЗАКОТИ ШУТУР ВА ГОВУ ГӯСФАНД, КИ ХУД

АЗ АЛАФИ МУБОҲИ САҲРО МЕЧАРАНД

Манзур аз ҳайвоноте, ки аз алафи мубоҳ мечаранд, шутур ва гову гӯсфанде аст, ки аксари аёми мол дар чарогоҳи озод ва мубоҳ мечаранд ва соҳибашон барои таъмини хӯроки онҳо хароҷотеро таҳаммул намекунад. Аммо бар шутур ва гову гӯсфанде, ки соҳибашон бо хароҷоти худ хӯрокаи онҳоро таъмин мекунад, закот воҷиб нест. Ислом розӣ нест, ки соҳиби ин гуна ҳайвонот аз як тараф мутаҳаммили хароҷоти таъмини хӯрокаи онҳо ва аз тарафи дигар закотро пардохт намояд. Ҳар яке аз ин се навъ ҳайвон дорои як ҳадди нисоби махсус мебошад, ки бар камтар аз он мизон закот воҷиб нест. Шутур модоме ба панҷ адад нарасад, закот надорад, аммо вақте саршумори шутурҳо ба панҷ расид, закоти онҳо як гӯсфанд аст. Гӯсфанд ҳам то ба чиҳил сар нарасад, закот надорад ва вақте, ки ба чиҳил сар расид, закоти онҳо як гӯсфанд аст. Ҳадди нисоби закоти гов сӣ сар аст. Касе камтар аз сӣ гов дошта бошад, закот бар ӯ лозим нест. Вақте ки дорои сӣ гов шуд, лозим аст гӯсолаеро ба закот бидиҳад, ки як сол аз умри он гузашта ва дохили дувумин сол шуда бошад.

Албатта, шутур шомили тамоми анвоъи шутурҳо мегардад, монанди шутури яккӯҳона ё дукӯҳона ва ғайра ва гӯсфанд шомили буз низ мешавад ва гов шомили говмеш низ мебошад. Ба ҷуз ин се навъ ҳайвон закот бар ҳеҷ ҳайвони дигаре воҷиб нест, ҳарчанд соима ва бидуни ҳазина ва таъмини хӯрока бошад. Бинобар ин, закот дар аспу хачир ва хар воҷиб нест. Шояд ҳикмат ин бошад, ки танҳо гову гӯсфанд ва шутур аст, ки ба хотири ширу тавлиди насл нигаҳдорӣ мешаванд, пас бояд закот бар самароти онҳо воҷиб бошад.

Фуқаҳо ба хотири ин гуфтаанд, ки закот бар асбу хачир ва хар воҷиб нест, чун манзур аз нигаҳдории онҳо таъмини ниёз аст. Масалан, асб ба хотири ҷиҳод дар роҳи Худо ва хачиру хар ба хотири борбарӣ ва ғайра ба кор гирифта мешаванд, аммо замоне, ки ба манзури касби даромад мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, дар ин сурат чун тавлиди насл мекунанд ва самараи дигар доранд, закот бар онҳо воҷиб аст.

ЗАКОТИ МАЪДАНҲО ВА ГАНҶИНА

Маъодине, ки аз зери замин пайдо мешавад, монанди нафту газ, мисс ва ғайра мулки байтулмоли мусулмонон аст ва мутааллиқ ба мардум аст. Агар касе ганҷинаеро, ки мутааллиқ ба даврони ҷоҳилият аст ва ба исбот расида, ки қабл аз Ислом дар зери замин пинҳон шудааст, пайдо кунад, як панҷумашро ба унвони закот пардохт мекунад, аммо ганҷинаҳое, ки собит шавад, баъд аз зуҳури Ислом дар зери замин пинҳон шудааст, мулки байтулмол ва давлати исломӣ аст ва ҳар касе онро пайдо кунад, бояд ба тамомӣ онро таҳвили давлат намояд, магар ин ки молику соҳиби он маълум бошад, ки дар ин сурат ба молик ё моликони аслӣ таҳвил мешавад. Чун ганҷинаҳое, ки баъд аз Ислом дафн шудаанд, мутааллиқ ба давлат аст, ва ҷузъи амволи зойиа аст ва амволи зойиа мутааллиқ ба байтулмол махсус аст ба номи байтулмоли зойиа, ҳамон гуна, ки моле соҳибаш фавт менамояд ва ворисе надорад, мутааллиқ ба як навъ байтулмоли махсус ба амволи зойиа аст ва дар масорифи закот харҷ мегардад.

Аммо чизҳои нафисе, ки аз дарё ба даст меояд, монанди анбар ва дурру марҷон ва моҳӣ, бояд як панҷуми он ба унвони закот пардохт шавад ва ин назарияе аст, ки уламои мисрӣ ба ҳангоме ки қонуни закотро вазъ карданд, онро таъйид намуданд ва чунин истидлол карданд: «Ҷумҳури фуқаҳои Ислом мӯътақиданд, ки хумс аз моҳии сайдшуда гирифта намешавад, вале ин ҳукм ва раъй марбут ба замони онон буда (ва барои он замон ҳукми дурусте мебошад), чаро ки дар он замон тасаллути ҳукумат бар дарёҳо собит набуд ва касе, ки шикори моҳӣ мекард, танҳо ба андозаи мояҳтоҷи ғизои рӯзонааш буд ва сайди моҳӣ чандон мавриди таваҷҷӯҳ қарор надошт ва танзимоту ташкилоте, ки имрӯз вуҷуд дорад, дар он замон вуҷуд надошт. Агар уламо ва пешвоёни динӣ, ки дар ин аср зиндагӣ мекарданд, он чи ки мо ҳоло онро таъйид мекунем, эшон ҳам таъйид мекарданд. Бинобар ин, ихтилоф дар байни мо ва эшон ихтилофи асру замон аст, на ихтилофи далелу бурҳон».

Ашёи бостонӣ ва таърихӣ, ки пайдо мешавад, ба хотири арзиши илмӣ ва таърихиашон мутааллиқ ба давлат мебошанд, касе, ки онро пайдо кунад, бояд таҳвили давлат намояд.

КАСОНЕ, КИ МУСТАҲИқҚИ ДАРЁФТИ ЗАКОТ ҲАСТАНД

Дини мубини Ислом таъйини масраф ва тавзеъи закотро дар ихтиёри валии амр ва раиси давлат қарор надода, то ҳар касе, ки ташхис диҳад, онро бидиҳад, балки Қуръони карим масорифи закотро ба наҳве мушаххас карда, ки қобили таъвил нест ва мефармояд:

 «Закот махсуси мустамандон, бечорагон, гирдоварандагон, касоне, ки (барои пазириши Ислом ва суд гирифтан аз хидмат ва ёриашон ба Ислом) ҷалб мешавад, озодии бандагон, пардохти бадаҳии қарздорон, масраф дар роҳи тақвияти дини Худо ва вомондагони дар роҳ (ва мусофирони дармонда ва дурафтода аз молу манозил ва хонаю кошона) мебошад. Ин як фаризаи муҳимми илоҳӣ аст ва Худованд ба масолеҳи бандагон доно ва дар вазъи қавонин ва муқаррарот ҳаким мебошад» (Тавба, 60).

Дар ин ояти шарифа Худованди мутаол ҳашт синф аз афроди ҷомеаро ба унвони мустаҳиққони закот мушаххас кардааст, ки иборатанд:

Аввал, табақаи фуқаро ҳастанд. Фақир касе аст, ки дорои сарвату моле набошад, ки ба ҳадди нисоби закот расида бошад ва сарвату дорияш ба андозае кам аст, ки кифояти тамоми ниёзҳои ӯро наменамояд. Баъзе гуфтаанд: Фақир касе аст, ки қути як шабонарӯзро надошта бошад.

Дувум, табақаи мискин аст. Гуфта шуда, ки мискин иборат аст аз соилу гадо ва баъзе гуфтаанд, ки аз фақир ниёзмандтар бошад. Аз Икрима мавлои Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят шудааст, ки фақир иборат аст аз мусулмони ниёзманд ва мискин иборат аст аз ниёзманди аҳли китоб. Ва ин ки Умар ибни Хаттоб мискинро ба зуафои аҳли китоб тафсир кардааст, назари Икримаро таъйид менамояд. Ривоят шуда, ки Умар ибни Хаттоб як нафар кофири заиммиро дид, ки ҳарду чашмаш кӯр шуда ва ӯро дар канори шаҳри Мадина раҳо кардаанд. Умар, разияллоҳу анҳу, ба ӯ гуфт: “Чаро ин тавр ҳастӣ? “Он мард гуфт: “То солим будам, аз ман ҷизя мегирифтанд ва истифода мекарданд, ҳамин ки кӯр шудам, маро раҳо карданд ва касе аз ҳоли ман намепурсад ва касеро низ надорам, ки чизе ба ман бирасонад”.Он гоҳ Форуқ гуфтанд: “Пас ман аҷиб беинсофӣ дар ҳақки ту кардаам” ! Умар фавран моҳонаеро барои ӯ муқаррар кард, ки ниёзи зиндагии ӯро кифоят намояд ва гуфт: Ин шахс ҷузъи касоне аст, ки Худованд дар мавриди эшон мефармояд: “Садақот ҳатман, барои фақирон ва мискинон мебошад”.

Пас масокин иборатанд аз маъюбони аҳли китоб, ки ба воситаи гирифтор шудан ба балоҳо ва нороҳатиҳои иҷтимоӣ қудрати анҷоми корро аз даст медиҳанд ва ё ба беморие гирифтор мешаванд, ки илоҷпазир нест. Бино бар ин ривоят мо ақида дорем, ки ҷоиз аст закот ба бечорагони аҳли зимма, ки қудрати кор кардан надоранд, дода шавад. Ҳарчанд ин назария ба хилофи раъйи ҷумҳури уламои фиқҳӣ аст, ки мегӯянд: Закот ба ғайримусулмон дода намешавад.

Сеюм, аз синфҳои мустаҳиққони закот, маъмурони ҷамъоварии закот мебошанд, ки закотро аз соҳибони мол ҷамъ мекунанд ва онро бар асоси мавозини шаръ тавзеъ менамоянд. Ба чунин маъмурон ба андозаи амале, ки анҷом медиҳанд, закоте дода мешавад, ки таъмини ниёзи ононро бинамояд, зеро кор мекунанд ва заҳмат мекашанд ва ҳар коргаре хоҳ бениёз бошад ё ниёзманд, бояд музди корашро бигирад.

Чаҳорум, синфе аз аснофи мустаҳиққони закот муаллафату-л- қулуб ҳастанд. Онон иборатанд аз касоне, ки дилҷӯй мешаванд, то ба Ислом рӯй оваранд ва ба он кӯмак кунанд. Ба ин навъ ашхос закот дода мешавад, то худашон ё хонавода ва наздиконашон ба Ислом ҷалб шаванд ва ё Ислом ба хубӣ дар қалби онон русух пайдо кунад. Абӯяъло дар «Аҳкому-с-султония» мегӯяд: «Муаллафату-л-қулуб чаҳор синф ҳастанд. Синфи аввал касоне мебошанд, ки барои кӯмак ба Ислом муҳаббаташон ҷалб мешавад, синфи дувум ба хотири ҷилавгирӣ аз зиён расонидан ба мусулмонон муҳаббаташон ҷалб мегардад ва қисми севум ба манзури ташвиқи худашон ва қисми чаҳорум ба хотири ташвиқи наздиконашон аз онон дилнавозӣ мегардад. Бинобар ин, ҷоиз аст ҳар як аз ин чаҳор синфи муаллафату-л-қулуб мусулмон бошанд ё кофир, аз саҳми муаллафатулқулуб ба онон закот пардохт гардад». Додани закот ба аснофи муаллафату-л-қулуб аз қабили дифоъ аз Ислом ва даъват ба сӯйи он мебошад ва пардохти ин саҳм ба муаллафату-л-қулуб монанди чизе аст, ки имрӯза мо ба исми таблиғот аз он ном мебарем. Бинобар ин, лозим аст, ки хароҷоти таблиғот ва даъват ба сӯйи Исломро аз масорифи закот таъмин намоем, то аз ин тариқ битавонем бартариятҳо ва фавоиди исломро баён кунем ва касонеро, ки ба ҳақиқати Ислом ошноӣ надоранд, ошно созем.

Панҷум, қисми панҷуми масраф аз масорифи закот барои озод кардани бардагон аст. Арабҳо одат доштанд, ки вақте мехостанд бардаеро озод кунанд, пулеро таъйин мекарданд ва ба ӯ мегуфтанд, ҳар гоҳ ин маблағро пардохт кунӣ, озод хоҳӣ шуд. Ба ин хотир, Худованди мутаол ба мусулмонон дастур дода, то ба ин даста аз бардагон кӯмак кунанд ва хароҷоти озодии ононро аз масрафи закот пардозанд, то аз зери бори сангини асорату бардагӣ халос шаванд ва озодии худро боз ёбанд. Ҷойи шукр аст, ки имрӯз низоми бардагӣ тақрибан ба куллӣ аз байн рафтааст, вале мехоҳем дар ин ҷо ёдовар шавем, ки Ислом аввалин ҳукумате буд, ки бо мубориза ба бардагӣ бархост ва қисмате аз даромади байтулмолро барои озодии бардагон қарор дод ва таърих нишон намедиҳад, ки ҳеҷ низоми сиёсӣ ва фалсафие дар ин амр аз Ислом сабқат гирифта бошад.

 Шашум, синфи шашум аз аснофи мустаҳиққони закот қарздороне ҳастанд, ки бори сангини қарз бар дӯши онон сангинӣ мекунад ва чизе ҳам надоранд, то қарзи худро аз он пардохт кунанд. Ин қарздорон ба се даста тақсим мешаванд:

Қисми аввал касоне ҳастанд, ки аз рӯйи сафоҳату исроф қарз мегиранд ва бидуни равия онро дар ҳалолу ҳаром харҷ менамоянд. Аксари уламои фиқҳӣ мӯътақиданд, ки қарзи ин гуна ашхос то замоне, ки тавба накунанд ва ба роҳи хайру салоҳ ва тақво барнагарданд, аз тарафи байтулмол ва закот пардохт намешавад.

Дастаи дигар аз қарздорон касоне ҳастанд, ки ба хотири ниёзи шахсии худ қарз мекунанд. Масалан, тоҷире, ки дар асари тағйири қиматҳо дучори қарз мешавад ва бо вуҷуди ин ки дар амри тиҷорат маҳорат дорад, қарз бар сарваташ чира мешавад ва сарваташ кифояти қарзашро наменамояд, дар ин ҳолат ҳар миқдор, ки мумкин бошад, аз сарваташ пардохт мешавад ва боқимондаи қарз аз масрафи закот пардохт хоҳад шуд.

Гурӯҳи севум аз қарздорон касоне ҳастанд, ки ба хотири анҷоми корҳои омумлманфиа (на ниёзи шахсӣ) дучори қарз мешаванд. Монанди касоне, ки ба хотири сулҳу оштӣ дар байни мардум хунбаҳо ва дияи куштагонро аз моли худ мепардозанд. Уламои фиқҳ гуфтаанд қарзи чунин ашхосе бозпардохт мешавад, ҳарчанд фақир ва ниёзманд ҳам набошанд ва баъд аз пардохти дия сарвате ҳам барои онон боқӣ бимонад, ки ба ҳадди нисоби закот ҳам бирасад ва мозод бар эҳтиёҷи онон бошад ва ин амр ба хотири ташвиқу тарғиби мусулмонон ба мардонагӣ ва эҷоди сулҳ дар байни мардум мебошад.

Ҳар гоҳ касе бимирад ва моле надошта бошад, ки аз он қарзаш бозпардохт шавад, бояд ҳукумати исломӣ дайни ӯро аз масорифи закот пардохт кунад. Бисёр қобили таваҷҷӯҳ аст, ки Ислом қарзҳои дурусту ҳақро аз байтулмол пардохт менамояд ва бо ин шариату қонун аз тамоми қавонин ва муқаррароти башарӣ ба сурати фавқулоддае пешӣ гирифтааст. Махсусан бо қавонине, ки ҳангоми зуҳури он вуҷуд доштанд, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили муқоиса нест. Кофӣ аст бидонед, ки қонуни Рум дар баъзе давронҳои худ ба қарздиҳанда иҷоза медод, ки қарздорро ба сурати бардаи худ дароварад.[4] Аммо Ислом давлатро муваззаф намудааст, то қарзи инсонҳое, ки аз тариқи дуруст қарздор шудаанд ва қудрати бозпардохти онро надоранд, бипардозанд. Ин амр боиси ташвиқи мардум ба мардонагӣ ва шитофтан ба ёрии дигарон ва додани қарзулҳасана ба онон мешавад. Зеро вақте соҳиби мол мутмаин шуд молеро, ки ба қарз медиҳад, аз байн намеравад, ҳозир аст ба унвони қарзулҳасана онро ба дигарон бидиҳад. Ва бо қиёс бар ин амр ҷоиз аст аз амволе, ки аз тариқи закот дар байтулмол ҷамъ шудааст, қарзулҳасана гирифта шавад, чун ҳангоме ки ҷоиз бошад қарзи мардум аз закот пардохт гардад, бояд ба тариқи лавлоӣ ҷоиз бошад миқдоре аз закот ба унвони қарз ба ниёзмандон дода шавад ва баъдан ба байтулмол бозпас гардад.

Ҳафтум, ин синф аз аснофи мустаҳиққони закот ибни сабил аст. Манзур аз ибни сабил касоне ҳастанд, ки ба унвони мусофир аз хонаю диёри худ дур мондаанд ва пули кофӣ барои бозгашт ба ватани худ надоранд. Ба ин афрод ба андозаи кифоят хароҷоти бозгашт ба ватани хеш аз закот дода мешавад. Агар чунин мусофироне дар ватани худ сарватманд бошанд, байтулмол ба андозаи ниёз ба онон қарз медиҳад ва мавқеъе, ки ба назди хонаводаю манзил ва кошонаи худ расиданд, бояд онро ба байтулмол бозпас гардонанд.

Ҳаштум, масрафи ҳаштум аз масорифи закот фӣ сабилиллоҳ аст ва манзур аз сабили Худо сарфи закот бар лашкариёни Ислом аст, ки дар роҳи ӯ меҷанганд ва аз марзҳои исломӣ дифоъ менамоянд. Бинобар ин, маҳалли закот ба лашкариён ва ба он чи мутааллиқ ба артиши исломӣ аст, закот дода мешавад, ба шарти ин ки талошу ҷиҳодашон дар роҳи Худо бошад.

Баъзе аз уламои фиқҳӣ калимаи фӣ сабилиллоҳро ба ҳар чизе, ки масолеҳ ва манофеи умумии мусулмононро дар бар дошта бошад, тафсир кардаанд ва дар «Тафсири кабир»-и таълифи Имом Фахри Розӣ чунин омадааст: «Бояд донист, ки зоҳири лафзи фӣ сабилиллоҳ набояд танҳо махсуси лашкариён ва ҷанговарони исломӣ бошад. Ба ҳамин далел аст, ки Қаффол дар тафсири худ аз баъзе уламои фиқҳ нақл карда, ки эшон ҷоиз донистаанд закот дар тамоми корҳои хайру салоҳ аз қабили кафану дафни мурдагон, эҳдоси сохтмонҳои умумӣ ва бинои масоҷид ва таъмироти онҳо харҷ шавад, чун лафзи фи сабилиллоҳ дар оят калимае аст ом ва куллӣ ва шомили ҳамаи ин маворид мешавад».

Калимаи фӣ сабилиллоҳ шомили омода сохтани доиёни исломӣ ва пардохти ҳазинаҳои лозим барои эҷоди вазоифи онон мешавад, то битавонанд симои зебои Ислом ва гузашту саҳлгирии онро ба мардум нишон диҳанд ва аҳкоми исломиро таблиғ намоянд ва шубаҳоту васвасаҳои мункиронро рад кунанд ва китобҳоеро ба чоп бирасонанд, ки муштамил бар даъвати динӣ ва рад бар мункирони Ислом бошад. Ҳамчунин ҷоиз аст, ки закот ба муассисаҳои хайрияе, ки оммулманфиа ҳастанд, дода шавад. Монанди бемористонҳои хайрия ва ятимхонаҳо ва мадориси хайрия, зеро ин гуна муассисот ба хотири истифодаи табақаи фақир ба вуҷуд омадаанд.

Оё лозим аст, ки ба ҳар як аз ҳашт синфи мустаҳиқ закот пардохт шавад? Ба хилофи Имом Шофеъӣ ҷумҳури фуқаҳои исломӣ ақида доранд, ки лозим нест, касе, ки закотро медиҳад, ба ҳар як аз ҳашт қисми мазкур миқдоре закот бидиҳад, балки агар тамоми закоти худро ба як синф аз аснофи ҳаштгона пардохт кунад, кофӣ ва било ишкол мебошад. Бар валии амр лозим аст, ки он чи аз ҷанбаи иҷтимоӣ аҳамияти бештаре дорад, беш аз дигари исноф закотро ба он ихтисос диҳад.

ЗАКОТ ТАЪМИНИ ИҶТИМОӣ АСТ

Баҳси закотро бо баёни ин матлаб ба поён мерасонем ва қотеона мегӯем, чунончи давлатҳои исломӣ ба дастури шариати Ислом дар амри ҷамъоварии закот амал мекарданд, даромади онҳо аз ин тариқ ба садҳо миллион доллар мерасид ва ба хубӣ ниёзҳои зарурии фуқаро таъмин мешуд. Закот дар Ислом ҳамон нақшеро иҷро менамояд, ки молиёт бар даромад иҷро мекунад. Баъзе аз давлатҳои аврупоӣ аз як қарн пеш иқдом ба гирифтани молиёт карданд ва қонунеро вазъ намуданд, ки ҳар касе муваззаф гардид дарсади муайянеро аз сарвати худ ба давлат бипардозад ва ин дарсадро ба исми молиёти таъмини иҷтимоӣ номгузорӣ намуданд. Албатта, ғайр аз ин молиёт молиёти дигареро бар касоне, ки дорои даромадҳои саршор буданд, қарор доданд. Ҳатто дар баъзе кишварҳо мизони молиёт ба навад дарсади кулли даромад мерасид. Агар ин давлатҳо ба мавқеъ ин талошҳоро анҷом намедоданд, шӯришу ҷангу ҷидол дар байни табақоти маҳрум ором намегирифт.

Бо таваҷҷӯҳ ба маротиби фавқ равшан мегардад, ки закот як таъмини иҷтимоӣ аст, ки натиҷаи он ҳифзи тавозуну таодул дар байни табақоти мухталифи уммати Ислом аст ва дини Ислом пеш аз ҳамаи ҷаҳониён ба барқарории он иқдом намудааст.

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 Фасли чордаҳум : РЎЗА дар Ислом

1.  Рӯҳ ва ҷавҳари рӯза. 2. Баъзе аз фалсафаҳои рӯза ва фавоиди он. 3. Ислом аз шиддати нороҳатии рӯза мекоҳад.

Сиём дар луғат ба маънои худдорӣ ва дурӣ аз коре мебошад. Дар истилоҳи уламои шаръ ба маънои худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва омезиш бо ҳамсар аз аввали тулӯи фаҷр то ғуруби хуршед ба хотири касби ризои Парвардигор аст. Ва далели воҷиб будани рӯза ин оят аст, ки мефармояд: Худованд ба василаи ин оятҳо рӯзаи моҳи рамазонро бар мусулмонон воҷиб ва аҳкоми онро баён фармудааст, ба тафсири онҳо таваҷҷӯҳ фармоед.

Худованд мефармояд:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ ١٨٣﴾ [البقرة: ١٨٣]

«Эй мӯъминон! Рӯза бар шумо воҷиб гардидааст, ҳамон гуна, ки бар миллатҳое, ки қабл аз шумо будаанд, воҷиб будааст». (Бақара, 183).

Худованди мутаол ба манзури тасаллӣ ва ташҷеи мусулмонон бар рӯза ба онон мефармояд: “Рӯза дастуру қонуни ҷадиде нест, ки танҳо шумо ба анҷоми он мукаллаф шуда бошед, балки умматҳое, ки қабл аз шумо будаанд, низ ба анҷоми он мукаллаф буданд”. Мусалламан, вақте мусулмонон фаҳмиданд, ки умматҳои пешин низ ба гирифтани рӯза маъмур будаанд ва тавонистаанд аз ӯҳдаи он бароянд, бо итминони бештаре аз фармони илоҳӣ истиқбол намуданд ва мутмаин шуданд, ки рӯза кори вазнин ва хориҷ аз тавон нест ва метавонанд бо имону иродае, ки доранд, пирӯзмандона аз ӯҳдаи ин таклиф бароянд.

РӯҲ ВА ҲАҚИҚАТИ РӯЗА ДАР ИСЛОМ

Баъд аз он ки Худованди мутаол мусулмононро ба анҷоми рӯза мулзам менамояд, фалсафа ва фоидаи онро баён мекунад ва мефармояд: “То ба василаи рӯза тақво пеша кунед” ва онро монанди сипаре дар байни худатон ва корҳои нописандида ва тамоюлоти номашрӯъ қарор диҳед. Рӯза фард ва ҷомеаро аз шарру фасод маҳфуз медорад ва ба фард иҷозат намедиҳад, ки бидуни қайду шарт ҳайвонсифотона ба қонуни ҷангал амал кунад. Аз тарафе бо тарбият ва парвариши афроди солеҳ, ки барои саодати ҷомеа ва хушбахтии инсонҳо талош менамоянд, ҷомеа аз бадбахтӣ ва носозгорӣ маҳфуз мешавад ва дар масири хайру салоҳ зинаҳои тараққиро тай менамояд. Барои ҳамин, Пайғамбар (с) мефармояд: «Бегумон, рӯза сипар ва монеъе аст дар баробари шарру фасод, вақте ки яке аз шумо рӯзадор бошад, аз ҳарфи зишт бояд бипарҳезад ва ба корҳои даврони ҷоҳилият (монанди садо кашидан ва амсоли онҳо) даст назанад, агар касе бо ӯ биҷангад ва ё ба ӯ носазо гӯяд, дар посух ба ӯ бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам (ва рӯзадор набояд муртакиби корҳои нописанд ва ҷангу носазогӯӣ шавад)» (Насоӣ).

Дар ин ҳадис рӯза ба унвони ҷунна тавсиф шудааст ва ҷунна ба маънои ҳифзкунанда аст. Рӯзадор бояд мӯътақид бошад, ки танҳо ба хотири тақво ва маҳфуз нигоҳ доштани худ аз шарри нафси ҳайвонӣ ва тақарруб ба пешгоҳи Худованд ва ҷалби ризоии ӯ рӯза мегирад ва дар ин ҳолат дар олами рӯҳонӣ ба сӯйи малакути аъло дар ҳаракат аст ва аз нафси ҳайвонӣ дур шудааст. Вақте дар ҷавоби тараф мегӯяд: Ман рӯзадор ҳастам, ҳадафи худ аз рӯзаро ба ёд меоварад ва намехоҳад бо посухи номатлуб аз ҳаракат ба малакути аъло боз монад ва бо пайравӣ аз нафсу шайтон аз арзиш ва савоби рӯзааш бикоҳад. Мусалламан, вақте ки фарде тавонист худро аз шарри нафсаш нигоҳ дорад ва ҷомеа ҳам аз шарри ӯ маҳфуз шуд, аз зумраи муттақин хоҳад буд. Ва аз ҷумлаи «То шумо ба василаи он тақво намоед» ҳам ин маъно истифода мешавад.

 Маънои лаъалла омодагӣ ва муҳайё шудан аст. Оре, рӯза нафси инсонро омодаи тақвое менамояд, ки ҷуз Зоти Аллоҳ касе бар азамати он огоҳ нест. Ҳар гоҳ рӯзадор тавонист ба ҳангоми рӯза ба хотири Худо аз гуноҳоне, ки барояш пеш меояд, дурӣ ҷӯяд ва нафси худро ба сабру шикебоӣ дар баробари тамоюлоти нафсонӣ ва шаҳавоти ҳайвонӣ мулзам намояд ва эҳсос кунад, ки Худованд ба аҳволи ӯ огоҳ аст ва асрору розҳои қалбии ӯро медонад ва муддати як моҳ бар ин ҳолати маънавӣ ва тасаллути рӯҳӣ боқӣ бимонад, бидуни шак, давоми ин тасаллути рӯҳӣ, ки ҳамроҳ бо таҳаммулоти ҷисм низ ҳаст, инсонро тавре бор меоварад, ки ҳамеша муроқиби Зоти Аллоҳ бошад ва аз ӯ тақво дошта бошад ва аз азобаш бимнок бошад ва ба ҳангоми наздик шудан ба гуноҳ Худоро нозиру ҳозир бидонад ва ба хотири шарму ҳаё аз ӯ аз он гуноҳ дурӣ ҷӯяд ва қудрат ба тарки лаззатҳо ва тамоюлоти нафсонӣ ӯро ташвиқ менамояд, то аз онҳо дурӣ ҷуяд. Ба ҳамин тартиб, муроқиб будани Зоти Аллоҳ ӯро омодаи анҷоми корҳои хайр месозад ва аз ҳар гуна шарру фасод ӯро дур менамояд. Чунин ашхосе аз хиёнату фиреб ва ҳуққабозию зулм ва поймол кардани ҳаққи дигарон дуранд ва ҳеҷ гоҳ қадаме барои фасод дар байни мардум барнамедоранд.

Аммо дурӣ ҷустан аз хӯрдану нӯшидан ва парҳез аз омезиш бо ҳамсар, агар бидуни таваҷҷуҳ ба тақво ва муроқибати Зоти Аллоҳ бошад ва ё ин, ки рӯзадор корҳои номашрӯъро анҷом диҳад ва натавонад худро аз иртикоби гуноҳ дур созад, бояд бигӯем: «Ин имсоки рӯзае нест, ки Худованд онро бар мусулмонон воҷиб кардааст, барои ҳамин, Расули акрам (с) мефармояд: «Ҳар рӯзадоре, ки аз дурӯғ ва амали ба он дурӣ накунад, бояд бидонад, ки Худованд ниёзе ба ғазо ва об нахӯрдани ӯ надорад» (Ривояти Бухорӣ).

Бинобар ин, рӯҳ ва ҳақиқати рӯза ин аст, ки инсон мутаваҷҷеҳи Зоти Аллоҳ ва муроқиби ӯ бошад ва рӯзааш танҳо ба хотири ризои Парвардигор бошад. Дар таъйиди ин маъно Пайғамбар (с) мефармояд: «Ҳар касе моҳи Рамазонро аз рӯйи имон ва ба хотири ризои Худо рӯза дорад, гуноҳи гузаштаи ӯ мавриди афв қарор мегирад» (Бухорӣ ва Муслим).

Бояд бидонем, ки рӯза рӯҳу нафси рӯзадоронро барои тақво ва дурӣ аз гуноҳ омода месозад ва аз ҳарорату шиддати нерӯи шаҳвонӣ, ки асос ва маншаи ҳамаи гуноҳон аст, мекоҳад. Дар ин бора Пайғамбар, саллаллоҳу алайҳи ва саллам, мефармояд: «Эй ҷамоати ҷавонон, ҳар касе аз шумо (ки аз ҷанбаи молӣ ва ҷисмӣ) қудрати издивоҷро дошта бошад, издивоҷ кунад, чаро издивоҷ чашмро беҳтар аз назари ҳаром бозмедорад ва авратро беҳтар маҳфуз мекунад, касе ки қудрати издивоҷ надошта бошад, бар ӯ лозим аст, ки рӯза бигирад, чаро ки рӯза шаҳвати инсонро кам менамояд» (Бухорӣ ва Муслим).

БАЪЗЕ АЗ ФАЛСАФАҲОИ РӯЗА ВА ФОИДАҲОИ ОН

Рӯза дорои фалсафаҳои фаровон ва фавоиди бисёре, чи аз ноҳияи фардӣ ва чи аз ҷанбаи иҷтимоӣ, мебошад. Аз ҷумла таваҷҷӯҳ ба ҳоли бечорагон ва ошно шудан ба аҳволи фуқаро ва мустамандонро афзоиш медиҳад. Чун рӯзадор дар муддати кӯтоҳе гурусна мешавад ва нороҳатии гуруснагиро ламс мекунад, ҳатман ба ёди гуруснагии доимии фуқаро ва тангдастон меафтад, ки ҳамеша дар нороҳатӣ қарор доранд ва ин таваҷҷӯҳу огоҳӣ боис мешавад, ки ба фуқаро кӯмак кунаду дар ҳаққи онон меҳрубонӣ намояд, чаро ки меҳру муҳаббат аз дарду ранҷ нашъат мегирад ва рӯза як шеваи амалӣ барои тақвияту парвариши меҳру отифа дар нафс мебошад ва ҳар вақт сарватмандон нисбат ба фуқаро ва гуруснагон меҳру муҳаббату бахшиш дошта бошанд, сафо ва самимият дар байни табақоти иҷтимоъ ба вуҷуд меояд ва кинаю ҳасодат аз байн хоҳад рафт ва гуфтаҳою насиҳатҳои хайрхоҳона таъсир хоҳад дошт. Дар ин бора ривоят шудааст: «Расули Худо аз ҳама кас саховатмандтару бахшандатар буд ва дар моҳи рамазон бештар аз дигар вақтҳо саховату бахшандагӣ дошт».

Яке дигар аз ҳикматҳои рӯза барқарор сохтани мусовот (баробарӣ) дар байни сарватмандону фақирон аст. Ин мусовот як низоми амалӣ аст, ки аз беҳтарин низомҳои мусовоту адолат ба шумор меояд. Рӯза як фақри иҷборӣ аст, ки Ислом онро бар ҳамаи мусулмонони болиғу оқил воҷиб кардааст, то ҳамаи онон аз лиҳози нахӯрдану нанӯшидан яксон бошанд. Ин фақри иҷборӣ аст, ки Ислом ба василаи иҷрои он дар байни мардум мусовоту ҳамоҳангӣ ва иттиҳоди шууру эҳсосро ба вуҷуд меоварад ва дар ҳоле ин мусовот дар байни мардум ба вуҷуд меояд, ки ҳама дар эҳсоси гуруснагӣ ва нороҳатӣ саҳиму шарик ҳастанд.

Ва яке дигар аз фалсафаҳои рӯза тазъиф намудани тасаллут ва қудрати одот аст, чаро ки қудрат ва тасаллути одот бар баъзе афрод ба андозае аст, ки ба сурати бардаи олот дармеоянд. Масалан, агар дертар аз мавъиди муқаррар ба онон ғизо дода шавад, гурусна мешаванд ва шурӯъ ба бадахлоқӣ менамояд ё гоҳе қудрати одат ба чою қаҳва ва сигор бештар аз ғизо ва қути рӯзона мебошад. Ин гуна ашхос ба унвони бардаи одат шинохта мешаванд. Агар замоне дар асари шароите ночор ба тағйири шеваи зиндагии худ шаванд, ҳамон гуна ки дар замони ҷанг мардум маҷбур ба таҳаммули мушкилоти он мешаванд, ин афрод ҳаргиз қудрати таҳаммули ин дигаргуниро нахоҳанд дошт ва наметавонанд осори ношӣ аз ҷангро таҳаммул намоянд.

Яке аз фавоиди рӯза тақвияти тасмим ва иродаи инсон аст. Як донишманди олмонӣ ба номи Гҳорадат китоберо роҷеъ ба тақвияти ирода таълиф кардааст, ки асоси онро бар рӯза қарор додааст ва мӯътақид аст, ки рӯза танҳо василаи пурқудрат ва фаъоле аст, ки метавонад тасаллути рӯҳро бар ҷисм ба вуҷуд оварад, ба тавре ки инсон зимоми нафсашро дар ихтиёр дошта бошад ва аз асорати тамоюлоти моддӣ раҳоӣ ёбад.

Рӯза дорои фалсафаю ҳикматҳои фаровон аст. Бидуни тардид, рӯза давое аст озмудашуда ва шифобахш барои бештари бемориҳои рӯҳӣ ва иҷтимои. Гузашта аз ин, барои ҳифзи беҳдошт ва сиҳати бадан фавоиди зиёде дорад.

ИСЛОМ ШИДДАТИ НОРОҲАТИИ РӯЗАРО МЕКОҲАД

Гоҳе иттифоқ меафтад, ки баъзе ашхос дар моҳи рамазон бемор мешаванд ва ё ба сафар мераванд ва сафар худ азобе аст барои ҷисм. Бинобар ин, ҳикмати илоҳӣ тақозо менамояд, ки шиддати нороҳатии рӯзаро нисбат ба ин гуна ашхос сабук гардонад ва мефармояд:

﴿فَمَن كَانَ مِنكُم مَّرِيضًا أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٖ فَعِدَّةٞ مِّنۡ أَيَّامٍ أُخَرَۚ ١٨٤﴾ [البقرة: ١٨٤]

 “Касоне, ки бемор ё мусофир ҳастанд, метавонанд рӯзаро бихӯранд (ва баъд аз беҳбудӣ ва поёни мусофират) он чанд рӯзеро, ки рӯза нагирифтаанд, дар айёми ғайри Рамазон рӯза доранд” (Бақара:184).

Ҳамчунин Худованд мефармояд:

 ﴿وَعَلَى ٱلَّذِينَ يُطِيقُونَهُۥ فِدۡيَةٞ طَعَامُ مِسۡكِينٖۖ ١٨٤﴾ [البقرة: ١٨٤]

 “Бар касоне, ки ба заҳмат ва сахтӣ метавонанд рӯза бигиранд, фидяе, ки таоми як мискин бошад, воҷиб аст”. (Бақара:184).

Итоқа ба маънои хеле ба заҳмат ва бо сарфи тамоми қудрат кореро анҷом додан аст ва араб вақте калимаи итоқаро ба кор мебаранд, ки қудрати инсон дар анҷоми коре ба охирин дараҷаи заъфи худ расида бошад ва мутаҳаммили нороҳатӣ ва машаққати фаровон гардад. Дар ин ояти шарифа манзур аз ютиқунаҳу касоне ҳастанд, ки бо машаққати фаровон метавонанд рӯза бигиранд, монанди ашхоси пиру азкорафтода ва инсонҳои бисёр заифу лоғар ва занони ширдеҳ ба бачаҳо ва занони ҳомила ва беморҳое ҳастанд, ки умед ба беҳбудии онҳо нест. Ин гуна афрод, ки ба иллати нороҳатиҳои шадиде, ки доранд ва рӯза гирифтан барояшон бисёр мушкил аст, метавонанд рӯза нагиранд ва ба ҷойи рӯза ҳар рӯз як инсони фақирро таом диҳанд. Таом бояд ба андозае бошад, ки як инсони мӯътадилро сер кунад ва вақте ин фидяро доданд, дигар қазои рӯза бар онон воҷиб нест.

Баъдан, Худованд мефармояд: “Касе, ки некии бештар анҷом диҳад, ба тавре ки миқдори фидяро афзоиш диҳад ва ба ҳар нафар ба андозаи ғизои ду нафар бидиҳад ва ё барои рӯзаи ҳар рӯз беш аз як нафарро ғизо диҳад ва ё ҳам рӯза бигирад ва ҳам фидя диҳад, ин эҳсон ва некии изофӣ барои ӯ беҳтар ва босавобтар аст, чаро ки савоб ба худи шахс бармегардад. Сипас Худованд мефармояд: «Ва рӯза гирифтанатон, ба нафъи шумо аст, агар бидонед, (фавоиди фаровоне дар рӯза вуҷуд дорад) (Бақара:184).

Ва мефармояд: “Он чанд рӯзи муайян ва андаке, ки воҷиб аст (мусулмонон рӯзадоранд), моҳи Рамазон аст, ки Қуръон дар он фиристода шудааст (ва ибтидои нузули Қуръон дар он моҳ будааст), то мардумро роҳнамоӣ кунад ва нишонаҳою оятҳои равшане аз иршод ба ҳаққу ҳақиқат бошад ва (дар миёни ҳаққу ботил) ҷудоӣ афканад” (Бақара 185).

Ин қисмат аз оят эълом медорад чанд рӯзи башуморе, ки воҷиб аст мусулмонон рӯза доранд, дар моҳи Рамазон аст, ба хотири ин аст ки Қуръон дар моҳи Рамазон аввалин бор бар Пайғамбар (с) нозил шуд ва дар ин моҳ Раҳмату баракат ва файзи илоҳӣ шомили ҳоли ҷинну инс гардид ва чароғи ҳидояти он торикии ҷаҳлу гумроҳиро маҳв намуд. Ҳикмати Парвардигор иқтизо дошт ба манзури ёдбуди чунин айёме мусулмонон он моҳро рӯза гиранд, то ҳамеша ба унвони моҳи хайру баракат боқӣ бимонад. «Пас ҳар касе аз шумо фаро расидани ин моҳро дарёбад (чи худ онро бибинад ва ё ба воситаи дидани дигарон фаро расидани моҳи Рамазон барояш собит шавад), бояд ин моҳро рӯза бигирад»...

Фаро расидани моҳи рамазон ба ду тариқ собит мешавад:

Аввал, собит шавад, ки моҳ дида шудааст. Дувум, вақте ҳаво абрӣ аст ва имкон дидани ҳилол вуҷуд надорад, дар ин сурат воҷиб аст моҳи шаъбон сӣ рӯзи комил ҳисоб гардад ва баъд аз сӣ рӯзи шаъбон ба таври қатъӣ Рамазон шурӯъ мегардад. Дар ин маврид Пайғамбар (с) мефармояд: “Бо дидани ҳилоли Рамазон рӯзаро шурӯъ кунед ва бо дидани ҳилоли шаввол рӯзаро тарк кунед. Агар ҳаво абрӣ бошад, моҳи шаъбонро сӣ рӯзи комил ҳисоб намоед”(Байҳақӣ,Насоӣ ва Табаронӣ).

Аммо афроде, ки дар Қутби Шимол зиндагӣ мекунанд ва тӯли шабу рӯз гоҳе ба чанд моҳ мерасад, бояд вақтҳои худро бо вақтҳои манотиқи мӯътадил монанди Арабистон ва Маккаю Мадина, ки марокизи шариати исломӣ ҳастанд, татбиқ намоянд. Баъзе мегӯянд, ки бояд вақтҳои худро бо наздиктарин минтақаи мӯътадил татбиқ кунанд.

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

 Фасли понздаҳум : ҲАҷ дар Ислом

1. Достони бинои Каъба. 2. Рӯҳ ва ҳақиқати ҳаҷ дар Ислом. 3. Эҳром ва фалсафаи он. 4. Ҳикмат ва фалсафаи тавоф ба даври Каъба. 5. Ҳикмати сайъ ва омадурафт дар байни Сафо ва Марва. 6. Фалсафаи вуқуф дар Арафа. 7. Шаҳодат ва эътирофи яке аз уламои Ғарб нисбат ба ҳаҷ.

Ҳаҷ дар луғат ба маънои қасд намудани чизи азим ва боаҳамият аст ва дар истилоҳи шариати Ислом ба маънои қасди Байтул –л-лоҳи –л-Ҳарам, дар Макка ба манзури ибодат мебошад. Ҳаҷ як маросим ва шиори динӣ аст, ки аз қадимулайём дар назди ҳамаи миллатҳо мутадовил буда, мардум онро анҷом додаанд. Қабл аз Ислом арабҳо одат доштанд ба манзури ибодат ба Байту-л-Ҳаром дар Макка, ки Иброҳим ва Исмоил, алайҳимусалом, онро бино кардаанд, мерафтанд ва ба номи ҳаҷ онро зиёрат мекарданд.

«Дуо ва ибодати онон ба давраи Каъба ҷуз ҳуштак кашидан ва каф задан чизи дигаре набуд».

Каъба ба сурати маҳалли истиқрори бутҳои арабҳо даромада буд, вале ҳамин ки Ислом ба қудрат расид, онро аз ҳамаи мазоҳири ширку ҷаҳл ва бутпарастӣ поксозӣ кард.

ДОСТОНИ БИНОИ КАЪБА

Чун Каъба маркази асосии анҷоми фаризаи ҳаҷ аст, беҳтар аст, ки ишорае ба достони сохтани он бинамоем. Таърихи бинои Каъба ба даврони ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ, алаҳисалом, бармегардад. Дар замони ҳазрати Иброҳим бутпарастӣ дар байни мардум бисёр шоеъ буд. Иброҳим ба манзури ибодати Парвардигор аз мардум дурӣ гузид ва муҳоҷират кард ва аз сарзамини Шом ватани обою аҷдодаш ҳамроҳи ҳамсараш Ҳоҷар ва фарзандаш Исмоил рӯ ба ҷануб ҳиҷрат кард, то ин ки дар сарзамини Ҳиҷоз ба дур аз мардум раҳли сафарро бар замин андохт, то хонаводаеро ташкил диҳад, ки танҳо Худои якторо парастиш намоянд. Ҳангоме ки Исмоил ба синни ҷавонӣ ва рушди ҷисмии кофӣ расид, Худованд ба Иброҳим дастур дод масҷидро бино намояд, то мардум барои ибодат, зикр, сипосгузории неъматҳо ва алтофи илоҳӣ ба даври он ҷамъ шаванд. Худованди мутаол дар ишора ба ин ҳодиса мефармояд: «Ба ёд биёваред, он ҳангомеро ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои Каъбаро боло мебурданд ва дуо мекарданду мегуфтанд: Парвардигори мо, ин амалро аз мо бипазир. Бегумон, Ту шунаво ва доно ҳастӣ» (Бақара, 127).

Вақте Иброҳим ва Исмоил аз бинои Каъба фориғ шуданд ва онро такмил намуданд, Худованд дастур дод, то аз он муҳофизат кунанд ва Каъбаро аз тамоми олудагиҳои моддию маънавӣ монанди ширку бутпарастӣ поку муназзаҳ намоянд. Худованди мутаол дар ин бора мефармояд: «Ва ба Иброҳим ва Исмоил супориш кардем, ки хонаи Моро барои тавофкунандагон ва эътикофкунандагон ва рукӯъву саҷдакунандагон поку покиза кунед» (Бақара, 125).

Пас Каъба аввалин масҷид ва хонае аст, ки ба манзури ибодати Худои ягона барои мардум сохта шудааст. Худованд мефармояд:

﴿إِنَّ أَوَّلَ بَيۡتٖ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكٗا وَهُدٗى لِّلۡعَٰلَمِينَ ٩٦ فِيهِ ءَايَٰتُۢ بَيِّنَٰتٞ مَّقَامُ إِبۡرَٰهِيمَۖ وَمَن دَخَلَهُۥ كَانَ ءَامِنٗاۗ وَلِلَّهِ عَلَى ٱلنَّاسِ حِجُّ ٱلۡبَيۡتِ مَنِ ٱسۡتَطَاعَ إِلَيۡهِ سَبِيلٗاۚ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٩٧﴾ [ال عمران: ٩٦، ٩٧]

«Нахустин хонае (аз ҳайси хидмату эҳтиром, ки бо дасти анбиё ҷиҳати парастиш ва ниёиши саҳеҳи Худованди ягона) барои мардум сохта шудааст, хонае аст, ки дар Макка қарор дорад, ки пурхайру баракат ва мояи ҳидояти ҷаҳониён аст. Дар он нишонаҳои равшане вуҷуд дорад, аз ҷумла мақоми Иброҳим ки ҳар кас дохили он шавад, дар амон қарор мегирад» (Оли Имрон, 96-97).

Вақте Иброҳим вафот кард ва ба дунболаш Исмоил низ фавт намуд, баъд аз замоне мардум чизҳои нодурусту хилофро аз ҷониби худ ба ҳаҷ изофа карданд. Аз ҷумла, ширку бутпарстиро ҷузъи маросими ҳаҷ қарор доданд. Ба ҳамин хотир Худованди мутаол Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва салламро фиристод, то решаи ширку бутпарастиро ба куллӣ қатъ кунад ва мардумро ба тавҳид ва яктопарастӣ баргардонаду монанди Иброҳим ононро ба сӯйи Парвардигори тавоною доно даъват намояд. Дар ин бора Худованд хитоб ба Пайғамбар (с) мефармояд: “Худо шуморо баргузидааст ва дар дин корҳои сангину душвореро нагузоштааст. (Дини шумо ҳамон) ойини падаратон Иброҳим аст ва Худо қаблан шуморо мусулмон номидааст” (Ҳаҷ, 78).

РӯҲ ВА ҲАҚИҚАТИ ҲАҶ ДАР ИСЛОМ

Ҳаҷ дар Ислом ба тамоми маъно бо ҳаҷ дар дигар динҳо фарқи асосӣ дорад, чаро ки ҳаҷ дар назди дигар динҳо иборат аст аз тавассул ҷустан ба қубур ва гӯрҳои ашхоси солеҳ ва муқаддас ва осору биноҳое, ки аз эшон боқӣ мондааст, дар ҳоле ки ин амр дар Ислом мавриди инкор ва нафрати шадид мебошад. Беҳтарин ҳаҷ дар назди дигар динҳо ҳаҷе аст, ки инсон дар роҳи он машаққату нороҳатии фаровонеро бар худ таҳмил намояд. Дар ҳоле ки Ислом иҷозат намедиҳад, ки инсон амдан ба манзури савоби бештар ранҷу машаққати изофиро дар анҷоми ҳаҷ бар худ таҳмил кунад, ҳарчанд ин кор бо хотири хуш ва хости шахсӣ бошад. Дар ин бора ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) марди пиёдаеро дид, ки бо такя бар дӯши ду писараш роҳ мерафт. Пайғамбар (с) аз вазъи ӯ пурсид. Гуфтанд: Эй Расули Худо, бар худ назр карда, ки бо пойи пиёда ба ҳаҷ биравад ва Каъбаро тавоф намояд”. Пайғамбар (с) фармуд: Набояд ин корро бикунад, чаро ки Худованд ниёзе надорад, ки мардум худро азоб диҳанд. ӯро бар уштур савор кунед. «Бинобар ин, Ислом ҳаҷро василае барои таҳқиқи фавоиди маънавию рӯҳӣ ва адабию ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодӣ медонад ва мефармояд: «Эй Муҳаммад, ба мардум эълом кун, ки пиёда ва ё савор бар шутурони лоғару борикандом роҳҳои дурро тай кунанд ва ба ҳаҷу зиёрати Каъба биёянд ва ба нидои ту посух гӯянд (онон ба ин сарзамини муқаддас биёянд), то манофеъи худро ба чашми худ бибинанд (ва ба суди моддию маънавиашон бирасанд) ва нозири фавоиди фардӣ ва иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҳаҷ бошанд ва дар айёми муайяне, ки (рӯзи ид ва ду ё се рӯз баъд аз он аст ба ҳангоми забҳи қурбонӣ) номи Худоро бар чаҳорпоёне (ҳамчу гӯсфанд, бузу гов ва шутур) бибаранд, ки Худо ин неъматҳоро насиби онон кардааст “(Эй ҳоҷиёни хонаи Худо), пас аз забҳи ҳайвонот худатон низ аз гӯшти онҳо бихӯред ва бенавоёни мустамандро ҳам аз он ғизо ва таъом диҳед» (Ҳаҷ, 27-28).

Дар ин ҷо Худованд мефармояд: «То нафъи худро ба чашми худ бибинанд». Таваҷҷӯҳ фармоед, ки уламои Ислом манофеи ҳаҷро ба манофеи динӣ ва дунёӣ ҳарду бо ҳам тафсир кардаанд, чаро ки дин ва дунё аз назари Қуръон бо ҳам иртибот ва ҳамоҳангии комил доранд, ҳамон гуна, ки дар байни рӯҳ ва ҷисм иртиботи муҳкаме мавҷуд аст ва ҳарду мукаммили ҳамдигаранд. Дар ҳоле ки дин рӯҳро бо имони саҳеҳ ва одобу ахлоқи ҳасана тақвият менамояд, васоилу имконоти моддӣ низ боиси бақо ва тараққию пешрафти он мебошад. Агар мо бихоҳем фавоидеро, ки ҳаҷ барои мусулмонон ба армуғон меоварад, аз ҳама ҷиҳот баёну баррасӣ намоем, ниёз ба таълифи китоби мустақил дорем ва ин китоб гунҷоиши онро нахоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки ҳаҷ як анҷумани бузург ва ё як конфронси умумӣ аст, ки ҳар сол ба манзури эҷоди иттиҳод ва ҳамоҳангӣ дар байни мусулмонони ҷаҳон ва огоҳ сохтани онон ба шеваи саҳеҳи истифода аз манобеи ҳаётӣ аз тариқи ошноӣ бо фарҳанги ҳамдигар дар маркази пайдоиши Ислом Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара ташкил мешавад.

Набояд аз аҳамияти фаровони ҳаҷ ғофил бошем, зеро ҳар яке аз миллатҳои мусулмон дар заминаи хосе дорои маҳорату нубуғ ҳастанд ва ҳар кишваре аз мавод ва манофеи табиии хосе бархурдор аст, ки кишварҳои дигар аз он баҳраманд нестанд ва ин анҷумани солиёна ба ҳамаи мусулмонон имкон медиҳад, то ба имзои тавофуқҳои асосӣ ва табодули афкор ва андешаҳо дар байни худ аз тамоми имконоти моддӣ ва маънавии мавҷуд дар сарзаминҳои исломӣ ба таври аҳсан истифода кунанд. Намояндагони тамоми кишварҳои исломӣ дар ин анҷумани солиёна ширкат доранд ва ин амр ба онон имкон медиҳад, ки ба осонӣ битавонанд дар заминаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ иқдомоти ҷиддӣ ва муҳимеро ба амал оваранд, мушкилот ва мавонеъро аз байн бардоранд ва азамату қудрат ва маҷди мусулмононро амалан ба онон боз гардонанд.

Ҳаҷ ба чӣ касоне воҷиб аст? Ҳар мусулмони болиғу оқиле, ки дорои бадани солим ва маблағи рафту баргашти мусофирати ҳаҷ ва қути афроди таҳти кафолаташ дар муддати мусофират бошад, ҳаҷ бар ӯ воҷиб аст. Шарт ин аст, ки қарздор набошад ва ҳаққи дигаронро ба гардан надошта бошад ва ҳамчунин набояд сарваташро аз тариқи номашрӯъ монанди рибо, дуздӣ, ришва, хариду фурӯши машруботи алкоголӣ ва маводи мухаддир ва дигар роҳҳои нодуруст ба даст оварда бошад ва закоти шаръии он низ пардохт гардида бошад ва бо вуҷуди ин шароити амнияти роҳ зарурӣ аст.

Ҳаҷ дорои шаш рукн аст: Эҳром; Тавоф ва зиёрати Каъба; Саъй дар байни Сафо ва Марва; Вуқуф дар Арафа; Кӯтоҳ кардани мӯйи сар ё тарошидани он; Риояи тартиб дар байни ин аркон.

Инак, ба баёни ҳар як мепардозем.

ЭҲРОМ ВА ФАЛСАФАИ ОН

Арабҳо одат доштанд, ки бо қарор додани нишонаҳо чарогоҳҳои худро аз вуруди ҳайвоноти дигарон ҳимоя ва мамнӯъ мекарданд ва ҳудуду марзҳое барои он қарор медоданд, ки қабоили дигар ҳаққи тааддӣ ва таҷовуз ба онро надоштанд. Афроди боқудрат ва пурнуфуз дар байни онон заминҳои фарвонеро ба унвони чарогоҳи худ мушаххас мекарданд ва ба касе иҷозат намедоданд бе иҷозати эшон аз он баҳрабардорӣ кунад, то ин, ки Ислом омад ва тамоми ҳаримҳои даврони ҷоҳилиятро, ки ба ноҳақ ба вуҷуд омада буданд, ботил ва бекор эълом намуд. Магар ҳарими Худо, ки онро таъйид намуд ва ҳарим ва миқотҳое барои Каъба қарор дод, то касоне, ки дохили Ҳарам мешаванд, ҳаққи тааддӣ аз ин ҳарам ва миқотҳоро надошта бошанд, магар ба шева ва шароити муайяну махсусе. Ҳангоме ки марди мусулмон дохили эҳром гардид, истифода аз ҳар гуна василаи ороишӣ ва рафоҳӣ барояш ҳаром мегардад ва иҷозат надорад баъд аз эҳром ба ҳеҷ чизи муаттаре худро хушбӯ кунад. Набояд пироҳан ва ё ҳар либоси дӯхташудаеро бипӯшад, ба ҷуз пойафзори кӯтоҳе, ки буҷулҳои пойро напӯшонад. Ҳақ надорад аз кафше истифода кунад, ки пойҳояшро бипӯшонад ва набояд бо ангуштар ё дигари васоили ороишӣ худро ороста намояд, мӯҳои баданро наметарошад ва нохунҳоро намегирад ва бо ҳамсараш омезиш намекунад.

Фалсафаи ин ҳама парҳез ин аст, ки ҳаҷ ибодат аст ва ҳадафи он тақаррубу наздикӣ ба пешгоҳи Худованд ва расидан ба неъматҳое аст, ки Худованд онҳоро барои одамони некӯкор ба унвони подош омода кардааст. Маъмулан дастёбӣ ба ин файзу баракат муяссар нест, магар ин ки нафс аз ҳамаи тамоюлот ва орзуҳои шаҳвонии худ дурӣ ҷӯяд ва аз ҳолати оддӣ хориҷ гардад ва аз лаззатҳою хушгузарониҳо парҳез намояд. Ин кор вақте ҳосил мешавад, ки инсон танҳо ба заруриёти зиндагӣ иктифо кунад ва дар тамоми ҳаракоту сукуноташ таслими амри Худо шаваду ба ҷуз ӯ аз ҳама чиз ҷудо гардад. Фалсафаи дигари риояи парҳез дар эҳром ин аст, ки нафс мутаваҷҷеҳ шавад, ки чун ба камоли матлуби худ мерасад, ки болотар аз модда ва тамоюлоти шаҳвонӣ, ки одатан дар баробари онҳо таслиму заиф аст, қарор гирад ва бо дурӣ аз лаззатҳои зиндагӣ худро барои расидан ба чунин камоле омода созад.

Аз тарафи дигар, эҳром тамрин ва риёзате аст, ки нафсро ба ҳолати рӯҳонияти аввал бозмегардонад. Мулоҳиза мефармоед, ки вақте аз олами модда ва завоҳири он дур мешавем ва нафс ба табиати рӯҳонии худ бармегардад, чӣ қадар хушҳолем ва эҳсоси дилпокию лаззати рӯҳӣ мекунем. Парҳезкорӣ дар эҳром нафсро бурдбору сабур ва қодир ба таҳаммули мушкилот ба бор меоварад. Яке аз уламо ба номи Бодин Павл низомеро ба номи низоми кашшофа барои тарбияи нафс ва омода сохтани он бар таҳаммули мушкилот ихтироъ кардааст, ки аксари миллатҳо инояти фаровоне ба он нишон додаанд ва мо метавонем бо шаҳомат эълом кунем, ки низоми риёзатии эҳроми ҳаҷ ба маротиб таъсираш бештар аз низоми риёзатии кашшофаи Бодин Павл мебошад. Зеро машаққату нороҳатие, ки дар эҳром вуҷуд дорад, нисбат ба машаққати мавҷуд дар низоми кашшофаи Павл ҳам сангинтар ва ҳам мудатташ тӯлонитар аст ва дар як фазои динӣ ва ақидатӣ анҷом мегирад, ки боиси таъсирпазирии бештари нафс мебошад ва аз ин рӯ, муфидтар аст.

Набояд фаромӯш кунем, ин ҳолат, ки тамоми ҳоҷиёни фақиру ғанӣ, дар як либос ва шакли ягона худро нишон медиҳанд ва асаре аз васоили ифтихор ва ғурури баъзе бар баъзеи дигар вуҷуд надорад, паёмовари маънои бисёр баланди мусовот ва бурдбории ҳамагонӣ аст, ки Ислом сахт алоқаманд аст, то решаи онро дар дили пайравонаш қавӣ ва нерӯманд намояд.

Эҳром паёмовари сулҳ ва оромиш аст. Инсоне, ки ба эҳром медарояд, вақте хонаи Худоро мушоҳида мекунад, ин дуоро мехонад: “Парвардигоро, номи Ту салом аст ва оромишу сулҳ танҳо аз ҷониби Ту аст. Парвардигоро, зиндагии оромеро ба мо бидеҳ. Парвардигоро, бар шарофату каромат ва ҳайбату эҳтироми ин хонаи Худ бияфзо ва бар шарофату эҳтироми касе, ки ба унвони ҳаҷ ё умра онро зиёрат мекунад, бияфзо”.

Зикри ин дуо нишон медиҳад, ки яке аз фалсафаҳои ҳаҷ эҷод ва парвариши ишқу алоқа ба сулҳу оромиш дар нафси пайравони Ислом мебошад. Ислом мехоҳад решаи буғз ва кинаю адоватро аз даруни онон хушк намояд ва мусулмононро водор созад, то ба сурати бародарони меҳрубон бо ҳам зиндагӣ ва муошират кунанд ва Қуръон ин матлабро мавриди таъкид қарор медиҳад ва мефармояд: «Ҳаҷ бояд дар моҳҳои муайяне анҷом пазирад (ки иборатанд аз шавволу зулқаъда ва зулҳиҷҷа) ва касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро бар хештан воҷиб карда бошад, набояд калимоти зишт бигӯяд ва набояд омезиши ҷинсӣ бо ҳамсараш дошта бошад ва набояд муртакиби фисқу гуноҳ шавад ва набояд ба ҷангу ҷидол бипардозад, зеро ин корҳо бо рӯҳи ҳаҷ муғоярат дорад» (Бақара, 197).

Дар ин ояти шарифа Худованди мутаол бар инсоне, ки дар эҳром аст, воҷиб карда ки орому беозор бошад ва бо касе ба адовату ҷидол напардозад ва ба ӯ дастур медиҳад аз ба забон овардани калом ва суханони беҳудаю зишт дурӣ ҷӯяд ва аз гуноҳу корҳои нописанд бипарҳезад ва аз фармони Парвардигор таҷовуз нанамояд ва муртакиби ҳеҷ кори ҳароме нашавад ва аз муҷодалаю адоват худдорӣ варзад.

Ҳамчунин ба хотири тақвият ва парвариши ишқ ба оромишу сулҳ дар нафсҳо аст, ки Ислом бар касоне дар эҳром ҳастанд, ҳаром намудааст ҳайвонотеро, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд, бикушанд. Фарқе намекунад гӯшти ин ҳайвонот ҳалол бошад ё ҳаром. Дар ин маврид Худованд мефармояд:

﴿أُحِلَّ لَكُمۡ صَيۡدُ ٱلۡبَحۡرِ وَطَعَامُهُۥ مَتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِلسَّيَّارَةِۖ وَحُرِّمَ عَلَيۡكُمۡ صَيۡدُ ٱلۡبَرِّ مَا دُمۡتُمۡ حُرُمٗاۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ ٱلَّذِيٓ إِلَيۡهِ تُحۡشَرُونَ ٩٦﴾ [المائ‍دة: ٩٦]

«Шикор ва хӯрдани гӯшти сайди обзӣ барои шумо, ки муқим ҳастед ва барои мусофирон, ки онро захира мекунанд, ҳалол аст, вале то вақте дар ҳоли эҳром бошед, шикор кардани ҳайвони хушкизӣ барои шумо ҳаром аст. Аз Худой тақво дошта бошед ва аз азобаш битарсед, ки ба сӯйи ӯ баргардонда мешавед» (Моида, 96).

Даъват ба сулҳу оромиши ҳамаҷониба дар ҳаҷ ба ин ҷиҳат аст, ки Ислом мехоҳад аз тариқи ибодат ва парастиши илоҳӣ пайравони худро сулҳҷӯю ором ва солим ба камол расонад ва ба василаи ибодат ононро дар ин замина парвариш намояд.

Таслим ва итоат аз Худо. Инсоне, ки дар эҳром аст, бо садои баланд ин калимотро дар ҳар фурсату муносибате такрор менамояд ва мегӯяд: «Омода ва фармонбардори Туам, Парвардигоро. Ба ҳақиқат омадаам, ҳеҷ шарику анбозе надорӣ ва омодаю фармонбардорам. Бегумон, тамоми ситоишу неъмат аз они Ту аст ва қудрату мулк хоси Ту аст ва ҳеҷ шарику анбозе надорӣ».

Ба ростӣ, ин калимот ба манзалаи нидое аст, ки сарбозон дар майдони ҷанг замзама менамоянд ва рӯҳи ҳамосаю шуҷоат ва фидокориро дар онон ба ҳаяҷон дармеоварад. Ҳадаф аз такрори ин калимаҳо вогузор намудани зимоми ихтиёр ба дасти пурқудрати Парвардигор ва таслим шудан дар баробари фармони ӯ ва дарҳам шикастани ғуруру такаббур аст, то инсон бар асоси қонуни Худо рафтор кунад ва ба унвони як мавҷуди шарифу сулҳҷӯ ва ором ба зиндагии шарофатмандона идома диҳад ва аз ҳудуди қонун ва шариати Ислом таҷовуз нанамояд.

ҲИКМАТ ВА ФАЛСАФАИ ТАВОФ ДАР КАЪБА

Ҳоҷӣ ҳафт бор дар гирди Каъба давр мезанад, ӯ тавофи худро аз Ҳаҷару-л-асвад шурӯъ менамояд. Гардидан ба даври Каъба ва тавоф ба манзалаи салом барои аввалин хонае аст, ки ба василаи Иброҳим барои парастиши Худои якто сохта шудааст ва ёдовари хотироти Иброҳиму Исмоил мебошад.

Ҳаҷару-л-асвад санге аст, ки дар гӯшае аз Каъба ба унвони як рамз ва шиор қарор дода шудааст, ки Иброҳим онро барои таъйини нуқтаи шурӯи тавоф дар он ҷо насб кардааст. Арабҳо ҳам ҳар гоҳ бинои Каъбаро таҷдид мекарданд, Ҳаҷару-л-асвадро маҳфуз медоштанд. Тавоф ба даври Каъба шабоҳат ба ҳоли фариштагоне дорад, ки ба даври Арши Худо ҳалқа задаанд ва ба тасбеҳи Парвардигор машғул буда, ҳаргиз онро қатъ наменамоянд. Бегумон, ин таваҷҷӯҳи қалбӣ ба Худо ва ибодати амалӣ рӯҳи инсонро ба малакути аъло ба парвоз дармеоварад.

Илова бар ин, ҳамаи мусулмонон ба ҳангоми намоз ҳадди аққал рӯзе панҷ бор ба сӯйи Каъба рӯй меоваранд, пас воҷиб аст ба ҳангоми анҷоми фаризаи ҳаҷ низ онро тавоф кунанд ва бар хонае дуруду салом намоянд, ки Иброҳими Халил, алайҳи-с-салом, онро барои ибодату парастиши Худои якто бино сохтааст.

ФАЛСАФА ВА ҲИКМАТИ САЪЙИ

БАЙНИ САФОВУ МАРВА

Саъй иборат аз рафтани пиёда ба ҳолате аст, ки аз ҳолати оддӣ сареътар бошад, вале суръати он ба давидан нарасад. Саъй байни Сафову Марва яке аз аркони ҳаҷ дар даврони ҷоҳилият буд, ки ислом онро низ таъйид ва тасбит намуд, то ёдовари як ҳодисаи таърихӣ бошад. Аввалин саъй, ки дар байни ду теппаи Сафову Марва анҷом гирифт, ба василаи модари Исмоил – Ҳоҷар – ҳамсари Иброҳими Халил буд, ки дар ҷустуҷӯи об барои фарзанди ташнааш ба суръат дар байни онҳо омадурафт мекард. Арабҳои даврони ҷоҳилият низ ин ибодату шиорро маҳфуз нигаҳ дошта буданд, вале дар болои ҳар як аз ду теппаи Сафо ва Марва буте қарор дода буданд, ки яке Усоф ва дигаре Ноила ном дошт. Вақте Ислом омад, тамоми бутҳоро нобуд кард, вале саъйи байни Сафо ва Марваро боқӣ гузошт, онро аз лавси ширку бутпарастӣ пок намуд. Ислом саъй дар байни Сафо ва Марваро боқӣ гузошт, зеро бо қавонини Исломӣ созгорӣ дорад ва нишоту таҳрик дар рӯҳу ҷисми ҳоҷиёнро тақвият менамояд ва монанди тамриноти ҷангӣ ва амалиёти низомӣ аст. Илова бар инҳо, саъй дар байни Сафо ва Марва ба манзалаи паноҳ бурдан ба Парвардигор барои дафъи гирифториҳою нороҳатиҳо ва талаби омурзишу раҳмат ва мағфират мебошад. Зеро дар чунин ҳолате буд, ки Худованди мутаол гирифториҳои Ҳоҷару фарзандаш Исмоилро бартараф сохт ва оби Замзамро барои онон ҷорӣ намуд, дар ҳоле ки ҳар ду аз шиддати ташнагӣ дар дами марг қарор гирифта буданд.

ФАЛСАФА ВА ҲИКМАТИ

ВУҚУФ ДАР АРАФА

Яке дигар аз аркони ҳаҷ вуқуф дар Арафа дар рӯзи нӯҳуми моҳи зулҳиҷҷа аст. Албатта, фавоиди вуқуф бисёр аст. Аввал ин ки як конфронсе аст солиёна, ки садҳо ҳазор нафар аз ҳамаи нуқоти олам ба сурати намояндаи дигар мусулмонони кишвари худ дар он ширкат менамоянд. Покистонӣ, мисрӣ, мағрибӣ, ироқӣ, индонезӣ, турк, суриягию лубнонӣ ва мусалмононе аз тамоми гӯшаю канори олам дар ин конфронс ширкат доранд, дар як ҷо ҷамъ мешаванд ва як Худоро ба фарёд мехонанд ва аз Парвардигори якто талаби раҳмату баракату саодат менамоянд ва ҳама дар як либоси пок ва бо сару пойи бараҳна, ки бо он шоҳе бар гадое имтиёзе надорад, дар ниҳояти хушӯъ ва фурӯтанӣ ва бо қалби саршор аз сафою самимият ва ишқ ба некию эҳсон ва инсондӯстӣ дар пешгоҳи Худованд ба розу ниёз машғуланд. Чунин саҳнае намоёнгари беҳтарин ва бузургтарин намунаи мусовоту бурдборӣ ба сурати амалӣ дар байни инсонҳо аст, ки ҳеҷ имтиёзи моддӣ ва фахру мубоҳот дар он дида намешавад.

Вуқуф дар Арафа бозсозӣ, таҷдиди шахсият ва ҷудо шудан аз гузаштаи олуда ба гуноҳу корҳои нописанд аст, тавбаю руҷӯъ ба сӯйи Худо аст ва таҷдиди аҳду паймон бо Парвардигор бар он шурӯъ намудани як зиндагии тоза ва поку муназзаҳ аз олудагиҳо мебошад. Дар ин бора Пайғамбар (с) мефармояд: «Касе, ки барои ризои Худо ҳаҷ кунад ва аз гуноҳу суханони бад бипарҳезад ва аз фисқу фуҷур дурӣ намояд ва аз итоати Худо хориҷ нашавад, баъд аз ҳаҷ монанди тифле, ки аз модар нав ба дунё меояд, бегуноҳ ва маъсум ба хонаи худ бармегардад» (Ривояти Бухорӣ)

ШАҲОДАТ ВА ЭЪТИРОФИ ЯКЕ АЗ УЛАМОИ ҒАРБ

ДАР БОРАИ ФАВОИДИ ҲАҶ

Мавзӯи ҳаҷро гуфтаи доктор Филипп Ҳатий дар китобаш ба номи «Таърихи Ғарб» дар маврид ҳаҷ дар назди мусулмонон ба охир мерасонем, ки мегӯяд: «Бо вуҷуди гузашти давронҳои фаровон ҳанӯз ҳаҷ ба сурати як низоми қавӣ ва муҳкаму собиту побарҷо аст, равобити мусулмононро бо ҳам таҳким мебахшад, тафоҳуму иттиҳод ва дӯстию мусовотро дар байни қабоил, гурӯҳҳо ва миллатҳои мусулмон ба вуҷуд меоварад ва ҳеҷ сустию ихтилофе дар он мушоҳида намешавад. Дар сояи ин низоми нерӯманд ҳар мусулмоне орзу дорад, ки дар даврони зиндагии худ ҳадди аққал як бор ба мусофирати ҳаҷ биравад ва дар иҷтимои бародарона ва пур аз меҳру муҳаббат ва мусовоте, ки дар Макка ташкил мешавад, бо дигар мӯъминон ширкат намояд ва эҳсосу ҳамбастагии худро ба афроде, ки аз нуқоти мухталифи ҷаҳон ба ин ҷо омадаанд, эълом намояд. Дар партави баракати ин низом барои ҳар як аз миллатҳои мухталиф монанди сиёҳпӯстон, барбарҳо, чиниҳо, форсҳо, туркҳо, арабҳо ва ғайра фақиру сарватманд, боқудрату заиф ва нотавон ин фурсат ҳосил мешавад, ки аз ҳайси забону фарҳанг ва ақидаю имон бо ҳам тафоҳум, ҳамоҳангӣ ва ҳамбастагӣ ба вуҷуд оваранд. Бегумон, Ислом тавониста ба пирӯзии бисёр чашмгире дар мубориза бо нажодпарастӣ ва қавмгароӣ, махсусан дар байни пайравонаш ноил шавад, ки ҳеҷ як аз динҳои мавҷуд дар ҷаҳон натавонистааст ба он бирасад, зеро Ислом ҳеҷ имтиёзеро, ки боиси бартарияти инсоне ба инсони дигаре бошад, ба расмият намешиносад, магар он имтиёзе, ки боиси бартарии як фарди мӯъмин аст (ки иборат аз тақво ва фазилати ахлоқӣ ва маънавӣ аст). Бидуни тардид, ташкили ин иҷтимои бузург дар айёми ҳаҷ бузургтарин нақш ва хидматро дар роҳи расидан ба ин мавқеият ба ӯҳда дорад».[5]

Ва саллаллоҳу ало саййидино Муҳаммад ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

Китоби «Рӯҳи ислом» асосҳои дини мубини исломро дар партави Қуръону ҳадис ва пажӯҳишҳои илмии нав баён намуда, каломи илоҳӣ будани Қуръони карим ва ҳаққонияти паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с)-ро бо далоили илмӣ бозгӯ менамояд.



[1] Тарҷумаи аллома Муҳаммад Фариди Ваҷдӣ, мунташир дар маҷаллаи «Ал-азҳар».

[2] Хондани ояти мазкур дар оғози намоз хоси мазҳаби Имом Шофеӣ аст.

[3] Ба накл аз китоби «Ислоҳу-л-Ислом ал-иктисодӣ».  Таълифи устод Ҳошими Дафтардор ал-Мадинӣ.

[4] Дар қонуни Руми кадим, ки машҳур ба «Қонуни алвоҳи дувоздаҳгона» аст, чунин омадааст: «Ҳар гоҳ карздор натавонад карзро бозпардохт кунад, агар озод бошад, ба сурати ғуломи соҳиби карз дармеояд ва агар барда бошад, маҳкум ба ҳабс ё куштан мегардад»..

[5] “Таърихи Ғарб “Таълифи Филип Ҳатий.-- Ҷ.1., саҳ.187.