Силсилаи “Шинохти Ислом” Дарси саввум: Дар Иттибоъ ()

 

|

 Силсилаи "Шинохти Ислом" Дарси саввум: Дар Иттибоъ

Тарҷума ва таҳия:

Муҳаммадазиз Раҷабӣ

Силсилаи "Шинохти Ислом" Дарси саввум: Дар Иттибоъ.

Дарси саввум: Дар ИТТИБОЪ

 Муқаддима

Ин дарси саввуми мо дар баёни қисмати дуввуми аркони Ислом аст – қисми шаҳодат ба нубувват ва рисолати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва иттибоъ ва пайравӣ аз ӯ (алайҳис-салоту вас-салом).

Аҳамияти ин рукн дар он аст, ки бидуни таҳқиқи ин рукн ҳеҷ амале аз инсоне мақбул нест.

Зеро ки барои қабули ҳар амале ду шарт лозим аст:

Аввал ихлос ва нияти саҳеҳ ва дуввум мувофақати Паёмбар дар он амал.

Ва далели шарти аввал ин ҳадиси Паёмбар аст, ки мефармояд: «Ба таҳқиқ, ки (сиҳҳату бутлон ва ё радду қабули) амалҳо вобаста ба ниятҳо ҳаст».

Ва далели шарти дуввум ин ҳадис аст: «Ҳар кас, амале анҷом диҳад, ки дар он амал амру фармони мо нест, пас мардуд аст».

Ва ин ду ҳадисро аҳли илм тарозуи аъмоли зоҳир ва ботин хондаанд!

Пас омӯзиш ва фаҳму дониши маънои «Шаҳодат ба паёмбарии Муҳаммад» барои таҳқиқи ин шарти дуввум асос хоҳад буд, чӣ тавре ки фаҳму дониши «Шаҳодат ба ваҳдонияти Аллоҳ» барои ислоҳи ният ва ихлос асос мебошад. – АбуМарям Раҷабӣ.

Рукни дуввум: (Аз рукни аввали аркони Ислом)

Шаҳодат (гувоҳӣ) ба онки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст.

(Иттибоъ — пайравӣ).

 Маънои шаҳодат (гувоҳӣ)

Ин шаҳодат рукни дуввум дар Ислом аст, ва маънояш илму тасдиқ ва эътиқоди муҳкам ба ин аст, ки Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фиристодаи Аллоҳ ҳаст. Ва эълону изҳор ва баёни ин шаҳодат бо қавлу амал аст.

Аммо баёну изҳори он бо қавл – яъне нутқу талаффузи ин шаҳодат аст.

Ва аммо бо амал – яъне рафтору сулуки инсон аст, хоҳ қавлӣ бошад ва хоҳ амалӣ. Бояд ки он рафтору кирдор мувофиқи он чизе бошад, ки Паёмбар аз парвардигораш овардааст. Ба қасди пайравӣ ва қабул ва эътибори ӯ ҳамчун фиристодаи Аллоҳ.

 Паёмбарони Аллоҳ зиёданд

Ва фиристодагони Худованд, ки Ӯ таъоло онҳоро ба сӯйи башар фиристодааст, зиёданд. Қиссаи баъзе аз онҳоро Аллоҳ таъоло ба мо хабар додааст ва номи эшонро ба мо маълум кардааст, ва баъзеи дигарро маълум накардааст.

﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ ٣٦﴾ [النحل: ٣٦]

«Мо ба миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем (ва муҳтавои даъвати ҳамаи паёмбарон ин будааст), ки Аллоҳро бипарастед ва аз тоғут (шайтон, бутҳо, ситамгарон, ва ғайра) дурӣ кунед».

(Сураи Наҳл 36).

Ҳар халқу қавмеро ки дар замин аст, Аллоҳ таъоло ба сӯяш Паёмбаре фиристодааст, ки гоҳо мо ӯро намедонем, зеро ки Аллоҳ таъоло дар бораи рисолати ӯ ва номи ӯ ба мо хабаре надодааст:

﴿وَرُسُلٗا قَدۡ قَصَصۡنَٰهُمۡ عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُ وَرُسُلٗا لَّمۡ نَقۡصُصۡهُمۡ عَلَيۡكَۚ وَكَلَّمَ ٱللَّهُ مُوسَىٰ تَكۡلِيمٗا ١٦٤﴾ [النساء : ١٦٤]

«Ва мо паёмбарони зиёдеро фиристодаем, ки саргузашти онҳоро қаблан барои ту баён кардаем, ва паёмбарони дигаре (ба миёни мардум фиристодем), ки саргузашташонро бароят баён нанамудем. Ва (шеваи ваҳй ба Мусо ин буд, ки) Худованд ҳақиқатан бо Мусо сухан гуфт».

(Сураи Нисо 164).

 Иллати фиристодани паёмбарон

Иллат ва мақсади фиристодани паёмбарон ба сӯйи мардум, асосаш бар мабнои улуҳият ва рубубияти Аллоҳ ҳаст. Зеро ки Ӯ таъоло парвардигор ва илоҳи оламиён аст, ки ҷуз Ӯ, парвардигор ва илоҳу маъбуде надоранд. Ва аз лавозими рубубият ва улуҳият ин аст, ки Ӯ таъоло қоим бар тадбири шуъуни махлуқоташ бошад. Ва аз пайи ислоҳи ҳолашон ва кафили масолиҳашон (манофеъашон) бошад.

Ва бидуни шак, ҳоҷати инсон танҳо ба ғизо ва монанди он нест, ки барои идомаи ҷисмаш зарур мебошад, балки ӯ муҳтоҷ ба заруроти руҳаш ҳаст, ки бо он руҳ аз дигар махлуқот тамйиз шудааст, ва муҳтоҷ аст ба он чизе, ки ӯро ба камоли лоиқ ба инсонияш бирасонад.

Ба ҳамин хотир, муҳимтарини манофеъи инсон ин расидан ба саъодат ва камоли матлуб аст, аз тариқи маърифат ва шинохти офаридагор ва маъбуди хеш. Ва аз сабаби онки инсон қудрати фаҳмидан ва дарки саҳеҳи ин умурро надорад, зеро ки инҳо болотар аз қудрати ақл мебошад, ба муқтазои ҳикмат ва раҳматаш Аллоҳ таъоло паёмбаронро ба сӯйи башар фиристод, ки аз ҷинси худи онҳо мебошанд, ва бо забони худи онҳо сухан мегӯянд, ва роҳҳои расидан ба ризои Ӯро баён кардаву тариқи саъодати ин дунё ва охиратро баён менамоянд.

Аз ин лиҳоз, аз лавозими имон ба Аллоҳ ҳамчун парвардигор ва худову маъбуд, эътиқод ва имон ба паёмбарон аст.

Ва инкори паёмбарон маънои ҷаҳлу нашинохтани Худованд аст, ва адами шинохти қадру манзалат ва мақоми Худованд аст, ва аз ин хотир куфр мебошад! Аллоҳ таъоло мефармояд:

﴿وَمَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦٓ إِذۡ قَالُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ عَلَىٰ بَشَرٖ مِّن شَيۡءٖۗ ٩١﴾ [الانعام: ٩١]

«Аллоҳро ончунон ки шоиста ҳаст ва воҷиб аст нашинохтанд, вақте ки мегӯянд: Аллоҳ ҳеҷ чизеро ба ҳеҷ касе нозил накардааст (ва инсонеро ба ба паёмбарӣ интихоб накардааст)». 

(Сураи Анъом 91).

Хатми рисолот (интиҳо ва хотимаи фиристодани паёмбарон)

Аллоҳ таъоло рисолат ва паёмбариро бо рисолати исломӣ хотима бахшидааст, ҳамон рисолате ки бар Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) нозил кардааст.

Ва Ӯ таъоло Муҳаммадро хотам ва поёни анбиё ва расулон намудааст!

﴿مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَآ أَحَدٖ مِّن رِّجَالِكُمۡ وَلَٰكِن رَّسُولَ ٱللَّهِ وَخَاتَمَ ٱلنَّبِيِّ‍ۧنَۗ ٤٠﴾ [الاحزاب : ٤٠]

«Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо (на Зайд ва на дигаре) нест, ва балки фиристодаи Аллоҳ ва охирини паёмбарон аст…».

(Сураи Аҳзоб 40).

Ва сабаби интиҳои паёмбарӣ бо ин рисолати исломӣ дар он аст, ки Ислом рисолати комил мебошад, ки ба тамоми эҳтиёҷоти мардум ҷавобгӯй аст, ва ҳоҷате ба рисолати дигаре нест:

﴿ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ ٣﴾ [المائ‍دة: ٣]

«Имрӯз (аҳкоми) дини шуморо бароятон комил кардам, ва (бо иззат бахшидан ба шумо ва устувор доштани қадамҳоятон) неъмати худро бар шумо такмил намудам, ва исломро ҳамчун дин барои шумо баргузидам».

(Сураи Моида 3).

Далоили нубуввати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)

دلائل نبوة محمد – صلى الله عليه و سلم

Гуфтем, ки фиристодани паёмбарон аз лавозими рубубият ва улуҳияти Аллоҳ таъоло ҳаст. Ва ҳар паёмбаре ки Аллоҳ мефиристад, ҳатман ӯро бо чизе таъйид ва дастгирӣ менамояд, то ки далеле барои сидқи нубувваташ бошад.

Ва аммо дар мавриди нубувват ва паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), мегӯем:

Ҳар далеле, ки бар исботи нубувват ва паёмбарии паёмбаре вуҷуд дорад, ҳатман мисли он далоил, ва аз он ҳам бештар ва возеҳтар далоиле бар исботи нубуввати Муҳамад вуҷуд дорад!

Ва аз ин лиҳоз, ҳар касе ки ба паёмбарии Мусо ё Ъисо ё ҳар паёмбари дигаре имон биёварад, ва нубуввати Муҳаммадро инкор намояд, пас мутаноқиз (зидду нақиз ва ғайри қобили татбиқ) аст. Ва имону инкори ӯ ҷуз бар асоси ҷаҳлу таъассуб ва тақлиди холӣ аз далелу бурҳон чизе нест!

Барои чӣ?!

Барои онки, ҳар сабаб ва далеле, ки ӯро ба имон овардан ба паёмбаре водор кардааст, ҳатман мисли он сабаб ва балки бештару бартар сабабе ӯро ба боварӣ ба нубуввати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фаро мехонад.

Ин гуна инсоне ки дар чунин ҳолати мутаноқиз мебошад, мисли инсоне ҳаст, ки як донишҷӯи соли аввали факултаи тибро табиб медонад, вале устоди ин донишҷӯйро ки даҳҳо сол ба тадрис ва татбиқи тиб машғул аст, онро ҳамчун табиб қабул надорад.

Ва бадиҳӣ ҳаст, ки чунин таъомул таноқузи маҳз аст, ва иллати он ҷуз ҷаҳлу таъассуб ва тақлид чизе дигар намебошад.

Ва изофа ба он чӣ дар умум гуфтем (яъне умуман дар мавриди далоили нубуввати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтем), хуб мешавад ки баъзе далелҳоро барои исботи нубуввати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) тақдим намоем.

Аз ҷумлаи он далелҳо ин сирати (зиндагиномаи) ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мебошад, аз ҳамон рӯзҳои ба воя расиданаш то ба рӯзи вафоташ. Ин зиндагиномаи поку муъаттар, ҳеҷ имкон надорад, ки соҳибаш каззоб ва дурӯғгӯе бошад, ки ба Аллоҳ таъоло ифтиро бастааст.

Ва ҳамин далел кофӣ ҳаст барои соҳибони ақли солим ва фитрати мустақим.

Ва ба ҳамин далел истидлол кардааст хонуми бузургвор Хадиҷа (разияллоҳу анҳо), он гоҳе ки Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба ӯ дар мавриди Ҷибрил ва ончӣ, ки дар оғози нузули ваҳй аз Ҷибрил дидааст, хабар гуфт. Хадиҷа (разияллоҳу анҳо) ба Паёмбар гуфт:

«إنك لتصل الرحم وتحمل الكل وتكسب المعدوم وتقري الضيف وتعين على نوائب الحق».

«(Башорат бод туро! Ба ростӣ ки Аллоҳ туро хор нахоҳад кард) пайванди хешовандиро нигоҳ медорӣ, вазниние ба мардум ояд ба ӯҳдаи худ мегирӣ, нодоронро кӯмак мекунӣ, меҳмоннавоз ҳастӣ ва агар машаққате бар мардум ояд дар рафъи он мекӯшӣ…».

Ва ҳамчунин аз ҷумлаи далелҳои нубуввати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), ин шариъати аз ҳама ҷиҳат азим аст, ки судури ин гуна низом ва ширъат аз марде уммӣ (нохонда), ки дар он ҷомеъаи маъруфи арабӣ зистааст, имкон надорад. Агар ин шариъат аз ваҳйи илоҳӣ намебуд, ҳеҷ имкон надошт ки нафаре онро биёварад, ҳар қадар ақли расо ва вусъати тафаккур дошта бошад ҳам. Ва ин далелро донишмандони қонун ва ҷомеъашиносӣ ва дигар улум дарк менамоянд.

Ва бузургтарин далели паёмбарии Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), ки то баҳол назди мо мавҷуд будаву барпо ҳаст, ин Қуръони азим ва эъҷози он мебошад. Пас ҳатман дар мавриди ин далел (яъне Қуръон ва эъҷози он) дар алоҳидагӣ бояд сухан кард.

 Далоили эъҷози Қуръон

دلائل إعجاز القرآن

Барои донандагони торихи исломӣ равшану ошкор ва маъруф аст, ки аҳли Макка ва хоссатан Қурайш бо даъвати исломӣ мухолифат кардаву, дар оғози кор ба нубуввати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) эътирофӣ накардаанд. Ва инкор карданд, ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ бошад ва ё инки Қуръон каломи Аллоҳ таъоло бошад.

Ва аз ҷумлаи ончӣ ки байни Муҳаммад ва байни Қурайш ва дигар мухолифон ва душманону мункирон шудааст, ин буд ки Муҳаммад онҳоро бо Қуръон таҳаддӣ кард (ба чолиш кашид ва ба мубориза даъват кард):

﴿قُل لَّئِنِ ٱجۡتَمَعَتِ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَىٰٓ أَن يَأۡتُواْ بِمِثۡلِ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لَا يَأۡتُونَ بِمِثۡلِهِۦ وَلَوۡ كَانَ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٖ ظَهِيرٗا ٨٨﴾ [الاسراء: ٨٨]

«Бигӯ: Агар ҳама мардумон ва ҷумла париён гирд оянд ва муттафиқ шаванд бар инки мисли ин Қуръон (бо ин шеваҳои дилрабо ва маъонии зебо бисозанд) биёваранд, наметавонанд онро биёранд ва ироа диҳанд, агарчанде бархе аз онҳо пуштибон ва мададгори бархеи дигар шаванд (зеро ки Қуръон каломи Офаридгор ва муъҷизаи ҷовидон аст, ки ҳаргиз аз маълумоти маҳдуди махлуқон чунин чизе сохта нест)».

(Сураи Исроъ 88).

Мухолифон ва мункирон аз ин таҳаддӣ сукут кардаву аз шикасти он ва ё посух ба он оҷиз гаштанд.

Ва сипас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бори дигар онҳоро ба чолиш кашид:

﴿أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۖ قُلۡ فَأۡتُواْ بِعَشۡرِ سُوَرٖ مِّثۡلِهِۦ مُفۡتَرَيَٰتٖ وَٱدۡعُواْ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ١٣﴾ [هود: ١٣]

«Балки (мушрикон аз дархости муъҷизот аз қабили ганҷи ройгон ва нузули фариштагон пой фаротар мегузоранд ва) мегӯянд: (Муҳаммад худаш Қуръонро таълиф кардааст ва) онро ба дурӯғ ба Аллоҳ нисбат медиҳад!

Бигӯ: (Агар ин Қуръонро инсоне чун ман навиштааст) шумо (ҳам) даҳ сураи дурӯғин ҳамонанди онро (бинависед ва барои мо) биёваред, ва ғайр аз Аллоҳ ҳар касро ки метавонед даъват кунед (ва ба ёрии худ биталабед) агар (дар иддаъои хеш) ростгӯед!».

(Сураи Ҳуд 13).

Аз ин таҳаддӣ низ оҷиз мондаву сокит гаштанд.

Ва сипас Паёмбар онҳоро бори дигар ба мубориза даъват кард:

﴿وَمَا كَانَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانُ أَن يُفۡتَرَىٰ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَلَٰكِن تَصۡدِيقَ ٱلَّذِي بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَتَفۡصِيلَ ٱلۡكِتَٰبِ لَا رَيۡبَ فِيهِ مِن رَّبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٣٧ أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰهُۖ قُلۡ فَأۡتُواْ بِسُورَةٖ مِّثۡلِهِۦ وَٱدۡعُواْ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٣٨﴾ [يونس: ٣٧،  ٣٨]

«Ин Қуръон аз сӯйи ғайруллоҳ (чӣ Муҳаммад ва чӣ аҳбору коҳинон ва чӣ дигар мардумон) сохтаву пардохта нашудааст, ва балки (ваҳйи Аллоҳ ҳаст ва) тасдиқкунандаи китобҳои осмонии пешин (ҳамчун Таврот ва Инҷил) аст. Ва баёнгари (шароеъ ва ақоид ва аҳкоми) китобҳои гузашта мебошад. Шакку тардиде дар он нест, ва аз сӯйи парвардигори ҷаҳониён фиристода шудааст.

Балки онон мегӯянд, ки (Муҳаммад Қуръонро худ сохта ва пардохтааст ва) ӯ онро ба дурӯғ ба Аллоҳ нисбат додааст.

Бигӯ: (агар чунин аст ва Қуръон сохтаи башар бошад), пас шумо як сура ҳамонанди онро бисозед ва биёваред ва дар ин кор ҳар касеро ки метавонед ба ҷуз Аллоҳ фаро хонед ва ба кумак талабед, агар рост мегӯед (ки Қуръонро ман сохтаву пардохтаам)».

(Сураи Юнус 37-38).

﴿وَإِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّمَّا نَزَّلۡنَا عَلَىٰ عَبۡدِنَا فَأۡتُواْ بِسُورَةٖ مِّن مِّثۡلِهِۦ وَٱدۡعُواْ شُهَدَآءَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٢٣ فَإِن لَّمۡ تَفۡعَلُواْ وَلَن تَفۡعَلُواْ فَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِي وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُۖ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ ٢٤﴾ [البقرة: ٢٣،  ٢٤]

«Агар дар бораи ончӣ, ки бар бандаи худ нозил кардаем, дучори шакк ва дудилагӣ ҳастед, пас сурае ҳамонанди онро бисозед (ва биёваред) ва гувоҳони худро ба ҷуз Аллоҳ (ки бар сидқи Қуръон гувоҳӣ медиҳад) фаро хонед (то бар сидқи чизе ки овардаед ва ҳамсони Қуръонаш медонед шаҳодат диҳанд) агар ростгӯй ва дурусткоред.

Ва агар натавонистед, ки чунин кунед – ва ҳаргиз нахоҳед тавонист – пас (лозим аст, ки бо анҷом додани корҳои некӯ ва дурӣ аз бадиҳо) худро аз оташе, ки вақуди он (афрузандаи он «ҳезуми он») инсон ва санг аст, нигоҳ доред. Оташе ки барои (шиканҷаи) кофирон омода гаштааст».

(Сураи Бақара 23-24).

Ва натиҷаи ин ҳама таҳаддиҳо аз тарафи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба Қурайш ва соири мухолифон ин буд, ки ҳамагӣ аз шикасти ин таҳаддӣ ва ҳатто аз кушиш ва талоши шикасти он оҷиз монданд. Балки ҳамагӣ хомӯширо ихтиёр кардаву ба дигар роҳу услубҳо даст ёзиданд, ки бар кизбу ифтиро асос ёфтааст. Ва даст заданд ба боздоштан аз роҳи Аллоҳ (сабил-у-ллоҳ) бо истифода аз қувват ва ирҳоб, ва даъвати мардум ба инки Қуръонро нашнаванд токи аз он мутаассир нагарданд.

Аллоҳ таъоло дар мавриди ин услуби эшон хабар медиҳад:

﴿وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَسۡمَعُواْ لِهَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ وَٱلۡغَوۡاْ فِيهِ لَعَلَّكُمۡ تَغۡلِبُونَ ٢٦﴾ [فصلت: ٢٦]

«Кофирон (ба ҳамдигар) мегӯянд: Ба ин Қуръон гӯш фаро надиҳед, ва дар (ҳангоми тиловат ва баёни) он ёвасароӣ ва ҷору ҷанҷол кунед (то ки мардум ҳам Қуръонро нашнаванд ва маҷоли андеша ва тафаккур дар бораи мафоҳими он аз дасташон равад, ва) шумо пирӯз гардед».

(Сураи Фуссилат 26).

 Таҳадии Қуръон ба мухолифон.

تحدي القرآن للمخالفين

Ҳар гоҳ, ки таҳаддӣ пирӯз гаштаву бачолишкашидашудагон аз посух додан ба таҳаддӣ оҷиз монданд, ин далели возеҳ бар сидқи мутаҳаддӣ (бачолишкашанда) ҳаст ва далели сидқи даъвои ӯст, ва ҳамчунин далели бутлони даъвои онҳое ҳаст, ки таҳаддӣ ба он нигаронида шудааст.

Ва лекин ин натиҷа ва ин далолат (яъне далолат ба сидқи таҳаддикунанда) тамому комил намешавад, магар дар сурате ки ин таҳаддӣ шартҳои лозими худро дошта бошад.

Пас оё ҳамон шартҳо дар таҳаддии Қуръон ҷой доштааст ё на?!

Ва қабл аз посух гуфтан ба ин суол, бояд ба дигар суол посух гуфт: Шартҳои таҳаддӣ кадом аст?

Шартҳои таҳаддӣ чунин аст:

Аввалан: Инки мавзуъи таҳаддӣ дар доираи қудрати онҳое бошад, ки таҳаддӣ ба онҳо нигаронида шудааст, балки дар доираи ихтисоси онҳо бошад, дар он маҷол ва соҳае ки бачолишкашидашудагон дар он машҳур будаву бар он тасаллут доранд.

Мисли онки гуштингире (варзишгаре) дигар варзишгаронро ба таҳаддӣ ва чолиш бикашад, ки танҳо ӯ қаҳрамони ин навъи варзиш аст, пас мавзуъи таҳаддӣ дар ин маврид «гуштингирӣ» мебошад, ва дар доираи ихтисоси дигар гуштингирон аст, ки ба мубориза талабида шудаанд!

Сониян: Ва шарти дуввум дар таҳаддӣ ин аст, ки бачолишкашидашудагон дар посух гуфтан ва ибтоли даъвои мутаҳаддӣ ҳарис буванд ва рағбат дошта бошанд.

Ва барои таҳаддии салим, вуҷуди шарти аввал кифоя нест, зеро имкон дорад, ки аслан онҳо ба таҳаддӣ ҷавоб гуфтан намехоҳанд ва рағбате надорад. Пас дар ин ҳолат сукути онҳо далели аҷзашон ва ҳамчунин далели сидқи таҳаддикунанда шуда наметавонад. Масалан, агар дар миёни варзишгарон касе бошад, ки ба таҳаддӣ посух дода метавонад, вале аз сабаби онки бародар ё фарзанд ва ё дӯсти мутаҳаддӣ мебошад, барои ҷавоб гуфтан ба таҳаддӣ талош намекунад ва ё инки таҳаддикунанда (бачолишкашанда) дар назари он мардум қимате надорад ва шоистаи посух гуфтан нест.

Солисан: Ва шарти саввум ин аст, ки бачолишкашидашудагонро чизе аз ҷавоб додан ба чолиш манъ нанамояд. Мисли хавфу ҳарос аз мутаҳаддӣ, хавф аз қудрат ва қуввати ӯ дар озори посухдиҳандагон.

Пас маълум мешавад, ки барои таҳаддии саҳеҳ ду шартӣ қаблӣ кифоя нест, балки ин шарти саввум низ бояд вуҷуд дошта бошад.

Масалан агар шахсе даъво намояд, ки танҳо ӯ шоистаи ихтиёри мардум аст (дар сарварии мардум ва раёсати онҳо) ва мардум танҳо ӯро интихоб хоҳанд кард, ва мухолифони худро ба таҳҳадӣ (чолиш) бихонад, ки: ҳон, агар бовар надоред, пас номзадии худро тақдим кунед! Пас агар дар ин сурат мухолифон сукут карданд, ва ҳеҷ шахсе номзадии худро тақдим нанамуд, аз тарсу ҳарос ва хавфи султон ва қудрати мутаҳаддӣ, зеро ки амру фармон ва ҳукумат дар дасти ӯст, пас ин сукут ҳеҷ гоҳ далели сидқи он мутаҳаддӣ нест (бар инки танҳо ӯ мухтор бошад ва шоистаи раёсати мардум аст).

Ин буд шартҳои зарурӣ барои таҳаддӣ ва чолиши саҳеҳ ва муътабар, ки ба натиҷае бирасонад. Пас оё ҳамин шартҳои мазкур дар таҳаддии Қуръон ба мушрикону мункирон фароҳам будааст ё не?!

 Таҳаққуқ ва тасдиқи шурути таҳаддии Қуръон ба мухолифон

تحقق شروط تحدي القرآن للمخالفين

Ончӣ ки аз шартҳои таҳаддӣ зикр намудем, ҳамагӣ дар таҳаддии Қуръон мавҷуд аст. Ва баёни он ба сурати зайл аст:

Аввалан: Вобаста ба шарти аввал, мавзуъи таҳаддӣ бояд ки дар доираи ихтисоси ба таҳаддӣ кашидашудагон бошад. Ва маъруф аст, ки Қурайш ва соири араб бо фасоҳату балоғат ва маърифати забони арабӣ машҳур будаанд ва дар ин ҷода бо суханварӣ, назму наср, ва завқи волои хеш мутамойиз ва барҷаста буданд, ҳатто инки барои интихоби беҳтарин шеърҳо мавсимҳои адабиро барпо мекарданд.

Ва ҳамчунин, ин низ маълум аст, ки Аллоҳ таъоло Қуръони каримро ба ҳамон забони арабӣ нозил кард, пас агар онҳоро ба таҳаддӣ бикашад ва бигӯяд: Агар шакке доред, ки ин Қуръон каломи Худованд бошад ва бар Муҳаммад нозил гаштааст, пас ба мисли он (каломе ва китобе) биёваред ва ё (ҳадди ақалл) сурае мисли сураҳои он биёред, агар барояшон чунин таҳаддӣ кунад, пас дар доираи ихтисоси онҳо таҳаддӣ кардааст, ва дар маҷоле ҳаст, ки онҳо дар он маҷол моҳир ва бориз мебошанд.

Пас, дар ин ҳолат шарти аввал дар таҳаддии Қуръон фароҳам ва муҳаққақ аст!

Сониян: Ончӣ, ки дар мавриди шарти дуввум аст, вуҷуди майлу рағбати мухолифон аз Қурайш ва дигарон ба посух гуфтан ва ибтоли даъвати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва исботи даъвои хеш бар инки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ нест.

Ин шарт низ дар таҳаддии Қуръон муҳаққақ ва фароҳам аст. Ва ҳатто кучактарин хонанда ва мутталеъ ба торихи исломӣ инро медонад.

Ва маъруф аст, ки Қурайш ба даъвати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) розӣ нагашт, ва кушишу талошҳои зиёду гуногуне кард, то ки ин даъватро хунсо кардаву аз байн бубарад. Ва дар ин талошҳои хеш аз тарғиб ва тарҳиб истифода кардааст:

Қурайш ба АбуТолиб пешниҳод кард, ки Муҳаммадро аз даъват ба сӯи динаш боз дорад, ва Қурайш дар муқобили он ба Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) он қадар молу сарват медиҳанд, ки сарватмандтарини онҳо мегардад, ва ӯро раиси хеш месозанду ӯ соҳиби салтанат мегардад ва ё инки ӯро ба назди табибон мебаранд, агар ба табибу илоҷ муҳтоҷ бувад.

Посухи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба Қурайш ба ин маъно буд:

«والله يا عماه، لو وضعوا الشمس في يميني والقمر في شمالي على أن أترك هذا الأمر ما تركته حتى يظهره الله أو أموت دونه…»

«Савганд ба Аллоҳ эй амак (АбуТолиб)! Агар хуршедро ба як дастам ва моҳро ба як дастам бигзоранд бар ивази инки ин корро (даъват ба Исломро) тарк намоям, таркаш нахоҳам кард то инки Аллоҳ таъоло онро пирӯз кунад ё инки барояш (барои пирӯзии ин дин) бимирам».

Сипас Қурайш ба таҳдид ва озор ва бойкоту таҳрими иқтисодии Муҳаммад ва пайравонаш гузашт. (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).

Ва ҳамчунин ба туҳмат ва дурӯғбандӣ ба Паёмбар даст заданд, ва Паёмбарро ба умуре туҳмат карданд, ки ӯ аз он барӣ буд, ва гуфтанд, ки девона ва ҷодугар ва дурӯғгӯй аст.

Ва азобу шиканҷаи мушрикон бар Паёмбар ва ёронаш ба ҳадде буд, ки баъзе аз ёрони ӯ таҳти азоби Қурайш ҷон додаанд, ва иддае аз ёрони Паёмбар аз ин азобу шиканҷа ду маротиба ба Ҳабаша фирор намуданд.

Ва ин ҳама ҳақоиқ далели возеҳ ва равшан аст, ки Қурайш рағбати комил ва ҳирси шадид дошт барои ибтолу хунсо кардани даъвати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).

Шарти саввум: Адами вуҷуди монеъа аз посух гуфтан ба таҳаддӣ.

Ва ин шарт ҳам дар таҳаддии Қуръон мавҷуд аст ва таҳаққуқ ёфтааст. Чӣ тавре ки ба ҳар донандаи торихи исломӣ маълум аст, дар Макка салтанат ва қудрату нуфуз дар дасти мушрикон буд, аммо мусалмонон ва расулашон Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҳеҷ чизе аз ин қабилро надоштанд. Заъифу нотавон буданду чӣ тавре ки гуфтем барои дини хеш ба Ҳабаша фирор мекарданд, ва ахиран ба Мадина (Ясриб) ҳиҷрат намуданд, ва Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) низ ҳиҷрат кард.

Инҳо ҳама далели возеҳ аст, ки ҳеҷ чизе мушрикони Қурайшро аз ҷавоб гуфтан ба таҳаддии Қуръон ва исботи даъвои хеш бар инки Қуръон каломи Худованд набувад, ва Муҳаммад фиристодаи Худованд набошад, боз намедошт, агар воқеъан ҳам тавони ин корро доштаанд!.

 Натиҷаи таҳадии Қуръон ва далолати он

نتيجة التحدي ودلالته

Натиҷаи таҳаддии Қуръон ба мушрикон ин буда, ки онҳо аз посух гуфтан ба таҳаддии Қуръон оҷиз мондаву сукутро ихтиёр карданд. Пас агар сукуту аҷзи онҳо собит гашта бошад ва дар таҳаддии Қуръон шартҳои таҳаддӣ фароҳам бошад, ин далели сидқ ва субути нубуввати Муҳаммад аст ва далел аст, ки ӯ паёмбар ва фиристодаи Аллоҳ ҳасту Қуръон каломи Аллоҳ.

Агар ин собит бошад, пас бар ҳама халқ воҷиб аст, ки ба нубуввати Муҳаммад имон овардаву пайрави ӯ бошанд, ва таслими он шариъате бошанд, ки ӯ аз Парвардигораш овардааст, ва имон оваранд ба ҳама ончӣ, ки дар Қуръон ва Суннати набавии мутаҳҳар омадааст, ҳамин аст амри матлуб!

 Давом ёфтани таҳаддии Қуръон ва далолати он

استمرار التحدي ودلالته

Ва имрӯз ҳам таҳаддии Қуръон қоим аст ба ҳар шаккоку муртобе, ки нубуввати Муҳаммадро ва нисбати Қуръонро ба Аллоҳ таъоло инкор мекунад. Таҳаддии Қуръон қоиму барпост то ба имрӯз ва то он замоне ки Аллоҳ таъоло қиёматро барпо намояд.

Давом ёфтани ин таҳаддӣ ба чӣ далолат мекунад?

Далолати он возеҳ ҳаст, ва он субут ва ҳаққонияти нубуввати Муҳаммад аст, бо далели қотеъ ва бурҳони сотеъ ки ҳеҷ мукобир ва саркаше тавони инкори онро надорад ва ё инки дар он муғолата кунад!

Ва чун дидем, ки ин далел (далели эъҷози Қуръон) дар тули қарнҳо аз замони нубуввати Муҳаммад то ба имрӯз идома ёфтааст, ва инки Ислом бо душманони гуногун ва мункирон ва кофирон мувоҷеҳ будаву онҳо тамоми қуввату талоши хешро дар таънаву ташкик дар ислом ва ворид кардани афкори ботил ба он ва олуда сохтани афкору ақоиди он сарф кардаанд, ва бар замми ҳамаи ин ҷуръат накардаанд, ки ин таҳаддии қуръониро посух гӯянд!

Мегӯем: Агар ин ҳақиқатро донистем, пас қуввати ин далелро хоҳем донист, далели эъҷози Қуръон бар сидқи нубуввати Муҳаммад ва сидқи рисолаташ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)

Ба ростӣ, он далеле ки сидқу ҳақиқати он муддати чаҳордаҳ қарн инҷониб собит аст, бузургтарин далел аст барои исботи нубуввати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)!

 Инкори нубуввати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) танқис ва таън бар ақли инсон аст.

إنكار نبوة محمد صلى الله عليه وسلم تنقيص بعقل الإنسان

Ва бино бар ончӣ, ки гузашт (аз зикри далоили нубувват ва таҳаддии Қуръон), ба натиҷа мерасем, ки инкори нубувваташ баъди зуҳури далоили қотеъ бар паёмбарияш ва сидқаш, танқис ва таън бар ақли башарист.

Ва ҷаҳду инкорест, ки болотар аз он ҷуҳуде нест, ва иноду саркашии маҳз (аз қабули ҳақ), ва ҷинояти азим аст.

Аз ин лиҳоз ҷазои ин гуна мункирон дар назди Аллоҳ таъоло ғализу шадид мебошад, ва соҳиби ин инкор аз ҷумлаи кофирон ва саркашон аст.

Ва дуввум инки, ҳар касе ки нубуввати Муҳаммадро инкор кард, пас мутлақан роҳе барои имон овардан ба дигар паёмбарон надорад. Ба ин хотир, ки ҳар касе вуҷуди офтобро инкор кард, пас роҳе барои имон ба ситорагонро (ки онҳоро намебинад) надорад. Ва аммо агар ба он (вуҷуди ситорагон) имон овард, пас дар имони худ ба ин ва инкори он таноқуз дорад.

 Исботу қабули нубуввати Муҳаммад — исботу қабули дигар паёмбарон аст

إثبات نبوة محمد صلى الله عليه وسلم إثبات لسائر النبوات

Ба ростӣ, исботу қабули нубуввати Муҳаммад — исботу қабули дигар паёмбарон аст, зеро ки ин нубувватҳо ва асҳоби онро, ки Паёмбарони киром ҳастанд, Қуръон зикр кардааст.

Ҳар гоҳ, ки бо далели эъҷоз собит гашт, ки Қуръон аз ҷониби Аллоҳ ҳаст ва Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ мебошад, пас ҳарчӣ ки дар Қуръон омадааст ва ҳарчӣ ки Муҳаммад хабар додааст собит мегардад.

Ва мо инро ба хотири он мегӯем, ки назди мо ҳеҷ далели қотиъе барои исботи нубуввати ҳеҷ паёмбаре қабл аз Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) вуҷуд надорад.

Ва бино бар ин, ҳар касе ки нубуввати Муҳаммадро инкор мекунад ва дар айни ҳол мехоҳад, ки касеро ба қабули нубуввати паёмбаре ғайр аз Муҳаммад бихонад, дар ҳоли таноқуз аст, ва даъватшавандаи худро ҳуҷҷате додааст барои инкори нубувват дар асл!

Ва низ ба ҳамин хотир инкори нубуввати ҳар паёмбаре инкори рисолати Ислом аст, зеро ки инкор ва такзиби баъзе аз ахбори Қуръон хоҳад буд.

 Муқтазои имон ва боварӣ ба нубуввати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва лавозими он.

مقتضى الإيمان بنبوة محمد صلى الله عليه وسلم ولوازمه

Ва имон овардан ба Муҳаммад ҳамчун набӣ ва расул, тақозо мекунад (талаб мекунад) таслими комил ва мутлақро ба ончӣ, ки ӯ овардааст ё хабар додааст, ва тасдиқу итоъати ӯро бар ончӣ ки амр карда ё ки наҳй намудааст, бидуни интиқод ё тангдилӣ ё муноқаша ё ҷидол ё таъқиб ва ё ки қабули баъзеву тарки баъзеи дигар. Зеро ки ин чизҳо ҳама мухолифи муқтазои имон ба Муҳаммад аст ҳамчун набӣ ва расул.

Барои ҳамин ҳам, нусуси Қуръонӣ ҳамагӣ ин матолибро таъкид кардаву баён месозад, ки аз тақозои имон ба паёмбарии Муҳаммад аст. Ва аз ҷумлаи он нусуси Қуръонӣ, ки дар мавриди итоъат аз Паёмбар ва пайравӣ аз ӯ нозил шудааст инҳост:

﴿وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ١٣٢﴾ [ال عمران: ١٣٢]

«Аз Аллоҳ ва Паёмбар (Муҳаммад) итоъат кунед, то ки (дар дунё ва охират) мавриди раҳмат ва марҳамат қарор гиред».

(Сураи Оли Имрон 132).

﴿قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ٣١﴾ [ال عمران: ٣١]

«Бигӯ: Агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро бибахшояд, ва Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст».

(Сураи Оли Имрон 31).

﴿قُلۡ أَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَٱلرَّسُولَۖ فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٣٢﴾ [ال عمران: ٣٢]

«Бигӯ: аз Аллоҳ ва Паёмбар (Муҳаммад) итоъат ва фармонбардорӣ кунед. Ва агар (аз ин қавли ту) сарпечӣ кунанд (пас эшон ба Аллоҳ ва Паёмбар имон надоранд ва кофиранд), ва Аллоҳ кофиронро дӯст намедорад».

(Сураи Оли Имрон 32).

            ﴿مَّن يُطِعِ ٱلرَّسُولَ فَقَدۡ أَطَاعَ ٱللَّهَۖ ٨٠﴾ [النساء : ٨٠]

«Ҳар кас, ки аз Паёмбар итоъат кунад, дар ҳақиқат аз Аллоҳ итоъат кардааст…».

(Сураи Нисо 80).

            ﴿إِنَّمَا كَانَ قَوۡلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ إِذَا دُعُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ لِيَحۡكُمَ بَيۡنَهُمۡ أَن يَقُولُواْ سَمِعۡنَا وَأَطَعۡنَاۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ٥١﴾ [النور : ٥١]

«Ҳангоме ки ба сӯйи Аллоҳ ва расулаш фаро хонда шаванд, то ки миёни онҳо доварӣ кунад, муъминон суханашон танҳо ин аст, ки мегӯянд: Шунидем ва итоъат кардем!

Ва растагорони воқеъӣ ҳамонҳоянд».

(Сураи Нур 51).

﴿وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ يُدۡخِلۡهُ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ وَمَن يَتَوَلَّ يُعَذِّبۡهُ عَذَابًا أَلِيمٗا ١٧﴾ [الفتح: ١٧]

«Ҳар кас, ки аз Аллоҳ ва расулаш фармонбардорӣ кунад, Аллоҳ ӯро ба боғҳои биҳиште ворид месозад, ки рӯдҳову ҷӯйҳо дар зери (кохҳову дарахтони) он равон аст. Ва ҳар кас, ки сарпечӣ кунад, Аллоҳ ӯро ба азоби дардноке гирифтор месозад».

(Сураи Фатҳ 17).

            ﴿وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَٱنتَهُواْۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ ٧﴾ [الحشر: ٧]

«Чизҳое ки Паёмбар барои шумо (аз аҳкоми илоҳӣ) овардааст, иҷро кунед. Ва аз чизҳое ки шуморо аз он боздоштааст, даст бикашед. Аз Аллоҳ битарсед, ки баростӣ Аллоҳ уқубати шадиде дорад».

(Сураи Ҳашр 7).

            ﴿وَمَا كَانَ لِمُؤۡمِنٖ وَلَا مُؤۡمِنَةٍ إِذَا قَضَى ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ أَمۡرًا أَن يَكُونَ لَهُمُ ٱلۡخِيَرَةُ مِنۡ أَمۡرِهِمۡۗ وَمَن يَعۡصِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ فَقَدۡ ضَلَّ ضَلَٰلٗا مُّبِينٗا ٣٦﴾ [الاحزاب : ٣٦]

«Ҳеҷ марду зани муъмине, дар коре ки Аллоҳ ва расулаш доварӣ карда бошанд (ва онро муқаррар намуда бошанд) ихтиёре аз худ дар он надоранд (ва иродаи эшон бояд тобеъи иродаи Аллоҳ ва расулаш бошад).

Ва ҳар касе ки аз дастури Аллоҳ ва расулаш сарпечӣ кунад, гирифтори гумроҳии комилан ошкоре мегардад».

(Сураи Аҳзоб 36).

﴿فَإِن تَنَٰزَعۡتُمۡ فِي شَيۡءٖ فَرُدُّوهُ إِلَى ٱللَّهِ وَٱلرَّسُولِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرٞ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلًا ٥٩﴾ [النساء : ٥٩]

«Ва агар дар чизе ихтилоф (ва дар амре аз умур низоъ ва кашмакаш доштед), пас онро ба Аллоҳ (бо арза ба Қуръон) ва Паёмбар (бо руҷуъ ба суннати набавӣ) баргардонед (то дар партави Қуръон ва суннат ҳукми онро бидонед. Зеро ки Аллоҳ Қуръонро нозил кардааст, ва Паёмбар онро баён ва тавзеҳ додааст. Бояд чунин кунед), агар ба Аллоҳ ва рӯзи растохез имон дошта бошед. Ин кор (яъне руҷӯъ ба Қуръон ва суннат) барои шумо беҳтар ва хушфарҷомтар аст».

(Сураи Нисо 59).

﴿فَلَا وَرَبِّكَ لَا يُؤۡمِنُونَ حَتَّىٰ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيۡنَهُمۡ ثُمَّ لَا يَجِدُواْ فِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَرَجٗا مِّمَّا قَضَيۡتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسۡلِيمٗا ٦٥﴾ [النساء : ٦٥]

«Не! Қасам ба парвардигорат, ки онҳо муъмин ба шумор намеоянд, то туро дар ихтилофот ва даргириҳои худ ба доварӣ наталабанд, ва сипас малоле дар дили худ аз доварии ту надошта бошанд ва комилан таслими (қазовати ту) бошанд».

(Сураи Нисо 65).

﴿فَلۡيَحۡذَرِ ٱلَّذِينَ يُخَالِفُونَ عَنۡ أَمۡرِهِۦٓ أَن تُصِيبَهُمۡ فِتۡنَةٌ أَوۡ يُصِيبَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ٦٣﴾ [النور : ٦٣]

«Онҳое ки бо фармони ӯ (яъне Муҳаммад) мухолифат мекунанд, бояд аз ин битарсанд, ки балое гиребонгирашон гардад, ё инки азоби дардноке дучорашон шавад (аз ҷумлаи қаҳтӣ ва зилзила ва дигар масоиби дунявӣ, ва дузах ва дигар шиканҷаҳои ухравӣ)».

(Сураи Нур 63).

Ин қабил нусус ва амсоли он дар Қуръон зиёд аст, ки муъминонро аз муқтазои имонашон ба Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва лавозими ин имон тазаккур медиҳад. Боре онҳоро ба итоъат аз ӯ фаро мехонад, зеро ки тоъат аз ӯ тоъат аз Аллоҳ ҳаст, ва ҷазову сазои итоъаткорон ҷанноти наъим мебошад, ва ҷазои мухолифон азоби оташ ва боре дигар тазаккурашон медиҳад, ки имон ба Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) тақозо мекунад амал кардан ба фармонҳои ӯ ва бозистодан аз наҳйкардаҳои ӯро. Ва амру фармони Паёмбар воҷибут-тоъат аст ва мусалмон дар қиболи фармони Паёмбар ихтиёре надорад. Ва инки дар ҳалли ихтилоф ва низоъ воҷиб аст, ки ба Аллоҳу расулаш руҷӯъ карда шавад. Ва инки имони ҳақиқӣ ба Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) тақозо (талаб) мекунад розӣ шуданро ба ҳукму қазои ӯ ва ончӣ ки ӯ хабар медиҳад. Ва гоҳе дигар ин нусуси Қуръонӣ баён мекунад, ки мухолифати амри Паёмбар ва нофармонӣ аз ӯ сабаби азоби илоҳӣ ва хашму ғазаби Ӯ таъоло мебошад, ва бояд ки мухолифаткунандагон бо Паёмбар аз фитна ва азоби дарднок барҳазар бошанд!

Ва воқеъан, ончӣ ки ин нусуси Қуръонӣ тазаккур медиҳад, натиҷаи мантиқии имон ба Муҳаммад ва розӣ будан ба ӯ ҳамчун фиристодаи Аллоҳ ҳаст. Зеро ки мутаноқиз ва ғайри маъқул аст, ки инсоне ба Муҳаммад имон биёварад ва сипас дар баъзе аз масоили овардаи ӯ низоъ кунад, ва ё инки бо баъзе аз масоили шаръи ӯ норозӣ бошад, ва ё инки баъзе аз фармудҳои ӯро интиқод кунад ва ё бар муқобили баъзе аз амру наҳйи ӯ сарпечӣ ва қиём намояд, ва ғайра аз ончӣ, ки ҳеҷ гоҳ бо талаботи имон созгор нахоҳад буд…

Ба ростӣ, ҳар гоҳе ки инсон ба табиби моҳир ва барҷаста будани шахсе имон дошта бошад, пас ҳатман сухани ӯро дар умури тибб ва хабари ӯро дар мавриди беморияш ва роҳҳои илоҷаш мепазирад, ва фармоишоту раҳнамоии ӯро дар чӣ хӯрдан ва чӣ нушидан ва парҳез кардан, қабул кардаву пайравӣ хоҳад кард. Ва ҳеҷ гоҳ ба худаш иҷоза намедиҳад, ки бо табиб дар ин умур мухолифат намояд ва ё ҷидол кунад.

Пас агар чунин рафтор бо як табиб, ки дар фармоишот ва тавсиёти хеш ҳатман эҳтимоли хато кардан дорад, салим ва маъқул бошад, пас чӣ тавр имкон дорад ва муҷоз бошад шахси муъмин бар Муҳаммадро, ки бо ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мухолифат кунад ё ки ҷидол варзад?.

 Вазифа ва масъулияти мо нисбати Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).

واجبنا نحو الرسول صلى الله عليه وسلم

Баъди имон овардан ба ӯ ва тасдиқи ӯ дар ончӣ, ки хабар додааст, ва тоъати ӯ бар ончӣ ки амр кардаву бозистодан аз ончӣ, ки наҳй кардааст, ва қабул кардани фармоишоти ӯ бо ризогӣ ва фурӯтании комил, чӣ тавре ки баён кардем, воҷибот ва масъулиятҳои дигари мо нисбати Паёмбар –падару модарам фидояш бод!- чунин чизҳо ҳаст:

Аввалан: Дӯст доштани ӯ ва муҳаббат ба ӯ бештар аз нафси хеш ва аҳлу фарзандон ва молу сарват ва тамоми мардум.

Чӣ тавре ки Паёмбар фармудааст:

«لا يؤمن أحدكم حتى أكون أحب إليه من نفسه وولده وماله والناس أجمعين»

«Имон намеоварад ҳеҷ нафаре аз шумо, то он даме ки ман барояш маҳбубтар аз нафсаш ва фарзандаш ва молаш ва тамоми мардум нагардам».

Ва аз бадеҳиёт аст, ки муҳаббати содиқона ва ҳақиқӣ ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бо таҷриди иттибоъ (пайравии холис) ба ӯ мешавад. Ҳамин аст муҳаббати Паёмбар ва розӣ кардани ӯ, ва Аллоҳ таъоло моро амр намудааст ба шитофтан ба сӯйи он чизҳое ки Паёмбарро розӣ месозад, ва ин аз лавозими муҳаббати содиқона аст:

﴿يَحۡلِفُونَ بِٱللَّهِ لَكُمۡ لِيُرۡضُوكُمۡ وَٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ أَحَقُّ أَن يُرۡضُوهُ إِن كَانُواْ مُؤۡمِنِينَ ٦٢﴾ [التوبة : ٦2]

«Барои шумо ба Аллоҳ савганд мехӯранд, то бо савгандҳои худ шуморо розӣ кунанд (ки дар бораи Паёмбар чизи баде нагуфтаанд ва ба дурӯғ аз ширкат дар ҷиҳод вопас накашидаанд).

Дар ҳоле ки шоистатар ин аст, ки Аллоҳ ва расулашро (бо ибодат ва тоъат ва фармонбардорӣ) розӣ кунанд, агар воқеъан ҳам имон дошта бошанд».

(Сураи Тавба 62).

 Сониян: Таъзиму иҷлол ва эҳтироми ӯ дар ҳоли ҳаёташ ва ҳамчунин пас аз вафот. Аллоҳ таъоло мефармояд:

﴿لَّا تَجۡعَلُواْ دُعَآءَ ٱلرَّسُولِ بَيۡنَكُمۡ كَدُعَآءِ بَعۡضِكُم بَعۡضٗاۚ ٦٣﴾ [النور : ٦٣]

«(Эй муъминон!) даъвати Паёмбарро дар миёни хеш (барои иҷтимоъ ва ширкат дар корҳои муҳим) ҳамсони даъвати бархеятон аз бархе насозед (зеро ки фармонаш фармони Аллоҳ ва даъваташ даъвати Аллоҳ ҳаст)».

(Сураи Нур 63).

Зеро ки Расули акрам мисли дигар инсонҳо нест, балки ӯ фиристодаи Аллоҳ ҳаст, ва мардумро воҷиб аст, ки ӯро эҳтиром ва таъзиму таҷлил намояд, ҳатто дар садо карданашон ӯро, ва бояд бигӯянд: Эй Расулаллоҳ, эй Паёмбари Аллоҳ…

Ин буд чанде аз маъонии ин оят.

Ва ҳамчунин аз мазоҳири эҳтиром ва иҷлоли Паёмбар ин аст, ки қабл аз ӯ сухан нагӯянд ва назди ӯ садои хеш баланд нанмоянд. Чӣ тавре ки Парвардгор фармудааст:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُقَدِّمُواْ بَيۡنَ يَدَيِ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۖ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ ١ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَرۡفَعُوٓاْ أَصۡوَٰتَكُمۡ فَوۡقَ صَوۡتِ ٱلنَّبِيِّ وَلَا تَجۡهَرُواْ لَهُۥ بِٱلۡقَوۡلِ كَجَهۡرِ بَعۡضِكُمۡ لِبَعۡضٍ أَن تَحۡبَطَ أَعۡمَٰلُكُمۡ وَأَنتُمۡ لَا تَشۡعُرُونَ ٢ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَغُضُّونَ أَصۡوَٰتَهُمۡ عِندَ رَسُولِ ٱللَّهِ أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ ٱمۡتَحَنَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمۡ لِلتَّقۡوَىٰۚ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٌ عَظِيمٌ ٣﴾ [الحجرات: ١،  ٣]

«Эй касоне ки имон овардаед! Бар Аллоҳ ва расулаш пешдастӣ макунед, ва аз Аллоҳ битарседу тақво кунед. Зеро ки Аллоҳ шунавои (гуфторатон) ва огоҳ (аз кирдоратон) мебошад.

Эй касоне ки имон овардаед! Садои худро аз садои Паёмбар баландтар макунед, ва чӣ тавре ки бо ҳамдигар сухан мегӯед, бо ӯ ба садои баланд сухан макунед. То аъмолатон ночиз ва зоеъ нашавад, дар ҳоле ки худатон эҳсос намекунед.

Онҳое ки садои худро назди Расулуллоҳ пойин мекунанд ва оҳиста сухан мекунанд, касоне ҳастанд, ки Аллоҳ дилҳояшонро барои парҳезгорӣ ва покиза ва ноб кардааст. Эшонро омурзиш ва подоши азиме ҳаст».

(Сураи Ҳуҷурот 1-3)

Ва ин эҳтиром ва таъзиму иҷлол баъди вафоти Паёмбар низ боқӣ ҳаст (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод). Ва ҷоиз нест, ки назди қабри ӯ ва дар масҷиди ӯ садо баланд кард, ва ҳамчунин воҷиб аст риъояти адаб ҳангоми шунидани ҳадиси шариф ва суннати мутаҳҳари ӯ, ва гӯш фаро додан ва розӣ гаштан ба он, ва адами мухолифат ва муъоризаи он бо назарҳои фосид.

Ва ҳар гоҳ, ки мусалмон шунид: «Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфтааст», пас бидонад ки сухани ҳеҷ шахсе назди сухани Паёмбар эътибор надорад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), ва мухолафати сухани ӯ ҷоиз нест, балки гуш фаро додан ҳасту фаҳмидани он сухани набавии карим, ва саъю талош ҳаст ба амал кардан ба он.

Солисан: Канораҷӯии комил ва тамом аз озор додан ва ранҷонидани Паёмбар дар ҳар чизе ки бошад ва ҳар қадре ки бошад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), зеро ки ин ҳама ҳаром аст, ва гоҳо шояд ба дараҷае мерасад, ки мусалмонро аз ислом хориҷ менамояд:

﴿وَمَا كَانَ لَكُمۡ أَن تُؤۡذُواْ رَسُولَ ٱللَّهِ ٥٣﴾ [الاحزاب : ٥٣]

«Шумо ҳақ надоред, ки расули Аллоҳро озор диҳед…».

(Сураи Аҳзоб 53)

Ва ҳамчунин:

﴿وَٱلَّذِينَ يُؤۡذُونَ رَسُولَ ٱللَّهِ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ ٦١﴾ [التوبة : 61]

«…Касоне ки расули Аллоҳро меозоранд, азоби дардноке доранд».

(Сураи Тавба 61).

Ва аз ҷумлаи озор расониданҳо ба Паёмбар, ин аст, ки бар ҳамсарони покизаи ӯ таъна бизананд, ва ё бад дидани онҳову буғзу адоват бо онҳо ва саббу дашноми онҳост. Зеро ки ҳамсарони Паёмбар модарони муъминон ҳастанд, бо насси Қуръон:

﴿وَأَزْوَاجُهُ أُمَّهَاتُهُمْ﴾

«Ва ҳамсарони Паёмбар модарони муъминон ҳисоб мешаванд…».

(Сураи Аҳзоб 6)

Ва эшон ҳамсарони покизаи ӯ ҳастанд дар дунё ва дар охират (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).

Ва ҳамчунин дар озор додани ӯ дохил мешавад, таъна бар аҳли байти тоҳираш (ва низ ёрони бовафояш), ё ки саббу дашноми онҳо ва ё ки адоват бо эшон.

Робиъан (чаҳорум): Салому дуруд фиристодан ба ӯ, чӣ тавре ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

﴿إِنَّ ٱللَّهَ وَمَلَٰٓئِكَتَهُۥ يُصَلُّونَ عَلَى ٱلنَّبِيِّۚ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ صَلُّواْ عَلَيۡهِ وَسَلِّمُواْ تَسۡلِيمًا ٥٦﴾ [الاحزاب : ٥٦]

«Ба ростӣ, Аллоҳ ва фариштагонаш бар Паёмбар дуруд мефиристанд. Эй муъминон! Шумо ҳам бар ӯ дуруд бифристед, ва чунон, ки шоиста ҳаст салом бифристед».

(Сураи Аҳзоб 56)

 Барҳазар будан ва эҳтиёт кардан аз омехта намудани ҳаққи Аллоҳ бо ҳаққи Паёмбар

التحرز من خلط ما لله بما للرسول من حق

Ва аз ҷумлаи он чизҳое ки баён кардани он ва огоҳ намудан аз он воҷиб аст, ин эҳтиёт будан аз омехта кардани ҳаққи Аллоҳ бо ҳаққи Паёмбар мебошад. Зеро ки гоҳо мусалмоне ба чунин чиз гирифтор мешавад, бидуни онки эҳсос карда бошад. Ва ё қасдан чунин мекунад, ба гумони онки аз воҷибот нисбати Паёмбар аст ва ё инки аз изҳори муҳаббат ба Паёмбар мебошад. Аз ин лиҳоз, ба ширки хафӣ ва ё ҷаливу ошкор меафтад, ва ба ғазаби Аллоҳ гирифтор мешавад.

Муҳаббати ҳақиқии Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), ин пайравии ӯст ва шитофтан ба асбоби хушнудии ӯст, ва ин (яъне пайравии ҳақиқӣ) ба даст намеояд магар бо пайравии комил аз шариъати ӯ ва суннати қавливу феълияш.

Ва маълум аст, ончӣ ки Муҳаммад овардааст, ҳамон ягона ва танҳо сохтани Аллоҳ ҳаст дар ибодат, бо ҷамиъи анвоъи он ва адами сарфи заррае аз он ба ғайри Аллоҳ, ҳар касе ки набошад.

Ҳамин аст маънои «калимаи тавҳид», чӣ тавре ки қаблан зикр кардем.

Ва ба хотири таҳқиқи ин маъонии бузург ва олӣ дар нуфуси мусалмонон, Аллоҳ таъоло дар Қуръон баён мекунад, ки Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) башар ва инсон аст:

﴿قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا ١١٠﴾ [الكهف: ١١٠]

«(Эй Паёмбар!) Бигӯ: Ман танҳо инсоне ҳамчун шумо ҳастам, ва ба ман ваҳй мешавад (ва имтиёзи ман ин аст, ки паёмбари Аллоҳ ҳастам, ва ончӣ, ки амр кардааст, мегӯям), ки маъбуди шумо якто ҳасту бас!

Пас ҳар касе ки хоҳони дидори парвардигори хеш бошад, бояд ки амали солеҳ анҷом диҳад, ва дар парастиши парвардигораш касеро шарик насозад».

(Сураи Каҳф 110)

Ва Ӯ (алайҳис-салом) дорои нафъ ва ё зарар нест, ва балки соҳиби ин ашё (яъне нафъ ва зарар) танҳо Аллоҳ таъолост:

﴿قُل لَّآ أَمۡلِكُ لِنَفۡسِي نَفۡعٗا وَلَا ضَرًّا إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ وَلَوۡ كُنتُ أَعۡلَمُ ٱلۡغَيۡبَ لَٱسۡتَكۡثَرۡتُ مِنَ ٱلۡخَيۡرِ وَمَا مَسَّنِيَ ٱلسُّوٓءُۚ إِنۡ أَنَا۠ إِلَّا نَذِيرٞ وَبَشِيرٞ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ ١٨٨﴾ [الأعراف: ١٨8]

«Бигӯ: Ман молики суд ва зиёне барои худам нестам, магар он чизе ки Аллоҳ бихоҳад ва (аз лутфи худаш бар ҷалби манфаъат ва ё дафъи шарре муқтадирам гардонад). Агар ғайб медонистам, қатъан манофеъи зиёде насиби худ мекардам ва аслан шарру бало ба ман намерасид. Ман касе ҷуз бимдиҳанда ва муждадиҳандаи муъминон намебошам».

(Сураи Аъроф 188)

Ва бино бар ин, истиғоса ва талаби кӯмак ва кашфи курубот ва ҳалли мушкилот танҳо аз Аллоҳ таъолост, ки моро ба талаб аз худаш ва таваҷҷуҳ ба сӯяш фаро хондааст:

﴿وَقَالَ رَبُّكُمُ ٱدۡعُونِيٓ أَسۡتَجِبۡ لَكُمۡۚ ٦٠﴾ [غافر: ٦٠]

«Парвардигори шумо мегӯяд: Маро дуъо кунед (ба фарёд бихонед), то бипазирам».

(Сураи Ғофир 60)

          ﴿وَإِذَا سَأَلَكَ عِبَادِي عَنِّي فَإِنِّي قَرِيبٌۖ أُجِيبُ دَعۡوَةَ ٱلدَّاعِ إِذَا دَعَانِۖ ١٨٦﴾ [البقرة: ١٨٦]

«Ва ҳангоме, ки бандагонам аз ту дар барои ман бипурсанд, (бигӯ:) ман наздикам ва дуъои дуъокунандаро ҳангоме ки маро бихонад посух медиҳам (ва ниёзи ӯро бароварда месозам)…».

(Сураи Бақара 186)

Ва ҳамчунин тарсу бим ва хавф танҳо аз Аллоҳ таъолост, ва таваккул танҳо бар Ӯст, ва Ӯ ҷалла ҷалолуҳу барои бандагонаш кофӣ ҳаст:

﴿وَمَن يُطِعِ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَيَخۡشَ ٱللَّهَ وَيَتَّقۡهِ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَآئِزُونَ ٥٢﴾ [النور : ٥٢]

«Ва ҳар кас аз Аллоҳ ва расулаш итоъат кунад ва аз Аллоҳ битарсад ва аз (мухолифати фармони) Ӯ бипарҳезад, ин гуна инсонҳо ба мақсуди худ расидагонанд».

(Сураи Нур 52)

﴿وَلَوۡ أَنَّهُمۡ رَضُواْ مَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَقَالُواْ حَسۡبُنَا ٱللَّهُ سَيُؤۡتِينَا ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ وَرَسُولُهُۥٓ إِنَّآ إِلَى ٱللَّهِ رَٰغِبُونَ ٥٩﴾ [التوبة : 59]

«Агар онҳо ба ончӣ, ки Аллоҳ ва расулаш ба эшон додааст, розӣ мешуданд ва мегуфтанд: Аллоҳ моро басанда ҳаст, ва Аллоҳ аз фазлу эҳсони худ ба мо медиҳад ва расулаш. Мо (ба фазлу бахшоиши парвардигори худ чашм дӯхтаву) танҳо ризои Аллоҳро меҷӯем (агар чунин мегуфтанд ва мекарданд, ба суди онҳо буд)».

(Сураи Тавба 59)

Ва ин оятҳо сариҳ ҳастанд дар таҳдид ва баёни ҳаққи Аллоҳ таъоло ва ҳаққи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод). Ва аз ҳуқуқи хосси Аллоҳ таъоло хавф ва тарсу бим аст, ва таваккул бар Ӯст, ва кофӣ будан барои бандааш ҳаст, ва рағбат ба сӯйи Ӯст. Аммо тоъат ва фармонбардорӣ аз ҳаққи Аллоҳ ва низ Паёмбар аст, зеро ки тоъати Паёмбар дар ҳақиқат ҳамон тоъати Аллоҳ таъолост. Ва аз ҳаққи Паёмбар ин аст, ки ӯ ба ҳар касе бихоҳад аз ғаноим ва садақот мебахшад…

Ва дар ҳадиси шариф омадааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудааст:

«لا تطروني كما أطرت النصارى عيسى بن مريم فإنما أنا عبد الله فقولوا عبد الله ورسوله»

«Шумо маро онгуна ситоиш макунед, ки насоро Исо ибни Марямро кардаанд, балки ман танҳо бандаи Аллоҳ ҳастам, пас бигӯед: Бандаи Аллоҳ ва расулаш».

Ва марде ба Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт:

(ما شاء الله  و شئت)

Ончӣ, ки Аллоҳ хостааст ва ту хостаи эй Муҳаммад!

Пас Паёмбар ба он мард гуфт:

«أجعلتني لله نداً، قل ما شاء الله ثم شئت»

«Оё маро бо Аллоҳ таъоло баробар кардӣ?! Бигӯ: Ончӣ, ки Аллоҳ хостааст ва ирода кардааст, ва сипас (баъдан) ту эй Муҳаммад».

Ва дар ин ривоят дида мешавад, ки Паёмбар ба хотири ҳимоят ва ҳифозат аз ҷаноби ТАВҲИД нахостааст, ки номи ӯро баъди номи Аллоҳ таъоло бо пайвандаки ВА гирифта шавад! Балки пайвандаки СУММА (яъне сипас ва баъдан)-ро пазируфтааст…

Паёмбари акрам (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бо тавҳиди холис барои Парвардигори оламиён омадааст (Ва мазмуни даъвати ӯ ҳамин будааст)!. Ва аз сабаби ғамхории шадид ва ҳирси азим доштанаш ба нафъи муслимин, барояшон тавҳидро баён мекард ва низ маъонии ширкро барояшон баён мекард, то ба он гирифтор нашаванд.

Ва ин аз камоли насиҳат ва раҳмати ӯст бар уммати хеш –падару модарам фидояш бод- (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), пас Аллоҳ подоши некӯ барояш бидиҳод!

Аллоҳ таъоло дар баёни авсофи каримаи ӯ мегӯяд:

﴿لَقَدۡ جَآءَكُمۡ رَسُولٞ مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ عَزِيزٌ عَلَيۡهِ مَا عَنِتُّمۡ حَرِيصٌ عَلَيۡكُم بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ رَءُوفٞ رَّحِيمٞ ١٢٨﴾ [الاحزاب : ٦] 

«Бегумон, паёмбаре (Муҳаммад ном), аз худи шумо (инсонҳо) ба сӯятон омадааст. Ҳар гуна дарду ранҷ ва балову мусибате ки ба шумо мерасад, бар ӯ сахту гарон меояд. Исрор ба ҳидояти шумо дорад, ва нисбат ба шумо дорои муҳаббат ва лутфи фаровон, ва бисёр меҳрубон аст».

(Сураи Тавба 128)

            ﴿ٱلنَّبِيُّ أَوۡلَىٰ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ مِنۡ أَنفُسِهِمۡۖ ٦﴾ [الاحزاب : ٦]

«Паёмбар аз худи муъминон дида, нисбат ба онҳо авлавият дорад (ирода ва хости ӯ дар масоили фардиву иҷтимоъии муъминон, муқаддам бар ирода ва хости эшон аст)».

(Сураи Аҳзоб 6)