Тавба гуноҳонро аз байн мебарад
التوبة تكفر السيئات
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Муҳаммад Солиҳ Мунаҷҷид
Мутарsим :Мисбоҳиддин Ҳомид
2009 - 1430
التوبة تكفر السيئات
« باللغة الطاجيكية »
محمد صالح المنجد
ترجمة : مصباح الدين حميد
2009 - 1430
Тавба гуноҳонро аз байн мебарад
Шояд касе гуяд ки ман мехоҳам тавба кунам, локин кист ки манро замонат бидиҳад ки Худованд гуноҳони гузаштаи манро мебахшад?! Чунки ман мехоҳам пайрави аз роҳи рост кунам, локин гумонҳоям манро ба ҳар су мебаранд, ва дар шаку шубҳа меафтам, агар ман бидонам ки Худованди бузург ҳамаи гуноҳони гузаштаи манро мебахшад ман дар ҳол тавба мекунам.
Ҷавоби ман ба ин шахс чунин аст: бародари азизам! Фикри ту дар бораи ҳисиёту шаку шубҳаҳои касоне ки пеш аз ту буданд, мисли саҳобаҳои Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- чи гуна аст? Бародари азиз агар ту дар ин ду ҳадис бо тафакуру тааммул назар куни тамоми шаку шубҳаҳоят бартараф мешавад.
Дар ҳадиси якум имом Муслим қиссаи ислом овардани саҳобии Паёмбар Амр ибни Ъос -разияллоҳу анҳу- ро ба мо нақл мекунад.
Қисса чунин аст: Саҳобии Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- Амр ибни Ъос -разияллоҳу анҳу- мегуяд: вақто ки Худованд исломро дар дили ман андохт, ба назди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- омадаму гуфтам, эй Паёмбар дастатро дароз кун то туро байъат кунам, Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- дасти росташро дароз кард, ман дасти уро гирифтам, Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- гуфт: ба ту чи шудааст эи Амр! Амр -разияллоҳу анҳу- мегуяд гуфтам: Эй расули Худо! мехоҳам, пеш аз ислом овардан як шарте бигузорам, Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- гуфт: чи шарт мегузори? Амр -разияллоҳу анҳу- гуфт: шарти ман инаст ки вақто ки ислом овардам Худованд гуноҳони гузаштаи манро бибахшад, Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- гуфт: эй Амр оё ту намедони ки Ислом гуноҳонеро ки пеш аз уст аз байн мебарад, ва ҳиҷрат гуноҳони пеш аз худашро аз байн мебарад, ва ҳаҷ гуноҳони пеш аз худашро аз байн мебарад.
Дар ҳадиси дуюм низ имом Муслим аз ибни Аббос -разияллоҳу анҳу- ривоят мекунад ки гуфт: баъзе аз аз мардум дар замоне ки мушрик буданд, куштанд то ин ки аз ҳад гузарониданд, ва зино карданд то ин ки аз ҳад гузарониданд сипас назди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- омаданд, ва гуфтанд: ончиро ки ту ба суяш даъват мекуни (Ислом) чизи хубест, агар ту моро хабар медоди ки чи амале кунем ки амалҳои бади гузаштаи моро аз байн барад, сипас ин оят нозил шуд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼ ﯽ ﯾ ﯿ ﰀ ﰁ ﰂ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽﭾ ﭿ ﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﭼ الفرقان: ٦٧ - ٧٠
Яъне "Ононе ки намепарастанд бо Худо, маъбуди дигареро, ва намекушанд ҳеҷ нафсеро ки ҳаром кардааст Худо куштанашро магар ба ҳаққи шаръи, ва зино намекунанд, ва ҳар ки бикунад (ин гуноҳонро пас) ру ба ру мешавад ба азобу уқубати душвор.Ва дучанд карда шавад азобашро дар рузи қиёмат ва абади монад дар дузах хору зор шуда.Магар касе ки аз сидқ тавба кард ва имон овард ва амали шоиста кард пас табдилу иваз кунад Худо бадиҳову гуноҳони ин гуруҳро ба некиву ҳасанот, ва Худованд омурзандаву меҳрубон аст".
Ва ояти дигаре низ нозил шуд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﭼ الزمر: ٥٣
"Бигу: Эй бандагони ман, ки гуноҳ кардеду аз ҳад гузаронидед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед, бе шубҳа ки Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад, ва бе шубҳа ки уст (Худованд) омурзандаву бораҳм".
Пас оё Худо манро мебахшад?
Шояд бигуи ки мехоҳам тавба кунам, локин гуноҳонам бениҳоят зиёд ҳастанд, ягон намуди фоҳишаги намонда накарда бошам, ва гуноҳе нест ки дар хаёлат нагузараду ман онро накарда бошам, ва шояд ҳам гуноҳоне ҳастанд ки аслан дар хаёлат намеоянд, локин ман онҳоро кардаам, ба дараҷае ки дар ҳайрат мондаам оё Худованд манро бо ин ҳама гуноҳи зиёд муддати ҳамаи ин солҳои гузашта, мебахшида бошад?
Бародари азиз сухани ман барои ту инаст, ки ин мушкили як шахс ё ду шахс нест, балки ин мушкилоти бисёре аз мардум аст, ки мехоҳанд тавба кунанд, масалан: як ҷавоне чунин савол дода буд, ки у аз ҷавонияш муртакиби гуноҳони зиёде шудааст, тамоми гуноҳон аз у сар зада будааст, аз хурду калон бо инсонҳои мухталиф, ва бо хурду калон фоҳишаги мекардааст, ҳатто ба номуси тифл ҳам таҷовуз карда будааст, ин чунин тамоми намуди дуздиро низ карда будааст, ва дар охир мегуяд тавба кардам, ва аз Худованд талаби мағфирати гуноҳонам кардам, дар баъзе шабҳо намозҳои нафли мехонам, ва рузҳои душанбеву панҷшанбе руза мегирам, ва баъди намози Бомдод Қурон мехонам, пас оё Худованд тавбаи манро мепазирад?
Қоидаи мо мусалмонон дар ин гуна мавқифҳо чунин аст ки вақто ба болоямон чунин мушкилиҳо омад бояд ба тарафи Қурону Суннат баргардем ва ҳали чунин мушкилотҳоро аз Қурону Суннат кофтукоб кунем.
Вақто ки мо барои ҳалли ин мушкилот ба Қурон назар кардем, ба ин сухани Худованд ру ба ру шудем.
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﭼ الزمر: ٥٣ - ٥٤
"Бигу: Эй бандагони ман, ки гуноҳ кардеду аз ҳад гузаронидед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед, бе шубҳа ки Худованд ҳамаи гуноҳонро мебахшад, ва бе шубҳа ки уст (Худованд) омурзандаву бораҳм. Ва баргардед ба суи Парвардигори худ ва итоат кунед уро". Зумар оятҳои 53\54
Инаст ҷавоби бениҳоят дақиқу пурра ва ошкоро ба ин мушкилот, ҳатто ки эҳтиёҷ ба шарҳ додан ҳам надорад.
Ноумеди аз раҳмату мағфирати Худованд, чанд сабаб дорад.
Аввал: Бениҳоят зиёд будани гуноҳон.
Дувум: Ноқиси дар имон ба қудрати Худованд, ба ин ки Худованд қодир аст ки ҳамаи гуноҳонро бахшида метавонад.
Сеюм: Заъиф будани амали дил, ки умед аз раҳмати Худованд аст.
Чаҳорум: Эътиқод ба ин ки тавба ҳамаи гуноҳонро аз байн намебарад.
Ба ҳамаи инҳо ҷавоб мегуем:
Ҷавоби аввал, ба сабаби якум: "Бениҳоят зиёд будани гуноҳон".
Ин шубҳаро бо ин сухани Худованд рад мекунем:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﭼ الأعراف: ٥٦
"Ва раҳмати ман ҳамаи чизро дар бар мегирад"
Ҷавоби дувум ба сабаби дувум: " Ноқиси дар имон ба қудрати Худованд, ба ин ки Худованд қодир аст ки ҳамаи гуноҳонро бахшида метавонад"
Ин шубҳаро бо ин ҳадиси Қудси рад мекунем: Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- аз Худованд ривоят мекунад ки Худованд чунин гуфт: ҳар ки донад ки ман қудрате дорам ки тамоми гуноҳонро бахшида метавонам, гуноҳони уро мебахшам ва парвое надорам, ба шарте ки бо ман шарике наоварда бошад.(яъне бо ширк аз дунё нагузашта бошад) ривояти Табарони дар китоби "Кабир" ва Ҳоким, "Саҳеҳи Чомеъ" 4330.
Ҷавоби севум ба сабаби севум: " Заъиф будани амали дил, ки умед аз раҳмати Худованд аст"
Ин шубҳаро бо ин ҳадиси Қудси рад мекунем: Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- аз Худованд ривоят мекунад ки Худованд чунин гуфт: " Эй фарзанди Одам! Вақто ки ту манро дуо карди ва аз ман умед карди, туро бахшидам, бо ҳамаи гуноҳоне ки муртакиб шуди, ва ман парвое надорам.
Эй фарзанди Одам! Агар гуноҳонат ба баландии осмон ҳам расида бошанд, вақто ки ту аз ман талаби бахшиш карди, ман туро бахшидам ва парвое надорам.
Эй фарзанди Одам! Агар ту ба назди ман биёи, ва ба андозаи замин хатоҳо дошта боши, сипас бо ман дар ҳоле ру ба ру шуди ки ба ман шарик наоварда боши, ман туро ба андозаи замин бо бахшишу мағфират пешвоз мегирам". Ривояти Тирмизи, Саҳеҳ Чомеъ 4337.
Ҷавоби чаҳорум ба сабаби ҷаҳорум: " эътиқод ба ин ки тавба ҳамаи гуноҳонро аз байн намебарад"
Ин шубҳаро бо ин ҳадиси Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- рад мекунем.
Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- мефармояд: "Тавбакунанда аз гуноҳ мисли касе аст ки гуноҳе накардааст". Ривояти ибни Моча Саҳеҳи Чомеъ 3008.
Ва барои ҳар касе ки бахшидани Худованд, гуноҳони зиёдро мушкил мешуморад, ин ҳадисро ба у пешкаш мекунам.
Тавбаи шахсе ки сад касро кушта буд:
Аз Абусаъиди Худри -разияллоҳу анҳу- ривоят аст ки Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- фармуд: дар замонҳои пеш аз шумо марде буд, ки наваду нуҳ нафарро кушта буд. Аз мардум пурсид ки донотаринашон кист? Уро ба роҳибе (обиди насрони) раҳнамои карданд, ин мард назди роҳиб омада эътироф намуд ки навадунуҳ нафарро кушта, оё тавбаи у қабул мегардад? Роҳиб гуфт: На. Он шахс роҳиброҳам кушт ва сад нафарро такмил кард.
Сипас боз аз олимтарин мардум пурсид уро ба олиме роҳнамои карданд, назди олим омада эътироф кард ки сад нафарро куштааст. Оё роҳе барои қабули тавбааш вуҷуд дорад: Олими мазкур гуфт: бале чи касе метавонад, ки байни у ва байни тавба монеъ шавад? Бирав ба сарзамини фалон ва фалон, дар онҷо мардуме ҳастанд ки Худоро мепарастанд, ту ҳам бо он мардум ибодат кун, ва ба сарзамини хеш маё, зеро ин сарзамин ҷои бадест. Ин мард рафт ва дар нимаи роҳ маргаш фаро расид. Фариштагони раҳмат ва азоб ихтилоф карданд.
Малоикаҳои раҳмат гуфтанд: ин шахс тавба намуда ва аз таҳти дил ба суи Худо руи овардааст ва малоикаҳои азоб гуфтанд: ҳаргиз у кори хубе анҷом надода буд.
Фариштае дар сурати одами аз роҳ даррасид ва уро дар миёни хеш ҳакам ва довар қарор доданд. Вай гуфт: ҳарду заминро андоза бигиред ба ҳар кадом ки наздиктар буд, аз онаш ба ҳисоб оваред.
Онҳо ҳарду заминро андоза гирифтанд, ва диданд ки ба сарзамине ки мардумаш Худои ягонаро мепарастиданд, наздиктар аст, пас малоикаҳои раҳмат руҳашро қабз карданд.
Ва дар ривояти дигаре дар ҳадиси саҳеҳ омадааст ки, Худованд ба сарзамини бадкорон гуфт дур шав, ва ба сарзамини некукорон гуфт: наздик шав, ва гуфт: байни онро андоза бигиред. Чун онҳо андоза гирифтанд, як ваҷаб ба сарзамини некукорон наздиктар буд. Пас Худованд гуноҳонашро омурзида, уро мавриди раҳмати хеш қарор дод". Мутафақун алаиҳи
Пас эй бародари азиз! оё ту фикр мекуни ки гуноҳони ту аз гуноҳони ин марде ки сад одами бегуноҳро кушта буд зиёдтар аст? Бубин ки ин мард бо ҳама ин қадар гуноҳи бузург боз умед дошт ки Худованд уро мебахшад, ва дар ҷустуҷуи роҳи тавба баромад.
Балки бародари азиз биё дар ин оят каме бо тафакуру тааммул назар андозем, бубин Худованд чи мегуяд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼ ﯽ ﯾ ﯿ ﰀ ﰁ ﰂ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽﭾ ﭿ ﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﭼ الفرقان: ٦٧ – ٧٠
Яъне: "Ононе ки намепарастанд бо Худо, маъбуди дигареро, ва намекушанд ҳеч нафсеро ки ҳаром кардааст Худо куштанашро магар ба ҳаққи шаръи, ва зино намекунанд, ва ҳар ки бикунад (ин гуноҳонро пас) ру ба ру мешавад ба азобу уқубати душвор.Ва дучанд карда шавад азобашро дар рузи қиёмат ва абади монад дар дузах хору зор шуда.Магар касе ки аз сидқ тавба кард ва имон овард ва амали шоиста кард "пас табдилу иваз кунад Худо бадиҳову гуноҳони ин гуруҳро ба некиву ҳасанот"ва Худованд омурзандаву меҳрубон аст".
Ба ин сухани Худо назар кун бародари азиз, чи қадар зебо аст, фазлу бузургии Худовандро ба мо нишон медиҳад.
Олимон мегуянд: калимаи "табдил" ки дар ин оят омадааст, ба ду навъ (маъно) аст.
Аввал: табдили сифатҳои бад ба сифатҳои ҳасана, мисли табдили ширк ба имон, ва табдили зино ба иффат ва эҳсон, ва табдили дуруғ ба сидқу ростгуи, ва табдили хиёнат ба адои амонат, ва ғайра.
Дувум: табдили гуноҳоне ки анҷом додааст ба ҳасаноти рузи қиёмат.
Пас эй бародари азиз! Оё аз ин ҳам фазлу карами бузурге вуҷуд дорад?.
Ин чунин бубин ин икроми Илоҳиро ин ҳадис чигуна шарҳи зебое медиҳад.
Аз Абдураҳмон ибни Чубаир ривоят аст ки Муисафеде назди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- омад ва чунон пире буд ки абрувонаш болои чашмонаш хамида буданд, ва бо кумаки асо роҳ мегашт, ин муисафед дар назди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- истод шуду гуфт: эи Паёмбар агар марде тамоми гуноҳонро карда бошад, тамоми гуноҳони сағира (хурд) ва тамоми гуноҳони кабираро (бузургро) тарк нокарда муртакиби ҳамаи онҳо шуда бошад,(ва дар ривояти дигаре омадааст ки) агар гуноҳони ин шахсро ба тамоми мардуми руи замин тақсим куни ҳамаи онҳоро ҳалок месозад, пас оё агар ин шахс тавба кунад Худо тавбаи уро мепазирад? Паёмбар гуфт: оё ин шахс ислом овардааст? ин муисафед гуфт: ман шаҳодат медиҳам ки нест Худое чуз як Худо мустаҳиқи ибодат, ва шаҳодат медиҳам ки ту Расули Худо ҳасти, Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- гуфт: корҳои хайр мекуни ва тарки корҳои бадро мекуни, Худованд ҳамаи гуноҳонатро ба савоб табдил медиҳад, муисафед ҳаирон шуду гуфт: Эй Расули Худо оё ҳатто ъаҳд шиканиҳову хиёнатҳоямро? ва ҳамаи гуноҳонамро низ? Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- гуфт: бале, муисафед гуфт: Аллоҳу акбар, ва ин калимаро гуфта гуфта мерафт то ки нопадид шуд. (ривояти Табарони ва Баззор ҳадиси саҳеҳ Китоби Мачаммаъ 1\36 китоби Тарғиб 4\113 китоби Исоба 4\149
Бародари азиз! Умед дорам ки ин суханҳо ҳамаи он шакку шубҳаҳои шумо ва дигар бародарону хоҳарони мусалмонро бартараф карда бошад, ва аз Худованд талаб дорам ки ҳамаи гуноҳони мову шуморо ба савобу аҷру ҳасанот табдил бидиҳаду аз раҳматаш ки ҳамаи чизро дар бар мегирад бенасибамон нагардонад.
Худованд барои шумо имони комил ва дили устувор дар роҳи ҳақ ато фармояд. Омин!