Чӣ гуна шавҳаратро некбахт мегардонӣ?


Муаллиф: Алӣ Абдулъоли ат-ТАҲТОВӢ

Мутарҷим: Абдулҳалим ОРИФӢ

Таҳрири матни тоҷикӣ: Саидмаҳмади ҚАЛАНДАР

 Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон


Ҳамоно ситоиши Худорост, ки Ӯро мегӯем ва мададу омурзишро аз Ӯ металабем аз шарри нафсҳову аъмоли худ ба Ӯ паноҳ мебарем. Ҳар киро Худованд ҳидоят кард, кассе ӯро гумроҳ карда наметавонад ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ сохт, касе ӯро ба ҷодаи ҳақ ва рост раҳнамоӣ натвонад кард ва гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Аллоҳи ягона ва бешарику анбоз худое нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳммад банда ва паёмбари Ӯст.

“Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худои чӣ гунае ки шоистаи Худотарс будан аст, битарсед ва намиред магар дар ҳоле, ки шумо месалмон бошед”.

(Оли Имрон: 102)

“Эй мардум, битарсед аз Парвардигори худ он Худое, ки ҳамаи шуморо аз як тан биофарид ва ҳама аз он ҷуфти ӯро халқ кард ва аз он ду тан халқи бисёре аз марду зан дар атрофи олам мунташир сохт ва битарсед аз он Худое, ки ба номи Ӯ аз якдигар масъалат ва дархост мекунед ва аз қатъи силаи раҳми хешовандон битарсед. Ҳароина Худо шуморо нигаҳбон аст”.

(Нисо: 1)

“Эй мусалмонон, аз Худо битарсед ва сухани устувор бигӯед, то ба салоҳ оварад кирдорҳои шуморо ва барои шумо гуноҳонатонро биёмузад ва ҳар кӣ фармони Худо ва расули Ӯро бурд, пас ҳароина ба пирӯзии бузург комёб шуд”.

(Аҳзоб: 70-71)

Аммо баъд: Дар ҳақиқат, Аллоҳ таъоло издивоҷро ба хотири ҳадафҳои олӣ ва фавоиди бузурге, ки ба фарду ҷомеа мерасад, барои мардум муқаррар ва машрӯъ кард. Баъзе фавоиди издивоҷро ба таври мисол баён мекунем:

1.  Муҳофизат ва нигоҳдории насабҳо.

2.  Зиёд намудани сафи уммати Муҳаммад (с).

3.  Нигоҳдории андом аз зино ва пӯшидани чашм аз нигоҳҳои ҳаром ва анҷом додани ғаризаи шаҳват тавассути никоҳи шаръии исломӣ.

4.  Муҳофизан намудани насли башарият аз инқорозу нобудшавӣ, то замин ба ибодату парастиши Аллоҳ якто обод бимонад.

5.  Оромиши равонӣ.

6.  Муҳофизат намудани ҷомеъ аз вирусу бемориҳои ҷинсӣ ва ғайра.

7.  Итоат намудани фармони Худованд, ки фармеда: “Пас аз миёни занон онеро, ки шуморо хуш ояд, никоҳ кунед.»

(Нисо: 3)

Вале бо гузашти замон ва пайвастшавии баъзе давлатҳо бо якдигар ва мутаассир шудани баъзе мусалмонон аз афкору атвори фосид падидаи мушкилоти заношуӣ буруз кард ва чунон мунташир шуд, ки бештар аз 70% қазияҳои маҳкамаҳои маданиро ҳамин мушкилоти заношуӣ ташкил медиҳанд.

Бинобар ин, хонандаи гиромӣ ин китоби ҳозирро бароят тақдим менамоям. Ба ин мавзӯъ пардохтани манн чанд сабабҳо дорад, ки баъзе аз онҳо ба таври хулоса бозгӯ менамоям:

1.  Мутаассир шудани баъзе мардон ва занони мусалмон аз афкору ахлоқи ғарб ва филмҳои фосидкунандае, ки ба ҷомеъаҳои исломӣ ворид мегардад.

2.  Паҳн гардидани падидаи талоқ ва хонавайрониҳо дар ҷомеъаҳои мо.

3.  Зиёд шудани мушкилоти хонаводагӣ ё заношӯӣ.

4.  Исёну саркашии зани мусалмон аз итоати шавҳар ва тақлид намуданаш ба ба занони кофири ғарбӣ.

5.  Дахолат намудани занҳо умури мардон ва супурдани баъзе мардон зимоми сарпарастии хонаро ба занҳои худ.

Бояд донист, ки 80% мушкилоте, ки байни зану шавҳар сар мезанад, сабабгори онҳо зан мебошад. Банда ин рисоларо бо умеди ин, ки Худованди таъоло ба василаи он зану шавҳарро нафъ мебахшад ҷамъоварӣ намудам, ва бояд бигӯям, ки зани хирадманди афифа нағз медонад, ки чӣ гунна шавҳарашро хушнуд созад ва чӣ тавр бо ахлоқи ҳамида, фармонбардорӣ аз шавҳар ва лутфу нармӣ муҳаббати шавҳарашро касб намояд. Расули акрам (с) ба яке аз занони асҳоби хеш гуфтанд:

- Оё шавҳар дорӣ?

Гуфт:

-Оре.

Он ҳазрат (с) пурсиданд:

- Нисбати ӯ чӣ гуна муомилаву рафтор менамоӣ?

Гуфт:

- То ҳадди тавонам дар хидматаш тақсиру кӯтоҳӣ нахоҳам кард.

Он ҳазрат (с) фармуданнд:

- Дар мавриди шаҳарат боэҳтиёт бош, зеро, ки ӯ (шавҳарат) биҳишт ва дӯзахат мебошад. Яъне, шавҳарат сабаби даромаданат ба ба биҳишт ва дӯзах мегардад.

(Ба ривояти Тирмизӣ)

Ҳамчунин пӯшида нест, ки баъзе мардон мутаассифона нисбати занонашон муомилаи бад мекунанд. Гуё онҳо канизоне дар хидмати хоҷагони золим бошанд. Пас мушоҳида мекунем, ки онҳо бо усулҳои гуногун ин ҷинсони латифро дашному азоб медиҳанд, ҳатто бисёр вақтҳо лату кӯб ҳам менамоянд, ки охируламр кор б пулис, ташхисоти тиббӣ ва маҳкама меанҷомад. Ҳол он, ки Паёмбари Худо (с) фармудаанд:

Беҳтарини шумо касест, ки нисбати аҳлу аёлаш некрафтор боша два манн некрафтортарини шумо ҳастам нисбати аҳлу хонаводаам.

(Имом Тирмизӣ ва Ибни Моҷа)

Аз Аллоҳ таъоло дархост менамоям, ки истиқомату пойдориро дар ин дин ва саодату некбахтии дунёву охиратро ба мо ато фармояд. Бор, Худоё, аз занон ва фарзандони мо сабабгори хушнудиву сарафрозиамон қарор бидеҳ ва моро пешвои парҳезгорон бигардон.

Ҳамшираи гиромӣ, ин рисоларо бод илу ҳӯшат мутолиа кун ва аз он бардошти худро бигир. Худо ёрӯ мададгорат бошад!

Алӣ Аҳмад Абдулол Таҳтовӣ

 Тарғибу ташвиқи фармонбардорӣ аз шавҳар

Дини мубини Ислом барои зан ҳуқуқи зиёде муқаррар намуда, бар дӯшаш баъзе масъулиятҳоро низ гузоштааст. Бузургтарин масъалияти зан ҳаққи шавҳар мебошад. Ин ҷо чанд ҳадис дар тарғиби итоати шавҳар барои зане, ки некбахтии абадии дунёю охиратро мехоҳад, бозгӯ менамоем.

Расули Аллоҳ (с) мефармоянд: «Ҳар вақте ки зан панҷ вақт намозашро ба ҷой орад ва рӯзаи моҳи Рамазонро бидорад ва андоми худро аз маъсияту гуноҳ ҳифз намояд ва аз шавҳараш итоат кунад, барояш (рӯзи қиёмат) гуфта мешавад, ки аз кадом дарҳои биҳишт хоҳӣ, бидаро».

Ибни Ҳиббон

Ва инчунин фармудаанд: «Кадом зане, ки бимирад ва шавҳараш аз ӯ розӣ бошад, ба биҳишт дохил мегардад».

Имом Тирмизӣ

«Ҳар гоҳ мард ҳамсарашро ба бистар даъват намояд ва ӯ хоҳиши шавҳарро иҷро накарду шавҳараш бар вай хашм гирифта хобид, малоикаҳо то субҳ ин занро лаънату нафрин мекунанд».

Бухорӣ ва Муслим

Аз Расули акрам (с) пурсиданд: «Кадом занҳо беҳтаранд»?

Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳамон зане, ки чун шавҳар ба вай назар кунад, хурсандаш месозад ва чун фармонаш диҳад, итоат менамояд ва дар тани худ ва моли шавҳар бо шеваи бад рафтору муомила намекунад».

Абӯдовуд ва Насоӣ [1]

Фазилати зани солиҳа

Зани солиҳа ин саодату некбахтии дунё мебошад, ки шавҳарашро ба тоату ибодати Худо ёрӣ медиҳад ва дар тамоми умури зиндагӣ ба вай итминону хотирҷамъӣ ва оромиши равонӣ мебахшад. Расули Худо (с) мефармояд: «Дунё матоъест ва беҳтарин матоъаш зани солиҳа (диндор ва накӯкор) мебошад».

(Имом Муслим)

Ислом ҳамеша мардро тарбиғу ташвиқ мекунад, ки дар интихоби ҳамсар аз зани солиҳаву диндор ҷустуҷӯ намояд, балки диёнату покдомании занро яке аз усули муҳими хостгории зан гардондааст, ки илова бар ахлоқу атвори ҷуд бошад. Зеро агар диёнати зан заъиф бошад, ифффату шарафи хешро зуд аз даст дода, шавҳарашро беобрӯ мегардонад ва зиндагонии худ ва шавҳарашро тираву сиёҳ месозад.

Бинобар ин Паёмбари Худо (с) дар ҳадисҳои зиёде ташвиқ менамоянд, ки бояд аз зани диндор ва солиҳа ҷустуҷӯ намуд, зеро чунин зан дар бузургтарин умури ҳаёт, ки дин аст, ёру ёвари шавҳараш мебошад ва ҳамеша иффати худ ва шарафи хонаводаро ҳифз менамояд.

Расули акрам (с) мефармоянд: «Ҳаргоҳ Аллоҳ таъоло ба шахсе зани солеҳаро рӯзӣ диҳад, дар ҳақиқат ӯро бар ободии нисфи динаш ёрӣ намудааст. Аз ин рӯ, дар ободии нисфи дигари динаш аз Худо битарсад».

(Ривояти Ҳоким)

Саъд ибни Абӯваққос ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

«Чаҳор чиз нишонаи некбахтист: зани солиҳа, хонаи васеъ, ҳамсояи накӯкор ва маркаби гуворо. Ва чаҳор чизи дигар аломати бадбахтист: ҳамсояи бад, зани бад, маркаби бад ва хонаи танг».

(Ривояти Имом Насои ва Ироқӣ онро саҳеҳ гуфтааст)

Шоири ҳикматгӯ Шайх Саъди шояд аз ҳамин сухани Паёмбар (с) илҳом гирифта бошад, ки чунин мегӯяд:

Зани бад дар сарои марди накӯ,

Ҳам дар ин олам ҳаст дӯзахи ӯ,

Зинҳор, аз қарини бад зинҳор,

Ва қино, раббано азоба-н-нор.

Ва низ он Ҳазрат (с) фармуд:

«Беҳтарини занони шумо он аст, ки чун шавҳар ба сӯяш назар кунад, хушҳолаш созад ва чун фармонаш диҳад, итоаташ кунад ва чун шавҳар аз ӯ ғоиб шавад, моли ӯро ва нафси худро ҳифз менамояд (аз хиёнат)».

(Ривояти Имом Бухорӣ ва Муслим)

«Занро барои чаҳор чиз издивоҷ карда мешавад: барои мол ва насаб ва ҳусну ҷамол ва диёнаташ. Пас бо зани диндору солиҳа издивоҷ кун, камёбу некбахт мегардӣ».

(Имом Бухори ва Муслим)

 [1] Баргирифта аз китоби «Чӣ гуна шавҳаратро некбахт мегардонӣ”?, муаллиф Алӣ Таҳтовӣ, мутарҷим Абдулҳалим Орифӣ.

 Пешвоз гирифтани шавҳар вақти бозгашт ба хона

Мард баъди анҷоми шуғл ва кораш, ки аз издиҳоми мошинҳо дар роҳ, ҳамчунин аз муомилаҳои ҳаррӯзаи корхона хаставу афсурда ба хона бар мегардад, дар ҳамин ҳол яқинан ӯ оромӣ, истироҳату оромиши равониро дар кулбаи хоси худ мехоҳад.

Бармегардад, то хурсандию некбахтиро ба ҳамсар ва тифлонаш пайдо намояд. Бисёр аҷиб аст, ки бифаҳмем, ки зани боимони солиҳа вақти бозгашт чӣ гуна аз шавҳараш истиқбол менамояд?

Баъзе занон вақти бозгашти шавҳараш дар хона нестанд, аз ин рӯ, шавҳар ӯро дар хона пайдо карда наметавонад. Фарқ надорад, ки зан дар кор аст, ё дар хонаи ҳамсоя ё дар назди дугонаҳо, ба ҳар ҳол, набудант ӯ дар хона вақти богашти шавҳар бешак дар рӯҳу равони мард таъсири манфӣ мегузорад. Зеро шавҳар мехоҳад, ки ҳамсараш паноҳгоҳе бошад, ки тамоми ҳастагиҳои ҷисмву рӯҳиашро ба суханонт латифу ширин бартараф созад ва дар ниҳодаш итминону оромиши маънавиро эҷод намояд. Баъзе вақтҳо зан вақти бозгашти шавҳар дар хона мебошад, вале шавҳарашро хуб пешвоз намегирад. Яъне, ба омадани ӯ аҳамият намедиҳад ва саргардони дигар корҳо мегардад.

Баъзе вақтҳо кор аз ин ҳам бадтар мешавад, ки зан нисбати шавҳар хунукназарӣ карда, ба пешвоз мебарояд, вале чӣ тавр пешвоз гирифтан? Бо пешонии пурқавоқу чеҳраи турш ва бо гилаҳову шикоятҳои зиндагӣ шавҳарро истиқбол мегирад, ки аз чунин пешвозгирӣ шавҳар хастатар гардида, орзу мекунад, ки кош ба ҳамон ҷои аввалӣ баргашта равад.

Ҳамшираи мусалмонон, оё мехоҳӣ, ки бароят як мисоли тарбиятомӯзе аз зиндагонии саҳобизанони асри Паёмбар (с) ва истиқболи хуби онҳо аз шавҳвронашон биёварам?

 Умми Сулайм Абӯталҳаро пешвоз мегирад

Соҳибзани бузург Умми Сулайм, ки писари шавҳараш Абуталҳа (р) бар асари бемори мурд, вақте Абӯталҳа ба хона бар гашт, дархол ӯро аз ин воқеа хабардор накард. Балки аввал барояш таъом дода, ӯро аз нафси худ розиву хурсанд сохт ва сипас бо услуби ҳакимона ӯро аз ин моҷаро огоҳ намуд.

Ба китобҳои ҳадис гӯш фаро деҳ, ки қиссаи мазкурро чӣ гуна ривоят мекунанад. Абӯталҳа писари беморе дошт. Чун субҳ Абӯталҳа аз хона баромад, писараш фавтид. Вақте бегоҳ баргашт, пурсид:

-Писарам чӣ ҳол дорад?

Умми Сулайм гуфт:

-Аз ҳоли пештара хубтар гардидааст.

Зан дарҳол хӯроки бегоҳро пешкаши шавҳар намуду вай тановул кард.

Сипас шавҳар бо ӯ ҳамбистарӣ намуд. Чун шавҳар аз ин корҳо фориғ шуд, ҳамсараш ба ӯ хитоб намуда, чунин гуфт:

- Эй Абӯталҳа, қавме амонате гирифтанд ва чанд муддат амонати мазкур дар наздашон буд. Соҳиби амонат бо фиристодани намояндае амонатро талаб карда гирифтанд. Оё ин қавме, ки чанд муддат амонатро нигоҳубин карданд, ҳақ доранд ҷазаъу фазаъ ва доду фарёд бикунанд?

Абӯталҳа гуфт:

-Не

Гуфт:

-Ин тавр бошад, дар ҳақиқат, писарат ҳаёти дунёро падруд гуфтааст.

Абуталҳа гуфт:

- Дар куҷост ӯ?

- Ана ин ҷо дар зери чодар аст, - ҷавоб дод зан.

Пас падар ниқоб аз рӯи фарзанд кашиду «инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун» гуфт.

Вақте субҳ шуд, назди расули Худо (с) рафт, ӯро аз гуфтору кирдори Умми Сулайм қисса намуд. Он Ҳазрат (с) фармуданд:

- Худованд бароятон дар шаби гузаштаатон баракат диҳад.

Ҳамин буд, ки Умми Сулайм ҳомила шуд. Суфиён яке аз ровиён мегӯяд: Марде аз ансор гуфт: Ман нӯҳ фарзанди онҳоро дидам, ки ҳамаи онҳо қуръонхон буданд.

Аҷабо, чи ҳикмату хиради бузурге доштааст Умми Сулайм. Ҳеҷ хабаре аз ин бадтар нест, ки падарро аз марги писар хабар диҳӣ. Воқеан ин гуна хабарҳо таъсири бад ва зарбаи сахт бар падар ворид месозанд.

Чунин хабари ҷигарсӯзро Абӯталҳа бо ризоятмандӣ ва таслим ба қазову қадари илоҳӣ қабул намуд. Сабабгори ин гуна қабул намудани хабари марги писар кӣ буд?

Бешакку шубҳа, ҳамсараш Умми Сулайм. Аввалин суоле, ки шавҳараш вақти бозгашт ба ӯ матраҳ намуд, аз писари бемораш буд, ки писарам чӣ ҳол дорад?

Оё ба фикрат Умми Сулайм барояш мешгуфт, ки писарат мурдааст?

Умми Сулайм ҳакиму хирадманд шавҳари хаставу афсурдаи худро дарҳол аз ин хабари бад огоҳ насохт, вале барояш дурӯғ ҳам нагуфт.

Пас чӣ гуфт?

Дар ҳақиқат, чунин посухаш дод, ки писарат аз пештара хубтару оромтар шудааст. Як ҷавоби ҳакимонаву адибонаест, ки ӯро бар ҳоли писараш хотирҷамъу осуда мегардонад, бе он ки ӯ дар ҷавоби худ ба шавҳараш дурӯғ гуфта бошад. Зеро, ки воқеан писараш ба сабаби марг аз ҳолати пештара оромтар гардидааст.

Сипас мебинем, ки пеш аз расогидани хабар аввал хӯроки бегоҳирӯзиашро пешкаш менамояд, ки агар пеш аз таъом ӯро аз марги писар хабар медод, ҳаргиз хӯрок аз гулӯяш намегузашт. Ба ни ҳам иктифо накарда, боз ғаризаи шаҳвонии ӯро иҷобат намуда, бо вай ҳамхоба шуд.

Дар ҳақиқат, акнун шавҳар омода шуд, ки хабари андӯҳгинро қабул намояд. Ҳамин вақт ҳам яку якбора не, балки нахуст дар оғози хабар як муқаддимае барояш омода сохт, имони ӯро ба қазову қадари Аллоҳ таъоло ва таслим шудан дар баробари он таҷдиду таҳким мебахшад, ки он бо чунин пурсиш шурӯъ мешавад: Оё мардуме, ки амонатбони дигаронан, ҳақ доранд вақти ситонидани соҳибони амонат амонати худро ҷазаъу фазаъ ва доду фарёд намоянд? Вақте Абӯталҳа гуфт: Не.

Пас ӯро аз марги писараш хабар дод. Зеро писараш амонате аз ҷониби Аллоҳ таъоло буд ва Худованд амонаташро боз пас гирифт.

 Як намунае аз хамсари солиха

Ин намунаи занест, ки гумон намекунад амсоли ӯ дар ҳамаи замон ёфта шавад. Максад аз зикр кардани ӯ дар ин ҷо барои иборат ва пайравии занҳои мусалмон ба ӯ мебошад.

Имом Шаъбӣ рӯзе Қозӣ Шурайҳро диду аз ҳолу авзоъи хона ва зиндагиаш пурсон шуд. Қози Шурайҳ дар ҷавобаш гуфт: Бист сол мешавад, ки бо хамсарам зиндагӣ дорам, вале то ҳол кореро аз вай надидаам, ки маро ба ғазаб оварда бошад.

Имом Шаъбӣ боз пурсид: чӣ тавр? Қози Шурайҳ гуфт: Аз ҳамон шаби арусӣ чун бар вай даромадам, ӯро соҳибҷамол ва бисёр зебо ёфтаму ба худ гуфтам: Бояд таҳорат намуда, ду ракаат намози шукр барои Аллоҳ таъоло гузорам. Вақте аз намоз фориғ шудам, дидам, ки занам мисли ман намоз гузорида, салом дода истодааст.

Чун ҳама хешовандон ва дӯстон бирафтанд, наздаш омада, даст ба сӯаш дароз кардам. Ҳамсарам гуфт: Шитоб макун Абоумайя, сипас афзуд: Ситоиш Худойрост, ки факат Ӯро ҳамду сано мегӯем ва аз Ӯ ёриву мадад мехоҳем ва дуруду саломҳо бар Муҳаммад (с) ва Оли ӯ.

Ҳамоно банда зани ноошно ҳастам, ки ахлоқи атвори шуморо намедонам. Аз ин рӯ, ҳар ончи, ки хӯш дорӣ, маро огоҳ кун, то онро ба ҷо оварам ва ҳарчизеро намеписандӣ, огоҳам соз, то аз он парҳез намоям.

Ҳамчунин илова намуда гуфт: Бидунни шакку шубҳа аз қавму қабилаи худатон занҳое ёфт мешуданд издивоҷ намоӣ ва низ ман ҳам аз қавми ақориби худ марде муносиби худ меёфтам, ки ба шавҳар бароям. Вале қазову қадари илоҳӣ бар ин рафта, ки мо бо ҳам издивоҷ намудем ва дар ҳақиқат ту соҳибу сарпарасти ман гардидаӣ, пас ончиро, ки Хақ таъоло амрат карда, ба ҷо биёвар, ё сарпаристии хуб кун, ё ба ҳусну накӯӣ роҳамро боз кун. Тамоман гуфтаниҳоямро баён кардам ва аз худованд барои худ ва шумо талаби омурзиш менамоям.

Қозӣ Шурайҳ мегӯяд: эй Шаъби валлоҳи, ӯ дар ҳамин мавқеъ ба хутба хондан водорам сохт, ки ман ҳам дар навбати гуфтам: Ситоишу сано барои Аллоҳ таъолост, ки танҳо Ӯро ҳамд мегӯем ва аз Ӯ дархости мадад менамоем ва бар равони Муҳаммад (с) ва Оли ӯ салоту дурудҳо мефиристам, аммо баъд:Воқиан, шумо суханҳое гуфтед, ки агар сидқан ба онҳо побанд бошед, бар зиёни худатон далелу бурҳон мешаванд. Фалон корҳоро дӯст медорам ва аз фалон корҳову хислатҳо нафрат дорам. Ҳар амали некамро дидӣ, ошкораш кун ва корҳои баду хатоамро бипӯш.

Ҳамсарам гуфт: Нисбати рафту омади хешу таборам чӣ фикр дорӣ? Гуфтам: Дӯст намедорам, ки хешу табори зан маро бо зиёратҳову рафту омади зиёд хаста созанд. Боз пурсид: Аз ҳамсояҳо киро меписандӣ, ки ба ҳавлиат дарорам ва киро дӯст намедорӣ, ки аз дароварданаш парҳез намоям? Гуфтам: Фарзандони фалон қавм одамҳои солеҳу накукор ҳастанд ва фалон авлод одамҳои бад мебошанд.

Қозӣ Шурайҳ меафзояд: Бо вай беҳтарин шабҳо ба поён бурдам ва як соли тамом ҳамроҳаш зиндагӣ кардам, ҷуз хайру некӣ ҳеҷ чиз надидам. Баъд аз як сол рӯзе аз додгоҳ омадам. Занеро дар хона дидам. Гуфтам: Ин кист? Гуфт: Хушдоманат аст. Пас ӯ ба тарафам рӯ оварда пурсид: Ҳамсаратро чӣ гуна дарёфти: Гуфтам:

Беҳтарин ҳамсар. Гуфт: Эй Абоумайя, зан дар ду сурат бисёр бад мегардад: Яке ин ки писаре тавалид кунад, ё инки писанду мақбули шавҳараш гардад. Савганд ба Худо, барои мардон дар хона ҳеҷ бадие чун зани нозпарвард вуҷуд надорад. Бинобар ин, чӣ қадаре, ки метавонӣ, таълиму одоби бештараш биёмӯз.

Бо ҳамсарам бист сол зиндагӣ кардам. Дар ҳеҷ коре сарзанишу маломаташ накардам. Ба ҷуз як бор, ки ҳамон вақт ҳам нисбати ӯ ситамгор будам.

Ана бояд шавҳар чунин бошад. Ҳамчунин бояд занҳо ва модаронашон монанди ин бонувони бузург бошанд.

 Ороиш барои шавҳар

Бисёр занҳо дар ин замон барои шавҳарони худ ороиш ва атру хушбӯӣ намекунанд, вале ҳар гоҳ тӯй ё маъракае даъват шаванд, пас мебинед, ки соатҳо дар назди оина истода, ба ороиши мӯй ва интихоби беҳтарин либос ва курта мепардозанд. Аммо барои шавҳари бечора ҳарчӣ хоҳи бигӯй, либосҳои хӯрокпазӣ бо бӯи пиёзу сирпиёз ва ғайраву ҳоказо.

Бинобар ин, намедонам оё ӯ ба ороиш кардан барои занҳо дар тӯйҳо маъмур шудааст, ё маъмур ба аҳамият додани шавҳари худ шудааст? Ҳароина зани зирак ҳамон аст, ки чӣ гуна ба даст овардани дили шавҳари худро медонад ва ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дар назди шавҳар тозаву ҷолиб ва ҷаззоб бошад. Зеро сухани ширин ҳам зиннату ороиш аст. Ҳамчунин табассуми зебо ва бӯи гуворо низ ҷамолу ҷаззобияти занро бештар менамояд. Либосҳои шинам ва мӯйҳои нарму ороишёфта ва низ интихоби оқилонаи баъзе ҷавоҳироти содда ҳам дар ба даст овардани дили шавҳар нақши бузург дорад.

 Ҳаққи шавҳар бар зан

Ҳамоно ҳаққи шавҳар бар зан аз ҳаққи вай бар шавҳар бузургтар мебошад. Аз ҷиҳати ин фармудаи Худои таъоло:

«Мардонро бар занон бартарӣ аст».

(Бақара: 227)

Ҳамчунин Расули Худо мефармоянд: “Агар иҷоза мебуд, ки шахсеро ба саҷда намудани шахси дигар амр намоям, албатта амр мекардам занро, ки барои шавҳари худ саҷда намояд”. Ва низ он ҳазрат (с) фармуда: Ҳаргоҳ зан бистари шавҳарашро тарк намуда бихобад, фариштагон то субҳ ӯро лаънат мегӯянд.

(Ривояти Имом Тирмизӣ)

Аммаи Ҳусайн ибни Мӯҳсин ривоят мекунад, ки чун роҷеъ ба шавҳараш дар назди Расули акрам (с) сухан гуфт, он ҳазрат (с) фармуданд: Дар бораи шавҳарат огоҳ бош, зеро ӯ биҳишт ва дӯзахти туст.

(Имом Аҳмад ва Насоӣ)

Ҳамчунин Паёмбари Худо (с) мефармоянд: Зани биҳиштии шумо он зани меҳрубон аст, ки чун озор бинад, ё шавҳарашро озор диҳад, назди ӯ омада, дасташро дар дасти шавҳар гузошта мегӯяд: Дилам ором намегирад, то аз ман розӣ шавӣ.

(Табаронӣ)

Ва низ фармуда:

Ду нафарест, ки намозҳояшон аз сарашон боло намеравад (ба даргоҳи Аллоҳ таъоло қабул намешавад): Яке бардае, ки аз мавлои худ гурехтааст, то ин ки бознагардад ва дуввумӣ занест, ки аз тоати шавҳар саркашӣ намуда бошад, то ин ки ба фармони шавҳар бозгардад.

(Ривояти Ҳоким ва Албонӣ онро саҳиҳ гуфтааст)

Боз Расули акрам (с) мефармоянд: Агар ба ман иҷоза мебуд, ки шахсеро ба саҷда кардани шахси дигар амр намоям (ки дар Ислом ба ҷуз Аллоҳ таъоло саҷда намудани ҳеҷ кас дурус нест), ҳароина занро амр мекардам барои шавҳараш саҷда намояд. Аз ҷиҳати бузург будани ҳаққи шавҳар бар зан ҳаловати имонро намеёбанд, то ин ки ҳаққи шавҳарашро адо намояд ва агар шавҳар аз вай хоҳиши ҳамбистаршавиро намояд, дар ҳоле, ки зан дар болои маркаб ҳам бошад, бояд хоҳишашро бараварда созад (яъне, аз маркаб фаромада, хоҳиши ӯро иҷро намояд).

(Ривояти имом Аҳмад)

Аз ҳадисҳои гузашта маълум мегардад, ҳаққи шавҳар болои зан бузург аст. Бинобар лозиму воҷиб аст бар зан, ки ҳамеша хушнудиву ризоияти шавҳарашро ҷустуҷӯ намуда, ҳаққи ӯро бар ҳаққи худ ва хешовандонаш муқаддам бидонад ва фазои баҳрабардории ҷинсиро барои шавҳар ба тамоми шароити назофату тозагӣ ва атру хушбӯӣ омода созад ва ҳеҷ гоҳ бар шавҳараш ҳавобаландӣ ва бо овози баланд беэҳтиромӣ накунад. Чӣ тавре, ки баъзе занони аблаҳ ва бетарбия бо шавҳарон чунин рафтори бад менамоянд.

 Зеботарини занҳо кист?

Ҷамолу зебоӣ ҷамоли маънавӣ, тарбиявӣ ва ахлоқист ва ҳар зан аз ин навъ ҷамоли маънавӣ насиби худро дорост. Ба шарте, ки онро сайқал дода, ҳифз намояд. Вале ҳусну ҷамоли шаклу мазҳар бо вуҷуди таъсири бевоситаи он ҳеҷ гоҳ ба мақоми ҳусну ҷамолу маънавӣ ва ахлоқӣ ва ҷовидонагии он нахоҳад расид.

 Некбахттарин занҳо кист?

Ҳамон занест, ки муҳаббати инсонӣ дар аъмоқи ҷонаш чашмаи софу ҷовидонаеро ба вуҷуд овардааст. Аз ин рӯ, чунин муҳаббат метавонад бар вай ва бар ҷаҳони ҳастиаш партавафшонӣ карда, ҳусну ҷамол, лутфу меҳрубонӣ, сарсабзии ҳамешагӣ ва тоату ибодати парвардагорашро фузун гардонад.

 Бадбахттарини занҳо кист?

Бадбахттарин занҳо ҳамон занест, ки аз шарафу иффати занонаи худ даст кашида, гумон мекунад, ки кӯтоҳтарин роҳ барои расидан ба дили мард ҳамин озодиву бебандуборист. Ҳол он ки ҳамин бебандуборӣ чеҳраашро дар назди мард сиёҳ намуда, мақому манзалати ӯро кам кардааст. Дар ҳақиқат зани бадбахт ҳамон зани шӯҳратхоҳу риёкор аст, ки бо тақлиди бегонагон либосҳои миллии худро тарк гуфта, либосҳои шабеҳи урёнии Урупоиро мепӯшад ва боз нашармида, бар дигарон фахрфурӯшӣ мекунад.

 Дар баробари айбҳои шавҳар чӣ бояд кард?

Ин ҷо дар муолиҷаву ҳалли ин муаммо кордониву хирадмандии зан маълум мегардад, ки ҳатман муваффақияту пирӯзӣ насибаш мешавад. Ба хусус, вақте бовариву муҳаббати шавҳарро ба даст оварда бошад, зеро муҳаббат муҳаббату дӯстиро афзун мегардонад ва беҳтарин роҳи ислоҳ кардан ба ҳисоб меравад.

Яке аз донишмандон мегӯяд: Муҳаббату дӯстӣ гоҳо нафсҳои саркашро рост мекунад. Чӣ тавре ки аҳёнан пояҳои зиндагиро барҳам зада, хароб менамоянд. Аз ин рӯ, мавзӯи чӣ гуна истифода кардани муҳаббат ва фаҳмидани мафҳуми он яке аз мавзуъҳои муҳим гардида, ки бояд онро омӯхта ва таҳлилу баррасӣ намоем.

Зан бо табассуми зебо ва бо тамоми ҳаракатҳои хайрхоҳонаи чеҳрааш метавонад, ки дар дили мард осори лутфу меҳрубонӣ ва шафқату навозиши махсусро бигузорад ва ҳадафҳои зиёдеро дар таҳсину беҳдошти фазои он хонаводагӣ таҳаққуқ бахшад. Чӣ тавр шавҳаратро ҳифз намуда, некбахташ мегардонӣ? Бар дӯши зан нақши бузург ва масъулиятнокест барои некбахтсозиву муҳофизат кардани шавҳар аз фитнаву домҳои фасоде, ки дар беруни хона ҳастанд.

Ин домҳои фасоду фитна гуногуну хатарнок ва инҳирофкунанда мебошанд. Зани хирадманду бомаърифат ҳамон аст, ки шавҳари худро аз фитнаву фасоди роҳҳо халос намуда, машғули саргарми хеш месозад ва тамоми мазоҳири ҷалбкунандаи берун ва чизҳои отифабарангез дар назди ҳикмату равоншиносӣ ва ҷаззибияти чунин зани бомаърифат нопадид гашта, ҳушу ҷони шавҳар мафтуни мамлуки ӯ мегардад.

Зани комёб ҳамон аст, тамоми майлу хоҳишҳои шавҳарашро омӯхта, ҳама чизҳои отифабарангези ӯро чун ранги либосҳои зоҳирӣ ва дохилӣ ва услуби ороиши мавриди писандидаашро низ медонад.

Яке аз хатоҳои бузурги бонувон, ин хунукназарӣ ба сару либоси худ дар хона мебошад, то дараҷае, ки шавҳарон вақти бозгашт аз кор дар ҳамсарони худ ба ҷои бӯи атру гул бӯи ошпазхона ва мӯйҳои тамизнашударо пайдо мекунанд.

Бинобар ин, тааҷҷуб накун вақте зани зебоеро мебинӣ, ки шавҳараш ба ӯ аҳамият намедиҳад ва дунболи дигар хонум равон аст.

Дар ҳоле, ки зани на онқадар зеборо мебинем, ки дили шавҳарро бо тамоми авотиф ва эҳсосот ба даст овардааст. Бидуни шакку шубҳа дар ин мавридҳо фақат зан ҷавобгар асту бас, на дигарон.

Мо бонувони азизро насиҳат мекунем ба шаклу сурати худ ва зиннату ороиши хеш дар хона сахт аҳамият диҳанд ва ҳеҷ гоҳ шавҳарони худро вақти бозгашт аз кор бо шикояти мушкилоти хонаву кӯдакон пешвоз нагирад. Балки барои онҳо фазои ором, роҳатбахш ва атрогин омода созанд. Чунончи, пешгирӣ аз ғавғои кӯдакон бо машғул сохтани онҳо ба қироати китобу маҷаллаҳои кӯдакона, хушбӯй кардани утоқи истироҳатии шавҳар, хомӯш сохтани чароғхои баланди он. Ҳамчунин барои шавҳарон хӯрокҳои дӯстдоштаашро тайёр намуда, чун номгӯи ғизоҳои ғайримуқарариӣ тақдим намояд. Хулоса, барои истироҳат ва дур сохтани хастагиҳои ҷисмӣ ва рӯҳии онҳо аз тамоми фикрҳову услубҳои хуб истифода намоянд.

 НАСИҲАТҲОИ ПУРАРЗИШ ВА СУДМАНД

Насиҳати якум

Умома бинти Ҳориси Тағлабӣ яке аз наҷибтарину беҳтарин занони Араб ба шумор меравад ва дар панду ахлоқ ҳикматҳои машҳуре дорад. Вақте Ҳорис ибни Амр, шоҳи Кинда духтари Умома, яъне Умми Иёсро ба ақди никоҳи худ даровард ва намояндагони шоҳ хостанд ӯро ба сӯи шавҳараш баранд, модараш ӯро дар шаби зифофи вай бо шавҳар як васияти ниҳоят арзиштманде намуд, ки дар он чунин гуфтанд:

“Духтаракам, ҳамоно агар ба хотири одоби хуб ё насаби машҳур васият карданд тарк намуда мешуд, ман ҳатман ин корро мекардаму туро роҳат мегузоштам. Вале васият ин гӯшзади шахси оқил ва танбиҳу огоҳи додани ашхоси ғофил мебошад. Духтаракам, агар зане бо сарватмандии падараш метавонист, ки аз шавҳар бениёз гардад, ҳароина ту бениёзтарини мардум аз шавҳар будӣ. Вале мо барои мардон ва мардон барои мо офарида шудаанд. Духтаракам, дар ҳақиқат, ту хонае, ки дар он бузург шудӣ ва марзу буми худро тарк мегӯӣ ва ба хонаи ноошно ва дӯсте, ки бо ӯ унс нагирифтаӣ, меравӣ.

Бинобар ин, барояш чун каниз бош, ӯ ғуломи ту мешавад аз ман даҳ хислатро ба гуш гир, иншооллоҳ онҳо сабаби иззату обрӯи ту хоҳад гардид:

Хислати якум ва дуввум зиндагии каноатмандона ва муомилаи хуб бо итоату фармонбардории шавҳар. Зеро қаноатмандӣ дилу равони касро роҳат мебахшад ва муъоширати хуб сабаби хушнудии Худо ва бандагонаш мегардад. Хислати саввум ва чорум эҳтиёт кардани дида ва бинии шавҳар. Аз ин рӯ, эҳтиёт кун, ки мабодо чашми ӯ бар чизи зишти ту наафтад ва беҳтарин бӯй аз ту ба машомаш бирасад ва бидон духтаракам, ки беҳтарин ҳусну ороиши безаҳмат, ин сурма аст ва инчунин об гуворотарин чезест, ки ҷустуҷӯяш менамоем.

Хислати панҷум ва шашум муайан кардани вақти хӯрокхӯри ва омодасозии соату шароити хобаш. Зеро оташи гуруснагӣ сӯзанда ва вайронсозии истироҳату хоб харобкунандаи асаб аст. Хислати ҳафтум ва ҳаштум муҳофизати хонаву молаш ва аҳамият додан ба номусу шараф ва фарзандонаш мебошад. Зеро нигоҳдории молу сарват қадр намудани ранҷу заҳмати ӯст ва ҳимояти номусу шарафи хонаводагии ӯ ва фарзандонаш тадбиру раҳбарии оқилонаи занро ифода менамояд.

Хислати нуҳум ва даҳум ҳаргиз сирру розашро фош макун ва аз ҳеч фармонаш саркашӣ макун, зеро агар сиррашро ошкор намудӣ, аз ғадру хиёнаташ эмин намонӣ ва агар аз амраш саркашӣ намудӣ, дар дилаш кинаву кудурат мегузорӣ.

Ҳамчунин ҳаргоҳ ӯ ғамнин бошад, аз хурсандиву хушҳолӣ дар назди вай парҳез кун ва чун хурсанд бошад, аз ғамгиниву андӯҳгинӣ дар пеши рӯи вай чилавгири кун. Зеро амали нахуст кӯтоҳиву камбудӣ маҳсуб мешавад ва амали дуввумӣ танҳо мукаддарсозиву нороҳат кардани ӯ мебошад.

Ҳар қадаре ки ӯро эҳтирому иззати зиёд намоӣ, ҳамон қадар туро азизу гиромӣ медорад ва ҳарчӣ бештар ба хулқу атвор ва хостаҳояш мувофиқ ойӣ, ҳамон андоза ёру ёвари бардавоми ту хоҳад шуд. Бидон, эй духтарам ки, ту ҳаргиз ба ин ҳадаф даст намеёбӣ, то ин ки хушнудии ӯро бар хушнудиву ризоияти худат муқаддам бигзорӣ.

Ҳамчунин тамоми майлу хоҳишоти ӯро бар хоҳишоти худат муқаддам гузошта, амал намоӣ ва Худованди бузург бароят аҷру подош ва саодату некбахтӣ медиҳад ва туро дар паноҳи Ҳақ таъоло супурдам.

 Насиҳати дуввум

Модаре духтарашро вақти издивоҷ васият намуда гуфт:

Эй духтарам, аз тозагии ҷисмат ғофил мабош, зеро назофату тозагӣ нуру ҷило бахшида, туро мақбули писанди шавҳарат мегардонад. Ҳамчунин тамоми нуқсу бемориҳоро аз баданат дур сохта, ҷисматро бар кору бори зиндагӣ нерӯманд месозад ва инро бояд гуфт, ки аз зани чиркин табиату мизоҷи мардонро бад меояд ва чашму гӯши онҳо аз ӯ нафрат дорад ва чун бо шавҳарат рӯ ба рӯ шудӣ, бо чеҳраи хандону кушода бархӯрд кун, зеро агар муҳаббат ҷисм бошад, кушодрӯӣ рӯҳу ҷони он ба ҳисоб меравад.

Таъсири бади гуноҳон бар некбахтии зану шавҳар Ҳеҷ зан ва шавҳар дар ин, ки воқеан маъсияту гуноҳ ғаму андӯҳро ба бор оварда, сабабгорони бадбахтиву рӯсиёҳӣ, сангдиливу бераҳмӣ мегардад, ихтилоф надорад. Яке аз донишмандони гузашта гуфтааст: Ҳароина гоҳо баъзе хптову гуноҳ содир мекунам ва ҳатман аксуламали онро дар ахлоқу рафтори зан ва маркаби худ мушоҳида менамоям.

Яке аз донишмандони исломӣ мегӯяд: Албатта гуноҳҳо дар дунёву охират таъсироти баде доранд, ки ба дилу бадани инсон зарар мерасонанд, ки андозаи онро ҷуз Аллоҳ таъоло касе намедонад. Баъзе аз он таъсироти бади маъсияти маҳрумшавӣ аз илму дониши дин мебошад, зеро илми шариат нурест, ки Худованд онро ба дили банда меандозад ва гуноҳ ин нурро хомӯш месозад.

Дигар осори бади маъсият ваҳшату ногувориест, ки шахси гунаҳкор дар қалби хеш миёни худ ва Аллоҳ таъоло эҳсос менамояд, ки бар асари он ҳеҷ лаззатеро пайдо намекунад, ки ваҳшати мазкурро бизудояд, ҳарчанд тамоми хушҳолиҳои дунёро ҷамъ намояд. Ин нуқтаро ҳамон шахсе дарк мекунад, ки дар қалбаш ҳаёту зиндагиро эҳсос менамояд, зеро дили мурдаро дармон бахшидан маҳол аст.

Бинобар ин, агар тарк намудани маъсияту гуноҳҳо фақат барои дурӣ ҷустаназ рух додани ваҳшати мазкур бошад, бояд шахси оқил аз аввалинҳо шуда, ба тарк намудани маъсиятҳо бишитобад.

Баъзе аз осори маъсият ваҳшату дуриест, ки миёни шахси гунаҳкор ва мардум пайдо мегардад, ки ба хусус аз мардумони нек ва хайрхоҳ дур гашта, аз хайру баракати эшон маҳрум мешаванд. Агар ваҳшати мазкур зиёд ва бузург шавад, ба ҳизби шайтон наздик гардида, ҳатто миёни ӯ ва ҳамсар, фарзандон ва хешу табораш фосилаву ҷудоӣ пайдо мешавад.

Баъзе аз осори бади маъсият душвор гардидани корҳои зиндагӣ бар шахси гунаҳкор мебошад. Аз ин рӯ, ба ҳеҷ коре даст намезанад магар ин, ки мебинад пеши кораш баста, ё кори осон душвор гардидааст. Чӣ тавре шахсе тақвову парҳезгори намояд, Худованд дар корҳояш баракаиу осонӣ мебахшад ва ҳар касе тақво пеша накард, Ҳақ таъоло корҳояшро душвору сарбаста мегардонад.

Худоё, тааҷҷуб мекунам, ки чӣ гуна бандаи мӯъмин дарҳои хайру манфиатро бар рӯяш баста ва корҳои маъмулиро душвор мебинаду дарк намекунад, ки ин аз куҷо омада бошад?

Баъзе аз осори бади гуноҳҳо зулмату торикиест, ки дар қалбаш чун шаби сиёҳу торик эҳсос менамояд. Бинобар ин, зулмати сиёҳии гуноҳҳоро чун зулмату торикии воқеъиӣ, ки бо чашмаш мебинад, эҳсос менамояд. Зеро тоату ибодат нуру рӯшноист ва маъсияту гуеоҳ зулмату торикист ва ҳар гоҳ ин зулмату сиёҳӣ зиёдтар шавад, ҳайату саргаштагиаш афзун гардида, монанди шахси нобино дар чоҳи корҳои бидъату залолат меафтад ва ҳалок мегардад. Ҳатто осори чунин зулмат дар симояш падидор гашта, чашмҳо метавонанд онро мушоҳида намоянд.

Шоҳи муфассирон Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегӯяд: Ҳамоно тоату ибодат ва корҳои нек равшании руй, нури қалб ва кушоишу фароҳии ризқро ба бор меорад. Ҳамчунин баданро қавӣ гардонида, муҳаббати шахси накӯкорро дар дили мардум эҷод менамояд. Дар хақиқат маъсияту гуноҳ рӯсияҳӣ, зулмати қалб ва заъфи бадан ва камризқӣ ва беобрӯгиву ва беэҳтиромиро ба бор меорад.

Баъзе аз осори маъсиятҳо ин аст, ки умрро кӯтоҳ намуда, баракати зиндагиро аз байн мебаранд. Чӣ тавре тоату накӯкорӣ дар умру зиндагӣ афзуда, баракат мебахшад. Баъзе гуноҳоне, ки дар ин рӯзгор миёни мардум зиёд гардидаанд:

- Тарк намудани намоз ё маъхир кардани ин аз вақташ.

-Надодани закот ва хунукназарӣ нисбати ин рукни азими Ислом.

-Тарк намудани ҳаҷ аз тарафи ашхосе, ки тавони рафтан ба онро доранд.

-Ғайбату суханчинӣ ва дигар ахлоқи мазмума.

-М айнушӣ ва истеъмоли маводи мухаддира.

-Бидуни маҳрам ва бо либосҳои ғайриисломӣ ба бозорҳо баромадани занҳои мусалмон.

-Тарбия кардани фарзандон дар руҳияи ғайриисломӣ.

-Мушоҳида кардани филмҳои ҳаёсӯз ва мухолифи одобу фарҳанги исломӣ.

-Мутолиа намудани маҷаллаҳову моҳнамоҳои фосид ва харобкунанда.

-Ихтилоту омехтагии занон бо ашхоси номаҳрам дар хона ва дигар маъракаҳову тӯйҳо.

-Дустӣ ва рафоқат бо шахсони фосиқу фосид ва табаҳкор.

-Хунукназарӣ нисбати шавҳар ва гуноҳонаш.

Ғайри инҳо камбудиҳову гуноҳҳо бисёранд, ки ба таври намуна баъзе онҳоро зикр намудем. Ба ҳар ҳол, боядмо аз Худованд тарсида, дар тамоми ҳаёту зиндагии фардӣ, оилавӣ ва иҷтимоӣ тақворо пешаи худ созем, чӣтавре ки Ҳақ таъоло мефармояд: «Эй касоне, ки имон

овардаед, худатон ва аҳлу аёли хешро аз оташи дӯзах нигох доред».

(Таҳрим: 6)

 Тарбияи фарзандон

Яке аз роҳҳои пураҳмияти ба даст овардани хушнудии шавҳар, тарбияи дуруст ва исломӣ намудани фарзандҳо мебошад, ки ин тавассути ҷой додани муҳаббати Худо ва расулони Ӯ дар дили фарзандон ва бо талқин намудани ақидаи саҳиҳи исломӣ аз хурдсолӣ дар ниҳоди эшон мебошад.

Дар ҳақиқат тифл ба манзили радор (таҷҳизи техникӣ, ки ҳодисотро фаврӣ дар мағзи худ сабт мекунад) аст, ки ҳар чизе, ки дар атрофаш пайдо шавад, зуд мегирад. Бинобар ин, агар модар боиффату фарҳангдӯст ва содиқу иродатманд бошад, ҳатман фарзандонаш бар ахлоқи ҳамида ва фарҳанги воло обутоб ёфта бузург мешавад.

Ё баръакс, вақте модар бадахлоқ ва беиффату бефарҳанг бошад, албатта ахлоқу атвори манфии вай бар фарзандон таъсир намуда, онҳо дурӯғгӯ, хоин ва табаҳкор мешаванд. Зеро кӯдак ҳарчанд фитрату сиришти софу беғубор ва пок дошта бошад ҳам,модоме ки тарбияи дуруст нашавад ва мураббияи хуб ва намунаи беҳтарини тарбиятӣ пайдо накунад, бегумон ба инҳирофу каҷӣ майл намуда, чизҳои бад ва манфиро қабул мекунад.

Рост гуфтааст Паёмбари Худо (с), вақте аз чунин марҳалаи таъсирпазирии кӯдак сухан гуфта фармуданд: «Ҳар тифли навзод бар фитрату сиришти поки худ таваллуд мешавад. Пас падару модараш ӯро яҳудӣ ё насронӣ ё маҷусӣ мегардонанд».

(Ривояти Имом Муслим)

 Унсурҳои муҳим барои тарбия кӯдак

Унсурҳову тариқаҳои зайл барои тарбияи исломии кӯдакон мусоидат мекунад:

1.  Хондани Қуръон, аҳкоми шариат ва зиндагиномаву таърихи паёмбарон ва шахсиятҳои солиҳро барояш биёмӯзад.

2.  Ҳамеша итоату эҳтироми падару модар ва муаллимону бузургсолонро барояш талқин намояд.

3.  Аз дӯсти бо рафиқони бад нигоҳаш бидорад, зеро табиату хислатҳо ба сабаби рафоқат бар ӯ таъсир хоҳанд кард.

4.  Ҳаргоҳ кӯдак кори хубе кард, бояд ӯро мадҳу ситоиш кард.

Вале чун амали зиште аз ӯ сар зад, бояд ки ӯро дар ҷои хилват маломату сарзаниш кунад на дар миёни рафиқҳояш. Зеро дар назди рафиқҳояш маломат карданаш ӯро хиҷил, сарсахту хира мегардонад, ки ба маломат гӯш кардан одат мекунад.

5.  Кӯдакро бояд ба сабру шикебоӣ ва таҳаммулу бардоштхӯгир намояд, ки барои шаллоқ гиря накунад, ё ба доду фарёд ва бетартибӣ даст назанад.

6.  Бояд ӯро ба хурдану пушидани чизҳои содда ва маъмулӣ одат диҳад, ба хусус оддиву содда хӯрданро барояш маҳбуб бигардонад.

7.  Аз дашному ҳақорат ва суханҳои зишт манъаш намояд.

8.  Кӯдакро аз содир намудани маъсияту ҷиноят чун дуздӣ, хиёнат, зино ва аз оқибати бади онҳо битарсонад.

9.  Баъд аз фориғшавӣ аз китоб аз дарсҳояш ба вай иҷозаи бозӣ кардан бо кӯдакони дигарро бидиҳад ва беҳтар аст, ки ӯро ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тарғибу ташвиқ намояд.

10. Аз ҳамон рӯзе начустин зиндагиаш бояд ба тарбияи кӯдак аҳамият дод, зеро тарбиату сиришти ӯ софу беолоиш буда, ҳар чизе, ки бар ӯ гузарад, таъсирашро ҳатман мегузорад. Бинобар ин, дояву парастори нахустинаш бояд зани солиҳаву диндор бошад. Аз Худованди мутаъол масъалат дорам, ки ба ҳамаи мову шумо фарзандони солиҳ ва наҷиб ато фармояд.

11. Боз як насиҳати холисона

12. Ҳамшираи мусалмон! Дар ҳақиқаат, Худованд туро ба дини Ислом гиромиву азиз гардонид, синаатро ба нури имон мунаввар сохтааст. Ҳамчунин ба ту ҳуқуқи масъулиятҳои шарафманде ато намуда, ки ҳеҷ зан дар ҳеч дину миллат ва давру замон ба онҳо ноил нашудааст.

13. Ин ҳуқуқу масъулиятҳои волои исломӣ, ки дар ҷаҳони башарият кассе шабиҳи онро надида, ба ту ҳаққи комил медиҳад, ки ба Исломи азизат ифтихор намои ва ба таълимоти он, ки саъодати динӣ ва дунявии туро таъмин менамояд, чанг бизанӣ ва дар ҳаёт татбиқ намоӣ.

14. Барои ин, ки тамоми имтиёзоти бузургро, ки Ислом ба ту бахшидааст, хуб ва аниқ бишносӣ, бояд нахуст таълимоти ҳаётбахши Исломро бо тамоми абъоди фардӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он биёмузӣ, то бароятбиниши комил ва қаноати устувор пайдо гардад, ки дини ҷовидон воқиан бароят чизҳои муҳими зиёде бахшидааст.

15. Маҳз баъди чунин омузишу баррасии таълимоти Ислом ба хубӣ дарк хоҳӣ кард, ки таблиғоти баъзе занони мусалмони ноогоҳ, ки шефтаву мафтуни ғарб шудаанд ва мехоҳанд, ки ҳуқуқи занонро ба онҳо базгардонанд, ҷуз эҳсосот ва даъвои беасос чизи беш нест ва ин таблиғоту ҳаёҳуи зиёд дар атрофии ҳуқуқи зан ҳеҷ рабте ба вазъияти зан ва мақоми он дар Ислом надоранд. Зуро Ислом тамоми ҳуқуқҳои заруриро 1400 сол пеш ба зан ато намудааст.

16. Ҳамшираи мусалмон! Ту дар воқеъ дар сояи ин дини инсонсоз, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагиро шомил аст, азизу мӯҳтарам зиндагӣ мекунӣ, дар ҳоле, ки имони ба Худо туро фаро гирифта ва таълимоти Ислом хушбахтат гардондааст. Аз ин рӯ, дар партави нури таълимоти Ислом шахсияти ту ҳамчун зани мусалмон аз дигар занони ғайри мусалмон фрқ намудааст.

17. Бинобар бо итоати фармонҳои Худо ва бо ахлоқи ҳамида ва фарҳанги волои исломӣ метавонӣ симои дурахшони зани мусалмонро ба дигарон нишон бидиҳӣ, ки дигарон бояд дар шахсияти ту намунаи беҳтарини иффату покдоманӣ ва садоқату хушахлоқиро мушоҳида кунанд ва бифаҳманд, ки Ислом барои зан шарафу обрӯ, ахлоқи олӣ ва ақли солиму фарҳангдӯстро мехоҳад.

18. Ҳамшира азиз! Ба зоҳири моддиёти дунё фирефта машав ва дунболи тақлиди хулқу атвор ва рафтори бегонагон марав ва чизҳои фоидаоварро аз зараровар фарқ кун ва огоҳона корҳои худро анҷом деҳ ва аз рӯзгори занони бадбахте, ки на ахлоқ доранду на зиндагии шарафмандона, ибрат бигир ва модом, аз Худованд ақлатро ба Ислом рушноӣ бахшидааст, аз тақлиду пайравии занони ғайримусалмон дар сару либос ва гуфтору рафторашон барҳазар бош ва ҳамеша бо пойбандии комил ба таълимоти динат яқин дошта бош, ки ту бар ҷодаи ҳақ ва ин занони бебандубор бар ботил қорор доранд.

19. Вақте бо интиқоди баъзе фосидон ва мунҳарифон рӯ ба рӯ мешавӣ, аз сабру таҳаммул кор бигир, зеро мубориза миёни ҳақ ва ботил, некӣ ва бадӣ ва миёни солиҳон ва фосидон ҳаст ва то рӯзе, ки осмону замин бар ҷойи хеш қарор доранд, муборизаи мазкур идома хоҳал ёфт.

20. Ҳамшираи муъмин! Бо истиқомату устуворӣ дар дин ва бо таълиму тарбияи накӯят метавонӣ ба ҷомеаи худ насли солиҳу накӯкор тақдим намоӣ, ки масъулиятҳои худро дар назди Худо ва нақши муҳими хешро дар ҷамеаи хеш дар намояд. Танҳо ту метавонӣ аз хонаат мадрасае бисозӣ, ки кӯдаконат дар он тамоми чизҳои накӯ ва зеборо меомӯзанд. Аз ин рӯ, ҳамвора кушиш кун, ки ин наслҳои ояндаро бар асосҳои устувори ахлоқу диёнат тарбия намоӣ.

21. Ҳаргиз тарбияи фарзандонатро ба мураббияи ғайри мусалмон ё мактабҳои бегонагон магузор, зеро ки Худой нахоста агар чунин кардӣ, бешак ту қасдан ё аз рӯи нодонӣ онҳоро ба дигар динӣ ғайри Ислом ва дигар эътиқодоти ғайри мусалмонӣ гирифтор кардаӣ ва сабаби гумроҳии фарзандонат аз дини Худо (Ислом) гардидаӣ, ки оқибати бади онро худат хоҳи дид.

22. Ҳамчунин бояд бовар кунӣ, ки ту вақте қиматтарин дороие, ки фарзанд аст, ӯро ва сарнавишти ояндаи ӯро дар дасти муаллими ғайри мусалмон месупорӣ, тамоми орзуву омоле, ки дар бораи фарзандат дорӣ, барбод додаИ. Зеро охируламр фарзандони худро бо эътиқодоту афкор ва ахлоқе дармеёбӣ, ки ба эътиқоду фикри ту ва падарашон мувофиқат намекунад.

23. Балки ба ақидаву афкор ва сулуки мураббияи ва муаллими ғайри мусалмоне, ки чанд сол ӯро даст дода, мутобиқат мекунад ва агар баъд аз ин дар зоҳир ҳамроҳи ту зиндагӣ кунанд, вале дар эътиқодот, афкор ва тарзи тасаввур ва биниш бо он муаллиму устоду ғайри мусалмон зиндагӣ хоҳанд кард. Ҳеҷ гоҳ аз омӯзгори ғайри мусалмон ва муассиса ғайри исломӣ умеду таваққуъ макун, ки кӯдакони мусармонро бар эътиқоду ғояҳои исломӣ тарбия менамоянд.

24. Ҳамшираи исломӣ! Аз он ҷо Расули акрам (с) фармудаанд:

25. Имони яке аз шумо комип намегардад, то ин ки чизеро, ки барои худ дӯст медорад, барои бародари мусалсонаш низ дӯст бидорад.

26. Бинобар ин, умедворам, ки ҳамеша дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ ба фармудаҳои Худо ва Паёмбар побанд буда, аз тамоми гуфтору кмрдоре, ки ғазаби илоҳиро ба бор меорад, парҳез намоӣ.

Зеро роҳи хайру некбахтиатон ҳамин аст ва Худованд инсонеро, ки сухани нек гуфта, ё аз Харфҳои бад даҳон бастааст, ьавриди фазлу раҳматаш қарор диҳад.

 Чӣ тавр шавҳаратро хушнуд месозӣ?

Ин суол як навъи ҳайратовар аст, аз ин рӯ, онро хулоса ва хотимаи ин рисола гардонидам. Бинобар ин мугуям: Ҳамоно зани мусалмоне, ки аз таълимоти Ислом пайравиӣ мекунад, чӣ гуна хушнудсозии шавҳари худро медонад. Баъзе сабабҳову воситаҳои муҳими ба даст овардани ризоияти шавҳар ин аст:

1.  Итоати фармонҳои Худои таъоло.

2.  Даст кашадан аз гуноҳҳо.

3.  Фармонбардории шавҳар ва лутфу меҳрубонӣ кардан нисбати ӯ.

4.  Тозагии хона ва бонуи хона.

5.  Тарбияи исломӣ намудани кӯдакон.

6.  Ибодати Аллоҳ таъоло ва ба василаи хидмату итоати шавҳар ба Худо наздик шудан.

7.  Бо табассуму лабханд пешвоз гирифтани шавҳар ва барои истироҳаташ фазои муносиб омода кардан.

8.  Аз муҳаббату эҳтиромаш огоҳсохтани шавҳар.

9.  Эҳтирому қадрдонӣ кардани хешовандони шавҳар, ба хусус падару модар ва бародарони ӯ.

10. Ахлоқу рафтори накӯ бо шавҳар, ки ин муҳимтарин васоили ба даст овардани дили шавҳар ба ҳисоб меравад, зеро ахлоқи ҳамида ҷамоли ҳақиқии зан мебошад.

Ҷои таассуф аст баъзе занҳо, ки худро диндор ва бофарҳанг меноманд, дар ҳоле, ки заррае аз ахлоқи инсонӣ надоранд, мебинӣ ки бар шавҳарони худ туршрӯӣ намуда, бонг мезананд. Ин рафтори онҳо ҳамоқату аблаҳӣ ва худпарастӣ аст. Пас оё чунин рафтор ба зане, ки худро дар назди мардум диндор нишон додааст, мезебад? На, ҳаргиз!

Парвардигори оламиён ҳамаи мо бандагонро ба ахлоқи накӯ ва лутфу нармӣ кардан бо мардум амр намуда мефармояд: («Бандагони накукор ононеанд), ки хашму ғазаби худро фурӯ нишонанд ва аз бадии мардум даргузаранд”.

(Оли Имрон: 134)

Ҳамчунин Расули Худо (с) дар чандин ҳадисҳои муборакашон ба кушодарӯӣ ва ахлоқи ҳамида тарғибу ташвиқ намуда мефармояд:

Накӯкорӣ, ин ҳамида аст.

(Ривояти Имом Муслим)

Ва низ фармудаанд: Гаронтарини амал (рузи қиёмат) дар тарозуи мӯъмин ахлоқи накӯ аст. Ҳамоно Худованди таъоло шахси бадкирдор, бадгуфтор ва ёвагӯро бад мебинад.

(Саҳиҳу-л-ҷомеъ)

Бор, Худоё, бар Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) ва бар хонадону асҳоби бузургвораш дуруду саломҳо фирист. Тамоми ҳамду ситоишҳо махсуси Парвардигори ҷаҳониён аст.