من حقق التوحيد دخل الجنة بغير حساب
Яктопарасти воқеъи беҳисоб дохили биҳишт хоҳад гашт
Худованд мефармояд:
)إِنَّ إِبۡرَٰهِيمَ كَانَ أُمَّةٗ قَانِتٗا لِّلَّهِ حَنِيفٗا وَلَمۡ يَكُ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ١٢٠( [النحل: ١٢٠]
«Дар ҳақиқат Иброҳим (уммате) бузургвор пешвое, мутиъ ва фармонбари Худо ва соҳиби дини ҳаниф (ҳақгаро) буд. Ва аз мушрикон набуд» (Наҳл 120)
Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:
)وَٱلَّذِينَ هُم بِرَبِّهِمۡ لَا يُشۡرِكُونَ ٥٩( [المؤمنون: ٥٩]
«Ва онҳое, ки ба Парвардигорашон ширк намеоваранд» (Мӯъминун 59)
حصين بن عبد الرحمن قال:كنت عند سعيد بن جبير, فقال: أيكم رأى الكوكب الذي انقض البارحة, قلت: أنا ثم, قلت: أما إني لم أكن في صلاة ولكني لدغت, قال: فماذا صنعت؟ قلت: استرقيت, قال: فما حملك على ذلك؟ قلت: حديث حدثناه الشعبي, فقال: وما حدثكم الشعبي؟ قلت: حدثنا عن بريدة بن حصيب الأسلمي أنه قال: لا رقية إلا من عين أو حمة, فقال: قد أحسن من انتهى إلى ما سمع ولكن حدثنا بن عباس عن النبي صلى الله عليه وسلم, قال: عرضت علي الأمم, فرأيت النبي ومعه الرهط, والنبي ومعه الرجل والرجلان, والنبي ليس معه أحد إذ رفع لي سواد عظيم فظننت أنهم أمتي, فقيل لي هذا موسى صلى الله عليه وسلم وقومه, ولكن انظر إلى الأفق فنظرت فإذا سواد عظيم, فقيل لي انظر إلى الأفق الآخر فإذا سواد عظيم فقيل لي هذه أمتك ومعهم سبعون ألفا يدخلون الجنة بغير حساب ولا عذاب, ثم نهض فدخل منزله فخاض الناس في أولئك الذين يدخلون الجنة بغير حساب ولا عذاب, فقال بعضهم: فلعلهم الذين صحبوا رسول الله صلى الله عليه وسلم, وقال بعضهم: فلعلهم الذين ولدوا في الإسلام ولم يشركوا بالله وذكروا أشياء, فخرج عليهم رسول الله صلى الله عليه وسلم فقال: ما الذي تخوضون فيه, فأخبروه, فقال: هم الذين لا يرقون ولا يسترقون ولا يتطيرون وعلى ربهم يتوكلون, فقام عكاشة بن محصن, فقال: ادع الله أن يجعلني منهم, فقال: أنت منهم, ثم قام رجل آخر فقال: ادع الله أن يجعلني منهم, فقال: سبقك بها عكاشة.(البخاري و مسلم)
Аз Ҳусайн ибни Абдурраҳмон ривоят аст, ки гуфт: Назди Саид ибни Ҷубайр нишаста будам, ӯ аз ҳозирин пурсид, кадоме аз шумо дишаб ситораи шикастаро мушоҳида кард? Гуфтам : Ман мушоҳида кардам вале ба сабаби инки ҳашароти заҳрдоре манро газида буд натавонистам ба намоз хондан ҳозир шавам.
Ӯ пурсид: пас чи кор карди? Гуфтам: худро дуъо хондам(руқя аз Қуръон), гуфт: чаро чунин карди? Гуфтам: Ҳадисе аз Шаъби (р) шунидам бинобар ҳамин. Гуфт: чигуна ҳадис шуниди? Гуфтам: Ӯ аз Бурайда ибни Ҳасиб ривоят кард , ки дуъо хондан фақат дар ду чиз ҷоиз аст: чашм ва газидани ҳашароти заҳрдор.
Саид ибни Ҷубайр фармуд: Касе чизеро шунавад ва бар он иктифо кунад, амали хубе аст, Локин аз ибни Аббос (р.з) аз Расули худо (с) ривоят аст ки фармуданд: "Дар шаби меъроҷ бештари умматҳо бароям ҳувайдо гаштанд ва мулоҳиза кардам, ки бо баъзе аз паёмбарон ҷамъияти бузурги аз мардум буд, ва бо иддаи дигар як ё ду нафар, ва баъзе аз паёмбарон низ буданд, ки ягон нафар ҳамроҳашон набуд. Дар ин ҳангом ногаҳон ҷамоъати бузурге аз мардум ба назарам расид гумон кардам, ки шояд уммати ман аст, аммо бароям гуфта шуд, ки уммати Мусо (а) ва миллати ӯст, Дар ин ҳангом гуруҳи бузургеро дидам, гуфта шуд, ки ин уммати туст, ва дар зумраи онҳо ҳафтод ҳазор касоне низ ҳастанд ки бидуни пурсиш ва муҷозот дохили биҳишт мешаванд".
Паёмбар (с) ин матлабро баён дошт ва бархоста ба ҳуҷрааш даромаданд.
Дар ин лаҳза ҳозирин дар бораи саъодатмандоне ибрози назар мекарданд, (ки бидуни пурсиш дохили биҳишт хоҳанд шуд)
Баъзеҳо гумон карданд , ки он гуруҳ касоне ҳастанд ки шарафи суҳбати Расули худоро соҳиб гаштаанд.
Иддаи дигаре гумон мекарданд, ки онҳо мардуме ҳастанд, ки дар замони Ислом ба дунё омада ва ҳаргиз ширк наварзидаанд.
Ҳамингуна ҳаркас фикри худро мегуфт.
Мо машғули ин гуфтугу будем, ки Паёмбари Худо (с) ташриф оварданд ва ҳама фикрҳоро ба Ӯ (с) гуфтанд.
Паёмбари худо (с) фармуданд: "Онҳо касоне ҳастанд, ки руқя намехонанд, ва баданҳои худро доғ намекунанд(табобат кардан бо сухтани бадан) ва фол намегиранд танҳо такя ва таваккал ба худо мекунанд."
Укоша ибни Миҳсан (р.з) бо шунидани ин сухани Расули худо (с) аз ҷой бархост ва аз Расули худо (с) хоҳиш кард, ки: Эй Расули худо(с) дуъо кунед, ки худованд манро аз ҷумлаи онҳо гардонад. Расули худо (с) фармуданд: "Ту аз ҷумлаи онҳо ҳасти."
Сипас шахси дигаре ин хоҳишро кард, вале Расули худо (с) фармуданд: "Дар бораи дуъо Укоша аз ту пеши кард". (Бухори, Муслим)
Аз ин ҳадиси шариф фаҳмида мешавад , ки касоне ки пурра такя ва таваккал ба худо мекунанд яктопарасти воқеъи ҳисоб меёбанд.
Аммо инки шахс бемор шавад ва худро табобат накунад ё аз асбоби илоҷу даво кор нагирад ин кори нодуруст аст, зеро Расули худо (с) вақте бемор шуданд ва вақте Ӯро сеҳр карданд аз дору ва руқя истифода бурданд.
Ва огоҳи дар ин ҳадис ба хотири он аст, ки инсон аз асбобҳо мисли: рафтан назди табиб, даво нушидан, руқя хондан, истифода барад вале пурра ба худованд таваккал кунад ва ҳама чизро аз ҷониби худо донад.