Рӯза гирифтан дар гармои сахт ()

Аз ҷумлаи ибодатҳое, ки дар гармои сахт савобро дучанд ва зиёд мекунад, рӯза, ки дар он ташнагии тоқатфарсо дар гармои сахт аст, мебошад.
    Рӯза гирифтан дар гармои сахт

    |

    Рӯза гирифтан дар гармои сахт

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Гирифташуда аз китоби "Латоифул-лмаъориф" Ибни Раҷаб, бо ихтисор ва изофаҳо

    Тарҷума: Муъаби Ҳамза

    2013 - 1434

    فضل الصيام في شدة الحر

    «باللغة الطاجيكية»

    من (لطائف المعارف) لابن رجب الحنبلي باختصار وإضافة

    ترجمة: مصعب حمزة

    2013 - 1434

    Рӯза гирифтан дар гармои сахт

    Аз ҷумлаи ибодатҳое, ки дар гармои сахт савобро дучанд ва зиёд мекунад, рӯза, ки дар он ташнагии тоқатфарсо дар гармои сахт аст, мебошад. Барои ҳамин Маъоз ибни Ҷабал(рз) вақти вафоташ аз гармиҳои сахти фавтшуда таасуф мехурд (аз рӯзҳои гарме ки рӯза нагирифта буд) ва дигар гузаштагони ислом ҳам инчунин буданд, зеро ин рӯзҳои гарми фурсати ҷамъ кардани савоби зиёд буд ва барои ҳамин афсус мехурданд, ки он рӯзҳо рӯза нагирифтанд.

    Аз Абубакри Сиддиқ (р.з) ривоят аст, ки дар тобистон рӯза мегирифт ва дар зимистон ифтор мекард. (Яъне рӯзҳои гарми тобистонро бо рӯзагири мегузаронд.)

    Умар (р.з) вақти вафоташ писараш Абдуллоҳро васият карда гуфт: Мувозиб бо хислатҳои Имон бош ва хислати аввали имонро гуфт: Рӯза гирифтан дар гармии сахти тобистон аст.

    Қосим ибни Муҳаммад мегуяд: Оиша (р.з) дар гармии сахт рӯза мегирифт. Гуфтанд: Чи ӯро ба ин кор маҷбур мекард? Гуфт: Бар марг шитоб мекард. Ва баъзе аз занони солеҳа рӯзҳои гармои сахтро ихтиёр намуда рӯза мегирифтанд. Ҳангоме ки аз онҳо пурсида мешуд, ки чаро инкорро мекунед? Мегуфтанд: Қимат (нарх) вақте, ки арзон бошад, ҳар касе онро харидори мекунад. Яъне ӯ кореро ихтиёр мекунад, ки андаке аз мардум онро ба ҷой оварда метавонад, ба сабаби мушкил буданаш. Ва ин амали онҳо ҳиммати баланд доштани онҳоро дар ихтиёри вақти ибодат баён мекунад.

    Абумусои Ашъари (р.з) дар киштие нишаста буд, садоеро шунид, ки мегуфт: Эй аҳли маркаб! аз ҷой бархезед. Се бор ин суханро такрор кард. Абумусо (р.з) гуфт: Чигуна бархезем, оё намебини мо дар чи ҳолат қарор дорем, чигуна аз ҷоямон бархезем? Он садо гуфт: Оё шуморо аз ҳукме, ки Худованд бар худаш ҳукм кардааст хабар накунам? Гуфт: Бале хабар кун. Гуфт: Худованд бар худаш чунин ҳукм кард, ки агар касе худро дар рӯзи гармои сахт ба хотири худо ташна нигоҳ дорад (рӯза бигирад) ҳақ аст бар Худованд, ки ӯро рӯзи қиёмат сероб гардонад. Абумусо (р.з) рӯзҳои гармои сахтеро, ки инсон аз гарми ба танг меомад, ихтиёр карда рӯза мегирифт.

    Каъб (р.з) гуфт: Худованд ба Мусо (а) гуфт: Ман бар худам вогузор кардам, ки ҳар касе барои ман худро ташна нигоҳ дорад (рӯза бигирад) рӯзи қиёмат ӯро сероб гардонам.

    Дар Таврот омадааст, ки: Хуш ба ҳоли касе, ки худро барои рӯзи серии бузург гурусна нигоҳ доштааст, хуш ба ҳоли касе, ки худро барои рӯзи серобии бузург ташна нигоҳ доштааст.

    Ҳасан мегуяд: Вақте, ки дӯсти худованд дар биҳишт дар лаби дарёи хамр такя задааст ва ҳур ба ӯ ҷомро дароз мекунад ва ӯ дар беҳтарин айшу ишрат аст, ҳур ба ӯ мегуяд: "Оё медони кадом рӯз Худованд манро ҳамсари ту гардонид. Худованд дар рӯзи гармои тобистон, ки ду тарафаш аз ҳам дур буд ба сӯи ту назар кард ва ту дар ҳолати ташнагии сахт қарор дошти, ки туро ташнаги беҳол карда буд, пас фахр кард ба ту бар фариштагон ва гуфт: "Нигаред ба сӯи бандаи ман, ҳамсару лаззату таому шаробашро бахотири ман ва барои ба даст овардани ончизе ки назди ман аст, тарк намудааст, Шумо шоҳид бошед, ки ман ӯро мағфират кардам", пас туро мағфират кард ва манро ҳамсари ту гардонид.

    Вақте, ки Омир ибни Абдиқайс аз Басра ба Шом рафт. Муъовия (р.з) доимо аз эҳтиёҷоташ мепурсид, то ҳоҷаташро бароварад, вале ӯ доимо рад мекард, ки ҳоҷате надорад. Вақте, ки Муъовия (р.з) бисёр аз ҳоҷаташ пурсид, гуфт: Ҳоҷатам ин аст, ки гармои Басраро ба Шом биёвари то ман ба сахти рӯза бигирам, зеро ҳавои Шом салқин ва рӯза гирифтан осон аст.

    Боре Ҳаҷҷоҷ дар баъзе аз сафарҳояш дар минтақаи Моъ байни Макка ва Мадина барои истироҳат таваққуф кард, Ва барои ӯ хуроки нисфирузи оварда шуд, Дар онҷо аъробиеро (арабҳое ки дар бодия зиндаги мекунанд) дид ва ӯро ба хурокхури ҳамроҳаш даъват кард. Ӯ гуфт: Манро касе,ки аз ту беҳтар аст даъват кард ва ман даъвати ӯро пазируфтам. Ҳаҷҷоҷ гуфт: Кист ӯ? Аъроби гуфт: Худованд манро даъват ба рӯза гирифтан кард ва ман рӯза гирифтам. Ҳаҷҷоҷ гуфт: Дар ин гармои сахт? Аъроби гуфт? Бале дар ин гармои сахт рӯза гирифтам барои рӯзе, ки аз ин ҳам гармтар аст. (рӯзи қиёмат) Ҳаҷҷоҷ гуфт: Ҳамроҳи ман ифтор кун ва фардо рӯза бигир. Аъроби гуфт: Агар замонат диҳи ,ки то фардо зинда мемонам то рӯза бигирам. Ҳаҷҷоҷ гуфт: Қудрати ин корро надорам. Аъроби гуфт: Пас чаро аз ман талаб мекуни, ки ҳозирро бар ғоибе ки қудрати ба даст оварданашро надори иваз намоям. (Яъне имрӯз ки зинда ҳастам ва тавонои дорам рӯза мегирам, аммо фардо дар дасти ман нест ва шояд то фардо зинда намонам)

    Ибни Умар (р.з) дар сафаре бо ҳамроҳонаш ҷое таваққуф намуданд то хуроки нисфирӯзи бихуранд. Дар ин вақт чӯпоне аз наздашон мегузашт, ба ӯ гуфтанд: Биё ҳамроҳи мо хурок бихур, Ӯ гуфт: Ман рӯзадор ҳастам. Ибни Умар гуфт: Дар ин гармои сахт ва водии таспидаву сӯзон ва аз пушти ин гусфандон ва ту рӯзадор ҳасти? Чӯпон гуфт: Мехоҳам ин рӯзҳои холиамро беҳуда нагузаронам. Ибни Умар (р.з) таъаҷҷуб кард ва гуфт: Мешавад, ки аз ин гусфандон яке ба мо бифруши ва бо мо аз гушташ бихури ва ифтор куни ва мо пули гусфандро бароят пардохт кунем? Чӯпон гуфт: Ин гусфандони ман нестанд, инҳо аз сайиди ман мебошанд. Ибни Умар гуфт: Шояд сайидат туро чизе нагуяд, агар бигуи ки уро гург хурд.

    Чӯпон дар ҳоле ки ангушташро ба сӯи осмон бардошта буд ва мегуфт: Пас Худованд куҷост? равона шуд. Пас ибни Умар (р.з) ҳамеша ин сухани ӯро такрор мекард ва ҳангоме ки ба Мадина баргашт ба сӯи сайиди он чӯпон одам фиристод ва он чӯпонро бо гусфандон аз сайидаш харидори намуда озодаш кард ва гусфандонро ба ӯ бахшид.

    Ибни Умар (р.з) онқадар рӯзаи нафли мегирифт, ки беҳуш мешуд, вале рӯзаашро намекушод. (агарчанде беҳуш мешуд вале рӯзаи худро ба охир мерасонд) Ва имом Аҳмад рӯза мегирифт ва аз гарми қариб ки беҳуш мешуд, ба рӯяш об мепошид вале рӯзаашро то охир мерасонид. Боре пурсида шуд, ки касе рӯза гирад ва дар гармои сахт барояш мушкил гардад, чикор кунад? Гуфт: Мушкиле нест агар либосеро дар об тар карда худро салқин намояд ё бар бадани худ об резад то гармиро бартараф намояд.

    Паёмбари Худо (с) дар Араҷ (номи макон) дар ҳоле ки рӯзадор буд (аз гарми) бар сари худ об мерехт.

    Абудардо (р.з) мегуяд: Дар рӯзи гармои сахт барои гармои сахти рӯзи қиёмат рӯза бигиред, ва дар торикии сахти шабҳо барои торикии сахти қабрҳо ду ракаъат намоз хонед.

    Дар саҳеҳайн аз Абудардо (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Ҳамроҳи Паёмбар (с) дар сафар будем, дар гармтарин рӯз , ки аз шиддати гарми инсон дасташро бар сараш мемонад, касе аз қавм рӯзадор набуд, магар расули Худо (с) ва Абдуллоҳ ибни Равоҳа рӯзадор буданд.

    Ва Муслим аз Абудардо (р.з) ривоят кардааст, ки он дар рамазон буд.

    Вақте рӯзадорон барои Худованд дар гармои сахту тоқатшикан ташнагиро бардошт намуда сабр карданд, Худованд барои онҳо даре аз дарҳои биҳиштро махсус гардонид, ки аз он дар касе ғайри рӯзадорон дохили биҳишт намешавад. Ва он дарро Раййон ном ниҳод, ки ҳаркасе аз он дохил шуд (обе) менушад ва ҳаркасе нушид баъд аз он ҳаргиз ташна нахоҳад шуд. Ҳарвақт, ки рӯзадорон аз он дохил шуданд баста хоҳад шуд, ва касе ғайр аз онҳо бо ин дар дохили биҳишт нахоҳад шуд.

    Гирифташуда аз китоби "Латоифул-лмаъориф" Ибни Раҷаб, бо ихтисор ва изофаҳо.