Ҷойгоҳи зан дар Ислом ()

Ҷойгоҳи зан пеш аз ислом чигуна буд ва баъди омадани ислом чи арзишҳоро ба даст овард?

    |

    Ҷойгоҳи зан дар Ислом

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия ва тарҷума:

    Дорул ислом\Тоҷикӣ

    2014 - 1435

    مكانة المرأة في الإسلام

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي

    2014 - 1435

    Ҷойгоҳи зан дар Ислом

    То замоне, ки зани мусулмон ба озоди ва истиқлоли фикри ва амалии комил, ки шариъати исломи онро барои вай поягузори намудааст, нарасад ва ба унвони узве аз аъзои ҷомеъа ба расмият шинохта нашавад, ҷомеъаҳои исломи ба ахлоқи солим ва худкифоии лозим нахоҳанд расид.

    Ҷаҳонро муҳками аз уммаҳот аст

    Ниҳодшон амини мумкинот аст

    Агар ин нуктаро қавме надонад

    Низоми корубораш бесубот аст.

    Ҳангоме, ки дини мубини ислом зуҳур кард саросари ҷаҳонро аз палидиҳои шармовар ва тасаввуроти хом ва ботили касонеро, ки занро ҳамчун мавҷуди пасту фармонраво ва духтардор шуданро нанги хеш медонистанд ва мепиндоштанд, ки зан мавҷуди зоиде дар низоми хилқат аст, пок сохт.

    Ислом занро аз қаъри залили ба авҷи иззат ва сарбаланди расонд. Дари инсонияташро бар ӯ боз кард ва ҳама ҳуқуқашро ба расмият шинохт ва бо афкори фарогиранда ва бо дар назардошти ҳама паҳлуҳои ҳаёташ, барояшон ҷойгоҳ ва шахсияти волое дар назар гирифт.

    Дар миёни тамадунҳои куҳан ва навпайдо танҳо ин дини муқаддаси ислом аст, ки соҳиби ин имтиёз аст ва метавонад иддиъо кунад, ки арзиши воқеъиеро барои занон ба вуҷуд оварда шахсияти ҳуқуқи, иҷтимоъи, дини ва инсониро ба онҳо боз гардонида аст.

    Ислом ва баробар ҳуқуқи

    миёни зану мард

    Оини муқадаси Ислом мард ва занро ҳуқуқи яксон ва баробар додаст ҳардуро дар уҳдадории бузургтарин масулиятҳои ҷамъияти исломи, ки амри маъруф ва наҳи мункар аст, яксон хитоб намудааст чуноне, ки Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَيُطِيعُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ أُوْلَٰٓئِكَ سَيَرۡحَمُهُمُ ٱللَّهُۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ ٧١﴾ [التوبة : 71]

    «Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоист бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!»

    Тавба 71

    Зане ки дар замони ҷоҳилият (пеш аз Ислом) аз ҳар гуна ҳуқуқе маҳрум буд ва дар воқеъ ҳаққи ҳаёт надошт бо пайдоиши Ислом дар тамоми соҳаҳо баробари мард ҳаракат намуд ва ҳуқуқи яксон ёфт.

    Дар Қуръони карим оятҳои зиёде аст, ки ишора ба баробарии марду зан дар анҷоми таколиф ва диндориву бандаги дорад ва ҳамчунин дар аҳодиси набави низ ривоятҳои зиёде омадааст ки занон аз расули Худо пурсиданд:

    «Мо мебинем ки Худованд дар ҳама ҷои Қуръон аз мардон зикр ба миён оварда ва онҳоро мухотаб қарор медиҳад аз ин маълум мешавад, ки дар мо занон хайре нест ва мо метарсем, ки ибодатҳоямон низ қабул нагардад».

    Тирмизи бо санади ҳасан

    Дар ҷавоби ин суоли занон Худованди бузург ин оятро нозил кард:

    ﴿إِنَّ ٱلۡمُسۡلِمِينَ وَٱلۡمُسۡلِمَٰتِ وَٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡقَٰنِتَٰتِ وَٱلصَّٰدِقِينَ وَٱلصَّٰدِقَٰتِ وَٱلصَّٰبِرِينَ وَٱلصَّٰبِرَٰتِ وَٱلۡخَٰشِعِينَ وَٱلۡخَٰشِعَٰتِ وَٱلۡمُتَصَدِّقِينَ وَٱلۡمُتَصَدِّقَٰتِ وَٱلصَّٰٓئِمِينَ وَٱلصَّٰٓئِمَٰتِ وَٱلۡحَٰفِظِينَ فُرُوجَهُمۡ وَٱلۡحَٰفِظَٰتِ وَٱلذَّٰكِرِينَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱلذَّٰكِرَٰتِ أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمٗا ٣٥﴾ [الاحزاب : ٣٥]

    «Худо барои мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгӯву занони ростгӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худро ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худро ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон ёд мекунанд ва заноне ки Худоро фаровон ёд мекунанд, бахшоиш ва музде бузург омода кардааст!».

    Аҳзоб 35

    Аз матни ин оят фаҳмида мешавад, ки пештози дар майдони тақво аз ҷинс вобастаги надорад, балки пештози аз насиби дилҳост, яъне ҳар диле ки бо Худованд наздик аст, пештози ва бурд дар ин майдон насиби ӯст новобаста, ки он дил аз ҷинси мардон бошад ё аз ҷинси занон.

    Агар барои хоҳарон ва модарони мо ин шубҳа пайдо шавад, ки Қуръон бо мардон таваҷуҳ мекунад ва занонро мавриди илтифот қарор намедиҳад, метавон бо кумак аз маъонии ин оятҳо чунин дарк кард, ки хитобҳои Қуръон бо таваҷуҳ ба инсоният мавриди таваҷуҳ қарор гирифтаанд на ҷинсияти мард ё зан.

    Муқоиса миёну зану мард

    аз нигоҳи хилқат

    Агар аз нигоҳи хилқат ба ҷинси марду зан нигариста шавад, бе шубҳа фаҳмида мешавад, ки зану мард ҳар кадоме тавоноиҳои хосси худро дорад, Агар мард дорои табиъати кор ва касбу талош аст, зан ба фарзандаш ширу таъом медиҳад ва сарчашмаи ҳаёт аст, Агар мард ба хислати дурушти шинохта мешавад, зан ба хислати меҳрубони ва отифи шинохта мешавад, Агар мард бо бозуҳои нируманд шинохта мешавад, зан дорои табиъати нозук ва латифе аст, Агар мард падар аст, зан бо модар будан ифтихор мекунад ва биҳишт зери пои ӯ густардааст.

    Бале зан модар аст, модаре, ки отифааш ҷуш мезанад, эҳсосоташ ҳамеша ӯро ҳамроҳ аст, эҳсосоте, ки дар табиъаташ дилдодаги ҳамроҳ дорад, отифаи ӯ бо муҳабат ҷуш мезанад, чи зебо шоири араб дар васфи занон гуфтааст:

    الأم مدرسة إذا أعددتها

    أعددت شعباً طیب الأعراق

    Модар донишгоҳе аст, агар ӯро хуб парвариш намуди

    Бе чуну чаро миллати некнажодеро парвариш намудаи.

    Аз он чи ки дар гузашта гуфтем чунин фаҳмида мешавад, ки Ислом ҳазору чаҳорсад сол пеш ормонҳои волои инсони имрӯзаро бароварда намудааст, чун зан ва мард аз нигоҳи Ислом ҳарду инсон ҳастанд ва дар мафҳуми инсоният шариканд ва асли инсоният аз ҳарду нашъат ёфтааст.

    Дар воқеъ мо мусулмонон аз ёварон ва мудофиъони ҳақиқии баробари ва адолат ҳастем ва ба он даъват намуда ва амал мекунем, то занро аз асорат ва залолати гузашта ва ҳозира бираҳонем ва зиндагии иҷтимоъии вайро барояш баргардонем.

    Мо итминон дорем, то замоне зани мусалмон ба озоди ва истиқлоли фикри ва амали комил, ки шариъати Исломи онро барои вай поягузори намудааст нарасад ва ӯро ба унвони узве аз аъзои ҷамъият шинохта нашавад, ҷомеъаи исломи ба ахлоқи солим ва худкифоии лозим нахоҳанд расид.

    Имом Надави (р.ҳ) дар ин бора менависад:

    "Агар занони мусулмон дар роҳи бақои тамаддуни исломи ва барпо доштани муҳити хонаводагие, ки меҳвари таҳорат ва муҳаббат аст, бо мардон муъовинат накарда ва дар пешбурди аҳдофи исломи бо онон ҳамкори намекарданд кори дифоъ аз пояҳои тамаддуни исломи барои умуми мусулмонон мушкил ва душвор мегардад".

    Бо вуҷуди ин ҳамаи ҳимоят аз қишри зан, инро низ изофа мекунем, ки агар занон ва хоҳарони ҷамъияти мо иззату шарафи худро дар қавонини исломи биҷуянд ва ончиро, ки Ислом барои онон ба унвони имтиёз ба армуғон овардааст, онро дунбол кунанд, пас мувафақиятро ҳосил намудаанд.

    Аммо агар фиреби шакли ва зоҳирии ғарбро бихуранд ва фарёди мазлумият бароваранд, то қавонин ва барномаҳои ғарб дасти ононро бигирад ба яқин бидонанд, ки ин бор худашонро бо дастони хеш ба чоҳи тангу торике тела додаанд ва таърихи залили ва бе арзиширо сари худ ду бора боз гардонидаанд.