Дуруғи якуми апрел
Нависанда : Муҳаммад Солиҳ Алмунаҷҷид
Тарҷума: Абдусатори Ҳақназарзода
Таҳрир: Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Гузориши мухтасар:
Ин мақола таърихи паидоиши иди дуруғгуи якуми Апрелро бо ҳукмаш баён мекунад. .
-
1
PDF 279.2 KB 2019-05-02
-
2
DOC 2.2 MB 2019-05-02
Васфи комил
Дуруғи якуми апрел
﴿ كذبة إبريل (نيسان ) حقيقتها وحكمها ﴾
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Муҳаммад Солиҳ ал-Мунаҷҷид
Тарҷума : Абдуссатори Ҳамид
2009 - 1430
﴿ كذبة إبريل (نيسان ) حقيقتها وحكمها ﴾
« باللغة الطاجيكية »
محمد صالح المنجد
ترجمة : عبد الستار حميد
2009 - 1430
Дуруғи якуми апрел
Муҳаммад Солиҳ Ал-мунаҷҷид
2009 м – 1430 ҳ
Ҳамду сано Худоро, Уро ҳамд мегуем ва аз У талаби истиъона ва мағфират мекунем, ва паноҳ металабем бар Худо аз шарри нафсҳоямон, ва аз корҳои бадамон, касеро ки Худованд ҳидоят кунад пас нест уро гумроҳ кунандае, ва касеро ки Худованд гумроҳ кунад пас нест уро ҳидоят кунандае .
Аммо баъд :
Бешак дуруғгуи аз ахлоқи бад аст ва ҳамаи шариатҳо аз у дури меҷуянд, ва ҳама шахсони бузургу оқил кушиш мекунанд, ки аз ин ахлоқи бад дур бошанд.
Ва садоқат ва ростгуи яке аз пояҳои асосии олам, ва аз ҷумлаи хубтарин амалҳои некукорон аст.
Ва ростгуӣ аз беҳтарин сифатҳои Паёмбарон, ва сабаби пайдо кардани тарси Худо дар дилҳо мебошад.
Ва агар ростгуи намешуд роҳу равиши дин ботил мегардид.
Ва дар дини мубини Ислом барои дури ҷустан аз дуруғгуи дар китоби Худо ва ҳадисҳои Паёмбари Худо амрҳои зиёде омада аст, ва барои ҳаром буданаш ҳамаи олимони дини ислом муттафиқанд. Ва барои дуруғгуён ҳамеша дар дунё ва охират оқибати баде мебошад.
Ва дини ислом дуруғгуиро дар баъзе корҳое ки сабаби ҳақ хурдани дигарон ва хунрези, ва ин чунин таъназадан дар шаъни дигарон набошад дуруст дониста аст, балки дуруғгуиро дар вақте ки сабаби халосии нафси инсон аз марг бошад, ва ё инки сабаби ислоҳ сохтан байни ду нафар бошад, ва ё дар он корҳое ки сабаби дусти овардан дар байни зану шавҳар бошад дуруст медонад.
Дар дини Ислом ягон руз ва ё ягон вақти муайяне наомадааст, ки дар он дуруғгуфтан дуруст бошад, ва он чизе ки дар байни мардум пахш шуда аст ки ба номи " дуруғи найсон" ва ё инки " дуруғи якуми апрел" номида мешавад.
Ва бисёре аз мардум гумон мекунанд ки дар қонуни дини Ислом рузи аввали моҳи чаҳоруми шамси (найсон) мебошад ва дар ин руз дуруғ гуфтан ҳеч гуноҳе надорад.
Ва дар ҳақиқат ба сабаби ин гумони бад ва беасос бадиҳои бисёре дар байни мардум ба вуҷуд омада аст, ки баъзе онҳоро бо ҳаром будани дуруғгуи ёдовари менамоем:
Худованд мефармояд :
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭰ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭼ النحل: ١٠٥
" Ҷуз ин нест ки ифтиро мекунанд дуруғро ононе ки имон надоранд ба оятҳои Худо ва эшон дуруғгуёнанд" Наҳл 105
Ибни Касир мефармояд : Худованд хабар дода аст ин ки Паёмбараш Муҳаммад - дуову дуруд бар У бод- дуруғгу нест, зеро ки дуруғро бар Худову расулаш касоне мегуянд ки бадтарини халқи Худо мебошанд, ки ба оятҳои бузурги Худованд имон намеоранд, монанди кофирону бе диноне ки дар байни мардум ба дуруғгуи машҳур мебошанд. Ва Паёмбари Худо ростгутарини мардум буд, ва ин чунин некутарин, ва пурратарини мардум дар илму амал ва имон доштан ба Худо буд, ва У дар назди қавмаш ба ростгуи машҳур буд, ки ҳеч кас дар ростгуияш шаке намекард ва Уро (Амин) меномиданд, яъне шахси амонатдор ва ростгу.
Ва барои ҳамин Ҳирақл подшоҳи Рум вақте ки Абусуфёнро аз сифати Паёмбар -дуову дуруд бар У бод- пурсид, яке аз саволҳояш ин буд ки : Оё шумо пеш аз ин ки ба дини Худо даъвататон кунад ба ягон кор ва ё сухани дуруғе Уро иттиҳом карда будед? Абусуфён гуфт: не, пас подшоҳи Рум гуфт : Пас У шахсе нест ки барои мардум аз дуруғ дури биҷуяд ва ба худояш дуруғ бигуяд.(Тафсири Ибин Касир 2.588)
Абуҳурайра –Худованд аз у рози бод- ривоят карда аст ки Паёмбар -дуову дуруд бар У бод- гуфта аст : " Нишонаи мунофиқ се чиз аст : Вақти сухан гуфтан дуруғ мегуяд, ва агар ваъда диҳад хилоф мекунад, ва агар амонате дода шавад хиёнат мекунад" Ривояти Бухори 33 ва Муслим 59
Имом Навави мегуяд : Он чизеро ки муҳаққиқин ва аксари олимон дар бораи ин ҳадис гуфтаанд -ва лабатта ин суханашон дурусттарин сухан аст- ки мегуяд " Ин сифатҳои зикр шуда дар ҳадиси шариф сифатҳои мунофиқин аст ва ҳар касе ки ин сифатҳоро дошта бошад албатта дар ин сифатҳо мушобиҳ ба мунофиқин мебошад ".
Бадтарини дуруғҳо :
Бадтарини дуруғҳо, дуруғ гуфтан бар Худо ва расулаш мебошад ва албатта ин бузургтарини дуруғҳо мебошад ва соҳибаш ба ваъдаи сахте гирифтор аст.
Ҳатто баъзе олимони ислом ба кофир шудани соҳибаш мувофиқанд.
Худованд мефармояд :
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡ ﯢ ﯣ ﭼ النحل: ١١٦
"Ва нагуед чизеро ки баён мекунад забонҳои шумо бардуруғ ҳукми уро, ки он ҳалол аст ва ин ҳаром то ифтиро кунед бар Худо дуруғро, ҳар оина ононе ки ифтиро мекунанд бар Худо дуруғро растагор намешаванд" Наҳл 116
Ва аз Ҳазрати Али -Худованд аз у рози бод- ривоят шуда аст ки гуфт: Паёмбари Худо -Дуову дуруд бар У бод- мегуяд :"Дуруғ нагуед бар ман, чунки касе бар ман дуруғгуи кунад дохили оташ мешавад" Бухори 106
Ва Абуҳурайра аз паёмбар -Дуову дуруд бар У бод- ривоят карда аст ки гуфт :" Касе ки дуруғ гуяд бар ман пас ҷои баргашташро аз оташи дузахт мегирад" Бухори 110 ва Муслим 3
Ва ин чунин аз ҷумлаи дуруғҳо дуруғгуи бар мардум мебошад монанди :
Дуруғ гуфтан дар хариду фуруш бо мардум, аз Абузар ривоят аст ки Паёмбари Худо гуфт : " Се гуруҳе ҳаст ки Худованд дар рузи қиёмат ба онҳо сухан намегуяд , ва на ба руи онҳо нигоҳ мекунад, ва на онҳоро тазкияи хуб мекунад, ва барои онҳо дар он руз азоби сахт аст " Инро Паёмбар -дуову дуруд бар У бод- се бор гуфта такрор карданд, пас Абузар гуфт : " Дар ҳақиқат ҳалок гаштанд ва хору залил гаштаанд, пас ки ҳастанд онҳо э Паёмбари Худо? Паёмбар Худо гуфт :" Мусбил ( касе ки почаи изорашро аз буҷилаки пояш поён мекунад), ва Алманнон (касе ки зиёд миннат мекунад) ва касе ки молашро ба дигарон бо қасами дуруғ медиҳад" Муслим 106
Аммо дуруғи якуми апрел ягон асли воқиъи надорад. Баъзеҳо мегуянд, ки дуруғи апрел бо идҳои баҳори пайдо шудааст, зеро дар ин вақти баҳор шабу руз бо ҳам баробар мешаванд, дар 21 моҳи озар.
Ва баъзеҳо мегуянд, ки асли ин ид ба асрҳои гузашта тааллуқ дорад, яъне ба асрҳои бут парастии пеш аз ислом, ба сабаби алоқа доштанаш ба саршавии баҳор, пас ин дуруғи апрел ё фиреби апрел аз бақоёи амалҳои бут парасти мебошад.
Пас дуруғи апрел ё фиреби апрел ба дини мубини Ислом ягон рабте надошта аст, биёед модоме ки инхел бошад ин корро тарк кунем, зеро ин амал моро ба гуноҳ кардан мерасонад .
Барои мо донистани асли ин амал "фиреби апрел" муҳим нест ба андозае ки ҳукми дуруғ гуфтан дар ин руз муҳим аст.
Ва мо бо боварии том мегуем ки ин амали мусалмон нест, ва саршавиашҳам аз мусалмонон нест, балки саршавиаш аз душманони мусалмонон аст, ва амал кардан бо ин ҳаром ва гуноҳ аст.
Аммо сухан аз зарарҳое ки ба сабаби ин дуруғ ва фиреб воқеъ шуда аст, зиёд аст масалан :
Баъзеҳоро хабар доданд ки падараш ё фарзандаш ё ҳамсараш вафот карда аст, ва аз ин хабари ногаҳони у талоқ накарда вафот кардааст ё ба лаҳҷаи дигар талхакаф шуда мурдааст.
Ва баъзе мардум ба сабаби ин гуна хабарҳои нохуш ва бар дуруғ ба касалиҳои руҳи ва ҷисми гирифтор шудаанд.
Ва баъзеҳо ба сабаби ин гуна хабарҳо аз ҳамсарони худ ҷудо шудаанд ё ба куштор даст задаанд, мисли хабари дуруғе ки :ҳамсари шуморо бо марди бегона дидаанд, ва ғайра.
Ин гуна ҳодисаҳо ва қиссаҳо зиёданд, ки сабабаш дуруғ ва ё фиреби апрел шудааст. Ва ҳамааш дуруғе ки на дин уро қабул дораду на вқлу на ахлоқу рафтори инсони.
Дар охир аз Хужованди бузург умеддорам ки ин гуна амалҳои бад ва зишт аз мардуми мусалмон дур шавад.
Худованд ҳамаро ба рости ва рост кори муваффақ гардонад.
Манбаъҳо:
Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷӣ, Рабва – шаҳри Риёз
Дастабандии илми: