АБДУЛЛОҲ ИБНИ ҲУЗОФАИ САҲМИ

Гузориши мухтасар:

Қаҳрамони ин бахши достон
Абармардест, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ном дорад вай яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст.
Вай дар даврони ҷоҳилият яке аз афроди оддие буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таваҷҷўҳи таърих қарор намегирифт. Вале дини зиндагисози Ислом ба вай чунон шахсият бахшид, ки таърих аз шахсияти вай ҳамеша бо бузурги ёд хоҳад кард, чунки вай бо ду тан аз императорони бузурги он вақт, Қайсар ва Кисро мулоқот намуда ва бо ҳар яке аз он ду достони шунидани дорад, ки ҷараёни онро барои хонандагон тақдим медорем.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    АБДУЛЛОҲ ИБНИ ҲУЗОФАИ САҲМИ

    سيرة الصحابي الجليل عبد الله بن حذافة رضي الله عنه

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Доктор Абдурраҳмон РАЪФАТПОШО

    Тарҷумаи: Абдулҳалими Орифи

    2009 - 1430

    سيرة الصحابي الجليل عبد الله بن حذافة رضي الله عنه

    « باللغة الطاجيكية »

    د. عبد الرحمن رأفت باشا

    ترجمة : عبد الحليم عارفي

    2009 - 1430

    Қаҳрамони ин бахши достон

    Абармардест, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ном дорад ва яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст.

    Вай дар даврони ҷоҳилият яке аз афроди оддие буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таваҷҷўҳи таърих қарор намегирифт. Вале дини зиндагисози Ислом ба вай чунон шахсият бахшид, ки таърих аз шахсияти вай ҳамеша бо бузурги ёд хоҳад кард, чунки вай бо ду тан аз императорони бузурги он вақт, Қайсар ва Кисро мулоқот намуда ва бо ҳар яке аз он ду достони шунидани дорад, ки ҷараёни онро барои хонандагон тақдим медорем.

    Нахустин достони вайро дар иртибот бо Кисро, имперотури Форс пешкаш мекунем. Вақте Ҳазрати Расули Худо дар соли шашум номаҳои унвони сарон ва подшоҳон ирсол дошт, номае ба дасти Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ба Кисро имперотури Форс ирсол кард ва ўро ба Ислом даъват намуд.

    Ҳазрати Расули Худо медонист, ки расонидани паём ба Кисро чи авоқибро барои паёмрасон дар пай дорад.

    Масалан ин ки намояндагон ба забон ва одоти аҳли ин кишварҳои дурдаст ҳеҷ ошнои надоранд ва аз расму русум ва анъанаҳои онҳо огоҳ нестанд ва матлаби дигар ин ки ин намояндагони фиристодаи Ҳазрати Паёмбар подшоҳон ва раисони кишварҳоро ба тарки дин ва оини ҷоҳили ва пазириши дини ҷадид даъват мекунанд ва табъан чунин коре бо табъ ва мизоҷи онҳо созгор нест.

    Ҳаққо ки чунин сафар хатарҳои бузургро дар пай дорад, ки равандаи он дар ҳукми гумшуда ва бозгардандаи он ҳукми навзод ва мавлуди тозаеро дорад. Ва аз ин лиҳоз Ҳазрати Расули Худо дар миёни асҳоби хеш аз ҷой бархост ва хутбае барои онҳо ирод намуд ва ҳамду санои Худо гуфт ва баъд изҳор намуд:

    - Аммо баъд, ман мехоҳам иддае аз шуморо назди мулук ва шоҳони Аҷам бифиристам ва аз ин рў набояд бо ман сари ихтилоф бикшоед. Ҳамон гуна, ки Бани Исроил бо Исо писари Марям ихтилоф намуданд. Асҳоб ва ёрони Паёмбар (с) гуфтанд: Эй Расули Худо, ҳар ҷое, ки мехоҳи, моро бифирист.Мо ҳаргиз мухолифати амри туро нахоҳем намуд.

    Ҳазрати Расули Худо шаш тан аз ононро барои анҷоми чунин вазифаи бузурге баргузид, то номаи вайро ба мулук ва шоҳони Аҷам расонанд. Яке аз ин шаш тан Абдуллоҳ ибни Ҳузофаи Саҳми буд, ки Ҳазрати Расули Худо ўро ба расонидани номаи хеш ба Кисро, молики Форс мукаллаф сохт. Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҳузофа шутури худро барои ин кор омода сохт ва тўшаи худро муҳайё кард ва бо зану фарзандаш ба қасди сарзамини Форс видоъ гуфт ва ба роҳ афтод.

    Биёбонҳои дуру дароз ва кўҳҳои баландро паймуд, то он ки ба диёри Форс расид.Ҳамин ки ба пойтахти имперотури Форс расид, ба кормандони давлати Форс иттилоъ дод, ки ў аз сарзамини дуре ба ин ҷо омадааст ва номае ҳамроҳи худ дорад ва мехоҳад аз наздик номаро ба дасти имперотур диҳад.

    Вақте дарбориён хабар ба Кисро расониданд, дастур дод, ки қасри салтанатиро ороста кунанд ва толорҳои истиқболи меҳмононро зинат бахшанд ва тартиботе лозим барои истиқбол аз ин меҳмон чорабини намоянд ва бузургон ва аъёни дарбори салтанат ҳузур ёбанд. Муваззафин амрро ба ҷо оварданд. Ва ҳама дастури Кисроро ба ҷо оварданд ва баъд барои Абдуллоҳ иҷозаи вуруд доданд.

    Абдуллоҳ ибни Ҳузофа дар ҳоле, ки чодари шафофро ба гирди худ печонда ва абои дуруштро, ки арабҳои бадави онро мепўшиданд, ба тан дошт, сарбаланд ва қадафрошта дар ҳоле, ки шўри имон дар дилаш шўъла мезад, ба ҳузури Кисро дохил шуд.

    Ҳамин ки чашми Кисро ба вай афтод, ба яке аз риҷоли худ ишора намуд, ки номаашро бигирад ва ба дасти вай бидиҳад, Абдуллоҳ гуфт: На чунин намекунам Ҳазрати Расули Худо ба ман амр намудааст, ки номаро ба дасти худ таслими Кисро намоям ва ман аз амри Расули Худо мухолифат намекунам.

    Кисро ба масъулони худ дастур дод, ки ўро бигзоранд, то ба вай наздик шавад. Ҳамон буд, ки Абдуллоҳ худро ба Кисро наздик сохт, то он ки номаро ба дасти хеш ба вай таслим намуд.

    Баъд Кисро нависандаи арабиро, ки аз аҳли Ҳира буд, ба ҳузур хост ва ўро амр кард, ки ин номаро дар пеши рўи вай кушода бихонад.

    Муншии вай номаро кушод ва матни онро, ки аз ин қарор буд, ба ҳузури вай қироат кард.

    Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Мин Муҳаммадин Расулуллоҳи ило Кисро азима Форс, саломун ъало ман иттабаъал ҳудо…

    Аз тарафи Муҳаммад паёмбари Худо ба Кисро, имперотури Форс, салом бар он ки аз ҳидоёт пайрави намуд. Кисро аз ин нома, беш аз ин қадар нашнида буд, ки аз шиддати хашм ба ҷўш омад ва оташи ғазаб дар дилаш шўълавар гардид. Чеҳрааш сурх шуд ва рагҳои гарданаш дар тапиш даромад, ба хотири он ки ҳазрати Расули Худо дар ин нома аз шахсияти худ оғоз намуда буд. Ҳамон буд, ки Кисро номаро ба шиддат аз дасти нависандаи худ кашид ва бидуни он ки худро ба бақияи матолиби он огоҳ созад, онро пора сохт ва фарёд зад:

    - Ин чи беадаби аст, ки ғуломам дар бораи ман раво доштааст?

    Баъд дастур дод, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофаро аз маҷлисаш берун созанд.

    Абдуллоҳ ибни Ҳузофа аз маҷлиси Кисро берун шуд ва намедонист, ки сарнавишташ чи хоҳад шуд ва Худованд дар ҳаққи вай чи иродае кардааст. Оё кушта хоҳад шуд ва ё он ки ўро ба ҳоли худаш хоҳанд гузошт, то ҳар ҷо ки хоҳад биравад?

    Аммо диранг накард ва бо худ гуфт:

    Боке надорад сарнавиштам ҳар чи бошад, бишавад. Чун ман вазифаи худро ба ҷо овардам ва номаи Ҳазрати Расули Худоро ба дасти хеш ба Кисро додам, баъд аз ин дигар маро парвои чи бошад? Ин ба худ бигуфт: Ва бар шутури худ савор шуд ва ба роҳ афтод.

    Ҳамин ки оташи хашми Кисро хомўши гардид, дастур дод, ки ба Абдуллоҳ иҷозаи духул диҳанд, то бо вай сўҳбате намояд.

    Надимон чун дар ҷустуҷўи вай шуданд, ўро наёфтанд. Ва бар асаре аз вай роҳёб нагардиданд. Ва чун роҳи Ҷазиратуларабро дар пеш гирифтанд – дарёфтанд, ки вай аз ҳудуд ва қаламрави онон қаблан убур намуда ва ишонро бар вай роҳе нест.

    Вақте Абдуллоҳ худро ба ҳузури ҳазрати Расули Худо расонд, ҷараёни масъулиятро, ки бар дўши вай супурда шуда буд, якояк ба Ҳазрати Расули Худо (с) ҳикоят кард ва ба ў гуфт, ки Кисро номаро пора кард. Ҳазрати Расули Худо беш аз ин калима изофа накард: «Худованд подшоҳии ўро аз ҳам бипошонад». Баъд аз он Кисро унвони Бозон, корманди худ дар Яман номае навишт: «Ба ин шахс, ки дар сарзамини Ҳиҷоз бо унвони паёмбар зуҳур намудааст, ду шахси қавиҳайкалро бифирист ва барояшон бигў, ки вайро даст баста ба ҳузури ман оваранд»

    Бозон ба амри ў итоат намуд ва ду шахси паҳлавонро ба қасди ин матлаб ба сарзамини Ҳиҷоз фиристод ва номаеро ба ишон дод, то Расули Худо бо ин ду шахс бидуни кадом монеъа ба ҳузури Кисро биравад.

    Ва ин ду танро таъкид кард, ки аз кори ин мард, ки даъвои нубувват намуда, огоҳ шуда ва маълумоте аз вай ҳосил намуда, назди вай биёянд.

    Ин ду мард ба қасди дастгир кардани ҳазрати Расули Худо ва ирсоли вай ба назди Кисро, аз диёри хеш берун шуданд ва бо суръати ҳарчи бештар кўшиданд, то худро ба вай расонанд.

    Ҳамон буд, ки вақте ба Тоиф расиданд, дастае аз тоҷирони Қурайшро ёфтанд ва аз ишон аҳволи Ҳазрати Муҳаммад (с) ро ҷўё шуданд. Эшон гуфтанд, ки вай дар Ясриб умр ба сар мебарад. Баъд аз он ин тоҷирон хушҳол ва масрур ба Макка баргашта ва аҳли онро мужда доданд ба ин, ки Кисро тасмими нобуди Муҳаммадро дошта ва шуморо аз шарри вай наҷот медиҳад.

    Ин ду тан ба қасди Мадина ба роҳ афтоданд ва чун ба он ҷо расиданд, бо ҳазрати Расули Худо мулоқот намуданд ва номаи Бозонро ба вай таслим намуда гуфтанд: Имперотур Кисро ба молики мо, Бозон номае фиристода, ки туро дастгир намуда ва ба вай бифиристад… Ва акнун мо омадаем, то туро ҳамроҳ бо худ гирифта назди вай биравем. Агар ту ин ҳарфи моро бипазири, бо Кисро дар мавриди ту хайрхоҳи хоҳем кард, то туро аз уқубат афв намояд ва азияти худ аз ту боз дорад ва агар ҳарфи моро напазири, ту худ медони, ки Кисро кист ва бо ту чи муомила хоҳад намуд. Ту худ медони, ки вай чи қадар сахтгир ва хунрез аст, ту ҷони худ ва қавматро аз интиқоми вай нигаҳ дор ва бо мо ба роҳи худ идома деҳ. Ҳазрати Расули Худо (с) аз шунидани ин ҳарфашон табассум намуда гуфт: Ба хобгоҳатон баргардед ва фардо наздам биёед, то бароятон ҷавоб диҳам ва чун фардо назди он ҳазрат (с) омаданд, он ҳазрат гуфтанд: Худро барои рафтан омода сохтаи, то ба мулоқоти Кисро биравем?!

    Ҳазрати Паёмбар (с) фармуд:

    - Баъд аз ин рўз Кисроро нахоҳед дид. Худованд ўро кушт, ба тавре ки писараш Ширўяро бар вай мусаллат сохт ва ўро дар фалон шаб ва фалон моҳ аз по даровард…

    Ин ду тан аз шунидани ин ҳарф моту мабҳут монданд ва дар чеҳраи ҳазрати Расули Худо хира шуданд ва ваҳшату тарс дар дилшон афтод ва гуфтанд:

    - Медони, ки чи мегўи? Оё ин хабари туро ба Бозон навишта ва ирсол накунем? Фармуд: Ин матлабро ба Бозон бирасонед ва ба ў хотирнишон созед, ки дини мо қаламрави имперотури Кисроро фаро хоҳад гирифт ва ба ў бигўед, агар мусалмон шави ва ин оинро бипазири, подшоҳи ва қудрате, ки дори бароят онро мебахшем ва илло хасороти дунё ва охират насибат хоҳад шуд.

    Ин ду тан аз Ҳазрати Паёмбари Худо (с) мураххас шуданд ва роҳи Яманро пеш гирифтанд. Чун ба назди Бозон ҳузур ёфтанд, ҷараёнро ба вай бозгуфтанд. Бозон аз шунидани ин хабар дар ҳайрат фурў рафт ва гуфт: Агар ин хабар воқеият дошта бошад, вай Паёмбари барҳақ аст ва агар ин хабар бо воқеият ҳамгом набошад, баъд бо худ тасмим хоҳам гирифт.

    Дере нагузашт, ки номае аз сўи Ширўя ба унвони Бозон расид ва дар он аз қатли падараш Кисро ёдовар шуда гуфт:

    Аммо баъд: Ман Кисроро ба қатл расонидам, ин қатли вай ба поси интиқом аз миллат ва қавми мо буд, чун вай сарон ва бузургони ин қавмро ба қатл расонида ва занону атфолашонро ба ғуломи гирифта, амвол ва дороиҳояшонро ба тороҷ бурда буд. Вақте ин нома ба ту расид, байъати онҳоеро, ки дар зери дасти ту ба сар мебаранд ва дар қаламрави ту зиндаги доранд, бароям бигир.

    Вақте ин нома ба дасти Бозон расид ва онро қироат кард, онро дар гўшае андохт ва мушарраф шудани худ ба дини Исломро эълон кард ва ҳамроҳ бо вай касони дигаре, ки аз аҳли Форс буданд ва дар Яман ба сар мебурданд, имон оварданд.

    Ин буд достони мулоқоти Абдуллоҳ ибни Ҳузофа бо имперотури Форс. Ҳоло бинем, ки мулоқоташ ҳамроҳ бо Қайсар, имперотури Рум чи гуна аст?

    Ин мулоқоти вай бо Қайсар дар даврони хилофати ҳазрати Умар ибни Хаттоб (р) сурат пазируфтааст. Ин дидори вай низ шигифтиҳои аҷибе дорад.

    Дар соли нуздаҳуми ҳиҷри ҳазрати Умар ибни Хаттоб лашкареро барои ҷанг алайҳи румиён ирсол дошт ва дар он ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ҳузофа низ ширкат намуда буд.

    Қайсар, имперотури Рум қабл аз ин иттилоъ ёфта буд, ки лашкари мусалмонон бо имони ростин ва ақидаи дуруст ва базл ва исор дар роҳи Худо ва расулаш оростаанд… Аз ин рў ба лашкари худ дастур дод, вақте ишон ба асире аз мусалмонон даст ёбанд, ўро накушанд ва зинда ба назди Қайсар ҳозир кунанд. Иродаи Худо ба он рафта буд, ки ин асир Абдуллоҳ ибни Ҳузофа буда бошад. Ҳамон буд, ки вай ба дасти лашкариёни Қайсар асир гардид. Румиён ўро ба назди подшоҳи худ бурданд ва гуфтанд:

    - Ин шахс яке аз ёрони бособиқаи Муҳаммад аст, ки ба дасти мо асир афтодааст ва ба ин хотир ўро гирифта назди ту овардем.

    Подшоҳи Рум дар чеҳраи ў бисёр бо ҳайрат нигарист:

    - Ман ба ту пешниҳоде дорам.

    - Абдуллоҳ гуфт: Чи пешниҳоде?

    Подшоҳ гуфт: Ман туро ба дини насроният даъват менамоям ва ҳар гоҳ ин оин аз мо бипазири, туро раҳо месозам ва ҷоҳу мақоме барои ту медиҳам. Абдуллоҳ бо сарбаланди ва ибо гуфт: Маҳол аст, ки чунин пешниҳоде мавриди қабул воқеъ гардад. Ва марг ҳазорон мартаба аз қабули ин пешниҳод беҳтар ва хубтар аст.

    Қайсар гуфт: Ман туро марди бузургманиш мебинам.

    Агар ин ҳарфи ман бипазири ва ба он тан дардиҳи, туро дар умури салтанат ва қудрати худ шарик созам ва онро дар миёни ҳам тақсим кунем.

    Абдуллоҳ, ки дасту пояш дар занҷир баста буд, ҷавоб дод:

    - Қасам ба Худо, агар ҳама подшоҳи ва ҳамаи мулкҳоеро, ки Араб дар ихтиёри худ доранд, бароям бидиҳи, ба андозаи як чашм задан аз дини Муҳаммад бар нахоҳам гашт.

    Подшоҳ гуфт: Вақте мавзўъ аз ин қарор буда бошад, туро хоҳам кушт.

    Абдуллоҳ гуфт: Ҳар чи хоҳи бикун. Баъд ўро ба салиб (доре, ки ба сурати салиб аст) овехтанд. Подшоҳ барои тирандозони худ дастур дод, ки наздики дастҳои ўро ҳадаф қарор диҳанд ва худ пайвасти ўро ба қабули дини насрони даъват мекард.

    Баъд гуфт, ўро дар наздики поҳояш ҳадаф гиранд ва худ дини насрониятро бар вай арза медошт ва Абдуллоҳ дар ҳамаи ин ҳолат аз пазириши даъвати подшоҳ худдори менамуд.

    Дар чунин фурсате подшоҳ дастур дод, ки аз ҳадафгирии вай худдори намоянд ва аз ишон хост, ки ўро аз чўби салиб поин кунанд. Баъд амр кард, то деги калонро ҳозир кунанд ва равғанро дар он андохта ба оташ ниҳанд, то ин ки равған доғ шавад. Баъд ду тан аз асирони мусалмонро ҳозир сохтанд ва дастур дод, ки яке аз он дуро дар он дег андохтанд ва чун он якеро андохтанд, гўшт аз баданаш ҷудо шуда ва устухонҳояш зоҳир гашт. Баъд имперотур рў ба Абдуллоҳ намуд ва ўро ба дини насроният даъват дод. Ин бор пойдори ва суботи вай беш аз пештар гардид. Вақте Қайсар аз қабули даъвати вай маъюс гардид, дастур дод, ки ўро дар ин дег андозанд, ки қаблан ду тан аз ҳамфикронашро дар он андохта буданд. Чун вайро ба сўи он дег бурданд, ашк аз чашмонаш фурў рехт.

    Мардони Қайсар ба вай иттилоъ доданд, ки вай гиря мекунад. Қайсар фикр кард, ки вай аз хавф гиря намудааст, гуфт:

    - Ўро назди ман баргардонед. Чун ўро назди Қайсар оварданд, бори дигар насрониятро ба вай тақдим дошт ва аз қабули он ибо варзид.

    Қайсар гуфт: Пас чи омиле туро ба гиря даровард?

    Гуфт: Сабаби гиряам ин буд, ки маро яқин омад, ки дар ин дег андохта мешавам ва ман як ҷон дорам, ки онро дар роҳи Худо қурбон мекунам ва маро шавқи он буд, ки ба андозаи мўйе, ки дар бадан дорам, ҷон медоштам, ки онро дар роҳи Худо қурбон мекардам.

    Подшоҳ гуфт: Оё омодаи ин ҳасти, ки сарамро бибўси ва туро раҳо созам?!

    Абдуллоҳ гуфт: Ба шарти он ки ҳамроҳи ман бақияи асирони мусалмонро раҳо сози. Подшоҳ гуфт: Дуруст аст, ҳамаро бо ту раҳо мекунам.

    Абдуллоҳ гуфт: Бо худ гуфтам, ин шахс душмане аз душманони Худост. Сарашро мебўсам ва дар муқобили ин амри ва бақияи асирони мусалмонро раҳо созад ва дар ин кор бар дини ман зараре нахоҳад буд. Баъд Абдуллоҳ ба вай наздик шуд ва сарашро бўсид. Подшоҳи Рум баъд аз он дастур дод, ки ҳама асиронро озод сохта ба вай таслим намоянд ва он гоҳ роҳи худ ба сўи диёри хештан пеш гирифтанд.

    Вақте Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ба ҳузури Ҳазрати Умар ибни Хаттоб – (р) – ворид шуд ва ўро дар ҷараёни саргузашти худ қарор дод. Ҳазрати Форуқи аъзам сахт хушҳол шуд ва чун ба асирон нигарист гуфт:

    - Барои ҳар як аз мусалмонон лозим аст, ки сари Абдуллоҳ ибни Ҳузофаро бибўсад ва ман худ ба ин кор оғоз мекунам.

    Ва баъд худ аз ҷой бархост ва сари ўро бўсид…

    Назари ту бароямон муҳим аст