Гузориши мухтасар:

Қаҳрамони ин бахши достон
Абармардест, ки УМАЙР ИБНИ ВАҲБ ном дорад вай яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст.
Умайр ибни Ваҳб дар маъракаи Бадр ҷон ба саломат бурд.
Аммо фарзандаш Ваҳбро дар дасти мусалмонон асир гузошт. Умайр аз он бим дошт, ки мабодо мусалмонон писари ҷавонашро ба ҷурми падараш озор диҳанд ва ўро сахттарин азоб бичашонанд, чун падараш ҳазрати Расули Худо ва ёронашро азият медод ва онҳоро шиканҷа мекард.
Ва дар ин бахш қиссаи чигуна ислом овардани ин абарманди торихро бароятон баён мекунем.

Назари ту бароямон муҳим аст