Ш А Б И Қ А Д Р

Гузориши мухтасар:

Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва Қуръони карим бар қалби поки ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукўҳ ҳаргиз надида буд. Дар он шаб нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо оғоз гардид.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Ш А Б И Қ А Д Р

    فضل ليلة القدر

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Муаллиф: Абдушарифи Боқизода

    2009 - 1430

    فضل ليلة القدر

    « باللغة الطاجيكية »

    مؤلف : عبد الشريف باقي زادة

    2009 - 1430

    Ш А Б И Қ А Д Р

    Дар моҳи Рамазон шабе ҳаст бо номи шаби Қадр, ки дар назди Худованд аз ҳазор моҳ беҳтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улвӣ ва фариштагон робитаи бевоситае барқарор гардид ва Қуръони карим бар қалби поки ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гардид. Шабе, ки ҷаҳони ҳастӣ бо шодмонии но- такроре онро пешвоз гирифт ва ҳодисаеро бо он азамат ва шукўҳ ҳаргиз надида буд. Дар он шаб нузули Қуръон бар дили поки охирин паёмбари Худо оғоз гардид.

    Донистани қадру азамати он шаб барои хелеҳо муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) барои ҳар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то субҳ дар он шаб нуру баракат ва салому осоиштагист. Худованд мефармояд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦ ﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮ ﭯ ﭰ ﭱ ﭲ ﭳ ﭼ القدر: ١ - ٥

    «Мо ин Қуръонро дар шаби Қадр нозил фармудем ва ту чӣ донӣ, ки шаби Қадр чист? Шаби Қадр, бешак, аз ҳазор моҳ беҳтар аст.

    Фариштагони (Худованд) ва Ҷабраил дар он шаб барои ҳар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд. Он шаб то дамидани субҳ салому осоиш аст». Сураи Қадр 1-5

    Ин сураи Қуръон бо номи «Қадр» номгузорӣ ва барои баёни фазилатҳои шаби Қадр нозил гардидааст. Шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рўзадораш фуруд меоянд ва онҳоро дар зери пўшиши лутфу навозишҳои худ қарор медиҳад.

    Дар ин сура ба чаҳор хусусият ва фазилати шаби Қадр ишора шудааст:

    1. Нузули Қуръони карим дар ҳамин шаб оғоз гардидааст; 2. Он шаб аз ҳазор моҳ беҳтар мебошад;

    3. Фариштагон ва ҳазрати Ҷабраил (ъ) дар он шаб барои анҷоми корҳои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд;

    4. Шабест, ки то саҳар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субҳ нуру баракат ва амну осоиш мебошад. Шабест, ки дар он ҷашни ҳамагонӣ дар сар то сари олам баргузор мегардад.

    Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рўзадорон қарор медиҳад, то омилҳои бақо ва ҷовидонагии номи нек ва саъодату растагории ду ҷаҳонро барои худ фароҳам намоянд. Шабе, ки аз ҳазор моҳ, яъне аз як умри одамӣ, ки бештар аз ҳаштоду се солро дар бар мегирад, беҳтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рўзадоре дар умри худ чандин шаби Қадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам ҳамон кас аст.

    Шабе, ки баракоти он аз ҳаштоду се сол умри бо тоъату ибодат беҳтар аст, чӣ расад ба умри беҳудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар беҳудагӣ ва аз қафои амалҳои ботил гузаронидаанд, бояд бештар бикўшанд, то аз ин моҳ ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи худро дар зарфи як моҳ ва ё дар як шаб ва як чашм пўшидан ҷуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд.

    Оиша (р) мефармояд, ки «Паёмбар (с) даҳ рўзи охири моҳи Рамазонро (,ки шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи он мебошад,) зинда медошт ва аҳли худро низ бедор месохт ва аз наздикии заношавҳарӣ канора меҷўст.

    Шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳ рўзи охири моҳи Рамазон мебошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Онро дар шабҳои тоқи даҳ рўзиохири моҳи Рамазон биҷўед». Ҳикмати ба таври дақиқ муайян нагаштани он шаб дар он аст, ки бандаи мўъмин тамоми он даҳ шабро дар зикру ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб даҳаи охирро пурра эҳё намояд. Шояд яке аз ҳикматҳои суннат будани эътикоф дар даҳ рўзи охири моҳи Рамазон низ ҷидду ҷаҳде барои эҳёи даҳаи охири он бошад.

    Вале қавли роҷеҳ дар назди донишмандон ин аст, ки дар шаби бистуҳафтуми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар аст. Ибни Ҳаҷар дар «Фатҳулборӣ» мегўяд: «Роҷеҳтарини қавлҳо ин аст, ки «Шаби Қадр» дар даҳаи охири моҳи Рамазон мебошад ва ҳар сол аз шаби тоқе ба шаби тоқи дигар интиқол меёбад».

    Вале Ибни Аббос (р), Убай ибни Қаъб (р), Ибни Масъуд (р) ва дигарон дар шаби бистуҳафтум будани онро ба яқин наздиктар донистаанд.

    Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам: «Эй Расули Худо (с), агар он шабро дарёфтам, чӣ бигўям? Фармуд: Бигў: Худовандо! Ту бахшандаӣ ва афву бахшишро ҳатман дўст медорӣ, пас маро мавриди афву бахшиши Худ қарор деҳ».

    Паёмбар (с) дар қисмати охири ҳадисе, ки фазилати моҳи Рамазонро баён менамояд, мефармояд: «Дар он моҳ шаби Қадр аст, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Касе, ки аз хайру (баракоти) он шаб маҳрум гардад, маҳруми (бадбахти) ҳақиқӣ ҳамон кас аст».

    Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) дар даҳаи охир ончунон кўшиш ва ҷидду ҷаҳд мекард, ки ҳаргиз дар дигар вақтҳо чунин намекард».

    Дар шаби Қадр сарнавишт ва қисмати яксолаи тамоми мавҷудот, аз ҷумла, инсон тақсим ва навишта мешавад. Худованд мефармояд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭠ ﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭼ الدخان: ٤

    «Дар он шаб тамоми корҳои (бузург) тақсим ва аз ҳам ҷудо сохта мешаванд». Сураи Духон 4

    Дар он шаб тамоми корҳои ҳакимонае, ки инсонро ба саъодат бирасонад, аз сўи Худо баён ва муқаррар гардидааст ва дар он усул ва пояҳои дини ҷаҳонии Ислом гузошта шудааст. Гузашта аз ин, дар ин шаб сарнавишти яксолаи афрод, миллатҳо, давлатҳо ва нажодҳо муайян мегардад, балки тақдири тамоми халоиқ ва ҳақоиқ рехта мешавад.

    Назари ту бароямон муҳим аст