Одоб ва суннатҳои иди саиди фитр

Нависанда : Мусъаби Ҳамза

Гузориши мухтасар:

Фаро расидани иди саиди фитрро аз самими қалб барои ҳама бародарон ва хоҳарони мусулмон табрик ва таҳният мегўям ва умедворам, ки худованди бузург тоат ва ибодати мо ва шумо азизонро қабул намуда, подош ва савоби бузургро насибамон гардонад.
Аз Анас (р.з) ривоят аст, ки ҳангоме ки расули Худо (Дуову дуруд бар У бод) ба Мадина омаданад, мардум ду рўзро доштанд, ки ба бозию саргармӣ машғул мешуданд ва ҷашн мегирифтанд. Паёмбари Худо фармуд: «Худованд ба ҷойи онҳо барои шумо ду рўзи беҳтаре қарор додаст, рўзи фитр (иди рамазон), рўзи иди қурбон». (ривояти Насоӣ ва ибни Ҳиббон дар саҳеҳаш).
Ин мақола ин мавзухоро дар бар мегирад:
Закоти фитр
Одоб ва суннатҳои ид
Лафзҳои такбир
Аҳамияти намози ид ва таъкиди рафтан ба намози ид
Намози ид ду ракат аст, ки ингуна хонда мешавад
Табрик ва таҳният гуфтан ба якдигар
Баъзе аз мункароте, ки дар рўзи ид анҷом мегирад ва бояд аз он парҳез кард.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Одоб ва суннатњои иди саиди фитр

    آداب و سنن عيد الفطر

    [ طاجيكية – TajikiТоҷики ]

    Тањиякунанда Мусъаби Њамза

    2009 - 1430

    آداب و سنن عيد الفطر

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد : مصعب حمزة

    2009 - 1430

    Одоб ва суннатњои иди саиди фитр

    Њамд ва шукри бепоён барои парвардигори оламиён бод ва дуруду рањмати беандоза барои паёмбари мо ва њабиби мо Муњаммад ибни Абдуллоњ ва олу асњобаш ва касе, ки ба даъвати ў амал мекунад ва даъват мекунад то рўзи ќиёмат бод.

    Фаро расидани иди саиди фитрро аз самими ќалб барои њама бародарон ва хоњарони мусулмон табрик ва тањният мегўям ва умедворам, ки худованди бузург тоат ва ибодати мо ва шумо азизонро ќабул намуда, подош ва савоби бузургро насибамон гардонад.

    Аз Анас (рз) ривоят аст, ки њангоме ки расули Худо (с) ба Мадина омаданад, мардум ду рўзро доштанд, ки ба бозию саргармї машѓул мешуданд ва љашн мегирифтанд. Паёмбари Худо фармуд: «Худованд ба љойи онњо барои шумо ду рўзи бењтаре ќарор додаст, рўзи фитр (иди рамазон), рўзи иди ќурбон». (ривояти Насої ва ибни Њиббон дар сањењаш).

    Закоти фитр

    Њукми закоти фитр:

    Закоти фитр барои њар як мусулмон вољиб аст ва далели ин гуфтаи расули Худо (с) аст.

    Ибни Умар (рз) гуфт: «Паёмбар (с) закоти фитрро, ки як соъ (њар соъ баробар ба чањор мушти миёна аст) хурмо ё љав аст бар њар мусулмони барда (ѓулом), озод, мард, зан, хурд ва бузург фарз гардонид ва амр кард, ки пеш аз баромадани мардум ба сўи намози ид пардохт шавад».

    Ва мешавад, ки пеш аз намози ид ба як ё ду рўз пардохт шавад, вале ваќташ бо хондани намози ид ба охир мерасад ва касе, ки баъди намози ид пардохт кунад, мисли садаќа аст на закоти фитр.

    Одоб ва суннатњои ид:

    Аз Саид ибни Муссайиб (рз) ривоят аст, ки гуфт: «Суннати иди фитр се чиз аст: пиёда рафтан ба намозгоњ, пеш аз баромадан ба намози ид хурмо хурдан, покиро риоят кардан, бо истеъмоли хушбўї ва мисвок кардан».

    Паёмбари Худо (с) рўзи ид, сањар барваќт пеш аз хурдани чизе чанд дона хурмо бо адади тоќ (яъне як ё се) мехурданд. (Бухорї 953).

    Расули Худо (с) дар рўзи ид ваќти дар роњ рафтан ба сўи масљид такбир мегуфтанд (Алмањомилї, сањењ 2/142).

    Ва инчунин сањобагон мисли ибни Умар ва Абў Умома бо овози баланд такбир мегуфтанд. (Албайњаќи/сањењ 3/276).

    Такбири иди фитр аз нишастани офтоби охирин рўзи рамазон бо комил шуданаш (30 рўз ё бо дидани моњтоби моњи шавол) ва бо насси ин гуфтаи Худованд:

    "ва мехоњад, ки њисобро тамом кунед ва ба бузургї худоро ёд кунед бар он ки шуморо роњ намуд" (Ваќара 185) шурўъ мешавад.

    Ва расули Худо (с) охири ваќти такбирро поёни намози ид муайян кардааст, мувофиќи њадисе, ки аз расули Худо (с) ривоят шудааст. (Ал Мањомили/сањењ 2/241).

    Лафзњои такбир:

    Аллоњу Акбар Аллоњу Акбар, Ло илоња иллалоњ ва Аллоњу Акбар Аллоњу Акбар ва лиллоњилњамд (ибни Шайба).

    (Худо бузург аст, Худо бузург аст, нест худое барњаќ магар Аллоњ ва Худо бузург аст, Худо бузург аст ва њамду сано барои худованд аст).

    Аллоњу Акбар Аллоњу Акбар, Аллоњу Акбар, ло илоња иллалоњу ва Аллоњу Акбар Аллоњу Акбар ва лиллоњилњамд. (Имом Молик ва имом Шофии ин лафзро њам љоиз медонанд).

    (Худо бузург аст, Худо бузург аст, Худо бузург аст, нест худое барњаќ магар Аллоњ ва Худо бузург аст ва њамду сано барои худованд аст).

    Ањамияти намози ид ва таъкиди рафтан ба намози ид.

    Аз умми Атия (рз) ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) ба мо фармуданд, ки духтарони бикр (оиладорнашуда) ва занони бознишастаро ба намозгоњ бибарем, то кори нек ва даъвати мусулмононро мушоњида кунанд ва занони бознишастаро аз намоз канора мегирифтанд». (Муттафаќун алайњи /Бухорї/ Муслим 89).

    Пас ваќте ки расули Худо (с) барои занон ин тавсияро мекунад, далолат бар ин аст, ки ин таъкид ва тавсия барои мардон зиёдтар аст.

    Расули Худо (с) баъди он ки намози ид ба охир мерасид такбир гуфтанро ќатъ мекард.

    Паёмбар (с) ба намозгоњ пиёда мерафт ва бармегашт. (Ибни Мољањ/њасан 1294).

    Барои намозгузорон мустањаб аст, ки барваќт ба намозгоњ бираванд, аммо барои имом дертар рафтан суннат аст. (Бухорї 956).

    Барои намози ид суннати ќаблї ё баъдї вуљуд надорад (яъне пеш аз намози ид ё баъди намози ид суннат нест мисли намозњои дигар), аммо ваќте дохили масљид шудем, метавонем намози тањияи масљид бихонем.

    Намози ид ду ракат аст, ки ингуна хонда мешавад;

    Дар адо намудани намози иди фитр ду тариќа аст:

    1. Пас аз такбири тањрима дуои истифоњ (Субњонакаллоњумма)-ро мехонем ва сипас њафт такбири дигар мегўем, дар ракаъати дуюм баъди такбири интиќол (аз саљда бархостан) панљ такбири дигар мегўем, дар њар ракаъат дуои таъавуз (Аузу биллоњ)-ро мехонем, дар байни такбирњо барои Худованд њамду сано мегўем ва ўро мавриди маљду таъриф ќарор медињем (Субњоналлоњи ва алњамду лиллоњи ва ло илоња илло Аллоњ ва Аллоњу акбар) ва бар расули худо салавот мефиристем. (Табарони/сањењ9519).

    2. Имом ду ракаъат мехонад: Бо такбири тањрима (Аллоњу Акбар) намозро шурўъ мекунад, баъд дуои истифтоњро (Субњонакаллоњумма)-ро мехонад, баъд аз он бо овози баланд мехонад (сураи фотиња ва як сура ё оятњое аз Ќуръон), баъд аз он такбир (Аллоњу акбар) гуфта ба рукуъ меравад ва њаминхел ракаъати аввалро тамом мекунад, аммо дар ракаъати дуюм ваќте ки аз саљда мехезад аввал мехонад (сураи фотиња ва як сура ё оятњое аз Ќуръон) ва баъд аз он се бор такбир (Аллоњ Акбар) мегўяд. (Туњфатулфуќањо 1/167, Бадоеъ уссаноеъ 3/94).

    Табрик ва тањният гуфтан ба якдигар.

    Асњоби расули Худо (с) (Худованд аз онњо розї бод) њангоме ки рўзи ид њамдигарро мулоќот мекарданд, њамдигарро ингуна табрику тањният мегуфтанд: Таќабалла Аллоњу минно ва минкум (Худованд аз мо ва шумо ќабул бигардонад). (Алмањомили/њасан).

    Касоне ки ба намози ид њамроњи имом нарасанд ва њамчунин заноне, ки дар хона њастанд, метавонанд онро ба љой оваранд. (Бухорї).

    Баъзе аз мункароте, ки дар рўзи ид анљом мегирад ва бояд аз он парњез кард:

    Такаббур ва њаќир шуморидани дигарон.

    Дасти ба даст бо номањрамон салом кардан (хоњ зан хоњ мард).

    Таќлиди зан бар мард ва мард ба зан дар либос ва њаракат ва гап задан.

    Баромадани занон ба љойњои умумї бо зебу зиннат ва хушбўї ва бо мардони бегона якљоя шудан.

    Исроф ва зиёдравї дар њама чиз ва хусусан дар либос ва дастархони ид.

    Ањамият надодан ба фаќирон ва эњтиёљмандон.

    Ањамият надодан ба силаи рањм (кўмак ва хабаргирии хешу табор), хусусан нисбати касоне, ки ба кўмак ва ёрї ниёз доранд.

    Дар охир аз Худованди бузург умедворам, ки њама амалњои моро холис барои худаш гардонад ва тоату ибодатњои моро ќабул намуда, моро аз бандагони муќаррабаш гардонад, омин, вассалом.

    Дастабандии илми:

    Назари ту бароямон муҳим аст