Аҳодиси Набави дар мавзуи китоби эҳсор ва ҷазои шикор кардан аз китоби "Мухтасари Саҳеҳи Бухорй"

Гузориши мухтасар:

Дар ин китоб муаллиф эњсор ва љазои шикор кардан дар ҳоли бо иҳром буданро бо зикри аҳодиси ворид шударо дар ин мавзуъро зикр кардааст.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Аҳодиси Набави дар мавзуи китоби эњсор ва љазои шикор кардан аз китоби

    "Мухтасари Саҳеҳи Бухорй"

    كتاب الإحصار و جزاء الصيد من مختصر صحيح البخاري

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи : Мусаби Ҳамза

    2009 - 1430

    كتاب الإحصار و جزاء الصيد

    من مختصر صحيح البخاري

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد : مصعب حمزة

    2009 - 1430

    КИТОБИ ЭЊСОР ВА ЉАЗОИ ШИКОР КАРДАН

    БОБИ 1. Агар умракунанда ба монеъ дучор шуд

    879. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) аз адои умра дучори монеъ гардиданд. Сари худро тарошиданд, бо њамсарони худ њамбистар гаштанд ва њадяро забњ намуданд ва умраро дар соли оянда анљом доданд.

    БОБИ 2. Ба монеъ бархўрд намудан дар њаљ

    880. Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки мегуфт: Оё суннат ва пайравї аз Паёмбари Худо (с) бароятон кофї нест? Агар касе аз шумоён барояш монеъе аз адои њаљ пайдо шуд, ба хонаи Каъба тавоф карда, байни Сафо ва Марва саъй намояд.

    Баъд аз анљом додани ин кор њама чиз барояш њалол мегардад. Баъд аз он дар соли оянда омада ва њаљро адо намояд, њадяро забњ кунад ва агар ќудрат ба њадя надошт, рўза бигирад.

    БОБИ 3. Дар ваќти эхсор бояд њадя пеш аз тарошидани cap забњ гардад

    881. Аз Мисвар (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) дар Њудайбия, ки куффори Ќурайш монеъи рафтанашон ба Макка шуданд, пеш аз тарошидани сари хеш њадяро забњ намуданд ва асњоби худро низ ба ин кор амр фармуданд.

    БОБИ 4. Ин ќавли Худованди мутаъол, ки мефармояд "Ё додани садаќа..." ва садаќа иборат аз таъом додани шаш мискин аст

    882. Аз Каъб ибни Уљра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) дар Њудайбия бар болои сарам истоданд ва шабушкњо аз сарам мерехт.

    Фармуданд: "Оё хазандагони сарат боиси азият шуданд?"

    Гуфтам: Бале.

    Фармуданд: "Саратро битарош." Каъб (р) мегўяд ва ин ояи карима дар бораи ман нозил гардид: «Агар касе аз шумо мариз буд, ё ба ў азияте аз сараш буд, пас бояд ивази он рўза бигирад ва ё садаќа бидињад ва ё забњ намояд.» (Баќара: 196)

    (Баъд аз нузули ин ояи карима) Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Се рўз рўза бигир, ё барои шаш нафар садаќа бидењ, ё он чиро метавонй, забњ кун."

    БОБИ 5. Мўрод аз таъом додан дар фидя нисфи соъ аст

    883. Ва аз Каъб ибни Уљра (р) ривояти дигаре омадааст, ки гуфт: Ояи мазкур хос дар бораи ман нозил гардида ва шумоёнро ба таври умум шомил мегардад.