Тавофи хонай худо дар Ҳаҷ

Гузориши мухтасар:

Бродарон ва зоирони хонаи худо аз инки зиёрати хонаи худо ва ҳачи байтуллоҳилҳаром яке аз аркон ва бунёни асоси дини ислом мебошад пас бояд мутобиқи суннат ва гуфтори пайғамбари худо адо карда шавад чуноне ки худи пайғамбари худо фармуданд:

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Тавофи хонай худо дар Ҳаҷ

    طواف بيت الله في الحج

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳияи: Абду Сатори Ҳақназар.

    2009 - 1430

    طواف بيت الله في الحج

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد : عبد الستار حقنظر

    2009 - 1430

    Баноми Худованди бахшандаву меҳрубон

    طواف بيت الله في الحج

    тавофи хонай худо дар Ҳаҷ

    Сипоси парвардигор ва дуруди бе поён бар пайғамбараш ки хотамул анбиё аст ва бар ол ва ёронашро аз бори таъоло талабгорам.

    Бродарон ва зоирони хонаи худо аз инки зиёрати хонаи худо ва ҳачи байтуллоҳилҳаром яке аз аркон ва бунёни асоси дини ислом мебошад пас бояд мутобиқи суннат ва гуфтори пайғамбари худо адо карда шавад чуноне ки худи пайғамбари худо фармуданд:

    ( لتأخذوا مناسككم فإنّي لا أدري لعلي لا أحج بعد حجتي هذه) . [ مسلم ]

    Маънои ҳадис чунин аст ки пайғамбари худо фармуданд:

    "Аз ман биёмузед маносик ва роҳнамои ҳачро"

    Яне:он корҳоеро ки ман онҳоро дар ҳачи худ анчом медиҳам аз ақвол ва афъол аз ман бигиред ва онро ҳифз кунед ва ба монанди он ъамал кунед ва онро ба мардум биёмузонед.

    Ва мақсад аз сухани пайғамбари худо:"мумкин аст ки баъд аз имсол ҳачи дигаре анчом надиҳам" он буд ки мумкин аст дунёро видоъ гуфта баъд аз имсол ҳачи дигаре накунам.

    Ва ин ҳадиси бузургест дар маносик ва роҳнамои ҳач чунонеки Емом Навави ин ҳадисро дар шарҳи саҳиҳ муслим зикр карда аст.

    Инак мехоҳем мухтасаран маносик ва роҳнамои ҳачро барой ҳочиёни миллати точикамон равшани намоем ва аз худованди бузург талабгори онро дорем ки ин корро холисан барой ризоги ва хушнудии худ қарор дода моро ачр ва савоби бузурге насиб гардрнад.

    Ногуфта намонад ки ҳеч дуъо ва азкори хосе дар ҳангоми тавофи гирди хонай худо ва дар саъй байни куҳи сафову марва аз пайғамбари худо ривоят нашуда аст то мо онро дар ончо зикр карда ё бихонем,фақат ривоятеки аз пайғамбари худо дар тавофи гирди хонаи худо омада аст он аст ки пайғамбари худо дар ҳангоми тавоф аз зовияи "рукнул ямом" то зовияи "ҳачарул асвад" ин дуъоро мехонд:

    )ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار( . [البقره 201] .

    " Ё илоҳо моро дар дунё ва охират аъмол ва кирдори нек ва ҳасана ато фармо ва моро аз оташ ва азоби дузахт нигаҳ бидор"

    Ва барой ҳамин моҳам дар инчо ягон дуъо ё азкори хосе барой хондан ҳангоми тавофи гирди хонай худо зикр намекунем то инки ҳочиён ҳар дуъоероки мехоҳанд аз худованд аз хайри дунёву охират талаб кунанд.ва инчунин мумкин аст ки мо дуъоҳоеро зикр кунем ки ҳочиён онро бихонанд вале маъной онро нафаҳманд бинобарҳамин беҳтар ин аст ки ҳочи бо забони модарии худ ҳарчизероки мехоҳад аз худованд дар дуъояш талаб кунад то худованд талаби уро ато фармояд.

    Ва баъд аз тамом кардани тавофи гирди хонай худо ҳочи ду ракаъат " суннати тавофро" агар имконият бошад дар пушти "мақоми ҳазрати Иброҳим ъалайҳи салом" мехонад дар ракаъати аввал сураи " Алкофирун" ва дар ракаъати дувум

    "Қул ҳуваллоҳу аҳад" ро мехонад. Аммо агар издиҳоми мардум дар пушти мақоми ҳазрати Иброҳим бисёр бошад пас чоиз аст барои ҳочи ки дар ҳарчои ҳарам"даруни масчиди ҳарам" ин ду ракаъатро бихонад.ва набояд мусалмонон ба ҳамдигар озор бирасонанд ва набояд бахотири анчом додани сунат муртакиби ҳаром шаванд, зеро озор додани мусалмонон ҳаром аст, ва адой ду ракаъати суннатеки дар пушти мақоми ҳазрати Иброҳим хонда мешавад суннат аст.

    Ва инчунин бусидани "ҳачарул асвад" суннат аст, ва озор додани мусалмонон ба сабаби издиҳом кардани зиёд ҳаром аст.яне ҳочи вақте мебинад ки дар пеши "ҳачарул асвад" издиҳоми зиёд аст пас барой буса кардани ҳачарул асвад кушиш накунад то ки барой анчом додани суннат муртакиби ҳаром нагардад. Хосатан занҳо ки дар ончо бо мардҳо издиҳом накунад.

    Ва инчунин масҳ кардани "рукнул ямом" суннат аст пас агар наздик шудан ба он мушкил бошад ба сабаби издиҳоми зиёд батарафи он ишора карда "аллоҳу акбар" гуфтан кофист ва масҳ кардани он лозим нест. Зеро ривоят омада аст ки агар ба он расиди ба дасти рост якбор ба он масҳ мекуни пас барой анчом додани суннат набояд муртакиби ҳаром шавем. Ва аз нишастани гирди хонай худо дар вақти тавофи ҳочиён худдори кардан даркор то ки сабаби издиҳом ва озори мардум нашавем. Ва аз намоз хондан дар паҳлу ва пушти сари занҳо худдори кунед.ва аз хобидан дар пеши дарвозаҳои ҳарам ки сабаби издиҳоми мардум мешавад худдори кардан даркор.ва барой ҳочиёни занҳо дар дохили ҳарам чойҳои хос таҳия карда шудаст ки занҳо кушиш кунанд дар ончоҳо худро чо кунанд ва бо мардҳо якчоя нашаванд. Ва мо бояд бидонем ки мусалмонон танҳо барой адои фаризаи ҳач ва ибодати худои якто ба ин чойҳои муқаддас мебиёяанд пас набояд ҳачро ба ғарази сиёси ва барой ашхоси маҳдуд ва ё даъват ба мазҳаби муаяне буда музоҳими дигар ҳочиёни хонаи худо шавем.ва ҳар як мусалмон ончизероки ба худаш дуст медорад бояд барой дигар бародарони мусалмонаш низ дуст дорад чунонеки пайғамбари худо мефармояд:

    ((لا يؤمن أحدكم حتى يحب لأخيه ما يحب لنفسه)) . [متفق عليه] .

    Яне :" Имони ҳечкасе аз шумо комил нахоҳад шуд то инки дуст бидорад барой дародари худ ончизероки дуст медорад барой худ"пас набояд кореро анчом диҳем ки сабаби нороҳати ва озори ҳичоёни хонай худо шавем.

    Ва агар дар масоили дини ҳач ва умра ягон саволе пайдо шавад онро аз уламои ислом ва муршидони дини ва толибони ъилм бипурсанд то инки ин фаризаро бо дурустарин роҳ анчом бидиҳанд.

    Ва дар охир аз худованд талаб мекунем ки ҳачҳои ҳамай моро қабул карда аз он ачру савоби бузургеки ваъда дода аст бенасиб нагардонад.

    Вассалому ъалайкум

    Назари ту бароямон муҳим аст