Имон

Гузориши мухтасар:

Имон: Қавл асту амалу эътиқод, ва ҳамаи ин сето имон мебошад

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Имон

    الإيمان

    < الطاجيكية : Тоҷикӣ >

    Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ

    عبد العزيز بن مرزوق الطريفي

    —™

    Тарҷума: Дорул-ислом/ Тоҷикӣ

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي

    إعداد: مصعب حمزة

    Имон

    Имон: Қавл асту амалу эътиқод, ва ҳамаи ин сето имон мебошад, чигунае, ки намози шом иборат аз се ракаъат мебошад ва агар як ракаъати он ноқис карда шавад намози шом номида намешавад ҳамчунин имон агар яке он се чизи зикр шуда (қавл, амал, эътиқод) ноқис гардад имон номида намешавад.

    Ва ҳақиқати он се чизе, ки бо ноқис шудани якеаш имони комил аз байн меравад, яке аз хусусиёти шариъати Муҳаммад (с) мебошад, ва мақсад аз эътиқод, дӯст доштани хайр барои мардум ва ва дилро солим нигоҳ доштан аз бад биниву душмани нест, чунки ин амалҳое ҳастанд, ки бисёри мардум онро дӯст медоранд, агарчи ба вуҷуди Худованд имон надошта бошанд, балки мақсад гуфтани он бо дил ва амал кардани дил ба он мебошад:

    Гуфтани он бо дил яъне: тасдиқ намудан ба он, ки нест худое ба ҷуз як Худо, ва Муҳаммад (с) расули Ӯст ва он чиро, ки Муҳаммад (с) аз назди парвардигораш овардааст ҳақ мебошад.

    Ва аммо амали дил ба он яъне: Дӯст доштани Худованд ва паёмбараш ва дини исломро, ва дӯст доштани ҳарчи ва ҳаркиро, ки Худованду паёмбараш дӯст медорад, ва бо ихлос ибодат намудани Худованд.

    Ва ҳар лафзе, ки далолати ом бар хайру неки мекунад маънои онро надорад, ки "қавл" танҳо ҳамон мебошад, мисли рост гуфтан, ва бо падару модар бо мулоими суҳбат намудан ва салом додан ва роҳро ба роҳгум карда нишон додан ва мисли инҳо, чунки ҳамаи ин амалҳоро ҳамаи башарият дӯст медорад агарчи кофир бошанду ба вуҷуди Худованд имон надошта бошанд, балки мақсад аз "қавл" ончиро дар назар дорем, ки махсуси рисолати Муҳаммад (с) мебошад ва аз ҳама баландтарин мартабаи "қавл" гуфтани шаҳодатайн ва тасбиҳу такбир гуфтан мебошад.

    Ва ин чунин ҳар амале, ки далолати ом бар хайру неки мекунад маънои онро надорад, ки "амал" танҳо ҳамон мебошад, мисли рафтори нек бо падару модар ё зарар диҳандаеро аз роҳи мардум дур намудан ва таъом додани фақир ва нусрат додани мазлум ва икром намудани меҳмон, Чунки ҳамаи ин амалҳоро ҳамаи башарият дӯст медорад агарчи кофир бошанду ба вуҷуди Худованд имон надошта бошанд, балки мақсад аз "амал" ончиро дар назар дорем, ки махсуси рисолати Муҳаммад (с) мебошад, мисли расонидани даъвати Муҳаммад (с) ба мардум ва намоз хондан ва закот додан ва рӯза гирифтан ва ҳаҷ намудан ва ғайраҳо.

    Ва амалҳои нек, ки тамоми динҳои осмони ва фитрати инсони дар он муштараканд, мисли дӯст доштани хайр барои мардум ва ва дилро солим нигоҳ доштан аз бадбиниву душмани ва рафтори нек бо падару модар ё зарар диҳандаеро аз роҳи мардум дур намудан ва таъом додани фақир ва нусрат додани мазлум ва икром намудани меҳмон ва мисли ин амалҳо агар холис барои Худованд бошад имонро зиёда мегардонад, локин набудани ин амалҳо имонро аз байн намебарад, ҳамчуноне, ки буданашон маънои онро надорад, ки амалкунанда муъмин аст, балки ин амалҳо далолат бар он мекунад, ки соҳибаш фитрати солим дорад чуноне, ки Худованд мефармояд:

    ﴿فِطۡرَتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي فَطَرَ ٱلنَّاسَ عَلَيۡهَا٣٠﴾ [الروم: ٣٠]

    «Фитратест, ки Худо ҳамаро ба он фитрат халқ намудааст»

    Сураи Рум 30

    Ва имон зиёда мегардад ва ноқис мешавад, Бо тоату ибодат зиёда мегардад ва бо гуноҳу маъсият ноқис мешавад, Ва аз байн намеравад магар бо ширку куфр.

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَجِلَتۡ قُلُوبُهُمۡ وَإِذَا تُلِيَتۡ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُهُۥ زَادَتۡهُمۡ إِيمَٰنٗا ٢﴾ [الانفال: ٢]

    «Мӯъминон касоне ҳастанд, ки чун номи Худо бурда шавад, хавф дилҳошонро фаро гирад ва чун оёти Худо бар онон хонда шавад, имонашон афзун гардад»

    Сураи Анфол 2

    Ва боз мефармояд:

    ﴿وَيَزۡدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِيمَٰنٗا ٣١﴾ [المدثر: ٣١]

    «Ва бар имони мӯъминон бияфзояд»

    Сураи Мудасир 31

    Ва боз мефармояд:

    ﴿هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ ٱلسَّكِينَةَ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ لِيَزۡدَادُوٓاْ إِيمَٰنٗا مَّعَ إِيمَٰنِهِمۡۗ ٤﴾ [الفتح: ٤]

    «Ӯст, ки бар дилҳои мӯъминон оромиш фиристод, то бар имонашон пайваста бияфзояд».

    Сураи Фатҳ 4

    Ва собит намегардад имон баъди куфр, магар бо эътиқод бо қавли қалб ва он тасдиқ намудани рисолати Муҳаммад (с) аст ва амали қалб, ки он дӯст доштани Худованд ва паёмбараш ва ҳарчиро, ки Худованду паёмбараш дӯст медоранд, аст.

    Ва ин чунин собит намегардад имон баъди куфр, магар бо қавли забон ва сипас бо амали ҷавориҳ (аъзоҳо).

    Ва ногуфта намонад, ки ҳарки бо дилаш тасдиқ кунад ва битавонад, ки бо забонаш онро нутқ кунад, локин онро нутқ накард, пас ӯ муъмин дониста намешавад. Ва ҳарки бо дилаш тасдиқ кунад ва бо забонаш онро нутқ кунад ва битавонад, ки ба ончи ки махсуси шариат аст амал намояд, локин аз амал намудан даст кашад, пас муъмин дониста намешавад.

    Ва ҳарки бихоҳад, ки онро нутқ бикунад ва ба он амал намояд локин имконияти онро надошта бошад дар ин ҳолат Худованд мефармояд:

    ﴿لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِلَّا وُسۡعَهَاۚ ٢٨٦﴾ [البقرة: ٢٨٦]

    «Худованд касеро аз тоқати худ болотар мукалаф намесозад».

    Сураи Бақара 286

    Ва боз мефармояд:

    ﴿لَا يُكَلِّفُ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِلَّا مَآ ءَاتَىٰهَاۚ ٧﴾ [الطلاق: ٧]

    «Худо ҳеҷ касро ғайри он андоза, ки ба ӯ додааст, вазифадор намесозад».

    Сураи Талоқ 7

    Гирифташуда аз китоби "Фаслҳо дар ақида", Абдулазиз ибни Марзуқ Ат-Турайфӣ

    Тарҷума: Дорул-ислом/ Тоҷикӣ