Гузориши мухтасар:

Бародарон ва хоҳарони гироми неъматҳое, ки худованд дар ин дунё барои бандагонаш дода аст хеле зиёду бе ҳисобанд, чуноне, ки худованди бузург мефармояд:
{وآتاكم من كل ما سألتموه وإن تعدوا نعمة الله لا تحصوها إن الإنسان لظلومٌ كفار} [إبراهيم: 34].
Тарҷума: Ва аз ҳарчи хостаед ба шумо дода аст, ва агар бихоҳед неъматҳои худоро бишуморед) азбас ки зиёданд(наметонед онҳоро бишуморед воқеан инсон ситамгар ва носипос аст.
Ва бузургтарин неъмате, ки худованд дар ин дунё барои бандагони мусалмонаш дода аст ин неъмати эмон ва ҳидоят барои ҳақ аст, ки агар худованд ба фазли худ бандагони мусалмонашро ҳидоят намекард ҳеҷ вақт ҳидоят намеёфтанд… .
Ва инчунин аз бузургтарин неъматҳое, ки худованд дар ин дунё, ки барои каме аз бандогонаш насиб мегардонад ин (неъмати илм) аст.

Назари ту бароямон муҳим аст