Гузориши мухтасар:

Бидуни шак, воқеаи Карбало яке аз воқеаи дилхарошест, ки дар таърихи Ислом ба сабт расида аст. Дар ин воқеа бисёре аз фарзандон, наздикон ва ёрони ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ба шаҳодат расиданд. Мо дар ин воқеа номҳои бисёре чун Алии Асғар, Аббос, Ҷаъфар ва ғайраро дар расонаҳо, китобҳо ва ғайра борҳо шунидаем, ки бо обу тоб барои онҳо сӯгворӣ шуда ва ҳатто кӯдакон ҳам бо ин номҳо ошноии комил пайдо кардаанд.
Ҷолиб аст, бидонед, дар миёни ин номҳо, номҳое ҳамчун АБУБАКР, УМАР ва УСМОН низ дида мешавад, ки аз наздиктарин афрод ба ҳазрати Имом Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} будаанд. Ба таври мисол, ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} бародароне ба номҳои АБУБАКР, УМАР ва УСМОН доштаанд ва ҳатто фарзанде ба номи АБУБАКР дошта, ки ҳамаи онон дар воқеаи Карбало дар канори ҳазрати Ҳусайн {разияллоҳу анҳу} ва дар канори бародарони дигарашон ба ҳамон далеле ки ба хун ғалтиданд, ба шаҳодат расиданд, аммо имрӯза ҳеҷ номе аз онҳо бурда намешавад.

Назари ту бароямон муҳим аст