Баъди моҳи Рамазон чи кор кунам?

Гузориши мухтасар:

Дар моҳи Рамазон руй ба суи Худо оварда будам…. Намозҳои нафлии зиёде мехондам….. лаззати ибодатро чашида будам…. бештар ба хондани Қурон мепардохтам… дар ширкат варзидан дар намозҳои ҷамоат кутоҳие надоштам… аз нигоҳ кардан ба ончи ки Худованд манъ кардааст дури меҷустам…..
Вале баъд аз Рамазон он лазатеро ки дар моҳи Рамазон аз анҷом додани ибодатҳо мебурдам ва он шавқмандие ки нисбат анҷоми ибодатҳо дар дилам доштам онро намеёбам….
Акнун чи қадар намозҳои ҷамоати субҳро ҳозир намешавам…. Даст аз хондани бисёре аз намозҳои нафли ва хондани Қурон кашидаам…..ва ва ва дигару дигар.
Оё ин мушкилро ҳал ё дармоне ҳаст?

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Баъди моҳи Рамазон чи кор кунам

    ﴿ ماذا بعد رمضان؟ ﴾

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Нависанда: Абдуллоҳ фарзанди Ҷибрин

    Мутарҷим: Мисбоҳиддини Ҳомид

    2010 - 1431

    ﴿ ماذا بعد رمضان؟ ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    تأليف: عبد الله بن الجبرين

    ترجمة: مصباح الدين حامد

    2010 - 1431

    Баъди моҳи Рамазон чи кор кунам

    Дар моҳи Рамазон руй ба суи Худо оварда будам…. Намозҳои нафлии зиёде мехондам….. лаззати ибодатро чашида будам…. бештар ба хондани Қурон мепардохтам… дар ширкат варзидан дар намозҳои ҷамоат кутоҳие надоштам… аз нигоҳ кардан ба ончи ки Худованд манъ кардааст дури меҷустам…..

    Вале баъд аз Рамазон он лазатеро ки дар моҳи Рамазон аз анҷом додани ибодатҳо мебурдам ва он шавқмандие ки нисбат анҷоми ибодатҳо дар дилам доштам онро намеёбам….

    Акнун чи қадар намозҳои ҷамоати субҳро ҳозир намешавам…. Даст аз хондани бисёре аз намозҳои нафли ва хондани Қурон кашидаам…..ва ва ва дигару дигар.

    Оё ин мушкилро ҳал ё дармоне ҳаст?

    Бародари азизам! Ман дар инҷо даҳ василае ба хотири давом додани амалҳои неку пас аз моҳи Рамазон бароят омода намудаам:

    1) Аввал ин ки пеш аз ҳама талаби ёри кардан аз Худованд барои устувор мондан дар анҷоми амалҳои неку кардан аст, чуноне ки Худованд мефармояд:

    { رَبَّنَا لا تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنْتَ الْوَهَّابُ}

    "Парвардигоро пас аз он ки моро ҳидоят карди дилҳоямонро мунҳариф магардон ва аз ҷониби худ раҳмате бар мо арзони дор ки ту худ бахшояндагари" (Оли Умрон 4)

    2) Ҳамнишини бо солеҳон ва бисёр ширкат варзидан дар маъракаҳое ки дар он зикри Худованд барпо аст, ва ин чунин анҷом додани дидорҳои шахси бо олимону солеҳон.

    3) Огоҳи пайдо кардан аз саргузаштҳои солеҳон аз тариқи хондани китобҳо, ё ин ки аз тариқи гуш додан ба наворҳои аҳли илм, ва аз ҳама зарур ва муҳимтар бо хабар шудан аз ҳаёту зиндагонии саҳобаҳои Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) ки бе шаку шубҳа ҳиммат ва иродаро ин кор дар даруни инсон бедор месозад.

    4) Гуш додан ба наворҳои исломии таъсирбахш монанди хутбаҳо ва мавъизаҳои гуногун.

    5) Кушиш кардан дар анҷом додани намозҳои панҷгона ва ба ҷо овардани рузаҳои қазои моҳи Рамазон, чунки аҷру савоби ба ҷо овардани фарзҳо хело бузург аст.

    6) Пофишори бар анҷом додани намозҳои нафли агарчи андаке ҳам бошад вале бо майлу хоҳиши дил чунки чуноне ки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Дустдоштатарин амалҳо назди Худованд давомноктарини онҳо мебошад агарчи андаке ҳам бошад".

    7) Оғоз намудани ҳифзи Қурон ва пойбанди бар тиловати он ва кушиш кардан ба хондандани ончи ки ҳифз намудаи дар намозҳоят.

    8) Зиёд ба ҷо овардани зикри Худованд, ва ин кор албата кори осоне аст ва фоидаҳои зиёде ҳам дорад, имони инсонро зиёда мегардонад ва қалби уро пурқуват месозад.

    9) Ҳарчи қадар метавони аз фосиқону гумроҳон фосила бигир, инчунин худро аз тамошо кардани маҷалаҳо ва телевизорҳову моҳвораҳое ки рақсу бози доранду аксҳои урён нигоҳ дор.

    10) Василаи охирине ки бароят пешниҳод мекунам бародари азизам, тавбаи насуҳ ва пушаймониву бозгашт аз гуноҳони гузашта мебошад, чунки Худованд аз пушаймони ва бозгашти бандааш аз гуноҳонаш бисёр шодмон мегардад.

    Бародари азизам! аз ононе мабош ки Худовандро ба ҷуз дар моҳи Рамазон намешиносанд, бузургони гузашта дар ҳақи чунин одамон гуфтаанд ки "Бадбахтарини мардум он қавме ҳастанд ки Худовандро ба ҷуз дар Рамазон намешиносанд".

    Бародари азизам! Бароят то Рамазони дигар бо дуруду саломати ва дури аз тамоми бадиҳо ва поидори бар дини Худо орзумандам.