ТИҶОРАТИ СУДМАНД

Гузориши мухтасар:

Ин Мақола дар бораи тиҷорати судманд ки иборат аз ёди Худо, ва фазоили зикри Худо, бо баёни далилҳо аз қурон ва суннат Пайғабари Худо иборат мебошад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    ТИ?ОРАТИ СУДМАНД

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    2010 - 1431

    التجارة الرابحة

    « باللغة الطاجيكية »

    2010 - 1431

    Худованд инсонро бар дигар офаридаҳояш бартарӣ бахшида, ўро ба неъмати нутқ ва калом ихтисос додаю забонро ибрози баён гардонида аст. Забон неъмате аст, ки метавон онро ҳам дар хайр ва ҳам дар шар ба кор гирифт. Ҳар кас онро дар роҳи хайр ба кор гирад, ба саодати дунявӣ ва манзалатҳои волои ухравӣ хоҳад расид, аммо ҳар кас дар ғайри ин роҳ онро ба кор гирад, ўро дар маърази ҳалок ва нобудӣ дар ҳар ду ҷаҳон қарор хоҳад дод. Беҳтарин роҳ барои истифода кардани вақт дар роҳи хайр қироати Қуръон, зикр ва ёди Худованд аст.

    Фазилати зикр. Аҳодиси зиёде роҷеъ ба он омада аст, аз ҷумла Расулаллоҳ фармудаанд: Мехоҳед шуморо ба беҳтарин ва поктарин ва боарзиштарин аъмолатон дар пешгоҳи Парвардигоратон хабар намоям. Аъмоле, ки манзалати шуморо боло мебарад ва аз садақа ва эҳсон ба василаи тилло ва нуқра ва даргир шудан бо душман ва задани гардани онон ва зада шудани гардани шумо беҳтар мебошад? Гуфтанд: Оре, ё Расулаллоҳ. Фармуд: Зикри Худованд.

    Расулаллоҳ (с) мефармояд: “Касе, ки Худовандро зикр мекунад ва касе, ки Ўро зикр намекунад, ҳамчун зинда ва мурдаанд”.

    Худованди мутаъол дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: “Ман ба ҳамроҳи занн ва гумони бандаам нисбат ба худам ҳастам, ҳар гоҳ маро зикр кунад, бо ў ҳастам. Агар Маро дар нафси худ бихонад, ўро дар нафсам мехонам. Агар Маро дар ҳузури дигарон бихонад, ўро дар ҳузури дигарон мехонам. Агар як ваҷаб ба ман наздик шавад, як зироъ ба ў наздик мегардам”.

    Ҳамчунин Расулаллоҳ (с) мефармояд: “Яккатозҳо пешӣ гирифтанд”. Аз ў пурсиданд: Яккатозҳо кистанд ё Расулаллоҳ? Фармуд: «Мардон ва заноне, ки Худовандро бисёр зикр мекунанд”.

    Расулаллоҳ (с) дар мақоми тазаккур ба яке аз ёрони худ фармуд: “Забонат ҳамеша аз ёди Худованд тару тоза аст”.

    Подоши музоъаф. Подоши аъмоли солеҳа – ҳамчун қироъати Қуръон – чандин баробар мегардад ва ин афзоиши аҷр бо таваҷҷўҳ бо мавориди зер аст: 1.Бо мизони имон, ихлос ва муҳаббати Худованд ва … иртибот дорад. 2.Бо мизони таваҷҷўҳ ва иштиғоли қалб ба зикр ва фикр иртиботи мустақим дорад, ки зикр набояд фақат бар забон оварда шавад. Агар инро комил кунад, Худованд тамоми гуноҳони ўро мебахшояд ва ба ў подоши том ва тамом медиҳад, аммо агар нотамом бошад, аҷру подоши ў низ нотамом хоҳад буд.

    Фоидаҳои зикр. ­ Шайтонро меронад ва ўро саркўб карда, биниашро бар хок мемолад. ­Хушнудии холиқро сабаб мешавад. ­Сабаби муҳаббати Худованд ва наздикӣ ба Ў мешавад. ­Заминаро барои рўйоварии ҳарчӣ бештари Худованд ба банда фароҳам мегардонад. ­Инсонро барои итоати бештар аз Худованди манон ёрӣ медиҳад. ­Ғаму ғуссаро аз дил мезудояд ва суруру шодмониро ба ҳамроҳ меоварад. ­Ба қалб қувват ва ҳаёту покӣ ва сафо мебахшад. ­Дар дил ташнагию ниёзе ҳаст, ки ҳеҷ чиз ба ғайр аз зикри Худованд онро бартараф намекунад. ­Дар қалб қувват ва хушунате вуҷуд дорад, ки ҳеҷ чизе ба ғайр аз ёди Худованд онро нарму об намекунад. ­Зикр доруи шифобахши дил ва мояи қуввати он аст. ­Зикрро лаззате аст, ки бо ҳеҷ лаззате қобили муқоиса нест. ­Ғафлат бадтарин бемории дил аст. ­Зикри андак нишонаи нифоқ аст ва касрати он аломати қуввати имон ва садоқат дар муҳаббати Худованд аст, зеро ҳар касе чизеро дўст бидорад, онро ёд мекунад. ­Ҳар гоҳ инсон дар шароити шодмонӣ ва осудагӣ Худовандро ёд кунад, Худованд низ ўро дар шароити сахтӣ монанди марг ва сахтиҳои он, фаромўш намекунад. ­Зикри Худованд омили наҷот аз азоби Худованд аст, оромишро ба ҳамроҳ дорад ва инсонро дар зери пўшиши раҳмати Худованд қарор медиҳад ва талаби мағфират аз ҷониби малоикро барои зокир сабаб мешавад. ­Забонро аз ворид шудан ба беҳудагўӣ, ғайбат, дурўғ ва дигар гуноҳон ва маъосӣ бозмедорад. ­Аз осонтарин ибодат ва бартарин ва гиромитарини онҳост ва дар воқеъ таъминкунандаи биҳишт аст. ­Либоси виқор ва маҳбубият ва дурахшонии чеҳраро, ки нури дунявӣ ва нури қабр ва нури маъод аст, бар тани зикркунанда мепўшонад. ­Зикр сабаби дуруд ва раҳмати Худованд ва фариштагон бар зокир мешавад ва Худованд дар миёни малоик ба инсонҳое, ки Ўро зикр мекунанд, ифтихор менамояд. ­Онҳое, ки беҳтарин аъмолро анҷом медиҳанд, ғолибан касоне ҳастанд, ки ба беҳтарин сурат Худовандро зикр ва ёд менамоянд. ­Беҳтарин рўза дар касе ҳаст, ки ба ҳангоми он беш аз дигарон Худовандро зикр ва ёд намояд. ­Сахтиҳоро осон, мушкилотро муртафеъ ва машаққатҳоро коҳиш медиҳад ва муҷиби ҷалби рўзӣ мегардад ва баданро неру ва қувват мебахшад.

    Назари ту бароямон муҳим аст