Чи зебоянд қиссаҳое, ки инсонро ба сӯйи Худо боз мегардонанд

Гузориши мухтасар:

Рӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад.
Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… орзу мекунад, ки ба дунё бозгардад, то барои ибодати Худо талош кунад… вале чи касе метавонад ин фурсатро ба ӯ бидиҳад….дунё дигар барои ӯ тамом шудааст…ҳоло вақти онаст, ки посухи неъматҳои бешумори илоҳиро пас диҳад…

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Чи зебоянд қиссаҳое, ки инсонро ба сӯйи Худо боз мегардонанд

    [ طاجيكية - Tajiki - Тоҷикӣ ]

    Сомонаи «Рисолат»

    http://www.risolat.tj

    2011 - 1432

    ﴿ ما أجمل القصص التي ترجع العباد إلى رب العباد﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    موقع الرسالة

    http://www.risolat.tj

    2011 - 1432

    Чи зебоянд қиссаҳое, ки инсонро ба сӯйи Худо боз мегардонанд

    Рӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад.

    Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… орзу мекунад, ки ба дунё бозгардад, то барои ибодати Худо талош кунад… вале чи касе метавонад ин фурсатро ба ӯ бидиҳад….дунё дигар барои ӯ тамом шудааст…ҳоло вақти онаст, ки посухи неъматҳои бешумори илоҳиро пас диҳад…вақте ба қатори неъматҳои илоҳӣ нигоҳ мекунад, аз худ мепурсад ин ҳама неъмат барои ман будааст… онгоҳ саҳифаи неъматҳои илоҳиро ба диққат мутолиа мекунад

    Неъмати ақл

    .. саломатӣ

    ….. биноӣ

    ……… шунавоӣ

    ………… бӯёӣ

    ……… чашоӣ

    ………. тафаккур

    ……….. роҳ рафтан

    ………. нафас кашидан

    ……… хоб рафтан

    …….. шаҳват

    То ин ҷо расида, дигарашро намебинад, зеро ба фикри он меафтад, ки дар муқобили ин ҳама неъмат ӯ чи амале барои худои худаш кардааст? Онгоҳ орзу мекунад, ки як бори дигар ба дунё баргардад, вале афсӯс….

    Чи қадар гуноҳ кардаӣ ?.. чи қадар нофармонӣ? Чи қадар кори имрӯзро ба фардо гузоштаӣ? Оё фурсат надоштӣ? Гумон кардӣ, ки чун ҷавонӣ нахоҳӣ мурд? Саломатиат фиребат дод? Моли дунё мағрурат кард? Мансабу мақомат туро ғофил сохт?

    Бинобарин фаромӯш кардӣ! Сафарро фаромӯш кардӣ ! Қабрро фаромӯш кардӣ ! Маргро аз ёд бурдӣ ! Худоро итоат накардӣ! Ибодати Худоро ба ҷо наовардӣ!

    Ҳоло худатро дар муқобили азобҳои илоҳӣ фикр кун ва ба ин суоли ман аз рӯйи имон ва инсофат посух бидеҳ!

    Агар дар ҳамон рӯзи сахт тамоми дунёро медоштӣ, чӣ қадар медодӣ то аз азоб наҷот пайдо кунӣ?

    Оре, ҳама ва ҳамаро медодӣ, то наҷот ёбӣ. Пас аз имрӯз ба фикри он рӯз бош то бо афсӯсу ҳасрат ба имрӯзат нигоҳ накунӣ!

    Огоҳ бош! Биандеш ва бикӯш, то дар он макони торику зулмонӣ, танҳо ва ғариб ва меҳмони нохонда набошӣ!

    Он ҷойе ки ё боғчае аз биҳишт ё чуқурие аз дузах хоҳад шуд!

    Пас ин достонро бихон ва аз он тӯшае барои худ бардор.

    Ҷавоне аз як хонаводаи сарватманд дар ҷойе зиндагӣ мекард, ки ҳамаи васоили зиндагӣ барояш фароҳам буд ва бе ҳеҷ тарсе даст ба гуноҳ ва бадахлоқӣ мезад. Аз корҳои худ хушҳол ва сархуш буд ва бо онҳо ифтихор мекард. Аз дунё чизе намефаҳмид, ба ҷуз корҳое, ки Худояшро ба ғазаб меоварданд.

    Аммо дар ҳамсоягии он ҷавон, ҷавони дигаре мезист, ки ба ҷуз ибодат ва даъват ба корҳои хайр чизи дигареро намедонист. Бо марҳамати Худованд ин ду ҷавон бо ҳам ошно шуданд. Ҳар кадом ба фикри ин буд, ки рафиқашро ба роҳи худ даъват кунад. Муъмин ҳамеша аз неъматҳо ва раҳмати илоҳӣ сухан мегуфт ва гунаҳкор аз дискатекаву боғҳои ишрати худ ҳарф мезад.

    То он ки дар яке аз рӯзҳо ин дӯстон қарор гузоштанд, ки ба сайру гашт бираванд…

    Ҳарду мунтазири болобар(лифт) буданд, вале он ба зудӣ поён наомад ва ҷавони мусулмон хост бинад, ки чи мушкиле дар он вуҷуд дорад. Ҳамин ки бо зӯр дарро каме боз карданду сарашро ба дохил бурд болобар бо суръати тамом ба сари он ҷавон фуруд омад ва сарашро аз тан ҷудо намуда, ба поин бурд ва тани хунолудаш дар бағали дӯсти гунаҳкораш боқӣ монд, аммо рӯҳи боландааш ба сӯйи биҳишти Худои раҳмон ба парвоз даромад.

    Ҷавони гунаҳкор то ба худ омад ва тани хунолуди дӯсташро дар оғӯш дид, монанди падаре, ки фарзандаш ва модаре, ки ҷигаргӯшаашро аз даст дода бошад, гиря мекард ва фарёд мезад. Бародарам, азизам, чӣ гап шуд?

    Ба хона баргашт, дар ҳоле ки гиря мекард ва аз он чи аз даст дода буд ҳасрат мехӯрд. Шабу рӯз ба гуфтаҳо ва амалҳои дӯсти аз даст рафтааш фикр мекард. Аммо аз ҳама бештар ин суол зеҳни ӯро ба худ машғул карда буд, ки агар ба ҷойи ӯ ман сарамро дохил мекардам ва мемурдам, имрӯз ҷойи ман куҷо буд? Ҷойи дӯсти ман ҳатман дар биҳишт аст, аммо агар ман мемурдам ҷоям куҷо буд?

    Ин афкор боис шуд ки ҳолаташ аз шодӣ ба андӯҳ , аз дискатека ба масҷид ва аз мусиқиҳои лаҳву беҳуда ба хондани Қуръон табдил ёбад.

    Дар яке аз рӯзҳо тасмим гирифт, ки ба умра биравад ва бархе аз дӯстонашро бо худ ва бо пули худаш бибарад.

    Онҷо дар назди Каъба, бо садои баланд мегирист ва мегуфт: «ба худоям чи бигӯям….? Чи кор кунам, вақте ки дар пешгоҳи Худованд ҳозир шавам»….? Ва зор-зор гиря мекард. Монанди касе, ки дар ҳамон рӯз фарзандашро аз даст дода бошад.

    Дӯстонаш мегӯянд: «мо ҳамон рӯз дар Макка роҳ мерафтем, гап мезадем, шухӣ мекардем ва механдидем, аммо ӯ сухан мегуфт ва чашмонаш пур аз ашк буд. Сухан мегуфт ва суханаш зикри Худо буду истиғфор. Ҳамеша мегуфт: «Худо раҳматат кунад, эй дӯсти ман! Агар он рӯз ман ба ҷойи ту мемурдам ҳозир чи коре мекардам? Аз Худо мехоҳам маро ба ту бипайвандад, сахт муштоқи дидори туам».

    Аз ӯ суол мекардем он шахс кист? Мегуфт: «касе, ки бо маргаш маро ба ин роҳ даъват кард. Касе, ки маргаш сабаби ҳидояти дигарон бошад, ҷойгоҳ ва мақомаш дар он дунё қобили васф нахоҳад буд».

    Суханонаш тамом нашуда буд, ки ногоҳ аз болои сохтмоне санге ба сараш афтод ва дар ҳоле ки лабханд мезад гуфт: «бароям дуо кунед ҳамон тавр, ки барои бародарам дуо кардам». Бо ин сухан паррандаи зебои рӯҳи латифаш ба сӯйи боғҳои ҷаннат ба парвоз даромад, то дар он макони абадӣ бо он дӯсти қадимии исломӣ хушҳолу ором бошанд.

    Умедворем, ки хонандаи нуктасанҷ худ азин достон бори маънӣ барчинад ва дарси ибрат баргирад.

    Назари ту бароямон муҳим аст