Оё ҳиҷоб монеъи пешрафт аст?

Гузориши мухтасар:

Ин навиштаҷот, матни суханронии хонуми мусалмонест, ки дар яке аз донишгоҳҳо, дар баҳсе зери унвони "Оё Ҳиҷоб монеъи пешрафти мамлакат аст!",тақдим кардаст ва ӯ тавонистааст беш аз 86 дар сади ҳозирини маҷлисро бо истидлоли худ қаноъат диҳад, ки ҳиҷоб монеъи пешрафти ҳеҷ кишваре нест.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Оё ҳиҷоб монеъи пешрафт аст?

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Нависанда

    Сайида Парвини Ризавӣ

    2011 - 1432

    ﴿ هل الحجاب سبب في عدم تقدم المسلمين حضاريًّا وعسكريًّا ودنيويًّا؟ ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    تأليف: سعيدة برويني ريضوي

    2011 - 1432

    Ин навиштаҷот, матни суханронии хонуми мусалмонест, ки дар яке аз донишгоҳҳо, дар баҳсе зери унвони "Ҳиҷоб монеъи пешрафти мамлакат аст!", тақдим кардаст ва ӯ тавонистааст беш аз 86 дар сади ҳозирини маҷлисро бо истидлоли худ қаноъат диҳад, ки ҳиҷоб монеъи пешрафти ҳеҷ кишваре нест.

    Ба номи худованди бахшанда ва меҳрубон

    Барои ин, ки ҷавоби ин суолро даёфта бошем, ки оё ҳиҷоб монеъи пешрафти як кишвар аст ё на? Аввал бояд донист, ки ҳиҷоб чист? Зеро бидуни донистани он наметавонем аҳдоф, манофеъ ва азрори онро бифаҳмем. Баъд аз фаҳмидани он бояд тасмим бигирем, ки кадом тараққиро мо мехоҳем ба даст биёрем, чун бидуни маълум кардани ин нуқта наметвонем бифаҳмем, ки оё ҳиҷоб монеъ дар тараққӣ ва пешрафт аст ё на?

    Ҳиҷоб дар асл калимаи Арабӣ буда, дар форсӣ ба маънои парда ҳам метавонем бигӯем. Ин калима дар Қуръони Карим, дар ҷое зикр шудааст, ки дар он Худованд аз рафтан ба хонаи Паёмбар (дуруди Худо бар ӯ бод) бидуни сабаб наҳй карда ва дастӯр додааст, ки агар аз занҳои хона чизе дархост шавад, онро аз пушти парда дархост намоянд.

    Аҳкоми ҳиҷоб аз ҳамин ҷо оғоз гардид ва ҳар он чӣ аз аҳкоми ҳиҷоб баъд аз он нозил шуд, маҷмӯъи онро "ҳиҷоб" номиданд.

    Аҳкоми ҳиҷоб дар сураи Нур ва Аҳзоб бо ҳама тафсилоташ мавҷуд аст. Ба воситаи аҳкоми "хиҷоб" ба занон амр шудааст, ки дар хонаҳои худ бо виқор бишинанд, ва монанди занони замони ҷоҳилият ҳусну ороиши худро ба намоиш нагузоранд. Агар барои зарурате берун баромаданд, чодареро бар худ кунанд ва зеваре, ки аз он овоз мебарояд напушанд. Дар дохили хона низ байни мардони маҳрам ва номаҳрам фарқ гузоранд ва аз мардони маҳрам, ходимони хона ва заноне, ки бо онҳо нишасту бархез мекунанд, бо зиннат ва ороиш намоён нашаванд.

    Баъд занонро ҳидоят мекунад, то дар муқобили мардони маҳрам, низ чодарро бар гиребон ва сина бор кунанд ва ҷойҳои сатри бадани хешро бипушонанд. Ба мардони хона низ ҳидоят намудааст, ки агар назди хоҳарон ва модарони хеш мераванд, бояд иҷозат бигиранд (дарро кубанд), то мабодо нигоҳи онҳо ба ҳолате афтад, ки ҷое аз бадани хоҳарон ва модарон бараҳна бошад.

    Ин аҳкомест, ки дар Қуръон зикр шудааст ва номи онро "аҳкоми ҳиҷоб" гузоштаанд. Паёмбари Худо (с), дар шарҳи ин аҳком фармудаанд, ки сатри занҳо ғайр аз рӯй, дастҳо то банди даст ва поҳо то буҷулак, ҳама ҷисми онҳо аврат мебошанд ва бояд онро аз ҳама пушонанд,(фикру раъйи дигаре ҳам ҳаст ,ки зан бояд ҳамаи баданашро бипушонад ҳатто дастон ва руяшро ҳам) ҳатто аз падар ва бародарони хеш.

    Ҳамчунон занҳо набояд чунон либоси нозук пушанд, ки хатҳои ҷисми онҳо намоён шавад. Ва ҳамчунин Паёмбари Худо (с) танҳо мондани занҳоро бо мардони номаҳрам манъ кардаанд ва ҳамчунин истеъмоли хушбуйиро барои занҳо дар беруни хона манъ кардааст.

    Дар масҷид Паёмбари Худо (с) барои занҳо ҷойи ҷудогонае таъйин менамуд, ва иҷоза намедод то зану мард шона ба шона дар як саф намоз гузоранд ва мардон баъди намоз дар масҷид боқӣ мемонданд, то ки занҳо аз масҷид хориҷ намешуданд.

    Инҳо аҳкоме ҳастанд, ки дар сураи Нур ва Аҳзоб ва кутуби аҳодис зикр шудаанд.

    Он чӣ, ки мо имрӯз ҳиҷоб меномем, агар чӣ дар амалӣ кардани он дар ифроту тафрит воқеъ шудаем, вале усул ва қавоъиди он дар садри Ислом аз ҷониби Паёмбари Худо (с) дар Мадинаи Мунаввара ҷори шуда буд.

    Агар чӣ банд намудани даҳони касе аз номи Худо ва Расулаш дуруст нест, аммо бояд ба сароҳат гуфт, ки баланд намудани ин шиор ки, "ҳиҷоб монеъи пешрафти мост", нишонаи намоёне аз зеҳнияти дуҷониба ва дугонаи мост ва беҳтараст бигӯем, ки ҳадафи аслии ин гуна шиъорҳо, нишонае аз беэътимодии мо ба зоти Худованд ва Паёмбараш (с) аст. Ва мафҳуми ин гуна шиъорҳо инаст, ки гуё Худованд ва Паёмбараш дар роҳи пешрафт ва тараққии мо, монеъа эҷод намудаанд.

    Агар мо чунин фикр мекунем, пас чаро ҷабран худро мусалмон нишон медиҳем, ва чаро аз пазируфтани дини Худо ва Паёмбараш инкор намеварзем, ки бар мо (ба Худо паноҳ мебарам) чунин зулмеро раво доштаанд?.

    Ва аз ин савол наметавонем бо ин ҷавоби саросарӣ бигзарем, ки Худо ва Расулаш (с) моро ба риъоят намудани ҳиҷоб амр нанамуданд. Чунон чӣ дар боло зикр шуд, ки ҳиҷоб чист? Чӣ маъно дорад? Ва ҳар касе бихоҳад метавонад аҳкоми тафсилии ҳиҷобро дар сураҳои Қуръони Карим ва кутуби суннат дарёфт кунад ва агар касе аз саҳеҳ будани аҳодис мункир бошад, боз ҳам аҳкоми возеҳи Қуръони Каримро чӣ тавр метавонад инкор кунад?.

    Агар аҳкоми ҳиҷобро, ки Ислом моро ба риъояи он амр кардааст, бо диққат мутолиъа кунем, се ҳадафи бузурги онро метавонем бифаҳмем:

    1. То аз ахлоқи марду зан ҳифозат шавад, ва дарвозаи ҳама он харобиҳое, ки дар натиҷаи равобити озодона байни марду зан падид меояд, баста шавад.

    2. То маҳдудаи кори зану мард аз ҳам ҷудо гардида ва ба ин тартиб вазифаеро, ки фитрат барои зан супурдааст бо сукун ва оромиш анҷом диҳад, ва корҳое ки мард ба анҷоми он муваззаф шудааст, ба итминон ба ҷо расонад.

    3. То низоми хона ва хонаводагӣ, қавӣ ва маҳфуз бимонад, ки аҳамияти он камтар аз дигар низомҳои зиндагӣ нест, балки бештар ҳам ҳаст. Ононе ки низоми зиндагӣ ва хонаводаро бидуни ҳиҷоб сохтанианд, дар ҳақиқат занро ғулом сохта ва ӯро аз ҳама ҳуқуқаш маҳрум намудаанд. Ва онҳое, ки бо додани ҳуқуқи занон, онҳоро аз ҳиҷоб манъ кардаанд, низоми хонавода ва зиндагии онҳо фурӯ пошидааст ва рӯз ба рӯз пошидатар мегардад.

    Дар ҳоле, ки Ислом аз як сӯ тамоми хуқуқи занро барояш медиҳад, ҳамзамон бо он, низоми хонавода ва зиндагиро низ мехоҳад маҳфуз нигоҳ дорад. Ва ин ҳадаф ба даст намеояд то замоне, ки аҳкоми ҳиҷоб ҳифз нашавад.

    Биёед бо оромӣ ва хунсардӣ ба аҳдоф ва мақосиде фикр кунем, ки Ислом аз тариқи риъояти ҳиҷоб, мехоҳад ба даст биёрад.

    Агар ахлоқ назди касе арзиш дошта бошад, пас бояд диққат намояд, ки дар ҷомеъаи мухталат вақте занон баъд аз он, ки худро меороянд ва озодона гашту гузор мекунанд ва дар ҳар бахш коре дар зиндагӣ дар канори мардон иҷро мекунанд, дар он ҷо чӣ гуна метавон аз фосид шудани ахлоқ ҷилавгирӣ кард?

    Чунон чӣ мо дар кишварҳои худ мушоҳида мекунем, ки ба ҳар андозае, ки системи мухталат(якҷоя шудани зан ва мард) афзоиш меёбад, бо ҳамон андоза ҷароими ҷинсӣ афзуда мешавад, ва ин гуфта ки сабаби аслии ҳама ин харобӣ ва мафосид, парда ва ҳиҷоб аст ва агар парда набошад, дилҳои мардон аз занон сер хоҳад шуд, тамоман ғалат аст.

    Чунон чӣ дар кишварҳое, ки беҳиҷобӣ ва озодии комил ҳукмфармост, низ дили мардум сер нашудаст, ва хостаҳои ҳавасолуди онҳо корро ба сари манзили бараҳнагии комил расонид ва то ҳол аз иҷозатномаи бараҳнагии комил дили онҳо сер намегардад, ҳамон гуна ки мушоҳида мекунем, ҷароим зиннати рузномаву маҷалоти Амрикову Англистон ва соири кишварҳо мегардад.

    Оё ин гуна ҳолат қобили қабул ва итминон аст?

    Ин мавзӯъ танҳо мазӯъи ахлоқ нест, балки мавзӯъи фарҳанг ва анъанаи мост. Ба ҳамон андоза, ки ҷомеъаҳои мухталат афзоиш меёбанд, масрафҳои ороиш ва либоси хонумҳо ҳам бо ҳамон андоза афзоиш пайдо мекунад ва он гоҳ даромади андаки хонаводаҳо барои масраф нокофӣ гардида дар натиҷа ришвахурӣ, ихтилос ва соири ҳаромхуриҳо афзоиш меёбанд, ва ҳамин ҳаромхуриҳо боъис шуда, то ҳеҷ қонуне дар кишварҳо ва ҷомеъаҳо ба таври дуруст ҷори ва татбиқ намегардад.

    Ва ҳамчунон ин нуқта ҳам қобили таваҷҷӯҳ аст, ки касе дар мавриди хостаҳои худ бо назм ва тартибот одат надошта бошад, чӣ гуна метавонад дар дигар муъомалот побанди назм бошад.

    Агар дар зиндагии хонаводагии худ вафодор набошад, чӣ гуна метавон аз вай тавақуъ дошт, ки дар масоили миллӣ ва кишварӣ вафодор хохад буд?

    Ҷудо намудани доираҳои кории марду зан ба зоти худ, аз муқтазаёти фитрат аст. Вакте фитрат вазифаи модарӣ ва модаршуданро ба зан супурдааст, ба хубӣ возеҳ сохтааст ки ҷои аслии вазифаи хонум дар куҷост. Ва ҳангоме, ки вазифаи падарӣ ва падар будан ба мард супурда шудааст, худ возеҳ аст, ки барои чӣ коре уро аз бори сангини модар будан фориғ сохтааст?

    Худованд барои иҷрои ҳар ду қисм хадамот ва умур барои занон ва мардон аҷсоми ҷудогона ва мутафовит аз ҳамдигар ато намудааст ва барои ҳар ду низ дарҳои ҷудогона, сифоти ҷудогона додааст, ва ҳатто ҳолати равони ҳар дуро мутафовит халқ намудааст.

    Касеро ки фитрат барои модар шудан пайдо намудааст, барояш сабр ва таҳаммул бахшидааст, дар хуй ва одоташ нарми офарида, дар вуҷудаш меҳри модариро ҷойгузин кардааст, ва агар ин чизҳо дар зан вуҷуд намедошт, имрӯз мо ва шумо дар ҳолати кунунӣ қарор намедоштем.

    Касеро, ки барои ин кор гумошта шуда, барои корҳое ки дар он ба сахтхуйи ва сахтӣ зарурат аст, мувофиқ нест, ва ин гуна корҳо, ки дар он ба сахтмизоҷӣ зарурат аст, барои касе мувофиқ мебошад, ки барои модаршудан, офарида нашудааст ва ӯро аз масъулиятҳои бузурге озод

    нигаҳ доштаанд, ки барои модар шудан лозим аст ва агар касе мехоҳад ин тақсими фитратро аз байн барад, пас бояд файсала кунад, ки дигар дар рӯйи ҷаҳон зарурате барои модар вуҷуд надорад. Ва пас аз гузашти як муддате, насли инсон бидуни истеъмоли бомби атоми худ ба худ аз байн хоҳад рафт.

    Вале агар тасмим надоред, ки модар шуданро дар рӯйи замин хотима бахшед ва тақсими фитратроҳам дар мавриди вазоиф ва воҷиботи зану мард намепазиред, пас ин беинсофии бузург нисбати зан мебошад, ки ҳам вазифаи бузурге, ки фитрат бар дӯши зан ниҳодааст, вазифае, ки мард ба андозаи як ангушт ҳам наметавонад бардорад ва ҳам дар корҳои сиёсат, тиҷорат, санъат ва ҷангуҷидол, шона ба шона бо мардон иҷро кунад.

    Ҳоло биёед андаке бо зеҳни ором баяндешем. Ними қисмате аз хидмат ба инсоният онаст, ки ҳамаро ба таври комил зан анҷом медиҳад. Ҳеҷ марде ба андозаи зарра ҳам наметавонад дар бардошти он бор кумак намояд, ва ҳоло шумо тақозо доред, то аз нисфи боқимондаи он, ним ҳиссаашро зан анҷом диҳад, ба ин тартиб 3 бар 4 ҳиссаи масъулият бар дӯши занҳо гузошта шуд ва як аз чаҳор ҳисса бар дӯши мардҳо. Оё инсоф ҳамин аст?

    Ва хонумҳо ҳам ин зулмро ба хуши қабул намудаанд ва ҳатто ба исрор ва пофишори ин масъулиятро бо дӯш мегиранд, ки ҷомеъа аз додани ҳайсият ва иззату обрӯ барои онҳо ба ҳайси як зан инкор намудааст.

    Ҷомеъа имрӯз зани соҳиби авлодро мавриди масхара қарор дода ва зани хонашинро беҳайсият мехонад.

    Ҳамаи хидматхое, ки зан дар хона анҷом медиҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ аз хадамоте, ки мард анҷом медиҳад, ҳамчун сиёсат, иқтисод ва ҷанг, камтар зарурӣ ё муфид нестанд.

    Ислом занро он қадар мавриди иззату эҳтиром қарор додааст, ки бо вуҷуди зан будан, ва ҳамроҳ бо анҷом додани хидматҳои занона, барояш ҳайсият ва мақоми баробар бо мард ато намудааст ва ҳатто дар мақоми модарӣ, мақоми болотар ва волотар аз мард барояш додааст.

    Ҳоло, ки ҷомеъаи имрӯз иддаъо дорад, ки хиҷоб монеъаи пешрафти ҷомеъа аст, ба ин маъно аст, ки аз зан тақозо дорад, ки ҳам модар бошад, ҳам қозӣ дар маҳкама ва ҳам аз тариқи рақс ва суруд барои тафреҳи мардҳо вақт бидиҳад ва ба ин гуна ҷомеъаи имрӯза он қадар бор бар шонаи зан мегузорад ки билохира тавоноии анҷом додани хеҷ гуна хидматеро надошта бошад.

    Ҷомеъаи имрӯза тақозои анҷоми кореро аз зан дорад, ки ӯ барои он офарида нашудааст. Ва занро ба майдоне мекашонад, ки наметавонад дар онҷо бо мард муқобала кунад, ҷое ки мард аз ӯ пешқадам хохад буд.

    Дар ҷое, ки агар зан битавонад худро ба даст биёварад, танҳо дар ҳоли тараҳҳум бар зан будани ӯ хоҳад буд, ё ба ибораи дигар, зан аз дидгоҳи зан ҳақи худро танҳо аз роҳи "ҷамол" ва зебогӣ ба даст оварда метавонад, на аз тариқи камол, чун аз дидгоҳи ҷомеъаи имрӯза, иҷрои ин корҳо барои пешрафти кишвар зарурӣ шумурда мешавад.

    Хона ва хонаводае, ки ҷомеъаи имрӯз дар хушҳолӣ, тарақӣ ва пешрафт аҳамияти онро фаромӯш намудааст, дар ҳақиқат фабрикаест, ки инсон дар он сохта мешавад, ки бешак аҳамият ва зарурати он аз фабрикаҳои тавлидкунандаи тупу тонк ва туфанг камтар нест. Мувосафот, ҳолати равонӣ ва истеъдоде ки барои пешрафти умури ҷанин (фабрикаи инсонсозӣ) зарурат аст, талош, захматкашию сахткорӣ, ки барои пешрафти ин фабрика зарурат аст, фитрат пеш аз ҳама онро бар шонаҳои зан бор намудааст.

    Кор барои анҷом додан дар ин навъ фабрикаҳо хело зиёд аст, ва агар касе бо эҳсоси масъулият ва он гуна, ки ҳаққи онаст, ин корҳоро бихоҳад анҷом дихад, шояд вақти сархоридан ҳам наёбад. Ва агар дар пешбурди ин гуна фабрикаҳои инсонсозӣ, ҳар қадар аз истеъдод ва салиқаву донишмандӣ кор гирифта шавад, ба ҳамон андоза инсоне дорои сифоти баланд дар он сохта мешавад ва барои ин кор зарурат аст то занро аз таълим ва тарбияи хуб ҳарчӣ бештар мустафид созем ва барои ин, ки умури ин гуна фабрикаҳои инсонсозӣ, бо сукуну итминон ва эътимод ба пеш бурда шавад, Ислом назм ва дисциплини хиҷобро ҷори сохтааст, то зан битавонад бо итминони хотир кори худро анҷом дихад ва таваҷҷуҳи вай ба самтҳои нодуруст равона нагардад ва мард ҳам бо итминони комил, ин бахши зиндагиро ба занон вогузорад. Вале ҷомеъа мехоҳад ин назм ва дисциплинро ба хотири пешрафт ва тараққии кишвар аз байн барад.

    Аммо баъд аз хотимаи ин назм ва дисциплин, яке аз ин ду сурат ҳоким хоҳад шуд:

    1. Ё бояд занро бо пайравӣ аз тамаддунҳои ҳиндӣ ва тамаддунҳои пешини масеҳият ва яҳудият ба шакли ғулом нигоҳ дорем, то низоми зиндагии хонаводагӣ аз ҳам напошад.

    2. Ё бояд барои ин кор омодагӣ бигирем, ки фабрикаҳои инсонсозӣ аз байн рафта, фабрикаҳои тавлиди танку туп рушд ва инкишоф намояд.

    Ба сароҳат бояд гуфт, ки имкон надорад, ки ҳамроҳ бо барқарор нигаҳ доштани ҳуқуқи комили қонунӣ ва иқтисодӣ, ки Ислом ба занон дода аст, касе дисциплин ва низоми ҷорикардаи Исломро бишканад ва бо вуҷуди он низоми хонаводагии вай аз табоҳӣ ва барбодӣ наҷот ёбад.

    Пас беҳтараст ҳар меъёре аз "тараққӣ" ва "пешрафт"-ро ки шумо дар зеҳни худ доред, бо дар назардошти он бияндешед, ки шумо чӣ чизро мехоҳед ба даст биёваред ва омодагии аз даст додани чӣ чизеро доред?!

    Тараққӣ ва пешрафт, як калимаи бисёр васеъ ва бо мафҳуми бузург аст ва наметавон ба як мафҳуми воҳид ва ягона барои он иктифо кард.

    Мусалмонон як замоне бар соҳаи васеъе аз замин аз халиҷи Бангол гирифта то баҳри Атлантик ҳукмронӣ доштанд. Ҳамчунон дар риштаҳои Улум ва Фалсафа, устоди ҷахон буданд. Дар бахши ахлоқ ва тамаддун, ҳеҷ қавме дар ҷаҳон наметавонист ба эшон баробар шавад, вале маълум нест, ки аз дидгоҳи кадом қомусе метавон ин ҳама пешрафтро "тараққӣ" номид ё на? Вале агар инро метавонем тараққӣ бигуем, пас ин пешрафт ва тараққӣ марбут ба ҷомеъаест, ки ҳиҷоб ва парда дар он ба сахтӣ роиҷ буд.

    Тарихи ислом пӯр аз номгӯи авлиёву мудаббирин, уламову ҳукамо, мусаннифину фотеҳини бузург аст, ва ҳатмист, ки ин гуна афроди азимушшаън дар оғуши модарони ҷоҳил бузург нашудаанд. Ҳамчунон дар таърихи Ислом номҳои занони бисёр бузургворро дар меёбем. Ин идда хонумҳое буданд, ки дар илму фан ва адаб ба дарҷаи камол расида буданд, вале хиҷоб хеҷ гоҳе монеъи чунин пешрафти мусалмонон нагардида буд ва нахохад гашт.

    Имрӯз ҳам агар мо бо ҳамон гуна тараққӣ ва пешрафт дилчаспӣ дошта бошем "ҳиҷоб" монеъи мо намегардад, вале агар мафҳум аз тараққӣ ва пешрафт дар назди мардум танҳо он навъе аз тараққӣ бошад, ки аҳли Ғарб ба он расидаанд, яқинан ки дар мавҷудияти ҳиҷоб, наметавонем ба он гуна тараққӣ даст ёбем, вале набояд фаромӯш кард, ки ҷаҳони Ғарб ба хатар андохтани низоми ахлоқӣ ва хонаводагии хеш, тавонистаанд ин пешрафт ва тараққиро ба даст биёваранд.

    Тараққӣ ва пешрафти ғарб, занро аз маҳдудияти кории хеш ба ҳайси зан хориҷ намуда ва уро дохили маҳдудаи кории мард намудааст.

    Ба ин гуна ҷомеъаи Ғарбӣ агар аз як тараф тавонист барои пешбурди умури дафотир ва корхонаҳои худ дасти дувум (тавоноии зан)-ро дар ёбад ва ба зоҳир ба пешрафту тараққӣ ҳам ноил шавад, вале сукун ва роҳати хонаводагии худро аз даст дод. Агар имрӯз ҳам кадом манзиле дар ҷомеъаи ғарбӣ обод аст, танҳо аз баракати хонӯмҳои хона аст.

    Хонӯмҳое, ки шона ба шона бо мардон кор мекунанд ва пӯл ба даст меоваранд, дар хеҷ нуқтае аз дунё низоми хонаводагиро ба пеш намебаранд ва на ҳам метавонанд онро ба пеш бибаранд.

    Издивоҷҳои ин табақа бо як талоқ хотима меёбад. Авлоди эшон табоҳ мешаванд. Ин табақа агар ҷоеро барои буду бош доранд, ё клуб аст ё меҳмонхона. Хона ва манзил, дигар барои эшон ҷойи сукун ва оромиш нест, ва кори сохтори инсон хуб барои ҷойгузинии худро ин табақа, тарк намудаанд.

    Ҳоло агар ба ин тараққӣ ва пешрафт касе дилчаспӣ дошта бошад, метавонад дил бибозад.

    * * *

    Назари ту бароямон муҳим аст