Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо аст

Нависанда : Мусъаби Ҳамза

Гузориши мухтасар:

Зиндаги иборат аз варақҳои (ғам) ва (хурсанди) аст.
Шояд ин сухан ҷониби дурусте дошта бошад!!!
Агар яке аз мо дар ҳаёти худ, рӯзҳои зиндагии худ бо диққат назар андозад, дар ҳақиқат мебинад ки ӯ ба варақҳои гуногун дар шаклу ранг эҳтиёҷ дорад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо аст

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Мусъаби Ҳамза

    2011 - 1432

    ﴿ حياة الإنسان مجموعة من الأوراق ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    مصعب حمزة

    2011 - 1432

    Ҳаёт маҷмуъаи варақҳо аст

    Зиндаги иборат аз варақҳои (ғам) ва (хурсанди) аст.

    Шояд ин сухан ҷониби дурусте дошта бошад!!!

    Агар яке аз мо дар ҳаёти худ, рӯзҳои зиндагии худ бо диққат назар андозад, дар ҳақиқат мебинад ки ӯ ба варақҳои гуногун дар шаклу ранг эҳтиёҷ дорад,

    Аз вақте ки варақ ихтироъ шудааст байни у ва башар ҷудоги ба вуҷуд наомадааст.

    Дар ҳама ҳолатҳои зиндаги ҳамроҳии инсонро мекунад.

    Дар ғаму андуҳ ҳаст, дар хушҳолию хурсанди,,, сарафрозию фурупоши,,,

    Ҳаёти ҳар яки мо бо варақе шуруъ мешавад,,,

    Шаҳодатномаи таваллуд,,,

    Вақте инсон таваллуд мешавад барои ӯ варақае медиҳанд , ки номаш "Шаҳодатномаи таваллуд" аст, дар ин варақа ному насаб ва рӯзу моҳу соли таваллудаш навишта мешавад.

    Вале инсон пеш аз таваллудаш марҳилаи аҷиберо тай мекунад ки он марҳилаи хилқати у мебошад.

    Худованд марҳилаи хилқати инсонро пеш аз таваллудаш чунин баён намудааст:

    ﭽ وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن سُلَٰلَةٖ مِّن طِينٖ ١٢ ثُمَّ جَعَلۡنَٰهُ نُطۡفَةٗ فِي قَرَارٖ مَّكِينٖ ١٣ ثُمَّ خَلَقۡنَا ٱلنُّطۡفَةَ عَلَقَةٗ فَخَلَقۡنَا ٱلۡعَلَقَةَ مُضۡغَةٗ فَخَلَقۡنَا ٱلۡمُضۡغَةَ عِظَٰمٗا فَكَسَوۡنَا ٱلۡعِظَٰمَ لَحۡمٗا ثُمَّ أَنشَأۡنَٰهُ خَلۡقًا ءَاخَرَۚ فَتَبَارَكَ ٱللَّهُ أَحۡسَنُ ٱلۡخَٰلِقِينَ ١٤ ثُمَّ إِنَّكُم بَعۡدَ ذَٰلِكَ لَمَيِّتُونَ ١٥ ثُمَّ إِنَّكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ تُبۡعَثُونَ ١٦ﭼ [المؤمنون 12- 16]

    «Албатта, Мо инсонро аз гили холис офаридем (12) Сипас ӯро нутфае дар ҷойгоҳе устувор қарор додем (13) Онгоҳ аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро ба гӯшт пӯшонидем; бори дигар ӯро офаринише дигар додем. Сазовори таъзим аст Худованд, он беҳтарини офаринандагон! (14) Ва баъд аз ин ҳамаи шумо хоҳед мурд (15) Боз дар рӯзи қиёмат зинда мегардед (16)» (Муъминун 12-16)

    Ва баъд аз ин варақҳо пай дар пай омадан мегиранд,,,

    Шаҳодатномаи татъим (эмгузарони)....

    Баъд аз он марҳилаи нав ...Номнависи дар мактаб... баҳоҳои нимсола ва солона... то инки аз мактаб фориғуттаҳсил мешавад ... соҳиби як шаҳодати дигар мешавад... шаҳодатномаи фориғуттаҳсили мактаби миёна...

    Дар ин миён инсон ба синни балоғат ва рушд мерасад, ва у мукаллаф ба баҷой овардани амалҳое аз ҷониби Худованд мегардад,

    Ва у аз ҳама амалҳояш пурсида хоҳад шуд, пас агар амали нек карда бошад ҷазои нек, ва амали бад ё нисбати Худо ва паёмбар нофармони карда бошад ҷазои бад мегирад.

    Худованд мефармояд:

    ﭽ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ ٦ ٱلَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ ٧ فِيٓ أَيِّ صُورَةٖ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ ٨ كَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ ٩ وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ ١٠ كِرَامٗا كَٰتِبِينَ ١١ يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ ١٢ إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٖ ١٣ وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٖ ١٤ يَصۡلَوۡنَهَا يَوۡمَ ٱلدِّينِ ١٥ وَمَا هُمۡ عَنۡهَا بِغَآئِبِينَ ١٦ وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ١٧ ثُمَّ مَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ١٨ يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسٞ لِّنَفۡسٖ شَيۡ‍ٔٗاۖ وَٱلۡأَمۡرُ يَوۡمَئِذٖ لِّلَّهِ ١٩ﭼ [الانفطار 6- 19]

    «Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (6) Он кӣ туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадилқомат кард (7) Ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод) (8) На чунин аст, (ки мепиндоред) ва шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед (9) Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд: (10) котибоне2 бузургвор (11) медонанд, ки шумо чӣ мекунед (12) Албатта, некӯкорон дар неъматанд (13) ва гунаҳкорон дар ҷаҳаннам! (14) Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд (15) ва аз он ғойиб нашаванд (16) Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист? (17) Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист? (18) Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натавонад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад. (19)» (Инфитор 6-19)

    Баъд аз ин марҳила варақҳо дигаргун мешаванд...

    Варақҳои муштарак байни ту ва дигарон...

    Шаҳодатномаи инки ту дӯст медори...

    Шаҳодатномаи никоҳ....

    Ҳолатҳое мешавад ки акси варақаи гузашта бошад.... ки номаш ...Шаҳодатномаи талоқ аст...

    Дигар варақҳое ҳастанд ки бар амин ва соҳиби ахлоқи неку ва рафтори хубат шаҳодат медиҳанд...

    Варақҳое аст ки баръакс ҳастанд... мисли баргаи банк (чек) ки дохилаш холи аст...аслан пуле онҷо нест...

    Ҳатто инсон мисли варақ шудааст ... вақте корат дар ягон идора меафтад ... фақат корҳо бо варақҳо анҷом меёбанд...

    Пас ту дар он ҳолат мисли варақае ҳасти , ки руяш муҳрҳо зада шудааст... ва аз як тарафи варақ шикофшуда ё симзадашуда аст...

    Дар болои мизи кории яке аз вазифадорони танбал гузошта шуда аст...

    Дар он вақт ту аз як варақи пур аз муҳру имзое иборат ҳасти... ки омода барои гузоштан дохили дусия ва дафн шудан дар кунҷи ҷевоне мебошад...

    Дар охир ва ниҳоят.

    Дӯстони азиз ДУНЁ варақе беш нест...

    Ин варақа ҳолатҳое мешавад , ки моро хушҳол ва механдонад, ва ҳолатҳое мешавад ки мегирёнад...

    Вале дар ин дунё варақаест ки ҳама онро соҳиб мешаванд вале касе худаш онро дида наметавонад....

    Фикр мекунам ҳис кардед ки он варақ кадом аст.

    Он варақ.......................

    Шаҳодатномаи МАРГ аст.

    Ҳар яки мо ин варақаро соҳиб мешавем вале онро дида наметавонем.

    Бо ҳамин варақаҳои мо дар ин дунё ба охир мерасанд...

    Боқи мемонад варақаи ягонае ки масир ва оқибати моро дар охират муаян мекунад, ки ба биҳишт меравем ё ба коми оташи дузах.

    Ин китобест ки ҳар кас худаш гирифта мехонад.

    Худованд мефармояд:

    ﭽوَكُلَّ إِنسَٰنٍ أَلۡزَمۡنَٰهُ طَٰٓئِرَهُۥ فِي عُنُقِهِۦۖ وَنُخۡرِجُ لَهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ كِتَٰبٗا يَلۡقَىٰهُ مَنشُورًا ١٣ ٱقۡرَأۡ كِتَٰبَكَ كَفَىٰ بِنَفۡسِكَ ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكَ حَسِيبٗا ١٤ مَّنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيۡهَاۚ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۗ وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبۡعَثَ رَسُولٗا ١٥ وَإِذَآ أَرَدۡنَآ أَن نُّهۡلِكَ قَرۡيَةً أَمَرۡنَا مُتۡرَفِيهَا فَفَسَقُواْ فِيهَا فَحَقَّ عَلَيۡهَا ٱلۡقَوۡلُ فَدَمَّرۡنَٰهَا تَدۡمِيرٗا ١٦ﭼ [الإسراء 13- 16]

    «Кирдори неку бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номаи кушода берун оварем, то дар он бингарад (13) (Гуем:) «Бихон номаатро (номаи аъмолатро). Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардан (амалҳоятро), басандаӣ!» (14) Ҳар кӣ ҳидоят шавад, ба суди худ ҳидоят шуда ва ҳар кӣ гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ шудааст ва ҳеҷ кас бори дигареро барнадорад ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем то он гоҳ, ки паёмбаре бифиристем (15) Чун бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, сарватмандони ғарқ дар шаҳавоташро амир ва сардор гардонем, то дар он ҷо табаҳкорӣ кунанд, ва он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва онро (қарияро) дарҳам фурӯ кӯбем (16)» ( Исро 13-16)

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﭽ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ إِنَّكَ كَادِحٌ إِلَىٰ رَبِّكَ كَدۡحٗا فَمُلَٰقِيهِ ٦ فَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ ٧ فَسَوۡفَ يُحَاسَبُ حِسَابٗا يَسِيرٗا ٨ وَيَنقَلِبُ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورٗا ٩ وَأَمَّا مَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ وَرَآءَ ظَهۡرِهِۦ ١٠ فَسَوۡفَ يَدۡعُواْ ثُبُورٗا ١١ وَيَصۡلَىٰ سَعِيرًا ١٢ إِنَّهُۥ كَانَ فِيٓ أَهۡلِهِۦ مَسۡرُورًا ١٣ إِنَّهُۥ ظَنَّ أَن لَّن يَحُورَ ١٤ بَلَىٰٓۚ إِنَّ رَبَّهُۥ كَانَ بِهِۦ بَصِيرٗا ١٥ ﭼ [الانشقاق: 6 – 15]

    «Эй инсон, ҳаройна, ту дар роҳи Парвардигорат ранҷи фаровон мекашӣ, пас мукофоти онро хоҳӣ дид (6) Ҳар кас, ки номаашро ба дасти росташ диҳанд (7) Пас, ба зудӣ осон аз ӯ ҳисоб гиранд (8) ва шодмон назди касонаш (аҳлаш) бозгардад (9) Аммо ҳар кас, ки номааш аз пушти сар дода шавад (10) ба зудӣ, ки бигӯяд: «Вой бар ман, ки ҳалок шудаам» (11) Ва ба оташи афрӯхта дарояд (12) Ҳаройна, ӯ дар дунё назди касонаш шодмон зиста буд (13) Ва мепиндоштааст, ки ҳаргиз бознахоҳад гашт (14) Оре, ҳаройна, Парвардигораш ӯро медидааст (15)» (Иншиқоқ 6- 15)

    Дар охир чанд суолеро барои хонандаи гироми пешкаш менамоям, ва аз у хоҳиш мекунам ки ин суолҳоро аз худ пурсида ҷавобашро барои худ бидиҳад, то инки аз рафтору кирдори худ нисбати Худованд ва Расулаш бохабар шавад.

    1- Оё ҳар рӯз намози бомдодро бо ҷамоъат дар масҷид мехонӣ?

    2- Оё ҳамаи намозҳоро дар масҷид бо ҷамоъат мехонӣ?

    3- Оё имрӯз аз китоби Худо Қуръон чизе хонди? (ҷузъе,варақе,саҳифае)

    4- Оё бар хондани дуъоҳо ва азкори аз Расули худо (с) воридшуда мудовимат мекунӣ? (дуъоҳои субҳу шом ва дигар зикрҳо)

    5- Оё намозҳои суннатро доимо ба ҷой меори?

    6- Оё имрӯз дар намозат шикастанафс буди, ва чи хонданатро фикр тадаббур мекардӣ?

    7- Оё сакароти мавт ва торикии қабрро ба ёд овардӣ?

    8- Оё рӯзи қиёмат ва сахтиҳо ва мушкилиҳояшро ба ёд оварди?

    9- Оё аз Худованд се бор суол, хоҳиш, талаб карди, ки туро дохили ҷаннат гардонад?

    10- Оё аз азоби оташи дузах ба Худо паноҳ бурдаи?

    11- Оё чизе аз ҳадисҳои Расули худо (с) хондай?

    12- Оё дар бораи аз рафиқони бад дур шудан фикр кардай?

    13- Оё кушиш кардаи ки аз бисёр шӯхи кардан ва хандидан худдори намои?

    14- Оё имрӯз аз тарси Худо гиря карди?

    15- Оё имрӯз аз Худо барои гуноҳонат талаби мағфират кардӣ?

    16- Оё дуъо карди ,ки Худованд туро бар динаш устувор нигоҳ дорад?

    17- Оё соъатҳо, вақтҳои қабули дуъоро ғанимат шуморида Худоро дар он вақтҳо дуъо карди?

    18- Оё Худовандро содиқона шаҳид шуданро пурсиди,? (Расули худо мефармояд: Ҳар касе содиқона шаҳид шуданро аз Худованд бипурсад, Худованд уро ба манзилат ва дараҷаи шаҳидон мерасонад, агарчанде дар хонаи худ дар болои фирошаш вафот кунад.

    19- Оё китоби исломие барои фаҳмидани умури динат харидай?

    20- Оё барои мардон ва занони муъмин талаби мағфират кардаи? Зеро барои ҳар фарде ки талаби мағфират мекуни бароят ҳасана ва некуи навишта мешавад.

    21- Оё барои неъмати Ислом Худоро ҳамду шукр гуфтай?

    22- Оё барои неъматҳои шунавои, бинои,дил ва дигар неъматҳо Худоро ҳамду шукр гуфтаи?

    23- Оё имрӯз барои камбағалон ва муҳтоҷон садақа карди?

    24- Оё ғазаб кардан барои худатро тарк карди, ва фақат барои Худо ғазаб куни?

    25- Оё кибру ғурур ва иззати нафсро аз худат дур намудай?

    26- Оё бародареатро барои Худо хабар гирифтӣ?

    27- Оё ёру дустон ва ҳамсоя ва наздиконатро барои Худо даъват кардаи?

    28- Оё барои падару модарат некукор буди ё ҳасти?

    29- Оё ба мусибате гирифтор шудаи ки гуфта боши: Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун (Мо барои Худо ҳастем ва ба сӯи Ӯ бозгардандаем?

    30- Оё касе ки дар бари ту бошад ба ӯ рафтори хуб ва некуи кардаи?

    31- Оё дилатро аз кибру ғурур ва риё ва ҳиқду ҳасад пок кардаи?

    32- Оё забонатро аз дуруғу ғайбату суханчини пок кардаи?

    33- Оё дар касби ризқу рузи ва таъому шароб тақвои худоро пеша кардаи?

    34- Оё ҳамавақт ва дар ҳама ҳолат, аз ҳамаи гуноҳонат тавбаи содиқона намудаи?

    35- Оё аз рӯзаҳои нафли рӯза гирифтаи (Рӯзҳои душанбе, панҷшанбе,ё дигар рӯзҳое ки руза гирифтанаш нал аст)?

    36- Оё имрӯз барои Паёмбар (с) дуруд ва салом фиристоди?

    37- Оё ҳақиқати дунё ва охиратро шинохти, ки дилат аз зиннати дунё канда шавад?

    38- Оё кори неке ё ҳоҷати муҳтоҷеро анҷом доди?

    39- Оё кушиш карди худатро аз ахлоқи баде ё рафтори зиште дур нигоҳ дори?

    40- Оё кушиш карди ки барои худат ахлоқи неку ва рафтори хуберо касб намои?

    41- Оё ҳуқуқи дигаронро баҷой оварди (ҳуқуқи падару модар, фарзандон, бародарон, хешу ақрабо, ҳамсоягон, ҳамкорон, мусулмонон)?

    Худованд барои ҳама мусулмонон ниҳояти некуро насиб гардонад.