Қадру манзалати рӯза ва аҷру савоби он

Нависанда : Мусъаби Ҳамза

Гузориши мухтасар:

Аз Абӯҳурайра (р.з) ривоят аст, ки Расули акрам (с) (фазилат ва қадру манзалати рӯзаро баён карда), фармуданд: «Савоби ҳар амали одамӣ аз даҳ баробар то ҳафтсад баробар афзуда мешавад».

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Қадру манзалати рӯза ва аҷру савоби он

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳияи: Мусъаби Ҳамза

    2011 - 1432

    ﴿ فضل الصيام وأجره ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    2011 - 1432

    Қадру манзалати рӯза ва аҷру савоби он

    Аз Абӯҳурайра (р.з) ривоят аст, ки Расули акрам (с) (фазилат ва қадру манзалати рӯзаро баён карда), фармуданд: «Савоби ҳар амали одамӣ аз даҳ баробар то ҳафтсад баробар афзуда мешавад» (яъне дар мавриди аъмоли хайри ин уммат қонуни ъоми илоҳӣ чунин аст, ки аҷри як некӣ ба лиҳози умматҳои пешин ҳадди ақал даҳ баробар хоҳад шуд ва гоҳе авқот дар асари ҳолатҳои хоси амалкунанда аз назари ихлос, тарси илоҳӣ ва ғайра беш аз бандагони мақбул ҳафтсад баробар дода хоҳад шуд. Пас Расули акрам (с) ин қонуни ъоми раҳмати илоҳиро зикр фармуд). Вале фармудаи худовандӣ аст: Рӯза аз ин қонуни ъоми мустасно ва болотар аст. Он ҳадяи хоси бандаи ман барои ман аст ва ман (ҳар тавре ки бихоҳам) аҷру подоши онро хоҳам дод. Бандаи ман барои ризо ва хушнудии ман ҳавои нафс ва хӯрдану нӯшиданро тарк кардааст (пас ман худам мувофиқи хоҳиши худ подоши ин фидокории ӯро хоҳам дод). Барои рӯзадор ду хушӣ ва хурсандӣ вуҷуд дорад, яке ба вақти ифтор ва дигари ба ҳангоми шарафёбӣ ба боргоҳи молик ва мавлои худ ва савганд ба Аллоҳ, ки бӯи даҳони рӯзадор аз мушк хуштар аз ва рӯза (дар дунё барои ҳифозат аз ҳамлаҳои нафс ва шайтон ва дар охират барои ҳифозат аз оташи дӯзах) сипаре аст. Ва чун яке аз шумо рӯза гирифта бошад, бар вай лозим аст, ки суханҳои беҳуда ва фаҳш накунад ва ҷангу ҷидол накунад ва агар касе бо ӯ ҷидол ва бадгӯӣ кард, пас бигӯяд, ки ман рӯзадорам. (Бухори ва Муслим)

    Шарҳи ҳадис

    Дар ин ҳадис Расули акрам (с) роҳнамоӣ фармуданд, ки: чун яке аз шумо рӯза дошта бошад, пас бадгӯӣ ва фаҳшу ҷангу ҷидол накунад ва агар фаразан каси дигаре бо ӯ даровехт ва ба ӯ бад гуфт боз ҳам чизе нагӯяд, балки фақат бигӯяд: Бародар! Ман рӯзадорам.

    Дар ин тазаккур ва роҳнамоии охир ишора ба он фазоил ва баракоти хосе аст, ки барои рӯза баён шудааст. Он рӯзаҳои мурод ҳастанд, ки илова бар худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва шаҳвати нафс, аз дигар гуноҳон ҳатто, ки аз суханони бад ва нописанд дурӣ ва иҷтиноб шавад. Дар ҳадиси дигаре баён шудааст, ки ҳар касе рӯза гирад, вале аз корҳои бад ва суханони бад дурӣ накунад, Худованд ба ташна ва гурусна будани ӯ ҳеҷ ниёзе надорад.

    Дар ҷои дигар аз Саҳл ибни Саъд(р.з) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Аз дарвозаҳои биҳишт як дарвозаи махсусе аст, ки ба он «боби Райён» гуфта мешавад: Рӯзи қиёмат аз он дарвоза фақат рӯзадорон дохил мешаванд (Касе дигар ғайр аз онҳо дохил нмешавад) дар он рӯз эълон мешавад: куҷоянд касоне, ки барои Худо рӯза мегирифтанд?

    Пас онҳо ҳаракат мекунанд ва ҷуз онҳо аз он дарвоза дигар кассе ворид намешавад. Вақте аз он дарвоза дохили биҳишт мешаванд, он дарвоза баста мешавад ва дигар касе аз он ворид намешавад». (Бухори ва Муслим)

    Шарҳи ҳадис

    Дар рӯза бештарин машаққатеро, ки одами таҳаммул мекунад ва бузургтарин фидокории рӯзадор маҳсуб мешавад, ташнаги аст.

    Бинобарин поло шва ҷоизае, ки ба ӯ дода мешавад бештар ҷанбаи сероби бояд ғолиб ва намоён бошад, ба ҳамин муносибат барои вуруди рӯзадорон ба биҳишт дарвозае, ки таин шудааст, дарвозаи махсусе аст ва сифати хосси он сероби ва шодоби аст.

    Райён дар луғат маънои комилан сероб шуданро дорад.

    Ин сифати дарвозае аст, ки вақти дохил шудан ба биҳишт онҳо аз он дохил мешаванд, Аммо ончизе, ки аз ҷониби Худованд бар онҳо инъом мешавад, фақат ҳудованд аз он огоҳ аст, ки фармуда аст: Рӯза махсуси манн аст ва манн подош ва аҷри онро медиҳам.

    Дар ҳадиси дигар аз Абу Умома (рз) ривоят аст, ки гуфт:Гуфтам: Эй расули худо (с)! Ба манн анҷоми амалеро дастур диҳед,ки худованд аз он манро нафъ диҳад. Фармуд: «Рӯза бигир, монанди он ҳеҷ амале нест». (Насои)

    Шарҳи ҳадис

    Бо вуҷуди инки намоз,рӯза,садақа, ҳаҷ, ва хидмати халқ ва дигар амалҳои неку солеҳ дар васила будан ба тақарруб ба сӯи муштариканд, вале ҳар яки аз онҳо дорои вижагиҳо ва таъсироте ҳаст, ки ба василаи онҳо ба аз ҳамдигар мумтоз ва ҷудо мешавад ва ба истилоҳи «ҳар гулеро рангу бӯи дигар аст». Аз назари он вижагиҳо ва имтиёзҳои хусусӣ нисбат ба ҳар як гуфта мешавад, ки «мисли он ҳеҷ амале нест». Масалан, дар мағлуб ва саркӯб кардани нафс гуфта мешавад, ки ин имтиёзи махсуси рӯза аст ва дигар амале аз ин ҷиҳат монанди он нест.

    Пас мафҳуми ҳадиси ҳазрати Абӯ Умома, ки дар он гуфта шудааст «монанди он ҳеҷ амале нест» ҳамин аст. Ҳамчунин барои Абӯ Умома аз назари ҳолатҳои хосе, ки дошт рӯза бештар судманд буд, бинобар ин Расули акрам (с) ӯро инчунин роҳнамоӣ фармуданд. Ва дар баъзе ривоёти ҳамин ҳадис зикр шудааст, ки Абӯ Умома баъд аз дарёфти ин ҷавоб ду се бор изҳор дошт: Маро ба анҷоми амале роҳнамоӣ кунед, ки онро анҷом диҳам. Он ҳазрат ҳар бор ҳамин посухро фармуданд, ки: Рӯза бигир!

    Яъне ботавуҷҷӯҳ ба ҳолатҳои хоси ту ин амал бароят судмандтар аст.

    Назари ту бароямон муҳим аст