Паёмадҳои ногувори азияти мусулмонон

Гузориши мухтасар:

Эй бандагони Худованд! бидонед ки бандаи мусулмон дар назди Худованд дорои ҳурмату эҳтироми бузургест, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: (Нобуд гаштани дунё дар назди Худованд аз рехта шудани хуни як бандаи мусулмон осонтар аст) ҳадиси саҳеҳ ривояти Тирмизи

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Паёмадҳои ногувори азияти мусулмонон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Имом хатиб: Солеҳ оли Толиб

    Аз масҷидул ҳароми Макаи мукарама ҷумъаи 16- уми ҷимодул авали соли 1431 ҳиҷри

    2012 - 1433

    ﴿خطورة أذية المسلم﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    من خطبة الشيخ: صالح بن محمد آل طالب

    2012 - 1433

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    Паёмадҳои ногувори азияти мусулмонон

    Эй бандагони Худованд! бидонед ки бандаи мусулмон дар назди Худованд дорои ҳурмату эҳтироми бузургест, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Нобуд гаштани дунё дар назди Худованд аз рехта шудани хуни як бандаи мусулмон осонтар аст" ҳадиси саҳеҳ ривояти Тирмизи

    Шариъат низ дорои одоб ва васиятҳо ва аҳкому ҳудуде аст, ки ҳурмати мусулмонро нигоҳ доштааст, ва муъминро аз беҳурмати ва таҷовузу озор ҳифз намудааст, агарчи ин озор бар табиъату эҳсосоти вай бошад.

    Дини ислом ба хотири он муъминонро бародари ҳамдигар гардонидааст, ки натиҷаи бародари неки ва эҳсонро ҷалб мекунад, ва озор расони ва азиятро намепазирад, чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِخۡوَةٞ ١٠﴾ [الحجرات 10]

    "Ҳамоно муъминон бародари ҳамдигаранд" Ҳуҷурот 10

    Ва Паёмбар (с) мефармояд: "Ба якдигар ҳасад наварзед, ва ҳамдигарро фиреб надиҳед, ва дар дил кина нагиред, ва бар болои муомалаи ҳамдигар муомала накунед, ва ҳама бандагони Худованду бародари ҳамдигар бошед. Мусулмон бародари мусулмон аст, на ба у ситам мекунад, ва на уро таҳқир мекунад, ва на аз ёрии у даст мекашад. Ва тақво ин аст (гуфт ва се бор бо дасташ ба суи синааш ишора кард) барои (бадбахтии) шахс ҳамин қадар бади кофи аст, ки бародари мусулмонашро таҳқир кунад, ҳамаи мусулмон бар мусулмон ҳаром аст; хунаш ва молаш ва обруяш" ҳадиси саҳеҳ ривояти Муслим

    Ва боз Паёмбар (с) фармуд: "Касе аз шумо эмон намеоварад то ин ки барои бародараш ҳамон чизеро дуст дошта бошад ки барои худаш дуст медорад" ривояти Бухори ва Муслим

    Балки бо тамоми масъулят метавон гуфт, ки ҳаҷатулвадоъи Паёмбар (с) эълоне буд барои ҳуқуқи мусулмон, ва эълоне буд барои каромат ва бузургдошту ҳурмат ва мартабаи он дар назди Худованд, ва ҳаром будани озору азияти он низ дар ҳодисаи таърихие ки миёни он қадар мардуми зиёд баён гардид.

    Ин бояд ба ҳама маълум бошад ки зери поӣ гузоштани ин ҳурмату эҳтироме ки тавасути Худованд пос дошта шудааст, ва таҷовуз ба мусулмонон бо озору азияти онон аз бузургтарин гуноҳон аст, чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱلَّذِينَ يُؤۡذُونَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ بِغَيۡرِ مَا ٱكۡتَسَبُواْ فَقَدِ ٱحۡتَمَلُواْ بُهۡتَٰنٗا وَإِثۡمٗا مُّبِينٗا ٥٨﴾ [الأحزاب 58]

    "Касоне ки мардон ва занони муъминро (бидуни ин ки коре карда бошанд ва гуноҳе дошта бошанд) озор мерасонанд, муртакиби дуруғи зишт ва гуноҳи ошкоре шудаанд" Аҳзоб 58

    Ва ин гуноҳ ҳангоме бузургтар мегардад ки азияту озор бар солиҳони муъмин сурат бигирад, дар ҳадиси қудси омадааст ки Худованди бузург мефармояд: "Ҳарки дусте аз дустони манро озор бидиҳад яқинан бо у эълони ҷанг кардаам" ривояти Бухори

    Пас он кадом инсони бадбахте аст ки бар муқобили Худованд бархостааст?! Дар ҳоле ки Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّ ٱللَّهَ يُدَٰفِعُ عَنِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ٣٨﴾ [الحج 38]

    "Ҳамоно Худованд аз касоне ки имон овардаанд дифоъ мекунад"

    Ва ба ҳар андозае ки имони инсон бештар бошад ба ҳамон андоза дифоъи Худованд аз у бештар хоҳад буд, ва агар банда дар имонаш ба дараҷаи дустии Худованд бирасад онгоҳ аст, ки Худованд бо душманони у эълони ҷанг хоҳад кард.

    Чи басо ки муъмини заъиф ва ношинос дусти Худованд бошад, ва ту онро надони, пас аз азияти касе ки Худованд дифоъ аз уро бар уҳдаи худ гирифтааст битарс.

    Ибни Касир мегуяд: ин сухани Худованд ки мефармояд "Касонеки мардон ва занони муъминро (бидуни ин ки коре карда бошанд ва гуноҳе дошта бошанд) озор мерасонанд, (яъне ин ки муъминонро ба ончи анҷом надодаанд ва аз он хабаре надоранд мутаҳам месозанд) муртакиби дуруғи зишт ва гуноҳи ошкоре шудаанд" ин ҳамон буҳтони ошкоре аст бар мардон ва занони муъмин аз коре ки накардаанд айбҷуи шаванд (поёни сухани ибни Касир)

    Мардум бояд яқинан бидонанд ки шариъати исломи то ба ҷое расидааст ки ҳато ончиро ки боиси ранҷидани эҳсосоти мусулмон мегардад, онро низ ҳаром гардонидааст, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Агар се нафар бошед ҳеҷгоҳ ду касе аз шумо гушаки накунед, чунки ин амал боиси нороҳатии (нафари сеюм) мегардад" Ҳадиси саҳеҳ ривояти Тирмизи.

    Балки шариъат подоши касеро, ки хореро аз сари роҳи мусулмонон бародорад биҳиш қарор додааст.

    Паёмбар (с) фармуд: "Марде аз канори роҳе мегузашт, ки дар он шохаи дарахте афтода буд, пас он мард бо худ гуфт: ба Худо қасам ки онро аз роҳи мусулмонон хаҳам дур кард то ба онон озор нарасонад, пас (ба воситаи ин кори хайраш) вориди биҳишт гардид" ривояти Муслим

    Бубинед ки аҷру подоши касе ки озордиҳанда ва азиятдиҳандаро аз роҳи мусулмонон дур месозад то чи андоза бузург аст, ҳарчанд ки ин кори чашмнорас ҳам бошад, ва ҳарчанд он шахс сабаби сари роҳи гаштани он азият нашуда бошад.

    Ин чунин бубинед ки танҳо ҳамин бардоштан ва дур сохтани азият ва озор аз роҳ он худ як кори маъруф ва нек аст, ки инсони мусулмон ба воситаи он аҷру подош ба даст хоҳад овард.

    Ва ҳангоме ки аз расули Худо (с) пурсида шуд ки кадоме яке мусулмонон беҳтаранд? У фармуд: "Он мусалмоне ки дигар мусулмонон аз забон ва дасти у дар амон бошад"

    Ин чунин аз Абусаъиди Худари (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуд: "Аз нишастан дар роҳҳо бар ҳазар бошед, гуфтанд: эй расули Худованд! Мо илоҷ надорем ки дар ин роҳҳо нанишинем, чунки дар ин ҷойҳо бо якдигар сухан мегуем, Паёмбар (с) фармуд: агар ин хел бошад, пас ҳақи роҳро адо намоед, гуфтанд: ҳақи роҳ чист эй расули Худо! Фармуд: чашмонатонро аз нигоҳ ба чизҳои муҳарам нигоҳ доштан, ва озору азият надодани дигарон, ва ҷавоб додан ба салом, ва амри маъруфу наҳи аз мункар намудан" ривояти Бухори ва Муслим

    Аз намунаҳои озор ва азият

    Танг намудани роҳ бар мусулмонон, дар роҳҳо ва маконҳои иҷтимоъи андохтани партобҳо, ва эҳтироми мардумро нодида гирифтан, дар ҳадисе аз Паёмбар (с) омадааст ки фармуд: "Аз ду коре ки сабаби лаънат гаштани соҳибаш мегардад, (бипарҳезед) гуфтанд: он ду коре ки сабаби лаънати соҳибаш мегардад чист эй расули Худо? Паёмбар (с) фармуд: оне ки дар роҳи мардум ё сояи дарахте ки мардум аз сояи он истифода мебаранд, қазои ҳоҷат намоянд"

    Ҳамчунин расули Худо (с) барои мо таълимотеро пешкаш намудааст, ки бардоштани озор диҳанда ва азият диҳанда аз роҳи мардум садақа аст, ва ин кор аз гушаи имон аст, ва чуноне ки имом Табарони ва дигарон бо санади саҳеҳ аз Паёмбар (с) ривоят намудаанд, ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳарки мусулмононро дар роҳҳои убурашон мавриди азият қарор медиҳад муҷиби лаънати онон гардидааст" ҳамчунин боз мефармояд: "На озор расонидан ҷоиз аст, ва на муомила ҳамонанд дар баробари озори дигарон" ривояти имом Аҳмад ва ибни Моҷа

    Ҳато барои касе ки нияти анҷоми кори хайреро дорад ҷоиз нест, ки ба хотири он кори хайраш ба дигарон озор бирасонад, чуноне аз Паёмбар (с) ривоят шудааст: марде дар рузи ҷумъа дар ҳоле ки Паёмбар (с) хутбаи ҷумъаро мегуфт, марде мардумро тела медоду мехост дар сафҳои наздик бо Паёмбар (с) барои худ ҷой бигирад, Паёмбар (с) гуфт: бинишин ки озор расонди" ривояти Абудовуд ва ибни Ҳабон ва ибни Хузайма

    Инчунин дар ҳадиси дигаре омадааст ки Ҷобир ибни Абдуллоҳ аз Паёмбар (с) ривоят мекунад ки фармуд: "Ҳарки пиёз ё сирпиёз (чеснок)…хурд ба масҷиди мо наздик нашавад зеро малоикаҳо аз ончи ки инсонҳоро бад меояд озор мебинанд…" ривояти Муслим

    Бубинед ки ин ҳадис далолат бар манъ будани озори мусалмонон мебошад, ҳато ки он озор дидаву дониста набошад.

    Озору азият навъҳои мухталифе дорад ки ҳар як му салмлон бояд кушиш кунад ки худро аз он дур нигоҳ бидорад, махсусан он навъҳое ки дар мавриди онҳо ҳадису оятҳо ворид шудааст, мисли ғайбат, ва суханчини, ва озор расонидан ба ҳамсояҳо, ва хидматгорону заъифон.

    Паёмбар (с) мефармояд: "Ҳарки бо коргаре зулм раво бинад, ё уро иҳонат бикунад, ё уро аз тавоноияш зиёд кор фармояд, ё ҳақи уро бидуни ризоияш бигирад, дар рузи қиёмат бо ман даст бо гиребон аст" ривояти Абудовуд

    Инчунин аз Аз Абуҳурайра (рз) ривоят аст ки ба Паёмбар (с) гуфта шуд: фалони зан намоз мехонад ва руза мегирад, локин ҳамсоягонашро бо забон меозорад, Паёмбар (с) фармуд: "хайре дар у нест… у дар оташ аст…" ва дар дигар ривоят омадааст ки "ҳарки ба Худованд ва рузи қиёмат имон дорад ҳамсояаашро наозорад" ривояти Бухори ва Муслим

    Дашном ва бадгуи ва суханчини ва таъна задан бар номуси дигарон, аз ҷумлаи озор расони бар дигарон мебошад, чуноне ки Худованди бузург мефармояд:

    ﴿إِذۡ تَلَقَّوۡنَهُۥ بِأَلۡسِنَتِكُمۡ وَتَقُولُونَ بِأَفۡوَاهِكُم مَّا لَيۡسَ لَكُم بِهِۦ عِلۡمٞ وَتَحۡسَبُونَهُۥ هَيِّنٗا وَهُوَ عِندَ ٱللَّهِ عَظِيمٞ ١٥﴾ [النور 15]

    "Дар он замоне ки ба истиқболи ин овоза мерафтед, ва онро аз забони ҳамдигар қабул мекардед, (ва давр медодед) ва бо даҳони хеш чизеро пахш мекардед, ки дар аслу ҳақиқати он хабаре надоштед, ва гумон медоштед ки ин масъалдаи хурде аст, дар ҳоле ки дар назди Аллоҳ хело бузург буд" Нур 15

    Дар ривояте омадааст, ки рузе ибни Умар ба Каъба нигоҳе андохту гуфт: чи бузурге ҳасти ту, ва чи бузург аст ҳурмати ту, ва аммо ҳурмати муъмин назди Худованд аз ту бузургтар аст. Ривояти Тирмизи

    Эй мусалмонон! Аз озор расонидан бар муъминон ва бади дар ҳақи ҳамаи мардум бар ҳазар бошед, магар он ки барои ситонидани ҳақи возеҳ ва ошкоре бошад ки барои он далили ошкор ва бидуни ҳеҷ мухолифатие аз Қурон ва Сунат ва суханони солеҳони гузаштаи ин умат дошта бошед, то ин ки битавонед дар баробарии Худованд далили қотеъе дошта бошед.

    Озор расонидан ба муъмин зулм аст, ва миёни дуъои мазлум ва Худованд пардае вуҷуд надорад, аммо сабр кардан дар баробарии азияти бандагон беҳтар аз дуъои бад намудан дар ҳақи онон аст, чуноне ки Худованд мефармояд:

    ﴿وَلَئِن صَبَرۡتُمۡ لَهُوَ خَيۡرٞ لِّلصَّٰبِرِينَ ١٢٦﴾ [النحل 126]

    "Ва агар сабрро пеша созед бе шубҳа он беҳтар аст бар сабр кунандагон" Наҳл 126

    Баъзе аз озор ва азиятҳое ҳастанд ки на бо руза, ва на бо намоз, ва на бо садақа бахшида намешаванд, балки золим бахшида намешавад, то ин ки мазлум уро набахшад, ва ин номаъқул аст, ки рузе ки номаҳои аъмоли бандагон рузи қиёмат ба онҳо супурда мешавад, ва ҳамаи бандагон ба некиҳо эҳтиёҷ доранд, дар он ҳангом мазлумон аз золимон даргузаранд.

    Паёмбар (с) мефармояд: "Медонед муфлис ва нодор кист? Гуфтанд: мо касеро муфлису нодор мегуем ки дар миёни мо пулу молу матоъ надошта бошад, Паёмбар (с) фармуд: балки муфлис онаст ки рузи қиёмат бо намоз ва рузаву закот меояд, аммо дар ҳоле меояд ки инро бад гуфтааст ва ба фалони туҳмат задааст ва хуни каси дигареро рехтааст, ва фалон шахсро задааст, пас ба ину он аз хубиҳову некиҳояш дода мешавад, (ва ҳар вақто ки хубиҳояш тамом шуд) аз бадиҳои ину он гирифта ба у дода мешавад, ва сипас ба оташ андохта мешавад" ривояти Муслим

    Ва ногуфта намонад, ки агар масхара намудани мардуми оди аз навъҳои озор ва азият бошад, гуноҳи масхара намудани солиҳону обидон хатари бузурге дорад, ин гуна масхара намудан ва таъна задан ва ъайбҷуи намудан авалин аслиҳае аст ки бар алайҳи паёмбарон ва анбиё истифода шуда буд.

    Зеро масхара кардани аҳли илм ва дин ва мавриди иҳонат қарор додани онон дар тули таърих дар сарзаминҳои мусулмонон рух надода буд, магар ин замонҳои охир.

    Ва дин, то вақте ки ҳомилони он мавриди эҳтиром бошанд муҳтарам боқи хоҳад монд, ва агар касоне ки аз назари дин ва илм поёнтаранд бар аҳли дин мусалат шаванд онгоҳ аст, ки бар умати мусулмон хатари ноқиси ва фитна таҳдид хоҳад кард.

    Худованди бузург мо ва шуморо дар амал бо Қурон ва Суннат устувор бигардонад, ва гуноҳони моро биёмурзад, ва айбҳои моро бипушонад, ва корҳои моро осон гардонад, ва моро ба орзуҳои мавриди хушнудии худ бирасонад. Омин