ИМОН БА ҚАЗО ВА ҚАДАР

Гузориши мухтасар:

Аз ҷумлаи самараи дигари имони ба қазо ва қадар ин оромдили, хотирҷамъи ва осудаҳолист дар ин дунё, ба хоса чун инсон бо мушкилоти зиндаги дучор мешавад. Зеро банда медонад, ки ҳар чи бар сараш меояд, имкон надошт, ки онро набинад ва ончи аз сараш дур шавад, имкон надошт, ки бар сараш биёяд. Бо ҳамин беташвиш умр ба сар мебарад. Аммо он кас, ки ба ин имон надошта бошад, вақто бар сараш мусибат меояд ва ё маҳбуберо аз даст медиҳад, ғам мехўрад, ноором мегардад, фарёдҳо мекунад, зиндагияшро сиёҳ карда, ҳатто ба худкуши даст мезанад.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    ИМОН БА ҚАЗО ВА ҚАДАР

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Солиҳ Ол Толиб

    2012 - 1433

    ﴿الإيمان بالقضاء و القدر﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح آل طالب

    2012 - 1433

    Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

    ИМОН БА ТАҚДИР

    Ҳамд барои Худованд, ки ҳар чизро офарида, тақдироташро муайян намудааст ва бандагонашро мувофиқи ҳикмати худ тадбир кардааст.

    Ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи ўст. Вайро дар охири замон фиристод, то мужда ва тарс бидиҳад ва бо дастури ў даъват намояду чун чароғи равшан бошад.

    Аммо баъд, эй мусалмонон, Аз ҷумлаи аркони имон ин бовар кадан аст ба қазову қадари Худо.

    Пас бовар дошта бошед, ки Худованд ҳама чизро медонад, медонад ончиро, ки дар гузашта буд ва он чизеро, ки дар оянда мешавад. Ин ҳамаро муҷмал ва муфассал медонад, чизе дар осмону замин аз ў пўшида нест.

    Худованд фармудааст:

    ﴿وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ وَنَعۡلَمُ مَا تُوَسۡوِسُ بِهِۦ نَفۡسُهُۥۖ ١٦﴾ [سُورَةُ ق 16]

    «Ва дар ҳақиқат, мо инсонро офаридаем ва медонем, ки нафсаш ба чи васавасаҳо мекунад» (Қоф 16).

    Бояд ба пурраги ва паҳноии илми Худо имон дошта бошед ва бовар кунед, ки ў аз ҳама чиз огоҳ аст ва ҳамаро зери назорат қарор додааст. Ў дар Лавҳулмаҳфуз панҷоҳ ҳазор сол пеш аз офариниши осмонҳо ва замин ҳар чизеро, ки то рўзи қиёмат сар мезанад, сабт карда буд. Аввалин чизеро,ки Худованд офарид, қалам буд. Худованд барояш фармуд: Бинавис. Гуфт: Парвардигорам чиро нависам? Гуфт: Бинавис ҳар чизеро, ки мешавад.

    Пас дар ин лаҳза ҳар он чизеро, ки то рўзи қиёмат шуданист, муайян намуд.

    Худованди фармудааст:

    ﴿أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّ ذَٰلِكَ فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ٧٠﴾ [سُورَةُ الحج 70]

    «Оё намедони, ки Худованд медонад он чи дар осмонҳо ва замин аст. Ин ҳама дар китоб аст. Ҳамоно ки ин кор барои Худо осон аст» (Ҳаҷ 70).

    Боз Худованд фармудааст:

    ﴿مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مِّن قَبۡلِ أَن نَّبۡرَأَهَآۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ٢٢﴾ [سُورَةُ الحديد 22]

    «Ҳе мусибатҳое дар замин ва ё дар худи шумо рўх намедиҳад, магар дар китоб аст пеш аз он ки онро пайдо кунем. Ҳамоно ки ин амр барои Худо осон аст» (Ҳадид 22)

    Эй мусалмонон, ба хости Худованд дар умуми мулкаш имон оред. Зеро чизе дар осмонҳо ва замин вуҷуд надорад магар ҳама мулки Худованданд. Ў фармудааст:

    ﴿وَلِلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَاۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ ١٧﴾ [سُورَةُ المائدة 17]

    «Аз барои Худованд аст мулки осмонҳо ва замин ва ончи дар онҳост. Ва ў бар ҳама чиз тавоност» (Моида 17)

    Ҳеҷ чиз дар мулки ў аз хоҳишу иродааш берун нест. Мулк ва калиди осмонҳо ва замин дар дасти ўянд. Ҳеҷ осони ва сахти, ҳаросу амон, саломатию бемори ва бешу каме ҳосил намешавад магар бо хости Худованди субҳон.

    Эй мусалмонон, имон дошта бошед, ки ҳама чизеро ки дар осмонҳо ва замин аст, офаридаи Худост.

    ﴿ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ ٦٢﴾ [سُورَةُ الزمر 62]

    «Худованд ҳама чизро офарида ваколати ҳамаро дар даст дорад» (Зумар 62)

    Худованд фармудааст:

    ﴿وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ وَمَا تَعۡمَلُونَ ٩٦﴾ [سُورَةُ الصفات]

    «Худованд шуморо ва ҳар чизеро ки медонед, офаридааст» (Соффот 96)

    Худованд офарандаи осмонҳою замин, тадбирсози онҳо ва офарандаи инсону тадбирсози ўст. Инсон азму ирода ва қудрату амалро дорост ва он ки дар инсон ин азиматро гузошта барояш ин тавонро додааст, Худованди бузург мебошад, ки агар мехост фикрро аз ў мекашид, пас иродааш бекор мешуд ва агар мехост тавонашро мебардошт ва дигар коре карда наметавонист.

    Эй мусалмонон, имон ба қадари илоҳи яке аз аркони шашгонаи имон аст, ки имон бе он пурра намешавад, вале он барои инсон ҳуҷҷат намешавад, ки корҳои гуноҳро анҷом диҳад ва ё дар адои воҷиботу тарки мункарот сусти намояд. Баёни ин кор чунин аст, ки Худованд барои ирода намудан ба инсон ақл ва барои кор кардан қудраташ додааст. Агар аз инсон ақлро гирад, дигар ўро барои кардани гуноҳ ва тарки воҷиб азоб намедиҳад ва агар аз инсон қудрати кардани кореро бигирад, дигар ўро барои накардни он кор азоб намедиҳад. Аз ин руй барои кардани гуноҳ ва накардани воҷибот қадарро далел овардан далели пуч ва бекор аст. Худованд онро дар китоби худ ва ақлу воқеият низ онро ботил медонад. Худованд фармудааст:

    ﴿رُّسُلٗا مُّبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى ٱللَّهِ حُجَّةُۢ بَعۡدَ ٱلرُّسُلِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمٗا ١٦٥﴾ [سُورَةُ النساء 165]

    «Расулони муждарасон ва бимдиҳанда, то барои мардум бар болои Худованд баъди омадани расулон ҳуҷате намонад» (Нисо 165)

    Агар тақдир ҳуҷҷат буд, он бо омадани Паёмбарон бардошта намешуд. Зеро тақдир баъди омадани пёмбарон ҳам собит модааст. Худованд фармудааст:

    ﴿سَيَقُولُ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ لَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَآ أَشۡرَكۡنَا وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمۡنَا مِن شَيۡءٖۚ كَذَٰلِكَ كَذَّبَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ حَتَّىٰ ذَاقُواْ بَأۡسَنَاۗ قُلۡ هَلۡ عِندَكُم مِّنۡ عِلۡمٖ فَتُخۡرِجُوهُ لَنَآۖ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا ٱلظَّنَّ وَإِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا تَخۡرُصُونَ ١٤٨﴾ [سُورَةُ الأنعام 148]

    «Ононе, ки ширк варзиданд, мегўянд агар Худованд мехост на мо ширк меварзидем на падарони мо ва на чизеро ҳаром мегардонидем. Ба ҳамин сурат, гузштагон ҳам такзиб карда буданд, то ин ки азоби моро чашиданд. Бигў, оё шумо ягон манбаи илмие доред, пас барои мо берунаш мекунед. Шумо танҳо аз хаёлот пайрави мекунед ва шумо танҳо дурўғи маҳз мегўед» (Анъом 148)

    Агар ба тақдир далел овардан баҳонаи дуруст ва узрхоҳии рост мебуд, ҳаргиз Худованд онҳоеро, ки аз тақдир барои ширкашон далел меоварданд, азоб намедод. Зеро Худованд касеро зулм намекунад. Барои кардани бадиҳо ва тарки воҷибот аз тақдир ҳуҷҷат овардан далели беасос аст, ки ақл онро қабул надорад. Зеро, он касе ки тақдирро далел мекунад, тақдирро намедонад то муҷиби он ҳукм барорад. Чи гуна далел мекунад чизеро, ки дар кори ў таъсир надорад? Чизе дар кори фоъил таъсир намерасонад, магар дар сурате, ки аз он огоҳ бошад. Агар фарзан касе ба касе таҷовуз кунаду молу мулкашро бигирад ва боз даъво намояд, ки ин ҳама ба қазо ва қадари илоҳист мардум ин эътизори ўро қабул намекунанд.

    Ҳуҷҷатрони бо қазо ва қадар дар кардани корҳои гуноҳ ва тарки воҷибот ҳуҷҷатест, ки воқеият онро инкор менамояд. Ҳар касе шунид, ки дар фалон мусобиқа мукофоте муайян шудааст, барои дарёфти он талош меварзад ва ў мутмаин аст, ки дарёфти он танҳо ба қазо ва қадари илоҳи рўх медиҳад, вале бо тамоми ҳастияш кўшиш намуда, аз тамоми асбоб истифода мебарад. Барои расидан ба он дар ҷояш наменишинад. Пас, чаро он чизеро, ки Худованд фармудааст, иҷро намекунад, бо вуҷуди он ки тавони иҷрои онро дорад ва мутмаин аст, ки иҷрои он муҷиби духули ҷаннат ва дарёфти ризои Худованд мегардад ва боз тақдирро далел меорад? Чаро барои расидан ба ҷаннат намекўшад, ҳамчуноне ки барои дарёфти вазифа ва рўзгораш дар дунё талош мекунад?

    Мо дар рўзҳои имтиҳон толибилмонеро ба умеди комёби мебинем, ки шабҳо бедорхоби намуда, рўзҳо кўшиш мекунанд, то бештар такрор карда дар имтиҳонот муваффақ шаванд.

    Мо ягон нафари онҳоро намебинем, ки қасди комёби дошта бошад, аммо такрорро як тараф монда аз қазо ва қадар далел оварад. Чи гуна инсон он чизеро, ки Худованд иҷрои онро воҷиб кардааст, тарк мекунад, дар ҳоле ки медонад он амал ўро ба ризои Худо ва ҷаннат мерасонаду боз аз қазо ва қадар ҳарф мезанад.

    Мо аҳёнан мебинем, ки нафаре аз хўрдани баъзе хўрокҳое, ки ба саломатияш зарар доранд худдори мекунад, дар ҳоле ки нафсаш хўрдани онро талаб менамояд. Чаро ин шахс аз қазо ва қадар далел намеоварад ва он таоми зарароварро намехўрад? Аммо дар кардани корҳои гуноҳ, ки он ҳам барояш зарар меоварад аз қазо ва қадар далел меоварад? Ҳар инсони оқил агар ба воқеият назар афканад ва корҳоро бо ақли худ бисанҷад, яқин мегардад ки инсон барои он корҳо, ки бо ихтиёри худ анҷом додааст, дигар баҳонае оварда наметавонад ва аз қазо ва қадар далел овардани ў далели ботилест, ки чунончи гуфтем, танҳо аҳли ботил ва мутаккабирон онро меоранд.

    Аммо корҳои беихтиёри монанди маргу бемори, ё дар болои инсон чизе меафтаду ў ҳалок мешавад ва монанди он, инҳо ҳама корҳое ҳастанд, ки инсон ихтиёр надорад.

    Барои ҳамин Худованд ўро барои ин корҳо ҷазо намедиҳад. Ин аст, ки Худованд девонаро барои корҳои кардааш ҷазо намедиҳад ва инсонро агар ба фаромуши ва ё хатоги коре кунад, мавриди азоб қарор намедиҳад. Зеро дар ин корҳо онҳо ихтиёр надоранд, ҳатто агар ҳаром будани онро донанд.

    Паёмбар (с) гўфт: "Дар ҳақиқат, Худованд аз болои умматони ман хатокори, фаромуши ва корҳои маҷбуран кардаашонро бардошта аст" (ривояти Ибни Моҷа).

    Мурод аз бардоштан дар ин ҳадис бардоштани гуноҳ ва азоби рўзи қиёмат аст. Аммо дар дунё агар дар ҳаққи дигарон таҷовуз карда бошад, ба ҷавобгари кашида мешавад. Агар девона ва ё хурдсоле дар моли касе зарар оваранд, арзиши онро аз моли худи ў ва ё аз моли соҳибонаш ситонида ба ҷабрдида дода мешавад. Бардоштан маънои онро надорад, ки ҳаққи дигарон ҳам зоеъ шавад.

    Аммо ҳаққи Худованд ҳам дар дунё ва ҳам дар охират бахшида мешавад. Ин ҳама ба мо аз раҳмат, меҳрубони ва сабўковарии Худованд аст.

    Эй бандагони Худо, дониста бошед, ки аз бузургтарин самараи имони ба қазо ва қадар ин дуруст шудан ва комил шудани имони шахс аст. Зеро бо ин инсон имонашро комил ва аркони онро пурра менамояд. Аз ҷумлаи самараи дигари имони ба қазо ва қадар ин оромдили, хотирҷамъи ва осудаҳолист дар ин дунё, ба хоса чун инсон бо мушкилоти зиндаги дучор мешавад. Зеро банда медонад, ки ҳар чи бар сараш меояд, имкон надошт, ки онро набинад ва ончи аз сараш дур шавад, имкон надошт, ки бар сараш биёяд. Бо ҳамин беташвиш умр ба сар мебарад. Аммо он кас, ки ба ин имон надошта бошад, вақто бар сараш мусибат меояд ва ё маҳбуберо аз даст медиҳад, ғам мехўрад, ноором мегардад, фарёдҳо мекунад, зиндагияшро сиёҳ карда, ҳатто ба худкуши даст мезанад.

    Дар ин замона чунин корҳо бисёр ба мушоҳида мерасанд, ки мардону заноне, ки ба қазо ва қадар имон надоранд, худкуши мекунанд. Онҳо аз воқеияти худ мегурезанд ва ноумедие онҳоро фаро гирифта ба оянда бо чашми бад менигаранд.

    Худованд хабар додааст, ки он касе ба қазо ва қадар имон дошта бошад, дар ҳолатҳои сахти устувор истода, дар балоҳо сабр мекунад, аҷру савоби ин мусибатроинтизор мешавад, бо ин мусибаташ барои ў хайр ва оқибаташ накў мегардад. Худованд фармудааст:

    ﴿مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۗ وَمَن يُؤۡمِنۢ بِٱللَّهِ يَهۡدِ قَلۡبَهُۥۚ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ١١﴾ [سُورَةُ التغابن 11]

    «Ва ҳеҷ мусибате намерасад магар бо дастури Худованд. Ва ҳар ки ба Худо имон оварда аст, Худо дилашро ҳидоят мекунад ва Худованд бар ҳама чиз доност» (Тағобун 11)

    Алқама мегўяд: Мурод аз он кас мардест, ки мусибате бар сараш омадаст ва ў медонад, ки он аз назди Худованд аст ва сабр намуда таслим мешавад. Маънои ояти карима чунин аст, ки ҳар киро мусибате расад ва бидонад, ки он аз назди Худованд асту Худованд дар тақдир чунин навишта будааст, пас сабр намуда ихлос намояд, Худованд дили ўро ҳидоят карда, дар ивази чизи аз дастдодааш барояш ҳидояти қалб ва яқинии содиқро мебахшад. Гоҳо дар ивази чизи рафта барояш монанди он ва ё беҳтар аз онро медиҳад. Чунончи Худованд фармудааст:

    ﴿وَلَنَبۡلُوَنَّكُم بِشَيۡءٖ مِّنَ ٱلۡخَوۡفِ وَٱلۡجُوعِ وَنَقۡصٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَنفُسِ وَٱلثَّمَرَٰتِۗ وَبَشِّرِ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٥٥ ٱلَّذِينَ إِذَآ أَصَٰبَتۡهُم مُّصِيبَةٞ قَالُوٓاْ إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّآ إِلَيۡهِ رَٰجِعُونَ ١٥٦﴾ [سُورَةُ البقرة 155-157]

    «Ва ҳар оина, мо шуморо ба андак тарс, гуруснаги ва нуқсоне дар амволу ҷонҳою меваҷот месанҷем. Ва собиронро мужда расон, ононеро ки чун бар сари онҳо мусибате омад, гўянд мо аз Худо ҳастем ва мо ба сўйи ў равонаем, онҳоянд ки бар сарашон салавоту раҳмати Худо мерезад ва онҳоянд роҳёфтагон» (Бақара 155-157)

    Боз Худованд фармудааст:

    ﴿مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مِّن قَبۡلِ أَن نَّبۡرَأَهَآۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ٢٢ لِّكَيۡلَا تَأۡسَوۡاْ عَلَىٰ مَا فَاتَكُمۡ وَلَا تَفۡرَحُواْ بِمَآ ءَاتَىٰكُمۡۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٖ فَخُورٍ ٢٣﴾ [سُورَةُ الحديد 22-23]

    «Ҳеҷ мусибате болои замин ва дар худи шумо намерасад, магар он дар китоб аст пеш аз он ки онро пайдо кунем.

    Албатта, ин барои Худованд осон аст, то ки шумо барои чизи аз дастдода ғам нахўред ва ба ончи дода шудаед шоди накунед. Ва Худованд ҳар мутаккабири фахркунро дўст намедорад» (Ҳадид 22-23)

    Худованди субҳон ба мо хабар додааст, ки ҳар мусибате дар болои замин ва ё дар худи онҳо рух медиҳад, тақдиркардаи ўст ва пеш аз сар заданаш дар Лавҳулмаҳфуз дарҷ шудааст.

    Баъди ин Худованд ҳикмати хабар додани моро баён намудааст, ки дилҳои мо ором гашта даҳшат зада набошем, вақти мусибат афсўс нахўрем, бо неъматҳои расида хурсандии беҳуда накунем, аз имтиҳони Худо эмин набошем ва фикри оқибатро кунем. Балки бояд дар вақти сахтиҳо ва осебҳо сабр намуда дар вақти хушию хуррами сипосгузор бошем.

    Икрима мегўяд: "Ҳама кас ғаму андўҳ дорад, вале бояд ба хурсандиҳо шукр гўем ва дар ғамҳо сабр намоем. Ин маънои онро надорад, ки сабабҳои ҷалб кардани хайр ва дур намудани бадиро кор нафармоем. Вале дар баробари ба тақдир имон доштанамон бояд сабабҳоро низ риоя намоем".

    Худоё, салавоту салом, ва баракату неъматҳоятро бар Паёмбарамон Муҳаммад ва хонадону ҳамсарони ў фирист.

    Назари ту бароямон муҳим аст