Худро ба кофирон монанд кардан
Нависанда : Солиҳ ибни Муҳаммад ол Толиб
Гузориши мухтасар:
Паёмбар (с) мефармояд:
\”Ҳар ки ба қавме тақлид намояд, ў аз ҳамон қавм ба шумор меравад\”
Ин мақол баёнкунандаи як маҷмуъа масоиле аст, ки бояд муъмин дар он масоил пайрави кофирон набошад, зеро қадри муъмин аз кофир боло аст, ва ӯ бо мусулмон буданаш аз кофир афзал ва беҳтар аст.
- 1
Худро ба кофирон монанд кардан
PDF 232.5 KB 2019-05-02
- 2
Худро ба кофирон монанд кардан
DOC 2.7 MB 2019-05-02
Васфи комил
Худро ба кофирон монанд кардан
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ол-Толиб
2013 - 1434
التشبه بالكفار
«باللغة الطاجيكية»
صالح آل طالب
2013 - 1434
Худро ба кофирон монанд кардан
Эй мардум!
Шумо аз Худованди муттаол битарсед ва шукри неъматҳои ўро намоед, ки шуморо ба сўи Ислом ҳидоят намудааст ва шуморо аз ҷумлаи умматони Муҳаммад (с) қарор додааст.
Шумо агар побанди ин дин ва пайрави Паёмбар (с) бошед, пас аз беҳтарин уммат ҳастед, ки дар олам омадааст, ки тамоми мардум мўҳтоҷи шумоянд, то барояшон илму ҳидоят биёмўзонед, вале шумо мўҳтоҷи онҳо нестед.
Зеро дини шумо саршор аз ақидаи дуруст, шариати одил, ахлоқи накў ва намунаи беҳтар аст, ки дар зимни он ҳидояти тамоми башарият ба роҳи рост вуҷуд дошта, пайрави аз ин дин боиси комёбии дунё ва охират аст.
Ислом дини ҷаҳони буда, ба ҳар давру замон мутобиқ шуда метавонад ва ба ҳар шахс ва ҳар уммату миллат метавонад созгор бошад.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَهۡدِي لِلَّتِي هِيَ أَقۡوَمُ﴾
سُورَةُ الإِسرَاءِ ٩
"Ҳамоно, ин Қуръон ҳидоят мекунад ба сўи оне, ки дурусттар аст"
Сураи Исро, 9
Боз Худованд мефармояд:
﴿تَبَارَكَ ٱلَّذِي نَزَّلَ ٱلۡفُرۡقَانَ عَلَىٰ عَبۡدِهِۦ لِيَكُونَ لِلۡعَٰلَمِينَ نَذِيرًا﴾
سُورَةُ الفُرقَانِ ١
"Бобаракат аст зоте, ки Қуръонро бар бандааш нозил намуд, то ки барои оламиён бимдиҳанда бошад"
Сураи Фурқон, 1
Худованд бар Паёмбараш (с) хитоб намуда мефармояд:
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ﴾
سُورَةُ الأَنبيَاءِ ١٠٧
"Ва мо туро нафиристодаем, магар барои раҳмати оламиён"
Сураи Анбиё, 107
Вақте мусалмонони аввал ба ин дин даст заданд, сарварони олам гардиданд ва кишварҳои шарқу ғарбро фатҳ намуданд ва онро аз амалу ҳикмату адолат пур карданд ва худашон пешвоёни ҳидоят гаштанд, ки мардум аз эшон пайрави менамуданд. Онҳо чунон қудратманд гаштанд, ки тамоми душманон аз онҳо дар ҳарос буданд, вале онҳо аз касе наметарсиданд. Онҳо аз ҳама чиз ба ғайр аз Худованд ғани буданд ва барои башарият хайру эҳсонҳо менамуданд.
Ин ҳамаро танҳо барои он мекарданд, ки ин динро Худованди ҳакиму алим фиристодааст, ки фоидаю зарари мардумро танҳо ў медонад.
Худованд мефармояд:
﴿أَلَا يَعۡلَمُ مَنۡ خَلَقَ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلۡخَبِيرُ﴾
سُورَةُ المُلكِ ١٤
"Оё намедонад он кас, ки офаридааст ва ў латиф ва бохабараст?"
Сураи Мулк, 14
Аз сабаби он ки ин дин пур аз таълимоти воло ва қавонини одилона аст, Худованд моро амр менамояд, то ба он чанг занем ва тибқи аҳкоми он амал намоем ва аз Паёмбар (с) пайрави кунем.
Худованд моро манъ мекунад, аз он ки ҳидоятро дар ғайри ин дин ҷустуҷў намоем ва қавонинеро ба вуҷуд орем, ки он мухолифи аҳкоми шариати Ислом бошад ва дар дин ва одатҳо аз кофирон пайрави намоем. Зеро ин кор маънои онро дорад, ки мо пайрави кофирон мебошем ва аз кофирону мунофиқон тақлид кардан аст.
Худовандмефармояд:
﴿ٱتَّبِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ وَلَا تَتَّبِعُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَۗ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ﴾
سُورَةُ الأَعرَافِ ٣
"Аз он чӣ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шудааст, пайравӣ кунед ва ғайри ӯ аз худоёни дигар пайравӣ макунед! Шумо чӣ андак панд мепазиред!"
Сураи Аъроф, 3
Худованд боз мефармояд:
﴿وَلَا تَرۡكَنُوٓاْ إِلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ فَتَمَسَّكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِنۡ أَوۡلِيَآءَ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ١١٣﴾
سُورَةُ هُودٍ ١١٣
"Шумо майл накўнед ба тарафи касоне, ки зулм кардаанд, ки оташи дўзах бар шумо хоҳад расид ва шумо дар он ҳол ғайри Худованд дўстдор ва ёваре нахоҳед дошт"
Сураи Ҳуд, 113
Ҷои дигар Худованд мефармояд:
وَلَا تَكُونُواْ كَٱلَّذِينَ نَسُواْ ٱللَّهَ فَأَنسَىٰهُمۡ أَنفُسَهُمۡۚ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ١٩﴾
سُورَةُ الحَشرِ ١٩
"Ва шумо монанди касоне набошед, ки Худоро фаромўш карданд, пас Худо худашонро аз ёди худашон баровард. Онҳоянд фосиқон"
Сураи Ҳашр, 19
Мусалмон бояд ба дини худ ифтихор намояд ва дар ҳамаҷо сарбаланд бошад ва дар роҳи Худо парвои маломати мардум надошта бошад.
Худованд мефармояд:
﴿وَلَا تَهِنُواْ وَلَا تَحۡزَنُواْ وَأَنتُمُ ٱلۡأَعۡلَوۡنَ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ١٣٩﴾
سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ١٣٩
"Шумо суст нашавед ва ғамгин нагардед ва шумоед болотар, агар мўъмин бошед"
Сураи Оли Имрон, 139
Боз Худованд мефармояд:
﴿وَلِلَّهِ ٱلۡعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِۦ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَعۡلَمُونَ٨﴾
سُورَةُ المُنَافِقُونَ ٨
"Ва иззат барои Худованд ва барои Паёмбар ва барои мўъминон аст, вале мунофиқон намедонанд"
Сураи Мунофиқун, 8
Мусалмон набояд ба тарафи кофирону мунофиқон бо нигоҳи бузургдошту азамат бингарад, зеро Худованд бузурги ва азаматро ба сабаби куфр аз онҳо бардоштааст.
Худованд мефармояд:
﴿وَمَن يُهِنِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّكۡرِمٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ۩١٨﴾
سُورَةُ الحَجِّ ١٨
"Ва ҳар киро, ки Худованд хор сохт, касе наметавонад иззат бахшад"
Сураи Ҳаҷ, 18
Мусалмон набояд ба дасти кофирон бингарад ва фирефтаи молу матои онҳо гардад, вале бояд он ҳама неъматҳои онҳоро имтиҳони илоҳи ва фитнаи дунё ҳисобад, ҳамчуноне, ки Худованд мефармояд:
﴿قُلۡ تَمَتَّعُواْ فَإِنَّ مَصِيرَكُمۡ إِلَى ٱلنَّارِ٣٠﴾
سُورَةُ إِبرَاهِيمَ ٣٠
"Бигў: Шумо лаззатбаред, пас ҳамоно, ки бозгашти шумо ба сўи дўзах аст" Сураи Иброҳим, 30
Худованд боз мефармояд:
﴿وَلَا تَمُدَّنَّ عَيۡنَيۡكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجٗا مِّنۡهُمۡ زَهۡرَةَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا لِنَفۡتِنَهُمۡ فِيهِۚ وَرِزۡقُ رَبِّكَ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰ١٣١﴾
سُورَةُ طه ١٣١
"Ҳаргиз чашм ба неъматҳои моддие, ки ба гурўҳҳое аз онҳо додаем, надошта бош, инҳо зинати зиндагии дунё ва василае аст барои озмудани онҳо. Ва рўзии Парвардигорат беҳтар ва пойдортар аст"
Сураи Тоҳо, 131
Балки мусалмон бояд чунин пиндорад, ки он чи дар дасти кофирон ҳаст, барои онҳо азоб аст дар дунё, ки барои ба даст овардани он талошҳо мекунанд ва барои нигоҳдории он ғам мехўранд ва оқибат он ҳамаро тарк карда, ба сўи Парвардигор мераванд ва ҳасрат мехўранд, ки бо он ҳама молу матоъ натавонистанд биҳиштро дарёбанд.
Худованд мефармояд:
﴿وَلَا تُعۡجِبۡكَ أَمۡوَٰلُهُمۡ وَأَوۡلَٰدُهُمۡۚ إِنَّمَا يُرِيدُ ٱللَّهُ أَن يُعَذِّبَهُم بِهَا فِي ٱلدُّنۡيَا وَتَزۡهَقَ أَنفُسُهُمۡ وَهُمۡ كَٰفِرُونَ٨٥﴾
سُورَةُ التَّوبَةِ ٨٥
"Ва туро молу фарзандони онҳо дар таъаҷуб наяндозад.
Ҳамоно, ки Худованд мехоҳад бо он неъматҳо онҳоро дар дунё азоб диҳад ва ҷони онҳоро бигирад, дар ҳоле, ки эшон кофиронанд"
Сураи Тавба, 85
Мўъмин ҳамеша бо имони худ хушбахт аст. Агар барояш чизе аз молу матоъи дунё муяссар шавад, хурсанд мешавад, зеро ин хайр аст ва ў бо он неъмат мекўшад, то ҳар чи бештар ба тоати Худованд машғул шавад.
Агар барои ў чизе аз молу матоъи дунё муяссар нагашт, парвое надорад, зеро ў медонад, он чи дар назди Худованд аст, беҳтар ва бузургтар аст. Мўъмин ҳам дар дунё хушбахт аст ва ҳам дар охират. Дар дунё барои он хушбахт аст, ки аз он неъматҳо барои дарёфти корҳои накў истифода менамояд.
Дар охират барои он хушбахт аст, ки дохили ҷаннати ҷовидонӣ гашта, дар он хушҳол мемонад. Кофирон бошанд, на дар дунё хушбахтанд ва на дар охират, чунончи Худованд мефармояд:
﴿خَسِرَ ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةَۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡخُسۡرَانُ ٱلۡمُبِينُ١١﴾
سُورَةُ الحَجِّ ١١
"Онҳо дунё ва охиратро аз даст доданд. Ин аст зиёни ошкор"
Сураи Ҳаҷ, 11
Кофир дар дунё бадбахт аст, зеро аз он истифодае накард, то ба Худо наздиктар шавад, балки бештар аз Худованд дур гашт. Вай дар охират барои он бадбахт аст, ки масираш ба сўи оташест, ки дар он ҷовидон мемонад.
Акнун чигуна меарзад, ки мусалмоне, ки Худованд ўро бо ин динаш иззат бахшидааст ва манзилати ўро аз дигарон болотар намудааст, кофиронро тақлид намуда, ба онҳо пайрави намояд?
Чи гуна боло ба поён пайрав мешавад?
Чи гуна болорав аз поёнрав пайрави мекунад?
Пайрави кардан маънои онро дорад, ки пайрав худро камтар аз он касе меҳисобад, ки пайравиаш мекунад.
Аз ҳамин ҷиҳат, Паёмбар (с) моро ҳушдор медиҳад, то пайрави кофирон набошем, на дар ибодат ва на дар одат.
Имом Аҳмад ва Абудовуд ва дигарон аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Умар ривоят мекунанд, ки Паёмбар (с) мефармояд:
"Ҳар ки ба қавме тақлид намояд, ў аз ҳамон қавм ба шумор меравад"
Ривояти Аҳмад ва Абудовуд
Дар ҷомеъи Тирмизӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар омадааст, ки Паёмбар (с) мефармоянд:
"Аз мо нест он касе, ки тақлид ба ғайри мо кунад. Шумо тақлид ба яҳуд ва насрониҳо накунед".
Тақлиди кофирон ба фасоди бузург ва оқибати бад бурда мерасонад. Тақлиди куффор маънои онро дорад, ки онҳо бузурганд. Зеро пайрави кардан маънои онро дорад, ки ман худро кўчак ва ўро бузург меҳисобам.
Ин шуъур, агар дар мусалмонон пайдо шавад ва онҳо худро ночиз бишморанд ва кофиронро бузург далолат бар заъфи имони мусалмон мекунад, ки ин кор боиси он мегардад, ки чунин мусалмон бо мурури замон худро дар доми онҳо мегардонад.
Аз тарафи дигар, пайрави кардани кофирон боиси он мегардад, ки дигар мусалмонон дар ҳама кор кофиронро барои худ улгу қарор медиҳанд ва ин ба дараҷаи пасти мерасонад. Мусалмон олитар аст, аз кофирон ва агар бовуҷуди ин ҳама баландияш пайравии пастиро намояд, ин далели куфрони неъмати илоҳи мегардад ва ин амалаш таҳқирест нисбати ислом ва мусалмонон.
Тақлид намудани мусалмон ба кофирон боиси он мегардад, ки муҳаббати кофирон дар дилаш ҷой мегирад ва ўро дўсти худ қарор медиҳад дар ҳоле, ки Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ ٱلۡيَهُودَ وَٱلنَّصَٰرَىٰٓ أَوۡلِيَآءَۘ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ وَمَن يَتَوَلَّهُم مِّنكُمۡ فَإِنَّهُۥ مِنۡهُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ٥١﴾
سُورَةُ المَائِدَةِ ٥١
"Эй касоне, ки имон овардаед, яҳуд ва насороро ба дӯстӣ нагиред.
Онон худ дӯстони якдигаранд. Ҳар кас аз шумо, ки эшонро дӯст гирад, дар зумраи онҳост. Ва Худо ситамгоронро ҳидоят намекунад!"
Сураи Моида, 51
Тақлиди кофирон фарқияти мусалмонро аз кофир дур мекунад.
Худованд байни мўъмину кофир ҷисман фарқ ниҳодааст, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират, агарчи онҳо дар дунё бо ҳам хеши наздик бошанд ҳам.
Худованд мўъминонро амр менамояд, то аз мамлакати кофирон ҳиҷрат намоянд ва сафар карданро ба мамлакати онҳо бе ҳоҷат ҳаром гардонидааст, аммо дар тақлиди онҳо даъват бар омехтаги ва ҳамзисти бо онҳост, ки ин мухолифи авомири Ислом аст.
Тақлиди кофирон дар замони мо боиси пайдоиши бадиҳо ва фасод ва корҳои хатарноки зиёде гаштаанд.
Аз ҷумла:
• Пайравии онҳо дар бузургдошти қабристонҳо ва сохтани масҷидҳо дар болои қабиристонҳо, ки ин ҳама аз ҷумлаи василаҳои ширки акбар мебошад. Дар саҳеҳайн аз ҳадиси Оиша (р) омадааст, ки Паёмбар (с) дар он беморияш, ки баъди он вафот намуданд, фармуда буд: "Лаънати Худо бод бар яҳуд ва насрониҳо, ки қабри паёмбарони худро масҷид мегирифтанд.
Оиша мегўяд:
Агар Паёмбар (с) аз ин кор наметарсид, қабри худро ошкор мекард, вале тарсид, ки онро масҷид мекунанд".
Пўшида нест, ки имрўзҳо аз ҳамин намуд ширки бузург болои ин уммат чи чизҳо омадааст. Ин ба сабаби тақлиди яҳуд ва насрониҳо дар гиромидошти қабристонҳо ба дараҷае, ки баъзе мусалмонон Худоро фаромўш карда, ба қабрпарасти машғул гаштаанд.
• Сохтани масҷидҳо дар осори Паёмбарон монанди маконе, ки дар он нишастааст, ё намоз хондааст ва ё касе дар хоб дидааст, ки паёмбаре дар ин макон намоз хондааст.
• Пайдо шудани ҷашну маросимҳои бидъати, ки аслан аз мусалмонон нестанд, ба монанди идҳои подшоҳону олимон, идҳои ватани ё милли, ёдбуди шаби меъроҷ, ҳиҷрат ва монанди инҳо, ки ин ҳама аз тақлиди кофирон омадааст ва онҳо ҳамеша бузургони худ ва ҳодисаҳои таърихиро ҷашн мегирифтанд. Ин аз сабаби он буд, ки онҳо бекори ва фасоди худ ва дури аз динро бо ин роҳ мепўшонанд.
Мусалмонон бояд мўҳтоҷи ин намуд ҷашнҳо набошанд, зеро Худованд барояшон дине додааст, ки агар пайрави таълимоти он бошанд, дигар вақти холие надоранд, то беҳуда сарф намоянд.
Аз ҷумлаи тақлиди кофирон, ин ҳамдигарро бо забони онҳо хитоб кардан аст, бе ин ки мўҳтоҷи он бошем.
Ҳамчунин истеъмоли ҳуруфи онҳо дар навиштаҷоти болои дўкону мағозаҳо ва ширкату корхонаҳо.
Ҳамчунин омехта намудани ибораҳои онҳост дар китобу рўзномаю маҷаллаҳои мусалмонон.
Худованд мефармояд:
﴿ثُمَّ جَعَلۡنَٰكَ عَلَىٰ شَرِيعَةٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡرِ فَٱتَّبِعۡهَا وَلَا تَتَّبِعۡ أَهۡوَآءَ ٱلَّذِينَ لَا يَعۡلَمُونَ ١٨ إِنَّهُمۡ لَن يُغۡنُواْ عَنكَ مِنَ ٱللَّهِ شَيۡٔٗاۚ وَإِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۖ وَٱللَّهُ وَلِيُّ ٱلۡمُتَّقِينَ١٩﴾
سُورَةُ الجَاثِية ١٨- ِ١٩
"Пас мо туро бар кори шариате қарор додем, пас ту аз он пайрави намо ва аз ҳавасҳои касоне, ки намедонанд, пайрави макун. Онҳо ҳаргиз аз Худованд бениёзат намекунанд. Ва ҳамоно ки золимин дўстдори ҳамдигаранд ва Худованд дўстдори муттақиён аст"
Сураи Ҷосия 18-19
Эй мардум!
Шумо аз Худованди муттаол битарсед ва чанг ба ресмони Ў занед ва дини Ўро маҳкам доред, ҳам комёб мегардед ва ҳам хушбахт.
Худованд мефармояд:
﴿وَكَيۡفَ تَكۡفُرُونَ وَأَنتُمۡ تُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ وَفِيكُمۡ رَسُولُهُۥۗ وَمَن يَعۡتَصِم بِٱللَّهِ فَقَدۡ هُدِيَ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ١٠١﴾
سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ١٠١
"Ва шумо чи гуна кофир мешавед, дар ҳоле, ки бар шумо оятҳои Худованд хонда мешавад ва Паёмбари Ў дар миёни шумост.
Ва ҳар ки чанг занад ба Худо, пас дар ҳақиқат ба сўи роҳи рост ҳидоят ёфтааст"
Сураи Оли Имрон, 101
Дониста бошед, ки сабабҳоро гирифтан ва истифода бурдани он чи дар дасти кофирон аст, аз ҷумлаи ихтироъҳои нав ва он чизеро, ки Худованд барои бандагонаш ром намудааст, корест аз нигоҳи шариат, ҷоиз. Ва ин ҳам аз ҷумлаи он қувватест, ки Худованд бандагонашро амр намудааст, то онро дарёфт намоянд.
Ҳама он чизе, ки дар ин олам аст, онро Худованд барои бандагони мўъминаш офаридааст ва онро барояшон мусаххар намудааст.
Ин ҳама дар асл барои мўъминон аст ва баъд барои кофирон.
Худованд мефармояд:
﴿قُلۡ مَنۡ حَرَّمَ زِينَةَ ٱللَّهِ ٱلَّتِيٓ أَخۡرَجَ لِعِبَادِهِۦ وَٱلطَّيِّبَٰتِ مِنَ ٱلرِّزۡقِۚ قُلۡ هِيَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا خَالِصَةٗ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ٣٢﴾
سُورَةُ الأَعرَافِ ٣٢
"Бигў: Кист, ки ҳаром гардонидааст он зинатеро, ки Худованд барои бандагонаш баровардааст ва он рўзиҳои хушро.
Бигў: Он барои касонест, ки имон овардаанд, дар ҳаёти дунё ва холис барои онҳост дар охират"
Сураи Аъроф, 32
Худованди муттаол дар ин оят савол мекунад, ки кист он касе, ки ҳаром мекунад ин ҳама таому шаробу либосҳоро аз пеши худ, бе ин ки шариати илоҳи онро ҳаром гардонда бошад? Худованд мефармояд:
﴿قُلۡ مَنۡ حَرَّمَ زِينَةَ ٱللَّهِ ٱلَّتِيٓ أَخۡرَجَ لِعِبَادِهِۦ٣٢﴾
سُورَةُ الأَعرَافِ٣٢
"Бигў: Кист, ки ҳаром гардонидааст он зинатеро, ки Худованд барои бандагонаш баровардааст?"
Сураи Аъроф, 32
Ин ҳама неъматҳо муясар карда шудааст, барои ононе, ки ба Худо имон овардаанд ва ўро мепарастанд, агарчи кофирон дар ин дунё бо онҳо шарик бошанд. Аммо дар охират ин ҳама неъматҳо холис барои мўъминон буда, ягон кофир онҳоро шарики намекунад ва ҷаннат барои кофирон ҳаром гардонида шудааст.
Чун мусалмонон танбали намуданд, кор сурати дигар гирифтааст ва кофирон ҳама чизро зери тасарруфи худ қарор додаанд ва онро барои мусалмонон мефурўшанд ва ба онҳо миннат мекунанд ва ба хотири он ҳама чиз мусалмононро мутиъи худ қарор медиҳанд.
Бояд мусалмонон ҷойгоҳи худро баргардонанд ва барои душманони худ омодаги бинанд. Онҳо бояд заводу фабирикаҳо бисозанд ва дар ин кор аз таҷрибаи дигарон истифода намоянд. Онҳо бояд хайроту баракатҳои заминро истифода намоянд ва ин корро набояд барои пайравии кофирон анҷом диҳанд, балки ин корро вазифаи динии худ ҳисоб намоянд.
Вале мутаассифона, мусалмонон имрўз истеҳсол кунанда нестанд, балки истеъмол кунандаанд. Мусалмонон имрўз бори гароне бар дўши дигарон гаштаанд. Онҳо кофиронро на дар истеҳсолу тараққиёт пайрави менамоянд, балки дар пасти ва палиди. Инон фикрҳои паст ва одатҳои бадро аз онҳо мегиранд, ки заифи ва нотавонии онҳоро бештар менамояд.
Ислом моро манъ намекунад, то чизҳои фоиданокро аз берун ворид намоем ва истеҳсолоти фоиданокро бихарем, агарчи беҳтар ва хубтар мешуд онро худ истеҳсол мекардем.
Аммо Ислом иҷозат намедиҳад, то фикру одатҳои вайронро дохил намоем ва ба мо ҳаром гардонидааст, то бо кофирон дар одатҳо ва ибодатҳо пайрав бошем.
Ислом барои мо воҷиб гардонидааст, то бо дини худ ва одатҳои накўи он ифтихор намоем ва аз мусалмон будани худ шарм накунем.
Зеро мо ҳомиёни даъват ва асли қувва мебошем ва мо соҳиби ақида ва масъулият ҳастем.
Дастабандии илми: