Васияти Пайғамбар (с) бар ибни Умар (р)

Гузориши мухтасар:

Шарҳи мухтасари васияти Пайғамбар (с) барои ибни Умар (р) ки фармудааст: \”Дар дунё чунон бош, ки гуё ғариб ва ё роҳгузаре ҳасти \”.

Download
Назаратро барои соҳиби ин саҳифа навис

Васфи комил

    Васияти Пайғамбар (с) бар ибни Умар (р)

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия: Абдусаттори Ҳақназар

    2013 - 1434

    وصية النبي ﷺ و سلم لابن عمر I

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: عبد الستار حقنظر

    2013 - 1434

    Васияти Пайғамбар (с) бар ибни Умар (р)

    عن ابن عمر– رضي الله عنه – قال: أخذ رسول الله – صلى الله عليه وسلم – بمنكبي فقال: "كن في الدنيا كأنك غريب أو عابر سبيل"

    وكان ابن عمر– رضي الله عنه - يقول: "إذا أمسيت فلا تنتظر الصباح, وإذا أصبحت فلا تنتظر المساء, وخذ من صحتك لمرضك, ومن حياتك لموتك",

    رواه البخاري

    Аз Абдуллоҳ писари Умар (р) ривоят шуда аст, ки гуфт: Расули Худо (с) китфи манро дошт ва фармуд: "Дар дунё чунон бош, ки гуё ғариб ва ё роҳгузаре ҳасти"

    Ва Абдуллоҳ писари Умар (р) ҳамеша мегуфт: Бегоҳ ки шуд ба интизори саҳар манишин ва саҳар, ки шуд ба интизори шаб манишин, аз сиҳати ва тандурустият барои бемори ва аз зиндагият барои маргат тушае бардор"

    Ривояти Бухорӣ

    Дар ин ҳадис Пайғамбар (с) ба Абдуллоҳ писари Умар (р) тавсия мефармояд, ки дар зиндагии дунё дил ба чизе мабанд, чунон зиндаги кун, ки гуё ғариб ҳасти ва дар таёрии рафтан ба ватан хоҳи буд, ва ё мисли роҳгузаре ҳасти, ки барои расидан ба ватан, ба сафари худ идома медиҳи.

    Ватан барои шахси бо имон ҷаҳони охират аст, зеро ин ҷаҳон, ки рӯзҳои маъдуде бо таҳаммули даҳҳо масъулият дар он мегузарад, шоистаи дилбастагӣ нест.

    Манзур ин нест, ки дар дунё соҳиби чизе набоши, зеро ислом ҳамеша таъкид менамояд, ки шахси мусалмон ниёзҳои худро шахсан барпо созад, ва зиндагии обруманд дошта бошад, хона ва хонавода ташкил диҳад, ҳамеша дар некукори ва корҳои хайр пеш қадам бошад. Шахси мусалмон бояд ин ҳамаро дошта бошад, аммо дилбастагӣ ба моли дунё надошта бошад.

    Зандагиномаи Абдуллоҳ писари Умар (р) аз ин васияти расули Худо (с) сарчашма гирифта буд.

    Ӯ бо дороги ва боигари дар зиндаги аз роҳи муъомала ва фаъолият худро ғариб медонист, худро роҳгузар мешуморид, ва ҳеҷгоҳ ба мол дилбастаги надошт. Ҳар молеки ба назараш писанд меомад дар роҳи Худо садақааш мекард ва ҳар ғуломе, ки мавриди писандаш қарор мегирифт, дар роҳи Худо озодаш мекард.

    Бародари гироми! Ту ҳам метавони аз ин рафтори ибни Умар ибрат гири ва зиндагии содда ва одди дошта бошӣ.

    Ин дунё, ки киштзори охират аст, барои охират кишт кун, то ҳосилашро дар охират ба даст орӣ, ва кушиш кун ба корҳои беҳуда ва зироъате ки ҳосил намедиҳад машғул машав.

    Шахсеки дар ин дунё худро ғариб медонад дар зиндаги корҳое мекунад, ки дар охират ба кораш ояд, Ва он амале, ки барои мо дар охират ба кор меояд, ба даст овардани розигии Худованд аст. Розигии Худованд дар ба ҷой овардани авомири Ӯ ва дури ҷустан аз навоҳии Ӯст, инчунин некукори ва эҳсон бар бандагони Худованд.

    Пас инсон дар ин дунё, ки мисли рогузар аст, бояд вақти худро дар амалҳои бефоида ва беҳуда сарф накунад, балки доимо тушааш барои сафари охират омода бошад.

    Ва ин васияти Расули худоро ҳаргиз фаромуш накун ва дигаронро низ ба ин роҳнамои кун, чигунае, ки ибни Умар (р) ҳамеша ба дӯстону ҳамсуҳбатони худ мегуфт: Субҳ ки шуд ба интизори шаб манишинед, балки кушиш кунед аз вақти пур қиммати худ истифода намоед, Ва шаб, ки шуд ба интизори бомдод манишинед, балки дар шаб ҳам аз вақт истифода кунед, то шаб шуморо аз тоъат ва бандагии Худо ва корҳои фоиданок мушғул насозад.

    Дар ҳақиқат шабу рӯз, равшанию торики ва тулуъу ғуруби офтобу моҳтоб, ин ҳама теғҳое ҳастанд, ки лаҳазоти умрро ба таври хеле дақиқ ва одилона қатъ мекунанд.

    Касеки дар дунё худро ғариб надонист ва худро роҳгузар нашуморид, рӯзҳо пас аз шабҳо ва шабҳо пас аз рӯзҳоро ба беҳудаги мегузаронад ва умрро, ки ҳар лаҳзаи он аз ҳамаи дунё пурарзиштар аст, аз даст медиҳад. Ва вазифаеро, ки дар ин дунё ба ӯ таклиф шуда аст, бо нодони ва ғафлатзадаги ва ҳадар додани вақт анҷом медиҳад.

    Ва ҳангоме ба худ меояд, ки аҷал бераҳмона шохаҳои умри ӯро аз ҳам қатъ намудааст, он вақт баҷуз ҳасрат ва пушаймони чизе боқи намемонад, ки он ҳам фоидае надорад.

    Чи бисёр бемороне ҳастанд, ки лаҳзае пеш аз марг ба худ меоянд, дар он лаҳазот мехоҳанд бо ҳарки душмани кардаанд ошти кунанд, ҳарчи аз даст рафтааст боз ёбанд ва ғафлатзадагиро канор гузоранд ва ба корҳои хайр бипардозанд, аммо афсус, ки он огоҳи ва пушаймони фоидае надорад, ва меросбарандагон ба интизори охирин нафаси ӯ ҳастанд ва дақиқа шумори мекунанд ва ба фикри кудаконаи ӯ механданд.

    Пас ба ин дастури Пайғамбар (с), ки ба мо дода аст: (Дар дунё худро ғариб бидон ё роҳгузар бишумор) амал кунем, то умри худро дар розигии Худованд гузаронем ва молу зану фарзанд ва ҷоҳу мансаб ва ончи ба даст меоварем кумакрасони мо барои хушбахтии дунё ва охират бошад, Ҳама чизро ба даст овар, аммо дилро ба ғайри Худо набанд, то ҳамаи онҳо мояи хуши ва осоиштаги ва боиси аҷру савоб ва пояи хушнудии халқ ва сабаби осори хайр ва некноми бошад.

    Ва дар охир дуруду сано ва салавоту салом, бар Пайғамбарамон ва пайравонаш бод, ки дар насиҳат кардани умматаш ҳеҷ кутоҳи накардаанд. Ва дини мубини исломро ба мо ба пурраги расониданд.

    Дастабандии илми:

    Назари ту бароямон муҳим аст