Дастабандии илми

  • video-shot

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи ҳидоятёфтагон ва муваҳҳидон суҳбат карда, баён мекунад, ки вақто инсон Худои ягонаро парастиш кунад ва роҳи ростро интихоб кунад, асари ин ҳидоят ва тавҳидро дар зиндагиаш мушоҳида мекунад ва аз он лаззат мебарад.

  • video-shot

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор қисса писарбачаеро мекунад, ки падари худро ба масҷид барои гузоштани намози ҷамоат мебарад, дар ҳоле, ки падар намоз намехондаст.

  • video-shot

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи азоб ва душвориҳои рузи қиёмат суҳбат карда баён мекунад, ки аз василаҳое, ки мусалмонро аз азоби ҷаҳаннам наҷот медиҳад Тавба аст.

  • PDF

    Нависанда : Абдураҳмони. А

    Ҳадисҳои мухтасар дар бораи амалҳое ки сабаби бахшоиши гуноҳон мебошанд.

  • video-shot

    MP4

    Устод Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар атрофи тақво ва истиқомат дар дин суҳбат карда баён мекунад, ки моҳи Рамазон моҳе аст ки дар он тақвои мусалмонон зиёд мегардад ва инчунин мусалмонон зиёдтар руй ба дини мубини Ислом меоранд.

  • video-shot

    MP4

    Устод Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи тавба кардан дар моҳи мубораки Рамазон суҳбат карда, мефармояд ки моҳи рамазон моҳи тавба аст, зеро Худованд тамоми дарҳои биҳиштро боз карда ва тамоми дарҳои дӯзахро баста аз бандагонаш мехоҳад ки тавба кунанд ва ба ибодати Парвардигори худ машғул шаванд.

  • PDF

    Тавба чи маъно дорад ва тавбаи иснон бо кадом шартҳо қабул мешавад?

  • video-shot

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар бораи тавфиқ ва ҳидояти Худои якто суҳбат карда баён мекунад, ки шахсҳое буданд соҳиби илму манзилат, аммо назари Худованд аз онҳо гашт ва онҳоро илму маърифаташон кумаке накард.

  • video-shot

    MP4

    Агар хоҳи, ки шахсеро Худованд ҳидоят намояд, ду сабаби аз сабабҳои ҳидоят ёфтанро иҷро кун, Даъвати он шахс ба роҳи ҳақ, ва дуъо кардан дар ҳақи ӯ. Ва ҳидоят дар дасти Худо аст.

  • video-shot

    MP4

    Шайх Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар бораи касоне суҳбат мекунад, ки мехоҳанд аз корҳои бад даст кашида тавба кунанд, вале ба сабаби дӯстони баде ки доранд наметавонанд аз ин роҳ баргарданд, ва ҳадисеро, ки дӯстони бад сабаби аз тавба дур мондани шахсе шудаандро зикр менамояд, то барои дигарон ибрат бошад.

  • video-shot

    MP4

    Неъматҳои худованд онқадар зиёданд, ки ҳисоби онро ғайр аз Худованд касе намедонад. Ва аз ҷумлаи он, неъмати ҳидоят ба суи Ислом аст. Ин аз ҷумлаи бузургтарин неъматҳо аст, ки барои баъзе аз бандагони Худо насиб шудааст ва ҳар мусулмон шукри ин неъматро бояд ба ҷой орад.

  • PDF

    Тарҷума : Латиф Рошидӣ

    Шаби ғамангезе буд. Осмон абрӣ ва боди тунде мевазид. Хадиҷа дар ҳуҷраи ҳақиронае се фарзандашро дар оғӯш гирифта буд ва бо нигаронӣ ба сӯи осмон менигарист، зеро бим дошт пеш аз бозгашти ҳамсараш ба хона، тӯфон оғоз шавад. Ӯ саъй мекард، ки нигарониашро аз фарзандонаш пинҳон дорад. Дар ин ҳангом садои боз шудани дари хона шунида шуд. Бо шитоб бархост ва бо фарзандонаш гуфт: «бархезед ба истиқболи падаратон биравед».

  • video-shot

    YOUTUBE

    Устод Муҳаммад Солеҳи Пурдил дар ин навор дар мавзуи тавба кардан ва шартҳои он, ва инчунин дар бораи тавбаи насуҳ, ки ҳар касе бихоҳад аз гуноҳе тавба кунад бояд тавбаи насуҳ кунад, ва дигар ба он гуноҳ ру наорад,суҳбат мекунад.

  • PDF

    Хоҳари мусулмон! Оё чунин нест, ки ҳар яки мо гуноҳу хатоҳои зиёд дорем? Оре! Локин оё ҳамаи ин моро аз раҳмати беканори илоҳи ноумед месозад? Оё гуноҳон моро аз мағфирати васеъи Парвардигори ғафур маъюс мегардонад? Хоҳари мусалмон, ба ин ҳадиси қудси бингар, ки Худованди мутаъол моро даъват намуда чунин мефармояд:

  • PDF

    Рӯзе, ки аъмоли инсон ба ӯ нишон дода, аз ӯ суол карда шавад, гиря ва пушаймонӣ фоидае надорад. Рӯзе, ки инсон мегӯяд: «эй кош барои зиндагии абадиям тӯшае мефиристодам»… орзу мекунад, ки ба дунё бозгардад, то барои ибодати Худо талош кунад… вале чи касе метавонад ин фурсатро ба ӯ бидиҳад….дунё дигар барои ӯ тамом шудааст…ҳоло вақти онаст, ки посухи неъматҳои бешумори илоҳиро пас диҳад…

  • PDF

    Бародару хоҳари азизам! ҳар яки мо дучори хатоҳо мешавем, ва ҳар яки мо эҳтиёҷи зиёде ба бахшишу мағфирати гуноҳоне дорем ки шабу руз аз дастамон сар мезанад, ва аз раҳмати Худованд бар мо ин аст, ки бароямон роҳҳо ва сабабҳои зиёде муҳаё сохтааст ки метавонем барои талаби бахшишу мағфират аз онҳо истифода барем.

  • PDF

    Он чӣ пеши рӯй шумо хонандаи гиромӣ аст, сӯгномаест аз даврони гумроҳӣ ва залолат, гузоришест аз зулми зулумоти даврон, дар муқобила бо озодӣ, дардномаест аз даврони ҳидоят ва васл шудан ба маҳбуб ва маъбуди ҳақиқӣ ва билохира, калимотест дар мавриди "таваллуди дубора ва зистани нав бо андешаи нав" дар паймудани роҳи саҳеҳ ва дурӯст, ки ҳамоно роҳи расидан ба маҳбуб ва маъбуд аст.

  • PDF

    Аз бузургтарин неъматҳои Худованд бар бандагонаш кушодани дари тавба ба руяшон аст, ва он ҳамчун субҳи содиқе барои сафари бозгашти дилҳои шикаста ва чашмҳои гирён ба суи умеди банда аз раҳмати Худованди бузург аст.

  • Тавба Тоҷикӣ

    MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар боби тавба, ва тавбаи насуҳ, ва шартҳои он суханрони мекунад.

  • PDF

    Шояд касе гуяд ки ман мехоҳам тавба кунам, локин кист ки манро замонат бидиҳад ки Худованд гуноҳони гузаштаи манро мебахшад?! Чунки ман мехоҳам пайрави аз роҳи рост кунам, локин гумонҳоям манро ба ҳар су мебаранд, ва дар шаку шубҳа меафтам, агар ман бидонам ки Худованди бузург ҳамаи гуноҳони гузаштаи манро мебахшад ман дар ҳол тавба мекунам. Ҷавоби ман ба ин шахс чунин аст: бародари азизам! Барои фаҳмидани ҷавоб хоҳиш мекунам ин мақоларо бихонед

Назари ту бароямон муҳим аст