Дастабандии илми

  • PDF

    Азбаски намоз дар байни дигар ибодатњо хусусият ва имтиёзњои муњиме дошт, Худованд онро бидуни восита ва миёнраве дар шаби Исроъ ва Меърољ мустаќиман расули Худоро мухотаб ќарор дода онро ба Ў ва умматаш фарз гардонид.

  • Фазоили Ҳаҷ Тоҷикӣ

    MP3

    Дар ин навор эшоин Маҳмудҷон дар бораи фазилатҳо ҳаҷ ва баъзе аз аҳкоми онро мефаҳмонад.

  • PDF

    Ин китоб дар бораи рӯзаи моҳи рамазон ва ҳукмҳои он мебошад, ки муаллифи ин китоб аз баъзе оятҳо ва ҳадисҳои Паёмбари ислом истифода бурда он ҳукмҳое, ки ҳар як рӯзадор эҳтиёҷ ба он дорад баён мекунад, Хдованд мефармояд: "Рӯзаи (моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар гузаштагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво (ва худсозӣ) намоед».

  • PDF

    Тарҷума : Мусъаби Ҳамза

    Рамазон чист? Рамазон яке аз 12 моҳи ҳиҷрӣ мебошад, ки бисёр моҳи бузурге дар Ислом ба ҳисоб меравад ва аз дигар моҳҳои ҳиҷрӣ бо иддае аз фазоил ва хусусиятҳо фарқ мекунад. Аз ҷумлаи ин фазилат ва хусусиятҳо: 1. Худованд рузаи ин моҳро чаҳорумин рукни Ислом гардонидааст. 2. Худованд Қуръонро дар ин моҳ фиристод. 3. Худованд шаби Қадрро дар ин моҳ гардонидааст. 4. Худованд бо имон ва холисона руза доштан ва намоз гузоштани ин моҳро сабаби мағфират ва бахшиши гуноҳон гардонидааст. 5. Худованд дар моҳи рамазон дарҳои биҳиштро мекушояд ва дарҳои дўзахро мебанданд ва шайтонҳоро мебанданд. 6. Барои Худованд дар ҳар як шаби рамазон наҷотёфтагони аз дўзах аст. 7. Рўзаи моҳи рамазон сабаби аз байн рафтани гуноҳоне аст. 8. Рузаи моҳи рамазон баробар ба руза доштани даҳ моҳ ҳаст. 9. Касе ки намози таровеҳро то охираш ҳамроҳи имом ба ҷой орад, барои ў қиёми ҳамаи шаб навишта шавад. 10. Умра кардан (хонаи Худоро зиёрат карданд) дар рамазон баробар ҳаҷ аст. 11. Дар моҳи рамазон эъикоф нишастан суннат аст. 12. Дар рамазон мустаҳаби таъкидӣ аст, ки Қуръон омўхта ва зиёд тиловат карда шавад. 13. Аз ҷумлаи корҳои хубу мустаҳаб дар рамазон ифтор додани рузадор аст.

  • MP3

    Эшони Нуруддин дар ин навор дар бораи фазилати моҳи рамазон, ва рӯзҳое, ки дар ин моҳ мебошад, ва дар бораи вақти ифтор кардан ва чигуна ва бо чи бояд ифтор кард баён мекунад, ва ин чунин дар бораи саҳари хурдан суҳбат мекунад.

  • PDF

    Моҳи рамазон, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамои ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи рамазон ҳозир бошад, бояд рӯза бигирад). Моҳи рамазон, моҳи ибодат ва тоъат аст, моҳи нузули Қуръони карим аст дар бораи ин моҳи пурбаракат фазоили бисёре омадааст мо дар инҷо ба зикри гушаҳое аз ин фазилатҳо мепардозем.

  • PDF

    Мусалмонони садри аввали ислом аз саҳобаи киром ва тобиъин (р) ба моҳи рамазон эҳтимоми хос медоданд, аз Худованд мехостанд, ки онҳоро то моҳи рамазон зинда нигаҳ дорад то ин ки битавонанд ин моҳи пурфайзро руза бигиранд, ва бо қудуми рамазон хушҳол мешуданд, рузҳои онро руза ва шабҳояшро бо намози шаб ва тиловати Қуръон зинда нигаҳ медоштанд, ва дар ин моҳ бо анҷоми анвоъи ибодатҳо нафси худро покиза ва пок менамуданд.

  • PDF

    Намоз аввалин фармони Худо аст. Намоз маросими махсусе барои парастиши Худо ва розу ниёз бо уст. Дар он лаҳза, одамӣ ба камол ва шукуҳи бениҳояти офаридгори ҷаҳон меандешад, саропо шефтаи он мешавад

  • MP3

    Эшони Нуриддин дар ин навор дар боби намоз ва фазилатҳои он дар шариати Исломи сухан меронад.

Назари ту бароямон муҳим аст