Дастабандии илми

  • MP3

    Шайх Муҳаммад Солеҳ Зиёиӣ дар ин навор дар мавзуъи намозхондан ва он ки намоз бандаи мусалмонро аз анҷомдодани корҳои бад ва зишт ва фаҳшо онро нигоҳ медорад.

  • MP3

    Намоз ва зикри Худованд дар назди саҳобагони Паёмбари Ислом бисёр аҳамият ва маконати хоссе дошт, ҳар вақто, ки Паёмбари ислом амр ба намоз ва зикре мешуд саҳобагон дар иҷро намудани он сабқат менамуданд.

  • PDF

    Нависанда : Мусъаби Ҳамза

    Намоз, он нури рушноидиҳандаи ақлҳо, ҳамрози худотарсон, роҳати хастагон, неъмати ба худо қарибшавандагон, биҳишт ва зиндон: Биҳишт, барои касоне, ки аҳли Худованд ҳастанд (яъне касоне, ки доимо ба зикри Худо машғуланд ва авомири Худоро ба ҷой оварда аз навоҳии Ӯ дури меҷӯянд) пас намоз дуркунандаи ғамҳо ва сабук кунандаи андуҳи онҳост. Зиндон барои касоне, ки дар ҳабси дури ва ҳирмон, ва асири гуноҳу исён мебошанд.

  • PDF

    Доктор Муҳаммад Ал-Хашшоб (محمد الخشاب) устоди шуъбаи дастгоҳи гузориш ва ҷигари донишкадаи тибби донишгоҳи Зақозиқ (Миср) ба ин мавзӯъ ишора мекунад, ки бедор шудан барои намози бомдод, кори соати биологии баданро беҳ месозад ва дастгоҳҳои гуногуни ҷисмро водор месозад, ки ба беҳтарин ваҷҳ вазифаҳои худро анҷом диҳанд. Бар асоси пажӯҳишҳое, ки аз тарафи маркази пажӯҳишҳои миллии Қоҳира анҷом ёфтаанд, хондани намози бомдод дар вақти муқарарашудаи он, кори ҳуҷайраҳои баданро фаъол месозад ва онҳоро аз тақсимоти номарғуб нигаҳ медорад.

Назари ту бароямон муҳим аст