• PDF

    Дар ин мусоҳиба хабарнигор аз Сергей ки номаш ҳозир Сироҷиддин аст аз чигун исломро қабуд кардан ва чигуна мехоҳад ҳофизи қурон шавад пурсон мекунад. - Шумо чи гуна исломро қабул кардед? Оё ягон ҳодиса ва ё коре ба ин сабаб шуд? - Охири солҳои навадум ҳангоме, ки ман 13 сола будам, волидайнам яке аз ҳуҷраҳои хонаи моро дар шаҳри Магнитогорск барои иҷора ба як ҷавони тоҷик супурданд. Номаш Аҳё буд. Як вақт ман ба утоқи ӯ даромадам, то чизеро аз вай пурсон шавам. Ӯ он лаҳза болои ҷойнамоз намоз мегузошт. Аз вай чизеро пурсон шудам, вале ӯ то анҷоми намоз ба ман ҷавоб надод. Баъд ман чандин бор ӯро ҳангоми намоз хонданаш тамошо мекардам. Боре аз ӯ пурсидам, ки дини ислом чист ва мусулмон чи гуна бояд бошад? Ӯ дар ҷавоб ба ман гуфт: Мусулмон бояд ба Худованд имони комил дошта бошад, дурӯғ нагӯяд, зино накунад, тамоми чизҳои мадҳушкунандаро истеъмол нанамояд, касеро фиреб надиҳад, он чизеро ки барои худ намеписандад, барои дигарон написандад, намоз бихонад, пои бо таҳорат гардад ва ғайра… Ӯ кӯтоҳакак дар бораи мусулмон маълумот дод, ки ростӣ хеле мутаасир шудам.

  • PDF

    -Ман аз диёри Олтой аз шаҳри Барнаул мебошам ва дар кӯҳистони Олтой, дар ноҳияи Вышкопин мутаваллид шудаам. Солҳои 90 ба минтақаи Олтой мунтақил шудем. Ман 26 сола буда, соли 1983 ба дунё омадаам. Соли 2001 ба хидмати аскарӣ рафтам. Номам Иван Леонидович, вале аз рӯзи қабул намудани Ислом номи ман Иброҳим аст. Аз соли 2001 ба хидмати аскарӣ рафтам ва то ҳол дар хидмати аскарӣ мебошам. Ним сол мешавад, ки дини исломро пазируфтаам.

Назари ту бароямон муҳим аст